Сомони Эмомалӣ ба саҳна баромад: «доля» аз ҳама!
Шумораи ҷадиди моҳномаи «Семейканюс»-ро пеши рӯ доред. Ин бор ҳам маҷаллаи мо бо гузоришу хабарҳои наву ҷолиб аз зиндагии пушти пардаи ин Оила таҳия ва таркиб ёфтааст.
Ин бор аз Сомону аз Фарзона, аз Фарози Шамсуллову аз 7ум отдели Шорух хоҳем гуфт. Ҳамчунин аз қудоҳои Раҳмонов,—хусуру хуштомани Сомон ва низ аз Шарифбеки ҷаҳонгард, хусури Тахмина мегӯем, ки ҳини сафари давлатии Раҳмонов дар Муғулистон медол гирифт
Дар бораи Нурҷаҳон Исмоилов, муовини Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ҳам маводи хонданиеро пешкашатон намудем.
Хуб, ҳоло биравему бубинем, ки чи хабарҳо дорем ва сипас навбати гузоришҳо:
Ауксион барои Фарзона
Дар шумори домодҳои расмиву ғайрирасмии Раҳмонов ҷойи шавҳари Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии Президенти Тоҷикистон, ки соли гузашта сардори яке аз раёсатҳо дар вазорати тандурустӣ таъин ва соли ҷорӣ номзади улуми тиббӣ шуд, холӣ аст. Доватлабон хеле зиёданд.
Фарзона, онгуна ки дар ҳасби ҳолаш тазаккур мешавад, 29 сол дорад, муҷаррад ва модари танҳост. Вай келини Юсуф Раҳмон, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон буд. Шавҳари Фарзона Сафар дар вазорати хориҷӣ кор мекард. Дурусттараш шавҳари собиқаш.
Довталабон аммо аз шумори кормандони баландпояи Прокуратураи Генералӣ бисёранд. Масалан Умед Каримзода, муовини аввали Прокурори генералӣ бисёр талош дорад, ки Фарзонаро ба хонаводааш мулҳақ намояд. Барои ҳамин бисёр мехоҳад, ин ауксиони ,бузург ва моҳии тиллогинро бо даҳҳо миллион бибурад.
Ҳар вақте маст мешудааст, мегуфтааст, ки «бар қасди Юсуф Раҳмон духтари Президента меораму Генпрокурор мешавам. Он вақт аввал Юсуф Раҳмон ва баъд чанд каси дигарро дар Прокуратура маҳкам мекунам. Вақте мебинед ман ба оилаи Президент наздик шудам чи хел переворот мекунам. Ма нисбати ҳамашон дела -факт дорум. И домсоз ва наркаборон Юсуф Раҳмона аввал тамоми пулоша мегируму баъд кирпичный турма мебарум лична!! Ма нисбати любой мақомдор мавод ва делаҳо бо факту далелош дорум- вазири МВД Рамазон Раҳимзода ва нисбати СС.Ятимови КДАМ ва ҳам нисбати Шорихшам. Ҳатто нисбати домодойи Президент ҳам садта делаҳои изнасилований, статяи 138, даже 104 куштори барқасдона дорум. И делаҳора тайёр карда як ҷойи махфида мондагиюм. Ҳамашон ай ма мутаҳаман, ино пунг гуфта наметонан. Аку ба як наздики ба Нуриддини акаш иҷаҳода расидм, пас аз Фарзонара соҳиб шудан бинен чикоро мекунум…».
Аммо, инро бояд бигӯем, ки то кунун ба ҷуз аз нашри рамзомезу паёмдор (муҷаррад) дар ҳасби ҳоли Фарзона аз тарафи вазорати тандурустӣ ҳеҷ алоими дигар барои эълони вакансия- домоди кенҷагии Раҳмонов ба мушоҳида нарасидааст ва ауксион барои тасоҳуби Фарзона ба анҷом нарасидааст. Агарчи 7 ашхоси маъруф ҳам дар ин сабқат сахт мехоҳанд иштирок кунанд вале то ба ҳол натиҷаи дилхоҳ ба даст наовардаанд. Дилаки Фарзона ҳоло ҳам ба ҳаму дӯстдоштаи пешинаш будааст.
Фарзона ва кони тилло дар Ромит
Раҳмонов ва оилааш муваффақ нашуданд, ки барои кони тиллои Фарзона дар Ромит партнёри мувофиқ биёбанд. Чуноне, ки барои худи Фарзона партнер (шавҳар) мувофиқ наомад ва бо як кудак раҳо шуду рафт.
Хитоиҳо он кони тиллоро нагирифтанд. Оила дар аввал 30 ба 70 пешниҳод карданд, хитоиҳо не гуфтанд. 40 ба 60 пешниҳод карданд, боз ҳам хитоиҳо рад карданд.
Хостанд, ки 50 ба 50 кунанд, ки дигар хитоиҳо рафта буданд.
Ин кони нави тилло дар Яфрак аст ки чанде пеш кашф шуда буд ва Раҳмонов онро ба духтари хурдиаш беваи Фарзона инъом кардааст. Ҳозир хеле тагу боло даводав карда истодаанд, ки сармоягузор пайдо кунанд.
Зимнан, чун масъала дар мавриди сармоягузору сарпараст омад Давлаталӣ Саид, ки муовини аввали раиси Ҳукумати Тоҷикистон буд (ҳоло раиси вилояти Хатлон) ва Ҷамолиддин Нуралиев, муовини пешини раиси Бонки миллӣ ва яке аз домодҳои расмии Раҳмонов кадом конеро дар ноҳияи Айнӣ ба хитоиҳо фурухта будаанд. Ин ду нафар пули калон (пора)гирифта ин корро карда будаанд ва як сабаби барканории ин ду нафар ҳамин будааст, аз ин пул ба Раҳмонов надода будаанд.
Ин шурӣ-мурии ин ду нафар замоне бармало мешавад, ки Ҷамолиддин Нуралиев як бинои бонки миллӣ, ки дар қарибиҳои кӯли маъруф ба Комсомол воқеъ аст гирифта дар ҷойи он ресторан месозад.
Дар ҳар сурат ҳоло як масъала, ки дар назди Кумитаи сармоягузорӣ оила конкретно мондааст, ёфтани сармоягузор барои кони тилло дар Яфраки Ромит аст, ки Раҳмонов ба Фарзона тӯҳфа карда буд. Дар дақоиқи охир чунин маълумот расид, ки Раҳмонов гуфтааст шумо кора ҷазир кадагиен аку ма сари Муғулора тоб метим меорм ҳами кона меспормшон. Дар сафари рӯзи 21.07.2026 ба Муғулистон Раҳмонов чунин шартномае бо Муғулистон имзо кард.
Шамсулло тиҷорати биринҷи қазоқро ҳам ғасб кард
Ширкати аждаҳонафси «Фароз», ахиран воридоти биринҷ аз Қазоқистонро ҳам таҳти тасарруфи худ гирифт. Бинобар омори расмӣ ба Тоҷикистон аз Ҳиндустон, Узбекистон, Қирғизистон ва аз ҳама зиёд аз Қазқистон биринҷ ворид карда мешавад. Биринҷи қазоқӣ арзон ва дастрас аст. Бо биринҷи ватани имкони таъмини аҳолӣ бо он ғайриимкон аст.
Аз Қазоқистон зиёд ворид мешавад. Чандин нафарҳо ба ин кор машғул буданд. Тамоми тоҷирҳоро маҷбур карда истодаст, ки бас кунанд ё ки ба«Фароз» аъзо шаванд. Ман ҳозир аз инҷо ба Қазоқистон пул таҳвил медиҳем аз онҷо биринҷ меояд. Инҷо як системаи муназзам шакл гирифта корҳо бо як мароми ҷолиб пеш мерафт.
Ҳозир инҳо дигар намегузоранд, ки кор на прямой иҷро шавад. «Фароз» через мо гиред гуфта истодааст. Ҳама бизнесменҳоро ҷеғ зада дароварда ё бас мекунад ё через «Фароз» мегиред гуфта таҳдид карданд. Ошкоро. Ин кор такрори ҳамон ғасби тиҷорати селитра аст. Айнан ҳамон. Тоҷирони хуҷандиву истаравшанӣ ин тиҷоратро ба роҳ монданд, аммо онро тоб доданд.
«Селитраро аввал гирифт. Аз Узбескистон медаровраем. Аммо инро дигар тамом карданд.
Фароз пурра гирифт. Таможний, амният, милиса, налог, коррупсия ҳама дар дасти худашон. Селитраро гирифтанд. Барои ҳамин нарх чанд баробар боло рафт. Ҳозир ягон кас худаш на прямой рафта оварда наметавонад.
Биринҷро шумо ҳам мехостед меовардед, ман ҳам, ҳар каси дигар ҳам. Ҳозир инро ҳам мисли селитра карда истодаанд.
Оптовикҳо,яклухтфурӯшҳо пулро мебаранд ба «Фароз» медиҳанд «Фароз» ба онҳо биринҷ медиҳад. Якта -якта фаҳмондадиҳӣ кард. Бас мекардагиаш бас кард, бас намекардагиаш маҷбур бояд бо «Фароз» кор кунад, дигар виход надорад. Аъзо мешавад.
«Фароз»дар болои бор ҳақи худро мегузорад ва низ бозорро пурра контрол мекунад. Хуллас, тиҷорати биринҷ аз Қазоқистон дар вилояти Суғдро дардасташ гирифт.
«Мо аз баҳраш баромадем. Рости гап, тарсидем, бовар надорем. Мумкин як рӯз ҳамаашро кашида гирад. Чи гуфтан метавонед?
Бозори таърихии Панҷшанбеи Хуҷандро гирифтанд.
Ман барномҳои шуморо медидаму мегуфам, хайр инҳо оппозитсия, бадгӯӣ мекунанд, корҳо хуб рафта истодааст, ку. Дар ҳақиқат хуб буд. Шумо мегуфтед ин оилаи касифи гадогушна. Дар ҳақиқат ҳамин тавранд.
Аз тиҷорати биринҷ ягон сад кас фақат барои овардан аз Қазоқистон нон мехӯрд. Бо мошин меовардем. Инҳо акнун бо поезд меоранд, ки тамоман арзон. Вале аллакй нархро 50 % боло бурданд. Як чизи камбағалхӯрак буд, ки ба ҳаминам чангол андохтанд ин оилаи гушна.
Шӯъбаи 7-ой отдели Шорух
Шуъбае бо номи 7ум отдел. Гуё аз МВД аст аммо УВД-и Душанбе, Шорух Саидро подчинятса мекунад. Ин гурӯҳи мусллаҳи «Шоҳин» нест. Ин як чизе дигар аст. Дар он одамҳои Шорух кор мекунанд. Шумори онҳо на кам аз 200 одам аст. Онҳо одӣ ва бидуни кадом униформаанд. Единственний инки фақат Шорухро гӯш мекунанд.
Дар ҷашни Наврӯзи Ваҳдат бояд як стичка-занозанӣ, бетартибӣ баргузор мешуд.
Дар ин наврӯзӣ Ваҳдатро ранги Бадахшон карданӣ буданд. Тибқи нақшаи СС-и махуф, ин кор бояд сурат мегирифт: паррон-паррон бояд мешуд. СС-и махуф тоб доданӣ буд. Вале 7-ой отдели Шорух сразу фаҳмид ва доклад кард. Кор не по плану шуд. Наврӯз ҷойи горячий буд. Вале новобаста аз маҳор шудани ин нақша чанд касро бурдан шинониданд.
Аммо 7-ой отдел ягон касро гуш намекунанд. Ба онҳо дастур шавад, любой корро мекунанд:-раиси ҷамоат, раиси хоҷагии кишоварзӣ, участковий, меорӣ, любй касро биёр гӯянд мебиёянду мебаранд. Ин хел пурсупосу ину он намекунанд, ҳиҷ званияву ҳиҷ чизе ҳам надоранд. Инҳо дар байни мардум мегарданду кор мекунанд, коргар «оформит» шудагианд ё не, номаълум, форма ҳам надоранд.
Инҳо маошашонро аз ҳар су мегиранд: аз дасти таксистҳо, аз дасти шефи ресторан ё мудири мағоза. Маошашон аз кадом сохтор маълум нест. Мегуянд рав аз фалонҷо гир: аз фалон кафе, аз фалон ходокхона. Инҳоро грузит карда бошанд ё усули корашон ҳамин аст номаълум, вале ҳамин хел маош мегиранд кормандони ин отдел. Дар байнашон ягон нафар аз мардуми маҳаллӣ нест.
Нурҷаҳони ҷониши Рустами Эмомалӣ вориди саҳна мешавад
Нурҷаҳон Исмоилов, муовини Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе дар ҷони ҳама задааст. Ба воситаи шогирдҳояш то хотдогфурушҳоро доля бастааст, ҳоло дигар соҳибкорҳо «усу бестан. И хел гишнапиштша нав дидем».
Нурҷаҳон Исмоилов якҷо бо Дилшод ва Даврон Ҷураевҳо ва баҷоӣ аз Рустам чи корҳоеро дорад анҷом медиҳад. Аммо тавре вонамуд мекунад, ки қаринтарин нафари Рустам аст. Ҳафтаи гузашта аз чанд кас ба номи Рустам доля гирифтааст- 165 ҳазор доллар. Нурҷаҳон Исмоилов дар кругҳои мухталиф овоза андохтааст, ки дар ҳамон мошине, ки дар ДОК бо рақамҳои 1111 бо ду арус авария кард, Исмоили пингвин ҳузур дошт. Барои ҳамин ҳоло Рустам Исмоили пингвинро «на три букви» посилат карда гуфтааст, ки давру барам напар, ки обрӯи маро паст задӣ ҷиян.
Айни замон Нурҷаҳон Исмоилов таги фирмаи Фарози Шамсуллоро кофта истодааст. Гуфтааст, ки ин супориш прямойи Рустами Эмомалӣ аст.
Дар нишасте байни одамони наздикаш Нурҷаҳон Исмоилов гуфтааст, ки барқ ва об дар Душанбе нарасида истодааст. Сабаб сохтумонҳои калони домҳои бисёрошёна, ки баъзеаш то 30 ошёна боло шудааст. Аллакай дар Душанбе обро хушк мекунанд, барқро 4-5 соат мекушанд. Барқро мекушанду ба мардум мегӯянд, ки барои пешгирӣ аз таркиши трансформаторҳо ин корро кардаанд. Ҳама кондиционер мемонанд, трансформаторҳоро зӯр меояд. Хуб, агар ин тавр аст бо трансформаторҳои боқувват иваз кунед. Пули барқро ку тин ба тин мегиред. 45-50 дараҷа гарм. Бе кондиционер намешавад. Мардум ба дод омадаанд. Ҳама маводи ғизоӣ дар яхдонҳо аз бе бебарқӣ вайрон мешаванд. Камбағал ду кило гӯшт мехарад, барқ нест вайрон мешаваду бӯ мегирад.
Ман ҳайронам, ки вақте об проблема шуда истодааст, чаро Рустами Эмомалӣ дар шаҳр сохтмони биноҳои 30-40 ошёнро иҷозт медиҳад?
Ин домҳои баландошёнро бо обу барқ таъмин кардан даркор. Наход ҳамин чизи одиро нафаҳмед?
Дар ҳақиқат Нурҷаҳон Исмоилов рост гуфтааст, ки «да и Рустам сума бте Рустама тамом, чи коре мекни кадан гир».
Сомон «кор»-и худро хоҳад кард
Аз Сомони Эмомалӣ ҳанӯз хабарҳое, ки ӯро муаррифии бештар бикунад, нахондаем. Соли 2012, вақте талабаи синфи чор буд барои таҳияи луғати чорзабона дар як олимпиада, ки дар Бухарести Руминия баргузор гардид, барандаи ҷоизаи байналмилаӣ гардид. Он вақт Сомони Эмомалӣ дар литсеи турки таҳсил мекард. Дар олимпиада ҳамроҳи ҳамсинфаш Исрофилов Исмоил гӯё барномаи таҳияи компютерии «Луғат дар чор забон» медали тилло гирифт.
Баъдан дар соли 2019 Сомон, ки ҳанӯз 21 сол дошт, мудири ширкати «Тоҷик-кабел» таъин шуд.
Августи соли 2022 дар 24 солагиаш зан гирифт. Он вақт гуфтанд, ки арӯси Сомон духтари як нафар низомӣ аз Хатлон аст ва он духтарро дар расми пешвоз ё дар кадом маршировка бошад худи Раҳмонов барои Сомон писари кенҷагиаш, писаре, ки дар Душанбе зода шудааст, хуш кардааст. Сомон дар соли 1998 ба дунё омадааст.
Ҳоло Сомон линия ва политикаи худро пеш бурда истодааст. Ба ҳеҷ кадоме аз аъзои оила гӯш намекунад. Ҳамаашонро задагӣ.
Мову шумо хуб медонем, ки ҳар касе аз аъзои Семейка як роҳу васила барои сарватандӯзӣ интихоб кардаанд. Вале Сомон писари ноздона ва тулфори Эмомалӣ, дар ҷамъоварӣ ва андӯхти сарват «рақобат» бо бақия аз аъзои оиларо шурӯъ кардааст.
Сомони Эмомалӣ на ба тарзе, мисли дигар аъзои оила, ки ғасби корхонаҳову бизнесҳои тайёри мардум мекунанд, масалан Ҳасан Асадуллои тағояш аз Ориёнбонк шурӯъ карда то бозор Панҷшанбеи Хуҷандро гирифт, ё масалан Шамсулло Соҳибов,ки заправкаҳои Умед-88 ва ширкати Тоҷирони Умаралӣ Қувватов ва даҳҳои дигарро тасарруф кард, ва ё дигару дигарҳояш, роҳи худашро пайдо кард. Яъне Сомони Эмомалӣ ба ин роҳ нарафт. Балки бадтар аз инҳо кард. Рафту худи соҳибкронро «ғасб» кард. Онҳоро бор баст, грузит кард, дар доля шинонд. «Одамон»-и Сомони Эмомалӣ назди соҳибкорону мансабдорон мераванду конкретно нарх мемонанд ва «доля»-и Сомонро нақд мекананду мераванд. Барои Сомон фарқ надорад, ки он соҳибкор ё мансабдор зери соя-кришаи кадоме аз ъзои «Оила» аст ва маблағи хостаи ӯро аз куҷо, аз буҷа, ё аз ҷайби худашон медиҳад, муҳим инки медиҳаду халос мехурад.
Барои вай фарқ надорад, ки аз Ҳасан аст аз Шамсулло аз Озода.
Як бор ду бор хоҳарҳову язнаҳо чашм пушиданд, ки хуб Сомон як ҳавас кардаст. Аммо неъ, неъи неъ. Бештар карда истодаасту камтар не. Назди раиси ноҳия, раиси суд, раиси вилоят вазир, «одам»-и Сомони Эмомалӣ дар вақти тъиншуда мераванд.
Амалан Сомони Эмомалӣ кори рэкетёрҳои давраҳои аввали Раҳмоновро ташкил карда ва бандаи худро дар майдон дровардааст. Доля ин тавр, ки 100-150 000 не аз 200-250 000 доллар боло.
Кор ба ҷое мерасад, ки кадоме аз аъзои оила ба Раҳмонов мерасонад, ки Сомон ба чи корҳо даст зада истодааст. Раҳмонов аз шунидани ин кирдорҳои Сомон ба хашм меояду фишори хунаш мехезад ва давленияшро поёну муътадил карда наметавонанд. Сабаби чанд муддат касал ва нопадид шуда барои табобат ба Хитой рафтани Раҳмонов ва баланд шудани шоеъот дар мавриди саломати вай ҳамин кирдори Сомон будааст.
Исмати дуликро низ Сомони Эмомалӣ тез -тез омада доля баста аз вай маблағҳои ҳангуфтеро мегирифтааст. Дулик, ки шахси беҳад ҳаромхӯри баднафс аст ва фурудгоҳро хеле дуздида буд, наметавонист рад кунад. Аммо дар ниҳоят маълум гардид, ки маблағи асосӣ ва бузургро Сомони Эмомалӣ гирифта будааст. Ва, сабаби асосии раҳоии Исмати дулик ҳам ҳамин пулканиҳои Сомони Эмомалӣ аз Исмати дулик будааст.
Ҳасан ва Азизмоҳ ин корро аз Раҳмонов пинҳон нигаҳ доштанд, то ки боз давленияш нахезаду ҷонаш мисли гуз набарояд. Раҳмонови бехабар аз кори Сомони Эмомалӣ, бо ташаббуси Зоири мундуқ амри тафтиши фурудгоҳро медиҳад. Исмати дулик баъди чанд вақт нишастан дар СИЗО мебинад, ки оила ӯро қурбонӣ кард, тавассути Ҳасан ба Азизмоҳ хабар мерасонад, ки «озод нашавам, маблағҳои гирифтаи Сомону иртиботи ӯро дар ғорати фурудгоҳ ошкор мекунам, обрӯи шумо мерезад». Ин ду нафар «даст ба кор шуданд»-у озодаш карданду ҷаримаҳоро низ Сомон ба зимааш гирифт, то ки байни мардум овоза нашавад ва аз ҳама асосиаш Раҳмонов огоҳ нашавад.
Умедворам, ки баъди нашри ин хабар давленияи Раҳмонов барои охирин бор мехезад.
Ва, аммо дар охир. Он низомии баландпояи хусури Сомон ҳоло Фармондеҳи Неруҳои сарҳадбони Тоҷикистон (погранвойск) ва муовини аввали раиси КДАМ генерал Раҷабзода Муродалӣ Раҷаб аст ва хуштомани Сомони Эмомалӣ,яъне зани ин генерал Файзиддинзода Бунафша, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳарду аз Данғараанд ва ҳарду ба ин мансабҳои баланди давлатӣ баъди қудо шудан бо Эмомалӣ Раҳмонов расидаанд.
Бале, мо беҳуда нагуфта будем, ки бо Эмомалӣ Раҳмонов қудо шавӣ вазир мешавӣ.
Намунаи дигари фоида ва даромади ҳангуфтро дар қдошавӣ бо Эмомалӣ Раҳмонов дар рушду ривоҷи бизнесҳои Шарифбек Давлатов мебинем. Шарифбек падари Зарифбеки шӯи Тахминаи Клеопатраи Эмомалӣ Раҳмонов аст.
Шарифбеки ҷаҳонгард
Барои он Шарифбеки ҷаҳонгард мегӯем, ки Шарифбек Давлатов дар кадом гӯшаи дунё равад ҳатман сурати Раҳмоновро мебараду насб мекунад. Хуб, дигар мълум аст ки чаро?
Аммо ин бор, ки Раҳмонов ӯро дар ҳайати ҳамроҳонаш ба Муғулистон бурд ва ҳукумати муғул ба вай ба унвони бизнесмени муваффақ медол дод мояи ҳайронӣ буда наметавонад. Шарифбек Давлатов, ба ҳайси раиси ООО «Лесинвест» дар тиҷорати гӯшти Муғулистон саҳми бисёр муассир гузоштааст ва барои ҳамин аз тарафи муғулҳо ҷоиза дарёфт кардааст.
Гӯшти воридотӣ ба Тоҷикистонро ҳам дар ниҳоят фаҳмидем, ки оила тасарруф карда будааст ва инки нархи гӯшт дар Тоҷикистон бешубҳа боло аст, низ аз «баракат ва файз»-и ҳамин оила будааст. Ва, акнун чанд ҷумла аз Мадина, духтари Шарифбек. Дар бораи Мадина ва нақши меҳварии он дар баҳамоварии Тахмина ва Зарифбек аст.
Мадина, духтари Шарифбек Давлатов шӯи нав кардааст. Ба ҳама дурӯғ гуфтааст, ки гӯё шу дорад, аммо никоҳ надорад. Танҳо маҷбур бо тариқи шантаж ягон бор …карда бошад. Ба як бойбачаи дузана ошиқ мешавад. Ин бойбача як помиридухтарро дуст медоштааст, зани дуюмаш будааст. Мадина, духтари Шарифбек ба ҷони ин помиридухтар суиқасд ташкил кардаст. Гуфтааст, ки
«и бача ай май тамом, чизе мада мақул шава аз ман мешавад».
Ин духтари помириро бо сеҳру ҷоду он бойбача ҷудо кардааст. Ин бойбача, ки аз духтари Шарифбек Давлатов метарсад, маҷбур хап кардаасту шиштаст, дигар илоҷ надорад. Духтари Шарифбек чанд бор пластический оператсия кардааст, ки ҷавон шавад. Барои кавалери ҷавонаш сатр мекунад, лекин дар пушти ин сатр кинотеатр аст. Духтарҳоро Туркия бурда чеҳраашонро иваз мекунад, медузонад, духтарҳоро бурда ба мардҳои пулдор мамарозагӣ мекунадашон.
Мадин духтари помириро угрожат мекунад шантаж, шттоҳӣ аз мақомот тарс таҳдид кардааст, ки «аз ин кавалери ма даст бкаш агане ма нобуд мекнмта». Барои ҳукумати Раҳмонов дар ҳукумати Раҳмонов ҷову ҷойгоҳи қудоҳо алоҳида аст. Онҳо ҳам ранги худи Раҳмонову фарзандонаш болотар аз қонун набошанд ҳам аммо қонуни зери пойи инҳо, задагӣ қонунро.
Зарифбек Давлатов, шавҳари Тахминаи Клеопатра (шавҳари дуввум) дар аввал дар давраи Музаффар Исҳоқов, ки он замон раиси «Тоҷикайр» буд хост, ки додараш дар инҷо вазифа бигирад. Музаффар Исҳоқов нахост, гапи Зарифбекро нагирифт Зарифбек кабинети Музаффар Исҳоқов меояд ҳамроҳаш разбор мекунад.
Музаффр Исҳоқов мегуяд: « Э, Зариф агар он қадар ҷавонмардӣ ина кресло раву шин. Бра бишин, ку бубинам чи хел иҷара регуровка мекунӣ, метонӣ ё наметонӣ ва мегӯяд, ки ҳуй бухур ай иҷа. Ман инҷо бо чи проблемаҳое даступанҷа нарм мекунам боз ту меоиву порядка ва условия мегузорӣ, ҳамаи инро меравам дар пеши Ҷаноб мегуям».
Зарифбек мегардад мегӯяд, ки ҳозир меравам пеши язна. Ва бо тамасхур, ки «шумо язна меген ку Таҳминаро, мерам пеши уда гиряву нола мекунам, нигоҳ кун аташа мега чи корут мекна».
Музаффар Исҳоқов мебоист ба президент доклад мекард. Саҳарӣ президнт Музаффар Исҳоқовро аз вазифа мегирад. Чунки Тахмина пеши падараш рафта Музаффар Исҳоқов ро сиёҳ мекунад, ҳар хел тӯҳмату буҳтон мекунад. Гуё гуфта бошад, ки «ай дасти Президнт ягон хок намеоя, Президенти ман Ҳасанай». Барои ҳамин Музаффар Исҳоқовро аз вазифа Раҳмонов мегирад.
Танҳо баъд аз омадани Фируз Ҳамроевич додари Зарифбекро ҳамчун намояндаи Тоҷикайр дар Дубай таъин карданд.
Тоҷикайр як склади калон дошт, ки дар бари аэропорт воқеъ буд. Дар давраи Фируз Ҳамроев як нафарро бо номи Икром аз Ваҳдат оварданду муовини Тоҷикайр монданд. Ин Икром аз одамони Тахмина, ошнои шавҳари пешинаи Тахмина буд. Шогирди Тахмина ва ошнои шӯи пешинаи Тахмина буд. Баъд Тахмина ӯро масъули билетфурӯшӣ таъин кард ва ҳамзамон муовини якуми Фируз Ҳамроеви раиси Тоҷикайр.
Аммо инҳо склади калонтарини «Тоҷикайр»-ро гирифтанд ва Тоҷикайрро қарздор карданд. Ҳам авиакассаи собиқ дар назди Зелений бозорро аз дасти инҳо гирифтанд.
Оймаҳмадов Маҳмадамини ваҳдатиро хуб мешиносам. Намояндаи собиқи тиҷорати Тоҷикистон дар Теҳрон. Рустами писари Оймаҳмадов Маҳмадамин дар МИД-и Тоҷикистон кор мекард. Вай шавҳари Мадинаи духтари Шарифбек буд. Аз вай ду писар дорад. Лекин беҷогардии занашро фаҳмид, диду сар дод.
Оймаҳмадов Маҳмадамин бемор шуд, ҷарроҳӣ карданд сиҳат шуд. Баъди амал-ҷарроҳӣ паиҳам ду сузандору тазриқ мекунанд, вай аз дунё мегузарад. Дар беморхона баъди ҷаноза гап-гап шуд, ки гуё Оймаҳмадов Маҳмадаминро қасдан укол карда куштанд. Барои онки баъди ҷарроҳӣ саҳараш мехезад мегардад.
Акнун каме ба қафо бармегардем Рустам баъди Мадинаро сар додан хеле азоб кашид. Гурехта ба Швеция рафта буд. Мадина ба интиқомҷуӣ ва қасосгирӣ пародохт.
Баъд падари Рустам Оймаҳмадов Маҳмадаминро грузит карданд. Барои Мадина хона харида дод, вале боз хеле аз пулашро канда сипас ором шуд.
Рустам баргашт ба Тоҷикистон. Рустам розӣ набуд бо ин духтар оила барпо кунад. Вале падар писарашро розӣ мекунад. Мадина то Тахминаро ба Зарифбек додан сахт бо Рустам меҳрубон буд. Барои онки Тахмина пеши Рустам меомад, вале Мадина аз рашку тарси Тахмина Рустамро ягон чиз гуфта наметавонист. Вақте Зарифбекро ба Тахмина доданд Мадинаи духтари Шарифбек Рустамро вообще писандам намекард, чапу рост мегашт. Рустам Мадинаро гирифт, ки нодухтар буд. Аз ҳамон вақт Рустам пушаймон шуда буд. Пеш аз Рустам Мадина дар сари зонуи қумандонҳои Фронти халқӣ мегашт.
Аз дастгоҳи Президент ба Оймаҳмадов Маҳмадаминро унвони академик оварда доданд. Пагоҳаш ду сузандору карданд Оймаҳмадов Маҳмадамин мурд. Оймаҳмадов Маҳмадамин хеле саводи хуб дошт. Китоби зиёд навишта буд дар бораи иқтисодиёт ва дар бораи гумрук. Оймаҳмадов Маҳмадамин пеш аз Раҳмонов дар мансабҳои давлатӣ кор мекард. Лекин дар давраи ин номард афтоду истифода бурданаш.
Вале ҳоло корди Шарифбек Давлатов болои равғану гӯшти муғулӣ аст. Ин ки ин гӯштҳо бо забҳи исломианд ё хайр касе наметавонад гарантӣ диҳад ва тафтиш кунад. Чунки вай қуда аст, қудаи Калон. Инро низ бояд донед,ки гуштҳои воридотӣ аз Белорус ва Муғулистон ҳамааш дар дасти Шарифбек Давлатов ҳаст. Гушти Белорусро навор карда гузоштанд,ки дасткушу ҳалол аст. Аммо ҳоло гушти Муғулистон як муаммои дигари бузург аст. Миллат бояд дар истеъмоли гуштҳои воридотӣ аз ду кишвар сахт эҳтиёт бошанд. Шарифбек Давлатов аслан барояш ҳалолу ҳаром фарқе намекунад муҳим пул бошад барояш кофист.
Пасгуфтори Ислоҳ!
Ин шумораи «Семейка News» боз як паҳлуи зиндагии пушти пардаи Оиларо ошкор кард: Фарзона бо кони тиллои Яфрак ва довталабони «ауксион»-аш, «Фароз» бо ғасби тиҷорати биринҷи Қазоқистон, гурӯҳи бенишону бесуроғаи «отдели 7»-и Шорух, Нурҷаҳон Исмоилов бо долягирӣ аз номи Рустам, Сомон бо фиристодани одамонаш назди соҳибкору мансабдор ва Шарифбеки ҷаҳонгард бо тиҷорати гӯшти Муғулистону Беларус.
Шумо шояд гумон мекунед, ки касе намебинад, касе намешунавад ва касе ҷуръати гуфтан надорад. Аммо ҳар боре, ки даст ба моли мардум мезанед, ҳар соҳибкореро метарсонед, ҳар тиҷоратеро ғасб мекунед ва ҳар пули ҳаромеро миёни худ тақсим мекунед, дар дохили ҳамин миллат касе ҳаст, ки мебинад, сабт мекунад ва хабарро берун мебарорад.
Аз миллат битарсед! На аз он миллате, ки имрӯз хомӯш менамояд, балки аз он миллате, ки номҳо, чеҳраҳо, ширкатҳо, конҳо, доляҳо ва гурӯҳҳои махфии шуморо рӯз ба рӯз беҳтар мешиносад. Шумо дигар дар паси номи президент, КДАМ, прокуратура, милиса, «Фароз» ё қудогӣ пинҳон шуда наметавонед. Деворҳои қасрҳоятон ҳам дигар сирро нигоҳ намедоранд.
Имрӯз хабар аз дохили идораҳо, хонаҳо ва маҳфилҳои худатон берун меояд. Фардо шояд нафаре, ки имрӯз дастури шуморо иҷро мекунад, тамоми санадҳоятонро рӯйи миз гузорад. Аз ҳамин миллат битарсед, зеро он дигар танҳо мешунаваду итоат мекунад, не — шуморо мешиносад.
