Сари Хосор зери зулми оилаи вазири нақлиёт ва ВКД

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Мо, мардуми ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон чунин ҳисоб мекунем, ки  фарзандони угайи ин миллатем. Муддати 6 моҳ мешавад, ки ба «Ислоҳ» менависем, аммо  ягон ҷавоб нест. Аз ҳукумати кишварамон ягон беҳбудие интизор нестем ва инро хуб медонем. Охир “Ислоҳ” чаро шикояти моро нодида мегираду ба он расидагӣ намекунад? Мо мардуми Сари Хосор аз дасти Иброҳимзода  Ҳасан, ки муддати 10 сол раиси ҷамоат дар Сари Хосор  ва моҳи октиябри соли 2021  муовини раиси ноҳияи Балҷувон дар бахши замин таъин шуд, ба дод омадаем.

Иброҳимзода  Ҳасан Ҷангӣ  соли таваллудаш 1971 аст. Истиқоматкунандаи деҳаи Муллоконии ҷамоати Сари Хосор ноҳияи Балҷувон дар гузашта шофёр буд. Ҳатто мошинро ҳам дуруст ронда наметавонист ва ҳоло баъзе ҷойҳое ҳаст, ки бо номи Ҳасанпар дар мо маъруфанд. Зеро чанд маротиба бо мошин Ҳасан аз онҷоҳо парида ва мошинро чапа карда асту мисли “Кащей Бессмертный” аст ин Ҳасан. Ӯ соли 2006 ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ супорида аст дигар он тарафашро худатон фикр кунед,танҳо супоридааст, мо нагуфтем ӯ хондааст онҷоро.

 “Азизулло  Ҷангӣ, писари Иброҳимзода Ҳасан аст, мутаваллиди соли 1997 дар Лексуси 570 савор аст. Ҳамсинфонаш мепурсанд, ки мошинро аз куҷо ва бо кадом пул харидӣ? Ҷавоб медодааст,ки  «падарам раиси ҷамоат ва  амакам Азим Иброҳим, вазири нақлиёт аст. Ман савор нашавам итари мошина, ки  савор мешавад»?”

Азбаски масоҳати Сари Хосор  хеле калон аст хоҷагии ҷанглаи он ба ду тақсим аст: 1 хоҷагии ҷангали Сари Хосор, 2 хоҷагии ҷангали ноҳияи Балҷувон. Дар ин ҷамоат як деҳае ҳаст,ки бо номи Боғизоғон машҳур мебошад. Ин деҳа аз он тарафи рӯди Сурхоб аст. Беш аз 100 буна дорад. Дар вақти сатҳи руди Сурхоб баланд шудан мардум ба мушкилиҳо рӯбарӯ мешаванд. Онҳо ҳашар карда пул месозанд, аммо дар вақти бориши зиёд пулро об мебарад. Худоро бе андоза шукр, ки як тоҷир аз ноҳияи Рашт  Раҳими Ғармӣ дар деҳаи Боғи зоғон бо маблағи 500.000 сомонӣ пули мошингузар месозад. Аммо Иброҳимзода Ҳасан бо раиси ноҳия дар оғози сохтмони  ин пул омада 30.000 сомонӣ гирифтаанд. Боз Ҳасан Иброҳимзода омада ба сокинони Боғизоғон гуфтааст, ки «шумо бояд ба сум неву бе сум кор кнен» .Дар ҳоле, ки ин  тоҷир ё Раҳими Ғармӣ  барои пулсозон маош ҳам пешбинӣ карда аст.

 “Дар хоҷагии ҷангали н.Балҷувон Мустафо Раҳимов, писарамаки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ раис мебошад ва кораш фақат заминфурӯшӣ аст. Як заминро ба чанд кас мефурӯшад. Масалан ягон кас 2.000 сомонӣ бидиҳад ва пагоҳ  як нафари дигар 3000 диҳад ба охирӣ медиҳад. Боз мардумро аз амаки вазираш тарс медиҳад. Масалан пуле додагиятро дубора намегиред. Ҳарчи мехоҳад чунон мекунад вақте гуфтед ин коратон мухолифи қонун аст Мустафо мегӯяд,ки ма Мустафои пешина нестам ва ҳар коре хоҳам мекунам.”

Дар муддати 10 соли раиси ҷамоат будани Ҳасан Иброҳимзода ягон навигарӣ дар ҷамоат нашуд. Мардуми ҷамоати Сари Хосор аз ҳисоби боғдорӣ ва чорвопарварӣ рӯз мегузаронем.

Аз моҳи феврал то моҳи июн сатҳи дарёи Сурхоб баланд мешавад. Дар он роҳ танҳо мошинҳои калон метавонанд гузаранд,мошини майда аслан наметавонанд гузаранд. Дар беморхонаи мо ҷамоати Сари Хосор ягон духтури дуруст нест, танҳо барои капелмониву сузандору кор мекунанду халос. Ягон таҷҳизоти замонавии тиббӣ надорад. Раҳмонов ҳар вақт ба Сари Хосор ояд ба 8000 сокини ин ҷамоат ваъда мекунад, ки 36 км роҳи аз маркази ҷамоат ба маркази ноҳияро ман аз бюҷети худам обод мекунам. Аммо ваъдаҳои вай дар ях навишта мешаванду дар офтоб об мешаванд.

Мустафо Раҳимов дар яке аз сафарҳои Раҳмонов ба Данғара ба ҳашари ниҳолшинонӣ меравад. Дар онҷо мегӯяд,ки «ман пулро ҳамқа нағз мебинам, ки касе ба ман пул тияд мегум к..а бтмш, ва  қаҳ-қаҳ механдад».

 “Иброҳимзода Ҳасан, раиси ҷамоати собиқи Сари Хосор тамоми кори зиндагиашро ба меҳнати мардум буд мекунад. Мардумро ба ҳашари алафдаравӣ мебарад ва агар касе нарафт дар рӯихати «черний»-и раис медарояд ва ҳатман бо ягон роҳе, мисли каждум ба вай зарар мерасонад.”

Ба Вориси ҷиянаш зани дуюм дод, ҳамсари аввалаш аз хона  ҳомила баромада рафту дигар барнагашт. Худо донову биност, ки чи гапу ҳодиса буд, ки ҳамсари дуввумаш гирифту худашро ба дор овехт. Одами соқу саломатро гирифтанду девона «оформит» карданд ва аз ягон мақомот ба дари хонаи Ҳасан наомад ва напурсид, ки чаро чунин шуд? Мегӯянд инҷо Азим Иброҳим муовини собиқи сарвазир ва феълан вазири нақлиёт кумак кардааст ва камбағал мурд ё худкушӣ кард мушкил нест. Адолат куҷост?

Ҳамсари якуми Ворис ҳомила аз хонаашон баромада рафт  иллаташро дар поён мегӯем. Аммо ҳамсари дуввуми Ворис худро ба дор овехт ин духтари камбағалро сахт азобаш додаанд ва чанд маротиба падару модарашро ин духтари бечора огоҳ карда будааст, ки Ҳасан Иброҳимзода мехоҳад ба ман дастдарозӣ кунад ва ман ҳамсари Ворисам охир. Аммо падару модари духтар гуфтаанд, ки ин инсони бо обу рӯй аст духтарам шармандаамон накун баргард рав ба хонаи шавҳарат.

“Духтар гуфта будааст,ки охир он хонаи Ҳасан Иброҳимзода аст ва агар гӯям Ворис шавҳарам нест шумо намефаҳмед маро. Духтар дигар тоқат намекунад ва дар хонаи Ҳасан Иброҳимзода қишлоқи Муллоконӣ худашро ҳалқовез мекунад.”

Акнун фаҳмидед, ки Ҳасан Иброҳимзода чигӯна бе имон аст, ки ба ҳамсари ҷиянаш мехостааст даст дарозӣ кунад. Овозаҳое ҳам ҳастанд, ки ба ин духтар чунин корро карда будааст ва ин бечора ночор худро ба дор овехтааст.

Ин Ворис писари апаи Ҳасан Иброҳимзодаи Ҷангӣ буд, падар надошт, сағира буд. Дар хонаи Иброҳимзода Ҳасан  зиндагӣ мекард. Ба вай дар ин хона мисли як ғулом муомиа мекарданд. Вориси бечора аслан мактаб хондагӣ нест . Ба вай духтари як камбағалро доданд яъне ҳамсари аввалаш. Ин духтар бо Ворис дар хонаи Иброҳимзода Ҳасан 8 моҳ зиндагӣ кард ва ҳомила шуду ба хонаашон рафт ва дигар пас нагашт. Ҳамин бешарафи Ҳасан чанд бор қасд кардааст, ки ӯро таҷовуз кунад. Модари духтар чанд бор ба мақомоти дахлдор муроҷиат кард, аммо гапаш дар ягон ҷо нагузашт. Чунки Азим Иброҳим, вазири нақлиёт акаи Ҳасан аст ва ӯро «кришават» мекунад. Акнун фаҳмидед чӣ мусибатҳо моро дар ин манотиқи дурдасти кишвар домангир аст? Ҳеҷ касе ба додамон намерасад ,чунки мо чуноне дар боло гуфтем фарзандони угайи ин ватанем.

Эмомалӣ Раҳмонов ба мардуми Сари Хосор гуфта  буд, ки «янгаи ман, зани тағом ай  Сари Хосор қишлоқи  Дашти Кулко”. (Забони Раҳмонов гапро нагирифт, Кулко гуфта натавнист, Килко гуфт). Ман роҳи шумоҳоро дуруст мекунам. Ва роҳро ба уҳдаи Ҳасан Иброҳимзода Ҷангӣ ва Азим Иброҳими Ҷангӣ  гузошт. Ҳасан бо Азим Иброҳими акааш ҳилаи зани маккоро пеш бурданд. Танҳо кӯчаи марказии ҷамоатро бо як сифати паст асфалтпуш карданд, аммо Азим Ироҳим ба Раҳмонов гузориш медиҳад, ки ҳамаи 36 километр, аз маркази ноҳия то ҷамоатро мумфарш кардааст.

Барои хонанда ва бинандаи “Ислоҳ”  инро бояд бигӯем,ки Азим Иброҳим падараш Ҷангӣ ном дошт ва дар мо бо ин ном бештар инҳо ёд мешаванд. Ҳасани Ҷангӣ ва Азими Ҷангӣ.

Раҳмонов боз савори чархбол ба Сари Хосор омад. Халабонро мегӯяд, ки пасттар парвоз кун, ман роҳро бинам. Паст мешавад, мебинад, ки ҳамон харсангҳои калон ноҷунбон истодаанд. Ҳоло акнун дигар Иброҳимзода Ҳасан ҷонишини раиси ноҳия буд. Раҳмонов меояд дар маркази ҷамоат, дар деҳаи Шаҳидон. Мардум мағозаҳои майда доштанд, савдо мекарданд. Иброҳимзода Ҳасан онҳоро маҷбур мекунад, ки ё мағозаҳои дуошёна бисозеду сипас кор кунед ва ё корро тамоман бас кунед, ки Ҷаноб меояд. Ҳар касе ба ӯ пул медодааст, мегуфтааст,ки мағозаи ту соз аст, агар сумашро намедодааст, мегуфтааст, ки биканен, мағозаи ту намешавад. Ба наздикӣ кадоме мошини УАЗИКашро, ки дар хонаи зани дуюмаш қарор доштаро, алов зад. Барои ин кор занашро бурда дар шуъбаи милиса маҳкам кардааст. Аз ин зан ду кӯдак дорад. Муҳим ҳамсарашро як шабонарӯз дар боздоштгоҳ боздошт кард ва ҳаминхел шахси оташзадаро пайдо накардаанд. Ин кори мардуми ба хашм расида аз ҷиноятҳои Ҳасан Иброҳимзода мебошад. Мардум чашми дидан надоранд ин оилаи бадзотро.

 “Раҳмонов он вақт, ки ваъда дода буд, гуфт ин роҳро то 30-солагии истиқлолият буд мекунем ва дар арафаи он ҷашн ба истифодаи мардум медиҳам. Аммо ҳоло ҳам мардуми Сари Хосор дар ранҷу азоб ҳастанд.”

Дар маҷлис  ба тарафи Азим Иброҳи мегӯяд, ки Азимов «ма гулакм, мара фиреб мекнӣ, кане роҳи соз кардагитон?»  Дар пеши Раҳмонов як стакан об будаст. Мегӯяд, ки ҳурмати ҳамин об: « агане ба ҳами стакан дар сарт мезанм».

Азим Иброҳим, ҳанӯз,ки муовини сарвазири Тоҷикистон буд ва соҳаи нақлиёту роҳро назорат мекард, анҷоми сохтмони ин роҳро бар уҳда гирифта буд. Аз бюҷети мамлакат барои ин роҳ миллионҳо сомонӣ ҷудо шуд. Аммо ҳатто 5 километр роҳро омода барои истифода  накард. Сабаб дар он аст, ки ин пулҳоро медузданд. Чанд техникаро харида чанд баробар ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд,100 литр сузишвориро чанд тонна менависанд. Сипас ҳамаро ба гардани дарёи сурхоб мезаннад, ки мо роҳро нав тахту ружд мекарлем, ки Сурхоб баланд шуд ва ҳамаро шуст. Ҳасан Иброҳимзодаи Ҷангӣ чандин нафарро тавассути бародари ҳоло вазираш азобу азият додааст. Аз ҷумла муовини сардори ГАИ-и ноҳия Шарипов Камолро ,ки Ҳасан Иброҳмзодаро сари рули мошин маст меқапад, ба воситаи бародараш аз кор дар ноҳия пеш карда ба ноҳияи Темурмалик перевод дод. «Амонатбонк»-и ноҳия тамоман кор намекунад. Суме намеёбад, ки нафақаи мардумро диҳад. Аз моҳи май онро ревизия доранд. Як хел одамҳо 5 сол шудааст, ки кредитҳояшонро маҳкам кардагианд, ҳамонҳоро фарёд карда гуфта истодаанд, ки шумо қарздор ҳастед.

  “Дар ноҳияи Балҷувон 7 нафар ҷавон, ки донишгоҳоро ҳамин сол тамом карда буданд ба кор даъват шудаанд. Аммо онҳо аз кор  даст кашиданд. Гуфтаанд, ки мо ҷавонем, барои мо хонаву зан даркор аст. Бо ин 500 сомонии маош ҳиҷ коре карда намешавад. Онҳо гуфтанд, ки Русия мераванд. Бовар кунед, ки вазъият дар ноҳия бисёр ҳам вахим аст.”

Иброҳимзода Ҳасан, раиси пешини ҷамоати Сарихосор як кори баде, ки дошт ба ғайр аз ин амалҳои коррупсионӣ ва ғорату фиреб, боз ба  зану духтарҳои мардум чашми бад ва чандин ҳолатҳое дорем,ки дар фурсати муносиб онҳоро тақдим мекунем . Ҳангоме,ки Ҳасан Иброҳимзода ҷонишини раиси ноҳия шуд. Дар ҷойи вай

     “Пиров Сайфиддин Исломович соли таваллудаш 1991 омад. Вай директори мактаби №9 деҳаи Шаҳидон буд. Донишгоҳи бо номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакии  Кулобро  ба таври ғоибона тамом  кардааст. Кораш  фақат зино ва фаҳшу фисқ аст. Духтарҳои синфи 11 -хатм кунандагонро ба баҳонаи  «туғрӣ кардан дар квотаи президентӣ» мебурдаасту  ҳамхоба мешавад ва 14 ному насаб дорем ва онҳоро ҳам омодаи тақдим намудан ҳастем.”

Котиби ҷамоат як зани кӯҳнасол бо номи Рузигул, ки солҳои тӯлонӣ кор карда буд  Сайфиддини кӯр ( лақаби Пиров Сайфиддин аст дар мо) кор кардан намемонад. Бо чанд бева ва занҳое шавҳарҳояшон дар муҳоҷиратанд ҳамхоба шуда ваъда кардааст,ки кадомет мақулм шиден котибаи ҷамоат мегирмтон

Ҳасан Иброҳимзода,ки бо ёрдами бародари вазираш Азим Иброҳим ҷонишини раиси ноҳия шуд, дар деҳаи Муллоконӣ  як бинои 3 ошёна дорад, ки  бо номи водопад ё Шаршараи Сари Хосор машҳур аст . Эмомалӣ Раҳмонов ҳар боре Сари Хосор ояд дар онҷо истироҳат мекунад. Зеботарин минтақаи Сари Хосор дар дасти ин оила аст дар ҳоле иттиҳоди шуравӣ дар инҷо чизе бунёд накард ва он аз ҳама буд,ҳар касе метавонист онҷо истироҳат кунад. Зеботарин шаршараи кишвар аст.  Кадом корманди мақомот дар Балҷувон ё дар ҷамоати Сари Хосор ба табъи дили Ҳасан нест, ба як  занги тилфон дигарҷо равон мекунад  ё тамоман сабукдушаш менамоянд.

” Чанде аз холабачаҳои хусурбачаҳои Раҳмонов  дар Сари Хосор зиндагӣ мекунанд: ҳоҷӣ Абдураҳмон, Абдуғаффор, Абдусаттор ва Абдусалом.  Бачаҳои Абдусалом бо номҳои  Алишер, Тоҳир, Собир ва  Диловар дар шаҳри Қурғонтеппа кор мекунанд. Ятимов Собир Абдусаломович соли тавалудаш 1988 истиқомат кунандаи ҷамоати Сари Хосори Балҷувон дар шаҳри Қурғонтеппа декани як Коллеҷи шахсӣ аст. Вай аз хешовандони ҳоҷӣ Амири хусурбачаи Эмомалӣ Раҳмонов аст. Як намуд гап мезанад, ки мегӯӣ президенти Қурғонтеппа ҳамон кас аст. Барои аз байн бурдани «НБ»-и духтарон ва мондани зачёт хеле духтарҳоро вайрон кардагӣ аст. Як бачаи Абдураҳмонро бурда  дар фирмаи ҳоҷӣ Амир бухгалтер монданд. 100.000 сомониро дуздиданаш ошкор шуд. Аз кор пешаш карданд.”

Дар охир мехоҳем инро изофа намоем,ки Музафаров Лутуфло Абдусаторович феълан  Лутуфлои Абдусатор соли тавалудаш 1993  яке аз шогирдони Иброҳимзода Ҳасан Ҷангӣ аст. Аксари ҷиноятҳо тавассути ин шогирдаш анҷом медодааст. Пас аз сархушияш мегуфтааст,ки ҳар коре кунам акаи Ҳасан кора ҳал мекунад. Музафаров Лутфуллои ҷиноятпешаро, ки хатумкунандаи Донишгоҳи аграрӣ,ки ду солашро рӯзона ва боқияшро ғоибона хатм намудааст ба хайси аграном, ӯро дар мактаби раками 27,ки дар Ҷамоати Сари Хосор қишлоқи Дашти Кулко директораш таъин намуда аст. Аз ин мактаби нуҳ сола 4 муаллим корро бас карда ба муҳоҷират рафтанд. Танҳо бо маълумоте аз маорифи ноҳияи Балҷувон ба “Ислоҳ” расид то моҳи ноябри соли 2021 тақрибан 250 муаллим тарки пешаи муаллимӣ кардаанд. Ҳама аз кам будани маош ва ба талабот ҷавобгӯ набудани вазъияти омӯзиш ва шакли бади роҳбарият гуфтаанд.

“Ба “Ислоҳ” чунин маълумот расидааст,ки дар барномаи шумораи 90 и “Минбари Муҳоҷир” номи бародари Азим Иброҳим Ҳасан Иброҳимзодаро гирифтед ӯро аз вазифааш сабукдуш намудаанд, мардуми Сари Хосор хушҳол шудаанд,ки Худоро шукр дер напоидааст ва ҳоло муаллақ истодааст. Омадааст дар маълумоти оперативӣ кӣ Ҳасан Иброҳимзода муовини раиси ноҳияи Балҷувон дар бахши замин, яъне хело ҷой равғанӣ буд ва ин вазифа ҳатто аз раисии ноҳия карда сер даромадтар будааст.”

Ҳасан Иброҳимзода гуфта будааст,ки акам ваъда кард,ки дар бахши низомӣ ба кор мегузорамат. Аммо маълумоти дигари оперативӣ чунин расидааст,ки бо генерал Хуршед раиси ОМОНи ВКД сахт рафиқ будааст ва гӯиё Хуршеди сабзӣ ваъдааш карда будааст,ки дар ВКД  ягон вазифаи хубт метием зиқ нашав. Бояд инро низ биафзоем,ки Генерал Хуршед Маҳмадшоев аз Сари Хосор аз деҳаи Сияҳтут мебошад ва бо ин оила рафту омади наздик доранд.

Поёни бахши аввал,идома дорад…

Ps: Мо пойгоҳи “Ислоҳ” хело шодем,ки тавонистем ба мардуми шарифу баруманди Сари Хосор бо ифшокориҳоямон хидмате намудем. Ба мо нависед ҳар шикояте доред аз мақомдорони фосиду ришвахоратон, ҳатман онро расонаӣ мекунем. “Ислоҳ” дар хидмати шумо ва барои расонидани дарду ранҷҳои шумо ба гуши мақомдорони кару куре ин ҳамаро мебинанду коре намекунанд ва ин ҳама шикоятҳоро мешунаванд вале боз ҳам коре намекунанд. Як Азим Иброҳим сабаб гаштааст,ки чи қадар зарар ба мардуми зодгоҳи худаш тавассути наздиконаш расонад. Азим Иброҳим ҳафт сол муовини сарвазир буд ва як сол аст,ки вазири нақлиёт таин гашта аст. Акнун оила, қудо, наздикони Раҳмоновро якбор фикр кунед, ки ҳама кишварро ба кадом ҳолат овардаанду мардум аз ин оила чи қадар ранҷу дарду азобро мутаҳаммил шудаанду ,то ба ҳол мешаванд.

 

 

Share This Article