Турсунзода, Нуробод, Қубодиён
Аз Турсунзода аз порахориву порагирии директори мактаб ва мудири шӯъбаи маориф навиштаанд. Ин директори мактаб як нафар бону будааст, ки ҳатто аттестати хатмкунандҳоро бо нархи даҳҳо баробар мефурӯхтааст.
Низ дар ин нома аз он шикоят кардаанд, ки масҷиди худи халқ сохтаро маҳкам карда шарт гузошта истодаанд, ки мактаб созед, спортзал созед ва ғайраву ҳоказоҳо, баъд масҷидатонро боз мекунем намоз хонед.
Аз Нуробод дар бораи як куратори пешини шӯъбаи амният ва дар бораи як раиси маҳалла, ки бузи ҳамин амниятӣ будааст, сӯҳбат мешавад. Муаллиф навиштааст, ки ин корманди амниятӣ дар ҳар мавсими даъват ба артиш садҳо ҳазор доллар кор мекард, вале боз ҳам падару модари ҷавонҳоро азияту азоб медод.
Аз Волгоград хабарнигори иҷтимоии мо аз пеш омадани як мушкилоти тоза дар гузаргоҳҳои марзии миёни Тоҷикистон ва Узбкистон навиштааст. Вай аз он изҳори тааҷҷуб кардааст, ки аз Узбекистон баровардани маҳсулот то 5000 доллар бидуни расмиёти гумрукӣ иҷозат аммо ҷониби Тоҷикистон барои ворид кардани аз 1000 доллар боло молу маҳсулот андоз ва боҷи гумрукӣ ҷорӣ кардааст.
Нависандаи номаи Қубодиён аз ҳолатҳои ташвишовару даҳшатангези рӯзҳои ахир ба шиддат изҳори нигаронӣ карда ва аз Раҳмонов хостааст, ки дар сари вазифаҳо шахсони лоиқ ва сазоворро таъин кунад.
Турсунзода
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз деҳаи Ширкент, ҷамоти Работи шаҳри Турсунзода ҳастам. Мехоҳам чанд хабареро аз инҷо ба шумо пешкаш кунам. Дар аввал гуфтаниам, ки дар «Номаҳо аз ноҳияҳо»№199 дар бораи директори мактаби №94 Шоева Бибиробия навишта буданд. Гуфта шуда буд, ки ин директори мактаб порахӯр аст ва вазифаро ҳам бо пора аз Лайло Раҷабова, мудири шуъбаи маориф харида буд. Баъд аз нашри ин барнома Шоева Бибиробия, ин балои осмониро аз мо мардуми одӣ дур кардед. Миннатдории худ ва ҳамдеҳаҳоямро ба шумо баён мекунам. Баъд аз он барномаи пуртаъсир ва ифшокунанда ба мактаб ҳаррӯз аз милитсия ва комиссия меомад барои тафтишу проверка кардан.
Аммо боз ҳам мисли ҳарвақта муаллим ва муаллимаҳо ва коргарарони мактаб аз тарси ҷони худ даҳон боз карда натавонистанд. Шабу рӯз ба отдел бо навбат бурда тарсонда пурсиш карданд. Телефонҳоро ҷамъ карда гирифтанд, аммо ягон маълумот наёфтанд, ки кӣ ба шумо, ба «Ислоҳ» навишта буд. Муайян накарданд, натавонистанд. Ҳатто мардуми оддиро ҳам тафтиш карданд.
Ҳар касе, ки Шоева Бибиробия гумон дошт руйхат карда дод, бурда тафтиш карданд. Аммо Шоева Бибиробия як бор рафт дигар маза карда гашт. Дигаронро бурда шабу рӯз саволу ҷавоб ва истинтоқ карданд.
Аммо худи Шоева Бибиробия бо кадом тариқ халос шуд, бо кадом нарх, маълум нест. Лекин як муаллима —Холиқзода Шоиста, ҷияни Шоева Бибиробия тасдиқ кард, ки «бале, манро бо 2000сомонӣ ба кор қабул кард».
Бо вуҷуди тасдиқ шудани порахуриаш ҳиҷ кор накарданд Лек бе фоида. Чунки Лайло Раҷабова гуфтаааст «аз дасти ҳеҷ кас ҳеҷ чӣ намеояд, то ман зиндаам, дар дастгоҳи президент одам дорам».
ва Лайло Раҷабова, мудири шӯъбаи маориф Шоева Бибиробияро аз директорӣ гирифт вале бо кадом нархе ба назди худ ба маориф ба кор қабул кард. То он ҷое шунидем ба Шоева Бибиробия ваъда додааст, ки «камтар сабр кун Бибиробияҷон обҳо аз осиёб фурояд», яъне камтар вазъиятҳо тинҷ шуд боз ба ягон мактаб директор мемонам. Ва ҳамин хел ҳам кард. Бибиробияро боз ба як мактаби дигар директор таъин кард, аммо рақами мактаб ҳоло сир нигоҳ дошт мешавад.
Чун агар боз ягон номаъқулӣ кунад боз ба «Ислоҳ» менависанд. Лекин успет накардем. Дар онҷо ҳам чи порахурие кард, ки боз мардум шикоят карданд ва ҳоло дар онҷо ҳам вазъияташ нотинҷ аст.
Ва он муалимаеро, ки аз пушти духтари вайронаш дафъ карда буд, ба кор нагирифтанд ва духтараш уже … шудааст. Ва ба ҳар мактабе, ки меравад пеш мекунанд, чун одобу ахлоқ надорад. Дар мактаб як директори дигар таъин карданд, аммо бо кадом нарх маълум не то ҳол.
Боз қайд карданд мехостам, ки Шоева Бибиробия касоне,ки пул доранд аммо аттестати синфи 11надоранд аттестат карда медодааст. То ҳол ба 2 талаба аттестат карда додааст, то онҳо ба донишгоҳ дохил шаванд. Ана ин аст коррупсия. Вале ҳама худро ба нодонӣ мезанад, аз тарси Шоева Бибиробия, ки вай пулдор аст.
Ва боз як маълумоти дигар. Дар деҳаи Ширкент беш аз 160 аҳолӣ зиндагӣ дорад. Солҳо пеш масҷиди 2ошёна сохта буданд, албатта, бо ёрдами халқ. Зиёда аз 10 сол аст ки документҳояш камбуд дорад гуфта масҷидро маҳкам ва онро ба синфхона-мактаб табдил карданд. Мана баҳона. Дар давлати мусулмонӣ барои аҳолии мусулмон масҷид нест. Шармандагӣ. Ҳар сол халқро фиреб мекунанд.
Ба халқ ваъда доданд, ки роҳро асфалтпуш кунед, масҷидро мекушоем. Бечора халқ роҳро асфалтпуш кард, аммо фиреб карданд.
Не, акнун толори варзиш дар деҳа надоред, спортзал созед. Бечора халқ сохт. Боз фиреб карданд- не мактаб созед, бад масҷидро мекушоем. Бечора халқе, ки нони хурдан надоранд, камбағал аз ҳисоби муҳоҷират рӯз мебинанд, боз мактаб сохта истодаанд. Фақат ба хотири онки ҳуҷҷатҳои масҷидро диҳанд, ин ҳама корҳоро халқ аз ҳисоби худаш кард.
Боз шарм накарда барои кушодашавӣ меоянд, айб аст, вубол аст, камтар раҳм кунад.
Пас, савол пеш меояд, ки буҷаи давлат барои чист? Ҳама чизро халқ обод кунад охи мардуми Дехаи Ширкент хеле мардуми камбағал аст, ягон бизнесмен ё миллионер надорад. Дар он деҳа мардуми одӣ аз ҳисоби Русия зиндагӣ дорад, шиками худро ба азоб сер мекунанд. Пулдор бошад ҳам ӯ ҳам аз хисоби муҳоиҷрат.
Ҳар боре ба ватан меравам дилам ба халқ месузад.
Бародари ҳақгӯ, ташаккур ба шумо. Нашри номаамро интизорам ва боз чи навигарӣ шуд, ҳатман менависам.
Боз як чизро қайд кардан мехоҳам. Мисли он дафъа кӣ ин номаро ба «Ислоҳ» навишта бошад гуфта накобед. Ман шахси соҳибилм ва ба шумо хеле наздикам ва барои ба «Ислоҳ.ТВ» навиштан телефон ва номери нав дорам, ки ҳеҷ кас хабар надорад. То маро кофтан қонуншиканонро, порахуронро ҷазо диҳед, албатта, агар аз дастатон ояд.
Аз ҳар як ҳолати порагириву порахурӣ ва ноҳақӣ карданатон ба «Ислоҳ» менависам ва интизори кушодашавии масҷид мемонам.
Нуробод
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.Розиқов.
Аллоҳ аз шумо розӣ бошад барои заҳматҳоятон, барои баланд кардани садои мардуми ҷабрдидаи Тоҷикистон. Барои чи тоҷик нагуфтаму Тоҷикистон гуфтам? Чунки тамоми мардум чи узбек, чи қирғиз ва дигарон аз дасти ин ҳукумати Раҳмонов ва оилаи вай ҷабр мебинанд. Инро худи мардуми тоҷик ҳам хуб медонанд.
Бародар Муҳаммадиқбол, ман имрӯз дар бораи коргарони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод, аз деҳаи Самсолиқ, ки ба Сафедчашма табдили ном кард, мегӯям. Дар масъалаи сарбозшикор ва ҷабру зулми собиқ началники шӯъбаи амният дар ин қишлоқ гап мезанам, ки Ҳайдар ном дошт. Ҳоло Ҳайдарро аз кор гирифтанд, барои сумгирӣ (пора) аз даъватшавандаҳо. Ва низ аз ҷабру зулми Ҳайдар. Ҳайдарро қариб як сол пеш аз кор ронданд ва ҳоло дар амният кор намекунад. Аммо дар вақте ки кор мекард, началник буд, ба ягон кас итоат намекард.
Мувофиқи қоидаи низомӣ Ҳайдар дар итоати началники шӯъбаи амнияти миллӣ дар Нуробод қарор дошт. Вале на гапи раиси ноҳия ва на гапи сардори шӯъбаи амният ва на ҳеҷ касро мегирифт. Худаш шоҳ буду табъаш вазир дар қишлоқҳои Самсолиқ, Пандовчӣ ваТегирмӣ. Вазъияти мардумро ба ҳадде бад карда буд, ки ногуфтанӣ. Ба Аллоҳ қасам, ки аз 3000 то 7500 сомонӣ дар як мавсим аз мардуми минтақа мегирифт. Агар мехостӣ, ки бачаат ба хизмат наравад, ҳамин қадар пулатро меканд мегирифту мегуфт ту як сезон халос, рав. Боз 6 моҳ пас фарёд мекард падару модаратро. Вақте ки ҷавон дар Русия бошад, худатро бурда хар барин мезад, ки писаратро биёр ба хизмати модар -ватан ба хубӣ, вагарна мурда -мурда меорӣ. Ё ки маҷбур мешудӣ боз сумаш диҳӣ, ё ки меовардӣ ва ин Ҳайдари амниятӣ ба хизмат равонаш мекард.
Як чизеро бигуям, ки военкоми ноҳияи Нуробод дар пеши Ҳайдар ҳеҷ кас набуд, аз ин Ҳайдар дар эзораш тар мекард, ҳама метарсиданд, началник милиса ва раиси ноҳия ҳам метарсид.
Ҳайдарро барои сумгириаш коррупсия хело тафтиш карда чанд бор бурду чанд бор овард. Гапу хабараш ба коррупсияи Душанбе рафт. Аммо ҳеҷ кораш накарданд, фақат аз кор ронданаш. Ҳар қадар ки ин амниятиҳо зулм кунанд мардуми Нурободро бо қадранд.
Дар қишлоқи Самсолиқ Розиқов Эраҷ Акаҷонович бузичаи Ҳайдар буд. Аммо дар хело ҷойҳо худашро бо номи Рустам мешиносонд. Ин Розиқов Эраҷ Акаҷонович ҷабру зулм бисёр кард. Ин Розиқов Эраҷ Акаҷонович ҳамааш шуда раиси маҳалла дар як маҳаллаи бо номи Шербегиён дар дохили Самсолиқ аст. Шумо дар барномаҳои гузашта дар бораи Розиқов Эраҷ Акаҷонович бисёр гуфтагиед ва огоҳ ҳастед аз ин бузичаи амниятиҳо. Дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» № 309 дар мавриди Розиқов Эраҷ Акаҷонович пурра ва муфассал маълумот дода будед, ки мехоҳам каме аз он матлабро инҷо орам.
«Дар ин бахши нома аз амалҳои ҷинояткоронаи зодаи ноҳияи Нуробод ҷамоати Сафедчашма деҳаи Шербегиён Розиқов Эраҷ Акаҷонович, ки худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ мекунад, гуфтаниам. То ҷое маълумот нисбати ин нафар дастрас намудем ҳатто аттестати хатми синфи 9 надорад. Бо роҳи найрангу фиреб чандин ҷавондухтарро аз зиндагии ободашон маҳрум намуда, ба никоҳи худ дароварда 3-4 моҳ зиндагӣ намуда онҳоро дар нимароҳ раҳо намудааст. » Дар идома исму насаби 7 занро овардаед, ки ҳар касе хоҳад аз он матлаб онро хонад….
Ҳардуи инҳо Ҳайдар ва Розиқов Эраҷ Акаҷонович ҷабру зулми бисёр кардагианд ба ин мардуми ҷабрдидаи Самсолиқ бовар кунед.
Розиқов Эраҷ Акаҷонович кашелоки Ҳайдар буд ва Ҳайдар ба воситаи Эраҷ хело пули зиёд кор кардагӣ аст.
Вақте ки Ҳайдарро корупсия фарёд кард Розиқов Эраҷ Акаҷонович гурехта рафт ба Русия, ки ӯро ҳам даъваташ накунанд ва зидди Ҳайдар шоҳидӣ надиҳад. Ҳайдар ӯро гурезонд. Вай дар Русия се моҳ кор кард дар шаҳри Березникии Пермский край. Ба кори сохтумон машғул шуд ва онҷо низ хабарчинӣ мекардааст. Вақте Ҳайдар корҳояшро бо коррупсия ҳал кард, Розиқов Эраҷ Акаҷонович баргашту омад ба Тоҷикистон.
Чунки ин поделники Ҳайдар буд. Эраҷро намегурезонд вазъияти Ҳайдар безебтар мешуд. Ҳайдар немедленно ин бузичаашро гурезонд, ки рав вазъиятҳо безебанд: «Ма кришаҳом зуран, ма ба қавле бачаҳакой болоюм, ҳал мекунум ҳойют мегум биё». Ва ҳамин хел ҳам шуд.
Ман медонам, ки Ҳайдар аз киҳо чи қадар сум гирифтагӣ аст. Вале он одамҳоро боз проблема мекунанд. Худатон ҷабри инҳоро медонед ку.
Ин Ҳайдар бисёр одами бедин буд. Дар масҷидҳо мардумро дашном медод, ки писарҳоятонро биёред ба хизмати Модар -Ватан.
Ин Ҳайдар ду моҳ пеш, ҳанӯз мавсими даъват сар ношуда сар мекард ғам доданро. Дар ҷони мардуми ин минтақа зада буд. Худованд хору залилаш кунад. Хуб шуд, ки ҳоло бе кор монд, аз кор ронданаш. Аз рӯи шунидам ба занбурпарварӣ ба ҳамин ноҳия омадааст. Агар иштибоҳ накунам дар барномаи «Номаи маро алоҳида нашр кунед»№34 дар мавриди занбурпарвар шудани ин золими мардумозори Нуробод навишта буданд. Чунки инҷо барои парвариши занбури асал хеле ҳам мувофиқ аст. Розиқов Эраҷ Акаҷонович машваратш дода аст, ки «раис, биё кори хуб аст, даромади хуб дорад замбурпарварӣ». Чунки худи Розиқов Эраҷ Акаҷонович ҳам занбурпарвар аст.
Розиқов Эраҷ Акаҷонович ба касалии инфаркт гирифтор шудааст. Ду бор шуд сактаи дил мегузаронад. Бояд гуям, ки аз руй барномаҳои Шумо шудааст ва худаш ҳам гуфтааст, ки «и Ислоҳ ай куҷое ҳамай даниҳои мана медонад, чанд зан доштану ба чи корҳо машғул буданамро», хулоса баъди нашри барномахои Шумо Розиқов Эраҷ Акаҷонович дарди сар ҳам шудааст. Бо вай хеле ҳукумати ноҳия барои асфалте, ки дар пеши хонааш кард, кашокаш кард. .
Ҳоло дилашро табобат карда истодааст. Умедворем пас аз нашри ин номаи мо ба ягон дарди табобатношавандаи дигаре мубтало мегардад. Натиҷаи зулму ситам ва оҳу фиғони мардумро овардан чунин мусибатҳо дорад.
Ман ба мардум гуфтаниам, ки э,мардум кушиш кунед нависед ба «Ислоҳ», натиҷа 100% дорад.
Агар инҳоро суд ҳам накунанд, ана ҳамин хел инфаркт ва ба бемориҳои табобат ношаванда мубтало мегарданд ва халос мешавед аз ин касофатҳо, алҳамдулиллоҳ. Шукри Аллоҳ, ки «Ислоҳ» ҳаст ва мо сархамии золимону озордиҳандаҳои худро бо чашмонамон мебинем қабл аз маҳкамаҳои одилона дар давлати оянда ва додгоҳи қазоии Аллоҳ дар қиёмат.
Волгоград
Ассалому алайкум устоди гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин. Барои ман ин бор як масъала, ки дар як гузориши «Озодӣ» дар миён гузошта шудааст, бисёр ҳам сахт расид. Чунки ман худам ҳам гоҳ-гоҳе тавассути мошинҳои борбар барои рӯзгори бародар ва модарам аз инҷо асбобу анҷом мефиристам. Бовар кунед, ки ҳамин зимистон ман гӯшт ҳам фиристодам. Чунки гӯшт дар мо-Волгоград назар ба Тоҷикистон ним баробар арзон аст.
Як нафар аз хешовандони ман аз тарафи Узбекистон нахӯди пухта, мағз (мағзаи арахис) мавиз, писта, бодом, печак, ҳалво меовард ва ба магазинҳо тақсим мекард. Гуфт, ки чанд рӯз мешавад, ки дар сарҳади Тоҷикистон намегузоранд, ки борро ворид намоям. Гуфтаанд, ки бояд боҷ ва молиёт бисупорад.
Ҳамин бародар чанд сол пеши ман дар Волгоград буд. Чанд сол кор кард. Рафт як опели зефира хариду чанд муддат кирокашӣ кард. Аммо аз куҷое ҳамин роҳро ёфт. Мерафт аз онҷо ҳамин гуна маҳсулот меовард.
Ҳоло акнун ба ана ҳамин гуна савдои майда ҳам Раҳмонов чашм ало кардааст. Ин кормандони гузаргоҳи «Қуштегирмон» ба Тоҷикистон ворид кардани молро манъ карданд. Ин гузаргоҳ дар сарҳади миёни ноҳияи Нов, ҳоло Спитамени Тоҷикистон ва шаҳри Бекободи Узбекистон қарор дорад.
Аҷобат дар он аст, ки давлати Узбекистон барои баровардани молу коло то 5 ҳазор доллари амрикоӣ бе пардохт боҷи гумрукӣ иҷозат медиҳад, вале содир кунанд, сарҳадбонон ва гумручиҳои Тоҷикистон бе санаду боҷи гумрукӣ иҷозти ворид кардан намедиҳанд. Дар ҳоле, ки бояд Тоҷикистон манфиатдор бошад, ки ин молу маҳсулот, ки дар дохили кишвар истеҳсол намешавад, ворид бишавад то бозорҳои дохилӣ пур ва арзонӣ бошад.
Ин бародар гуфт, ки аз ин ҳисоб мошинҳои боркаши майда, мсалан портерҳо кор мекарданд, мо кор мекардем, мағозаҳо кор мекарданд, аммо ҳоло ҳама бекор мемонанд. Ин бародарам аз қавли гумрукчиҳо гуфт, ки гуё ҳукумат қонунро иваз кардааст ва акнун барои ворид кардани маҳсулот аз 1000 доллар боло бояд воридкунандҳо боҷ ва андоз супоранд. Дар ҳоле, ки ҷониби Узбекистон барои камтар аз 5000 доллар ягон санад намедиҳад. Ин навигарии барои мардум зиёноварро чаро қонунӣ кардаанд. Бояд инро аз нав дида мисли пешина кунанд. Ман дар ҳайратам, ки ҳукумат ба бархе аз корхонаву ширкатҳо, ки ба миллионҳо доллар бору коло медароранд имтиёз медиҳад, аммо чашмаш ба ҳамин чор танга пуле, ки майдасоҳибкорҳо бо азоб аз сарҳад мегузаронанд дӯхта шудааст ва аз ҳамин чор нафар зану мардҳои бо чунин роҳҳо худро ва бозори дохилиро таъмин мекарда андозу боҷи гумрукӣ талаб мекунанд. Ҳайфи шумо барин давлатдор,ки миллионҳоро барои ширкатҳои калон мебахшеду бо ҳамин сад дусад сомонӣ мехоҳед ба давлат фоида оваред. Ман бовар дорам, ки шумори ин гуна таъминкунандаҳои дастурхони мардум ба мротибаҳо кам ва нархи ин навъи маҳсулот хеле баланд мешавад. Тибқи маълумоте,ки дорам ин ҳама маҳдудиятҳо барои ширкатҳои «Оила» мебошанд, ки то онҳо молу коло ва ҳама ончӣ дохил мешавад тавассути ширкатҳои «Семейка» ворид шавад ва онҳо фоида бубинанд. Охир ҳама кишвар ва тиҷоратҳои калон дар дастатон наход ҳамин майда тиҷоратҳоро ҳам тасоҳуб шавед? Шарматон бод эй нодидаҳои чашмгурусна!
Қубодиён
Ассалому алайкум устод! Ман аз ноҳияи Қубодиён бароятон ин номаро мефиристам. Хеле асабиям. Худамро қапида наметавонам.
Дар ин рӯзҳои ахир Тоҷикистон кашмар шуда истодааст, мисли филмҳои ужас. Якеро бо табар майда карда истодаанд, дигареро аз сеюм ошёна ҳаво доданд. Қариб ҳар рӯз як нафар духтар нопадид шуда истодааст. Дар аскарӣ низ ҳолатҳои куштори сарбозҳо зиёд шуда истодааст.
Рамазон Раҳимзодаи «буқача» куҷоро нигоҳ мекунӣ? Ҳоло биист …мардум шӯ медиҳад. Ман девона мешавам. Ҳар рӯз як нафарӣ гум шуда истодааст. Магар шумо одамҳоро мехуред? Тоҷикистон ранги ҷазираи Эпштейн шудааст.
Як одам дар Русия сахттар бод шиканад худи пагоҳаш меоранд ва рапорт медиҳанд, ки террористро қапидем.
Охир ин духтарҳои мардум куҷо мешаванд? Пеш дар як сол як, ду одам гум мешуд дар барномаи «Ахбор ВКД» нишон медоданд. Ҳозир кай дохил шавӣ дар Инстаграм хабарҳо даҳшатангез: як духтарча нопадид шуд ё ин сарбоз устухон хурда мурдаст, ё дигарӣ худашро ба дарё андохтааст, ё як нафар аз ошёнаи 4и милисахона худро партофтааст, охир ин чи гап аст?
Эй, Раҳмонови палид, пир шудӣ қабр раҳат намедиҳад бо ин гуноҳҳоят. Миллатро ба бадтарин ҳолат овардӣ, бас набуд, ки акнун кушта истодаӣ? Мурдаҳоро мехурӣ?
Рамазон Раҳимзода чаро нигоҳ намекунӣ? Вазифаи аввалиндараҷаат амнияти мардумро таъмин кардан аст. Шумо беору беномусҳо, бешарафҳо аз уҳдаи кор намебароед.
Ҳар як шермарди тоҷик ҳаст, ки бимонед дар вазифаҳо, то ки мардумро хидмат ва муҳофизат кунанд.
Шумо худатон духтарҳои мардумро ҳар рӯз шикор доред.
Охир, эй мардум ҳушёр шавед, то кай дар хоби ғафлатед?
Ин Раҳмонов раҳм ба миллат надорад. Бояд мо сарҷамъ бишавем ва ҳамакаса ин балоро аз сари Тоҷикистон дур кунем, ягон одами соз биояд, то ин қадар мардум кушта ва бедараку шикор нашавад.
Ин Раҳмонов як Заҳҳок аст. Ин ба хӯрдани на фақат хун, худи одамҳо одат кардааст.
Раҳмонов фаромуш накун, ки дар рӯзи қиёмат одамҳо аз гиребонат меқапанд. Инро бидон, ки дар ислом хуни ноҳақ резондан чи қадар гуноҳи бузург аст. Бовар кунед, ки асабҳоям чунон вайрон аст, ки намедонам чи бигӯям.
Мегӯянд, ки ба хизмати модар- ватан мераванд. Мемурӣ шароити хизматро хуб кунӣ. Шароитро хуб кун ҷавонҳо худашон ба хоҳиши худашон мераванд. Ҳар рӯз як нафарӣ фарзандони мардумро кушта хурда истодаӣ. Дар ин ҳолат мардум девона аст, ки фарзандашро, ки бо як азоб калон мекунад ба қассоб бидиҳад?
Фарзандони ин лаънаткарда Раҳмонов Сомону Рустам Исмоили пингвину Фаридун дар куҷо хизмат кардаанд? Фарзандони мардум ҳам хизмат мекунанд ҳам мекушандашон. Ман аз Суди байналмилалӣ Лоҳа ё ГААГА хоҳиш мекунам ин Раҳмоновро ба маҳкама кашанд ва Тоҷикистонро аз Заҳҳоки асри 21 наҷот диҳанд, ки ҳар рӯз як одамро кушта истодааст.
