Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №350

Ислоҳ нет

Ин 350умин барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» аст ки дар ин рӯзҳои баҳорӣ таҳия ва тақдими шумо мегардад.

Барномаи «Номаҳо…» аз барномаҳои писандидаи шумост, ки соли саввум аст нашру пахш мешавад. Муаллифи ин барнома, худи шумо -ҳамватанони азиз ҳастед.

 Феълан дар бораи ин барнома зиёд сухан намекунем. Фақат ҳаминро гуфтанием, ки ин барнома бо нашру пахши номаҳои шумо то ба имрӯз рисолат ва бори як расонаи мустақилро холисона ва аз таҳти дил иҷро ва кашида истодааст…..

Дар ин навбати барнома аз Шаҳринав, Ваҳдат, Ғафуров Тошканд ва Душанбе номаҳо дорем.

 Дар номаи расида аз Шаҳринав дар бораи раиси ҷамоат, ки як хонум буда ва мисли соири мансабдорони сатҳи маҳаллии ҳукумати Раҳмонов замину иншоотро ба худ ва наздиконаш «хусусӣ» карда ва маъракаи даъвати аскариро ба манбаъи даромад табдил додааст, сухан меравад.

Дар номаи Ваҳдат ҳам айнан ҳамин масъалаи фурӯши замин аз тарафи раиси ҷамоат дар миён гузошта шудааст. Ин раиси ҷамоат бошад замини қабристонро ба тағоандараш фурӯхтааст.

Номаи муаллифи тошкандӣ як масъалаи мубрами рӯз ришвату пораситонии кормандони марзбонӣ ва гумруки Тоҷикистонро матраҳ кардааст. Ин нафар мегӯяд, ки ба ҳайси як тоҷики Узбекистон аз ин рафтори ҳаммилатони худ дар гузаргоҳи марзии Регар зери бори хиҷолат монд.

Як муҳоҷири ҳамватани мо аз шаҳри Екатеринбурги Русия дар бораи Гулия-Гулчеҳра Меликова навиштааст. Бале, ин ҳамон Гулияе аст ки мо дар бораи вай чанд рӯзи пеш як мақолаи алоҳида чоп намуда будем.

Аз Душанбе як номаи ҷолиберо ин бор дар барнома ҷой додем. Муаллиф як қиёси ҷолибе дар мавриди шахсиятҳои шинохта ва машҳури Тоҷикистон кардааст.

Аз шаҳри Ғафуров дар бораи раиси пешинаи ин шаҳр Нусратулло Салимзода ва мушкилоти ба меросмондаи вай навиштаанд.

                                Шаҳринав

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!

Ман бародари шаҳринавии шумо бо пароли «Регар –1» ҳастам. Бародар умедворам, ки хубу саломат бошед. Инҷо мехоҳам дар бораи раиси ҷамоати Боғистони ноҳияи Шаҳринав як маълумот диҳам. Раиси ҷамоат Барно Раҳимова ном дорад.

Ин зан намедонам бо кадом сабабе аз шавҳараш ҷудо шуд. Шавҳараш чи гуноҳеяшро қапиду аз Русия омада талоқашро дода бозпас гашту ба Русия рафт! Ин раисаи ҷамоат худ зодаи ҳамин ҷамоати Боғистон буда дар ҳаминҷо дар як оилаи камбағал калон шуда буд. Лекин аз рӯзе, ки дар ҳукумат ба кор даромад шуруъ бар макидани хуни мардум кард.

Ин раиса дар ҷамоат чи замине, ки ба қап кард соҳибӣ кард. Китобхонаву замини он ва тирхонаро, ки дар саҳни мактаб буду мактаббачагон нигоҳубину кабудизору гулкорӣ мекарданд соҳиби кард. Дар замини байни мактабу китобхонаи мактаб бо ҳамроҳии додараш барои додараш як коттеҷи дуошёна бардошт. Замини тирхона, ки дар рӯ ба рӯи мактаб қарор дошт дар муқобили ҳамин хонаи сохтагиашон буд, ки онро ҳам соҳибӣ карда барои падараш хона сохта дод. Ҳол он ки падараш ҳам хонаи заминӣ дар назди мактаби куҳна дораду ҳам хонаи сексия дар кӯчаи ба номи Чехов. Падараш як пенсионер, занаш аз дунё гузаштагӣ, ду хона дорад, боз сеюм хонаро чи кор мекарда бошад? Ҳол он ки дар ҷамоат зиёданд оилаҳое, ки дар як ҳавлӣ як чанд оила бо фарзандони зиёде зиндагӣ мекунанд.

Аммо ин раиса бошад фақат барои падари пенсионераш се хонаву заминро соҳибӣ кардааст! Болои ин ҳама барои худаш як хонае, ки аз қафои бинои идораи ҷамоат шавҳараш харида буд ва дар наздаш як плошадкаи калон дошт, он заминро ҳам соҳибӣ карда бо ном корхонаи дузандагӣ гӯё сохт- ду ошёна ва дар девори берунаш як плакат зада корхонаи дузандагӣ нависту халос! Ҳоло бошад дар ин ду ошёна зиндагӣ дорад!

Ва ба болои ин қадар боигарӣ боз аз нафароне, ки бачаашон ба синни аскарӣ расидааст, пули калон меситонад. Як шогирд дорад аз ҳамсояқишлоқ, бо номи Бахтиёр. Хонаҳои бачаҳои ба сини аскарӣ расида Бахтиёрро ин раиса роҳӣ карда аз ҳар як хона 5000 сомонӣ ҷамъ карда мегирад! Вақте ки Бахтиёрро мегӯем, эй мард як камтар инсоф кун. Бахтиёр ба занаш қасам мехурад, ки ин ставкаро раиса мондагӣ аст. Аз ин пул ба ман 1500 сомониаш мерасад, 3500сомониашро раиса мегирад! Лекин раиса ошкоро мегӯяд, ки «ман ҷавоб мегӯям, агар пул диҳӣ бачаатро ягон кас ғам намедиҳад». Аммо вақте бачаҳои мардумро аз военкомат омада қапида ба хизмат бурданд соҳибони фарзандони ба хизмат бурдагӣ ба назди Барно Раҳимова омада гуфтанд, ки ту ҷавоб мегуям гуфтӣ канӣ фарзандони мо? Раиса дар ҷавоб шаттоҳӣ карда мегуяд, ки «илтимос дар ягонҷо номи манро нагиред,ки ба ман пул додаед. Ман любой путём бачаҳоятонро мебиёрам». Лекин то ҳол аз одамоне, ки пул гирифтагӣ аст 4 нафар хизмат доранд! На фарзандҳояшонро баргардонду на 5000 сомоние, ки ҷамъ карда гирифта буд.

Дар ҷамоати Боғистон мардум аз дасти ин зани шаттоҳи дурӯғгӯи буз ба дод омадаанд. Лекин ин ҳаромхур хуни модарию хуни занӣ дар вуҷудаш намондааст. Бародар Мухаммадиқбол агар бовар мекунӣ ё не Худо худаш дида истодааст, аз пеш, аз таги рӯи раиса Барно Раҳимова нигоҳ кунӣ, ку мӯи танаат мехезад. Хаёл мекунӣ, ки дар рӯи ягон мурда нигоҳ дорӣ. Аз ҳақи мардумхуриву ҳаромхурӣ дар рӯяш нур намондааст!

Бародар ин номаи маро дар барномаи «Номаҳо……» ҷо кунед, бигузор ба гӯши Раҳмонов расад ва бидонад, ки коргароне, ки дар сари ин миллат роҳбар гуфта масъул мемонад, ба чихел ҷиноятҳо даст мезананду чи гуна хуни мардумро мемаканд! Ва дар охир ба ин раиса Барно Раҳимова гуфтанӣ ҳастам, ки хуни мардумро камтар мак, ки ин маротиба фоҳишагиҳоятро хам фош мекунам! Бо киҳо алоқаи маҳрамона ва робитаҳои ғайриахлоқӣ дар ҷамоат дорӣ!  

                                              Ваҳдат  

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз шаҳри Ваҳдат менависам.

Кӯтоҳи гап, қисса аз ин қарор аст. Олими Зайд, раиси деҳаи Кофарниҳон дар шаҳри Ваҳдат.
Ба тағоандараш ҳоҷӣ Бурҳон Қурбонов касе, ки тағо гуфта мегардад ин раиси Олим замини қабристонро фурухтааст. Замини 3метр ба 30 метр дарозӣ гирифтааст. Чанд сол пеш Ҳоҷӣ Бурҳон дарахт мешинонад, аммо мардум дарахтҳоро мекананду мепартояд. Ҳоҷӣ ба мардум мегӯяд, ки ин дарахтҳоро ҳамту шинондам, аммо пинҳон мекунад, ки заминро харидааст, ки мардум аз болои Олим даъво накунанду вай боиси подвадит шудани Олим нашавад.

Чанд рӯз пеш, яъне 2.04.2026 як нафар зиёрати қабристон меравад. Манзараи тамоман дигарро мебинад. Як ваҷаб мондагӣ то қабри наздиконаш. Фундамент рехтагӣ ва 3 ряд сементблок задагӣ. Қабристонро съёмка мекунаду дар группаи ватсапи деҳа мепартояд.

  Имрӯз аз саҳар разбори ҳамин масъала буд. Раис бо эшони Ҳоҷӣ разбори мардуми деҳаро дар группа гуш мекунанд. Вале чизе наменависанд, гап намезананд.

 Имруз дар намози аср дар масҷиди маҳалаи Кофарниҳон разбори калон буд. Мардум мегӯянд,ки «эшони Ҳоҷӣ бкана заборша қабристони мардума бта».  
Боз аз тарафи ферма замини пушти фермаро гирифтааст. 3 метр бар ва 30 метр примерно дарозии замини ферма.
 Ба нақли ҳамсуҳбати мо худи фермаро ҳам ба чанд шиносаш раиси маҳалла фурӯхтааст. Аз ин пештар замини бари масҷидро фурӯхта буд, бо ин ваъдае, ки масҷидро документ мекунем ба ин пул. Аз ин пештар бошад майдончаи футболбозии мактаби деҳаро ҳам фурӯхта буд. Ҳатто заминҳо лаби дарёро то даруни дарё ин раис фурӯхтааст.
Мардум даъво ва талаб барои гирдиҳамоӣ доранд, то забори сохтаи ҳоҷӣ Бурҳонро чапа кунанд.
Ҳодисаҳои дигар ҳам шуда буд, ки шоҳиди ин ҳодисаҳо ҳоҷӣ Вайсиддин мебошад. Муллои маҳалла бисёр одами хуб буд. Солҳои 2018 вақте барои фарзандонаш замини хонаашро тарака мекунад, як бачааш бераҳ мемонад, чунки туғрӣ намегирад бо бачаи дигариаш. Баъд мулло аз қабристон замин мехарад, ба ивази онки солҳои 2010-2013 ба мактаб компютер харида будааст. Вай одамҳоро даъват кардааст, ки барои чи фурӯхтаанд замини қабристони куҳнаро
Мирзошарифу Айниддин шоҳиди ҳамон переговори онвақта будаанд, ки гуфтем соли 2018 шуда буд. Он вақтҳо ин мулло бо раиси пешинаи ҷамоат бисёр кумак ва корҳои хуб барои маҳалла карда будаанд. Ва он вақт гуё гуфт бошанд, ки ҳамин замини қабристонро ба мулло бидиҳемаш, то барои маҳалла роҳ созад. Аммо ба ҷои барои маҳалла роҳ сохтан рост даруни хонаи бачааш роҳро сохтааст.

Гуё ин мулло компютер барои мактабу ҷамоат туҳфа кардааст. Раиси ҷамоат раиси кумитаи замин дигару дигарҳо дар онҷо гуфтанд, ки ҳаминхел гапу хабар аст, мо бояд муллоро кумак кунем.
Ин ҳамон ҳоҷӣ Вайсидин аст ки дар Фут -ситии Москва машҳур аст ва ташкилкунанда дар корҳои сохтмонии Кофарниҳон аст ки аз мардум маҷбурӣ пули хайрия мегирад, именно аз муҳоҷирҳо ва касоне, ки дар муҳоҷират қарор доранд.

                                         Тошканд

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Тошканд узви Маркази миллии фарҳанги тоҷикони Ӯзбакистон ҳастам. Худованд шуморо дар ҳифзу ҳимояти худ нигаҳ дорад. Ман ҳамчун тоҷикзабон барномаҳои шуморо бо   диққат тамошо мекунам ва бисёр дар тааҷҷуб ҳастам, ки чаро одамон ин қадар хушомадгӯй бошанд: вай-вая вай кардаст ….
Ба наздики ба Душанбе, ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар карда будам. Бовар кунед дар сарҳад аз Ӯзбекистон то сарҳади Тоҷикистон дар муддати 15 дақиқа гузаштем ва ба сарҳади Тоҷикистон расидем. Дар гузаргоҳ ё дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон маро ҳамин қадаре азобе доданд, ки хостам аз ҳамон гузаргоҳ  пас баргардам. Якуним соат вақтро гирифтанд, бе ягончи, беягон сабаб. Дар охир гуфтанд, ки «ячи нимчи  бте бра». Ман фикр мекардам, ки инҷо ҳам ранги Ӯзбекистон ва дар ҳама ҷо камераҳо дар назорат аст. Аммо онҳо ранги гадоён будаанд. Гуфтанд, ки ё 150 сомонӣ госстрах мекунӣ ё инки нақд 100 сомонӣ 
ба ходимони гумрук медиҳӣ.

Ман, ки барои дидани бародари ҳамхизматам раҳсипор будам, маҷбур шудам. Онҳо аз ман сад ҳазор сӯм пули ӯзбекӣ гирифтанд ва баъд иҷозати гузаштан доданд.

 Рафта бародарро дида пагоҳӣ баргаштем. Боз дар сарҳади Тоҷикистон якуним соат бе ягон асос моро маътал карданд.

Худованд инсофашон  диҳад, муомилаашон нохуш аст. Худро кӣ ва чӣ меҳисобанд нафаҳмидам. Барои ҳамин ончи шумо дар барномаҳоятон мегӯед ҳамааш 100 фоиз ҳақ аст. Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Дуъои мусофиру муҳоҷир мустаҷоб мешавад.   

  Екатеринбург

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Аллоҳ барои ин ҳама заҳматҳое, ки мекашед, барои ғамхорӣ кардан дар ҳақи мардуми тоҷик, аз шумо розӣ бошад.

Ман дар нисбати онҳое, ки ба қадри заҳматҳоятон намерасанд ва нисбати Шумо ҳар гуна суханҳои пасту баланде, ки ба шаъни Шумо нест, нафрат дорам. Инҳо туҳмати ошкоро аст ва худашон ҳам медонанд. Аллоҳ ба аъмоли ҳамаи мо шоҳид аст.

Дар як навиштаи Ислоҳ дар бораи Гулия дар Екатеринбург гуфта буд. Гулияе, ки садҳо нафарро фиреб дода пулҳояшонро бо ваъдаҳои бардурӯғ гирифта буд.

Дар ҳақиқат ҳоло Гулия дастгир шуда ва нисбати вай тафтишоташ давом дорад.
Муфаттишони Русия муайян кардаанд, ки Гулияро зиёда аз 200 миллион рубл аз мардумро ин гирифтааст. Вале 80 дар 100- мардуми ҷабрдида ҳоло ариза кардагӣ нестанд. Чунки бисёрии онҳо ҳуҷҷат надоранд, то ки барои пулҳояшон муроҷиат кунанд. Ман вақте мегӯям, ки Гулия 200 миллион рубли мардумро фиреб карда гирифтааст, ин бофта нест, ин асос дорад.
Гулияро ҳоло ба Тоҷикистон равон накардаанд, дар боздошт, дар СИЗОи Екатеринбург ва парвандаашро муфаттишон дида истодаанд. Гуфтанд, ки тафтишот то авалҳои моҳи май давом мекунад. Ва Гулия дар ин муддат бо қарори суд бояд дар боздоштоги Екатеринбург бимонад. Феълан ду кӯдакаш дар тарбияи шавҳари сеюмаш аст. Аммо муфаттишони Русия кӯшиш доранд, ки ба хона ё модараш диҳанд ё ки ба детдом ба тарбияи давлат супоранд.

                                   Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Як сокини солманди шаҳри Душанбе ҳастам. Синнам аз 70 болост. Барномаҳои шуморо тамошо мекунам, сайтатонро мехонам. Рости гап ба ҷуз аз навиштаҳои сайти шумо дигар чизи мехондгӣ ҳам намондааст.

Ман дар бораи як масъала навиштан мехоҳам. Ман тайи 34 соли раёсати Эмомалӣ Раҳмонов ягон ному насаб пайдо накардам, ки бигӯем ана ин ифтихори мо дар замони истиқлолият аст.

Масалан на Лоиқ, на Бозор на Мӯмин Қноат на Гулрухсоре дигар пайдо нашуд.

Масалан на Осимӣ, на Исҳоқӣ, на Саъдиниссо Ҳакимова, на Соҳиб Табарови дигар пайдо нашуд.

Имрӯза президенти Академияи илмҳо як нафаре, аст ки ҳатто занаш шояд дуруст нашиносадаш, боз ӯро «диссернет» дасти дуздишро рӯ кард.

 Абдуҷаббор Раҳмонови кавлук қучқори кабуд-академик. Шармандагӣ беш аз ин намешавад.

 На Зафар Нозиме дорем, на Ҷурабек Муродов, на Одина Ҳошим

Хуллас, ҷои ин гуна шахсиятҳои машҳуру маъруфи тоҷик, ки на фақат дар ватан дар тамоми дунё мешинохтанд, номҳои машҳуру маъруфи имрӯза иборатанд аз Рустами  наркоман Муроди телех, Ҳасани ишкамба, Тахминаи Клеопатра, Озодаи чемпионка, Исмоили пингвин (дастбахайрам мегӯянд, чопико), Муҳибуллои номард бошаму зинда бошам, Шамсуллои Фароз Ҷамолиддини 4% Азизмои газетхонак, ки ҳамагӣ ба оилаи Раҳмонов тааллуқ доранд ва ҳар кадоме як дузду ҷинояткори гузароанд.

Бо ин вазъу ҳол Раҳмонов боз аз шукуфоии ватан ва ободии ватан гап мезанад.

Э, шармат бод Раҳмонов бо ин давлату давлатдорӣ!

                                        Ғафуров

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз Ғафуров менависем. Мо ба чандин ҷойҳо шикоят кардем. Чанд рӯзи пеш радиои Озодӣ дар бораи мушкилоти мо як мақолаи хуб чоп кард. Онҷо мо бо ному насаб баромад намудем. Нусратулло Салимзодаи данғарагӣ ду сол дар шаҳри мо раис буд. Вай моро ба як вазъияти печида ва мушкил боқӣ гузошт. Гап дар бораи он меравад, ки моро маҷбур карда истодаанд, ки хонаву дар ва заминҳоямонро тарк карда ба дигарҷо бикӯчем. Чунки маҳалла ва кӯчи моро ба як домсоз барои сохтмони дом Салимзода фурӯхтааст. Ин домсоз гуфтааст, ки барои Нусратулло Салимзода 200 ҳазор доллар барои иҷозати дом дар маҳаллаи мо ришва додааст ва санади сохтмои домро гирифтааст. Боз гуфтааст,ки «агар лозим шавад суду прокурору раиси нави Ғафуровро ҳам пул дода мехрам». Хуб шояд пул дода ҳамаро харад шаку шубҳа надорем. Аммо ин Нусратулло Салимзода як бегонаи омда буд. Ду сол истод, ҳамаро ҳарому палиду бадтар кард. Вай инҷо фақат барои пул омада буд. Чаро бояд аз Данғара ба Ғафуров раис шуда ояд? Ҳозир мо ранҷи имзову қарори ӯро кашид истодаем. Чуноне аз Ислоҳ бохабар шудем ин Салимзода ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ корро бадтар карда истодааст. Мо дар ҳайрат ҳастем, ки чаро ин ҳукумати касиф даҳҳо ҳазор гектар замини кишоварзӣ ва ҳосилдеҳро фурӯхта истодааст? Дар оянда барои ҳатто обчакорӣ замин намеёбем. Ҳоло садҳо маҳаллу деҳоте дар саросари қаламрави кишвар пайдо шудааст, ки тамоман ғайриқонунӣ ва санаде надоранд. Инҳо дар маҳалли фермаи мурғ, фермаи гов, гаражҳо ва ғайраҳо сохта шудаанд ва садҳо гектарро фаро мегирнд. Аммо санад нест. Дар заминҳои воҳидҳои кишоварзӣ, дар доманаи куҳҳо, дар шафати ҳамвории рӯду каналҳо. Ин ҳама барои ояндаи худи ин мардум хатари ҷиддӣ дорад.

 Бародар Муҳаммадиқбол, аз инҷое, ки моро мехезонанд қариб 200 оила зиндагии худро пеш мебурд. Аммо Нусратулло Салимзода раиси собиқи ноҳияи мо соли гузашта ҳамаи ин қитъаҳоро ба номи як нафар Камол Рӯзиев гузарондааст ва ин нафар дар ҷои хона ва заминҳои мо дом месохтааст. Магар дар дигар ҷои шаҳри Ғафуров ҷой барои сохтмони дом вуҷуд надошт?

P.S

Дар воқеъ «Ислоҳ» дар бораи Нусратулло Салимзода зиёд навиштааст. Ҳоло ҳам як матлаберо аз як корбари сомонаи «Ислоҳ» инҷо меоварем:. «Баъди навиштаҳои «Ислоҳ» ва барномаҳои ифшокунандаи он дар бораи Салимзода Нусратулло, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Салимзода фақат кушиш мекунад, ки худро бо мардум нишон диҳад ва гӯяд, ки кор карда истодааст. Домсозҳое, ки дар вақти раиси пешина Абдуғаффор Ҳикматуллозода қарори сохтумони биноҳои баландошёнаро гирифта буданд, акнун ҳоло аз дасти Салимзода Нусратулло хун гириста истодаанд. 

 Салимзода фармон додааст, ки «ҳамаша стоп монену пеши ма фарёдшон кнен». Домсозҳо чандтоаш гуфтанд, ки Мунираи ҳаромхури котибаи Салимзода як ставкаҳое аз номи Раис мемонад, ки «ай уда насозем хубтар». Салимзода гуфтаст: «аку хела мара сиёҳ кардан, ҳичӣ ай дастшон наомад, барои ҳами биёрен ҳақи мара бтену брен ором бсозен».

 Он домҳое, ки бачаи харомии Салимзода дар Душанбе дар тарафи  Зарнисор сохтааст, ҳамааш аварийный ҳастанд. Пештар дар ҷои он домҳо тарабхонае бо номи ТОҶ амал мекард, ки онро Салимзод дар вақти вазири тандурустӣ буданаш сохта буд. Салимзода тарабхонаи ТОҶ-ро аз суми бюҷети давлат, ки барои таъмири беморхонаҳо ба вазорати тандурустӣ ҷудо шуда буд,сохта буд».

Share This Article