Номаи маро алоҳида нашр кунед №68
Нависандаи ин нома, ки хостааст маҳз дар барноми «Номаи маро алоҳида нашр кунед» чоп шавад дар гузашта аз кормандони мақомоти суди кишвар будааст. Вай дар нома дар бораи кору фаъолияти Самад Зафар, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта ва ӯро дар ҷойи худ номуносиб ва тасодуфӣ хондааст. Мегуяд, ки сабаби асосии ба ин мақом таъин шудани ин нафар наздикӣ бо Асадулло Раҳмон, ёрдамчии президент дар умури кадрҳо ва аз зодгоҳаш-Данғара мебошад.
Зимнан баъди мурур ва омодаи нашр кардани нома мо аз интернет дар бораи ин генерал-лейтенант маълумот хостем.
Ҷаноби Зафар Самад тамоми умр дар соҳаи ҳарбӣ кор карда будааст-шахси военний. Дар тарҷуми ҳолаш маҳалли таваллудаш, ки Данғара будааст, зикр нашудааст. Гуфтаанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Асадулло Раҳмон хиҷолат кашидааст, ки зодгоҳи у-Данғараро дар тарҷумаи ҳолаш зикр намояд. Гуё мардуми Тоҷикистон намедонанд, ки аксарияти вазиру руасҳои ҳукумати Раҳмонов данғарагианд. Ва ин як ҳукумати маҳаллӣ-қабилаӣ аст.
Хуб, дар поёни навишта тарҷумаи ҳоли Зафар Самадро ҳам меоварем. Вале ҳоло номаи навиштаи собиқ корманди суд, ки мегуяд бознишаста шудааст:
Номаи як бознишастаи мақомоти суд: «Дар Агентӣ чӣ мегузарад?»
Ассалому алайкум бародари гиромӣ ва арҷманд Муҳаммадиқболи Садриддин! Рости гап чанд моҳ аст ки барномаҳои Шуморо тамошо карда ҳаловат мебарам.
Банда бознишастаи мақомоти суд ҳастам ва мехостам ному насабам ба хотири бехатарӣ махфӣ нигоҳ дошта шавад. Бисёр аз Шумо миннатдор ҳастам. Худованд ба Шумо барору баракат ато кунад, эй марди хирад ва бо ҷасорат.
Хоҳиши ман ин аст ки номаи маро алоҳида чоп кунед. Чунки бисёр ҳам набошад аммо кутоҳ ҳам нест. Нома ба кору фаъолияти яке аз шахсони мансабдори имрӯзаи Тоҷикистон генерал-лейтенант-Самад Зафар Тағай, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Ин шахс зодаи Данғара аст ва имтиёзи аввали ӯ ҳам барои касби ин мақом ҳамин зодгоҳаш буда, козери асоситаринаш бошад ҳамсинфи Сумбулоғо-Асадулло Қимматович Раҳмони хушбурут, ёрдамчии кадрҳои Эмомалӣ Раҳмон буданаш мебошад, ки имрӯзҳо ӯро пуштибонӣ мекунад. Агарчанде ақлаш дар қиёси одамӣ тақрибан ба писари даҳ-дувоздаҳ сола баробар бошад ҳам пуштибонаш дар Ҳукумат Сумбулоғост ва аз ин хотир парвое надорад.
Ҳолати воқеии фаъолияти имрузаи Агентӣ бениҳоят вахим аст, муносибати директор бо ҳайати шахсии Агентӣ дар сатҳи ниҳоят паст қарор дошта, риояи қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ умуман муроот намешавад.
Генерал-лейтенант— Самад Зафар Тағай дар фаъолияти рузмарааш ҳамеша ба қонуншиканиҳо ва корҳои зӯроварӣ нисбат ба кормандонаш роҳ дода, амалҳояш ҳамеша бар хилофи талаботи қонунгузорӣ ва Оинномаҳои дахлдори амалкунанда мебошанд. Аз ҷумла:
1. Риоя нашудани меъёрҳои вақти корӣ ва истироҳат
Кормандон аз соати 06:00 ба тарбияи ҷисмонӣ (физо) ҷалб шуда, баъдан аз соати 08:00 то 17:00 ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ машғул мешаванд. Аз соати 17:00 навбатдориро қабул намуда, то соати 17:00-и рӯзи дигар дар хизмат мемонанд. Бо вуҷуди ин, баъди анҷоми навбатдорӣ аксари кормандон фавран ҷавоб дода намешаванд ва маҷбур мешаванд боз 2–3 соати дигар кор кунанд. Дар натиҷа, баъзе кормандон танҳо шабона, баъзан баъди нисфи шаб, ба хона бар мегарданд.
Бояд зикр намоям, ки бисёр инсони бераҳм аст ва дар аксар маврид барои назорати тарбияи ҷисмонии кормандон, ки сабоҳи барвақтӣ гузаронида мешавад худаш омада тафтиш мекунад ва барои ӯ фарқе надорад, ту пир ҳастӣ ё беморие дорӣ бояд ба талаботҳои ин ноинсоф ҷавоб гуфта тавонӣ.
Як ҳолате шуда гузашт.
Як субҳ омада ҳамаро ба қавли русҳо сахт гонят кард, то он даме, ки як нафар аз кормандон аз ҳуш нарафт ин аҳмақ ба фишору таҳқир идома медод ва ҳангоме, ки яке аз кормандон ба чунин фишорҳо тоб наоварда ҳуш аз сараш канд, баъдан чӣ фикре карду аз фишороварӣ боз истод, вале он кормандро чунон таҳқирҳои зиёде кард, ки он суханонро инсони оқил ҳатто ба душманаш раво намедонад.
Чунин тартиби хизмат ба талаботи Кодекси меҳнат, санадҳои соҳавӣ ва меъёрҳои муқарраргардидаи вақти корӣ ва истироҳат мутобиқат намекунад.
2. Маҳдуд намудани ҳуқуқи кормандон ба гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ
Тибқи маълумотҳои бадастомада, маълумотномаҳои барои тасдиқи ҳуқуқ ба имтиёзҳои пешбининамудаи қонун, аз ҷумла барои кам ё пурра озод шудан аз пардохтҳои коммуналӣ, додани маълумот оид ба ҳаҷми музди меҳнатро иҷозат намедиҳад. Дар робита ба ин масъала маҳдудияти дахлдор ҷорӣ намудааст, инчунин пешниҳоди маълумот дар бораи музди маошро манъ ё маҳдуд кардааст. Мегуфтааст, ки: «и бо чӣ кори хуб кардай и бояд ай камунални услуга озод боша?», Хулоса, як чунин ҳароми паст аст ин одам. Чизе, ки қонун иҷозат додааст ин аблаҳи нобакор бошад коргаронашро маҳрум мекардааст.
3. Кормандон изҳор менамоянд, ки рухсатии меҳнатии онҳо ба таври зарурӣ ва мутобиқи талаботи қонунгузорӣ дода намешавад, чунки тартиби пешниҳоди рухсатӣ дар солҳои охир ба ҳолатҳои рад ё ба таъхир гузоштани онҳо оварда расонида истодааст.
4. Таъин ба вазифаҳо ва додани рутбаҳо
Инчунин, дар баъзе ҳолатҳо таъин ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва масъалаҳои вобаста ба рутбагирӣ на бар асоси дониш, таҷриба ва қобилияти касбӣ, балки вобаста ба муносибатҳои шахсӣ ва имкониятҳои молиявӣ сурат мегиранд. Ном намехоҳам бигирам, зеро бисёр инсони пасти палид аст ба ҳамин хотир қасд мегирад. Ҳамчунин ба маълумотатон мерасонам, ки Агентӣ дар баъзе давлатҳои шарик ва ҳамсояамон ҳам намояндагӣ дорад ва он намояндаҳо бо маошҳои хуб таъминанд. Як вақт як масъалае пеш омада буд, ки яке аз намояндаҳоро як супориши миёншикан медиҳад ва он кас аз сабабе, ки маблағи кофӣ надоштааст ва ин супоришро қисман иҷро мекунад, ба ҳамин хотир он намояндаро бозхонд мекунад ва мегӯяд, ки: «паати аҳмақа хубш кадм, касера рои мекнем, ки хизмат када бтона».
5. Ҷамъоварии маблағ аз ҳайати шахсӣ
Барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла таъмир ва рангубори бинои марказии Агентӣ, инчунин харидани туҳфа ба муносибати зодрӯзи шахсони мансабдор аз ҷумла зодрӯзи (Сумбулоғо), аз кормандон маблағ ҷамъоварӣ мекунад ва баъзе бечорааш надоранд, маҷбур қарз мегиранд аз дигарон, то ки гапшунав нашаванд. Аз зан ҳам дида зиёдтар менолад, махсусан дар вақти маҷлисгузаронӣ.
6. Паст гардидани натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ ва рафтани мутахассисон
Ба гуфтаи кормандон, нишондиҳандаҳои фаъолияти Агентӣ дар солҳои охир коҳиш ёфтаанд. Аз ҷумла, натиҷаҳои мусодираи маводи марбут ба фаъолияти хизматӣ дар ду соли охир дар сатҳи паст қарор дошта, ҳамзамон мутахассисони соҳибтаҷриба пайваста аз кор рафта истодаанд. Сабабҳои ин ҳолат муносибати нодуруст ва пешбурди сиёсати нодурусти кадрӣ мебошад, ки бояд таҳлил ва санҷиш карда шавад. Ҳоло ӯ намегузорад, ки кормандон тарки вазифа кунанд, ба ҳар баҳона онҳоро боз медорад ва таҳдид мекунад, ки «статя қатӣ уволит мешен, ё мурда мурда кор мекнен».
7. Муносибати ғайриқонунӣ ё таҳқиромез бо кормандон
Кормандони камтаҷриба ё кормандоне, ки таға надоранд, дар ҳолати содир намудани ҳатто камбудиҳои хурд, ба гуфтаи кормандон, бидуни татбиқи чораҳои интизомии пешбининамудаи қонун ва Оинномаҳои умумиҳарбӣ ба минтақаҳои дурдаст фиристода мешаванд ва ё бо статя аз мақомот пеш карда мешаванд.
Ҳамчунин ҳолатҳои истифодаи суханони таҳқиромез, пасткунандаи шаъну шараф ва иззати нафси кормандон аз ҷониби ин бе раҳм баён мегарданд. Инчунин, дар бораи ҳолатҳои истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ нисбат ба кормандон маълумотҳо мавҷуданд.
8. Монеъ шудан ба гузариши кормандон ба дигар мақомоти давлатӣ
Дар ҳолатҳое, ки аз дигар мақомот барои ба кор қабул намудани корманди Агентӣ муроҷиат ворид шавад, нисбат ба чунин корманд чораҳои фишороварона меандешад, бо роҳи омода намудани хислатномаҳои манфӣ ва дигар маводи интиқодӣ барои идомаи фаъолияти касбии ӯ дар дигар мақомоти давлатӣ монеагӣ эҷод мекунад, вале аз сабабе, ки инсони нодону паст аст ба ҳамин хотир кормандон маҷбур ӯро тарк карда истодаанд, новобаста аз фишоровариаш ҳам.
9. Масъалаи таъминот бо либоси ҳарбӣ
Аз кормандон барои либоси ҳарбӣ маблағҳои назаррас ситонида, ҳамзамон, тибқи маълумоти кормандон, либоси дахлдор аз ширкатҳои таъминкунанда бо нархи нисбатан арзон харидорӣ мешавад, вале ба кормандон бо маблағҳои барзиёд ва маҷбурӣ фурухта мешавад.
Зарур аст хароҷоти воқеии маблағҳои аз кормандон ситонидашуда, шартномаҳои хариду фурӯш ва тартиби таъмини либоси ҳарбиро мақомотҳои дахлдор мавриди аудити молиявӣ ва санҷиши ҳуқуқӣ қарор диҳанд.
10. Таъини хешовандон ва бархӯрди манфиатҳо
Тибқи маълумоти кормандони оперативии Агентӣ, яке аз хешовандони наздики Генерал-лейтенант— Самад Зафар Тағай (набераи амакаш Ҳадиятулло) ба вазифаи дорои имкониятҳои молиявӣ таъин гардида буд. Дар раванди фаъолияти кориаш ин ҷиянаш низ чеҳраи худро нишон дода, аз сабаби ҷабри зиёд номаш ба фасодӣ баромад ва зимни як амалиёти Агентии зидди фасод дастгир шуда, ҳоло маҳкам аст, вале гап гап аст, ки бояд сафедаш кунанд ва барояд ва боз ҳам ба вазифаи пешинааш ё ягон вазифаи ба қавли худашон руғанӣ бар мегаштааст. Инчунин информаторони Агентии коррупсияро муайян карда, аз дохили Идора бо шармандагӣ мерондаанд, ӯ информаторони буз меномидааст, яъне ҳар касе айби ӯву хешовандонашро ошкор мекардааст вай буз будааст, бехабар аз худаш, ки аз буз ҳам пасттар аст ин каламуши обӣ.
11. Истифодаи имтиёзҳои молиявии вобаста ба ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия
Кормандони Агентӣ тибқи шартномаи ҳамкорӣ бо мақомоти Федератсияи Россия, ғайр аз маош, аз баъзе пардохтҳои иловагӣ низ бархӯрдор мебошанд. Тибқи маълумоти кормандон, муҳлати шартномаи қаблӣ ба анҷом расида, шартномаи нав бояд мавриди амал қарор мегирифт.
Бо вуҷуди ин, кормандон изҳор менамоянд, ки бо роҳҳои гуногун нисбат ба онҳо тавассути Генерал-лейтенант— Самад Зафар Тағай чораҳои интизомӣ ва ҷазо татбиқ карда мешаванд, то ки дар натиҷа онҳо аз гирифтани пардохтҳои иловагӣ маҳрум гарданд ва он маблағҳоро директор ва шогирдони мутасаддиаш бо ҳам тақсим намуда, ба Федератсияи Русия ҳисобот медиҳанд, ки маблағҳои онҳо самаранок истифода шуда истодааст.
Маҷмӯи ҳолатҳои дар боло зикршуда боиси норозигии кормандон, коҳиши ҳавасмандии хизматӣ, рафтани мутахассисони соҳибтаҷриба ва паст шудани самаранокии фаъолияти мақомот гардидааст.
Ба ҳамин хотир аз Шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ин масъаларо расонаӣ кунед, то ки ҳама донанд, ки ин Генерал-лейтенант— Самад Зафар Тағай ноқисулақл ҳама корҳоро ҷазир кардааст ва корхонаи давлатиро ба бозор табдил додааст. Ин Генерал-лейтенант— Самад Зафар Тағай бениҳоят бесавод аст ва аз рӯи ташхиси тахассусӣ ӯ максимум метавонад дар вазифаи муовини командири қисми ҳарбӣ кор кунад, ё сокини доимии беморхонаи касалиҳои руҳӣ бошад, чунки ҳолати руҳиву равониаш хуб нест ва ҳар касе уро каме ҳам бошад дар вақти муовин буданаш ҳурмат накардааст, ё гапашро нагирифтааст ва ё ҳатто безеб ба ӯ нигоҳ кардааст ҳамаи онҳоро ба ҷойҳои безеб, масалан ба ВМКБ ба кори доимӣ гузаронидааст. Бисёр қасдгир шахси муғамбир аст.
Мақсади муроҷиати мазкур паст задани шаъну эътибори ягон шахс набуда, таъмини риояи қонун, ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомот ва пешгирии суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ мебошад.
Дар охир гуфтаниам, ки нисбати ин Генерал-лейтенант— Самад Зафар Тағай беодоб маълумотҳои зиёд дорем, аз ҷумла масъалаҳои маҳрамонааш бо кормандони Агентӣ ва агар ин корҳояш идома ёбанд маълумотҳои тозаву навашро ба «Ислоҳ» ҳатман бидуни раҳм ва таваққуф ирсол хоҳем кард. Агарчи мебоист дар ин аввалин нома ирсол мекардем вале мо инсонем ва аввал ҳушдор медиҳем ва пас аз ислоҳ нашуданаш ҳатман ирсол менамоем. Мо медонем,ки «Ислоҳ» шабакаи мардумӣ аст ва харида ва фурӯхта намешавад ва ба доди ҳама қишрҳои гуногӯни ҷомеъа мерасад. Генпрокуратураи миллат ҳоло ин «Ислоҳ» аст!
Худо аз Шумо розӣ бошад бародари ниҳоят гиромиқадрамон, агар боз ягон натиҷае дод ин мактуб боз Худо хоҳад Шуморо аз ҷузиёту натиҷаи он ҳатман огоҳ мекунем,ташаккур.
Самад Зафар кист? Аз фармондеҳи ҳарбӣ то директори Агентии назорати маводи нашъаовар
Самад Зафар Тағой, генерал-лейтенанти хизмати назорати маводи нашъаовар 31 августи соли 1973 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик.
Солҳои 1993-1998 дар коллеҷи Олии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил кардааст; Солҳои 2002 – 2004 дар Академияи умумиқушунии ба номи М.В. Фрунзеи Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия таҳсил намудааст;
Соли 2021 Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси “Ҳуқуқшинос” хатм намудааст;
Аз соли 1997 то 2002 дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои командири взводи танкии ротаи танкӣ, командири ротаи танкӣ, муовини командири баталён оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, сардори ситоди қисми ҳарбӣ ва командири баталёни ҳамлаовари десантии Вазорати мудофиа адои хизмат намудааст;
Солҳои 2004-2009 хизматашро дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои командири баталёни махсуси зудамал ва командири полки комендантӣ идома додааст;
Солҳои 2009-2011 дар вазифаи командири баталёни якуми фаврии таъиноти махсуси Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст;
Солҳои 2011-2014 дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои командири баталёни алоҳидаи тирандози куҳӣ, командири бригадаи якуми зудамал ва муовини сардори Сарситод оид ба хизмати қӯшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбиро ишғол намуда буд;
Солҳои 2014-2015 дар вазифаи муовини сардори Раёсати муҳофизати сарҳади давлатии Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст;
Дар муддати фаъолияти хизматии худ дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок намудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми апрели соли 2015 ба вазифаи муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Барои хизматҳои арзандааш бо мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ сарфароз гардонида шудааст:
– “Ифтихорномаи фахри”-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корнамоии ҳарбӣ-ҷангӣ соли 1997;
– ордени “Шараф”-и дараҷаи II барои хизматҳои шоён соли 2007;
– ордени «Нишони фахрии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ» дараҷаи 2 соли 2021;
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2018 бо рутбаи генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар сарфароз гардонида шудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2026 бо рутбаи генерал-лейтенанти хизмати назорати маводи нашъаовар сарфароз гардонида шудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2024 Самад З.Т. ба вазифаи Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.
Пасгуфтори «Ислоҳ»
Ҷаноби Асадулло Раҳмон, Шумо тибқи сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои кадрҳо ҳастед. Яъне, масъулияти Шумо танҳо имзо гузоштан ба пешниҳодҳо нест; саволи интихоби кадр, шоистагӣ, таҷриба ва ҷавобгарии роҳбарон мустақиман ба соҳаи кори Шумо дахл дорад.
Ин номае, ки ба «Ислоҳ» расидааст, алайҳи директори Агентии назорати маводи нашъаовар 11 иддаои ҷиддӣ матраҳ мекунад: аз муносибат бо кормандон ва вақти кор то таъиноти кадрӣ, ҷамъоварии маблағ, либоси ҳарбӣ, бархӯрди манфиатҳо ва пардохтҳои иловагӣ. Инҳо то замони санҷиши мустақил иддаоҳои муаллифи номаанд, на ҳукми исботшуда.
Аммо суоли мо ба Шумо, Асадулло Раҳмон, хеле сода аст: агар ҳатто бахше аз ин шикоятҳо дуруст бошад, низоми интихоби кадрҳо дар куҷо кор намекунад? Чаро кормандони як ниҳоди давлатӣ бояд ба расона нома фиристода, аз вазъи дохили идора шикоят кунанд? Чаро механизми дохилии санҷиш ва ҷавобгарӣ пеш аз расидан ба чунин сатҳи норозигӣ амал намекунад?
Муаллифи нома иддао мекунад, ки маҳалли таваллуд ва робитаҳои шахсӣ дар пешрафти кадрӣ нақш доштаанд. Мо ин иддаоро мустақилона тасдиқ карда наметавонем. Аммо агар чунин даъвоҳо нодуруст бошанд, роҳи рад кардани онҳо осон аст: меъёрҳои таъинот, собиқа, арзёбии касбӣ ва тартиби интихоби роҳбаронро ошкоро нишон диҳед. Агар таъинот бар асоси шоистагӣ бошад, ҷомеа бояд тавонад инро аз рӯи санад бубинад, на аз рӯи овоза.
Ва як суоли сахттар: Тоҷикистон давлати ҳамаи шаҳрвандонаш аст ё бозори маҳалгароӣ? Агар дар ҷомеа чунин тасаввур ба вуҷуд омадааст, ки барои мансаб на дониш, на таҷриба, балки зодгоҳ ва шиносоӣ муҳимтар аст, ин худ як мушкили ҷиддии давлатӣ мебошад. Роҳи ҷавоб додан ба ин нигаронӣ таҳқири мунаққид нест — шаффофият аст.
Биёед Тоҷикистонро Тоҷикистон нигоҳ дорем. Номи кишвар Данғара нест ва ҳуқуқи кору мансаб набояд ба ягон ноҳия, авлод ё ҳалқаи шиносҳо тааллуқ дошта бошад. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон — аз Бадахшон то Суғд, аз Рашт то Хатлон — бояд дар назди давлат аз рӯи як меъёр санҷида шавад: қобилият, таҷриба, поквиҷдонӣ ва қонун.
Самад Зафар имрӯз расман директори Агентии назорати маводи нашъаовар аст; сомонаи худи Агентӣ низ ӯро дар ҳамин мақом муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, ба ҷойи хомӯшӣ посухи санҷидашаванда лозим аст: оё ин 11 масъала таҳқиқ мешаванд? Оё кормандон метавонанд бидуни тарс шикоят кунанд? Оё натиҷаи санҷиш ба ҷомеа пешниҳод мешавад?
«Ислоҳ» ҳукм содир намекунад; савол мегузорад ва санад мехоҳад. Агар иддаоҳо дурӯғанд — бо далел рад кунед. Агар дурустанд — масъулон бояд ҷавоб диҳанд. Ин роҳи оддии давлатдорӣ аст.
