Шерхон Салимов: “Шамсуллоро бо як тонна героин қапидам, пешво озодам кард”

(бахши даҳум) 

Хонандаи азизи «Ислоҳ» мо,бо далоили айнӣ як каме дар идомаи навишти  вижабарномаҳоямон таъхир кардем. Ҳам худамон бо корҳое, ки ғайримунтазира пеш омад банд шудем ва ҳам яке аз қаҳрамонони асосиамон Қурбон Хушаков ба иллати шикастани пояш дар беморхона бистарӣ шуд. Фаҳмидем, ки қаҳрамонҳои мақолаҳо дар як вазъияти нохубе қарор доранд. Фишорҳояшон баланд, асабҳояшон хароб, дар оилаҳояшон ҷангҷол, байни фарзандон низ як нафрату бадбиниҳо нисбати падарони худ буруз кардааст, то ҳатто хабари вайроншавии оилаҳо низ ба гушамон мерасад. Барои ҳамин каме сабрро пеша намудем. Аз рӯйи маълумотҳо Раиса Махсумовна баъд аз ошкоршавии баъзе аз сирру асрорашон сахт хашмгин шуда, ба Қурбон Хушаков шарт гузоштааст, ки як бори дигар номи ман ё номи фарзандони маро, ки ҳама дар Аврупо таҳсил мекунанду маълумоти олӣ мегиранд бо бадӣ, ҳамчун ҷинояткор ё фарзандони ҷинояткор дар интернет гирифта шавад, дастаи белро дар сарат мешиканам. Аз як нигоҳ инро эътирофи ба гуноҳ мегӯянд, ки он хуб аст.  Вале боз ҳам ба хотири ҳифзи саломатӣ ва вайрон нашудани як оилаи “пешрафта”-и ҷамъият, мо дар ин мақола аз онҳо ёдовар намешавем, то ин ки Хушаков сиҳату саломат бошаду маблағҳои мардумро баргардонад. Лекин мувофиқи ваъда намегузорем, онҳоеро, ки ин қадар мардуми бечораро хонахароб намудаанд, бо як -ду мақола ҷони худро халос намоянд. Факту рақамҳои хеле зиёде дар даст дорем, ки ба навиштану нашри онҳо моҳҳо низ кам мебошанд. Онҳо бояд фаҳманд, ки оилаи ҳазорҳо нафарро ба ҳолатҳои хело бад ва вахим расонидаанд.

Ахбороти дақиқе дорем, ки баъзе аз маблағгузорон баъд аз садҳо маротиба кушиш барои баргардонидани маблағҳои худ ноком шуда, даст ба худкушӣ задаанд. Баъзе аз онҳоро нақл менамоем, лекин барои ба шаьну шараф ва обрӯйи оилаҳои онҳо нарасонидани зарари худ номи онҳоро ифшо наменамоем. Яке аз муштариҳои бонк, зиёда аз 100 таблеткаи заҳрнокро дар як маротиба хурда худро нобуд сохтааст.  Ва нафари дигар аз ҷангҷоли зану фарзандон ва таънаи онҳо дигар тоқат накарда, худро ба дор овехтааст. Ҳарду ҳам ҷамъоҷамъ тахминан 120 ҳазор доллар маблағи худро, махсусан баъд аз мулоқот бо Хушаков Қурбон ба ҳисоби «Тоҷиксодиротбонк» гузоштаанд.

Боз як гурӯҳи дигар даҳҳо маротиба навишта илтимос менамоянд, ки номҳои онҳоро бо адресу телефонҳояшон нашр намоем, то ин ки аз ягон мақомоте наздашон омада онҳоро пурсиш намояд. Махсусан ин нафарон бо як дилшикастагӣ ва эҳсосот 4-5 маротиба муроҷиат намуданд. Маҷбур ҳастем номҳояшонро нависем. Дар рӯйхати бонк ҳам ин номҳо ҳастанд;

1) Самадова Зулфия – 8750 доллари ИМА.

2) Мирзоев Гулмурод – 11400 доллари ИМА

3) Турдибоев Худойбердӣ -14750 доллари ИМА

4) Ҳасаналиев Мирзоавлиё -53000 доллари ИМА

5) Раҳимзода Аслиддин – 17300 доллари ИМА

6) Бобомуродов Файзалӣ – 4350 доллари ИМА

7) Расулова Наргис- 7700 доллари ИМА

8) Бобозода Муҳаббатхон – 9800 доллари ИМА

9) Исмоилзода Бурихон – 6500 доллари ИМА

10) Вализода Акбаршо – 22500 доллари ИМА

Нигоҳ кунед, мардум чи қадар дар як ҳолати ноумедӣ ва эҳсосотӣ қарор доранд, ки ба ҳама роҳ тайёранд барои баргардонидани маблағҳои гумкардаи худ. Ҳатман бояд Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон дигар мутассадиёни Тоҷиксодиротбонк худро эҳтиёт намоянд, то ин ки ба ҷонашон ягон нафаре қасд накунад. Гурусна ба шер мезанад. Охир Пиров Тоҷиддин ваъда дода буд бонки мо мисли дигар бонкҳо нест ва дар тезтарин вақт пули пасандозҳои муштариёнро бар мегардонем. Кай бар мегардонанд? Чунки ба доди онҳо ягон мақомоти қудративу ҳукуматдорон,то имрӯз нарасиданд. Мо дар навбати худ ҳамаро ба сабру шикебоӣ даъват менамоем, ки ҳатман гунаҳгорон ҷазояшонро мегиранду халос. Хушаков Қурбон  ва Пиров Тоҷиддин ҳамаро ба мисли ҷонишини аввали Прокурори генералии Тоҷикмстон Ҳикматуллозода Абдуғаффор харида наметавонанд! Аз рӯйи  гуфтаи Хушаков Қурбон ӯ бо ҳамроҳи Пиров Тоҷиддин ин кадрро, яъне Ҳикматуллозода Абдуғаффорро аз давраи студентиаш дар тарбияи худ гирифта то ин мақоми баланд ба воситаи пулу шиносҳои худ расонида бошанду ӯ якумр бояд дар хизмати онҳо бошад. Боз хешу табори наздики Хушаков Қурбон ҳам будааст. Аҷабе нест, ҳарду ҳам аз ноҳияи Фархор ҳастанду ҳамдигарро хуб мешиносанд. Пиров Тоҷиддин якчанд маротиба гуфтааст, ки чанд кадрҳоро дар мақомоти КГБ ва Прокуратураи генералӣ ба вазифаҳои баланд расонидем, рутбаҳои генералӣ гирифта додем. Лекин дар вақти зарурӣ курнамакӣ намуданд. Лекин Ҳикматуллозода Абдуғаффор то ҳозир содиқона хизмат карда истодааст, на ба мисли Шариф Қурбону Воҳидов Ҳабибулло ё Раҷабаливу Қурбоналӣ Муҳаббатов.

Крышаи бо қувват дар генпрокуратура дорем

То имрӯз Хушаков Қурбон ва Пиров Тоҷиддин ба воситаи Ҳикматуллозода Абдуғаффор нисбати муштариёни Тоҷиксодиротбонк, ки қарзҳои калони бонкии гирифтаашонро пурра то охир пардохт намудаанд, бо далели гуё фоизҳояшро дар вақташ напардохтаанд, даҳҳо парвандаҳои бофтаву сохта ташкил намуда, аз қисми зиёди онҳо маротибаи дуюм зери фишори мақомоти қудратӣ маблағҳо ситонидаанд  ва қисми дигаре, ки маблағ надорад ё ки нахостааст такроран маблағи беасос бидиҳад, парвандаҳоро амалӣ гардонида онҳоро ба ҷустуҷуй додаанд. Мисолҳои дақиқ нисбати ин ҳолатҳо пешкаш менамоем. Ба ивази хизматҳояш нисбати Хушаков ва Пиров Ҳикматуллозода соҳиби як ҳавлии ҳозиразамон бо тамоми шароитҳояш шуд, ки ба гуфтаи “спонсоронаш” таги як миллион доллар масраф шудааст.

Бисёре аз муштариёни бонк ин ҳолатҳоро фаҳмида, аризаҳои худро нисбати қонунвайронкунӣ ва шантажу фишорҳои раҳбарияти “Тоҷиксодиротбонк” ба воситаи дигар мақомоти қудратӣ ба мисли Агентии зидди коррупсия, вазорати корҳои дохила ё ин ки ба Кумитаи амнияти миллӣ навиштаанд, ки боз ба дасти Ҳикматуллозода Абдуғаффор, ҳамчун назоратчии қонунҳо ин ҳама аризаҳо  расидааст. Яъне ягон нафаре аз даъвогарон ба натиҷаи хуб то имрӯз муваффақ нашудааст. Бовар дорем, то рузе, ки пуштибони ҷиноятҳои садҳо миллионаи Хушаков Қурбон ва Пиров Тоҷиддину Ҳикматуллозода Абдуғаффор бошад, мардуми бечора ғайр аз муроҷиат ба пешвову оилаи ӯ, ё ки ба маҷаллаҳову сайтҳои интернетӣ илоҷи дигаре надоранд. То имрӯз мардум фикр мекард, ки бисёрии ҷиноятҳои Хушакову Пиров ва фарзандони онҳоро собиқ муовини аввали раиси Кумитаи амният Мансур Умаров руйпуш ва менамуд. Лекин имрӯзҳо даҳҳо ва садҳо далел тасдиқ карданд, ки шарики тамоми ҷиноятҳои онҳо, нотарсии онҳо ва фарзандонашон, ин муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Абдуғаффор будааст. Мо дар навбати худ тамоми ахборотро нисбати шахсият ва ҷиноятҳову крышватгариҳои Ҳикматуллозода Абдуғаффор муайян ва чоп менамоем. Албатта, бовар дорем агар Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон ба воситаи муовинаш Ҳикматуллозода Абдуғаффор аз ин корҳо манфиатдор, яьне пора нагирифта бошад, ба ин ҳолат ягон таъсире мерасонад. Имрузҳо баъд аз хешу табор шудан бо пешво ҳатман зураш ба муовинаш мерасадагист,  мумкин пештар зураш намерасид. Барои он ки пешво ягон вазиру раисро таъин намояд, ҳатман як- ду муовинонро фақат барои хабар бурдану хабар овардан нисбати роҳбаронашон таъин ва таъкид менамояд,то дасту гӯши худаш бошад дар он ниҳодҳо. Албатта ғайр аз муовинони писару духтари худаш.

“Аз рӯйи  нақлҳои Хушаков Қурбон, Ҳикматуллозода Абдуғаффорро дар давраи Прокурори генералӣ будани Шерхон Салимов бо масрафҳои зиёд, тарбияи хуби кареравӣ намуда, ба ин мақоми ҳозирааш номзад сохта будаанд, ва “спонсорон” ба Салимов Шерхон миннатдорӣ ҳам намуданд. Лекин баъд аз қудо шудани Юсуф Раҳмон бо пешво, Хушаков, Пиров, Ҳикматуллозода, Салимов Шерхон ва боз як гурӯҳ прокуророн хело зиқ шуданд. Онҳо боварӣ доштанд, ки Ҳикматуллозода Абдуғаффор дар солҳои наздик Прокурори генералӣ мешавад. Акнун тарбуз пурра аз бағалашон афтид.”

 Шерхон Салимро аз генпрокурорӣ ду дело барканор кард

 Шерхон Салимов мегуяд, ки Юсуф Раҳмон дониши кофии юридикӣ надошта бошад ҳам, бизнесмен ва стратеги хуб будааст. Ин муминободӣ бо як шайтонигарӣ дили пешворо ёфта хешу табор ва худро дар курсӣ мустаҳкам намуд. Баъд боз Салимов Шерхон хизматҳои гуё кардааш ба пешвову Ҳасан Асадуллозодаро нақл карда сабаби аз вазифаҳо рафтанаш ва бадбинии пешворо нақл кардааст. Аз рӯйи нақлҳои Шерхон Салимов, парвандаи Зайд Саидов ӯро бо пешво душман сохт. Гуйё пешво пеш аз ба суд равон кардани парванда, пурсида бошад, ки нисбати Зайд Саидов чанд сол ҳукми зиндон дар суд мепурсад, Салимов Шерхон гуфта бошад, ки парванда аз тарафи Агентии зидди коррупция на он қадар қавӣ сохта шуда аст. Барои се зан доштани Зайд Саидов 2-3 сол фикр мекунам кифоя аст. Ҷиноятҳои дигар аз рӯйи қонун бо ҷарима ва ба авфи солҳои пеш рост меояд. Пешво баъд аз шунидани ин суханони Прокурори генералӣ сахт дар ғазаб шуда гуфта бошад, ки ё на кам аз 25 сол зиндон мекунӣ ё ин ки нафари дигар ба ҷойи ту пагоҳ таъин мешаваду ӯ  ин супоришро иҷро мекунад ва пешво  гуфтааст :  “ин сагзодаҳоро мо бояд нест кунем ва оромона давлатдорӣ намоем”.

Шерхон Салимов дар як ҳолати ногувор монда супоришро маҷбурӣ муқобили виҷдон ва қонун гуйё иҷро карда бошаду ҳукми аввалро ба 26 сол ва ҳукми дуюми парвандаро то 30 сол талаб намудааст. Ниҳоят Зайд Саидов 29 сол зиндонӣ шудааст. Аз ҳамон вақт бадбинии пешво нисбати Шерхон Салимов сар шудааст. Барои ҳамин бори дуввум Салимовро ба ин мақом пешниход накарда аст. Аз як тараф гуш мекунед, гуфтаҳои Шерхон Салимовро ҳайрон мемонед, ки агар ту ин қадар “честный” ва бо виҷдон мебудӣ, аз вазифа истеъфо медодӣ, то ин ки ба хотири як соли вазифа ба чунон ҷинояти вазнин даст назада, худаш гуфта истодааст, ки одами бегуноҳро ба 29 сол зиндон кардааст.  Магар худи Салимов Шерхон се зан надорад?!  Албатта ин иқроршавихо дар оянда зарур мебошанд. Ҳамаи Тоҷикистон хуб медонад, ки ҳукмҳои 70-80% парвандаҳои сохтаву бофта аз рӯзи аввали оғозаш дар утоқи кории Пешво ё дар Ориёнбонк бароварда мешавад. Ин бе гуфтаҳои Шерхон Салимов ҳам ба мо маълум аст. Шерхон Салимов мегӯяд, ки баьд аз рафтан аз вазифаи Прокурори генералӣ, хеле даводав ва масрафҳои калон намуда бо ёрии Ҳасану Озода боз ба вазифаи нав, директори Агентии зидди наркотика таьин шудааст. Аз рӯйи ёддоштҳояш, дар давоми кори кормандони Агентӣ як гурӯҳи калони наркобизнесҳоро пайгирӣ намуда бо зиёда аз як тонна героин дастгир менамоянд. Дар вақти дастгир намудан, сардори ин гуруҳи муташаккили ҷинояткор, мехоҳад бо роҳбарияти Агенти гап занад.

Шерхон Салимов фикр мекунад, ки ин нафар барои озодии худ, ягон маълумоти муҳиме   медиҳад ва як ба як ҳамроҳи сардори гурӯҳ гап мезанад. Сардори гурӯҳи ҷинояткор мегӯяд, ки ин ҳолатро овоза накунед, ин героинҳо азони Шамсулло Сохибов мебошад, мо фақат кормандони ӯ ҳастем. Ҳуш аз сари Шерхон Салимов мепарад ва бо тезӣ қабули пешворо мепурсад. Вақте ки ба пешво ҳолати корро нақл мекунад, пешво дар ғазаб омада ба тарафи Шерхон Салимов дод зада мегуяд: “агар фаҳмида бошӣ, ки бори Шамсулло аст, боз бо кадом ақл назди ман омадӣ, мехоҳӣ маро бо ин кор муттаҳам созӣ, ё ин ки аз ман иҷозати ба ҷавобгарӣ кашидани фарзандамро мепурсӣ?  Афсус, ки бори дигар ба ту бовар намудам, баро рав”. Ана ҳамин тавр ин ҷиноятро руйпуш намуда, героинҳоро боз то ҷояшон расонида аз ҳама бахшиш пурсида ҷавобашон додааст.

“Баъд аз ин ҳолат, дигар ба гуфтаи Шерхон Салимов ягон маротиба пешво ӯро қабул ё ки суҳбати як ба як бо ӯ накардааст. Каме пас ба нафақа равон кардааст.”

Мегуяд, пешво мисли кудак эркаву қаҳрчӣ ва аз ҷаҳони воқеъӣ хеле дур шудагӣ аст. Сахт кинагир ва дарундор ҳам ҳаст. Аз як тараф Салимов Шерхон худро ҷабрдида ҳисоб менамояд, аз тарафи дигар барои руйпуш намудани ҷиноятҳои ниҳоят калон худи ӯро ба солҳои дароз зиндонӣ бояд кард. Боз худашро босавод ва қонундони беҳтарин ҳисоб мекунад. Салимов Шерхон ниҳоят зиёд дарди дил ва норозигиҳо нисбати пешво, Ҳасан, Озода ва махсусан Юсуф Раҳмон дорад, ки мо аз Хушаков оиди ин масъала ахбори зиёде ба даст овардем ва бо мурури замон рӯйи чоп меорем. Аҷибтараш оиди ёрдамчии доимии Шерхон Салимов аз давраҳои вакили Маҷлиси намояндагон то имрӯз, бо номи Ғолиб, вазифаҳояш аз чӣ иборат буданд, ва чи қадар бо шефи худ “наздикӣ” дорад, қиссаҳоеро медонем, ки ба оҳистагӣ рӯйи қалам меоварем.

Ин фактро инҷо зикр мекунем аз нуги хамир фатир :

 “Шерхон Салимов гуфтааст,ки вайро асосан СС.Ятимов «подстава» кардааст. Ҳамон маълумоти 1 тонна героин ва оператсия дастгир кардани он гурӯҳро бо ёрдами Ятимов анҷом дода будааст ва рафтан пеши Раҳмонов дар ин масъала ҳам бо пешниҳоди СС.Ятимов сурат гирифта будааст”

 Корнамоиҳои Хушаков Қурбон дар “Тоҷиксодиротбонк”

 Хушаков Қурбон бо Пиров Тоҷиддин дар ҷазираи Қиши Эрон як соҳибкорро бо номи Ашуров Дилшод ҳамчун намояндаи “Тоҷиксодиротбонк” ба кор қабул намуда буданд. Ашуров худ як тоҷири хубе буд, ки бо Эрону Дубай ҳамкориҳо дошт. Хушаков ба ӯ низ супориш дод, ки муштариҳои эрониро пайдо намо, то ин ки кортҳои бонки моро истифода кунанд. Маблағҳои бо роҳи сиёҳ ҳавволаро ҳам иҷро мекунӣ ва вз гардиши ҳаҷми маблағҳо ту низ ҳиссаи худро мегирӣ

Ашуров Дилшод аз уҳдаи вазифаи додашуда хуб ва бо тезӣ баромад, ҳазорҳо нафар муштарӣ пайдо намуд. Ин ҷазираи ниҳоят хурд вале минтақаи озод аст. Худи мардуми Эрон зиёд омада мераванд. Аз Дубай ҳам зиёдии туристоне мехоҳанд дар Имороти муттаҳидаи Араб монанд барои ивази визаи “change visa” худ меоянду бар мегарданд. Мисли ҳарвақта бисёре аз муштариҳо пулҳои худро дар хориҷа, махсусан Дубай аз кортҳои “Тоҷиксодиротбонк” гирифта натавониста ба сари Ашуров Дилшод дод зада омаданд. Ба баъзе аз онҳо маблағҳои худро дода ором намуд. Аммо бо хеле аз онҳо зери ҷангҷол монда маҷбур шуд ҷазираро тарк намояд. Ҳоло бошад бо дастгириву роҳнамоии ду профессори пиёз, Ашуров Дилшод , ки як давраҳое соҳибкори муваффақ буд бо сари баланд дар шаҳри Мурмански Русия дар як ширкати сохтумонӣ хиштмон шуда зиндагии оилаи худро бо меҳнати ҳалол пеш мебарад.

  “Нисбати як соҳибкори эронӣ бо номи Алиризо Фарозӣ, ки дар Канада ҳамроҳи Хушаков ба сохтумони хонахои пастошёна машғул аст ва ҳиссаи Хушаков Қурбон  дар он пружа ва мақсад аз ин пружа дар чист, дар оянда муфассал нақл хоҳем карду ҷузъиёти онро хоҳем гуфт.”

Мо доимо интизори он ҳастем, ки Хушаков ё Пиров ягон нафареро ба мо муаррифӣ менамуданд, ки бо ин ду профессори пиёзпарвар ҳамроҳ ва ҳамкорӣ намуда, дар зиндагӣ ё дар бизнес каме муваффақ шудааст ё ақалан безарар аз онҳо ҷудо шудааст.

Тиҷоратҳои Идиев Ҳусейн пеш аз мошиншӯяки Ҳасан буданаш

Мо ҳеҷ гоҳ Идиев Ҳусейнро фаромӯш карда наметавонем. Барои он ки ҷиноятхои содир кардааш то он ҷое, ки мо медонем, бо даҳ садҳо саҳифа тамом намешаванд. Идиев Ҳусейн вақте ки ба Душанбе назди писари амаки худ Идиев Ғаффор меояд, ӯро ба шогирди гирифта, дар микрорайони 46, дар назди мағозаи “Кооператор” ба як дукони фурӯши видеокассета фурӯшанда мемонад. Дар ин дукон онҳо асосан филмҳои порнографиро копия карда мефурӯхтанд. Фоидаи калон низ асосан аз ҳамин филмҳо буд. Лекин он вақт фурӯши ин филмҳо мамнуь буд, онҳо пинҳонӣ мефурӯхтанду дар рафҳои дукон кассетаҳо аз филмҳои ҳиндӣ ва боевикро боло мегузоштанд. То охирҳои соли 1990 ба ҳамин индустрияи филмҳо муносибати сахт доштанд. Баъд дигар антенаҳои параболӣ пайдо шуданду мардум ба кассетаҳои Ҳусейн дигар ниёзашон гум шуд. Баъд аз ин бизнеси худро бо рехтани арақҳои“самопал” шуруъ намуданд, ки онҳоро як майори милиса бо номи акаи Давлат, яке аз шогирдони Қувват Султон, ки он давраҳо нуфӯзи калон дошт, пуштибонӣ ё ин ки «крыша»-гарӣ менамуд. Рутбаи майории солҳои 1990 ба генерал- майори ҳукумати Раҳмонов баробар мебошад. Фактҳои ниҳоят ҷолиберо нисбати бизнесҳои Идиев то расидан ба мансаби “дастурхондори” пешво дар барномаҳои оянда нақл менамоем..

Аз рузе, ки Идиев Ҳусейн ба роҳбарии Тоҷикматлубот таъин гашт то имрӯз баъзе аз иншооти солҳои 1993-1995 фурӯхта шудаи Тоҷикматлуботро бори сеюм ва чаҳорум аз ин даст ба он даст гирифта фурӯхта аст ва дар охир ҷойҳои беҳтаринашро ба ширкатҳои Ҳасан Асадуллозода додааст. Ин ҳолатҳо махсусан дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои гирду атрофи Душанбе зиёдтар мебошанд. Дар вилояти Хатлон ҳам ҳамин тавр бо супориши Ҳасан Асадуллозода садҳо иншооти фурӯхташударо бозпас хонда аз сари нав гуё “честно” ба ширкатҳои Ҳасан Асадуллозода ва хешу таборони ӯ ва Зоир Соҳибов бепул дода аст. Бовар кунед, рӯйхати ҳамаи ин объектҳо ҳастанд, лекин барои дилгир нашудани хонанда рӯй коғаз намеорем. Аз рӯзе, ки роҳбари Тоҷикматлубот таъин гаштааст, ягон кори нек накардааст, ки дар оянда номашро касе ба некӣ ёд ҳам кунад. Ба ҳамагон маълум аст, ки молу мулки Тоҷикматлубот ба тариқи ауксион фурӯхта намешавад. Гуфтан мумкин аст ки кормандони ин соҳа як намуд тартиби фурӯши иншооти худро доранд, ки тамоман одами бесобиқа ва бегона аз Тоҷикматлубот ягон амволе харида наметавонад. Лекин Идиев Ҳусейн, ки дар таърихи зиндагиаш роҳбарӣ накарда буд ва системаро ҳам намефаҳмад, ҳамаро барбод дод. Аз собиқадорони соҳаи Тоҷикматлубот амволашонро ба худаш ва наздиконаш, зери фишор кашида гирифта ба ширкатҳои Ҳасану Зоир, Таҳминаву Шамсулло бепул додааст. Албатта бо супориши онҳо ин ҷиноятҳоро содир карда истодааст. Ҳамаи ин амалҳо, ҳатман рӯзе саволу ҷавоб хоҳанд дошт. Оиди чи тавр ғасб намудани яке аз бозорҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд- «Панҷшанбе» ва чойхонаву дигар бозору бозорчаҳоро дар матлабҳои оянда нақл мекунем. Мо бояд хомӯш набошем, аз ҷиноятҳои содир карда истодаи пешво бо наздиконаш бояд бинависем. Ватан ин ватани ҳамаи мову шумо аст. Ба Парда Қосимов, ки бо пешвояш даст ба даст “Тоҷикистон аз манӣ” гуфта садо баланд мекунад, аҳамият надиҳед. Рӯзе мешавад боз ҳамин Парда Қосимов  “Тоҷикистон аз они ҳамаи мост, на танҳо  азони Раҳмонов”, ман маҷбур будам гуфта яке аз аввалинҳо шуда мехонад.

Дар матолиби оянда нисбати Давлаталӣ Саидов, Ҷамолиддин Нуралиев, Шерхон Салимов  ва дигарон бо  факту рақамҳо бо исботу тасдиқаш пешниход менамоем.

Поёни бахши даҳуми вижа матолиби ғоратгарони “Тоҷиксодиротбонк” ва ҳамроҳонашон, бо “Ислоҳ” бошед…

Total
24
Shares
Related Posts