Дар бораи Абдуғаффор Ҳикматуллозода, раиси феълии ноҳияи Рӯдакӣ, яке аз калонтарин ноҳияҳои ҷумҳурӣ қабл аз ин ҳам мо навиштаҳои зиёдеро ба нашр расонида будем. Замоне, ки ӯ муовинати аввали Прокурори генералии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ва низ аз соли 2023, ки раиси ноҳияи Рӯдакӣ шуд, исму ном ва кору пайкори вай дар навиштаҳои «Ислоҳ» кам тазаккур наёфтааст.
Ҳамин ҳоло ҳам, ки ду нома дар бораи ин раиси Рӯдакӣ ба дасти мо расидааст, аз он мегӯяд, ки Абдуғаффор Ҳикматуллозодаи фархорӣ сари сӯзан иваз нашудааст, балки аз пешина бештар ба ришвату фасод ғӯтавар шуда ончунон ҳаво гирифтаву пулмаст шудааст, ки ба гуфти мардумӣ дигар «худаш шоҳу табъаш вазир» шудааст.
Абдуғаффор Ҳикматуллозода ноҳияро ончунон дар мушти худ гирифтааст, ки Қурбони бех (Императори Вахш) Вахшро. Чизе бихоҳад ҳамон мешавад. Дар чанд ҷо лоф ҳам задааст, ки ба Раҳмонов прямой доступ дорам ва доляро ҳам мустақим ба худи Раҳмонов бурда месупоридааст ва ҳатто лоф мезадааст, ки бегоҳ бо худи Ҷаноб чанд бутилка холӣ кардаанд.
Ин ҳамин тавр будааст, ки чапу рост замину иншооти ноҳияро фурӯхта истодааст. Ҳоло замоне, ки муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон буд, дар бораи дороиҳои вай «Ислоҳ» дар матлабе бо номи «Дар «биҳишт»и -«пешво»: «интригаҳо, мақомҳои поёнтар, давутозҳо барои курсӣ», ки 17.01.2023 чоп шудааст, чунин навишта буд:
«Мо боварии калон дорем, ки баъд аз навиштани мақолаҳо нисбати собиқ муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Абдуғаффор, Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон бо роҳи худ баъзе ҷиноятҳои ӯро ошкор сохта ҳатман ба пешво расонидааст, то ин ки пешво тақдири ӯро ҳал намояд. Бо ҳамин баҳона худи Юсуф Рахмонов аз яке конкурентҳои худ халос гашт. Аҷоиботи кор дар он аст, ки пешво вақти таъин намудани Ҳикматуллозода Абдуғаффор гуё насиҳат карда бошад, ки фақат ба ту бовар менамоям, ба фурӯши замини ноҳияи Рӯдакӣ хотима гузор, то имрӯз ягон раисони пештараи ноҳия ҳамин супориши маро иҷро накарданд. Куҷо ҳастанд мақомоти қудратии ноҳия, ки ҳамаи раисон ҷинояткорӣ мекунанд. Боз аҷибтараш ин аст, ки «гургро сари рама посбон монданд», Ҳикматуллозода Абдуғаффор каме пештарак 3-4 гектар замини ноҳияи Рӯдакиро аз беҳтарин мавқеъ ба сари раиси ноҳия фишор оварда қарорашро ба номи хешу таборони Хушаков ва Пиров Тоҷиддин бароварда дод, то ин ки дар оянда гуё як заводи калонтарини саноатӣ ҳамроҳ бо онҳо бисозад. Ӯ худ куратори ҳамин соҳаҳо буд. Ин ҳама афсона аст, ки муовини аввали прокурори генералиро раиси ноҳия таъин намуда ба заминфурушӣ хотима гузорад. Ҳатман нисбати Ҳикматуллозода дар вақтҳои наздиктарин парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ӯ бо истифода аз вазифааш садҳо парвандаи бофтаву сохтаро имзо намудааст ва ба сохтани ин парвандаҳо ба зердастони худ фармонҳо додааст, фақат ба хотири пул! Дар Тоҷикистон дар давоми 30 сол ба ҳамаи мардум маълум аст, ки парвандаҳои бофта дар мақомоти қудратӣ, асосан қисми зиёде аз тарафи Ҳасан Асадуллозода сохта ба иҷро расонида мешавад ва боз қисми дигарашро худи роҳбарони мақомоти қудратӣ ё бо закази намояндагони оила месозанд. Лекин боз як гурӯҳи дигари пулдорон, соҳибкорон ба воситаи прокуророн ва кормандони агентии зидди фасоде, ки худашон дар фасод ғутта задаанд, ин парвандаҳо сохта мешавад».
«Махсусан фармоишҳоро Ҳикматуллозода Абдуғаффор аз тарафи бонкдорон, соҳибкорон, зиёде аз онҳоро аз тарафи Хушаков, Пиров ва якчанд соҳибкорони зодаи ноҳияи Фархор, ки дар Русия кору зиндагӣ менамоянд, мегирифтааст. Ҳикматуллозода Абдуғаффор имрӯзҳо даҳҳо хона дар «новостройкаҳо»-и Душанбе ва Жилой Комплексҳои Москва дорад. Ҳавлии якчанд миллион доллара дар Душанбе ва коттедж дар яке аз ҷойҳои беҳтарини Московский област дорад, ки ҳамаи ин амволи номбаршударо бепул, барои «хизмат» гирифта аст. Зиёде аз ин амволашро маҳз бо миёнаравии бевоситаи Хушаков Қурбон ва Тоҷиддин Пиров гирифтааст, ки «заказ»-ҳои парвандаҳои бофтаро низ онҳо додаанд.»
Ҳамаи рӯйхати парвандаҳои сохта бо амволи гирифтаи Ҳикматуллозода Абдуғаффор дар дасти мо омода шуда истодааст, ҳатман онҳоро нашр менамоем, то мардум бидонанд, ки чӣ касонеро ба курсиҳои ҳукумат менишонад ҷаноби «пешво». Барои мо фарқе надорад, онҳо ҷазо мегиранд ё не, асосаш халқ бифаҳмад, ҳатман вақти ҷавоб дар назди қонун ба наздикиҳо фаро мерасад.
Тавсия ё машварати судманд ба Ҳабибулло Воҳидзода
Прокурори генералӣ хоссатан Ҳ.Воҳидзода аз пушти сохтани туҳмат ва деллоҳои бар дурӯғ сохтан нисбати мухолифони сиёсиро як тараф гузорад. Дар мадди аввал бояд як комиссияи махсус таъсис дода тамоми фаъолияти кории Ҳикматуллозодаро дар давраи муовини аввал будан дида бароянд, то ин ки ба ноадолатиҳое, ки ба хотири пул даст задааст, ошкор карда шуда, нисбати нафарони бегуноҳ парвандаҳо қатъ карда шаванд ва мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон барои сохтакорӣ, порагирӣ, сӯистифода аз мансаб ва аз ваколатҳои худ берун баромадан нисбати Ҳикматуллозода ва зердастонаш, ки супориши ғайриқонунии ӯро иҷро намудаанд, парвандаҳо оғоз карда шавад. Инчунин решае дар генпрокуратура гузоштаашро решакан кунад, то боз тавассути онҳо генпрокуратураро низ идора накунад.
Генерал Ҳикматуллозода ва пуштибонони ӯ чӣ касоне ҳастанд?
Ҳикматуллозода доимо устоди асосии худ Шерхон Салимовро меҳисобад. Лекин мехоҳад ҳамчун сарватманд мисли шефи собиқи худ Юсуф Рахмонов бошад, яъне амволи зиёд дошта бошад. Бе ягон шакку шубҳа, Тоҷикистон ягона мамлакате дар байни собиқ давлатҳои шуравӣ аст, ки дар давоми 30 соли истиқлолият, мардуми соҳиби пул ва амволи зиёд дошта, фақат аз ҳисоби кормандони мақомоти қудратӣ мебошад».
Аммо ин дар гузашта ҳомиву нозири иҷроиши қонун(муовини аввали Прокурори генеаралии Тоҷикистон) дар ҳилаву найранг ва ғорату дуздиву талаву тороҷ, ки сахт муҷарраб ва гурги борондида шудааст, ҳоло наздик ба се сол мешавад, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ба мисли Абдусалом Тухтасунзода, раиси пешини Конибодом (Пешвои муаззами Конибодом) Муқимӣ Раҳимҷони собиқ раиси Рашт чапу рост «задестай».Тухтасинзода 12 сол гирифт.Муқимӣ пули калон доду делояшро хобонд. Аммо Ҳикматуллозода гуфтааст: «ман худум Прокурорум, мара мешинондагира ф ****н мекунум».
Зимнан, Абдуғаффор Ҳикматуллозода, ончуноне Тоҷиддин Пиров, раиси Бонки рушди Тоҷикистон (раиси Тоҷиксодиротбонки собиқ) кадри дастомузи ҳамин бонкир будааст. Дар ин бора мо қаблан навишта будем ва ин навишта таҳти унвони Шерхон Салимов: «Шамсуллоро бо як тонна героин қапидам, пешво озодам кард» дар таърихи 23.09.2022 чоп шудааст, ки иқтибоси поён аз ҳамон аст:
«Хушаков Қурбон ва Пиров Тоҷиддин ҳамаро ба мисли ҷонишини аввали Прокурори генералии Тоҷикмстон Ҳикматуллозода Абдуғаффор харида наметавонанд!
Аз рӯйи гуфтаи Хушаков Қурбон ӯ бо ҳамроҳи Пиров Тоҷиддин ин кадрро, яъне Ҳикматуллозода Абдуғаффорро аз давраи студентиаш дар тарбияи худ гирифта то ин мақоми баланд ба воситаи пулу шиносҳои худ расонида бошанду ӯ якумр бояд дар хизмати онҳо бошад. Боз хешу табори наздики Хушаков Қурбон ҳам будааст. Аҷабе нест, ҳарду ҳам аз ноҳияи Фархор ҳастанду ҳамдигарро хуб мешиносанд..
Аз рӯйи нақлҳои Хушаков Қурбон, Ҳикматуллозода Абдуғаффорро дар давраи Прокурори генералӣ будани Шерхон Салимов бо масрафҳои зиёд, тарбияи хуби кареравӣ намуда, ба ин мақоми ҳозирааш номзад сохта будаанд, ва «спонсорон» ба Салимов Шерхон миннатдорӣ ҳам намуданд. Лекин баъд аз қудо шудани Юсуф Раҳмон бо пешво, Хушаков, Пиров, Ҳикматуллозода, Салимов Шерхон ва боз як гурӯҳ прокуророн хело зиқ шуданд. Онҳо боварӣ доштанд, ки Ҳикматуллозода Абдуғаффор дар солҳои наздик Прокурори генералӣ мешавад. Акнун тарбуз пурра аз бағалашон афтид.»
Мо метавонем, ки боз чандин иқтибосҳои дигарро роҷеъ ба Абдуғаффор Ҳикматуллозода, аз навишаҳои «Ислоҳ» пешкашатон намоем, то бифаҳмед, ки ӯ чи касе буд ва ҳоло бо чи усулу шевае ноҳияи калонтарини кишварро раҳбарӣ карда истодааст ва муҳимтар аз ҳама бидонем,ки кадрҳои Раҳмонов чи касонеанд ва чи корҳо мекунанд?
Раҳмонов Ҳикматуллозодаро оварда буд, ки пеши роҳи заминфурӯшӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гирифта шавад. Аммо ар асл чӣ шуд?
Акнун, ки матлаби мо як каме тӯлонӣ шуд, ҳоло аз шарҳи беш аз ин имтиноъ меварзем ва рӯ меоварем ба номаҳое, ки сокинони Рӯдакӣ барои «Номаҳо аз ноҳияҳо» фиристодаанд:
Номаи аввал:
Рӯдакӣ
Аз ноҳияи Рудакӣ менависам. Мехохам каме бошад ҳам аз он чи ки дар ноҳия мегузарад ба Шумо бигӯям. Раиси ноҳияи Рудакӣ бачабоз Абдуғаффор Ҳикматуллозода ноҳияи Рудакиро ба як бозори хусусӣ табдил дод. Президент уро вақте таъин кард гуфта буд, ки «баъди таъин карданам президент таъкид кард, ки заминфурӯширо бас карда шавад, ба заминфурӯшӣ роҳ дода нашавад».
Аммо ин раиси сабзибадасти ноҳия заминҳое, ки барои ноҳия ҳаётан муҳим буданд, фурӯхт.
Ҳоло дар бораи як ҷияни ин раиси сабзибадаст маълумот медиҳам. Дар ноҳия як ҷияни Абдуғаффори бачабоз директори гимназияи тоҷикӣ-русӣ мебошад. Гимназия ба номи А.С. Пушкин аст. Барои онҳое, ки мехоҳанд кудаконашоро ба ин гимназия ворид кунанд, аз 3500 то 5000 сомонӣ талаб мекунад. На танҳо синфҳои якум ба дилхоҳ синфи ин гимназия шомил шудан, масалан аз дигар мактаб ба инҷо омадан ба ҳамин андоза пул талаб карда мегирад. Албатта, ин пулро бо ҳар баҳона мактабро ремонт дорем, барои мактаб мизу курсиҳои нав мехарем, барои мактаб асбоби варзишӣ мехарем ва аз ин қабил баҳонаҳо мегирад.
Дар гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С.Пушкин 1800 талаба мехонад, ки ҳар сол аз ҳар яктои онҳо 200 сомонӣ аз моҳи апрел то май ҷамъоварӣ мекунанд. Ҷамъи ин маблағ — аз 1800 талаба 200 сомонӣ -360 000 сомониро ташкил медиҳад. Бо ин пул камаш 8 синфхонаи замонавӣ сохта мешавад. Имсол бошад аз довталабон бо баҳонаи ремонти мактаб то 5000 сомонӣ ҷамъовари карду аммо ба орзуяш нарасид. Рӯзи 12 август кормандони шуъбаи кофтукови ШВКД-1 дар нохияи Рудакӣ директори мактабро бо 45 ҳолати гирифтани пора бо маблағҳои то 5000 сомонӣ дастгир карданд. Вале рӯзи 13 август бо дахолати раиси нохия озод карданд. Шояд савол ба миён ояд, ки барои чи номи директори мактабро дарҷ накардед? Чунки директори мактаб ба монанди тағояш касалӣ аст. Ҷиянаш директори мактаб дар гимназияи тоҷикӣ -русӣ ба номи А.С.Пушкин ба хонандагони мактаб дастдарозӣ мекунад. Ман чанд нафареро метавонам бо ному фамилия ва бо номи падараш дарҷ кунам. Аммо аз ҳисоби зан будан ояндаи як нафарро намехоҳам доғдор кунам (изои бандаи мумин ҳаром). Ба ҳамин хотир намехоҳам номи директори мактабро гирам.
Бо чанде аз ҷиноятҳои директори мактаб ин аст, ки пулҳои калони мактабро бо баҳонаи стадион кардем гуфта аммо бо ёрдами падару модарҳо сохтанд. Аммо ин касиф бо баҳонаи сохтмони стадион пулҳоро аз они худ кард.
Ҳоло боз аз худи раиси сабзибадаст.
Барои сафари Раҳмонов ба ноҳия, ки қарор аст моҳи октябр сурат гирад, омодагӣ дорад. Мо, чи гуфтанием?
Муроҷиати мо сокинони ноҳияи Рудакӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ин аст наход Шумо то ин дараҷа беиззату беқадру қимат ҳастед, ки ин Раиси ноҳия Шуморо ба як бозичаи дасти худ табдил кунад. Раиси ноҳия Раҳмоновро ба мазоҳу масхара гирифтааст, мисле, ки Президент як шахси тамоман ноогоҳ ва нофаҳм бошад. Чи коре хоҳад анҷом медиҳад. Айни замон раиси ноҳия як чанд биноро ба ин сафари Президент омода карда истодааст. Мо ба Дастгоҳи иҷрояи Президент гуфтанием, ки ин раис ғайр аз биноҳоро ранг карда маълумоти бардуруғ дода иншооти ҷашнӣ гуфтан дигар коре кардан наметавонад. Инҷо мехоҳам, ки як нуктаро гуфта гузарам. Дар ҳама ҷамоату шаҳракҳо раиси ноҳия бо таҳдиду фишори онки «ба сарат аз прокуратура одам меравад», «аз налог одам меравад», «аз милиса одам меравад», «комиссияи қабул коратро қабул намекунад» ва ба ин монанд таҳдидҳо биноҳоро аз ҳисоби соҳибкорҳо таъмир карда истодааст (Ҳам Раҳмоновро фиреб карда истодааст, ки биноҳои нав сохт, ҳам пули соҳибкорҳоро гирифта истодааст) Аммо аз буҷаи ноҳия тавассути ширкатҳои сохтмонии ҷиянҳояш санадҳои фалшивий сохта, гӯё биноҳоро таъмир кардааст пулҳоро аз они худ карда гирифта истодааст. Ин гуна афёраву махинатсияро раисони пешина ҳатто дар хоби шабашон ҳам намедиданд.
Чанде аз боғчаи кудаконаи 1 ошёнаро ба 4 ошёна табдил карда онҳоро ба рӯихати иншоотҳои ҷашнӣ гузаронд. Чанде аз мактабҳоро ҳам ҳамин тавр кард. Оё он комиссияи давлатӣ, ки ин биноҳоро қабул мекунад, чи гуна қабул мекунад? Магар таҳхонаву курсии бинои як ошёна вазни бинои чорошёнаро бардошта метавонад? Ин хатар ба саломати кудакону мактаббачаҳо надорад?
Дар ҷамоати деҳоти Роҳатӣ тамоми сохтмонҳои мактаб ва боғчаи кудаконаро соҳибкорон сохта истодаанд. Аммо ин раиси сабзибадаст ҳуҷҷатҳои қалбакӣ сохта ва аз ҳисоби Фонди ободонии ноҳия гузаронида пулҳои буҷҷетиро азони худ карда истодааст.
Шояд савол ба миён ояд, ки иншоотҳое қайд кардед (боғчаи кудакона, мактаб, роҳ ва боғ) ва дигар иншоотҳо иншоотҳоенд, ки бо пули кам сохта намешаванд. Барои сохтмони чунин иншоотҳо пули калон лозим аст. Гап дар ин ҷо аст ки ба ҳисоби Фонди ободонии ноҳия маблағҳои калоне мегузарад. Барои мисол аз ҳисоби қарорҳои сохти биноҳои баландошёна уҳдадориҳо барои 1 кв метр 56 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Соҳибкор барои қарори баландошёнаро гирифтан 200 ҳазор доллар ба раиси ноҳия бо усули наличка бо миёнаравиии писараш пора медиҳад. Писари Абдуғаффор Ҳикматуллозодаи…«посредник»-и асосии миёни падараш ва соҳибкорҳо мебошад ва рақами телефони мобилии ӯро ҳамаи соҳибкорҳо медонанд. Боз барои онки ба писари ӯ соҳибкорҳо «ход» ёбанд, ба одамони наздики вай ҳам «доля» медиҳанд. Чунки ҳаминки писари ӯро ёфтанд, ҳатман бар ивази пардохти ришват корашон буд мешавад, қарорро ҳатман аз раиси ноҳия дастрас мекунанд.
Баъд аз ин маблағ боз соҳибкор 70 то 100 ҳазор сомонӣ дар банк месупорад. Ин 70—100 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби Фонди ободонӣ мегузарад. Боз ин пулҳоро дар он иншооти ҷамъиятӣ (мактаб садик, роҳ ) ва ғайра харҷ кардам гуфта аз ҳисоби Фонди ободонии ноҳия снимат карда аз они худ мекунад ва он мактабу боғчаву роҳу дигару дигарро бо пули аз мардум, талабаҳову муаллимҳо ва муҳоҷирҳо ва соҳибкорҳо таъмир мекунад.
Ҳоло бошад раиси ноҳия дар куҷое хоҳад қарор медиҳад. Тибқи генпланҳои ҷадид бояд дар маркази навоҳӣ ва дар шаҳракҳо (поселкаҳо) биноҳои баландошёна бунёд карда шавад. Вақте биноҳо баландошёна сохта мешаванд, бояд тамоми шароит, маслана канализатсия дошта бошанд.
Аммо дар деҳаҳо масалан, ба монанди ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода не канализатсия дорад не истгоҳи барқӣ ва не об. Системаи обрасонӣ барои беш аз 43 блок, ки дар як куча ҷойгир мешаванд, зӯраш намерасад, таъмин карда наметавонад вазъият дар бадтарин ҳолат қарор дорад, марҳмат омада санҷед!.
Ҳоло ба маълумоти ҳукумати ноҳия 140 блок дом бояд сохта шавад. Майлаш, мо зид нестем, мо тарафдори ободонӣ. Лекин раиси ноҳия миёни соҳибкоронро шикаста аст. Баъзеи онҳоро кидат кард то 500 ҳазор доллар бо ваъдаи ҳамин территорияҳо медиҳам гуфта аммо ба дигар нафар он территорияҳоро барвақт фурӯхтааст.
Барои мисол ба ҳисоби миёна 200 ҳазор долларӣ агар аз ҳар як соҳибкоре гирад дар мамуъ 28 миллион доллар мешавад. Бояд дар ин пул раиси нохия канализацияи ноҳияро бо обаш сохта ва омода кунад. Хоҳиши мо аз Дастгоҳи иҷроияи Президент чунин аст: раиси ноҳия ба камиаш зиёда аз 30 миллион доллар кор карда аст хоҳишмандем канализация ноҳияро бисозад. Канализацияи ноҳия аз солҳои 60 ми асри гузашта мебошад диаметри трубааш 150 аст, магар барои 140 бино басанда буда метавонад? Манзур аз 30 млн доллар аз ончи мо медонем ҳаст, маблағ албатта садҳо маротиба аз он бештар асту кам не.
Номаи дуввум:
Рӯдакӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Пеш аз ҳама ба шумо саломативу тандурустӣ ва барор дар корҳоятон хоҳонам. Шуморо ба ташкили ҳаракати нави «Ислоҳотхоҳон» табрик менамоям ва эълон медорам, ки мо садҳо нафар тарафдори ин ҳаракати шумо ҳастем, ки мақсад дорад ин режими ҷинояткорро сарнагун созад ва халқи тоҷикро аз зери зулми ин оилаи касиф озод намояд.
Баъдан ташакури худро мерасонам, ки номаҳои моро чоп намудед. Ва ҳоло мехоҳам боз идома диҳам. Ин бор низ аз аъмоли ҷинояткоронаи раиси сабзибадасти ноҳияи Рудакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода нависам
Ин раиси ноҳия ягон майда аз раисони пешинаи ноҳия фарқе накард. Баракс ин собиқ муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон,ки Раҳмонов гӯё барои ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳои зиёд ба инҷо оварда монда буд, бадтар карда истодааст. Абдуғаффор Ҳикматуллозодаро Раҳмонов барои он раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда буд, ки дар ин ноҳия тартиботу қонунро ҷорӣ намояд, пеши роҳи дуздиву ғорат ва талаву тороҷи моликияти давлатӣ ва махсусан заминфурӯширо бигирад. Вале мебинем, ки дузди гузарое беш набудааст. Кораш фақат леле пе пе ва андовакунӣ ва ба чашми давлат хокшапӣ аст. Ранги пешинаҳояш биноҳо ё иншооту боғи будагиро як «рангу бор» мекунаду талош мекунад маросими ифтитоҳи онро бо иштироки президент доир кунаду бо ҳамин нишон диҳад, ки вай «ободкорӣ» карда истодааст.
Як мисоли конкретӣ меоварам. Як боғ ҳаст дар даромадгоҳи ноҳия дар рӯбарӯи бозори Зафар. Ин боғ солҳост, ки вуҷуд дорад. Раиси ноҳия онро гӯё ободкорӣ карда танаи ниҳолҳоро сафед намуд ва акнун президентро даъват дорад, ки аз боғи бинокардаи вай дидан кунад.
Ман дар корҳои амнияти ноҳия дар тааҷҷуб мезанам. Барои чи ин қадар Шумо бе ору номусед, ки ба чунин масхарабози ин раиси ғоратгар ва дузду қаллоб чашмпушӣ мекунед? Тамоми халқ медонад, ки ин боғ амал мекунад ва ба Абдуғаффори Ҳикматуллозода ягон майда дахл надорад. Шумо бо ин коратон президентро дар байни халқ шарманда мекунед, ки ҳатто аз воқеиятҳои таги биниаш дар Душанбе огоҳӣ надорад.
Абдуғаффор Ҳикматуллозода рӯирост ҳамаро, аз ҷумла Президентро фиреб карда истодааст, шумо ҳамаи инро хуб медонед, аммо чаро маълумоти заруриро бурда намерасонед? Чаро? Ё шумо ҳам шарики ҷурму ҷиноятҳои Ҳикматуллозода ҳастед?
Ҳамин хел ҳолат дар ҷамоати деҳоти Чоргултеппа дар деҳаи Кармаркс (Карл Маркс) ҳам такрор шуда истодааст. Як боғчаи кудаконаи 2 этажаи пешинаро гирифта 4 этажа карда истодаанд, то ки барои ташрифи президент ҳамчун навигарӣ, «ободкорӣ»-и ин раиси ғоратгар ва дузд нишон диҳанд. Аммо ин бинои 2 ошёнаро ҷияни раиси ноҳия аз заминҳои мактаби Кармаркс (Карл Маркс) бо дахолати худи амаки раисаш гирифт ва 2 ошёна сохт. Хост, ки дар ташрифи президент маросими кушодашавӣ баргузор шавад. Аммо бинобар сабаби ба талабот ҷавобгу набудан ташрифи президент ба ин бино сурат нагирифт, нашуд. Ҳоло раиси ноҳия ҳаракат дорад, ки ин биноро «андова» ва «нав» сохта ва дар ифтитоҳи он ташрифи президентро баргузор кунад.
Ман мехоҳам як чизро фаҳмам. Дар кадом қоида ва чаҳорчубаи қонун ин амалҳои раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода рост меомада бошад?
1) Замини муасисаи то мактабиро ғайриқонунӣ ва бо суистифода аз мансаби давлатӣ ва усули фишор аз заминҳои мактаб гирифта ҷудо карда ба ҷиянаш дод ва ҳоло акнун мехоҳанд ба инҷо президент ташриф оварад.
2)Боз дар кучаи Ҷавонон (ру ба руйи мойкаи саммой) як ҷойи тақсимоти газ буд. Ба маблағи 560 ҳазор доллар ба як соҳибкор онро фурӯхт. Ман аз ин амалҳои раиси ғоратгар як чиро мушоҳида ва хулоса кардам. Ояндаи Тоҷикистон ба давлатҳои африқоӣ баробар ва монанд шуда истодааст. Баъди ин кори раиси ноҳия мо ба хулосае омадем, ки дигар дар Тоҷикистон омадани газ ғайриимкон аст.
3)Боз як амали дуздии раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода ин аст ки вай якҷо бо заводи арматураи хитоиҳо, ки дар наздикии молбозор воқеъ аст, бар зидди манфиатҳои давлат ва ба манфиати шахсии худаш ва хитоиҳо бо хитоиҳо забон як карда ҷинояти рӯирост содир карда истодааст. Ин раис аз ҳамин завод ҳар моҳ камаш 60 -70 тонна арматура мегирад ва бар иваз ба ин завод барқи ройгон ё дуздӣ медиҳад. Марҳамат ниҳоди навтаъсиси назорати барқ тафтиш кунед агар наметарсед. Ин Абдуғаффор Ҳикматуллозода то рузи қабули қонун дар бораи дуздии барқ ҳамин корро мекард ва ҳар моҳ то 400 ҳазор сомонӣ зарари худро ба давлат нотарсона мерасонд. Тафтиш кунед агар худро ниҳоди мустақил меҳисобеду воҳима бар сари мардуми камбағал карда мегардаед барои 200 300 сомонии камоӣ шуда аз сокинони маҳаллӣ.
Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ»! Шумо ҳам метавонед дар навишт ва омодасози матолиб барои мо кумак кунед. Дар маҳалли зисти шумо, дар ҷамоат, шаҳрак ва ноҳияи шумо ҳам афроде аз қабили Абдуғаффор Ҳикматуллозода ҳатман, ки мансабу масъулият доранд, ки ҳамаро талаву тороҷ карда истодаанд. Бинависед, то чеҳраи онҳоро мардум бишиносанд!