Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №353

Ислоҳ нет

Ин бор аз ноҳияҳои Рӯдакӣ, Конибодом, Нуробод ва шаҳри Бохтар (Қурғонтеппа) номаҳо дорем.

Номаи расида аз ноҳияи Рӯдакӣ аз вазъу ҳоли тоҷикони муҳоҷир дар марзи миёни Қазоқистон ва Русия мегӯяд. Онҷо барои убуру мурури марз навбат меистанд. Муаллиф аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки фақат телефону шиносномаҳои тоҷикиро бофурҷа ва баҳузур тафтиш мекунанд дигарҳо, масалан қазоқу қирғизу узбекҳо зуд мегузаранд.  

 Муаллифи номаи Конибодом нафаре аст ки солҳо пеш ҳиҷратро ихтиёр намуда ва ҳоло дар Қазони Русия ба сар мебарад. Нависандаи нома ҳодисаи бевосита ба сари худаш омада дар Тоҷикистонро ҳикоят кардааст. Писараш, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Русияро бар ивази маблағи калон аз комиссариати ҳарбии ноҳия мехарад.  

 Номаи Нуробод дар бораи «бузҳо-и ҷамоти Ҳакимӣ» суҳбат мекунад. Муаллиф бо зикри номҳояшон навиштааст, ки инҳо хеле ҳам пасту касифанд, чунки барои мақомот ҳамдеҳаҳои худро мефурӯшанд.

 Муаллифи нома аз Бохтар «бародари қиёматӣ»-и мост. Вай дар бораи як раиси деҳа навиштааст, ки феълан барои мардумфиребӣ дар боздоштгоҳ қарор дорад.

                                          Рӯдакӣ

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Номаро аз марзи Қазоқистон ва Русия мефиристам. Номи инҷо- Троицк.

 Вақти баромадан ба Русия тамоми дигар миллатҳо:- қирғиз, қазоқ, узбек оби равон барин мегузаранд, телефонҳояшонро ҳам касе  проверка намекунанд, аммо навбати тоҷик расид кор ранги дигар мегирад. Тоҷикро бо ҳар баҳона, як хелашонро дар убури нуқтаи гумрук телефонашонро мегиранду дар дигар ҳуҷра бурда саволҳои таҳқиромез медиҳанд.

  Ман ин телефоне, ки пеш доштам, ки барномаҳои шумову амри маъруфҳои дигар домуллоҳоро дошт, бо худ бурда будам. Ва барои эҳтиёт телефони дигар ҳам доштам, ки бо он телефон фақат кинову дигар роликҳо тамошо мекардам, инро ҳам гирифта будам. Ва дар нақша буд, ки ин телефони куҳнаро низ мебараму агар телефонкобӣ шавад, вазъият муташанниҷ бошад….Ва ин телефони навро ҳатто напурсиданд. Просто одаме, ки шаклаш шубҳаангез ва ришдор аст, проблемаашон мекунанд.

 Дар паси шлагбаум, дар очереди мошинҳо барои ворид шудан ба гумрук як ҳолати ҷангу ҷанҷоли тоҷикҳо сурат гирифта буд. Ними шаб чор мошини тоҷикҳо даромадаанду очередро, ки ин бачаҳо аз рӯи когаз тайер карда буданд- сад мошин зиёд буд-вайрон карданду гуфтанд очераднависро фалон мекунем. Ва дар даруни мошинҳо пассажир ҳам доштанд. Аввал хомушӣ буд ва одамон худ ба худ гуфтанд инҳо, кӣ бошанд, ки омада дар аввали навбат истоданд. Баъд оҳиста-оҳиста соати шаши саҳар он тараф байни тоҷикҳо ҷанг сар шуд.

  Ҳамин одами очерадвайронкун номаш Салим будааст. Ӯ очередро вайрон карда бошад, ҳам бисер одамҳоро гузаронд. Ҳатто аз даруни автобусҳо одамҳоро дар мошинҳо бо перегруз бор карда гузаронд. Қандашро занад. Аввал кораш номаъқул буд. Аммо бо перегруз одам бор карда мушкилии сад нафара осон кард.

 «Салим, аз ман ба шумо салом. Агар ин барномаро гӯш кунӣ мегӯям, ки раҳмати худо бар ту ва падару модарат. Мушкилии садҳо нафарро осон кардӣ. Аллоҳ баракатат диҳад». Агар дар қатор даҳ мошин бошад, панҷоҳ одам бо ронандаҳо бошад, аммо боз панҷоҳ одами дигар болои ҳам бор карду гузаштем

  Ҳамин хел кам каме дуруст кардам бародар смсҳоямро.

Ва аз шеъри дуруст кардаи шумо низ хело хушам омад:- олӣ.

Бародар агар дар ёдатон монд бошад он сол аксу навори каналро  фиристодам бар шумо. Имрӯз бо оилаам суҳбат кардам, мегуяд каналҳоро тоза карданд. Аммо ман худам наёфтам, он барномаеро, ки шумо он видеоҳои маро истифода бурда бошед.

  Навистанӣ будам,ки агар ҳамон видео ва навиштаҳои маро дар барномаи «Номаҳо ….» қабул кунед,нависед,ки ба мардум бигӯям,то бубинанд:

«Ай мардум бинед, ки бародар Муҳаммадиқбол ва тими Ислоҳ гуфти русҳо предател набудаанд. Чандин сол аст, ки дар барномаҳояшон ҳастам ва суҳбат ҳам кардаам ва наворҳо ҳам фиристодаам. Чанд бор гранитсаҳоро убур кардаам ва шукри Аллоҳ, ки дар пайгард нестам. Агар шумо худатон калаатонро кор нафармуда пешдастӣ кунед ва бар ҳар гуна чизҳо даст занед, ошкор мешавед. Фақат чи коре мекунед, оромона ва пинҳонӣ кунед, дар мубориза бошеду хизмат кунед.

                                    Конибодом

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Конибодом  ҳастам. Чанд сол аст ки дар шаҳри Қазони Тотористони Русия ба тиҷорати хушкмева машғул мебошам. Чанд рӯз пеш дар расонаҳои интернетӣ, аз ҷумла радиои Озодӣ хабареро дар бораи боздошт шудани як корманд, афсари комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иттиҳоми гирифтани ришва аз як нафар даъватшаванда хондам. Тибқи ин хабар ин афсар 15000 сомонӣ гирифтааст. Дар хабар бо такя ба Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон гуфта мешавад, кӣ Сатторзода. Аафсари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расулов «барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват» ва нагузаронидани як даъватшаванда аз комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ, аз наздикони ӯ 15 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Аз вай пештар ҳам ин расона аз боздошти Файзализода. Ф, сардори шӯъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хабар дода буд. Файзализода ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест. моҳи октябри соли 2025 аз волидони ду ҷавон барои озод намудан аз артиш дар умум 10 ҳазор доллар «пора» гирифтааст.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман ин мисолҳои равшан ва аниқро барои чи овардам. Гап дар бораи он меравад, ки худи ман ҳам ночор шудам барои раҳоии писарам пора диҳам. Моҳи март писари ман, ки донишҷӯ аст барои аёдати бобову биби ва хешовандонамон ба Конибодом рафт. Ҳамааш хуб буд. Аз фурудгоҳи Хуҷанд пешвозш гирифтанду бурданд ба Конибодом. Аммо ду рӯз нагузашта буд, ки ӯро дастгир карда ба комиссариати ҳарбӣ оварданд. Вай билети студентиашро, ки донишҷӯи донишгоҳи Урал аст  нишон медиҳад. Аммо бовар накарданд. Аз донишгоҳ справка гирифта фиристодам. Вале то пул нагирифтанд ҷавоб надоданд.

Ман ному насаби онҳоро менависам, аммо онҳоро шумо чоп ва эълон накунед. Чунки боз дар оянда пробелма мекунанд. Ман писарамро тавассути яке аз хешовандонам ба 15 000 сомонӣ харидам. Вақти бозгашти барои бидуни проблема гузштан аз аэропорти Хуҷанд боз ҳам пул дода гузаронидам.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман вақте бо ин проблема рӯбарӯ шудам, дидам, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мо то чи ҳад фасодзада шудааст. Ман ин 15000ро чи қадар савдо карда, нархро поин овард додам. Вагарна 30 000 сомонӣ талаб карда буданд.

Сонӣ фаҳмидам, ки ин «облава» як навъ бизнеси пурдаромади мақомоти Тоҷикистон шудааст. Ҳисоб кунед, ки дар ҳар як ҷамоат дар ҷойи барои мисол 40 ё 50 нафар ҷавон, ки бояд ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ раванд, ба ҳисоби камтарин 400-500 ҷавони сини даъват ва ҳатто зиёдтар аз ин зиндагӣ мекунанд. Аз аксарияти онҳо маблағҳои калон меситонанд. Аз 5000 то 8-10000 сомонӣ.

Ман ба ҳамин ҳукумат ҳайронам, ки чаро дар масъалаи пулакӣ кардани хизмати ҳарбӣ ҷиддӣ машғул намешавад. Ин пулҳоеро, ки аз падару модар ва ё худи ҷавони сини даъват мегиранд як тин ҳам ба ҳисоби давлат намераавад. Ин маблағро аз ҳукумати ноҳия, комиссариати ҳарбӣ, милиса, амният, прокуратура байни ҳам тақсим мкунанд. Албатта, дар инҷо ҳиссаи раиси ҷамоат ҳам ҳаст. Аммо саволи асосӣ ин аст, ки оё ин гуна србоз, ки тариқи облава ва маҷбурӣ ба хизмат ҷалб шудааст, омода аст барои ватан ва давлат биҷангад?

Ман саддарсад бовар дорам, ки не.

Вале ҳоло ин бизнеси облава барои мақомот «круглий год» шудааст. Ин тарзу шеваи ҷалб дар ҳақиқат ба як дарди сари бузург дар ҷумҳурӣ табдил шудааст. Ҳар сол ду маротиба, баҳор ва тирамоҳ мардум, бахусус волидони соҳиби писари синни даъват беҳад ғам дод мешаванд.

Мо, аз инҷо истода диламон ба наздиконамон месӯзад, ки бархеаш ночор мешавад бар ивази пулу пора писарашро аз хизмати ҳарбӣ гурезонад. Чунки онҳо дар ин мулки ғарибӣ бо азобу машаққат пул меёбанд.

                                      Нуробод

Ассалому алейкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Худованд аз шумо ва аз аҳли оилаи шумо розӣ бошад.

Мо як гуруҳ ҷавонони ҷамоати Ҳакимӣ арзу шикоятамонро ба шумо мегуем. Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и № 336 тамошо кардем. Ончики гуфта шуд, ҳамааш аз ҷамоати Ҳакимӣ барои Абдураҳмони буз сад фоиз дуруст аст. Ҳозир «бузӣ» дар авҷи аъло рафта истодааст. Коррупсия сахт кор карда истодааст.

Баъди нашри барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и № 336 ҳар рӯз тафтиш рафта истодааст. Вале амнияти ҳаромхур доляашро мегираду  рафта истодааст. Дар ҷамоати Ҳакимӣ сардухтури беморхонааш аз деҳаи Ҷавчӣ мебошад, ки қапиданш. Пораро дод, кор карда истодааст. Боз он сардухтурро подставит карданд.

  Ҳозир боз аз деҳаи Ҳакимӣ буз бисёр шудааст.

  Якум бузи 6 –ой отдели Нуробод Мирзоев Раҳим, бузи дуввум Ҷабборов Нусурат, бузи сеюм Абдураҳмони танзим, бузи чорум Табаров Сулаймон аст.

Бародари роҳи ҳақ, сардори ҳамаи ин бузҳо Мирзоев Раҳим, аз деҳаи Ҳакимӣ аст. Раҳим дар беморхонаи Ҳакимӣ ғайриқонунӣ 4 ставка гузарондагӣ, қариб 8000 сомонӣ маош мегирад. Вале дар хонааш хоб аст. Суми давлатро гирифта истодааст.

  Барои чи инро коррупсия ҳеҷчӣ намегӯяд. Барои онки кришааш Фарухи началник 6-ой отдели Нуробод аст. Ва ин Фарух ба Раҳим гуфтааст, ки «то вақте ман ҳастум буху бгард».

Ҳама кори ин бузҳоро мардум медонанд. Вале бародар халқро тарсон кардагианд. Дар қишлоқ чизе мешавад бузи якумаш Ҷаборов Нусрат дарҳол меояду мегӯяд ва ин Мирзоев Раҳим дарҳол ба 6-ой отдел занг мезанад ва дарҳол фарёд мекунанд ва ба ҳар баҳона сум мекананд. Чаро ин коррупсия ин Раҳими буза тафтиш намекунад. Тафтиш кунед, ки чи қадар беморхонаро хурда истодааст. Ин Нусрати буз шабу руз ҳамроҳаш аст ва аз ин бузҳо истифода бурда истодааст.

 Бовар кунед, ки Ҷабборов Нусрат ҳозир аз ҳисоби бузӣ хурда истодааст бо ҳамроҳии Табаров Сулаймон. Инҳо доим Русия кор мерафтанд. Аз вақте ки бузӣ мекунанд инҳоро кам -каме сумашон дода истифода бурда истодаанд. Ҷабборов Нусратро язнааш пеш началник поми Ҷамоати Ҳакимӣ буд. Номаш Муродалӣ аз Нуробод. Чанд вақт барои вай бузӣ мекард. Аммо ин Муродалӣ бузиро нағз намебинад, барои ҳамин гашта ба Раҳими буз часпонд.

Бародари роҳи ҳақ. Халқи камбағал хеле ҳам дар азоб аст вале дилёб намешаванд, ки овозашонро баланд кунанд. Сад афсус, ки ҳоло дар ин ҷамоати Ҳакимӣ бузӣ сахт дар авҷ аст.

Эй мардуми ҷамоати Ҳакимӣ то кай ин қадар хап мекунед? Кадом рӯзе занҳоятонро дастдарозӣ мекунанд. Бо ин қадар беномусиатон пеши Аллоҳи меҳрубон чи ҷавоб мегӯед?

То ҷое мо медонем ба наздикӣ ҳамин Раҳими буз бо шогирдонаш Амонов Маҳмадназарро барои кадом кораш фурӯхт.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ин шо Аллоҳ боз маълумотҳои дигарро дастрас намуда мефиристем. 

 Мо як гурӯҳ ҷавонони ҷамоати Ҳакимӣ айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнатием. Аз дохили ватан ба мо мерасонанд, мо бо шумо мерасонем. Мо бояд пеши роҳи ин бузҳои хабаркашро бигирем. Агар ислоҳ нашаванд, гиларо аз худашон кунанд.

Бохтар (Қурғонтеппа)

Ассалому алейкум бародари қиёматиам Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин боз ҳам ман ҳастам. Саломи аз дилу ҷон ба модари азиз бирасонед. Аз ҷогаҳи  бемориям хеста  боз ба шумо дарди милатро мегуям. Чи хеле шумо медонед, ман феълан дар Вахш зиндагӣ мекунам, таксист кор мекунам. Ҳоло бароятон як ҳикояти ҷолиберо нақл мекунам, ки ҳамин чанд рӯз пеш бо ман рӯй дод.

Як рӯз маро заказ доданд аз Вахш бо суи Қурғонтеппа. Як марди муйсафед бо оилааш шиштанд. Мо ба роҳ баромадем. Муйсафед гапро худаш сар карда гуфт, ки аз ҳамсояқишлоқи мо як раиси қишлоқро қапида русташ карданд. Ман пурсидам, ки вай чи ном дорад? Гуфт, ки номаш Илёс. Гуфтам фамилияаш чист? Гуфт, ки Раупов Илёс ном дорад.

  Сипас аз саргузашташ нақл кард, ки вай кист. Маълум шуд, ки Илёс Раупов таваллудаш мутаваллиди 1959 ё 1960  аст. Раиси қишлоқи Сабзавоти ноҳияи Кушониён буда ҷои кораш ҷамоати Садвинсовхоз, қишлоқи Амони Калуш будаасту падараш Имод ном дорад. Дар ҷанги 92 вайро паронида санг баста дар дарё партофтанд. Падараш муйсафед буд. Додараш аз хизмат омада буд. Аҳлиддин ном дошт вайро ҳам куштанд. Акааш Сироҷиддин ном дошт, раис буд. Вайро низ куштаанд. Вале мурдаашро наёфтанд. Бисёр марди хайрхоҳ будааст, гуфт муйсафед. 

Модараш 3 сол пеш аз дунё гузашт. Худо раҳматаш кунад гуфт муйсафед ва афзуд, ки инсонҳои хуб буданд.

 Мӯсафед идома дода гуфт, ки худо хору залил кунад ин Илёси раиси қишлоқашонро, ки ин даюси занғар хуни ин мардуми Сабзавотро макид. Аз замини падари худаш, ки қариб 70 сотих буд нимашро ба 4 нафар фурухт. Хуб, бигзор майлаш аз падараш буд. Аммо гап дар инҷо аст бародари ҷон ки аз мардуми камбағал пул мегирифт, ки заминҳои шуморо документ карда медиҳам вале намекард.

40 нафар зиёдро фанд карда пулҳояшонро гирифта аммо документ накардааст. Хулоса, кадом худотарсе ӯро бо прокуратура додааст, ки ба даст афтид. Ӯро фарёд карда ҷаримааш мекунанд. Як ҳафта вақташ медиҳанд, ки пули ҷаримаро супор. Вай мегардад бе парво. Аз байн ду ҳафта мегузарад. Азбаски ҷаримаро намесупорад қапида маҳкам мекунанд. Мегӯянд, 27 ҳазорро насупоридӣ акнун 34 ҳазор месупорӣ.

 Хулоса, аз тарафи ҷамоатҳо масҷид ба масҷид пул ҷамъ карда доданд. 20 ҳазор сомонӣ шуд ё нашуд, ки ҳоло ҳам вай дар боздоштгоҳ аст. 

 Мӯсафед гуфт, ки хело мардуми қишлоқ нафаси озод кашида истодаанд.

 Бародар, ин Раупов Илёс як тифли инвалид дорад. Аз ҳақи мардумро хурдан худованд ба вай нишон додааст. Боз аз раҳаш нагашт. Вайро нияти баровардан доранд.

 Як чизи дигарро он мӯсафед ба ман гуфт.

 Чор сол пеш дар қишлоқашон барои камбағалҳо ҳамчун кӯмак аз тарафи давлат равған, биринҷ нахӯд ва ғайра доданд. Онҳоро оварда бо ҳамон камбағалҳо фурухт ва бо пули онҳо кайф карда гашт. 

Аз боло  фарёд карда гуфтанаш, ки биё, ку пулро тақсим кунем, маслиҳат чи буд? Ин гуфтааст, ки пулро ман расход кардам.

  Амниятиҳо дароварда ҳамон қадар мезанандаш, ки як ҳафта натавонист аз хона берун барояд.

  Бародар, мардуми қишлоқашон шукр мекунанд, ки нав аз ин Раупов Илёси бадбахт халос шудем.

Бародари қиёматиям Муҳаммдиқбол! Боз як чизи дигарро мехоҳам бигуям. Ҳозир дар тарафи Вахш коркунони барқ пул кор карда истодаанд. Аз пушти хона омада (счетчикҳо бисёриаш дар пушти хона аст) аз тарафи роҳ дарвоза неву аз пушт, пломбаи счетчикро мекананду баъд фарёд мекунанд, ки ку биё пули баркро ҳисоб кунем, чанд сум аст. Вақте ба пешаш меой, мегуяд, ки «ваҳ и пломбаро чида кандай. Ҳози ман ку занг бзнум ай боло биёянд, ту боз баркро медуздӣ» гуфта таҳдид мекунад. Баъд мегуяд, ки 12 ҳазор сомонӣ ҷаримааш мешавад, «хай камбағалӣ 8 ҳазор бтема ҳамаш ҳози туғрӣ мекунм, ягон кас намефаҳмад».

 Хулоса, 4 ё 5 ҳазор мегирад, баъд меравад.

 Як рафиқи маро ҳамин хел карданд. Ба худо қасам 5 ҳазор дод баъд ҷонашро халос кард. Мардум ҳушёр бошед.

Ва вақте мӯсафедро бурда ба ҷойи даркориаш расонидам гуфт, ки Раупов Илёсро 15 ё  18 рамазан буд, бурда маҳкамаш кардаанд. Ҳоло ҳам дар боздоштгоҳ аст.

Бародар Муҳаммадиқбол! Дар охир гуфтаниям,ки худованд забони шуморо бурро гардонад ва модари азизи маро дастонашро аз тани ман бӯса кунед. 

Share This Article