Маршировкаи иҷбории духтарон дар Рашт: миллионҳои гирифтаи Зарина куҷо шуданд?
Ин шумораи шашуми силсилабарномаи «Леди фром Ғарм» аст. Мо моҳи майи соли ҷорӣ шумораи панҷуми ин барномаро нашр карда будем. Дар баробари ин, тайи ин муддат «Ислоҳ» чандин барномаи махсуси дигарро низ дар бораи Ғарм, вазъияти ноҳия, мушкилоти сокинон ва аъмоли масъулони он таҳия ва нашр кардааст. Бо вуҷуди ин ҳама барномаҳо, ҳамоно аз ин минтақа номаҳо, шикоятҳо, сабтҳои аудиоӣ ва наворҳои зиёде ба дасти мо мерасанд.
Инак, бар асоси нома ва маводи тозаи ба «Ислоҳ» расида, шумораи шашуми «Леди фром Ғарм»-ро пешкаши шумо мекунем.
Зарина Идиева, раиси ноҳияи Рашт, маъракаи истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолиятро ба як олот ва василаи фишор болои ин мардум табдил додааст. Мардуми бечора намедонанд, ки доду арзи худро ба кӣ бигӯянд. Корро то ба ҳадде душвор кардааст, ки ҳатто толибаҳои мактаб болои мошини борбари «Портер» — дар кузови мошин — чандин километр роҳи душворгузари кӯҳистониро тай карда, ба маҳалли машқу тамрин меоянд.
Гузашта аз ин, тамоми масорифу махориҷи ин маршировка бар дӯши худи толибаҳо ва волидони онҳо мебошад.
Дар матлаби зер аз ҷузъиёти ин аъмоли фашистӣ огоҳ мешавед. Инҷо як иқтибос аз суханҳои Зарина Идиеваро меоварем, ки чӣ гуна мардумро аз сиёсатҳои Раҳмонов метарсонад:
«Як ҳафта пас раис дар гурӯҳ эълон кард, ки аз деҳа 80 нафар духтари мактаб барои маршировка тайёр шаванд ва ҳамаи онҳо барои худ либоси махсуси бадахшонӣ дӯзанд, ки арзиши як либос 300 сомонӣ аст — албатта, аз пули худашон. Аз панҷуми август 80 нафар духтар ва 13 нафар шахси хизматкардаро ҳаррӯза ба маршировка мебаранд.
Аз ҷониби ҳукумат дар расонаҳо эълон шудааст, ки хароҷоти маршировка куллан аз ҷониби ҳукумат пардохт мешавад. Лекин ҳукумат ягон намуд дастгирӣ намекунад, ақаллан як қатра об ҳам таъмин намекунанд. Ҳамаи хароҷоти бурдану оварданашонро аз мардум мегиранд. Барои як рӯз бурдан ва овардани талабаҳо 800 сомонӣ фақат барои сӯзишвории мошинҳо сарф мекунанд. Шахсони мошиндор бепул онҳоро ҳар рӯз бо навбат бурда меоранд. Ба талабаҳо мегӯянд, ки бо худ як баклашка чой ва нон гиранд, то гурусна намонанд».
Зарина Идиева соли гузашта дастур медиҳад, ки мактаби деҳа ва бунгоҳи тиббии шафати онро чаппа кунанд, то дар ҷойи онҳо аз тарафи ҳукумати ноҳия мактаби нав ва бунгоҳи тиббии нав бино шавад. Аммо як сол мегузарад ва сохтмони ин муассисаҳоро ба гардани мардум бор кардааст.
Бар изофаи ин нома, ба «Ислоҳ» навори суҳбатҳои чанде аз масъулони деҳаи Муллобаротро низ фиристодаанд, ки кормандони мо онро ба матн баргардон кардаанд. Матни ин суҳбатҳои аудиоиро барои тақвияти нома дар ин матлаб ҷой додаем, то бубинеду огоҳ шавед, ки ин ҷашни 35-солагии Истиқлолият барои киҳо кайфу сафо асту барои мардум чӣ мушкилиҳо ва дарди сарҳое ба бор овардааст.
Рашт
Номаи сокини Муллобарот: мактабро вайрон карданду сохтмонашро ба гардани мардум бор намуданд
Ассалому алейкум устоди азизу гиромиқадр Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ман чанде пеш аз Ғарм, аз деҳаи Мулло Барот ду нома навишта будам. Имрӯз дар бораи зулму ситам ва ноадолатиҳои раисаи ноҳия Зарина Идизода-Леди менависам.Ҷашни 35 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ин раиса ба асбоби зуру фишор ва тарс додани мардуми минтақа мубаддал шудааст. Бар замми ин бо ин баҳона ба ғорати мардум даст зада истодааст. Барои ин кор масъулини деҳаро ҳам таҳти фишор қарор додааст.
Барои фаҳмо шудани ин масъала аз чи гуна сар задани ин ғоратҳо мефаҳмонам.
Дар деҳаи мо сохтмони мактаби нав ҷараён дорад. Дар ин бора дар номаи пешина зикр карда будам. Мактаби деҳа, ки дар солҳои шуравӣ сохта шуда буд, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.
Дар пайи навиштани аризаву дархостҳои зиёди мардуми деҳа ва директору муаллимон ба ҳукумати ноҳия, ки муддати 7- 8 сол давом кард, аз ҷониби давлат барои сохтмони мактаби нав 14 400000 сомонӣ (чордаҳ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ ) яъне Яъне тақрибан 1 миллиону 557 ҳазор доллари ИМА.ҷудо шуд.
Соли гузашта Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳамсояқишлоқ, деҳаи Зрангак барои хоҷагиҳои аз офати табиӣ зарардида «ба гуфтаи мақомот, хонаҳои аз ҷониби ҳукумат сохташударо» омода ба истифода дод, ки ҳамаи Тоҷикистон онро дар телевизион дид.
Дар асл ҳукумати ноҳия ҳар як сохтори ноҳияро барои сохтани хонаҳо вазифадор карда буд. Масалан кумитаи нозироти андоз 4 хона, кумитаи давлатии амнияти миллӣ 4 хона, вазорати корҳои дохилӣ 4 хона ва ҳамин тавр ба дигар корхонаҳои ноҳия тақсим карда буд. Ҳамаи ин мақомот аз мардуми оддӣ бо ҳар ҳиллаву зӯроварӣ пулро ҷамъ мекарданд ва бо ҳамин тарз ин хонаҳоро сохта ба истифода доданд. Акнун бояд фаҳмед, ки ШВКД ва КДАМ чи гуна месозанд? Бояд ками кам 1000 ғармиро туҳмат кунанд ва шантаж аз онҳо пул гиранду ин хонаҳоро созанд.
Дар асл ғорати халқ аз ҷониби ҳама мақомоти давлатӣ дар ноҳия Рашт чандин сол аст ки идома дорад. Дар рафти сохтмони хонаҳои зарардидагон дар ҳамсоя қишлоқ, раиса Идиева Заррина ба мактаби деҳа омада фармон дод, ки мактаби деҳаи МуллоБаротро чапа кунед. Бунгоҳи тиббиро, ки дар паҳлуи мактаб ҷойгир буд, аз сабаби нарасидани масоҳати замин барои мактаби нав, раиса дастур дод, ки онро ҳам чаппа кунед. Ин бунгоҳро 12 сол пеш мардуми деҳа бо кумаки масолеҳи сохтмонӣ аз тарафи ҳукумати ноҳия сохта буд.
Идиева Заррина ба раиси ҷамоату деҳа дастур медиҳад, ки ин бунгоҳро чаппа кунед ва дар бараш аз мардуми деҳа пул ҷамъ карда бунгоҳи тиббии нав созед.
Хулоса, бо фармони раиса дар охири соли хониши 2025 мактабро ҳамаи мардум ҳашар карда чаппа кардем.
Аз ҷониби раиси ҷамоат ва раиси деҳа Ҳайдаров Имодуддинро барои пешбарии сохтмони бунгоҳ интихоб карданд, чунки мардум нисбатан ба ӯ бовар мекарданд . Ва дар ҳол кори сохтмони бунгоҳи тиббиро бо сардории Ҳайдаров Имомуддин ва касир Нуралиев Беҳруз сар карданд. Нуралиев Беҳруз хона ба хона гашта аз мардум 700 сомонӣ аз ҳар як хоҷагӣ ҷамъ мекард ва бунгоҳи тиббиро аз кисаи мардум аз нав сохтанд. Баъзе мардум то ҳол пул насупориданд, аз ҷумла худи ман ҳам насупоридаам.
Баъди чанд рӯз соли хониши 2026-2027 оғоз мешавад. Аммо тамоми хонандагон ҷое (синфхонае) барои хондани дарс надоранд. Чунки мактабро чапа кардем бо фармони раиса. Аз ҷониби мардум пешниҳод шуд, ки масҷиди боло ва чойхонаи деҳа (фароғатгоҳ)-ро муваққатан ба синфхонаҳо табдил диҳанд, то фарзандони деҳа тавонанд соли хонишро оғоз кунанд. Аммо барои азнавсозии сохтмони синфхонаҳо, аниқтараш ба синфхонаҳо табдил додани фароғатгоҳу масҷиди боло, на аз тарафи ҳукумат ва на аз тарафи маорифи ноҳия ягон маблағ ҷудо нашуд ва ба ҷои чораҷӯӣ ҳар рӯз аз маорифи ноҳия омада раиси деҳа ва директори муассисаро таҳдид мекарданд, ки агар барои хонандаҳо ҷой муҳаё накунед, мактаби шуморо аз 11 сола ба 5 сола бар мегардонем. Дар ин мактаб зиёда аз 500 талаба таҳсил мекунад. Ҳол онки аз барномаҳои шумо мо огоҳ шудем, ки барои азнавсозӣ ё ремонти ҳамаи мактабҳои ҷумҳурӣ аз буҷаи давлат барои ҳар як мактаб 400.000 сомонӣ ҷудо шудааст ва ин ҳаромхурҳо ба мардум чунин тарс медиҳанд, ки фарзандони шумо аз синфи 5 то 11 ба дигар деҳаҳо рафта дарс мехонанд. Дар ҳоле барои ин бунгоҳ ва мактаб 14 миллион сомонӣ гирифтааст вале коре намекунад ин Зарина Идизода.
Сипас директори муассиса ва раиси волидайни деҳа Идрисов Зокирҷон, Мирзо Мирзоев ва касир Нуралиев Саидҷон барои азнавсозии синфхонаҳо аз ҳар хоҷагӣ 300 сомонӣ ҷамъовариро шурӯъ намуданд. Мардуми деҳа ночор ба супоридани маблағ шуруъ карданд. Дар ин кор ҳам аксари мардум пул насупорид.
Ва дар ҳамин вақт Идрисов Зокирҷон дар ватсап гуруҳи деҳаи МуллоБарот-ро ташкил кард. Вай ҳаррӯз дар гурӯҳи деҳа мегуфт — эй мардум, биёед, ҳама дар ҳамин гуруҳ ҷамъ шавем, деҳаро обод кунем. Ҳеҷ кас аз ягон ҷо намеояд деҳаи моро обод кунад. Мо диламон месузад ба ҳамин фарзандони деҳа гуфта эълон мекунад.
Бале, дили ҳамаи мо месузад ба фарзандони худ. Лекин аз пушти шумо барин лаганбардори дуруя мо имруз ғуломи ҳукумати Раҳмонов шудем. Ва пули аз буҷаи давлат ҷудо шуда дуздида мешавад. Ягон нафари шумо парво надоред ва дар ин ҳолоти вазнин мардум бояд пул ҷамъ кунанд, мактабу бунгоҳ созад. Агар аз ҷониби масъулини ҳукумати Ҷумҳурӣ маблағҳои барои сохтани мактабу бунгоҳҳо дуздида нашавад имруз дар деҳа ҳамаи камбудиҳо бе ягон мушкилӣ ҳали худро меёбад . То ин вақт ҷамъ накардани маблағ аз тарафи мардум ва хомушии онҳо ва бетараф будани мардум дар корҳои баном «хайрхоҳӣ» сабаби ҷудо шудани маблағи сохтмони мактаби нав дар деҳа шуд .Чунки агар мардуми деҳа аз аввал чунин маблағҳо ҷамъ мекарданд имруз ҳукумати ноҳия сохтмони мактаби навро ҳам ба души мардум мегузашт ва боз пули аз буҷа ҷудошударо медуздид. Мардум аз ҳамаи корҳои шумо огоҳ аст. Ана ҳамин иродаи қавии халқ буд, ки пул ҷамъ накарданд ва аз буҷаи давлат (14 миллион 400 ҳазор сомонӣ) барои сохтмони мактаби нав ҷудо шуд. Агар мардум ба гапи шумо кунад, дар ҳама ҳолатҳо пул ҷамъ мекунад ва ҳамин пули мактаби навро ҳам ин ҳукумати дузд нисфашро медуздид ва пас боз шумо шарм накарда аз мардум дар ба дари хонаҳо пул ҷамъ мекунед. Боз шарм надошта дар корҳои «хайр» саҳмгузориӣ кунед гуфта худро бечораҳол нишон медиҳед.
Хулоса, то ин вақт аз ҷониби мардуми деҳа ҷамъоварии маблағ хело кам ба назар мерасид. Пас аз ташкили гуруҳи (Аҳли деҳаи Мулло-Барот) раиси деҳаро халқ озод кард ва дар ҷойи он халқ Ҳайдаров Имодуддинро интихоб кард. Ҳайдаров Имодуддин ва Идрисов Зокирҷон дар ҳузури мардум пули аз мардум ҷамъкардаашонро ҳисобот доданд. Бале, шумо дар назди мардум ҳисоботи худро пешниҳод кардед, шояд ягон камбудие набошад дар ҳисоботи шумо. Вале дар инҷо гап дар бораи маблағҳои аз буҷети давлатӣ ҷудошуда меравад. Шумо ба дуздони мақомотҳо бо ин шакл ёрӣ медиҳед, то онҳо ҳар қадар тавонанд бисёртар дузданд.
Мардуми деҳа дар як гуруҳ ҷамъ шуданд ва кори раиси деҳаву раиси волидайн барои ҷамъоварии маблағ осонтар шуд. Масалан раиси деҳа як рӯз аз ситоди ноҳия омада эълон кард, ки барои сохтмони қасри ҷавонон дар маркази ноҳия маблағ намерасад. (Раиса фармон дод, ки аз ҳар деҳа 2000 сомонӣ ҷамъ кунед, аз шумо хоҳиш мекунем 10 сомонӣ ҷамъ кунем, бурда супорем. Хайр, ҳамин хел супориш шудааст, чи кор кунем) Мардум дарҳол пулро ҷамъ кард, раис бурда супорид.
Як ҳафта пас раис дар гуруҳ эълон кард, ки аз деҳа 80 нафар духтари мактаб барои маршировка тайёр шаванд ва ҳамаи онҳо барои худ либоси махсуси бадахшонӣ дузанд, ки арзиши як либос 300 сомонӣ аст, албатта, аз пули худашон . Аз панҷуми август 80 нафар духтар ва 13 нафар шахсони хизматкардаро ҳаррӯза ба маршировка мебаранд.
Аз ҷониби ҳукумат дар расонаҳо эълон шудааст, ки хароҷоти маршировка куллан аз ҷониби ҳукумат пардохт мешавад. Лекин ҳукумат ягон намуд дастгирӣ намекунад, ақаллан як қатра об ҳам таъмин намекунанд. Ҳамаи хароҷоти бурдану оварданашонро аз мардум мегиранд. Барои якруз бурдан ва овардани талабаҳо 800 сомонӣ фақат дар сузишвории мошинҳо сарф мекунанд. Шахсони мошиндор бепул онҳоро ҳарруз бо навбат бурда меоранд. Ба талабаҳо мегуянд, ки бо худ як баклашка чой ва нон гиранд, то гурусна намонанд. Охир ин ҳолу рӯзгор аст ва ба мо чи лозим ин маршировка ва намоишҳои бардурӯғ?
Дар рузҳои аввали саршавии маршировка дар гурӯҳи деҳа аз мардум пул талабиданд. Мардум, бовар кунед, аз тарс пул месупоранд ва раисон бошанд онҳоро шермарди ватандуст эълон мекунанд. Дар ҷамъоварии пул барои маршировка ҳамагӣ 30-35 нафар пул супоридаанд, боқимондаҳо намесупоранд. Аҳсан ба онҳое ки ба чунин корҳои нолозим пул намесупоранд!
Дар деҳа 280 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Раисон ҳар рӯз дар гурӯҳи деҳа мегуянд чаро 30-35 нафар пул медиҳанд, дигарон ҳама хомушанд? Чунки дигарон намехоҳанд дар корҳои зулму дуздӣ саҳм гузоранд. Ин 35 нафар аксараш ҳамон соҳибкорон ҳастанд, ки аз тарси аз даст надодани молашон пул месупоранд. Агар насупоранд ба ҳама маълум аст ки чӣ мешавад. Ва ё ин 35 нафар ҳамонҳое ҳастанд, ки аз ночори худро тарафдори ҳукумат нишон медиҳанд, аммо дар асл аз рангу рӯйи ин ҳукумати золим безоранд.
Бовар кунед, аҳволи мардум дар минтақаи Рашт аз душвор ҳам душвортар аст. Ин мақомот хуни мардумро хурда истодаанд. Агар мардум дар якҷоягӣ аз ҳақи худ дифоъ кунад, онҳо ягон кор аз дасташон намеояд.
Эй, мардум, бигзор мақомот омада ҳар яки моро зулм кунад, аммо набояд фарзанди худро ба маршировка равон кунем. Фарзандони мо номуси мо ҳастанд. Ин ҳукумати золим ба номуси ҳар яки мо бозӣ дорад. Вале мо хомуширо пеша кардем:
Агар духтари худат дар пеши худат сари луч рақс кунад, ба у чи мегуӣ? Магар намегӯӣ, ки аз Худо шарм дор. Пас, чаро духтарони мо рафта дар пеши Раҳмонов рақс кунанду Раҳмонов аз рақсҳои духтарони мо ҳаловат барад. Мурдани мову шумо беҳ, ки дар чунин ҳолат хомуш менишинем.
Хамаи шумо дар ин гуноҳи бузург шарик ҳастед. Фардо дар назди худованд чи ҷавобе доред? Магар аз Раҳмонов итоат кардан мову шуморо аз оташи ҷаҳаннам озод мекунад? На, ҳаргиз!
Эй, мардуми мазлуми Раштонзамин! Валлоҳи худованд ҳеч вақт бандагони дар имони худ содиқро танҳо намегузорад. Оҳи дили мазлум дар назди Парвардигораш хеле бо арзиш аст. Худовандро, фаромӯш накунед. Дар ҳама сахтиҳо ба Ӯ субҳонаҳу ва таъоло руй биёваред. Ин шоАллоҳ мо пирӯз хоҳем шуд. Дар ҳама давру замон ин гуна шахсони золим буданд. Дар замони пайғамбари охируззамон ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи вассалам ҳам. Он ҳазрат бо чунин азобҳо дини муқаддаси исломро комилан ба мо расонид.
Дар ҳақиқат тарафдорони ин ҳукумати дузд ҳамин 10-12 фоиз мансабдороне ҳастанд, ки дар ҳамаи дуздиву зулми мардум саҳм доранд, боқимонда ҳамаи мардум аз ин ҳашаротҳо безоранд. Натарсед, дар ҳама ҳолат бо «Ислоҳ» ҳамкорӣ кунед. Ҳеҷ кас наметавонад шуморо зараре расонад. Агар ба гуфтаҳои ман бовар намекунед дароед дар сайти «Ислоҳ» ҳамаи ҷиноятҳои содиркардаи Раҳмоновро тамошо кунед. Хоҳед фаҳмид, ки ҳақиқатро кӣ мегӯяд, кӣ мардумро фиреб дода истодааст. Пас, дар ҷустуҷӯи ҳақ кутоҳӣ накунед, то тавонем миллатро аз ин золимону ғоратгарон ҳарчи зудтар наҷот диҳем.
Бо умеди пирузӣ.
Боқӣ дар паноҳи Аллоҳи меҳрубон бошед!
Ва ҳоло дар ин қисмати матлаб матни наворҳои аудиоии ба дасти «Ислоҳ» расидаро пешниҳодатон менамоем:
«Ана бо ба як гуфтаҳое, ки имрӯз муаллима (муаллима кличкаи Зарина Идиева) занг зад. Аз маориф якта спринтер ҷудо кардиян. Хай ҳамин муаллимаҳо Абдумаҷид Зубайдулло ҳамин хел муаллим ҳамунҷа буд. Ҳолӣ ягонташ информатсияи пурра надодай. Фақат ҳамун кӣ муаллима камтар информатсия дод, неки ҳамун вая тилфон кардиян 20 летир саляркаш брезе хоб,баре шофира ҷобаҷо кне.Ман дар ҳақиқатан гуфтум, ки дар маҷлиси ҷамоъат гуфтодан, ки шумо фақат то омадани спринтерора шумо кори хутона бкне спринтеро, ки омадан тақсим кардан уша ноҳия ба зима мегирад чуба, ки имрӯз бо ита каран намедонум. Хай ман ку иштирокчи набудум, ман муаллимара гуфтум, ки ҳамин маҷлиси ҷамоата дар ҳамунҷа пешниҳод ку, ки гап ҳамита буд, мо шароити на соляркарезӣ дорем, на ягон ҷое дорем, ки фароғатгоҳе, ки меҳмон қабул кунем. Ана ҳамин гапора гуфтумуш хай. Бо намедонум. Ҳоле ҳишки ба мара занг назадай. Ба раиса ага занг зада бошан хай намедонум».
**************
«Салом алейкум мардум. Субҳи ҳамаи мову шумо ба хайр боша. Хуб як ду масалада рӯшанӣ меандозем. Масалаи асосӣ масалаи ҳамин таъмири мактабай. Хайр вобаст кардем. Раиси волидайна қариб, ки ҳама шароита муҳайё кард. Ба зораву нола ҳам аз тарафи раиси волидайн, аз тарафи худум хай мардум дастгирӣ кардан ҳаматарафа. Ҳамаи ҳамин маҳсулоте, ки даркорай, масолеҳи сохтмонӣ, краскаву эмулсияву умуман чизе, ки даркор буд ҳамара ҳамин харидорӣ кардан, бурдан да ҳамин пеши мактабай. Имрузу пага дарс сар мешава. Ягон кас дастгирӣ накардестай ҳаминда, ки. Хай инҷа мардумам гунаҳкор намекунем мо. Камтарак инҷа бояд роҳбарияти мактаб масъулият ҳис кунанд.
Ҳамино банданд, иёрам фаҳмидан даркор.
Ина ҳамин маршировка ҳамара шалпар кардагияй. Ана ба ҳамин хотир хоҳиш мекнем, аку хай ҳамин кор ба каламонай маҷбурем, ки букунемуш –сарҷамъ. Хоҳиш. Ҳамин ҳози мо мехамбем роҳбарият қатӣ вохурӣ менем. Ҳамин роҳбарони синфо кадомера, ки гуфтан раисои волидайшона ҷаъм мекунан, маслиҳат мекнан ҳамин сарҷаъм шем, ҳамия руз ду руз корай ҳавай. Ҳаму, хай ҳамуҷа медроӣ проблемаш бисёр охи. Ҳаму як тахтаи полавоя да танаи девол задемуш ,краскаи чи пуштошун краска умуман нокардаҳай. Ҳамунора хай камтарак сфеду краска полора каран даркор халос. Девола сфед, ки ҳамуҷа рушантар шавад, ҳамун синфову ҳамин шароит каме ҳам бошад, муҳайё шава барои ҳамун талабаҳо Хоҳиш, ки ҳамин кадомета даъват кадан чи раиси волидайни синфӣ ё ки ай падару модара ҳамунҷа кадоме, ки ҳастан ягон нафаре, ки ҳамуҷа хоҳиш кардан илтимос, ҳамуҷа гире иштирок кнен».
************
«Мора ҳар лаҳза мепурсан аз ноҳия, аз ҷамоъа, ки дар чиз ҳолатай мактаб чи қарор дорад, таъмир шид нашид.Мо дуруғу рост ҳо мегем, дар асл ягон кор накарем. Хай илтимос аку ҳамин, ки ҳози мо мехамбем мерем як вохуримона мегзаронем роҳбарою шефо қатӣ вохурӣ менем. Вайиш,ки навбтшай да маршировка мера, вайиш, ки навбатуш нестай бо роҳбарои ҳамун волидайни ҳамун синфоша даъват мекнам. Хай ба навбат коре кнан, ки ҳамунҷа биёян иштирок кунан, ҳамунҷо. Ҳамин муддати я руз, ду руз таъмир кнем, бо мактаб, ки сар шавад крсакаи ҳамуҷа брава ҳамуҷа шароитуш муҳайё шава. Ана барои ҳамин хай волидайне ҳаст, ки да ду се синф чи дора. Хай ваяша бо даракша меёвем, регуловкаш менем, ки ҳами кор тезтар буд шава, ки гапу гузори зиётӣ нашава, да раисо гап нараса.
Хоҳиш ҳамин, ки кадомета, ки даъват кардан илтимос биёе да ҳамунҷа иштирок куне, ҳамун кора да ҳамун ду-серуза бигирем, ки бо ҳамуҷа тиёр боша, ки аллакай ина худшам 25уми август омад. Вахт қариб буд шедестай. Чор –панҷ рӯзи дига монд, ҳамуна тиёр кадан даркор».
***************
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу аҳли деҳа, шабатон хуш бошад. Худои меҳрубон дар касбу кортон, дар зиндагитон баракату нусрат ато бифармояд. Бародарони азиз, ина буквално як панҷ –шаш минут пеш аз тарафи маъмурияти мактаб дархост шуд, ки ина имруз, хай маршировка, алҳамдулиллоҳ гузшт, соз хушру, ели успет кардем, хай талабаҳо да ҷои муайян бурдем расондем. Ана мақсад тилфон кардан, гап задан, ки ана эълон кнем, ки пгаҳ маршировка дар Ғарм мегузаштай. Ана барои ҳамин диққат боше бачаҳо, ки соати 7уним сбор, яъне, ки ҷаъм шудан даркор ба соати 8а раҳакӣ кардан даркор ай ҳамиҷа. Яъне барвақтам бгем шумо дер меойе дерам бгем … яъне, ки ҳамиқа муҳлатинда. Ина кадомет соати 7унимда сер хов куниву яъне, ки бо шахсони масъул соати 7 ҳаминҷа бошан. Шахсони масъул, касе, ки вобастаяй ба чи коре. Эҳтиромона хоҳиш мекунум, ки соати 7 биёянд дар ҳамин ҷойи нуқтаи ҷаъмшавӣ ҷаъм шаванд. А шахсоне, ки барои шафёро,хай муҳтарам раис ана чира партова спискаи ҳашара партова, спискаи шафёрая партова ё ай Абдумачид ё раис. Хай раис да спискаи вай ҳашаро ҳаму одами охирон касе буд ай ҳаму усун даҳ нафар не, бист нафар, ду гуруҳа партова. Старшишона муайян менем. Яъне, ки пага кори мактаба кардан даркор. Ду рӯзи дига мондай. Унҷа вай бо буву тупу краскву сангу вай қоқ шудануш даркор. А агар ин кора накунем ҷура, яъне, ки ай ҷаъмияту ай пешравӣ мо қафо мезанем. Деҳара қафо назанонем бародарони азиз. Яъне,ки дасгирӣ кне. Касет, ки метунӣ, ҳамин биё я кора бку, гапа зиётӣ нагу:- ҳа иҷаш ита шид. Мо як моҳ ду моҳ ай маслиҳати кор то ҳозирарар я ду моҳ шудагӣ, ки мо оиди ҳамин масъалаи ремонт гап зада истодем. Ха рузи вазминай. Ина пгаҳ Ғарм бояд бравад. Соати 8 да Ғарм шудан даркор, кудакора талабаҳора. Ай ҳама эҳтиромона хоҳиш мекунем,ки гапора ҷиддӣ буфаҳме, масалара ҳал кне. Ҷазокаллоҳу хайр.
****************
«Хоб, хай ина, бо як бори дигар салом. Ҳамин масалаи пагаҳанда бо..хай мо дига роҳ надорем. Ҳозираша ду портер заказ кардем ба пагаҳира. Хай мушкилай, қинай барои мо ҳам чунки да дастомо на маблағи бисёре дорем, ки ҳамаи мошинора сафарбар кнем на дига гапмона гирифтестан тилфон менем, тилфономона шофиро ҳуй намена, чи хеле,ки имрӯз панҷ-шаш нафар қариб иштирок накард ай мошино. Маҷбур шудем ҳамин кора карем. Хай мо ҳамаи роҳаша кофтем, ки осонтар биғалтад да мо, ки ҳам арзонтар бғалтад ҳам бо кудако азоб накашан. Неки ҳама муҳри хамушӣ задагӣ да лабо. Ягон кас ягон гапу гузор намекуна. Ҳамун хиёл мекунум, ки ай ҳамун фарзандои худшон безоранд я хелаш. Барои ҳамин хай мо ҳамин кора кардем, хай иҷозат пурсидем аз болоҳо, ки хай ҳамин кора мо менем, агарчанде иҷозатам набуд аз боло, ки ҳамин кора накунед. Неки хай ихели куне бо гапу хабару бо проблема бисёр мешава. Барои ҳамин ҳозираша мо ду портер гирифтем. Бо иҷозат ба шарте додан, ки гудако бишинан да болои ҳамун мошин, чухт нараванд гапу хабару ҳама бубинану бо проблема шава. Хай кадомет ҳамин шофёрои муҳтараме, ки дар ҳамин қишлоқ ҳастеву зиндагӣ меневу раҳм ба фарзандои худтун, ба набераҳотун, ба фарзандои ёру бародари хутон доре, хай чи хеле, ки Ҷафру Нимишак рафта истодаанд, бо дига ҷоша намедонем дар кадом вазъиятан, ҳамино ройгон бурда оварда истодаанд. Ҳамиқае, ки мо ина қариб худшам хато накунам тайи даҳ ҳазор сомон омадай расходи мо. Хай мо то имрӯза шукри худо ба ҳар роҳ оҳиста-оҳиста хай вазбинам рубарӯ боршон мекардем хай рафтан омадан. Хай намедонум аку чанд рӯзи дига давом мекуна то Нимича рафтана. Бо ина дирӯз Ғарм рафтан имрӯз Нимич рафтан бо ҳамун қин барои кудако. Барои ҳамин кадоме, ки имконият дорӣ ина пагаҳ биё ройгон баре ай ҳисоби бензини худут, ки бо сабуктар шава ба ҳаму кудакора»
****************
«Салому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу ҳамдеҳаҳои азиз. Хай, иншоаллоҳ, ки шабатон хуш бошад. Аллоҳи меҳрубон шаби ба хайр дошта боше. Ҳамин раиса ина гӯш кард. Ҳамин ман аку бисёртари маҳал эрод мегирам, камбутиҳорада. Ина ҳами ҳар нафаре, ки гӯш кара истодай, падполний гуш мекунаву гуфти гапои раис лаву даҳан кулух молидагӣ хап мена а бисёри ҳолатонда ҳамаи мардум раисора ҷанг менан. Ҷанг менан, ки чува иҷаш ита шуд, чува уҷаш ута шид. Ина буквална саршавии коранда барои ҳами портерову ҳамино ҷангҷол сар шид. Хай ина ҳамиҷа 90 одам, 96 одам ҳиссагузорӣ кард. Хай ҳами қа шид. А ҳиҷка ҷанг намена, ки фалонӣ ту чува иштирок наменӣ, фалонӣ ту дасгирӣ наменӣ, чува фалонӣ ай кор қафо задӣ, фалонӣ чува дер менӣ. И гапора намегану мегардан раиса меқапану дигариву дигарира, ё ки мора. Бародаро ин хел намешава. Ҳаму шахсияте, ки қафо мекаша анамун шахсията ҷанг кадан даркор, мора не. Мо агар …моям хатогӣ мекунем, ба кала мегирем. Чува дигаро хатогии худшонаву қафокашишона ба кала намегиран? Вот чом логика, вот чом проблема.
Ана имрӯз ай мошинои майда аку дига муҳайё намешава, саришта намешаван, маҷбур мешем. Ҳоле мумкин я ҳафта пас худое накарда яке портерошон атказ кна, баъд чи коршон мекнем? Дина у бародар дар масалаи автобуси ину вая гуфт. Хай ма да каментария гуфтум. Ма аввали ҳууууууу вақте сар шиду маҷлис шид, ки вай чандум ира сар мекнем дуюм сеюмора ман гапома да ҳамин ҷамоъат гуфта будум. Ина айнан ҳами гапе мезанум қати шумо гуҷоенда, ки брам ма ҳаму гапома мезанум ма. Барои ҳамин бародарои азиз касе, ки да ҳамин иштирокчи нест қуш намекна худша ана ун одама ҷанг кардан даркор, ана ун одама бедор кардан даркор. Хай смисле ранги шапошапу ҳақорат неву хай мегуи бародар чи кор карда истодай ҳама яъне, ки ҳози инак давай ҳамун маҳаллаҳои боло инам хиёл менум, ки кам иштирок доранд. Ҳами хай я ду се бачаҳои нарри соз дора ҳамуҷа. Ҳамин сравнит кнем ба хоҷагиҳои мо ҳиҷ кас расчот нагирад, ки алҳамдулиллоҳ, хай шукр, як тика нон ёфта хурда истодему неки ҷош омадагӣ мо аз ваё қафоем аз барои худо. Ай ҳамин баъзе хоҷагиҳое ки шумо камбизоат ҳисоб мекне, я хел положенияй, ки мо ай ҳаваё қафоем. Ҳамин хел бисёри одамо қафоян. Ҳамун миллионеро ай як хел ҳолатунда ай дигаро қафоян, неки ҳиссаҳошона гузошта истодаанд, сверхдастаточна. Барои ҳами бародаро хуб уйла кне мора ҷанг накне, анаму одамое, ки қафо мезанану қафо мекашан ана ҳаваёра ҷанг кадан даркор.
Гапои раиса ҷиддӣ буфаҳме. Ина барои як кило ду кило картушка, сесадграм картошка и мардака бине. Э, аз барои худо хай дуруст бо ҳаму ду-се шери наре, ки ҳаму будан бо ҳамуё хапу дам мепартован кор буд мешавад.
Неки чи даркор деҳара ифлос кардиян баъзеҳо. Чи даркор аз корҳои ҷамъиятӣ дер мемонан, қафо мекашан. Ин як қафомонӣ ин як гала гапай. Баъд да бари мумин бародари мумин, як ҳадисай. Риоя кне ҳадиса. Дар бари ҳамраҳат қуш ша. Чени вай нате ҳамин чени пусти хирмо ёрдам ку, ҳамин биё да корои ҷаъмиятӣ ёрдам ку ту. Биёед мактаба ремонт кнем. Пул дода наметонӣ я кора дастгирӣ ку.Субҳоналлоҳ!
***************
«Салому алайкум бародарони аҳли деҳа. Иншоаллоҳ, ки хуб бошен, рӯзатон ба хайр боша. 100 офарин ба ҳамдиёрони азиз, ки ин қадар рӯзҳои вазмин, соли вазмин,алҳамдулиллоҳ бо шукрона мекунем, ки шермардои ватан бо ина дастгирӣ кардан ремонти мактаб сар шид.
Аллоҳи меҳрубон ҳаминҷа бародарое ҳастанд, ки ҳамин дар ҳақиқатан хизмату мароми бисёр доранд, як сутуманд барои ҳамин деҳа. Худованд гузаштаҳошона раҳмату мағфират карда бошад, беҳад дастгирӣ карда истоданд. Хай алҳамдулиллоҳ хела одамо ҷаъм шуда истодаанд. Касоне, ки мақсад аз сабаби дер партофтани спискаҳо да ҳар кор машғул шудан пагаҳ иншоаллоҳ бо иштирок мекунан. Барои мо фақат қувваи корӣ даркор ҳози. Қувваи корӣ. Ҳамин иншооллоҳ, ки ҳамаи кор мешавад. Фақат дастгирии шумо шермардони ватан даркорай тамом. Ина алҳамдулиллоҳ кор сар шуд. Ина бене тамошо кнен, ҳозир ина ай мактаб ана ин наворора партофтиянд. Аллакай кор ҷумбидагияй.
Ҳамин я руз меравад бо гуфти гапои раиси муҳтарам бо одих менӣ мегардӣ. Ун ҳамун бачаҳое, ки дар бозорча рӯзи дароз лоқлоқ мегардан ҳаваё ҳиҷ гап надора биёян иштирок кнан. Сар карда ай ҳамин бачаи худум то дигариш. Хай гап бисёрда».
*************
«Бародарони азиз ман Идрисов Зокирҷон раиси волидайни интихобшудаи ҳами аҳли деҳа. Ба чи тариқе, ки буд ҳамаи вариантоша дидем. Вақтуш буд, ки бе райпурсӣ буд. Мо омадем чанд бор муҳокима кардем, вай кардем ҳамаша ба маслиҳат овардем ба расмият даровардем. Ҳамчун раиси волидайн бародаро ман ба ҳамаи ҳамин аҳли деҳа зиндагӣ мекардагӣ ман ҳамчу заказчик яъне ҳамчун талабгоре, ки ба пешравии корҳое, ки хоҳ мактабӣ, хоҳ дарсӣ, хоҳ маҷлисҳои синфӣ ҳамин он чизе,к и гирду атрофи мактаб мешавад ман ҳамчун заказчик фаъолият мекунум. Ман масалаҳое, ки доир ба таълиму тарбия мерава маслиҳат карда ҷавобгӯ ҳастем мувофиқи қонун».
Пасгуфтори «Ислоҳ»
Эй мардуми деҳаи Муллобарот ва сокинони ноҳияи Рашт!
Аз ҳамин рӯз ба баъд барои ҳар чизе, ки мақомот аз шумо пул мепурсанд, пул надиҳед! Барои маршировка, либоси махсус, сӯзишворӣ, сохтмони мактаб, таъмири синфхонаҳо, бунгоҳи тиббӣ, Қасри ҷавонон ва дигар намоишҳои ҳукуматӣ аз ҷайби худ як сомонӣ ҳам напардозед. Ҳар касе пул талаб мекунад, бигӯед: асоси қонунӣ, қарори расмӣ, сметаи хароҷот ва суратҳисоби давлатиро нишон диҳад. Пули нақдро ба дасти ҳеҷ раиси деҳа, раиси волидайн, хазинадор ё намояндаи мақомот надиҳед.
Ин мактаб мактаби давлатӣ аст ва дар он зиёда аз 500 талаба таҳсил мекунад. Сохтан, таъмин кардан ва ба истифода додани чунин муассиса масъулияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ аст. Мардум вазифадор нестанд аз музди ночизу нони фарзандони худ пул канда, мактаби давлатиро бисозанд. Шумо андоз месупоред, то давлат мактаб, беморхона ва роҳ бисозад. Давлат аз шумо андоз мегираду боз сохтмони муассисаҳои давлатиро ҳам ба гардани худатон бор мекунад — пас он маблағҳои буҷетӣ куҷо мераванд?
Барои сохтмони мактаби нав, тибқи маълумоти расида ба «Ислоҳ», 14 миллиону 400 ҳазор сомонӣ — тақрибан 1 миллиону 557 ҳазор доллар — ҷудо шудааст. Пас чаро аз мардум боз 300 сомонӣ, 700 сомонӣ, 10 сомонӣ ва дигар маблағҳо ҷамъ мекунанд? Чаро волидон бояд девор сафед кунанд, фарш ранг кунанд ва синфхона омода созанд? Пеш аз талаб кардани ҳатто як сомонӣ, мақомот бояд ба мардум ҳисобот диҳанд: аз 14 миллиону 400 ҳазор сомонӣ чӣ қадар гирифта шуд, ба кадом суратҳисоб ворид гардид, ба кадом ширкат дода шуд ва то имрӯз барои чӣ харҷ шудааст?
Ҳатто кандану чаппа кардани мактаби куҳна ва бунгоҳи тиббӣ вазифаи мардум набуд. Ҳар касе фармони вайрон кардани ин муассисаҳоро додааст, бояд техника, коргар, масолеҳ ва тамоми хароҷоти онро аз маблағи расмии лоиҳа таъмин мекард. Кор кардани шумо бе музд вазифаи шумо нест. Ҳашари маҷбурӣ кори хайр нест — ин истифодаи ройгон аз нерӯи мардум аст.
«Леди фром Ғарм» — Зарина Идиева — агар дастури чаппа кардани мактаб ва бунгоҳи тиббиро дода бошад, бояд худаш назди мардум истода шарҳ диҳад: санади вайронкунӣ куҷост, иҷрокунандаи сохтмон кист, муҳлати анҷоми кор кай аст ва маблағи ҷудошуда дар дасти кадом ниҳод қарор дорад? Вай бояд бо пули аз буҷет барои ин ду муассиса ҷудошуда мактабу бунгоҳи тиббиро бисозад, на ин ки сокинонро маҷбур кунад аз ҳисоби худ пул ҷамъ кунанду ройгон кор намоянд.
Падару модарон, духтарони худро дар кузови мошини «Портер» ба маршировка нафиристед. Агар ин маърака барномаи расмии давлат аст, пас ҳукумат вазифадор аст нақлиёти бехатар, хӯрок, об, либос ва тамоми хароҷоти онро таъмин кунад. Фарзандони шумо бор нестанд, ки онҳоро дар кузови мошини боркаш чандин километр аз роҳҳои кӯҳистонӣ баранд. Агар воситаи бехатари нақлиёт вуҷуд надорад, маршировка бояд қатъ карда шавад.
Бас аст тарсидан! Ҳар қадар тарсидед, ҳамон қадар шуморо мурғ пиндоштанду пар канданд; хар гумон карданду саворатон шуданд. Ҳар боре хомӯш мондед, бори дигар ба пуштатон бор гузоштанд. Имрӯз барои маршировка 10 сомонӣ мепурсанд, фардо барои бунгоҳ 700 сомонӣ, пасфардо барои мактаб 300 сомонӣ ва баъд барои ҳар намоиши дигар боз дари хонаатонро мекӯбанд.
Бас аст чорзону задан! Шумо ғулом нестед ва ҳаққи худро талаб кардан ҷиноят нест. Дастаҷамъона бигӯед:
Пул намедиҳем! Бе музд кор намекунем! Фарзандонамонро дар кузови «Портер» намефиристем! Аввал аз 14 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҳисобот диҳед!
Агар аз шумо пул талаб кунанд, номи талабкунанда, маблағ, таърих ва сабаби талабро сабт кунед. Паёмҳои WhatsApp, сабтҳои аудиоӣ, рӯйхати пулдиҳандагон ва расидҳоро маҳфуз нигоҳ доред ва ба «Ислоҳ» фиристед. Агар таҳдид кунанд, таҳдидро низ сабт намоед. Танҳо бо санад метавон ин низоми пулҷамъкунӣ ва кори маҷбуриро фош кард.
Зарина Идиева ва масъулони ноҳияи Рашт бояд бидонанд: мардум дигар вазифадор нестанд камбудкории мақомотро аз ҷайби худ пӯшонанд. Ё маблағи буҷетиро ба таври шаффоф масраф карда, мактабу бунгоҳи тиббиро месозед, ё назди мардум ҳисобот медиҳед, ки миллионҳо куҷо шуданд.
Мардуми Рашт, натарсед! Пул надиҳед, ба кори маҷбурӣ набароед ва фарзандони худро қурбони намоишҳои сохтаи бе маъно ва моҳияти Раҳмонов накунед!
