Нашри ин шумора аз номаҳои расида аз Хоруғ, Панҷ, Ғафуров ва Ваҳдат омода шудааст.
Аз Панҷ дар баробари зикри чанде аз мушкилоти ноҳия низ дар бораи пулситонӣ бо баҳонаи облава навиштаанд ва нуктаи мутафовит ин аст, ки дар инҷо барои ин кор ҳатто муаззини масҷид ҳам хонабахона даромада аз мардум пул мегирифтааст.
Аз Ваҳдат дар бораи Раҳмоналӣ Амирзодаи муминободӣ, ки чанд сол дар инҷо раис буд навиштаанд. Бинобар ин нома Амирзода як арӯсаш, ки дар бораашон дар шумораи пешина навишта будем, шабурӯз дар пайи ошкор намудани муаллифи ваҳдатианд. Гуфта шудааст, ки баъди он матлаб Амирзода чанд рӯзи ахир дар Ваҳдат аст ва аз мақомот хоҳиш кардааст, ки ба чи роҳе бошад нависандаи номаҳо аз Ваҳдат барои Ислоҳро пайдо кунанд.
Нафаре, ки дар бораи Хоруғ навишт аз раиси ин шаҳр Назарзода гуфтааст, ки бар хилофи ҳамагуна меъёр дар назди домҳои ин шаҳр бар ивази гирифтани пора иҷозат додааст, ки сокинон барои мошинҳои худ гараж созанд. Акнун ягон мошини оташнишонӣ ё ёрии таъҷилӣ наметавонад вориди саҳни домҳо шавад.
Нависандаи нома аз Ғафуров навиштааст, ки Нусратулло Салимов аз Данғара барои он раиси ин шаҳр таъин шудааст, ки корхонаи Сифатфармаи Парвина Раҳмонова бемамониат кори худро пеш барад.
Панҷ
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!
Аллоҳ аз шумо, коргарони «Ислоҳ» ва касоне, ки дар хизмати «Ислоҳ» ҳастанд, розӣ бошад ва дар паноҳаш шуморо нигоҳ дорад ва умри дароз диҳад.
Бародар ҳамаамон як рӯз не як руз аз ин дунё меравем. Лек аз як чиз сахт метарсам, ки ба шумо чизе нашавад то нест кардани ин золими диктатори қотили миллат ва ин авлоди пасти гушнаи нодидаи худобехабари Эмомалкаш. Аллоҳ медонад баъди марги шумо чи мешуда бошад ба ин миллати хори тоҷик. Мо мардум аввал аз Аллоҳ умед дорем баъдан аз шумо, ки коре мекунед барои ин миллат, то озод шавем аз ғуломӣ. Дигар тоқат намондааст аз дасти ин милисаву амнияту прокуратураву андоз. Аллоҳ шоҳид дигар ба ҳамаи кор омодаем то озод шавем.
Ин чи шармандагист эй, мардуми Панҷ? Солҳои пеш ягон коргари Эмомалӣ ҷуръат надошт то ба мардум ба чашми бад нигоҳ кунад. Ҳозир ба шумо чи шудааст, ки ҳар рӯз ришҳоятонро, руймолҳои модарону зану фарзандонатонро мегиранд, сухане намегуед. 70 фоиз муҷоҳидон аз Панҷ буданду Раҳмонов чапнигоҳе наметавонист кунад.
Эй мардон, эй шерони Аллоҳ! шумо куҷо шудед, куҷо рафтед? Аз шумо хабаре нест.
Аллоҳро гувоҳ мегирам, ки як бори дигар хезед, мардум ҳама бо шумо мехезад, дар қабати шумо рост хоҳанд истод. Аз шумо хоҳиш дорам якбори дигар ғайрат кунеду ин бадбахтро ба зонӯ шинонед!.
Як рӯз не, як рӯз хоҳед, нахоҳед меравед. Пеш аз рафтанатон як хубии дигар барои миллат кунед. Бародарҳо то кай хап мегардед?
Дар номаи «Номаҳо аз ноҳияҳо 296» як бародар дар бораи фарзандони Қосим бо лақаби (Қосим сагак ) гуфта буд. Бале, дуруст писаронаш дар ВКД- милиса кор мекунад. Яктоаш дар Қумсангир дигаре дар Панҷ. Комрон чанд моҳ пеш аз вазифаи началник ГАИ ба зам началник милисаи Панҷ гузашт. Дигар фарзандаш началник ГАИ-и Қумсангир шуда кор мекунад. Ин Комрон айни замон дар Панҷ муовини сардори милиса кор мекунад, ки ба вай ҳатто началник милиса ягон гап ӯро гуфта наметавонад. Рӯйи рост намегӯяд ба ишора мефаҳмонад началник милисаро, ки аз ҳад нагузар, ки ҷоятро мегирам. Ту медонӣ падари ман бо киҳо шишту хез дорад. Дар як чанд ҷо шунидем, ки Комрон бояд началник милиса шавад. Гуфтааст даводав хоҳам кард, то ин вазифаро аз ин чужак гирам. Мумкин ин началник милисаро ягон намуд подстава ё ягон балои дигар кунад ва гирад вазифаро. Инҳо бе ин ҳам якдигарро чашми дидан надоранд. Барои ҳамин он бародар дуруст гуфт дар номаи 296. Бале, милисахонаро бисёр ремонти хуб кард мардум. Аз дарун то берун ва атрофи милисахона бисёр таъмири хуб шуд. Хайркунии маҷбурии бизнесменҳоро ба кор бурданд. Бояд Рамазон Раҳимзода меомаду лентаи онро мебурид. Бисёр даводав карданд, тайёрӣ диданд, лек наомад. Ба фикрам фаҳмид, ки биноро мардум сохтааст, наомад то мардум қабрашро накананд.
Ман пушти ягон милисаро намегирам, вакте ҳаромхур бошад. Ҳозир началник ГАИ нав шудааст, намедонам аз худамон ё аз дигар ҷо бошад. Як моҳ пеш барои ҳуҷҷатамро гирифтан рафтам, худаш буд началник ГАИ. Аввалҳо мерафтӣ пулро аз окошка дароз мекардӣ ҳуҷҷататро мегирифт. Пулро дароз кардам, нагирифт. Аввал фикр кардам бе пул медиҳад, ки не. Гуфт дар бонк супор чекашро биёру гир ҳуҷҷататро. Ман шухӣ фаҳмидам нарафтам. Баъд дод зада гуфт пулатро гир рав бонк, ки ҳозир мебарам маҳкамат мекунам. Тарсидам ростӣ. Ва рафтам. Ба худам фикр кардам, ки қонуни нав баромадааст. Як чанд нафари дигар ҳам онҷо буд. Ман фикр кардам, ки каме истам ку, ин танҳо барои ман ё ба онҳо ҳам мегуяд. Онҳоро ҳам гуфт равед супоред, биёед гиред ҳуҷҷатҳоятонро. Агар ҳамин хел ҳамаи кормандони давлатӣ кор кунанд бисёр нағз мешавд чем хуни халқро хурдану ба кисаҳои худашон кор кардан.
Он бародар дар номаи 296 гуфт Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер , раиси пешини ноҳия дар Маданият як чанд сотихро барои медпункт ҷудо карду гирифт ба мардум дод. Мардум сохтани биноро сар кардан. Лек ин бадбахт он заминҳоро гирифту барои худаш хона сохт, аммо насибаш накард. Чанд сол гузашт деворҳои бино то фундаменташ кафид ва бино корношоям шуд ва то имрӯз ба ҳамон ҳолат истодааст. Аллоҳ хорат кунад ин Шоҳиён Зарифхуҷа Фақерро. Бегонаҳо омада дар ноҳия ободиҳо мекунанд аммо ту Шоҳиён Зарифхуҷа Фақери бадбахт ҳамаро хароб кардӣ, дуздидӣ. Ҳатмани ҳатман як рӯз не як рӯз мардум аз гиребони худат ва фарзандонат хоҳанд гирифт, ин корҳои ту ҳамааш саволу ҷавоб дорад. Як рӯз не як рӯз ин шо Аллоҳ ин кор хоҳад шуд ва мо инро бе саброна интизорем.
Як чизи дигарро гуфтаниам. Ҳамин муаззини масҷид ва раисони қишлоқ ба ҷони мардум задаанд. Хона ба хона гашта аз мардум пул мегиранд- 500сомонӣ аз ҳар як сари бачае, ки хизмат накардааст. Мегуянд, ки нест дар ғарибӣ аст. Мегӯянд, ки ба мо чӣ пул кор карда истодааст биёр супор, ки «пага участковый қатим миёя бад нарх дига меша».
Эй, бадбахт ту коргари коммисариати ҳарбӣ набошӣ, Худо занад туро, чаро ба мардум зулм мекунӣ?
Инҳо шояд барои худашон кор мекунанд ё ин ки 50 ба 50 бо военкомат. Инҳо пулро ҷамъ мекунанду баъд тақсим кард. Ба инҳо фарқ надорад, хоҳ ту дар ғарибӣ бошӣ ва хоҳ ту девонаи ва ҳуҷҷат дорӣ, пулро медиҳӣ. Бисёртар барои ин кор муаззини масҷид меравад. Эй,бадбахт ҳамон маоше, ки мардум ба ту медиҳад, кам аст, ки боз хуни мардумро мехурӣ? Ҳатто дар 1 моҳ 1 бор ҳавлии масҷидро мерубӣ ё не маош мегирӣ.
Аллоҳ шоҳид бародар Мухамадиқбол ин кор ҳаст, махсусан дар Куйбеш. Як рӯз шиштем якҷо ҳаминро гуфтанд, ки ҳамин хел мекунад. Ба ман гуфтанд, ки Куйбеш гӯӣ он бадбахт худаш хоҳад фаҳмид …….
Баъдан ба шумо як савол дорам. Ҳамин масҷидро дар ҷояш ягон чизи дигар кунӣ мисол хона, осиёб ё чизи дигар барои манфиати шахсии худ, ҳукмаш дар ислом чист? Хоҳиш, ҳамин масъаларо шарҳ диҳед.
Дар Куйбеш байни ӯзбекҳо ва тоҷикон як наҳри калон аст (яъне ариқ),ки онҳоро ҷидо мекунад. Дар қишлоқи ӯзбекҳо як масҷид буд, ки аз солҳои пеш амал мекард. Ӯзбекҳо он масҷид барои намозхонӣ мерафтанд. Мегӯянд,ки аз 50 нафар зиёд мерафт. Як чанд муддат онро бастанд. Касе барояш даводав накард. Як муддате гузашту як узбек бо номи ҳоҷӣ Назирмад онро ҳуҷҷат карда барои худаш гирифт ва гирдашро забор кард. Гуфт тамом, инҷо дигар масҷид нест. Хона сохт дар ҳавлии масҷид. Лек намедонам чапа кард ҳозир масҷидро ё не. Худаш бошад яъне ҳамин Назирмад ба масҷиди тоҷикон меравад. Аз ҳамон қадар одаме, ки дар он масҷид намоз мехонданд ҳозир агар хато накунам 3 ё 4 кас ба масҷиди тоҷикон меравад тамом.
Ин Назирмади бадбахт боз қарз бо фоиз медиҳад. Бонки шахсии худро дар ноҳия кушодааст. Ин ҳаромкориаш кам буд, ки боз масҷидро азони худ кард. Аз Худо наметарсӣ? Аллоҳ хор кунад ту барин ҳоҷиро. Дар ҳақиқат ин бисёр одами сумдор аст. Лек намедонам, ки кӣ ӯро кришагиаш мекунад. Ӯзбекҳои худашон аз ин бадбахт метарсанд. Ягон кас чизеаш намегуяд. Амниятиҳо, агар бовар накунед рафта бубинед. Масҷидро, замини давлатро бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз худ кардааст. Ба ин хел одамҳо дили кас намесузад. Эй ,амниятиҳо хуни мардумро нахуреду равед аз паи ин кор шавед, чи қадаре пул хоҳед мегиред, аммо ба мардум зулм накунед.
Ман дар райёон зиндагӣ кунам аз ҳамаи шумо бадбахтҳо барои ман хабар меояд. Як хоҳиш аз раиси ноҳия Иброҳимиён Акмал Комилзода, аз началник ГАИ. Ҳамин таксиҳои Қараболо, ки район мераванд каме ба тартиб дароред. Дар назди беморхона ҷое нест, ки якҷой касалиатро фарорӣ. Ё дар светафор бошад чароғак 2 бор сурху сабз мешавад, ки баъд гузарӣ, дар светофор бисёр мушкил аст гузаштан аз дасти таксиҳои Маданят. Дар Қараболо вақте свет нест чароғакҳо кор намекунанд, хоҳиш, каме ба тартиб дароред роҳро то мардум азоб накашанд.
Дар охир чӣ гуфтаниам? Маро накобед, худатонро азият надиҳед. Барои онки то рӯзе, ки ин Раҳмонов ҳаст маро нахоҳед ёфт. Баъди Раҳмонов мо худамон шуморо хоҳем ёфт, зиқ нашавед.
Устод як чизи дигаро мехостам фаҳмам. Вақте Раҳмоновро аз қудрат дур кардем оқибати ҳамин шикоятҳои мардум чи мешавад? Онҳое, ки дар ҳақи мардум хиёнат карданд ва зарар оварданд, давлати оянда оё инҳоро тафтиш ва чизҳоеро, ки гирифтанд ба мардум бармегардонад? Албатта, ки аз вазифа озод карда ва ба зиндон андохта мешаванд. Каме шарҳ диҳед дар ин масъала то мардум омода бошанд. Мо ба шумо хеле зиёд нома мефиристем, чунки инҷо ман худам танҳо нестам, мо чанд нафарем.
Дар ҳақи мо дуъо кунед.
Ваҳдат
Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқболи Садриддин! Ваҳдатие ҳастам, ки аз Маскав бароятон менависам.
Як хабари мухим дар бораи Неъмати ваҳдатӣ ва Карими ДЭУ. Шумо дар бораи инҳо номаҳо чоп карда дуздиҳояшонро ошкор намуда будед. Ҳамчунин дар бораи Раҳмоналӣ Амирзодаи муминободӣ,раиси собиқи шаҳри Ваҳдат,ки аз ёрони наздики Эмомалӣ Раҳмонов мебошад дар он номаҳо баъзе аз сиру асрорашро ошкоро баён намуда будед. Ҳоло,чунине манбаъҳо ба ман расониданд, чанд рӯз мешавад,ки Раҳмоналӣ Амирзода ҳар саҳар ҳукумати шаҳри Ваҳдат омада обсуждать карда истодаанд, ки номанавис дар бораи Амирзода ва арӯси вай Расулова Сайёра кӣ бошад? Ин Сайёра Расулова ҷияни Карими ДЭУ мебошад. Карим амаки Сайёра аст. Сайёра Расулова дар Ваҳдат аз қафои бачаҳо «кор» бурда истодааст, ки номанависро ёфта биқапанд. Ин шармандаи Сайёраро, ки шавҳар дорад, то ҳол бо Амирзодаи пиракӣ шури мурӣ мекунад. Номерҳои шавҳари ӯро дорам, як барояш нависам мегӯям, ки занат ба ту хиёнат крада истодааст, боз астағфируллоҳ мегӯям. Номи шавҳари Сайёра Накатов Маҳмад аст.
Худо аз гуноҳони ин Раҳмоналӣ Амирзода ва Сайёра нагзарад. Ҳевари Сайёра Иброҳим Накатов аз ин моҷҷаро хабар дорад, балки ҳама дар ҳукумати шаҳри Ваҳдат аз алоқаҳои ин ду нафар бохабаранд. Вақте Раҳмоналӣ Амирзода раиси шаҳр буд ба воситаи арӯсаш Сайёра Расулова тамоми заминҳои обии шаҳри Ваҳдатро фурӯхт. Як сотихи ин заминҳоро 5000 долларӣ фурӯхтанд. Заминҳои ҳудуди беморхонаи шаҳрро ҳам фурӯхтанд ва дар онҷо домсозҳо баландошёна сохта ба мардум фурӯхтанд. Ин заминҳои ҳудуди беморхона буд.
Хоруғ
Ассалому алайкум бародар Муҳамадиқболи Садриддин. Ман дар як кишвари аврупоӣ ҳастам ва гоҳе бо наздиконам дар ватан ҳамсуҳбат шуда аз вазъияти зиндагӣ ва кору борашон мепурсам. Вақте Ризо Назарзода раиси шаҳри Хоруғ мешавад сокинони аз як кучаи ин шаҳр 20 000 сомонӣ пора гирифта иҷозат барои сохтани гаражи шахсӣ ба мошинҳояшонро дар пеши домҳо медиҳад. Яъне пулро мегираду иҷозат медиҳад, ки дар назди домҳои иборат аз этажҳо гараж сохтан мумкин аст. Мардум ҳам сохтанд. Вале акнун на скорий помош ва на пожарний гузашта метавонад
Мардум-ду, се мусафед эътироз кард, ки инҷо мумкин нест, инҷо бояд плошадка барои кудакҳо, ҷои бозӣ бошад, ё ягон намуд роҳ монед, ки мошини пожарний бигзарад. Аммо ин раиси шаҳр Ризо Назарзода, ба ҷойи қабули ин пешниҳоди оқилона ва қонунӣ ба он мусафедон ва умуман ба мардум таҳдид карда гуфтааст: «шумо ҳоло ҳам тарс дар вуҷудатон нест, ҳоло ҳам тарс дар вуҷудатон надоред, ки бо намояндаи ҳукумат чунин баҳсу даъво мекунед?»
Сипас началник горотделро, ки Хусрав ном дорад, супориш додааст, ки ҳаминҳоро рӯйхат карда «ку як тафтиш кунед бачаҳояшон дар куҷоанд, чи кор мекунанд». Хулоса, храп задааст ҳамон мусафедҳоро ва онҳо дигар хап карда ҳиҷчи нагуфтаанд.
Чанд рӯз пеш, ки гап мезадам ана ҳамин вазъиятро барои ман ҳикоя карданд. Дар ҳамсоягии як рафиқам як нафаре аст, ки ин раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода бо духтари вай мегардад. Номи он духтар Ҳукуматшоева Нилуфар асту якҷҷо бо падараш Акрамшоҳ дар чорум этаж зиндагӣ мекунад. Ана ин Нилуфар бошад дар пеши подъезд як бинои дуэтажа барои гулфурӯшӣ сохта, гул савдо мекардааст. Ин духтар, ки гуфтанд, бисёр ҳам ҳавобаланду мутакаббир асту гапзаниат ҳатто намемонад мутаваллиди соли 1989 аст. Вай як хоҳар дорад бо номи Фарангис Ҳукуматшоева соли таваллудаш 1992 аст. Падари инҳо Акрамшоҳ хусури ғайриқонунии Ризо Назарзода мебошад.
Як нафари дигар, ки шаҳрро холӣ дидааст ин бизнесмен Насриддин ном дорад. Насриддин зан дорад, аммо бо хоҳари занаш ҳам мегардад. Бо апаву хоҳар. Дар ҳамон кучае, ки гуфтам як хонаи чорошёна сохтааст. Дар пеши дом. Зани ин Насриддин Қурбошоева Лоларо чанде пеш директори мактаби рақами 2 таъин карданд. Мактаби ба номи Давлаталӣ Шабдолов. Ин Лоларо амниятиҳо пеш аз таъин кардан ба директорӣ дар ҳайати як ба ном комиссия ба Язгуломи Ёгед мебаранд. Бо дастони ҳамин Қурбошоева Лола аз сари кудакони мактаб рӯймолҳояшонро мекананду мекашанду мегиранд. Онҷо зимистон аст- хунук. Ин Қурбоншоева Лола дар маориф котиба буд ё чизе дигар, ки вориди гурӯҳ карда Язгулом бурданд. Баъди чор рӯз мегиранд директори мактаби рақами 2 мемонанд Қурбоншоева Лоларо. Бо милисаҳо, бо КГБ ҳайат шуда меравад-аъзои комиссия шуда. Як бародар дорад дар Чикаго. Гуфтааст ман безор аз ин гуна апа.
Ва як маълумоти бисёр ҷолиб дар бораи Далер Ҷумъа, вазири энергетика. Ин Далери Ҷумъаро падараш ҳам продажний буд. Раиси ноҳия буд. Шофақир ном дошт. Ин одам дар гӯр зинда шуд. Мераванд, ки дар гӯр чорзону шиштааст, сару рӯ ва дастҳо ва кафан пури хун. Вай дилкасал мешавад, гумон мекунанд, ки мурдаст, мебаранд таги хок мекунанд. Чунки мурда буд. Аммо зинда будааст. Ин воқеа солҳои 2008-2009 руй додааст. Як бародари Далери Ҷумъа Ҷумъа Ҷумъаев ном дошт. Ин Ҷумъа Ҷумъаев ҳам чанд соли пеш раиси Ишкошим буд. Вале инҳо бояд дониста бошанд, ки ҳама чиз вақту соати худашро дорад. Бисёр ба ин режими оилаи Раҳмонов хушомаду тамаллуқ зада мардуми Помирро озору азият накунанд.
Бобоҷон Ғафуров
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар бораи раиси шаҳри Ғафуров бароятон менависам. Дар бораи Салимов Нусратулло, собиқ вазири тандурустӣ, собиқ раиси ноҳияи Сино дар Душанбе ҳоло раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аст. Дар бораи ин одам шумо дар барномаҳоятон қаблан гуфта будед. Баъди гуфтаҳо дар барномаҳои Шумо хело гапҳо гуфта гаштааст.
Чанд рӯз пеш Салимов боз ба гапҳои қабеҳ нисбати шумо сар кардааст. Гуфтааст: «кори т чияй,ма кира ме@ом, кира фанд мекунам. Дидемтон. вазифаҳора Ҷаноби Оли додактон, ришакотона трошидену, галстукора бастену котибаҳои юбкачаҳакои танга гирифтену, гуё кор каден».
Ронандаи Нусратулло Салимов ҳам аз амниятиҳо аст, дар агентура кор мекунад.
Нусратулло Салимов сахт дар хашму ғазаб шудааст, ки шумо дар бораи сохтумонҳои бачаи ӯ гуфтаед. Нусратулло Салимов гуфтааст: «Хова гап дора Иқбол. Бачаи ма даркор боша бе иҷозат месоза. Уқае, ки ма ёрдам кам ай бюҷет сум дздидан, миллионҳо доллар аз грантҳо, сумҳо барои хариди таҷҳизоти тандурустӣ, э ҳисоб надошт.. онаша г..м.»
Мунира котибаи Салимов Нусратулло таъриф кардаст, ки бачаи Раис дар любой ҷои Душанбе хоҳад дом месозад. Он домҳое, ки да 102-юм микрорайони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар ҷои ресторани ТОҶ сохту сохта истодааст, тамоман сифат надоранду ягон кафолат, гарантия ҳам надоранд. Ягон мақомотро раҳ намедиҳад, ки наздик шаванд. Ҳоло санҷиш як тараф биистад. Аз домҳои сохтаи Бег Сабур ҳам расвотаранд. Ку Рустам, ки агар зӯр аст, раиси шаҳр аст раваду проверка кунад? Гуфти гапо «хай метона ошаш шава».
Иёра дар хуншонай зурӣ. Раисам, мақсад Салимов Нусратулло, тамоми короша мекад, бад Президента мегуфт. Ма мегуфтум и раис наметарсида боша, ки любой кора мекна? Бад фаҳмидам, ки Раиса Президент худш воля дода будай. Ҳар вақте ки Раис қопчаҳои сума хона меоварду ҳисоб мекардем, мегуфт «иқа иқаша бги я су мон. Мегуфтам яке фаҳман чи Раис? Раис мегуфт, ки ээээ, ай кҷо мефаҳман, и хел қопчаҳо бисёр ранги ма мебаран, ӯ Президент ай куҷо савод дора иқара ҳисоб мекна. Я сиёсат мекна мега, ки ҳо ҳамаш туғриян? Я ҳош мегем тамом. Гови говай Президент, нақл кардааст Мунира котибаи Салимов Нусратулло».
Як нафар аз сокинони Ғафуров мегӯяд, ки ҳиҷ намефаҳмид, ки маҳз ҳамин нафарро, оварда раиси Ғафуров мондаанд? Магар дар Ғафуров кадри худӣ, кадри маҳаллӣ нест? Чаро ӯро оварда болои сари мардум раис мемонанд? Дар ҳоле, ки ҳиҷ касро, ҳиҷ корро, ҳиҷ вазъиятро дар инҷо намефаҳмад, намешиносад. Аз бозе, ки Ғафуров омадааст ба ҷуз аз дуздиву ғорати мардум коре накардааст. Баъдтар фаҳмидам, ки ин Салимов аз Данғара, ҳамшаҳрии худи Эмомалӣ Раҳмонов, аз рафиқони наздики Озода Раҳмон будааст. Бо Парвинаи Раҳмонова, раиси ширкати Сифат-фарма кор мекардааст.
Сифатфарма аз они Парвина аст, ки дар ноҳияи Ғафуров ба тавлиду истеҳсоли дору машғул аст.
