Генерал Абдуҳалим Назарзода-Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон чи гуна кушта шуд?
«Ҳодисаи Ромит»
8 сол муқаддам, дуруст дар ҳамин рӯз, 4 сентябри соли 2015 мақомоти қудратии Тоҷикистон ва шуморе аз тарафдорони генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъи кишвар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдатро ба маҳалли ҷангу хунрезӣ бадал карданд. Исми дараи Ромит дигарбора дар сархатти расонаҳои ҷаҳонӣ баромад ва генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо номи Ҳоҷӣ Ҳалим аз тарафи мақомот осӣ ва ба иттиҳоми «табаддулоти давлатӣ» муқассир дониста шуд. Аммо ҳамин ҳоло ҳам пурсиш ин аст ки агар худобиёмурз Ҳоҷӣ Ҳалим қасди табаддулоти давлатӣ дошт, чаро Ромит рафт, на Кохи раёсати ҷумҳурӣ?
Мо, қаблан ҳам дар мавриди ҳодисаи «ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим» на як бору ду бор навишта будем ва хонандаи ҳушманду закии мо онҳоро хондааст. Ин бор аз қавли як шоҳиди бевоситаи ин ҳодиса матлаберо таҳия кардаем, ки ҳоло бароятон тақдим мешавад. Ва, албатта, бо як тавзеҳе, ки дар охири ин навишта қироат хоҳед кард.
Муҳаммадиқболи Садриддин,мудири пойгоҳи «Ислоҳ.нет»
Шоҳиди ин ҳодиса бо Ҳоҷӣ Ҳалим ва бастагони вай ошноӣ доштааст. Вай феълан дар хорҷ аз кишвар аст. Мисли садҳо ҳазор аз ҳамватанамон азоби мардикорӣ дар Русияро мекашад. Вай гуфт:
….Ҳоҷӣ Ҳалим марди саховатманд буд. Дили поку соф ва бекина дошт, инсони нек ва хайрхоҳ буд. Ба садҳо, шояд зиёдтар одамони мустаманду муҳтоҷ дасти ёриаш расидааст. Вай,иншоаллоҳ дар боғҳои биҳишт макон ихтиёр кардааст.
Дар деҳаи Архуи Ромит дача дошт. Маъмулан рӯзҳои шанбеву якшанбе меомад, истироҳат мекард.
Як хеши мо раиси додгоҳ буд, ҳоло бознишаста шудааст ва дар кадоме аз шаҳрҳои Русия дар кадом як ширкати нафткашӣ ба ҳайси «охрана» кор мекунад. Вай гуфт, ки он шабу рӯзҳо ман аз кор се руз ҷавоб гирифта будам. Соати 2-и шаб буд, ки бародари Ҳоҷӣ Ҳалим занг заду гуфт, ки ӯро ба милисахонаи Ваҳдат фарёд кардаанд: «Мақомот мегӯянд, ки бисёр муҳим аст. Мегӯянд,ки ту ҳам зуд биё.Канӣ равем, бинем чи гап аст?» Дар ҳоле, ки бародари Ҳоҷӣ Ҳалим аслан аз таги гап, ё ҳодиса бохабар набудааст ва намедонистааст, ки чи иттифоқоте рух додааст.
Зани хеши мо, яъне зани ҳамон раиси додгоҳ мегӯяд, ки нисфи шаб асту кори шаб, хандаи рӯз гуфтаанд. Рӯз,ки шуд меравӣ, мебинӣ, ки чи гап аст?
Бародари Ҳоҷӣ Ҳалим се бор занг мезанад: хез, бача, аз боло занг зада истодаанд. Мегӯянд, ки срочно ҳамин шаб биёед. Биё, маро ҳамроҳӣ кун. Бо ман бирав. Аммо,кори худоро бинед, ки ин хеши мо намеравад.
Бародари Ҳоҷӣ Ҳалим меравад ба шуъбаи милисаи Ваҳдат. Расидан баробар аз мошин мефарояд, ки тиршап мекунанд. То субҳ дуруғ- дуруғ тирпаронӣ мекунанд. Гуё бародари Ҳоҷӣ Ҳалим ба мақомот ҳамла карда аст.
Аммо худи ҳодиса чи тавр руй дода буд?
Аз дохили худи ҳукумат ба Ҳоҷӣ Ҳалим занг мешавад, ки ҳар чи зудтар, ҳар ҷое ҳастӣ тарк кун ва сари ҳисобатро ёбу саришта шав, ки ҳукумат фармони қатлатро додааст. Тамоми хонаводаатро нест мекунанд.
Ин суханро фаҳмида Ҳоҷӣ Ҳалим рост ба суйи аэропорт меравад, ки онҷо барвақт маҳкам шудааст. Ночор бармегардад ва ба суйи дараи Ромит меояд. Аз 87ум километр мегузарад. Як саҳрои деҳаи Пичеф Мушкурут ном дорад.
Вай аз мошин фаромада аз як занбурбон (асалпарвар) гугирд мегирад. Роҳро идома дода боз ягон 6 километр боло ба саҳрои Мушкурут мераванд. Дар он дара яке аз наздиконамон даҳмарда буд, рамаи гусфанд дошт. Дар қуши ҳамон даҳмарда (ҷойи зисту хоби чупон) дам мегиранд. Ба он даҳмардаҳо ҳамашро нақл мекунад. Мегуяд «ман қуввае надорам, ки зиди давлат ҷанг кунам. Ончи ки ба муқобили ман карда истодааст, ин як дуруғу туҳмат аст. Ман зидди давлат набаромадаам. Инҷо кадом нақшаи шумеро иҷро карда истодаанд. Ва, мехоҳанд аз ман истифода кунанд. Фақат гуноҳи ман ҳамин аст ки дар дини ислом мустаҳкамам. Намоз мехонам, рӯза мегирам, закот медиҳам. Зидди қонунҳои навашон будам. Масҷидҳоро маҳкам карданд, руймоли сари занҳоро манъ карданд, ришро манъ карданд, одамҳоро бе гуноҳ маҳкам карданд, гап мезадам, ки ин коратон нодуруст аст»…
То саҳар дар бораи бе гуноҳ буданаш ҳикоя мекунад. Субҳ, ки мешавад, боз ба куҳ мебарояд. Мехоҳад бо воситаи роҳҳои куҳӣ тарафи Ғарм равад. Лекин бемор мешавад. Боз ба назди рамаи наздикони мо меояд. Яке аз ин даҳмардаҳои лаънаткарда фаромада ба амният мегуяд, ки Ҳоҷӣ Ҳалим дар рамаи мо мебошад.
Дараи Ромит пур аз милитсияю амнияту истихбороту 201-и Русия шуда буд.
Ҳоҷӣ Ҳалим ба деҳаи Пичеф бармегардад. Се рӯз даруни як мазор хоб мекунад. 8 ё 7 нафар буданд. Аҳволашон бад мешавад. Лаб- лаби дарё то деҳаи Гусгев меоянд. Амният хабардор мешавад. Онҳо аз он тарафи дарёву ин лаънатиҳо аз ин тарафи дарё.
Ҳоҷӣ Ҳалим бо радсия мегӯяд, ки «бародарҳо бимонед ба беморхона равам, саломатиям хуб нест. Ман ба ягон нафари шумо кор надорам».
Амният мегуяд парво накун, мо туро худамон ба морг мебарем. Биё, таслим шав.
Мегуяд барои кадом гуноҳ таслим шавам?
Ин суҳбату раду бадалҳо дар ҳоле аст ки дар меҳмонхонаи муовини раиси деҳа вазир ва дигар коргарони давлат машғули зиёфатхӯрӣ буданд.
Муҳофизати лаби дарёро разведкаи вазорати дифоъ аз дасти амният мегирад. Ҳоҷӣ Ҳалимро нисфи шаб аз дарё гурезонда ба куҳи паҳлуи Гусгев боло мекунад.
Аммо фарози он куҳ маҳкаму баста-тупик. Бечораҳо баромада маҳкам мешаванд. Дар ҳамон ҳолат субҳ медамад.
Шаби дуввум як нафарашон барои нон ва об аз куҳ поин мефарояд, чунки қуллаи он куҳ об надорад.
Аз хонаи як гусгевӣ нон мегирад. Либоси даҳмардагӣ дар тан ба ҳавлии Алишер гуфтанӣ шахс меояд. Мехост бе раҳа -бераҳа аз деҳа берун шавад. Аммо духтарҳои дугоники Алишер Фотимаю Зуҳро ӯро мебинанду дод мезананд, ки ана як гуреза дар ҳавлии мо ва ҷеғу фарёд кашида ба суйи хонаи ҳамсоя медаванд. Он ҳамсоя кампири Гургак ном дорад. Мардуми деҳа ҳама ӯро мешиносанд ва «амма»-аш садо мезананд. Фотимаю Зуҳро дод мезананд: «амма,амма дар ҳавлии мо гуреза. Худашро ба мисли даҳмардаҳо кардааст. Мегурезад».
Амма мегуяд даведу бобои ҳоҷӣ Хуҷамуродро хабар кунед.
Ин ҳоҷӣ Хуҷамурод садқаи номи ҳоҷиву мулло шавад, ба муҷарради шунидан меравад ба суйи раиси деҳа. Раиси деҳаро аз хоб мехезонад. Мегуяд биё, рав пеши вазири мудофиа даро. Дар меҳмонхонаи муовинат хоб аст.
Раиси деҳа Файзалӣ ном дошт. Раис мегӯяд, ки чаро ман гуям, худат гӯ, ё худашон ёбанд. Ҳоҷӣ Хуҷамурод мегӯяд, ки «биё супоремшон тезтарак,ин армия деҳаро тарк кунад. Мардум чанд рӯзай, ки рӯз надоранд. Чун ҳар рӯз хонаҳо даромада то курпаҳои хонаро чапа мекарданд. Мегуфтанд: «ачаи ромитиёро б…м боварида нестан. Ҳалим бе фоида ба инҷо нагурехтай».
Раиси деҳа меояд вазирро аз хоб бедор мекунад. Мегуяд, ки хоинҳоро ёфтем. Дар лаби дарё дар ҳавлии як шахс дида шудаанд. Дар ҳол вазир фармон медиҳад ба сарбозонаш, ки рафта дастгир кунанд. Рафтанду аз поёни деҳа дастгираш карданд. Чунон лату куб карданд, ки шинохтааш намешуд. Оварда дар мошин бор карданд. Маҷбур карда ҷойи ҳоҷӣ Ҳалимро ёфтанд. Ва ба суйи ҳамон куҳ саҳар, қабл аз намози бомдод тирборонро шуруъ карданд. То вақти намози пешин заданд. Пешин шуд, ки ҳоҷӣ Ҳалим бо ратсия ба вазир занг мезанад.
Вазир бо ҳамдеҳаҳои мо дар меҳмонхона масруфи зиёфатхӯрӣ: деги кабобу шурбову палав дар ҷӯш. Мегуяд «ҷаноби вазир маро барои кадом гуноҳ тирборон карда истодаед. Ҳамаи солдатҳои бе гуноҳро ба суйи ман боло карда истодаед. Дили ман намешавад, ки ягонтои ин бачаҳоро кушам. Бачаҳоро ҳайф накун. Ман то ҳол ягон касро напарондам. Чанд солдате мурд ҳамон пушкаҳои худатон зад. Боз бори ман накунед».
Вазир мегӯяд, биё фаро аз куҳ. Ҳоҷӣ Ҳалим мегуяд,ки «ман фароям ҳам мекушед, нафароям ҳам мекушед. Чун ман маҷлиси шуморо фаҳмидам. Биёед ман баромада равам сарҳади қирғиз. Қавл медиҳам ба ягонтаатон кор намегирам».
Вазир дарҳол ба президент занг мезанад, ки Ҷанбои олӣ мо ҷойи хоини миллатро ёфтем, чи кор кунем? Ҷаноб мегуяд ман ба он Ҳалим як -ду савол дорам, зинда ба зинда қапида оред пешам. Вазир мегӯяд ,ки таслим нашуд. Ҷаноб мегуяд, ки пас, худатон медонед, ки чи кор кунед. Вазир телефонро қатъ карда ба зердастонаш амр медиҳад, коре кунед, ки зинда пеши президент наравад. Дастур медиҳад, ки ба тарафи Ҳоҷӣ Ҳалим оташкушоиро шуруъ кунанд. Баъд аз чанд соати ҷанг ман ба Ҷаноб мегуям таслим намешавад, то ки ба мо чархбол фиристад. Ҳамин хел то аср заданд. Хеле ҳам бераҳмона мезаданд куҳро. Лекин ҳоҷӣ Ҳалим ба сад тири онҳо як тир ҷавоб медод ва он ҳам ба самти осмон. Чун ин воқеа дар пеши чашмамон гузашт ва ҳам ба деҳа бисёр ҳам наздик буд, хонаҳо ба гунае меларзиданд, ки напурс.
Аср шуд, ки чор адад чархбол омад ва аз фазо куҳро то шом заданд. Ду чархболашон рафт. Ҳамон ду чархболро заданд, дуд баромад. Ҳардуи чархбол ба суйи шаҳр баргаштанд. Ин дутои дигараш аз масофаи дур ҳамон куҳро задан гирифтанд. Ду рӯз сарбозҳоро дар ҳамон куҳ бе обу нон гузоштанд. Шикорчиҳои дехаро дар пушташон бочкаи 20 литраро об пур карда ба сарбозҳо баред гуфт маҷбур мекарданд. Дам ногирифта мебаред. Вагарна мепаронем гуфта фармон медоданд. Кучак ном шахс гуфт борҳо дар бочкаи об паронданд. Хаёл кардам мурдам. Бочкаҳо то пеши сарбозҳо нарафта мерехтанд. Боз аз сар баред мегуфтанд. Акнун худатон хулоса намоед, ки ин режим чи гуна рафтору муносибат бо шахсе барои сарбозон об мебарад мекунад?
Аммо роҳбарияти амалиёт дар сари раҳи мошин дастурхон густурдаву машғули зиёфатхурӣ буданд. Фақат сарбозҳоро пеш меандохтанд. Аз мардуми деҳа чи қадар қаймоқ, гушт, қурутоб ва нон маҷбур ҷамъ карданд. Барои сарбозҳо фатири равғанӣ бипазед, то дар ҷанг барояшон қувват шавад, гуфта фармон медоданд. Мардум барои хотири сарбозҳо бештар тайёр мекарданд. Лекин як лахти нонро ба сарбозҳо надоданд. Ҳама командирҳо медонистанд ин як амалиёти сохта аст.
Ҳар боре, ки сарбозҳоро ба пеш гуфта фармон медиҳанд, аз боло онҳоро бо чархбол мезананду мегуянд: «ачаша г… хоино салдатора бе хисоб куштестиян». Бори Ҳоҷӣ Ҳалим мекарданд. Вақте солдат медавад тирборон мешавад, пушка аз поён сарбозони ба ҳоҷӣ Ҳалим наздик расидагиро мепаронданд. Мо, медидем, ҳайрон мешудем, ки инҷо чи гап бошад?
Ман қасам мехурам, ки Ҳоҷӣ Ҳалим фақат ду чархболу як командирро парондаасту халос. Чунки онҳо ба Ҳоҷӣ Ҳалим наздики бад шуда буданд. Як нафарро, ки баъдҳо дар газетаҳо аксашро ҳам чоп карданд, Рустам Амакиев командири калонашон буд, худи ҳукуматиҳо аз қафо паронида куштанд. Мо ҷасади ӯро берун бароварда ба мошин бор кардем. Вай аз пушти сараш паронида шуда буд. Онро худашон куштанд.
Хулоса, чунон тирборон карданд, ки рудаҳои Ҳоҷӣ Ҳалим баромада буд. 8 нафарро пора- пора карданд….
Бо ин ҳама иктифо накарданд. Бачаҳояшро дар шаҳр дастгир карда дар дачаи Арху оварда қатор карда тирборон мекунанд. Додару акаашро дар шаҳр мекушанду бо ҳамроҳи бачаҳояшон ба ҳамон куҳ мебароранд. То ки шумораашон бисёр тобад. Гуё ҳамаи онҳо худашон куҳ баромаданд. Ин ҳамааш спектакл барин буд, дуруғ буд.
Мурдаҳоро солтдатҳо бароварданд. Қариби шом ҳамаи бачаҳои Гусгевро ҷамъ карда бо харҳояшон ба ҳамон куҳ бароварданд. Гуфтанд мурдаҳои солдатҳоро дар харҳоятон мебароред. Лекин мурдаҳои ин хоинҳоро ба банд баста ба замин мекашед. Фосилаи баландии куҳ то роҳи мошингард ягон 800 метр мебошад. То вақти шом ҳамаашонро фароварданд.
Ҷасади Ҳоҷӣ Ҳалимро дар Камаз бор карданд. Солдатҳоро дар чархбол. Баъди рафтанашон боз чанд ҷасади сарбозҳои бечора дар чуқуриҳои куҳ монда буд. Баъзеаш дар он куҳҳо пусида рафтанд. Ягон кас барои кофтан наомад. Ҳамаи он видеоҳоеро, ки дар интернет мебинед, дуруғ аст. Баъди се рӯз боз ҳамон армияю чархболҳоро оварданд, ҳам аз замин съёмка карданд, ҳам аз осмон. Яъне филми дуруғакӣ тайёр карданд.
Видеояшро бинед, бо банд аз болои душманашон мефароянд. Ҳамааш дурӯғ аст. Он вақт аз тарс на ҷанговари бақувваташ, на кормандони олимақомаш, на вазир аз меҳмонхонаи муовини раис баромаданд, на ҳавлу ҳол ва на вақти съёмка доштанд.
Бародари гиромӣ, ҳамаи ин воқеаҳо дар пеши чашмамон гузашт. .
Вакте ки бачаҳояшонро дар истироҳатгоҳи Архуи Ромит мекушанд, дар дохили дача як корманди кони тилло дар онҷо дар як ҳуҷра аз пушти парда аз тиреза нигоҳ мекунад. Се рӯз дар ҳамон ҳуҷра пинҳон мешавад. То ки ӯро ҳам шоҳид шуд гуфта накушанд. Кормандони амният хаёл мекунанд, ки дар дача ҳеҷ кас нест.
Он шахс ба забони худаш ба мо нақл кард, ки чунон бераҳмона куштанд, ки ҳайвонро ин хел намекушанд. Аввал дар пойҳояшон заданд. Баъд ба дастон заданд. Он бачаҳои ҷавон аз рангу руяшон маълум буд, ки қорибачаанд. Чунон зебо буданд, ки дилам пора -пора шуд. Онҳо зораву лоба мекарданд. Ин ҳукуматиҳо бошанд, масхара мекаранд. Мегуфтанд аввал к…амонро леседу буса кунед, баъд дигар намепаронематон. Онҳо ин корро карданд, чун ҷавон буданд. Аммо ин ҳама ризоият ба зиллату хиффату хорӣ ва ин ҳама лобаву зорӣ ба қалби ин ҳайвонҳо кора накард, ҳамаашонро парониданду ҷодарҷо куштанд. Баъд гуфтанд, ки онҳо ба куҳ баромаданд. Аммо ба Аллоҳи якто қасам, ки ҳамааш дуруғ аст.
Ин буд,нақл ва ривояти шоҳиди он ҳодисаи сохта.
Тавзеҳи «Ислоҳ.нет»
Ҳоҷӣ Ҳалим, замоне кушта гардид, ки 51 сол дошт. Раҳмонов ва мақомоти қудратии вай, бахусус СС.Ятимов, раиси КДАМ, ин нақшаро тарҳрезӣ карда буданд, ки ҲНИТро дар ин қазия гунаҳкор созанд ва бибанданд. Ҳоҷӣ Ҳалим, тибқи саҳмияи 30% аз тарафи ҲНИТ вориди ҳукумат шуда буд. Аммо талошҳо ва фишорҳои ҳукумат болои ҲНИТ, ки худаш довталабона саҳнаи сиёсиро тарк кунад, натиҷа намедод. То иҷрои ин нақшаи шум ва палидона ҳукумат тамоми имконот ва фишорҳоро болои ҲНИТ ба кор бурда буд. Барои онки ҳолу ҳавои он замон рушантар намоён бишавад, пораеро аз як матлаби «Озодӣ» вом мегирем:
«Вазорати адлияи Тоҷикистон авохири моҳи гузашта аз Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) тақозо карда буд, ки ба фаъолияти, ба қавли масъулони ин ниҳод, ғайриқонунияш хотима бахшад.Ҳакими Мирсайзод, муовини вазири адлия, рӯзи 28 август бо нашри гузориши расмӣ дар торнамои Оҷонсии “Ховар” гуфт, дар ҳоли ҳозир дар 58 шаҳру навоҳии кишвар созмонҳои ибтидоии ҲНИТ барҳам хӯрдаанд ва ин ҳизб ҳақ надорад, худро умумиҷумҳуриявӣ эълон карда ва анҷуман баргузор намояд. Қаблан ҲНИТ эълон кард, рӯзи 15 сентябри соли ҷорӣ анҷумани ҳисоботӣ ва интихоботии худро баргузор мекунад.Аммо ба дунболи ҳодисаи ҳамлаҳои гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода ба кормандони мақомоти қудратӣ дар Душанбе ва Ваҳдат дар рӯзи 4 сентябр, мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баргузории анҷумани худро ба вақти номаълум ба таъхир андохт. Мақомоти Тоҷикистон бо пахши як эъломия Абдуҳалим Назарзодаро узви ҲНИТ эълом карданд, аммо Ҳизби наҳзати исломӣ инро рад кард ва гуфт, ки “Ҳоҷӣ Ҳалим” ҳеҷ рабте ба ин ҳизб надорад».
о ҳамин имрӯз ин ҳодиса ҳамчун «ошуб» ва «табаддулоти давлатӣ» маънидод мешавад. Аммо, дар асл чуноне гуфтем ин як барнома ва нақшаи худи Раҳмонов ва мақомоти вай буд ба манзури ҳазфи ҲНИТ аз саҳнаи сиёсии кишвар буд. Он солҳо обру ва нуфузи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ чи дар дохил ва чи дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳадде боло рафта буд, ки Раҳмонов дар зери шуоъи он худро гарду ғубор эҳсос мекард.
Шоҳиди ҳодиса мегуяд, ки аз ҳукумат ба Ҳоҷӣ Ҳалим занг мезананд, ки худатро саришта кун, ки ҳукми қатлат содир шудааст. Ҳоҷӣ Ҳалим танҳо барои наҷоти ҷонаш бо чанде аз ҳамроҳонаш ночор ба тарки хонаву дараш мешавад. Вагарна нафаре, ки қасди табаддулоти давлатӣ дошт бопойи босоножки ва як куртаи остинкутоҳ тарафи Ромт меравад? Ё ҳадди ақал бародарон ва хонаводаашро аз он огоҳ мекарду барояшон роҳи бурунрафтро омода менамуд.
Дар инҷо низ як нақли қавлеро аз генерал Николай Бордюжа, Дабири кулли Паймони амнияти дастаҷамъӣ-ОДКБ меоварем, ки дар худи ҳамон шабурӯзҳо иттиҳоми давлати Тоҷикистон-яъне табаддулоти давлатиро рад карда буд:
«Николай Бордюжа, ки рӯзи 18 сентябр бо шабакаи телевизионии “Россия 24” сӯҳбат мекард, гуфт, даргириҳои мусаллаҳона байни нирӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи генерал Назарзода боиси бесубот шудани вазъ дар Тоҷикистон нагардиданд. Ӯ афзуд: “Ман масъалаи марбут ба бандаеро, ки ахиран хунсо карданд, ҷиддӣ намегирифтам. Ман мефаҳмам, ки чӣ рух дод. Вале ман фикр намекунам, ки мо битавонем ин амалҳо, аз ҷумла амалҳои генерал Назарзодаро ҳамчун кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва ё бесубот кардани вазъ дар Тоҷикистон маънидод кунем. Ман фикр намекунам, ки ин як рӯйдоди хеле ҷиддие бошад, ки битавонад кадом ҳаводиси манфиро дар Тоҷикистон ба дунбол дошта бошад. Вазъ дар онҷо ба қадри кофӣ босубот аст.»
Раҳмонов ва мақомоти вай Ҳоҷӣ Ҳалимро ба он муттаҳам карданд, ки барои 1 миллион доллари Кабирӣ шуда ин ошубро ба роҳ андохт. Аммо шоми 7 сентябр, ҳоло, ки ҳоҷӣ Ҳалимро накушта буданду вай дар куҳҳои Ромит қарор дошт тавассути шабакаҳои давлатӣ маълумоти гуруҳи фаврӣ-тафтишотиро нашру пахш карданд, ки нишон медод сарвату моликияти ҳоҷӣ Ҳалим аз даҳҳо миллион доллар ҳам зиёд аст ва ӯ ҳеҷ ниёзе барои 1 миллион доллари Кабирӣ надорад, ки барои оншуда ҷони худу наздиконашро ба хатар бигзорад.
Дороӣ ва моликияти Ҳоҷӣ Ҳалим, ки ҳукумат мусодира ва байни вазирони худ тарака ва тақсим кард аз даҳҳо миллион доллар зиёд будааст. Ҳоҷӣ Ҳалим соҳиби корхонаи нонпазӣ, хоҷагии деҳқонӣ, фабрикаи мурғпарварию асппарварӣ мебошад ва се истироҳатгоҳ дар ноҳияи Варзоб дорад. Ҳоҷӣ Ҳалим дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе соҳиби корхонаи нонпазӣ буда, ба иддаои мақомот онро ғайриқонунӣ аз худ карда будааст. Ба иттилои мақомот, гӯё Назарзода дар дохили ин корхона як хонаи сеошёна низ пӯшида, гоҳо дӯстонашро дар онҷо ҷамъ меовардааст.
“Дар Варзоб се истироҳатгоҳи бузург бо номи “Зафар” дорад, ки гаронбаҳоянд. Бинои Донишкадаи геодезии Академияи илмҳоро дар маҳаллаи Қаротегин аз худ карда, баъд аз таъмир онро ба хонаи истиқоматӣ табдил додааст. Дар 50 гектар замини атрофи ин донишкада худсарона нуқтаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт, хоҷагии ёрирасон барои парваришу нигоҳдории чорво ташкил намудааст,” — таъкид шуд дар ин гузориш». Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Абдуҳалим Назарзода молики як хоҷагии деҳқонӣ бо номи “Тобистон” будааст, ки заминҳояшро ба иҷора додаанд.
Бар асоси ин гузориш фабрикаи мурғпарварии “Тарз” низ ба Абдуҳалим Назарзода тааллуқ дошта, аммо чанде пеш ба маблағи 500 ҳазор доллар онро фурӯхтааст. Гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ толори варзишии “Лидер” дар шафати кӯчаи Зебуннисо ва тарабхонаи “Зайтун”-у кафе-бари “Бахтиёр”-ро низ ба ӯ мутааллиқ донистаанд. Фермаи чорвои калону майда ва асппарварӣ дар Рашт, 5 хонаи истиқоматӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониш ва ошёнаи сеюми як бинои сеошёна дар хиёбони Рӯдакӣ-187-и шаҳри Душанбе низ аз дороиҳои Абдуҳали Назарзода эълон шуданд. Бинобар ҳисобу китоби дороиҳои Абдуҳалим Назарзода як мағозаи фурӯши маҳсулоти чорво ва коргоҳи дӯзандагӣ дар ноҳияи Варзоб ба зани севуми ӯ нисбат дода шудааст.
Акнун пурсиш ин аст ки агар Ҳоҷӣ Ҳалим соҳиби ин ҳама сармоя буд ва мақому ҷойгоҳи барои як нафари низомӣ ( муовини вазорати дифоъ, рутбаи баланди генералӣ) муносибро дошт, барои ӯ чи зарурат дошт, ки даст ба табадуллоти давлатӣ бизанад? Ва, он ҳам, агар ба иттиҳоми мақомоти режими Раҳмонов бовар намоем бар ивази ҳамагӣ як миллион доллар, ки Кабирӣ ба ӯ додааст.
Ҳоҷӣ Ҳалим як фармондеҳи ҷангидаву ҷангдида набуд, ҳоҷӣ Ҳалим як нафар ба истилоҳ фанати ҲНИТ ва «давлати исломӣ» набуд, ҳоҷӣ Ҳалим аз он шароит ва ҷойгоҳе, ки дошт ҳазорон маротиба розӣ буд ва беш аз онро ҳам таваққуъ надошт, чаро бояд «табаддулоти давлатӣ» анҷом диҳад.
Аз тарафи дигар Ҳоҷӣ Ҳалим ба унвони як нафари масъул медонист, ки он зарфият ва тавонеро,ки «табаддулоти давлатӣ» анҷом диҳад, надорад. Пас, бар пояи кадом ҳисобе, расчете вай даст ба амале мезанад, ки медонад имконнопазир аст?
Қаблан ҳам гуфтему ҳоло ҳам мегӯем, ки ин иттиҳоми табаддулоти давлатӣ як барнома ва нақшае макорона барои ба пойи ҲНИТ печонидани ин иттиҳом ва аз саҳна берун кардани он ба манзури бидуни рақиби воқеӣ ва ҳамвор кардани роҳ ба Раҳмонову Рустам ва ҳокимиятро меросӣ ва авлодӣ кардан буду бас. Раҳмонову командааш ба вузуҳ медонанд, ки ҳифзу бақои вай ҳифзу бақои ҳамин шайка, бонди мафиозӣ ва ОПГ( гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ) аст ки ба бахти бади миллат бо тасодуфҳое ҳокимиятро гирифт. Малейши талоши гирифтани қудрат барои онҳо хатар дорад, хатарнок аст. Тем более агар ин хатар аз тарафи ҲНИТ таҳдид мекарда бошад. Онҳо, дар дохили худ ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳамин шароит бароямон биҳишти барин аст. Раҳмонов, Рустам, Озода ҳатто бачаву набераҳои онҳо бояд бошанд. На инки Кабирӣ, ҳатто Убайдуллоев, Ятимов дигару дигараш ҳам бошад, фарқе надорад, ҳар касе дигар ба ҷуз аз оилаи Раҳмонов барои онҳо хатар ва таҳдид ҳисобида мешавад, ин низом ва ин шароитро мутазалзил мекунад ва якбору барои ҳамеша фикри онро, ки нафаре дигар ба ҷойи Раҳмонов ояд дар дилу андешаи худ куштаанд ва ҳар касе дигар ояд барои онҳо «конетс света» ҳисоб мешавад.
Яке аз наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим дар як сӯҳбат гуфта буд, ки вақте ӯ аз берун ба ватан баргашт барномаи хусусисозии моликияти давлатӣ шурӯъ шуда ва онҳое, ки ҳоло миллионеру мултимиллиардер шудаанд, маслан ҳамин Ҳасан Асадуллозода, дар ҷайб сад доллар надоштанд. Вале Ҳоҷӣ Ҳалим хеле ҳам пулдор баргашта буд. Чун дар Қазоқистон тиҷорати бисёр ҳам пурдаромад дошт. Аз инҷо буд, ки хеле аз корхонаву иншоот ва амволи ба фурӯшгузоштаи давлатро, ки харид бидуни кадом ғирому найранг, бо баҳои эълон ва таъйинкардаи худи давлат харид. Ин нафар гуфт, ки чанд соли баъд танҳо птитсфабрикаи дар Ваҳдат харидааш, ки ба тоҷирони эронӣ фуруӯхт тамоми харҷоти моликияти аз давлат харидаашро пушонд. Манзур ҳоҷӣ Ҳалим пулдор буд ва ниёз ба пул надошт.
Боз таваҷҷуҳи шуморо ба як нуктаи дигар аз нақли шоҳиди ҳодиса ҷалб мекунам. Шоҳиди ҳодиса мегуяд, ки бародари Ҳоҷӣ Ҳалимро водор карданд, ки нисфишабӣ милисахонаи Ваҳдат ояд. Ҳоло акнун бубинед, ки ин нафар, ки ба пойи худаш омада буд, омадани ӯро мақомот чи гуна шарҳу тафсир мекунанд: «Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Назаров Мирзоҳаёт Мирзоевич (1972), бародари Абдуҳалим Назарзода, ки барои ҳамла болои дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ ва ШКД-и шаҳри Ваҳдат муттаҳам мешавад, ихтиёрӣ худро таслим кардааст.»
Ҳатто ҷанозаи ҳоҷӣ Ҳалимро нагузоштанд, ки бо ҷамъи мардум ба хок биспоранд. Маросими ҷанозаи вай таҳти фишори мақомоти амниятиву милиса дар гуристони маҳаллаи Қаротегини Душанбе ва нисфи шаб доир шуд. Аммо кору пайкори инсонҳое амсоли ҳоҷӣ Ҳалим якрӯз не як рӯз маълум ва рушан мешавад. Ҳақиқат дер ҳам бошад, ошкор мешавад…Ҳоҷӣ Ҳалимро куштанду ҲНИТ-ро бастанду Раҳмоновро пешво эълон карданду Қонуни асосиро иваз карданду Рустамро оварданду монданду дигар давру даврон карда гаштаанд.
Ин қабила ва қавми шакарови бо оличахури масту махмур на Худоро медонанду на халқи худоро. Бубинем, ки то куҷоҳо хоҳанд рафт?