Душанбе зери сояи «домсозӣ»: «фиреб, ғорат ва имзои Рустами шаҳрдор»

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед № 35

Масъалаи сохтмони баландошёнаҳо дар пойтахти Тоҷикистон дар ду се соли ахир ба ҳадде дардисарсоз ва печидаву чигил шудааст, ки бархе аз огаҳони умур онро таҳдиди ҷиддӣ ба амният ва суботи Душанбе меҳисобанд. Садҳо не, ҳоло ҳазорҳо нафар аз муштариёни ширкатҳои домсозӣ дучори фиребу найранги домсозҳо шудаанд.

Домсозҳо саривақт, ва дар асоси қарордоди имзошуда сохтмонро ба анҷом намерасонанд ва муштариёни онҳо аз ин ҳолат дар азоби алим гирифтор шудаанд. Ҳазорҳо сокини пойтахтро хонаҳояшонро чапа карда дар ҷояш дом бардошта истодаанд. Аммо онҳоро, соҳибони хонаҳоро дар қади кӯча раҳо кардаанд.

Афзун бар ин бархе аз домсозҳо як квартираро ба чанд нафар санад карда пул гирифтаанд.

 Хулоса, мардуми Душанбе бо як дурӯғ ва фиреби бузурге рӯбарӯ шудаанд ва намедонанд барои раҳоӣ аз вазъи мавҷуд пеши кӣ бираванд.

Чунки дар паси ин ҳама ошуфтабозор шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ истодааст.

                        Волгоград

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Беш аз ду сол мешавад, ки номаҳои маро, ки дар асоси навиштаҳо аз сомонаҳои нашрияҳои чопи Душанбе таҳия ва ирсол мешаванд дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и  «Isloh.net» ва ««Isloh.TV» нашр ва пахш менамоед. Бори дигар барои ин дастгирӣ ба шумо арзи сипос менамоям.

Аммо ин бор мехоҳам ин навиштаро дар барномаи «Номаи маро алҳида нашр намоед» ҷой диҳед. Чунки ин бор масъала як каме печидатар аст ва номаам ҳам тӯлонӣ хоҳад буд ва дар он мушкили бисёр ҷиддии сокинони Душанбе ба баррасӣ гирифта мешавад.

Мутаассифона, нашрияҳои Тоҷикистон мушкилоти сиёсӣ як сӯ биистад, ҳатто масъалаҳои иҷтимоии кишварро хеле ҳам кам инъикос менамоянд. Вагарна бештар бароятон интихоб карда мефиристодам.

Ин бор ҳам як матлаберо аз сомонаи ҳафтаномаи СССР интихоб кардам. Чи хеле гуфтам ин бор ин навиштаро барои барномаи «Номаи маро алоҳида нашр кунед» роҳӣ кардам ва умедворам, ки хоҳиши маро рад накарда чоп мекунед.

 Қабл аз ин матлаб ҳам дар чандин номаи алоҳида сокинони пойтахт ин масъала дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҳам матраҳ шуда буд.

Манзури ман масъалаи «домсозӣ» дар пойтахти Тоҷикистон аст, ки чандин сол аст хеле ҳам равнақ пайдо кардааст. Аммо ин равнақ на он равнақе аст ки мову шумо изҳори хушҳолӣ ва хурсандӣ карда битавонем. «Ободиву ободкориҳо»-и пойтахт, ки аз он зиёд лофу газоф мезананд ба ҳамин масъала гиреҳ мехурад. Гӯё сохтмони ин домҳо, ки ҳазору як муаммо ва фиребу найрангро ба ҳамроҳ дорад, сарсониву саргардонӣ, хуни дилу хуни ҷигарсозиҳоро ба бор овардааст, садҳо  нафарро муфлису қарздору бехонаву ҷову макон кардааст, мисоли кордониву ободкориҳои раиси шаҳр ҳисобида мешаванд.

Бояд ҳама чизро дар ҷояш ва бо номаш гуфт.

  Масъалаи домсозӣ дар пойтахти Тоҷикистон баъди раиси Душанбе шудани Рустами Эмомалӣ бениҳоят дардисарсоз шудааст. Ин домҳо, аз ҷумла домҳое, ки Бег Сабури қудои Эмомлӣ Раҳмонов сохт дар ягон чаҳорчуба ва меъёри домсозӣ, ҳатто дар биёбон ё чӯли бекарон ва ё дашти пурвусъат ҳам сохта шуда бошанд, намеғунҷад. Бигзор ин тарафи масъаларо беш аз ин шарҳу тафсир надиҳем.

Аммо ин масъала, масъалаи домсозӣ барои ман ошно аст. Барои он ошно аст ки як бародарам ҳам айнан бо ин мушкилӣ, ки дар ин матлаб тасвир ёфтааст, гирифтор шудааст ва бо вуҷуди дуввуним сол гузаштан аз муҳлати қарордод миёни вай ва ширкати домсоз роҳи ҳалли худро пайдо намекунад.

Масъала инҷо аст ки ширкатҳои хонасозӣ, домсозҳо одамони бечораро ба бозӣ гирифта ҳуқуқҳои онҳоро поймол намуда истодаанд.

Биёед, аввал ин матлаби СССР-ро бароятон пешниҳод кунам ва сипас фикру мулоҳизаҳои худро дар ин масъала иброз менамоям. Ин матлаб таҳти унвони «Сохтмони гӯшти уштурхӯрда» дар 26 декабри соли гузашта чоп шудааст ва ба шарҳи зер аст:

Сохтмони гӯшти уштурхӯрда

26.12.2025

1 сол пас, аз ваъда

Оғози соли 2020- ум мо аз биносоз  дар шахси Иҷрокунандаи вазифаи директор БОЙГЕНОВ ПАРВИЗ НАЗАРМАМАДОВИЧ, ки дар асоси Онинномаи «Тибби Суҳайб» фаъолият дорад, тариқи шартномавӣ  хона харидорӣ кардем. Тибқи қарордод бино бояд то соли 2024 бо тамоми шароит сохта мешуд.

  Факт: Қарор дод!

«ҶДММ «ТИББИ СУҲАЙБ» «ТАРАФИ 1» номида мешавад, аз як тараф ба ДОСТИЕВА ОМИРОНА САЙФУДИНОВНА, дорандаи шиносномаи А 04561620, ки аз тарафи ШВКД -1 дар ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе, 09.11.2022 сол дода шудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино кӯчаи Н.Ганҷавӣ, 366, дар оянда  «ТАРАФИ 2» номида, мешавад, аз тарафи дигар, дар якҷоягӣ «ТАРАФҲО» номида, мешаванд, шартномаи мазкурро дар он хусус бастаанд, ки «ТАРАФИ 1» пас аз ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ ва ба истифода додани бино уҳдадор мешавад, ки ба «ТАРАФИ 2» квартираи дар банди 12 нишондодашударо ба «ТАРАФИ 2» бо таъмири миёна бо иҷрои ҳамаи марҳилаҳои корҳои сохтмонӣ ва рангу бори даруни хуҷраҳо, бо иҷрои васли дарҳои даромад, дарҳои байни ҳуҷраҳо, тирезаҳои беруна, часпонидани фаршҳои  хуҷраҳои истиқоматӣ ва даҳлез бо ламинат часпонидани миёнадеворҳои байни ҳуҷраҳо, андоваи деворҳо, часпонидани сафолакҳо (кафел)-ҳо зарфаҳо ва деворҳои ҳочатхонаҳо ва ҳаммомҳо, васли ташноб (унитаз) гузаронидани хатти қубурҳои оби нӯшоки, қубурҳои гармидиҳанда ва ноқилҳои барқӣ, супорад.

    Мутаасифона, бино то ҳол нотамом мондааст. Тариқи шартонома бино бояд соли 2024 пурра сохта, ба харидорон супорида мешуд. Аммо тавре мо аз беруни бино дидем, на дар дошту на тирезаву на соҳибдарак. Лаҷоми биносозони фиребгарро кашидан як сӯ истад, хонаҳои мардумро кӣ мебардораду кӣ ҷуброн мекунад?  Як  сол қабл мо ба бинои мазкур рафта, онро дар ҳолати нотамом дарёфтем. Ваъдаи қатъию бардурӯғи биносозон то ҳол дар гӯшам садо медиҳад, ки як соли дигар фурсат диҳед ва мо хонаҳои шуморо  месупоремммм….

 Як бому ду ҳаво

20.12.2025. Соат бо вақти Душанбе 11:44 дақиқа. Вақте мо ба мавзеи бинои мазкур, рафтем. Чун мақоли “Як бому ду ҳаво” гуфтагӣ ворӣ, ба ғайр аз онҳо чанд ширкати дигар сохтани биноҳои истиқоматиро ба уҳда доштанд, ки пурра анҷом дода, ба соҳибманзилон супурда буданд ва онҳо кайҳо боз дар он ҷо роҳат зиндагӣ менамуданд. Дар ҳоле ки биноҳои ширкати мансуб ба мо ҳанӯз дар хами пайроҳаанд, яъне анҷомёбии онҳоро касе аниқ гуфта наметавонад, ба ҷуз аз ваъдаҳои хушку холӣ. Ҳатто зинаҳои бетонӣ ҳанӯз пурра сохта нашуда, аз лифт дараке нест. Дар натиҷа одамони бечора овораю сарсон шуда гаштаанд. Махсус аз самти ба назарҳо намоён тирезаҳои бино, он ҳам то ошёнаи 5 насб шудаанду халос. Ақаллан нафаре пайдо мешуд, ки кори ба субут расонидани поймонак ва лифтҳоро анҷом медоданд. Албатта ин ҳам орзуи ширине беш буда наметавонад, чунки маблағро масъулони бино гирифтаанд ва бояд ҷавоб гӯянд. Касе ба ғайр аз онҳо ин амалро иҷро нахоҳад кард. Аз онҳо пурсида шавад, ки маблағи мардумро гирифта, куҷо карданд?

«Қочмаган номард!»

 Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Идиев Ҷурабек, сокини 35-солаи ш. Душанберо, ки ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дастгир карданд. Номбурда шумораи зиёди шаҳрвандонро бо ваъдаҳои гуногун фиреб дода, маблағҳои онҳоро гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст. Айни замон зарари ба шаҳрвандон расонидаи ӯ беш аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад. Аз он шаҳрвандоне, ки ба доми фиреби Идиев Ҷ., афтодаанд, хоҳиш карда мешавад, ки бо рақамҳои 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Кормандони Раёсати тафтишотии ВКД дар шаҳри Душанбе сокини 32-солаи пойтахт Содиқ Ҳикматуллоевич Одинаевро низ барои содир намудани қаллобӣ ба миқдори махсусан калон дастгир намуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод. Тибқи тафтишот, Одинаев ба ҳайси роҳбари ширкати сохтмонии ҶДММ «Ҷамол-Басир» беш аз 160 нафар шаҳрвандонро фиреб дода, маблағи калонеро, ки барои бо манзил таъмин намудани онҳо буд, аз худ кардааст. Гумонбаршуда як манзилро аз се то ҳафт маротиба ба харидорони гуногун фурӯхта, дар ҳаҷми махсусан калон қаллобӣ кардааст. Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки зарари умумии ба шаҳрвандон расонидашуда ҳудуди 50 миллион сомониро ташкил медиҳад. Нисбати Одинаев чораи пешгирикунанда дар намуди ҳабси пешакӣ таъин карда шуда, бо моддаи 247, қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафтишот давом дорад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки ҳангоми анҷом додани муомилоти амволи ғайриманқул эҳтиёткор бошанд ва қонунӣ будани фаъолияти ташкилотҳои сохтмонро ҳаматарафа санҷида бароянд. 

Хатари биноҳои нотамому валангор…

Бо муққоиса аз даврони шӯравӣ, ба ҳама маълум аст, ки дар давраи ҳозира ҳангоми сохтмони хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ қариб, ки ба қоидаҳои бехатарӣ риоя карда намешавад. Дар як сӯ дар бинои бузурге одамон зиндагӣ доранд, дар шафати он бошад, кранҳои борбардори азим фаъолият мекунанд. Хурду калон бошанд, бепарво аз шафати биноҳои сохташаванда равуо менамоянд. Инаш ҳамро як тараф мегузорему ба ҳолати биноҳои гӯшти уштурхӯрда ва масъулони бемасъулияти ширкатҳои ҳатулкор таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки хатари биноҳои нимкола ба ҳаёти одамон, бахусус кӯдакон, ноболиғони ҳанӯз дур аз дарки пурраи ҳама пешомад, дар ҳоли таҳдиди ҷиддӣ мебошад. Ҳар лаҳзае имкон дорад, ки оҳане, хиште,  санге, тахтае аз боло ба поён сарозер шаваду касеро маҷрӯҳ кунад ва чунин ҳодисаҳо на як бору ду бор рух додаанд. Бинобарин ин, бо истифода аз фурсати пешомада аз ҳама падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки нисбати бехатарии ҳаёти худу фарзандонашон боэҳтиёт бошанд.

Хоҳед, ки ба доми фиребгарҳо наафтед!

Қонун дар ҳама давру замону сохт вуҷуд ва таъсир дорад, ба шарте ки онро донистаю риоя намоем. «Эҳтиёт – ними ҳаёт» ном мақоле ҳаст. Пеш аз ҳама дар сурати зарурияти пеш омадани аз байн бардоштани хонаи истиқоматии шахсӣ, аз роҳбарияти ширкати хонасоз талаби муаяйн намудани арзиши хона ва тариқи идораҳои дахлдори ҳукуматҳои маҳаллӣ мушаххас ва дар Идораи нотариалӣ тариқи шартнома қонунӣ кунеду 1 нусхаи он дар дасти соҳибмулк бошад! Дар шартнома бояд тамоми паҳлуҳои таркибу сохти дохилии хонаҳо нишон дода шуда бошанд. Яъне ҳамаи иҷрои нуқтаҳои ишорашударо биносоз бояд бо имзо ва муҳр ба уҳда гирад. Чунончӣ:

– блок;

– айвон (балкон) аз ошхона ё аз ҳуҷра;

— ҷойгиршавй: масофа аз шахтаи лифт ва зинапояҳо, тарафи сояафкан ё офтобии бино, тирезаҳо ба саҳни ҳавлй ё ба тарафи роҳрав, дар мобайн, канор ё кунҷи бино;

– масоҳат ё метри мураббаъ;

ҳаммом дар шафати ванна ё алоҳида;

– бо таъмир ё бе таъмир;

– бо ва ё бе қисматҳои байни деворҳо (нақшаи кушода);

— ки пас аз гузаштан аз комиссияи давлатй пули ичрои ин шартнома ва шартномаро медиҳад.

Дар шартнома  кайд кардан зарур аст, ки дар давраи сохтмон «шахси дуюм» (ширкати сохтмон) хукук надорад, ки бе розигии хаттии «шахси якум» барои бегона кардан ё додани ҳуқуқи даъво ягон амал анҷом диҳад.

 Чӣ тавр иштироки саҳҳомии худро дар сохтмони бинои нав таъмин кардан мумкин аст?

Шумо ҳуқуқ доред, ки аз ширкати сохтмонӣ дар бораи шартҳои иштироки саҳмӣ дар сохтмони бинои нав маълумот гиред. Пеш аз бастани шартнома фармоиш дар бораи додани ҳуқуқи сохтмонро дархост кунед, матни чопи шартномаро гиред ва бо ҳуқуқшинос дар соҳаи сохтмони манзил машварат кунед. Ба нуқтаҳое диққат додан лозим аст, ки ташкилоти бинокориро вазифадор мекунад,  уҳдадориҳои худро аз рӯи шартҳои шартнома пурра иҷро намояд ва муҳлати иҷрои уҳдадориҳоро муқаррар. Барои гирифтани тасдиқи ба баланси ташкилоти бинокорӣ барои сохтмони бинои нав дохил шудани пул, тартиби пардохтро муайян кардан низ муҳим аст. Тавсия медиҳем, ки пардохтро ба суратҳисоби бонкии ширкати сохтмонӣ гузаронед, на нақдӣ супоред. Сохтмони бинои нав ба охир расид, бинокор тибқи кадом ҳуҷҷатҳо ҳуқуқи моликияти манзилро ба иштирокчиёни сохтмони муштарак медиҳад? Шартнома дар бораи гузаштани ҳуқуқи моликият дар Идораи нотариалии ҳудуди давлатӣ тартиб дода, ба қайд гирифта мешавад, ки баъд аз он ҳуқуқи моликият ба бинои истиқоматӣ ё бинои истиқоматии сохташуда ба вуҷуд меояд. Барои ба расмият даровардани шартнома роҳбарияти ташкилоти сохтмонӣ ба нотариуси давлатӣ ҳуҷҷатҳои мазкурро медиҳад:

– Шиносномаи техникии манзил;

– Маълумотномаи мақомоти андоз дар бораи набудани қарздорӣ;

– Шаҳодатномаи бақайдгирии амволи ғайриманқул.

Роҳбарияти ташкилоти сохтмонӣ вазифадор аст, ки санади қабул ва супоридани манзилро ба иштирокчии сохтмони саҳмӣ тартиб диҳад. Дар ҳолати мувофиқ  наомадани шартҳои шартнома бо санад , роҳбари ширкати бинокорй вазифадор аст аз ҳисоби худ камбудиҳоро бартараф намуда, квартираро ба шартҳои шартнома мувофиқ гардонад.

 Омиронаи Сайёф, СССР

Ончуноне аз матлаб огоҳ шудед, нависандаи он яке аз фиребхӯрдаҳои яке аз ин домсозҳо мебошад. Омиронаи Сайёф ду сол, агарчи аз хатми муҳлати қарордодаш мегузарад, ҳамоно наметавонад вориди манзилаш бишавад.

Акнун меоем ба сари онки бо бародари худи ман чи рӯй дод. Ман ба бародарам як маблағи муайян дар соли 2022 қарз дода будам ва бародарам мехост хонаашро баъди гирифтан таъмири  капиталӣ карда фурушад ва каме ҳам бошад даромад бигирад. Чунки имкони Русия омаданро аз даст дода буд. Депорт шуда буд. Нигоҳубини модари пирам, оилаашро бо як фазанди мариз бар уҳда дорад. Хуллас, на метавонад он хонаро бигирад ва на метавонад қарзи аз ман гирифтаашро баргардонд.

Аммо он домсоз парвои дунёро надорад. Дар ҳоле, ки садҳо нафар амсоли бародари ман ва Омиронаи Сайёф ҳам азоби руҳӣ мекашанд ва ҳам гаравгони дасти чунин домсозҳои беинсоф ва фориғбол шудаанд.

Барои ман дарёфти посух ба ин савол, ки чаро бозори сохтмон ин қадар ошуфта ва пур аз ҳиллаву найранг шудааст, душвор нест. Ин домсозҳо пушташон ба чизеву касе гарм аст ки бо сокинони чунин муомилаи ғайриинсонӣ мекунанд, обрӯи пойтахти мамлакатро мерезонанд, сокинон  норозӣ, асабӣ.

   Бег Сабур биноҳои ҳатто бистошёнаро дар маҳаллаи Зарнисор ва Зарафшон ба ҳадде зич ва паҳлубапаҳлу сохтааст, ки ҷое барои тафреҳи кудакҳо, барои шинондани буттаву дарахт ва бадтар аз ин ҳама даромадани мошини оташнишонӣ намондааст. Хеле аз домҳои дигар ҳам айни ин ҳолатро доранд. Мебиниву мегӯӣ, ки магар меъмори шаҳр куҷо буд? Магар генплани шаҳр ҳамин аст? Маълум аст ки ин домҳоро як одамҳои тоза аз куҳистон омада сохтааст.

Хуб, саволи асосӣ ин аст ки чаро дар масъалаи домсозӣ ин ҳама ошуфтагӣ ва қоидавайронкунӣ вуҷуд дорад. Кӣ бояд масъули ин ҳама ҳолат бошад? Маълум аст ки масъулияти умури шаҳр бар ӯҳдаи шаҳрдор аст. Аммо шаҳрдор чаро намебинад?

 Бег Сабур ва ширкати Комил-2010-и вай, ки ба номи писараш, шавҳари Зарина, духтари Раҳмонов номнавис шудааст, барои як баландошёнаи панҷ ё ҳафтошёна котлаван, таҳдоб ё таҳкурсӣ сохта биноро то ба бистошёна бардоштааст. Фикр мекунед чаро?

Баъзе аз ширкатҳои дигар, ончуноне дар қарордоди бо Омирона ба таври катбӣ ваъда супоридаанд, то лифту канализатсияро бояд бисозанд. Аммо, дар амал ин тавр нест. Ҳатто дару тирезаро насохта хонаро ба муштарӣ медиҳанд. Фикр мекунед, ки чаро?

Баъзе аз домсозҳои дигар як квартира ба ду, се ва то чор нафар санад карда пули онҳоро гирифтаанд. Фикр мекунед, ки чаро?

Ва фикр мекунед, ки шаҳрдорӣ ин ҳамаро намебиад ва намедонад?

Мутаассифона инҷо суҳбат аз ғорат ва азонихудкунии миллионҳо миллионҳо пули халқ меравад, ки яқинан бе ширкат ва ҳузури шаҳрдорӣ ғайримкон аст. 

Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар нишасти матбуотии охираш гуфт, ки фаъолияти 1288 ширкати хонасоз  санҷида шуд ва 7330 ҳолати қоидавайронкунӣ ошкор гардид ва ба маблағи умумии  547 350 сомонӣ ҷарима кард. Ба гуфтаи ин Кумита 72 ширкат корҳои сохтмониро бидуни дарёфти хулосаи экспертӣ шурӯъ кардааст.

Аҷаб! Магар ниҳодҳои масъули шаҳрдорӣ куҷо буданд, ки ин ҳамаро надида бошанд? Фикр мекунед, ки чаро ин тавр шуд?

Ҳамин Кумита гуфтааст, ки айни замон сохтмони 1600 иншоот идома дорад. Гӯё, ки анҷоми сохтмони ғайристандартӣ ва хилофи меъёр ин ободиву ободкорӣ бошад.

 Тибқи маълумоти сармеъмори Душанбе раиси пойтахт барои сохтмони баландошёнаҳо 327 қарор  ба имзо  расонидааст. Хонандаи ҳушманди «Ислоҳ», ана ҳамин 327 қарорро дар ёд бигиред, ки каме поинтар дар борааш муфассалтар ҳарф мезанем.

Ба навиштаи расонаҳо Самӣ Азизиён, сармеъмори шаҳри Душанбе 29-уми январ  гуфтааст, ки дар назди сохтмонҳои пойтахт QR-код насб кардаанд то сокинон аз ин тариқ оид ба бино ва ширкати хонасоз маълумот гиранд.

«Шаҳрвандон пеш аз оне, ки бо ширкат шартнома мебандад, мебинанд, ки ширкат иҷозатнома дорад ё надорад. Он ширкатҳое, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, ба рӯйхати сурх ворид шудаанд. Шаҳрванд бояд ҳуқуқи худашро донад. Вақте ширкат иҷозаи сохтмон надорад чаро рафта ҳиссагузорӣ мекунанд?», — гуфтааст сармеъмори Душанбе.

Акнун меоем ба ҳамон 327 қарори иҷозаи сохтмони баландошёна, ки Рустами Эмомалӣ ба домсозҳо додааст. Тамоми иллат, сабаб ва дарди сари мардум дар ин масъала дар зери сари ҳамин имзои Рустам аст. Фикр мекунед, ки чаро?

Барои он дар зери сари ҳамин имзоҳо аст ки Рустам ҳеҷ яке аз ин қарорҳоро бидуни гирифтани маблағ ва он ҳам на кам аз 400-500.000 доллар имзо накардааст.

Домсозҳо тавассути миёнаравҳо, масалан, Шоҳрух, маслан Зайнулло, масалан Хуршеди Мирзо, маслан Исмоили дастбахайр, хуллас тавассути нафароне, ки ба Рустам доступ доранд маблағро лағат мекунанд ва дигар тамом, чи коре хоҳанд мекунанд, чунки доляи раисро чи хеле мехост додаанд.

Бовар кунед, ки дар давраи Убайдуллоев ба ин андоза бозори домсозии пойтахт ошуфтаву пур аз қаллобӣ набуд.

Масалан ҳамин Бег Сабур барои як территорияи муайян, бигзор бигӯем ҳамон Зарнисори Душанбе барои бунёди панҷ баланошёна қарор гирифт. Аммо дар онҷо на панҷ, балки ҳашт-даҳ баландошёна сохтааст. Фикр мекунед чаро? Чунки барои ҳамон территория-ҳудуд ё замини зери ин домҳо ниммиллион доллар ба Рустам додааст ва акнун мехоҳад пулашро бо ин васила, яъне дар ҷои як дом ду дом ва дар ҷойи масалан 9 ошёна бистошёна бо фоидаи зиёд баргардонад.

Рустам ҳам медонад. Аммо, азбаски ниммиллион доллар пора гирифтааст, чашм мепушонад.

Ягон майда шубҳа надошта бошед, ки тамоми домсозҳои пойтахт айни Бег Сабуранд. Мехоҳанд пули ба Рустам додаашонро бо ҳар роҳе пас бигиранд ва ҳамаи онҳо барои қарори Рустам маблағҳои ҳангуфт додаанд. Яъне проблемаи домсозӣ дар пойтахт проблмеаи мардум ва домсозҳо нест, ин проблемае аст ки Рустам создават кардааст. Аз имзои қарор, ки пора мегирад то охири кор. Ва баъди анҷоми сохтмон боз як, ду, то чанде бифорадаш аз домсоз квартираи ройгон мегирад.

Барои ҳамин гуфтам, ки ҳамин имзои 327 қарор аз тарафи Рустам барои сохти баландошёнаҳо дар соли 2025-ро дар ёд бигиред.

Ҳоло акнун биёед ин тавр ҳисоб кунем. Рустам аз соли 2017 ба ин тараф, яъне ҳашт сол зиёд шуд, ки раиси шаҳр аст ва дар ин муддат вай бигзор 327 неву ба 300 қарори сохтмони баландошёна имзо кард. (Ҳоло имзо барои сохти иншооти дигар, масалан мағоза, ресторан, мактаб, кудакистон ва амсоли инро гузорем канор). Ва бигзор 500 ҳазор доллар неву барои ҳар як қарор 350 ҳазор доллар пора гирифт. Ва акнун биёед ин ҳашт солро ба 300 қарор зарб занем ва 300 қарорро ба 350 ҳазор доллар. Рустам аз ҳисоби фурӯши имзо барои қарор яъне иҷозати сохтмони баландошёна чи қадар «кор» кардааст, «ободӣ» кардааст, даромад доштааст? Ба ҳисоби миёна як саду панҷ миллион доллар. Аммо қарорҳои 500 ҳазораву 600 ҳазора ҳам дар ин миён кам нестанд.

Вақте ба ин гуна маблағҳои фантастикӣ даст меёбад, соҳиб мешавад, оё фикр мекунед, дар гӯшаи хиёлаш мегузаронад, ки ин сокинон, ки барои домсозҳо пул додаву чор солу панҷ сол мунтазир мемонанд, мисли Омиронаи Сайёф ва ё бародари ман ,чи вазъу ҳол доранд, бо чи азобу машаққат дучор шудаанд?

Агар ҳамин масъалаи фурӯши қарор аз тарафи Рустам набуд, масъалаи домсозҳо дукаратду ҳал мешуд. Ин масъала ҳал намешавад. Чунки ҳам домсозҳо ва ҳам сокинони пойтахт гаравгон ва асири нафси бади Рустам шудаанд…

 Пасгуфтори Ислоҳ

Ончи имрӯз дар Душанбе бо номи «ободӣ» таблиғ мешавад, дар асл ба ободкорӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Ин раванд, ба бовари бисёре аз сокинон ва нозирон, бештар ба як схемаи густурдаи ғорат ва қаллобии системавӣ монанд аст, ки дар он манфиати мардум поймол шуда, сарнавишти ҳазорон хонавода қурбони бозори сиёҳи сохтмон гардидааст.

Солҳои охир домсозӣ дар пойтахт ба соҳае табдил ёфтааст, ки дар он қонун, меъёр ва ҳатто виҷдон гӯё аз эътибор соқит шудаанд. Садҳо бинои нотамом, ҳазорҳо хонаводаи фиребхӯрда, квартираҳое, ки ба чанд нафар фурӯхта шудаанд, ва одамоне, ки пас аз солҳо интизорӣ ҳанӯз соҳиби манзили худ нашудаанд, ин аст натиҷаи он чи «ободӣ» ном гирифтааст.

Ба андешаи бисёре аз таҳлилгарон ва худи зарардидагон, ин раванд бидуни пуштибонии доираҳои баландпояи шаҳрдорӣ ғайримумкин буд. Зеро вақте барои ҳар қарори сохтмони баландошёна, ба гуфтаи манобеи гуногун, аз садҳо ҳазор доллар то ним миллион ва ҳатто бештар маблағ ситонида мешавад, равшан аст, ки домсозҳо барои баргардонидани чунин хароҷот ба ҳар гуна қонуншиканӣ даст мезананд.

Ин маблағҳо, ки гуфта мешавад барои ҳар қарор гоҳо аз 350 ҳазор доллар оғоз шуда, дар баъзе мавридҳо ба 500–600 ҳазор доллар мерасад, дар ниҳоят аз ҷайби кӣ рӯёнида мешавад? Албатта аз ҷайби ҳамон мардуми оддӣ, ки бо орзуи соҳиби хона шудан тамоми пасандозу қарзашонро ба ширкатҳои сохтмонӣ месупоранд.

Бинобар ин, ончи имрӯз дар Душанбе ҷараён дорад, аз назари бисёре аз шаҳрвандон «ободӣ» не, балки ғорати ошкор ва ҳамшарикии манфиатҳо миёни баъзе мансабдорон ва домсозони қаллоб аст. Ин як занҷираи мураттаб аст: имзои қарор-гирифтани маблағ-сохтмони бесифат-фиреби мардум ва боз ҳам гирифтани манфиат.

Ҳушдор ба мардум
Имрӯз ҳар касе, ки мехоҳад дар Душанбе хона бихарад ё ба сохтмони саҳмӣ маблағ гузорад, бояд даҳ бор андеша кунад. Вазъият ба ҳадде ноустувор ва пур аз фиреб шудааст, ки бисёре аз коршиносон ҳушдор медиҳанд:
ҳоло вақти хонахарӣ дар Душанбе нест.

То замоне ки шаффофият, ҷавобгарӣ ва назорати воқеӣ бар ин бозор барқарор нашавад, ҳар сомонӣ ё долларе, ки ба чунин лоиҳаҳо дода мешавад, метавонад ба доми қаллобон табдил ёбад.

Фиреби ваъдаҳои «ободӣ»-ро нахӯред. Пеш аз имзои ҳар шартнома, пеш аз супурдани ҳар маблағ, бояд донед, ки дар паси ин бозор на танҳо домсозони беинсоф, балки як системаи пурманфиати ғорати Семейка қарор дорад.

Мардум бояд бидонанд:
хонае, ки бар пояи пора, фиреб ва беқонунӣ сохта мешавад, дер ё зуд ба фоҷиа табдил меёбад.

 

Share This Article