Шорух Саид ва Рустами Эмомалӣ, ду дӯсти қадимӣ контрол ва регуровкаи тиҷорат ва бозори наркотик дар Тоҷикистонро ба дасти худ гирифтаанд. Акнун дар ин тиҷорати миллиардӣ Зоиру Шамсулло Соҳибовҳо, домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов, Ҳасану Муҳибулло Асадуллозодаҳо, хусурбачаҳои Президенти Тоҷикистон ва Комил Мирзоалиев, раиси Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки наҳангҳои наркобизнесанд, бидуни шарокат ва ҳамоҳангӣ бо Шоруху Рустам дар ин бозор ҷойи худро аз даст хоҳанд дод: ё бо ин ду нафар кор мекунанд ва ё комилан аз ин тиҷорат берун карда мешаванд.
Шабакаи дохилӣ: вақте ниҳодҳои қудратӣ худ ба бозигар табдил мешаванд
Шорух ва командаи вай, ки аз шумори кормандони милисаи шаҳр ва бархе дигар аз афроди касбу кори гуногун ба шумули ҳатто «қорӣ» ба тиҷорати маводи мухаддир-наркотика машғуланд, ба хотири дарёфти даромад аз ин тиҷорат ба бадтарин корҳо даст зада истодаанд.
Дар навиштаҳои пешинаи «Ислоҳ» мо дар ин бора гуфта будем. Барои онки манзара ошкортар ва маълумот бештар дошта бошед, инҷо аз як навиштаи пешинаамон истинод меоварем:
«Ва, аммо Шорух бо афроди наздики худ даст ба амалҳое зада истодааст, ки бисёр ҳам хатарнок ва авоқиби хуб надорад.
Шорух ба тиҷорати наркотик сахт машғул шудааст, аммо аз тариқу роҳу усулҳои дигар.
Шорух, бо ташкили як шабака аз ҳисоби сардорони шуъбаҳои милиса дар пойтахт, аз ҷумла сардори УУР, УБНОН ва сардори кор бо ноболиғон, ки Сайёд ном дораду аз Данғара аст «бор»- наркотикро аз Афғонистон мехаранд, сопровождат мекунанду меоранд Душанбе, пас, харидорро ёфта гапзанон карда дар дохили бор жучок монда он харидорро худашон меқапанд.
Як нафар аз афроди комилан огоҳ гуфт, ки «чи бори калоне, ки дар чор-панҷ моҳи охир дар Душанбе ба даст афтод, кори дасти ҳаминҳост, подсавит аст. Маълумот ҳам аз худашон аст. Инҳо ҳама одамони Шоруханд. Борро мехаранд нишон медиҳанд. Масалан аз сарҳади Масковский , Фархор, Қусангир, Шаҳритуз, Ҳамадонӣ мехаранд худашон. Аз сарҳад афғона меган ягон одама бгу биоя бора бигирад бравад мо сопровождат мекунем. Афғоно ҳам одамони худашонанд. Одама афғон меёбад, бора метияд, вай мегирад меравад ба хонааш, жучок мондагӣ. Аз қафшон мераванд чун адреса медонанд меқапанд».
Ҳозир резултат фақат ҳамин хел. Началник УБНОНуш Дев кличка дорад ва аз Кулоб аст. УУР ҳам аз Кулоб, ҳамаро подстава карда истодаанд.
Ин нафари огоҳ гуфт, ки «худашон бора ба қирғизу узбаку қазоқу расия мезананд. Чор панҷ рейс мезананд, як навбаташро резултат нишон медиҳанд».
Як каси дигар аз группаи ҳаминҳо аз тюрма бо чи роҳе баромад. Вай садфоиз фаҳмида ва мехост ин ҳамаро ба Рамазон Раҳимзода ва СС. Ятимов бигӯяд. Аммо бурда заданд, ӯ мурд. Бачаи Калинин буд. Ҳамин Сайёди ноболиғҳо бо УБНОН ва УУР задагианд. Ягон кас жалоб накард. Кришаи мо Шорух гуфта касеро гуш намекунанд. Он бачаро дар ток мемонанду мезананд.
Шорух аз УУР- ҷои пешинааш қариб сӣ касро ҳамроҳаш овардааст. Дар чанд вақти охир қариб 300-400 кило резултат нишон дод. Чор -панҷ мошин мераванд мехаранд. Лично Сайёд худаш мехарад меорад. Мошинҳояшон 0010, 5000 прямой мезананд. Лексусу Кемри, номерои баҷоӣ мезананд».
Акнун дар ин қисмати ин матлаб бештар дар бораи гурӯҳи генерал-майор Шорух Саид, сардори Раёсати корҳои дохилии Душанбе, наздиктарин дӯсти Рустам ва бачахонди Эмомалӣ Раҳмонов, ки сару садоҳо дар бораи онки вазири корҳои дохилии ояндаи Тоҷикистон мешавад маълумот медиҳем. Ин маълумотҳоро яке аз аъзои командаи худи Шорух ба мо тавассути як нафар дастраси мо кард. Бинобар маълумоти ироадодаи ин манбаъ дар ин гурӯҳ як нафар ҳаст бо номи қорӣ Илҳом. Ӯро эшони Илҳом ва қорӣ Илҳоми чортутӣҳам мегӯянд. «Борҳо»-и группаи Рустаму Шорухро основной ҳамин қорӣ обулой мекунад: сад кило, ду сад кило ва аз ин ҳам бештар.
Агар дар ёд дошта бошед солҳои пеш наркотикаи ҷамъшудаи мақомотро дар печка-бухории махусус Агентии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор месӯзониданд. Он вақт ин ниҳод ниҳоди муштараки СММ ва Тоҷикистон буд ва СММ қисми асосии бюҷети ин ниҳодро пардохт мекард. Аммо ҳоло ин корро намекунанд. Наркотикаи мусодиркардашудаи ниҳодҳои қудратии кишварро ин группа мегирад ва вориди бозор ва содирот мекунад. Любой касро бо бори крупний меқапанд, дуруғ алов задем гуфта вале борро ба худашон мегиранд.
Гуфта мешавад, ки ҳозир дар ин группаи Шоруху, Рустам, бародари Комили Мирзоалӣ ва Илҳоми чортутӣ (Боими нав) ва худи Комил Мирзоалӣ «кор» мекунанд. Як сет-шабакаи муқтадири байналмилалӣ ташкил кардаанд.
Нафар ё муҳраи асосии дигар дар ин сет нафаре бо исми Акмал аст. Ин Акмал основной бо узбекҳо кор мекунад. Соли гузашта Акмалро амният дар Душанбе бо партияи калон қапид. Ин Акмал аз Масковский-Ҳамадонӣ аст.Одами наздики Комил Мирзоалӣ.Ҳамин Акмал партияҳои беҳад калони наркотикро ба берун, махсусан Узбекистон бароварда истодааст.
Акмалро Шорух бо миёнравӣ ва пули Комил Мирзоалӣ аз СИЗОи КДАМ баровард. Статяашро иваз кард: ба «недонесение» табдил доду баровард. Чунки Акмал дар Узбкистон «связҳо»-и мошний дорад.
Группаи Шорух ва Рустамро ВКД ҳеҷ кор карда наметавонад, аз дасташ ягон кор намеояд. Рамазон Раҳимзода «по уши» муттаҳами инҳо шудагӣ аст.
КГБ карданаш мумкин аст, аммо инҳо ҳам ҷуръат намекунанд. Чунки Рустам дар ин группа калони асосӣ аст ва маблағҳои бузург дарёфт мекунад.
Группаи Шорух, Рустам, Акмал, Илҳоми чортутӣ Комил Мирзоалӣ ва бародараш ҳама намуди маводди мухаддирро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ бизнес мекунанд: ҳам героин, ҳам афюн, ҳам ҳашиш ва ҳам метамфетамин ва ҳам кристалл ва ғайра.
КГБ агар бихоҳад дукаратду дигарбора Акмалро меқапад. Бори крупний дар храненияҳои ҳамон аст. Дар камтарин саволу ҷавоб мисли булбул ҳамаро мегӯяд.
Подстава, «резултат» ва тиҷорати пинҳонӣ: механизми кории гурӯҳ
Ҳозир любой бореро, ки меқапанд, Шорух ҳал мекунад. Аммо кори асосии инҳо подстава кардан аст.
«Дар охири соли гузашта КГБ резултат нишон дод, наход мо қади ҳамон к***очаҳо нашем. 100-150 000 бтен резултат кнен» гуфта Шорух кормандонашро сахт таҳдиду таъкид мекунад. Аммо ин ҳама барои показуха,публика. Дар асл ҳозир Шорух на фақат дар дохил, ҳамчуноне гуфтем аз марз ҳам ошкоро ворид карда истодааст.
Шорух Сайёди сардори кор бо ноболиғон дар УВДи Душанберо аз кор сур кард. Акнун одамони сахт ба худаш вафодорро дар УБНОН ва УУР началник мондааст. Ҳатто «бор»-ро ташкил карда ба воситаи дигарҳо дода одамҳоро подстава карда қапида истодаанд ва барои раҳоии онҳо маблағҳои калон гирифта истодаанд. Масалан сад кило борро чанд бор ба «бозӣ» медароваранд, ба як нафар медиҳанд, ӯро меқапанд, аз вай ҳам пул ва ҳам борро мегиранду боз ба нафари дигар медиҳанд. Он нафарро ҳам қапида ҳам пул ва ҳам боз обратно борро мегиранд. Инҷо дар ҳақиқат як даҳшат рафта истодааст. Чунки масири ҳаракати худи бор-наркотикро комилан зери назар доранд.
Чанд рӯзи пеш чор афғонро дар сарҳад зада куштанду эълон карданд, ки террористҳо буданд, автомату тиру маводди мухаддирашон мусодира шуд. Валлоҳӣ ҳамааш дурӯғ аст. Он афғонҳоро худашон гапзанон карда буданд. Онҳо ҳамааш шуда курйер (нафароне, ки «борҳо»-и наркобизнесҳоро аз Афғонистон ба Тоҷикистон бар ивази маблағи ночиз мегузаронанд) буданд. Борашонро гирифтанду худашонро куштанд.
Мо афғонҳоеро медонем, ки дар Душанбе ва Хуҷанд савдо мекунанд, тиҷорати оддӣ доранд. Аъзои группаи Шоруху Рустам ба пеши онҳо мераванду бо ҳазоруяк ваъдаву пуштибонӣ дар тиҷорат ва шароити ҳуқуқии зисташон мегӯянд, ки барои мо «канал» кобед, мо дар ҳамонҷо сумро медиҳем. Сарашонро метобанду ба гап меғалтонанд.
Дар ин группаи Шоруху Рустам аз погранвойски КГБ ҳам шариканд. Ҳозир фармондеҳи марзбонӣ ҳам қудои Эмомалӣ Раҳмонов аст. Хусури Сомон аст.
Хуллас, ҳамин қочоқбарони афғонро ҳам одамҳои ҳаминҳо ба доми фиреб андохта аз он тараф оварда истодаанд. Инҷо на террорист аст на экстремист, тем более тоҷикҳо. Агар онҳо тоҷикҳо буданд, ҳоло Раҳмонов дар тамоми дунё эълон мекарданд, ки «ина тоҷикҳои Ансоруллоҳ ё ДОИШ» аз Афғонистон ҳуҷум карданд.
Инҳо ҳамаашро худашон карда истодаанд. Ҳам пул кор карда истодаанд, ҳам нишон дода истодаанд, ки бар зидди қочоқи маводди мухаддир муборизаи беамон мебаранд. Аммо, валлоҳӣ, қасам ба худо, ҳамаи он наркотикаҳоро худашон тасарруф ва ғасб карда аз Узбекистону Қирғизистон сар карда то Русияву Аврупо бизнес мекунанд.
Бубинед, пешакӣ меоянд, роҳҳову пайраҳаҳо ва куҳу пуштаҳоро (ҳоло ҳеҷо ҳеҷ гапу хабре нест) видео мекунанду навор мебардоранд. Роҳро видео мекунанд, ки аз инҷо қочоқчиҳо меоянд. Пешакӣ! Охир, ту аз куҷо медонӣ, ки террорист ё қочоқчӣ меояд ва он ҳам шаб меояд ва ту камера карда рафтан мегирӣ? Як рӯз, ду рӯз фақат дар торикӣ, роҳҳоро съемка мекунанд.
«Ҳамин хел мезанемшон» мегӯянд ва баъд наворро дар ТВ-ҳо пахш мекунанд.
Бовар кунед, ки ягонтои ин ба ном амалиётҳо просто так нест. Ҳамааш бо нақша ва ҳамааш подстава: «Хе ака ба фалонҷора биё, тра дар фалонҷо встречат мекнан, бора метӣ, сумта мегирӣ мерай». Аммо ба «фалонҷо», ки омад мезананду мекушанд. Он бечораи аз таги гап бехабар агар успет кард ба қафо мегурезад ва табиист, ки ҷон ширин, борҳоро мепартоянд ва инҳо борро мегиранд.
Ҳозир ин корҳоро се -чор бор дар сарҳади Панҷ карданд ва афғонҳоро паррониданд.
Началник КДАМ-и Панҷ аз Кангурт ё Фархор, беҳад падарлаънати дарранда аст.
Ба ҷуз аз ин боз информатор-бузҳо доранд. Инҳо маълумот медиҳанд. Сипас мераванду меёбанд.
Вале основной ин группа дар либоси «харидор» медароянду афғонҳоро дар «ловушка» меандозанд. Худашонро мекушанду борашонро мегиранд.
Аммо маълумот аз Акмал «збитчики асосӣ»-и ин группа хеле зиёд аст. Вай бузӣ ҳам мекунад. Одамҳо медонанд, ки ба кӣ, кай ва чаро 50 -100 ҳазор доллар додааст.
Муҳраҳои асосӣ дар паси парда ва тавсеаи шабака
Яке аз дигар «одамҳои основной»-и группаи Шорух ва Рустам Сафарзода Манучеҳр Аслонбек, сардори идораи нотариалӣ-нотариуси вилоят Хатлон аст. «Борҳо»-и Шоруху Рустамро асосан ҳамин нафар аз тарафи Шӯробод меоварад. Агарчи ӯро барои вазорати адлияи ҳукумати Рустами Эмомалӣ ин группа нафари муносиб медонад вале худи вай мегуфтааст: «ино ба боварира нестан. Ва гуфта истодааст, ки «и к****ачаҳора, нару модаша фалон кадан даркор. Ба инҳо Исмати дулик бовафо буд ва аз ҳама бештар хубӣ кард. Ҳамуна дидӣ инҳо чи ҳол кадан»? Ба як бародари наздикаш ҳамин гапҳоро задааст, ки «ай ҳамада Исмати дулик ба инҳо наздик буд, хизмат мекард, аммо чи ҳол шуд? Ино любой касро ҳаминхелин мекунанд».
Нафари дигари группаи Шорух ва Рустам ҳоҷӣ Аминҷон, началник уголовний розиск-сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аст. Ин ҳам «бор» мекашонад:
«Чанд вақт пеш бачаҳои аэропотро қапиданд ва ду ҳафта маҳкам карданд. 520 ҳазор доллар, як Тойота -прадои соли барориши 2025, ду Лексуси 570-и барориши 2022-23-ашро гирифтанд»
Он бача аз ҷабри инҳо хонаву дару ҳама чизашро фурӯхт ва ҳоло дар берун аз кишвар қарор дорад. Гуфтанаш, ки «дар ягон ҷо даҳанта воз мекунӣ очата ме***ем.Сарат метем аз территорияи Тоҷикистон баро гум шав». Агарчи аз вай бор гирифтагӣ нестанд. Беҳуда, бе ҳеҷчи. Шорух шахсан худаш таъдид кардааст, «ки баро тез гум шав».
Аммо гапи ин кор баромадаст. Шорух ин миқдори пули нақдро якҷо бо зердастонаш ҳоҷӣ Аминҷон ва ҳамон Сайёд гирифтаанд. Ин корро ҳама медонад. Боз Шорух ба кормандонаш гуфтааст: «ин пул ҳақи боло -ҳақи Рустам аст».
Гап дар инҷо аст ки ин одами ҳоло ҳуйхӯрда бо инҳо «кор» намекард. Додарашро оварданд бо як грамм, гӯё қапиданд. Аз қафои додараш худашро қапиданд. Гуфтанд, ки «хез биё. Додарат афтид». Ва, ӯро заданду дар ток монданд ва ба гарданаш бор карданд ва ҳамин тавр беҳиҷчӣ, бо тӯҳмат ниммилион доллар ва мошинҳои гаронбаҳояшро гирифтанд. Ин кори соли 2025 аст. Аммо нақшаи ин «амалиёт»-ро асосан Сайёд тарҳрезӣ ва ташкил кардагӣ аст. Сумҳоро началник УБНОН, ҳоҷӣ Аминҷони началник УУР ва Сайёд гирифтагианд.
Шорух Сайёдро дар распоряженияи кадр монд. Аз бахши кор бо ноболиғон гирифт. Гуфт, ки гум шав, ту палидӣ, ҳамаро бадмон кардӣ. «Борҳо»-ро ҳамаашро ҳамин мебурдааст ба ҳамон Кемри, ки рақами давлатиаш як панҷу се нол-5000 аст.
Шорух лично гуфтааст, ки ту якнима шав, гапу чап зиёди бад шуда истодааст, КГБ аз қафоям кор дорад. Якнима шав. Бародари директори бозори Корвон дар ҷои Сайёд сардори бахши кор бо ноболиғони милисаи шаҳри Душанбе шуд. Шорух ӯро дар бари худаш овард. Шорух Сайёдро гуфтааст, ки ҳамаи данийҳоро додагием: « итари к***оча дар даруни худмонай, буз аз даруни худмон шудестай.
Аммо Сайёд таҳти шубҳа ва гумон афтодааст: «бебало думби мара ҳуй надорад. Ҳамин информатсияҳоро точно- точно гуфта истодааст».
Сафарзода Манучеҳр Аслонбек қисми зиёди корҳои ин группаро пеш бурда истодааст. Аз тарафи сарҳади Масковский-Ҳамадонӣ ҳам борҳоро бурда истодааст. Началник нотариуси вилояти Хатлон. Агар сесадто ба Шоруху Рустам занад, 100 тояшро ба худаш. Гуфтааст: «аз инҳо дигар ҳиҷчи фоида нест».
Манбаъи мо аз милисаи шаҳр, ки ин маълумотҳоро дар ихтиёри мо гузошт, гуфт Сайёд ҳоло ҳам барои онҳо бор мекашондааст. Ҳамроҳи Манучеҳр Сафарзода.
Сайёд паралелно борҳои Зоирро ҳам мекашонад ва ҳамроҳи борҳои вай як миқдор бори худро ҳам ба пул, ба савдо мерасонад. Зоир борашро отделно намедиҳад. Зоир бо Рустам якҷоя мезанад. Аммо, гоҳо, худаш тоқа мефурӯшад, бидуни огоҳии Рустам.
Аммо инҳо-«курйер»-ҳо полний недоволнигӣ доранд, ки «мора да копек кор фармудестан. 50-60- 100тоӣ ба худамон задан даркор».Тарафи ҳамон одам Манучеҳр Сафарзода гуфтааст, ки «по любому ба худамон ҳам бояд 50-60-100тоӣ кор кунем. Инҳо борро асосан аз Ҳамадонӣ зада истодаанд. Сайёд дар распоряжения кадр бошад ҳам вале «тихаряк бор задеста, кор кардеста».
Манучеҳр ба ҳамон рафиқаш боз гуфтааст, ки Муҳаммадиқбол беҳуда инҳоро кино накардааст, рост мегӯяд: «инора фалон кадан даркор» гуфтааст Манучеҳр: «Ино вафо мекардан ба Исмата мекарданд. Нару модаша фалон кардан даркор, пака шанс ҳаст исползоват бояд кард».
Манучеҳр Сафарзода доим ҳамин гапро мегуфтааст, ки «аз Шурободу Ҳамадонӣ постоянний бор мекашем, аммо кадоме, ки полёнӣ мешуд…» «и зани Зоира б***ом ҳиҷкира ягон грамм подержка намекунад».
Манучеҳр гуфтааст: «ба баҳонаи ҳамино роҳам пака тинҷай. Ба узбаку қирғиз мезанам, ай номи ҳамино. Дигар полнирост мезанаму фоидаша як зиндагима рост мекунам. Вале ин к**изано ҳеҷ вақт вафо намекунанд. Иё саг ворӣ истифодат мебаран. Исмат то размери трусиву лифчики Азизморо аз харидани зиёд медонист. Мехарид мебурд. Ино, ин мардум, бисёр номарду ноҷавонмарданд». Манучеҳр дар тамоми ҷо фақат аз номи ҳамин катакатаҳо гап мезанад. Худаш мардуми Чапаев аст.
Боз дар ин гурӯҳ як нафари дигар аст ки ӯро «шефча»-аш мегӯянд. Ин шефча ҳам мисли Сайёд ва Манучеҳр бори ин группаро мекашад. Як акаи ин «шефча» дар МВД генерал аст. Дар перевозкаи бори группа аз Шурободу Ҳамадонӣ ҳамроҳӣ мекунад.
Сафарзода Манучеҳр Аслонбек гуфтааст «ино ба касе вафо намекунанд. Як нафар катазани дигар буд бо номи мудир Исо, ки даҳмарда ва чупонаш ҳам мегуфтанд. Вай барои Зоир бор омода мекард. Вайро вақте Бароти кал сардори милисаи Душанбе буд, қапид. Вақте ӯро қапиданд, гуфтааст, ки «э,бача шумо девонаед, кришаи ман фалонӣ -Зоир аст».
Зоирро занг зада гуфтанд, ки ба ту показаний дод. Зоир гуфтааст, ки «якнимаш» кунед. «Тоқа худуш бравд тоқ, ягон каси дигар ба кала нагира».
Шоҳрух се чор муовин дорд, ки ҳама кулобианд. Даҳ рӯз пеш дар ҷои Шорух як боздоштшударо ба ток зада куштанд. Аз дуюм этаж парида худашро партофта кушт гуфтанд. Ҳамин ҳоҷӣ Аминҷон ва кормандонаш меқапанд.
Аммо ин тавр шуданаш, яъне аз тиреза парида худкушӣ кардан сиҳат надорд. Чунки вақте дастгир мекунанд, сраза наручник мезананд ва меоранду як тарафи дастбандро дар батареяи отоплений мезананд, аз куҷо парида метавонӣ. Қазои ҳоҷат намемонанд. Наручникро дар ИВС ва дар СИЗО ҳуй мекунанд.
Худи Шоҳрух дастур додааст, ки аз тиреза партоед, гӯед париду худкушӣ кард. Ду каси дигарро аз Ваҳдат ва 7ум километр дар ток заданд ва куштанд.
«Мо одмои Шорух, мо одамои Рустамем мегуянд. Қонунро тамоман задагӣ? Ҳар коре хоҳанд мекунанд.
Бачаҳои Кулобро ҳам мекушанд. Ҳамин Озод шерга бачаи гарени зӯр буд. Ӯро аз Кулоб оварданду дар УВДи Душанбе куштанд. Ҳоло додри Шерга дар зиндони Якум Советский аст.
Сардори УБНОНи пойтахт ва ҳоҷӣ Аминҷони сардори УУР ва худи Шорух, сардори милиси Душанбе милисахонаро ба қассобхона табдил додаанд.
Акнун ин Шорух вазири МВД шуданиву Рустам раиси ҷумҳур. Ҳоло агар инҳо ба ин мақомҳо оянд вазъи мардум чи хоҳад шуд?
Наркобаронҳо ҳокимиятро мегиранд? Дар сари қудрат наркобаронҳо меоянд?
Пасгуфтор ва ҳушдори Ислоҳ!
Агар ин иттиҳомҳо дуруст бошанд, пас масъала танҳо як шахс ё як гурӯҳ нест-сухан дар бораи худи низом меравад. Низоме, ки бояд қонунро ҳифз кунад, аммо имрӯз зери суол қарор гирифтааст: оё воқеан мубориза мебарад ё худ бахше аз мушкил шудааст?
Вақте номи шахсони наздик ба қудрат дар канори чунин иддаоҳо зикр мешавад, ҷомеа ҳақ дорад бипурсад:
оё ин ҳама бидуни донистан ва ё ризоияти сатҳҳои боло имконпазир аст?
Маводи мухаддир на танҳо ҷиноят, балки фоҷиаи миллӣ аст. Ин заҳр ояндаи ҷавононро месӯзонад, хонаводаҳоро вайрон мекунад ва миллатро аз дарун заиф месозад.
Кӯдакони ин миллатро ба доми нашъамандӣ тела додан -ин танҳо ҷиноят нест, ин хиёнат ба миллат аст.
Агар сохторҳои давлатӣ натавонанд ё нахоҳанд ин равандро боздоранд, пас саволи асосӣ ба миён меояд:
кист масъул барои ин фоҷиа?
Имрӯз ҷомеа танҳо ҷавоб мехоҳад. На таблиғ, на нишондиҳандаҳои сохта, балки ҳақиқат.
Зеро ҳар амале, ки ба сарнавишти миллат таъсир мерасонад, дер ё зуд дар назди қонун, таърих ва мардум ба баррасӣ кашида мешавад.
Ин суханон ҳушдор аст:
миллатро заиф кардан, ҷавононро ба нашъамандӣ бурдан ва қонунро ба абзори манфиат табдил додан-оқибат дорад.
Ва он рӯзе, ки ҳисобот талаб мешавад, ҳатман фаро хоҳад расид.
