(посухи номаи дуввум)
Салом бародар Аҳмади Иброҳим! Дар ин моҳи муборак аз Аллоҳи бузург талаб дорам, ки тамоми тооту ибодотат қабули даргоҳаш бишавад. Номаатро хондам. Гуфтам, ки посух надиҳам, чун як радду бадал кардем, кофист. Дар ин моҳи мубораки рамазон ҳеҷ кореро ҷуз ибодат ва ончӣ бар нафъи худам ва дастгири қабру тушаи охиратам бошадро тарҷеҳ намедиҳам. Аммо, ба назарам намуд, ки шояд интизорӣ посух бошӣ. Барои ҳамин туро бисёр мунтазир накунам гуфтам ва ончиро, ки ҳоло мехонӣ, бароят навиштам.
Навиштаӣ, ки бо ман дар як сангар нестӣ. Аммо ман гумон мекунам, ки мову ту дар як сангар ҳастем:
“сангари гуфтану гирифтану шунуфтани ҳарфи ҳақ. Ин сангар моро якто кардааст ва фикрам ин аст ки мову ту дар сангарҳо нестем. Дилам бисёр мехоҳад, ҳеҷ сангару ҷабҳае дар байни ману ту аслан ва абадан вуҷуд надошта бошад. Инки ману ту назарҳои мутафовит дошта бошем, ин сангарнишинӣ набояд маънидод шавад.”
Ман, барои мисол ҳеҷ гоҳ ба ин гуфтаи ту, ки мегӯӣ, «ҳар ҳукумат вобаста ба аъмоли мухолифинаш самти фаъолият муайян месозад» наметавонам розӣ бошам. Ҳамчунин мегӯӣ, ки азбас оппозитсия аз ноуҳдабароии сарвари давлат мегӯяду бо шӯронидани мардум мехоҳад ҳукуматро ба даст гирад, ҳукумат низ баҳри нобудии ин гуна мухолифин иқдом мегирад.
Ҳар ҳукумат дар чаҳорчӯби барнома ва нақшаи пешниҳод кардааш ва инки онро мардум пазируфтааст, амал мекунад, новобаста аз онки оппозитсия чӣ мегӯяд. Ҳукумат худро ба аъмоли мухолифиниаш мутобиқ ва мувофиқ намесозад. Албатта, ҳукумати ба худ муътақид ва мутмаин, агарки мухолифини сиёсиаш интиқод карду пешниҳодоти ҷолиб ироа кард, қабул мекунад. Ҳоло агар гуфтаи туро ҳам қабул кардем, фикр мекунӣ, ки ҲНИТ чи кори ғалате, қонуншикание карда буд, ки яку якбора кадом як ошӯби набударо ба пояш бастанд? Ончи ки имрӯз мухолифини сиёсӣ анҷом медиҳанд, акси садо аст, вокуниш аст, ба ончи ки ҳукумат дар ҳақи онҳо кардааст, на баракс.
Мухолифини сиёсӣ, хоҳ дар Амрико ва хоҳ дар Тоҷикистон ва ё ҳар кишваре дигар бошад, аз «ноуҳдабарори ҳукумат ва раиси он» мегӯяд, ва ин кор урфу расми низоми мардумсолор ва сохти ҷумҳурист. Ва, инро набояд шӯронидани мардум алайҳи давлат ва сарвари давлат қаламдод кард. Ҳадафи ҳама оппозитсияи сиёсӣ ин расидан ба ҳокимият аст. Ҳукумат набояд барои ин ҳадафи оппозитсия онро нобуд созад, чун оппозитсия, аз ҷумла ҳамин ҲНИТ чӯб, санг, оҳан умуман ашё нест, ки бишавад нобуд кард, бахусус ҲНИТро. Ин як назарфиребие беш нест, ки бо зиндонӣ ва фирорӣ кардани аъзои он, ҲНИТ аз байн рафта бошад. Ҳама чиз вақт соати худро дорад. Беш аз ин дар ин маврид чизе намегӯям. Вале маҳз ҳамин интиқоду ба ҳукумат омаданҳову аз ҳукумат рафтанҳои нерӯҳои сиёсӣ сабаб ва асоси таҳкиму суботи давлат мешавад. Коре, ки ҳоло дар Тоҷикистон идома дорад, инро намешавад давлат ва сарвари давлат гуфт, чун се даҳа аст ки як нафар бо баргузории интихоботҳои ҷаълӣ худро дар қудрат нигоҳ дошта истодааст, ки ба ягон меъёри демократӣ намегунҷад. Ҳукуматҳо тавассути мардум –овоздиҳӣ табдил мешаванд ва бояд шаванд. Агар нашуданд, онҳо ҳокимиятро хонаводагӣ ва авлодӣ мекунанд. Вале натиҷаашро, масалан дар Қазоқистон дидем.
Ҳукумат баҳри нобудии мухолифин набояд амал кунад ва табиист, ки мухолифин ҳам набояд чунин андеша дар сар дошта бошад. Аммо кафшери курсӣ ҳамагуна ҳукуматҳоро осебпазир мекунад. Ҳукумат ҷовидонӣ ва абадӣ нест. Ҳукумат як вақт ҳаст, вақти дигар нест, нав мешавад, дигар мешавад. Нав нашавад вай ҳукумат нест, вай диктатура аст. «Сарвари давлат» фаришта ва малоика нест. Вай бояд интиқод шавад. Вайро набояд ба бут ва санам табдил карду парастид. Вай бояд ивазшаванда бошад, набояд то мурдан дар қудрат биистад. Як бор ба вазъи ду Корея мутаваҷҷеҳ бишавед, ки кадоме шароиту зиндагии беҳтар дорад? Сабаб дар он аст, ки дар як ҳукумат меросӣ асту дар дигаре ҳокимият ивазшаванда аст.
Ҳоло, ростӣ, намедонам, ки дар мавриди ин гуфтаҳои ту дар бораи муллоҳову домуллоҳо, аз ҷумла Ҳоҷӣ Мирзову эшони Нуриддинҷону дигарҳо намедонам бароят чи бигӯям. Агар рафту бо онҳо рӯбарӯ бишавам, бовар кун, барои во карлани гиреҳе, мушкиле ҳатмани ҳатман маслиҳат ва машварати онҳоро мепурсам ва қабул мекунам, чун онҳо уламоянд ва агарки роҳнамоии ғалате карданд, на танҳо барои худ ҷавоб хоҳанд дод. Ба дасти ман буд, барои онҳо минбару майдони васеътар фароҳам мекардам. Бозмегардонидам ба масоҷидашон, чун онҳо каломи раббониро ва аҳодиси набавиро ба мардум мерасонанд.
Ҳоло, ки аз ин нашрияҳои хушном: «Одаму Олам», «Рӯзи нав», «Неруи Сухан» ёдовар шудӣ, хуб кардӣ. Вале ин фикр ҳам шояд ба андеша бибарад, ки чаро онҳо дигар вуҷуд надоранд? Ва, на танҳо онҳо. Вале сабабгори аз чоп мондани онҳо кӣ аст?
Мегӯӣ, ки он мусафедон қасди табаддулот доштанд. Ман, ростӣ, дар бораи онки Ғаффор Мирзоев қасди табаддулоти давлатӣ доштааст, шунида будам. Аммо то ба имрӯз бовар надорам. Чун ин кор дар шахси нафароне, чун Ғаффор ғайриҷиддӣ ба назар мерасад, Ҳамчунин ба табаддулоти давлатии ҳоҷӣ Ҳалим ҳам бовар нахоҳам кард.
“Аммо ба он Аллоҳи бузург савганд, ки на Зубайдуллоҳи Розиқ ва на Сайфуллозода ва на ҳеҷ наҳзатии дар зиндон қасду нияти табаддулотро надоштанд. Инкор намекунам,ки мехостанду мехостему мехоҳем, ки ҳукумат, роҳбари ҳукумат нав шавад. Инро ҳамаи мардум мехоҳад. Ҳатто шумо ҳам ҳамчун як зиёӣ ва равшанфикру журналист мехоҳед дар кишвар тағйирот ва сатҳи зиндагонии мардуми кишвар тағйир ва беҳбуд ёбад. Алал ақал мехоҳед озодии сухан ва озодии ВАО дар кишвар вуҷуд дошта бошад ҳамчун як журналист.”
Аммо, бовар намо, ки агар ин муллоҳо тамоми гапҳои гуфтаи туро ҳам мегирифтанд, вазъашон беҳтар аз имрӯз намешуд, чун хаффош ҳеҷ гоҳ рушаниро таҳаммул карда наметавонад. Манзурамро, ки фаҳмидӣ.
Мегӯӣ, ки онҳо ҳокимият ва сарвари давлатро бесалоҳият мегуфтанд ва мардумро барои табдили ҳокимият даъват мекарданд. Боз ҳам мегӯям, ки дар ин кор ҳеҷ бадие ниҳуфта нест. Даъват ба табдили ҳокимияти бесалоҳият, ҳокимияте, ки дигар фақат дар фикри ҳифзи қудрат ва бақои он ва меросӣ кардани ҳукумат, хонаводаӣ кардани он аст, фақат дар фикри маҳаллу ҳаммаҳалҳои худ аст, набуданаш беҳтар нест? Масалан, шояд бигӯӣ, ки иғво меангезам, чаро ин ҳама солҳо Кулоб буду Хатлон вале ҳоло бояд Данғара вилоят ва маркази вилоят бишавад? Танҳо ба он хотир, ки «сарвари давлат» дар онҷо таваллуд шудааст?.
“Ман медонам, ки ба унвони як рӯшанфикр ин ҳамаро мебиниву азоби руҳӣ мекашӣ. Аз онки ба маҳзи пуштибонии «сарвари давлат» ҳоло афроде чун Абдуҷаббори Зардӣ болои мардуми одӣ капиталисту феодалу помешик шудааст, сахт нороҳат ҳастӣ. Вале …”
Ҳукумат оппозитсияи оштинопазирро аз қудрат дур кард мегӯӣ. Ман намефаҳмам, ки аз кадом қудрат сухан меравад? Оппозитсия чи қудрате дошт? Оппозитсия ҳам дар интихоботи парлумонии соли 2010 ва ҳам дар соли 2015 аксари курсиҳоро ба даст овард, аммо танҳо бо интишори баёнияҳое сукут кард, беш аз ин пеш нарафт. Магар оппозитсияи оштинопазир ҳамин хел аст? Мо, ҷангиву қаҳрӣ набудем. Ман мутмаинам, хуб медонӣ, ки аз саҳна рондани ҲНИТ бо чи мақсад буд? Ҳоло дигар ҳама чиз рӯшан аст. Соли номзади президентиро аз 35 ба 30 овардан ва ҳоло нафари дуввум таъин кардан-ҳамин буд ҳадафи ин ҷиноят.
Соли 2013 интихоботи раёсати ҷумҳурӣ доир шуд. На Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва на Муҳиддин Кабирӣ, ин ду устоди илму сиёсат, ки ҳазорон-ҳазор тарафдор доштанд, номзад нашуданд ва ҲНИТ Ойниҳол Бобоназароваро номазди худ муаррифӣ кард.
Ҳарду ҳам не гуфтанд. На ба хотири онки имкон ва тавону ҷойгоҳ надоштанд. На ба хотири онки пуштибонии мардумӣ, иқтидори иҷтимоӣ надоштанд. На. Чун қабули як намояндаи исломӣ барои давру бари кишвар душвор буд, ин корро накарданд. Вале ҳадаф ин буд, ки аз юғи султаи як нафар, ки дигар ба як Диктатор ва Фиръавн табал шуда буд, миллат ва давлатро наҷот диҳанд. Ростӣ, чизе нафаҳмидам.
Хуб, бигзор гуфти ту. Онҳо хато карданд. Пас, бояд посухи ин хатокории онҳо ҳокимитяро ба дасти хешу табор супоридан аст? Ин чи рабт дорад? Ҳеҷ дилам намехоҳад бигӯям, ба як нафаре, ки ҷурму ҷинояташ ошкор аст адвокат шудан маъно надорад. Хешу табори президент на танҳо соҳиби қудрат, соҳиби бонкҳо, соҳиби роҳҳо, соҳиби заминҳо, соҳиби корхонаҳо, соҳиби тиҷоратҳоанд. Ин ки онҳоро ба қудрат овардааст, барои он аст ки онҳо дар зери сояи давлати Ҷанобашон дуздӣ кунанду бой шаванд. Магар ғайри ин аст?
Бародари азиз, Аҳмади Иброҳим! Хуб медонӣ, ки Раҳмонов дар чи шароите омад ва ӯро киҳо сари қудрат оварданд. Хоҳиш мекунам, лутфан, бародари арҷманд, ки бо камоли адабу инсоф мубоҳаса дорем, хеле ботамкин бошу гули онҳое, ки ӯро «давлатмеҳвару давлатсоз» мегуянд, нахур. Раҳмонов кӣ буд, чи гуна омад, ҳоло чи кор карда истодааст, чаро аз қудрат намеравад, қудратро чи тавр ба манбаи тиҷорат ва бойшавӣ табдил кардааст, дар ин бораҳо низ як раҳ биандеш. Ман хоҳиш мекунам, тамоми эҳсоси маҳаллиамон дар ин сӯҳбатҳо бояд кушта бишавад.
“Мегӯӣ, ки мо ориёҳо қонун қабул кунему мӯсафедонро аз зиндон раҳо созем ва ин пешниҳодро ба Рустами Эмомалӣ мерасонӣ. Аммо аз онки гапатро дар мавриди апаи Азизмоҳ нагирифтам дар хиҷолативу намедонӣ, ки чи гуна ин пешниҳодро ба Рустам бирасонӣ. Ва дар ин ҳол чи гуна Рустами Эмомалӣ пешниҳод дар мавриди маҳдудияти синну сол барои маҳбусонро қабул кунад?”
Аввало бояд бигӯям, ки барои як ҷинояткор сину сол набояд имтиёз бошад. Вақте мо, мӯсафед гуфтем, ба он хотир буд, ки он мӯсафедон кадом ҷинояте содир накардаанд ва бо туҳмат дар зиндонанд.
“Аммо агар як мӯсафед, тарконад, таҷовуз кунад, кушад, вай бояд зиндон бишавад. Чуноне ҳамин Муйсафеди 70 сола Эмомалӣ Раҳмонов карда истодааст. Ҷиноятҳои ин муйсафедро аслан намешавад тавҷеҳ карду ӯро бар замми ин ҷиноятҳояш бахшид.”
Дуввуман инки мешавад бигӯӣ, ки то ҳоло кадом пешниҳоду дархости журналистеро нафаре, ки мухотаб қарор додагят ва ё падари вай пазируфт? Хеле хушбоварӣ. Фикр мекунӣ, ки Рустам дар қиссаи мову ту аст? Мегӯяд, ки Аҳмади Иброҳим ҳамин гуна пешниҳод додааст, як дида бароед? Онҳо дар дунёи дигар зиндагӣ доранд. Ҳамроҳи шумо, албатта дар ватан ҳастанд. Вале сайёраашон комилан дигар аст.
Ва, саввуман, Рустам неву нафари дигар ҷойи вай раиси Маҷлиси Миллӣ мешаваду пешниҳоди туро имсол неву баъди як сол ё ду соли дигар шояд қабул мекунад. Ё ту ҳам дигар бовар дорӣ, ки Раҳмонову Рустаму Озодаву …. ва ҳоказоҳо дигар модомулумранд? Ва, андешаат чунин аст ки мо-тамоми Тоҷикистон, ё хуб ними ними ними он, агар чизе бихоҳем аз ҳукумат он бояд ба Рустами Эмомалӣ мувофиқ ва писанд бошад?
“Ин ҳукумати имрӯза ҳеҷ гоҳ аз оппозитсияаш на шакл гирифтаасту на чизе дигар. Ин ҳукумат, як гурӯҳи муташаккили бархоста аз як хонавода ва як авлод аст, ки боқии мамлакат ва мардуми онро ба ним ҷав намегирад.”
Вале ба ҳар сурат ин хуб аст, ки амниятиҳо ба суроғи нашрияат меоянд ва маҳз ҳамон шумораеро пурсидаанд, ки ба ман мактубатро чоп кардаӣ.
Ман, дар охир бори дигар мехоҳам бигӯям,ки мову ту иншоаллоҳ дар сангари ягона ҳастем ва Худои ману ту ҳам якесту миллату ватанамон ҳам як аст. Пас мо ва ту хостори беҳбудии вазъи ватан ва мардуму миллатамон ҳастем.
Дар охир инро меафзоям ва боварат мекунонам,ки мо ву ту дар як сангарем. Дидед,ки Шоҳида Маҳмадҷоноваро мақомоти шавҳари апаи Азизмоҳ шаш сол маҳкум ба зиндон карданд. Акнун фаҳмидед, ки барои шавҳари апаи Азизмоҳ на рамазон арзиш доштааст ва на модар будан? Акнун фаҳмидед,ки ҳеҷ пешниҳоди мани мухолиф ва туи дар дохил буда барои ин режим арзиш надоштааст . Дигар пазиред, ки на танҳо ману ту балке ҳама миллат ва мардум дар як сангарему шавҳари апаи Азизмоҳ бо мақомоташ дар як сангари муқобили мо ва шумо. Ин ҳақиқати талхест,ки ногузиред онро пазиред ва бигуед бале воқеан чунин аст!