Одамрабоӣ, ки бадтарин амал ва ҷиноят дар қавонини байналмилалӣ дониста шудааст, барои мақомоти Тоҷикистон даст задан ба ин ҷинояти сангин коре саҳлу сода аст. Одамрабоёни ҳукумати Тоҷикистон чунон варзида дар ин амал ҳастанд, ки аз дилхоҳ кишвари ҷаҳон мухолифон ва шахсони ба худашон лозимиро бемалол рабуда, ба Тоҷикистон меоранд. Хоҳанд мекушанд, беному нишонаш мекунанд ва ё ба зиндон меандозанд. Вақтҳои охир ин ҳам муд шудааст, ки одамрабоён бо чанд таҳдидҳо шахси мавриди назарашонро розӣ мекунанд, то ба Тоҷикистон бо “хоҳиши худ” баргардад. Аз ингуна ашхос мақомот “туттӣ” месозад. Вазифаи туттиҳо ин аст, ки ҳарчӣ мақомот мегӯяд, дар рӯ ба рӯи дурбини наворбардорӣ туттиҳо такрор мекунанд.
Чуноне, ки хонандагони гиромӣ огоҳӣ доред, мақомоти амниятии кишвар бар алайҳи Язгуломиҳо ҷанги сардеро аз чанд моҳ пеш оғоз кардааст.
Вақтҳои охир ҳар як қадами Язгуломиҳо мавриди санҷиш ва муроқибати шадиди кормандони ниҳодҳои қудратии кишвар гашта аст. Ҳатто дар Русия ҳам зодагони Язгулом ором нестанд ва аз тарафи мақомоти қудратии Тоҷикистон мавриди таъқиб қарор доранд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон 24-уми сентябри ин моҳ Сайидалиев Салом Раҳмонович, ки зодаи Язгулом мебошад, аз назди масҷиди проспекти Мири Маскав дар рӯзи равшан дуздиданд. Сайдалиев Салом шавҳари хоҳари(язна ё домод)- и Шермаҳмад Сафаров ва Назармаҳмад Сафаров мебошад.
Шермаҳмад Сафаровро дар Афғонистон ба қатл расонида буданд ва Назармаҳмад Сафаровро бошад, дар қазияи ошуби Ҳоҷи Ҳалим дастгир намуда, ӯро зиндонии якумра намудаанд. Дар ҳоле, ки пайвандонаш мегӯянд аслан ҳеҷ гуноҳе надошт ва сарҳанг(полковник)-и вазорати мудофеъа буд. Танҳо ӯ дар гузашта дар “Баталиони- 25”-ки тобеъи Ҳоҷи Ҳалим буд хидмат ё адои вазифа менамуд. Сайдалиев Салом танҳо ба хотири шавҳари хоҳари ин ду будан дуздида шудааст.
Сайдалиев Салом танҳо то солҳои 2002 дар “Баталиони- 25” ифои вазифа менамуду пас аз мунҳал ё бекор шудани ин баталион, ки ба мухолифон ё ИНОТ марбут буд, дигар ба ягон қисми ҳарбӣ иртибот надошт ва аслан тарки пешаи ҳарбӣ намуда, дар Маскав кору фаолият мекард.
Як манбаъи муътамад аз мақомот ба Ислоҳ хабар дод, ки Ӯро ҳамеша аз Тоҷикистон мақомоти амниятӣ занг мезаданд ва таҳдидаш мекарданд то ба Тоҷикистон “бо хоҳиши худ баргашта изҳори пушаймонӣ кунад. Вале Салом Сайдалиев мегуфтааст, ки ман ба ҳеҷ ҷинояте даст назадаам чаро аз инҳо тарсам, бояд касе ҷинояткор аст ӯ тарсад, на ман. Чун усули “туттӣ” кардан ба кор намеояд, мақомот усулҳои дигарро истифода мекунанд.
Моҳи майи соли 2018 мақомоти Русия шаҳрвандияшро бекор мекунанд. Тахмини ағлаб ин аст, ки ҳамчун шаҳрванди Русия лағв шудани мақоми шаҳрвандии Сайдалиев бо ҳамкории мақомоти низомии Русия ва Тоҷикистон ба амал омадааст. Чун ин амал замина барои мақомоти Амниятии Тоҷикистон фароҳам овард ва ӯро дар рӯзи равшан, санаи 24 уми сентябр аз Хиёбони марказии Мири шаҳри Маскав рабуда мешавад.
Дақиқан рӯзи 26-уми сентябр ба хонаи хоҳари ҳамсараш, яъне қайсангулаш аз мақомот омада хабар медиҳанд, ки барои Сайдалиев Салом ба боздоштгоҳ хӯрок бубаред ва ӯ дар боздоштгоҳи Амният қарор дорад. Феълан қазияи Сайдалиев Салом тамоман норӯшан боқӣ мемонад.
Барои маълумоти бештар мо кӯшиш кардем бо ягон нафар пайвандони Сайдалиев тамос бигирем аммо ба мо муяссар нашуд.
Тибқи иттилоъи ҳамин манбаъи мо рӯзи 22-сентябр аз ноҳияи Абдуррраҳмони Ҷомӣ (Куйбишеви собиқ) панҷ зодагони Язгуломро барои кӯмак намудан ба оилаҳои зиндониёни Язгуломӣ мақомот боздошт кардааст. Ба инҳо ҷавонони язгуломӣ аз Русия маблағ фиристода буданд, то тавонанд ба оилаҳои зиндониҳои зодагони Язгулом бурда расонанд. Барои ин кумакашон феълан ин панҷ нафар дар боздоштгоҳи шаҳри Бохтар (Қурғонтеппаи собиқ) қарор доранд. Ин панҷ нафари боздоштшуда, ки дарёфти ному насаби пуррашон ба мо муяссар нашуд, инҳоянд:
- Қори Муҳаммаднаъим;
- Ҳалим;
- Умед;
- Шукри Худо. Ин мард як пирамарде аст, ки аслан ба ислом ҳеҷ иртибот надорад ва ҳатто шаробнӯш ҳам будааст. Танҳо гуноҳаш ин будааст, ҳангоми боздошти чор нафари дигар дар ҳолати сархушӣ ба кормандони мақомот гуфтааст “шумо ҳама мардонро қатл мекунед ё ба зиндон меандозед, ҳамаро қариб кушта шудед, даст аз зулму ситам бардоред”.
- Нойибов Маҳмадалӣ. Ин мард ба наздикӣ аз Русия баргашта будааст. Бояд зикр намуд, ки бародараш Нойибов Абдурраҳмонро бо қазияи Ҳоҷӣ Ҳалим дар Ромит мақомот ба қатл расонида буд. Барои ин масаъала ҳам ӯро шиканҷа кардаанд то эътироф намояд, ки ӯ низ дар ин қазия шарик будааст.