Алии Муртазо каррамаллоҳу ваҷҳаҳу (худо аз ӯ розӣ бод) дар чанд сатр
Амирулмуъминин Алӣ ибни Абӯтолиб (р) чаҳорумин халифаи рошид ва яке аз даҳ нафари ба ҷаннат башоратдодашуда мебошад. Насаб ба Ҳошимиён дорад ва аз қабилаи Қурайш, писарамаки Паёмбар (с) аст. Ва Паёмбар (с) охирон духтараш Фотимаро (р) ба никоҳи ӯ даровард. Аз ӯ панҷ фарзанд ба дунё омад.
Падараш Абӯтолиб яке аз бузургони аҳли Макка ба шумор мерафт, ки Паёмбар (с)-ро дар ҳоли ятимияш ба тарбияи худ гирифта буд ва ҳангоме, ки ба паёмбарӣ мабъус гардид, дар муқобили мушрикони араб аз ӯ пуштибонӣ ва ҳимоя мекард.
Модараш Фотима бинти Асади Ҳошимӣ (р), зани бораҳму шафқат ва меҳрубоне буд. Ӯ дар ислом овардан ва ҳиҷрат намудан аз зумраи аввалинҳо мебошад. Паёмбар (с) ба дидорбинии ӯ мерафт ва дар хонааш хоби нисфирӯзӣ мекард. Ҳангоми вафоташ Паёмбар (с) бо пероҳани худ ӯро кафан карда, намози ҷанозаашро гузоридааст. Ба ривояте аз дӯст дории ин зан номи духтарашро ба номи ӯ гузоштанд.
Алӣ (р) дар Маккаи мукаррама ҳашт сол пеш аз зуҳури ислом таваллуд шуда, дар хонадони Паёмбар (с) нашъу намо ёфт ва дар хурдсолӣ исломро пазируфта, аз тарбияи нек ва одобу ахлоқи набавӣ бархурдор гаштааст. Ӯ ҳаргиз ба буте саҷда накарда, барои онҳо назр ва ё қурбонӣ низ тақдим накардааст.
Ӯ марди хушсимову миёнақад, дорои ҷисми қавӣ, риши калону чашмони бузург, чеҳраи пуртабассум ва шонаҳои паҳну дастони пурзур буд. Либоси хоксоронае ба тан дошт, ки гӯё ӯ фақиртарини фақирон буд.
Сифату фазилаташ хеле зиёд аст. Ӯро домоди паёмбар, имоми одил, халифаи Паёмбар (с) дар шаби ҳиҷрат ва … гуфтаанд.
Ӯ аз миёни ҷавонон аввалин касе буд, ки мусалмон шуд ва бо расули Худо (с) барои аввалин бор намоз хонд.
Расули худо (с) дар шаби ҳиҷрат ӯро дар хонаи хеш бар ҷой ниҳод ва бозгардонидани амонатҳои мушрикинро ба ӯ супурд.
Дар соли дуввуми ҳиҷрат буд, ки расули худо (с) духтари хеш Фотима (р)-ро ба ҳамсарии ӯ даровард.
Ҳазрати Алӣ ҳангоме, ки 10 сол дошт мусалмон шуд ва замоне, ки аз Макка ба Мадина муҳоҷират намуд 23 сол аз умраш сипарӣ шуда буд. Дар соли 35-и ҳиҷрӣ буд, ки ба мақоми хилофат баргузида шуд. Муддати хилофати ӯ 4 солу 8 моҳ буд, Ӯ дар моҳи мубораки Рамазон соли 40 ҳиҷӣ ба шаҳодат расид.
Ном ва куния. Номи ӯ Алӣ ва номи падараш Абӯтолиб буд. Ҷаддаш Абдулмуталиб, Ҳошм, Абдуманноф. Ӯ қурайши ва ҳошимӣ буд. Дар Абдулмуталиб насаби ӯ бо расули Худо (с) ба ҳам мерасанд .
Куняи ӯ Абулҳасан буд, ҳамчунин расули Худо (с) куняи Абутуробро барои ӯ ба кор бурд ва ҳазрати Алӣ (р) дӯст медошт, ки онро барои ӯ ба кор баранд.
Таваллуд ва кӯдакӣ.
Ҳазрати Алӣ дар макка замоне, ки расули Акрам (с) 32 сол аз умрашон мегузашт, ба дунё омад.
Ӯ рӯзи ҷумъа 13 моҳи раҷаб мувофиқ ба 17 марти 599 ё 600 мелоди ба дунё омадааст. Ба ривояти дигар 23 октиябри соли 598 ё 600 мелоди таваллуд шуда аст.Хурдтарин фарзандони Абутолиб будааст.Абутолиб масъули обдиҳии маккаро ба уҳда дошт.
Абӯтолиб марди тангдаст ва аёлдор буд. Ба ҳамин расули Худо (с) ва Ҳамза қабл аз биъсат тасмим гирифтанд ба амӯи худ Абӯтолиб кӯмак кунанд ва ба таъмини махориҷи хонавода ӯро ёрӣ диҳанд.
Тарбияи Алӣ ибни Абӯтолиб ба души ҳазрати Муҳаммад(с) гардид. Ӯ дар хонаи расули Худо (с) бузург шуд ва то замони биъсати расули Худо (с) дар хонаи ӯ ба сар мебурд.
Мусалмон шудан.
Ҳазрати Алӣ (р) ба инҳирофи даврони ҷоҳилӣ олуда нагардида буд, зеро замоне, ки танҳо 10 сол аз умри ӯ мегузашт мусалмон шуда буд.
Рӯзе падараш Абӯтолиб ӯро дар ҳоли намоз бо расули Худо (с) дид ва пас аз намоз ба ӯ гуфт:Писарам! Ин чӣ динест, ки онро баргузидаӣ? Ҳазрати Алӣ фармуд: падар, ба расули Худо (с) имон овардам ва ончиро аз ҷониби Худованд овардааст, пазируфтам ва яқин кардам, акнун бо ӯ ибодати Худовандро анҷом медиҳам ва аз ӯ пайравӣ мекунам. Абӯтолиб гуфт: Бидуни шак ӯ туро ба роҳи нек фаро мехонд, бо ӯ бош ва аз ӯ пайравӣ кун.
Ҳамроҳӣ бо расули Худо (с).
Аз ҳамон вақте, ки мусалмон гардид ба андозае расули Худо (с) -ро дӯст медошт ва дар роҳи густариши дини Худованд фидокорӣ мекард, ки аз ҷумла маҳбубтарин асҳоб назди расули Худо (с) гардид.
Ӯ дар ҳама ғазваҳо ба ҷуз аз ғазваи Табук, ки расули Худо (с) ӯро дар Мадина ноиби хеш таъин кард, ҳузур дошт.
Дар соли нӯҳуми ҳиҷрӣ расули Худо(с) ӯро ба Макка фиристод, то дар маросими ҳаҷ сураи Бароат-ро барои мардум бихонад. Дар бештари ғазваҳо парчамдори расули Худо (с) буд ва то замони вафоти эшон ҳамеша ёр ва ҳамроҳи ӯ буда, дар роҳи ислом фидокорӣ мекард.
Ҳамчунон, ки гуфта шуд: Расули Худо (с) Фотима духтари худро ба никоҳи ӯ даровард ва ба ӯ муждаи биҳиштӣ будан дод. Ӯ яке аз даҳ нафаре буд, ки ба эшон башорати биҳишт дода шуда буд.
ҲАМСАРОНИ АЛӢ (Р)
Ҳазрати Алӣ монанди Паёмбар (с) дар тӯли ҳаёташ нӯҳ зан гирифт:
Албатта ин нуҳ зан дар як никоҳ набуда аз зани озод то канизро дарбар мегирад.
1. Фотимаи Заҳро духтари гиромии Паёмбар (с) ва то даме, ки Фотима дар ҳаёт буд зане нагирифт. Фотима пас аз шаш моҳ аз фавти Паёмбар (с) вафот ёфт.
2. Имома духтари Ос ибни Рабеъ, ки модараш Зайнаб духтари Расуллуллох (с) буд. Имома ҳамон духтарзодаи Паёмбар (с), ки дар китоби аҳодис омада, ки Паёмбар (с) ӯро хеле дӯст медошт. Гоҳе мешуд, ки Паёмбар (с) дар хона намоз мехонд ва он тифлро дар ҳоли намоз дар оғӯш мегирифт. Ҳамин ки мехост ба саҷда биравад ӯро рӯйи замин мегузошт. Чун барои ракъати дигар бар пой мехост, аз нав ӯро дар бағал мегирифт ва боз ӯро барои суҷуд рӯйи замин мегузошт ва монанди ин, то намозашро (мурод намози нафл аст) хатм мекард. Бинобар ин, тавре ки мебинем Алӣ (р) бо як духтари ҳазрати Паёмбар (с), яъне Фотима ва бо як набераи он Ҳазрат бо номи Имома издивоҷ карда аст.
3. Умулбанин духтари Ҳаром ибни Холид ибни Валид.
4. Лайло – духтари Масъуд ибни Холид ибни Молик.
5. Асмоъ – духтари Умайси Ҳайсамӣ.
6. Умулҳабиба духтари Замъа ибни Баҳр. (Баъзе мегӯянд, Умулҳабиба Умулвалад буд, аз асирони Бани Тағлиб, ки Холид ибни Валид онҳоро дар Айнултамри Ироқ асир кард. Ин зан ба Алӣ ибни Абутолиб ҳамсар шуд).
7. Умусайид духтари Урва ибни Масъуди Сақавӣ.
8. Махбаъа духтари Имрулқайс ибни Адӣ.
9. Хавла духтари Аёс ибни Ҷаъфар ибни Қайси Ҳанафия. Ин зан ҳам аз асироне буд, ки Холид ибни Валид онҳоро дар айёми мубориза бо муртадон аз қабилаи Бани Ҳанифа ба асорат гирифт ва ӯ дар саҳми Алӣ ибни Абутолиб қарор гирифт.
ПИСАРОНИ АЛӢ (Р)
Ҳазрати Алӣ 14 писар дошт:
1. Имом Ҳасан аз Фотимаи Заҳро, духтари Расуллуллоҳ (с).
2. Имом Ҳусайн аз Фотимаи Заҳро духтари Расуллуллоҳ (с).
3. Муҳаммади Акбар аз Хавла духтари Аёс, ки машҳур ба Муҳаммад ибни Ҳанафия ва мансуб ба яке аз аҷдодаш буд ба номи Ҳанифа ибни Лаҷим ибни Саъб ибни Алӣ ибни Абӯбакр ибни Воил.
4 ва 5 Абдуллоҳи Акбар ва Абӯбакр: ҳарду аз Лайло-духтари Масъуд ва ҳарду дар воқеъаи Карбало ҳамроҳи имом Ҳусайн буданд ва ба шаҳодат расиданд.
6,7,8 ва 9 Аббоси Акбар, Усмон, Абдуллоҳ Асғар, Ҷаъфар. Ин чаҳор писар ҳама аз Умулбанин бинти Ҳаром буданд ва ҳамаи онҳо дар Карбало ҳамроҳи бародарашон Имом Ҳусайн ба шаҳодат расиданд.
10. Муҳаммади Асғар модараш Умулвалад буд ва ӯ ҳам дар Карбало ба шаҳодат расид
11 ва 12 – Яҳё, Авн ҳар ду аз Асмоъ-духтари Амис.
13. Умар аз Уммул Ҳабибаи Тағлибӣ (Умулвалад).
14. Муҳаммади васат аз Имома духтари Зайнаб духтари Расуллуллоҳ (с).
Дар баъзе аз ривоёти таърихӣ омада, ки Алӣ (р) аз Фотима писаре дошт ба номи Муҳсин, ки дар кудакӣ дар Мадина даргузашт, вале ин ривоят ба сурати ривояти заиф зикр шудааст.
Бо он ки дар китоби муаррихони мусалмон (ҳамаи мазҳабҳо) ғайри қобили рад ошкоро зикр шуда, ки ҳазрати Алӣ духтараш Умми Кулсум духтари Фотима, хоҳари Ҳасанро ба издивоҷи ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) дода, яъне Умар домоди Алӣ ва шавҳари хоҳари тании Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн будааст.
Баъзе аз ин ҳақиқат то он ҷо бехабаранд, ки вақти зикри ин матлаб ба миён меояд, аслан бовар намекунанд ва мункири ин қазия мешаванд. Ҳол он ки ин ҳақиқат раднопазир аст. Дар хотимаи ин матлаб бояд фаҳмид, ки Умми Кулсум духтари Алӣ (к.в.) як писар аз Умар ибни Хаттоб (р) дошт бо номи Зайди Акбар ва як духтар бо номи Руқaйя
( Имом Аҳмад ибни Ҳанбал. Салосиёт. Ҷ. 1. с. 392.)
ДУХТАРОНИ ҲАЗРАТИ АЛӢ (Р)
Имом 18 духтар бо номҳои зайл дошт:
Пас аз вафоти Фотимаи Заҳро (раз) чор ҳамсари озода ва дигарон ҳама канизонанд ҳамсаронашон.Дар умум нуҳ ҳамсар мешаванд.
1. Умми Кулсуми Кубро аз Фотимаи Заҳро, ки завҷаи Умар ибни Хаттоб (р) буд .
2 . Зайнаби Кубро аз Фотимаи Заҳро.
3 . Руқия аз Умми Ҳабибаи Саҳбо.
4 . Умулҳасан аз Умул Сайид духтари Урва.
5 . Зумлати Кубро аз Умул Сайид духтари Урва.
6. Умми Ҳонӣ аз Умулвалад.
7.Маймуна аз Умулвалад.
8 . Рамлати Суғро аз Умулвалад.
9 . Зайнаби Суғро аз Умулвалад.
10. Умулкулсуми Суғро аз Умулвалад.
11. Фотима аз Умулвалад.
12 . Имома аз Умулвалад.
13 . Хадича аз Умулвалад.
14 . Умулкарам аз Умулвалад.
15 . Умуссалама аз Умулвалад.
16. Умулҷаъфар аз Умулвалад.
17 . Ҷамона аз Умулвалад.
18. Тақия аз Умулвалад.
Аз писарони ҳазрати Алӣ (р) фақат ин панҷ нафарашон зуррия ба ҷой гузоштанд: Имом Ҳасан, Имом Ҳусайн, Муҳаммад ибни Ҳанафия, Умар ва Аббос. Духтарони имом бо писарони Ақил ибни Абӯтолиб ва писарони Аббос ибни Абдулмутталиб издивоҷ карданд ва зуррия доштанд, ки тафсили он дар кутуби торих зикр шудааст.
Фазилатҳои Алӣ (р).
1) Алӣ (р) бо ашкҳои резон назди Паёмбар (с) омад ва гуфт: Эй Расули Худо (с), асҳобатро бо якдигар бародар сохтӣ, аммо маро бо касе бародар нахондӣ.
Расули Худо (с) табассумкунон ӯро дар паҳлӯи худ шинонда, бо лутфу меҳрубонӣ ба гӯшаш гуфт: Шумо дар дунё ва охират бародари ман ҳастед.
Сипас дар миёни мардум бо овози баланд эълон кард: Эй мардум! Алӣ бародари ман аст, Алӣ бародари ман аст. (Сирати ибни Ҳишом (150/2).)
2) Амирулмуъминин Алӣ (р) бо фурӯтанӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳои Худованд дар миҳроб нишаста буд ва гурӯҳе аз
ёронаш ба хотири ҳосил намудани илм атрофи ӯ ҷамъ шуда буданд.
Шахсе аз миёни онҳо гуфт: Эй амирулмуъминин! Аз хислатҳои фақеҳ моро хабар бидеҳ.
Ҳазрати Алӣ (р) бар сари зонӯҳои худ истода гуфт: Оё мехоҳед, ки шуморо аз фақеҳи ҳақиқӣ огоҳ кунам? Шахсе, ки мардумро аз раҳмати Худо ноумед нагардонад, ба корҳои ғайри шаръӣ мардумро далолат накунад, аз азоби Илоҳӣ бехабар намонад, Қуръонро ба маънои ҳақиқияш ба мардум бифаҳмонад. Дар ибодате, ки аз аҳкоми он маълумот надоред дар он хайре нест. Фақеҳе, ки тақво ва парҳезгорӣ надорад мардум аз он фақеҳ баракате намебинанд. Дар тиловати Қуръоне, ки андеша ба маънои оятҳо набошад, ҳеҷ манфиате ба соҳибаш намерасад. ( Ҳиляту-л-авлиё (77/1).)
3) Гурӯҳ-гурӯҳ мардум барои талаби илм назди Алӣ (р) омаданд. Ва дар пеши сафи онҳо марде боҳайбат, ки дар сараш саллаи сафед буд, меистод. Он мард гуфт: Эй Амирулмуъминин, дар хутбаҳоят мешунавем, ки мегӯӣ: Эй бор Худоё, моро ба монанди хулафои рошидин ислоҳ намо. Онҳо кистанд?
Чашмони Алӣ (р) пур аз ашк гардида, гуфт: Онҳо дӯстони ман, имомони роҳи рост ва шайхони ислом Абӯбакру Умар мебошанд. Касоне ҳастанд, ки баъд аз Расули Худо (с) аз онҳо пайравӣ кардан лозим аст. Касе ба онҳо пайравӣ мекунад ва ба гуфтаҳояшон чанг мезанад, ҳидоят хоҳад ёфт ва аз ҷумлаи роҳёфтагон хоҳад буд (Таърихи хулафо с. 285.)
4) Марди лоғаре бо либоси ғафс назди Алӣ (р) ворид шуда, рӯ ба рӯяш нишаста бо овози заиф пурсид: Эй Алӣ маро аз тақдир хабар деҳ?
Алӣ (р) гуфт: Роҳест торик онро тай накунед.
Мард гуфт: Маро аз тақдир хабар деҳ.
Алӣ (р) гуфт: Баҳрест чуқур дохили он машав.
Боз мард гуфт: Маро аз тақдир огоҳ кун.
Алӣ (р) гуфт: Сирри Илоҳист, ки аз шумо пӯшидааст, талаби ошкор шуданашро макун.
Мард бо исрор гуфт: Аз тақдир огоҳам кун.
Алӣ (р) пурсид: Эй мард, Худованд туро барои иҷро кардани хостаи худ офарид ё хоҳишоти худат?
Мард гуфт: Барои хостаҳои худ.
Алӣ (р) гуфт: Ин тавр бошад, барои он чи, ки Худованд мехоҳад, шуморо истифода мекунад (Ториху-л-хулафо, с.289.)
Фазоили Алӣ (р) бениҳоят зиёданд, вале мехоҳам аз ҳикмате, ки ба писараш омӯхтааст онро барои хонандаи гиромӣ тақдим намоям.
5) Чаҳор чизро аз ман биомӯз
Алӣ (р) бар асари зарбаи Ибни Мулҷами малъун захмӣ гардида, дар бистари марг хобида буд.
Он ҳангом Ҳасан (р) гирякунон наздаш ворид шуд. Алӣ (р) ба ӯ гуфт: Эй писарам, аз ман чаҳор чиз ва боз чаҳор чизи дигаро биомӯз.
Ҳасан (р) гуфт: Эй падар, он чаҳор чизи аввал чист?
Алӣ (р) гуфт: Беҳтарин сарват ақл ва бузургтарин фақр ҳамоқат аст. Ва бузургтарин ваҳшат ин худписандию худхоҳист ва беҳтарин саховат ахлоқи накӯ аст.
Ҳасан (р) пурсид: Эй падар, он чаҳор чизи дигар кадом аст?
Алӣ (р) гуфт: Бо шахси аҳмақ дӯстӣ макун, зеро ӯ мехоҳад ба ту манфиат орад, лекин зарарат мерасонад. Ба дурӯғгӯ ҳаргиз бовар макун, зеро ӯ чизи дурро ба ту наздик ва чизи наздикро ба ту дур нишон медиҳад. Аз дӯсти бахил барҳазар бош, зеро ҳангоми ниёз доштанат ба ӯ аз ту дурӣ меҷӯяд. Ба шахси бадкор ҳаргиз дӯстӣ макун, зеро дар андак чиз туро мефурӯшад. (Ториху-л-хулафо, с. 292.)
Пас аз паёмбар (с) ҳазрати Алӣ (р) дар замони хилофати ҳазрати Абӯбакр (р) беҳтарин ёвару мушовири ӯ буд ва ба хотири пешрафти ислом ва сарбаландии муслимин содиқона ва мухлисона бо ӯ ҳамроҳӣ мекард. Дар замони хилофати ҳазрати Умар (р) низ ҳамон равишро идома дод. Ӯ яке аз бузургон ва шахсиятҳои низомии ислом буд. Ҳазрати Умар (р) ҳар гоҳ Мадинаро тарк мекард, ҳазрати Али (р)-ро ҷонишини худ таъин мекард.
Пас аз интихоб шудани ҳазрати Усмон (р) ба унвони халифаи мусалмонон ҳамроҳ бо дигар асҳоб бо ӯ байъат кард ва аз ҳеҷ гуна хайрхоҳӣ ва ҳамкорӣ бо халифаи ҷадид кӯтоҳӣ намеварзид.
Хилофати ҳазрати Алӣ (р).
Пас аз шаҳид шудани ҳазрати Усмон (р) бо ҳазратиАлӣ (р) ба унвони халифаи муслимин байъат сурат гирифт.
Солҳои хилофати ҳазрати Алӣ (р) бо ошубҳо ва ҷангҳои бисёре ҳамроҳ буд, ки муддати замони зиёде мусалмононро ба худ машғул намуд ва футӯҳоту пирӯзиҳоеро, ки дар замони ҳазрати Абӯбакр (р) оғоз гардида буд ва то хилофати Усмон (раз) давом дошт дар хилофати Алӣ (раз) идома наёфт.Вале он футуҳоти дар замони се халифа сурат гирифтаро ҳифз намуд
Шаҳодати ҳазрати Алӣ (р).
Яке аз шӯришиёни гурӯҳи хавориҷ ба номи Ибни Мулҷим ҳазрати Алӣро ба шаҳодат расонид. Ӯ ба ҳангоми намози субҳ бар сари роҳи ҳазрати Алӣ (р) ба масҷид камин кард ва назди дари масҷид зарбаи шамшереро бар сари ӯ ворид кард. Он ҳазрат беҳӯш шуд ва бар замин афтод. Билофосила мардум даррасиданд ва Ибни Мулҷимро дастгир карданд. Ҳазрати Алиро ба хона бурданд ва пас аз он ки ба ҳуш омад, Ибни Мулҷимро назди ӯ бурданд. Ҳазрати Алӣ (р) ба ӯ фармуд: «Қасам ба соҳиби Каъба, ки растагор шудам.» Сипас назди писаронаш чунин идома дод. «Кушта шудан дар баробари куштан. Агар ман мурдам, ӯро ҳамонгуна, ки маро кушт, бикушед! Агар зинда мондам, худ дар мавриди ӯ тасмим мегирам.» Пас аз ворид шудани он зарба танҳо 2 ё 3 рӯз ҳазрати Алӣ (р) зинда буд ва пас аз он ба шаҳодат расид. Ин рӯйдод дар соли 40-и ҳиҷрӣ буд.
Ҳазрати Алӣ (р) яке аз олимону донишмандон ва фақеҳони асҳоб ба шумор меомад. Ӯ марди шуҷоъ, парҳезкор, порсо ва аҳли қаноат буд. Ҳазрати Алӣ (р) дорои фазилатҳои зиёде буда, то ҷое, ки имом Аҳмад ибни Ҳанбал фармудааст: «Фазоиле, ки барои ҳазрати Алӣ (р) дар ривоятҳо омадааст, барои ҳеҷ як аз дигар асҳоби расули Худо (с) ба он андоза нақл нашудааст.»