Ҳайати ВКД дар Маскав бо номи «афв»: муҳоҷирон, бовар накунед ва пул надиҳед!

Ислоҳ нет

Як ҳайати эъзомӣ аз вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тайи чанд рӯз аст ки дар Маскав -пойтахти Федератсияи Русия қарор дорад. Ин ҳайат зери раҳбарии генерал-майор Назарзода Бахтиёр Бобо, сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД (УУР) гуё ба дунболи шароити татбиқи Қонуни афв омадааст, то ба шаҳрвандони шомили ин санад, ки дар Русия ба сар мебаранд, «фаҳмондадеҳӣ» кунад.

Бинбар маълумот ва маводи расида ба дасти мо ин ҳайат бо шуморе аз фаъолону масъулони диаспора ва марокизи тоҷикони муқими Русия дидору гуфтугӯ анҷом дода ва тавассути гурӯҳ (группа) -и «Истиқлол» дар фазои маҷозӣ ба ҳамватанон паёмҳое дар робита ба қонуни «Дар бораи афв» фиристодааст. Ва, аз роҳбарони гурӯҳу созмон, марказҳо ва диаспораҳои тоҷикӣ дархост кардааст, ки дар амри иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ ба «ҳамватанони бурунмарзӣ» ҷиҳати иҷрои қонуни афв ҳамроҳӣ кунанд.

Сарҳанг Мансур Бухоризода, мушовири аршади вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва узви ин ҳайати эъзомӣ дар сӯҳбатҳояш фавоид ва ҳузури ин ҳайат барои иҷрои қонуни афв ба ҳамватанони бурунмарзӣ дар Русияро тазаккур ва ташреҳ карда маҳалли кори худро, ки дар меҳмонхонаи «Комета», дар проспекти Вернадский -16 қарор доштааст, эълон мекунад.

 Дар бораи чанду чунии ин сафари ҳайати вазорати дохила ва ангеза ва аҳдофи аслии дар зери матни се навори суханронии Мансур Бухоризода, ки ба дастамон аз як нафари маҳкум ба моддаи 307 расид, таҳти унвони «Эзоҳи Ислоҳ» суҳбат мекунем. Ин сабтро мо аз 20 нафар дарёфт намудем,ки ҳама як чиз буд. Одатан диаспораҳо ба маҳкумшудаҳои бегуноҳ фиристодаанду онҳо барои инки бовар кунем ва ё не ба «Ислоҳ» фиристоданд.

      Сафари корӣ ё бизнеси «афв»

      Матни навори аввали суханронии сарҳанг (полковник) Мансур Бухоризода, мушовири аршад (старший советник)-и вазири дохилаи Тоҷикистон:

 «Салому алейкум дустони азиз, ҳамватанони бурунмарзӣ, роҳбарони диаспораи тоҷикон дар Федератсияи Расия ва марказҳои тоҷикон дар шаҳру навоҳиҳои Федератсиони Расия.

Як гурӯҳи корӣ аз вазорати корҳои дохилӣ бо роҳбарии сардори Раёсти кофтукови ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Назарзода  Бахтиёр Бобо ва ман ҳам дар ҳамин гурӯҳ шомил ҳастем. Мо ҳамун масалаи умуман шаҳрвандони худмона дар Федератсияи Расия вобаста ба татбиқи қонун дар бораи «афв» ва шахсони мисол дар кофтуков қарор доранд, дар ҳамин масъаларо баррасӣ мекунем. Ман аз ҳамаи шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки нафароне, ки ба шумо муроҷиат мекунанд, нафароне, ки дар кофтуков қарор доранд, шумо медонен, марҳамат ана ҳамин телефонҳои моро бтен занг бизананд.

 Мо дар шаҳри Масква, дар Вернадский- 16 ҳамон меҳмонхонаи Кометада (меҳмонхонаи«Комета», дар хиёбони Вернадский 16, дар назди ҳайкли Ю.А. Гагарин) ҷои корӣ дорем. Ҳамиҷада қарор дорем, марҳамат биёян занг бзанан, масалаҳошона баррасӣ кунем. Чунки баъди қабули қонун дар бораи «афв»   вай одамо дар ҳолати ғоибишон касе, ки мисол модаҳои бигем,ки дар кофтуков қарор доштанд, тибқи ҳамин қонун дар «афв» мефуроян ба тариқи автоматӣ авф мешаванд. Лекин баъд, аз баъди оне, ки аз системаи назоратӣ Федертсия Русия ҳам умуман хориҷ карда мешаванд. Барои ҳамин ваё бояд, ки дар бораи худшон умуман ба тариқи телефонӣ ба ҳамун мақомотои дахлдор касоне, ки уҷада имконияти тилфон кардан надорад иҷада мисол омада мақсад, ки аз системаи ҳамин назоратии Федератсияи Русия мақсади мо ҳамин аст. Ваё ба тариқи ғоибишон аз бигем, ки аз розиск кадоме, ки модаҳояш мефурояд дар қонун дар бораи авф хориҷ мешавад. Лекин медонем,ки чандин маротиба аз тарафи кормандони инҷа дастгиршон кардагианд. Баъд мисол бгем ҳолатҳои коррупсионӣ шуданаш мумкинай. Баъд ҳозир ҳамин хел имконият ҳаст. Метавонанд, ки бо мо дар алоқа бошанд. Ин масъаларо мо баррасӣ мекунем. Баъдан касе, ки дар кофтуков қарор дорад, метавонанд, ки омада мисол масъалаҳоша дар иҷа баррасӣ кунад».

     Эзоҳи «Ислоҳ»

Дар аввал инро бояд мутазаккир бишавем, ки матни суханронии ҷаноби Бухоризодаро, он гуна ки буд, айнан овардем. Ва,шумо худ мебинед,ки як нафар сарҳанги ВКД,як нафаре,ки дорои ду дипломи таҳсилоти олӣ аст, бо чи шевае бо «ҳамватанони бурунмарзӣ» суҳбат меорояд ва қонуни забони давлатиро чи гуна нақз мекунад ва мубтадову хабар, оғозу анҷоми ҷумлаҳояш ҳам номаълуму номафҳум аст. Хуб, дигар, солҳост, ки ҳамин тарзи гуфтор ҷойи забони давлатиро гирифтааст ва танҳо Бухоризода ҳам нест. Полковник Бухоризода мегӯяд, ки барои ҳазфи ному насаби шаҳрвандони таҳти пайгарди мақомоти Тоҷикистон, ки дар системаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русияанд ва дар ғиёбашон шомили санади афв шудаанд, омадаанд.

Дар ҳақиқат ин гурӯҳи ҳамватанони мо, ки тҳти розиск-кофтуков эълон шудаанд, аксарият дар Русия қарор доранд. Бухоризода ва ин ҳайати эъзомӣ гуё барои кумаки ҳамватанони бурунмарзӣ ба Русия омадаанд. Аммо савол инҷост, ки магар намояндагиҳои ВКД дар шаҳрҳои Русия, ки дар ин авохир хеле зиёд шудаанд ва ё сафорату консулгариҳо ин корро анҷом дода наметавонанд? 100% метавонанд. Аммо ҷаноби Бухоризода ба шаффофият ва кори холисонаи онҳо шакку шубҳаи худро иброз медорад ва бо сароҳат ошкор мекунад, ки «Баъд мисол бгем ҳолатҳои коррупсионӣ шуданаш мумкинай».

Аммо, кӣ гарантӣ медиҳад, ки ҳадаф ва ангезаи аслии сафари ин ҳайати ВКД ба Русия маҳз ҳамин «ҳолатҳои коррупсионӣ» аст. Ба ин маъно, ки бо истифода аз қонуни «афв»  ин ҳайат барои пулкоркунӣ омадааст ва дасту чашми тамаъаш ба ҷайби муҳоҷирони мазлум аст ки ё шомили ин санад шудаанд ва ё инки ҳоло ҳам дар таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд. Ва Назарзода Бахтиёру Бухоризода Манур ва ҳамроҳонашон инҷо маҳз барои аз онҳо маблағ ситонидан омадаанд. Ва яқинан маблағи  меҳмонхона ва иҷораи утоқи гирифта дар хиёбони Вернадсий-16-ро ҳам аз ҳисоби ҳамин муҳоҷирон пардохт хоҳанд кард.

 Ҷаноби Бухоризода чанд бор мегӯяд, ки «ҳолатҳои коррупсионӣ аз байн биравад».Аммо ин мақоми масъули ВКД аз кадом ҳолати коррупсионӣ ҳарф мезанад, равшан нест. Ҳолати коррупсионӣ бо милисаҳои Русия ё бо милисаҳои Тоҷикистон? Ҳолати коррупсионии пешмеомада бо милисаҳои Русияро чи гуна пешгирӣ мекунад? Яъне гуфтанӣ аст ки худаш ба коррупсия даст намезанад? Ин тарзи суҳбати Бухоризода узри бадтар аз гуноҳи як мақоми масъули ВКД аст, ки бар вуҷуди ришвату коррупсия дар милиса эътирофу иқрор мекунад. Бале ин иштиёқу алоқаи шадид ва хӯву одат ба «коррупсия» аст ки генерал Назарзода Бахтиёр Бобо пешдарову шумо узви ҳайат шуда Маскав омадаед. Кошелокҳо, кифҳо, сумкаҳои кифтгиракатонро аз рубли русиву доллар лабрез мекунед, хонаи садҳо ва шояд ҳазорҳо муҳоҷири мазлумро хароб мекунеду бармегардед ба ватан.

Барои ихроҷи асомии атбои тоҷики дар розик буда кофист, ки асноди онҳо ба мақомоти зидахл фиристода бишавад ва онҳо метавонанд аз система-низоми худ ихроҷ кунанд. Аммо, маҳз барои ҳамин як ҳайат шуда омадан, бори дигар мегӯем, ки ба хотири пулкоркунӣ-бизнес аст, ки УУР –Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД мехоҳад аз ин шонс истифодаи ҳаддиаксарӣ кунад, дигар ҳеҷ.

Матни навори дуввуми суханронии сарҳанг (полковник)Мансур Бухоризода, мушовири аршад (старший советник)-и вазири дохилаи Тоҷикистон:

«Саломат бошен акаи …., саломат бошен, мо миннатдорем, ҳо. Корҳои ҳамин ташвиқотӣ-тарғиботиро бурдан даркор, ки аз ҳамин будани мо дар ҳаминҷо истифода баранд, ки пагаҳ мисол ҳамин мардуми ҳамин сарзамин вайора баҳудаву беҳуда кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ манъ накунанд. Ҳолатҳои коррупсионӣ аз байн биравад. Дигар гап зада бутонан, ки ваё дар қайд нестанд, дар кофтуков нестанд. Мақсаду маром ҳамин аст. Ҳамада расондан даркор, ки ҳаминхелин корҳоро вай кунанд. Касоне,ки  дар ҳақиқат дар кофтуков қарор доранд бигуем, ки ҳамон модаҳои ҳамон ҷиноятҳои содиркардагишон дар қонун дар бораи авф намефароя ҳам ҳамун категориярам сафарбар кунед, тилфон кунанд мо нозукиҳоша буфаҳмонем, ки беҳуда дар иҷа сарсону саргардон нашаванд, ана бигеем, ки пинҳон нашаванд, ки бефоида аст. Имрӯз не пагоҳ, пагоҳ не пасфардо серавно ба даст мефароянд, некӣ ҳозир шаванд. Ҳозирам боз тибқи талаботҳои қонунгузорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр сабукиҳора пешбинӣ мекунад.

Саломат бошед, сарбаланд бошед. Шумода барори кор». 

Эзоҳи «Ислоҳ»

Бубинед, ки ҷаноби Бухоризода чи мегӯяд? Дар ин суҳбатҳои ҷаноби Бухоризода ҳадаф пардапушона ва ишораҳо гуфта шудааст. Мақсад ҳамаи корҳоятонро мо метавонем дар худи ҳаминҷо ҳал намоем. Як нафар аз муҳоҷирони корӣ, ки дар вохурӣ иштирок доштааст гуфт инҷо ҳадафи аслӣ ва ангезаи сафар пул кор кардан аст. Бузҳоро сар додагианд. Бузҳо мардумро ҳалаҳала доранд, ки аз ин «шонс» истифода кунед. Эзоҳи моддаи 307 ва амсоли инро ҳам мешавад бо ин ҳайат гапзанон кард. Бояд бо онҳо рӯбарӯ шавед ва «гапзанон» кунед.

Ин нафар гуфт, ки ин эҳтимол ва имкон вуҷуд дорад, ки як,ду нафарро даъват карда дар асоси талаботи  Эзоҳи ин моддаҳо, албатта, бар ивази пули калон озод намоянд, то дигарҳо бовар кунанд. Аммо маълум аст ки инҷо комбинатсияи чандтарафа ва чандсамта аст дар ҷараён аст. Гӯё барои иҷро ва анҷоми масъулият омаданд, аммо эҳтимоли 100% вуҷҷуд дорад, ки чандин нафаронро дастгир ва истирдод кунанд. Ва, ҳатто пул гиранду ваъдаи татбиқи Эзоҳро бидиҳанд, вале баргарданду иҷро накунанд. Агар  даҳ каси дар розиск бударо ҳам баранд барору плюси кори ин ҳайат аст. Вале инки сумкоркунӣ ҳадафи аслии сафарашон аст, яқин аст. Чунки яке аз кормандони намояндагии ВКД ба яке аз роҳбарони диаспораҳо гуфтааст, ки «мо худамон мекардем ин корро».

Аз тарафи дигар сафари ин ҳайат намоиши он аст ки бубинед мо-ВКД метавонем Маскав омада шуморо дастгир ва боздошт кунем, яъне эҷоди даҳшат ва тарс байни муҳоҷирон аст ки ба худ натиҷа бигиранд, ки роҳи гурез вуҷуд дорад. Худи Бухориза дар ин бора ошкоро мегӯяд, ки «мо нозукиҳоша буфаҳмонем, ки беҳуда дар иҷа сарсону саргардон нашаванд, ана бигеем, ки пинҳон нашаванд, ки бефоида аст. Имрӯз не пагоҳ, пагоҳ не пасфардо серавно ба даст мефароянд, некӣ ҳозир шаванд. Ҳозирам боз тибқи талаботҳои қонунгузорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр сабукиҳора пешбинӣ мекунад».

Бубинед, ки аз системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва ё ҳар кишваре дигар ихроҷ ва ҳазфи номи нафари таҳти ҷустуҷӯ ё розиск қарор дошта ба худи шаҳрванд чи рабт дорад? Магар ин кори байниидоравии вазоратҳои ду кишвар нест? Шаҳрванд, ки наметавонад бираваду ба системаи мақомоти интизомӣ дастур диҳад ё хоҳиш кунад, ки номи ӯро пок кунад. Ҳамин тавр не?

Ҳоло ин гуна шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ақсо нуқоти дунё ба сар мебаранд, магар ВКД онҷоҳо ҳам меравад? Албатта, ки намеравад. Чун харҷу масорифи сафар дар Русия, ки ҳамватанони бо мақомот мушкилдошта зиёданд, аз ҳисоби онҳо пушонида мешавад.

Матни навори саввуми суханронии сарҳанг (полковник) Мансур Бухоризода, мушовири аршад (старший советник)-и вазири дохилаи Тоҷикистон:

«Баъдан, хоҳиш аз ҳамаи ҳами нафаро, ки дар ҳамин гурӯҳи Истиқлол ҳастанд  фарз кардем ҳамин гуфтагиҳои мара фақат барои худи шумову барои ташвиқоту тарғибот аст. Дигарода ҳамун нафарое, ки дар кофтукованд фиристодан даркор нест. Ин хел и мумкинам нест. Ин фақат барои шумо аст ки шумо роҳбарен, шумо роҳбари диаспораен, шумо роҳбари маркази тоҷиконед, ё ки дар ин ё он самте, ки  вобаста ба Тоҷикистон вобастагӣ дорад, сарукор доред, дигарода фиристодан даркор нест. Фақат гуфтан даркор, агар хоҳед шунавонидан даркору лекин фиристодан лозим нест».

Эзоҳи «Ислоҳ»

Аҷаб! Ҷаноби Бухоризода сарҳанг ва мушовири аршади вазир аз чи ҳарос дорад, ки мегӯяд ин суханҳои маро яъне навори суҳбаташро шунавонидан мумкин вале фиристодан мукин нест. Фиристанд чи мешавад?

Магар ин сафари шумо расмӣ ва қонунӣ нест?

Магар шумо ба суроғи «дигарон» омадагӣ нестед?

 Магар ин сафари шумо хуфия ва пинҳонӣ аст?

 Чи магар гурӯҳи Истиқлол ташвиқу тарғиби ҳадафи сафари шуморо дар байни фақат худаш анҷом диҳад? Яъне, ин гуфтаи шумо бори дигар исбот мекунед, ки бо нияти холис ва сирф барои кумак ба муҳоҷирони бо қонун мушкилдошта наомадаед.

То кунун мо маълумот надорем, ки ба қабули ин ҳайат ҳмватанонамон рафтаанд ё хайр.

Аммо сафари ин ҳайат таҳти муроқибати Ислоҳ аст. Ку, бубинем, ки чи миқдор ҷамъ мекунанд ва бо шаҳрвандони ғарибу муҳоҷиру мусофир, ки барои дарёфти ризқу рӯзӣ омаданд, чи гуна бархурд мекунанд.

 Сайтҳои расмӣ аз ҷумла сомонаи ВКД дар мвриди сафари ин ҳайат чизе нагуфтааст.

Аммо ихтор ва ҳушдори мо ба ҳамватанони азиз ин аст ки ҳар касе даъват мешавед огоҳ ва ҳушёр бошед. Ҳам дар масъалаи пул, ҳам дар масъалаи истирдод ва ҳам дар масъалаи онки бо фиреби татбиқи эзоҳи моддаҳои қонун аз ҷумла 307, 401 ва амсоли инҳо асноду ҳуҷҷатҳоятонро эҳтимол ва имкон дорад бигиранд ва шуморо водор созанд баргардед ва ё баргардонанд. Хоҳиши дигари мо аз шумо ин аст ки натиҷаи суҳбату зангҳои телефониатон бо ин гурӯҳро ҳатман ба мо хабар диҳед.

Дар ҳар сурат ин ҳайат ба хайру салоҳи шумо наомадааст. Зирак бошед.

Суҳбатҳои Мансур Бухоризодаро, ки матнашро овардем ҷиддан мутолаа кунед. Ошкоро гуфта истодааст, ки дер ё зуд ба даст меафтед. Мо ба шумо аз қавли бузургонамон гуфтанием:

Ба зону гар занад душман, ба таъзимаш макун бовар, 

Ки хам-хам рафтани сайёд, баҳри қатли мурғон аст.

Ҳасби ҳоли ин ду меҳмони нохонда ба Москав

Бухоризода Мансур Ғоиб, олковник,мушовири аршади вазири дохилии Тоҷикистон, 23 августи 1962 таваллуд шудааст. Дорои таҳсилоти олӣ:-омӯзгорӣ ва ҳуқуқшиносӣ.Аз декабри соли 1992 дар мақомоти дохилӣ дар вазифаҳои гуногун дар шаҳри Кулоб корро сар кардааст. Аз ҷумла сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ дар ШКД Кулоб, баъдҳо дар ВКД, сардори Раёсати мубориза алайҳи гардиши маводи нашъаовар, сардори маркази илми тадқиқотӣ, муовини Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД, сардори Раёсати умури дохилӣ дар ВМКБ кор кардааст. Ҳамчунин дар вазифаҳои сардори ШВКД дар Конибодом ва Ваҳдат фаъолият намудааст.

                    

Назарзода Бахтиёр Бобо, генерал-майори милитсия, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД. Аз соли 1998 корро дар шуъбаи умури дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ВКД шурӯъ кардааст. Аз ҷумла сардори ШВКД-и Сино, сардори шуъбаи 6 уми РВКД дар Душанбе, муовини ШВКД-и Кулоб, сардори УБНОН-Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддири вилояти Хатлон, сардори ШВКД-1-и Исфара, сардори ШВКД Исфара, ҷонишини Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД,сардори УБНОН-и ВКД кор кардааст. Аз 22 апрел 2025  сардори Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин мешавад.

Пасгуфтори «Ислоҳ»

Ҳамватанони азиз, муҳоҷирони тоҷик дар Русия!

Аз шумо ҷиддан хоҳиш мекунем: ба ваъдаҳои шифоҳии афроди муаррифишуда ҳамчун кормандони ВКД дар бораи «афв», пок кардани ном аз рӯйхати кофтуков ё ҳалли парванда бовар накунед. Ба ҳеҷ кас пул надиҳед, ҳуҷҷатҳои аслии худро насупоред ва бе ҳузури вакили мустақил ба ягон мулоқот наравед. Ҳар ваъдаро танҳо дар сурати пешниҳоди санади расмӣ, хаттӣ ва санҷишшаванда баррасӣ кунед.

Таҳти пайгард қарор гирифтани шахс худ ба худ маънои гунаҳкор будани ӯро надорад. Гуноҳ бояд дар доираи мурофиаи одилона ва бо ҳукми қонунии суд исбот шавад. Нагузоред бо тарс, таҳдид ё ваъдаи «афв» шуморо ба манбаи доимии пул — ба истилоҳ, «гови ҷӯшо» — табдил диҳанд.

Дар бойгонии «Ислоҳ», тибқи маълумоти дар ихтиёри мо буда, наздик ба 30 сабт ва нома танҳо аз як минтақа маҳфуз аст. Аммо дар умум 118 сабт ва мукотабаҳо аз муҳоҷирон вуҷуд дорад.Дар онҳо афроде, ки ҳамчун кормандони ВКД муаррифӣ шудаанд, аз муҳоҷирон талаб мекунанд ариза фиристанд ва дар иваз ваъдаи «афв» медиҳанд. Ҳамчунин, ба мо муроҷиатҳои ашхосе расидаанд, ки иддао мекунанд маблағ пардохтаанд, аммо баъди бозгашт боз ҳам ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд.

Мо ин маводро алоҳида месанҷем. Номҳо, сабтҳо ва шикоятҳои расида ҳифз шудаанд. Пас аз санҷиш ва гирифтани мавқеи шахсони зикршуда, «Ислоҳ» барномаи муфассале нашр хоҳад кард. Ислоҳ дақиқан пулситонии кормандони ВКД ва даст доштани шахсони мушаххасро ҳамчун далели собитшуда эълон мекунем. Мо бе далел чизе намегем,агар Рамазон Раҳимзода хоста бошад ва гуяд нашр кунед, ҳатман 64 сабт ва суҳбатҳое,ки возеҳ бо ному насаб ва рутбаи кормандони ВКД-ро нашр мекунем, то донад мо бе далел гап намезанем.

Муҳоҷирони азиз, агар аз шумо пул талаб карданд ё ваъдаи «афв» доданд:

  • суҳбат ва паёмҳоро ҳифз кунед;
  • ному вазифа ва рақами телефони шахсро сабт намоед;
  • расид ё далели интиқоли маблағро нигоҳ доред;
  • пеш аз ҳар иқдом бо вакили мустақил машварат кунед;
  • нусхаи маводро ҳатман ба «Ислоҳ» фиристед.

Ва ҳушдори мо ба Рамазон Раҳимзода ин аст: бас аст! Мақомоти зери роҳбарии шумо вазифадоранд ба мардум ҳисобот диҳанд, на ин ки бо тарс ва ваъдаҳои ношаффоф муҳоҷиронро саргардон кунанд. Агар ин ҳайат барои иҷрои қонун ба Маскав рафта бошад, пас ҳадаф, ҳайат, муҳлати сафар, тартиби муроҷиат ва тамоми хизматрасониҳо бояд расман ва ошкоро нашр шаванд. Агар ягон пардохт пешбинӣ шуда бошад, асоси ҳуқуқӣ ва расиди расмии он бояд пешниҳод гардад.

Кормандони худро аз ҳар гуна пулситонӣ, фишор ва ваъдаҳои беасос боздоред. Ба саволҳои ҷомеа посух диҳед ва ҳар шикояти муҳоҷиронро мустақилона таҳқиқ кунед. Зулме, ки муҳоҷир дар ғарибӣ мебинад, кофист; мақомоти Тоҷикистон набояд ба ранҷи ӯ ранҷи дигар зам кунанд.

Ҳушдори охир: ба ваъдаи шифоҳии «афв» бовар накунед, пул надиҳед ва бе вакили мустақил ба мулоқот наравед!

Share This Article