Мусоҳибаи ихтисосии пойгоҳи таҳлилии “Isloh.net” бо Амруллоҳи Низом,рӯзноманигори дар табъиди тоҷик
Ислоҳ:- Мисли шумо даҳҳо ва садҳо нафар ҷилои ватан кардаанд. Чӣ боис шуд, ки тарки ватан кунед ва зиндагӣ дар кишвари урупоии Лаҳистонро ихтиёр намоед?
Амруллоҳи Низом:- Баъд аз субҳи 4-уми сентябри соли 2015, ки дар гардиши Фурудгоҳ, макони ҳодиса бо супориши Идора ҳузур доштам, то замони хуруҷ дар санаи 7-уми ноябр пайваста зери таъқибу фишорҳои рӯзмарра қарор доштам ва баъзе дӯстонамонро ҳам аз ин қазия огоҳ карда будам, ба ин хотир замоне кор аз ҳад гузашт, Тоҷикистонро тарк кардам. Вақте аз тариқи баъзе дӯстон бароям расонида шуд, ки то замони боздошт шояд ҳамагӣ 2 ё 3 соат вақт дошта бошам, интихоби масири хуруҷ аз кишвар бароям хеле душвор буд. Зеро таъкид шуда буд, ки набояд аз тариқи фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва ё роҳҳои заминӣ аз масири Исфара ба хориҷ равам. Он гоҳ, тавре дар соли 1992 аз хона бо як пироҳан хориҷ шуда будем ва дар роҳ гоҳ савору гоҳ пиёда, ин дафъа ҳам аз шиддати тарсу ҳарос бо чунин тарз аз Ватан хориҷ шудам. Дар роҳ ду маротиба мавриди бозпурсии кормандони мақомоти қудратӣ қарор гирифтам, ҳар ду дафъа ҳам ба ин меандишам, ки тақдир ҳамин будаву шояд поёни роҳ ҳамон ҷо бошад. Дар ин масир Лаҳистон нахустин кишвари амн бароямон буд, ки бо маҳзи ворид шудан, ин ҷоро интихоб ва маскун шудем.
Ислоҳ:- Ҳанӯз,ки дар ватан будем “фабрика ё фермаи ҷавоб” бо нашри матолиб шахсиятҳои муътабари кишварро, ки назари мутафовит доштанд, интиқод мекард. Ҳоло ин фабрика ба шиддат ва шамотати аз андоза зиёд ва бо ҷалби баъзе донишҷӯён, муаллимон, кормандони фарҳанг ва ҳар касе имкони навиштан дорад алайҳи дигарандешон на танҳо як маъракаи сияҳсозиро, балки бештар тавҳину таҳқирро идома дода истодааст. Фикр мекунед барои чӣ?
Амруллоҳи Низом:- Тавҳину таҳқир ҳеч гоҳ силоҳи аҳли фаҳму фарҳанг набуд ва буда ҳам наметавонад, биноан вақте онҳо ва ё ҳар каси дигаре ҳам бо чунин усул алайҳи рақибони сиёсӣ ва мухолифони худ мубориза мебарад, маънои онро дорад, ки тараф чун тавони мубориза ва муқобала бо мислро надорад, аз худаш дар майдони набард як гурӯҳи бефаҳму бешуъур ва бефарҳангеро таблиғ мекунад ва аз ин тариқ ба ҷомеа паём медиҳад, ки барои бақои худ ҳеч чизе барояш муқаддас ва арзишманд буда наметавонад. Акнун ин ҷо бояд аҳли фаҳму фарҳанг ва дар маҷмӯъ тамоми озодагону озодандешон тасмим бигиранд, ки то кай ин ҳама ҷабру ситамро таҳаммул мекунанд ва ин бори зиллат ва нангро дар пушти миллат нигаҳ медоранд?
Ислоҳ:- Аммо чунин ба назар мерасад,ки ҳамин гуна шароит ва фазо, доштани душмани хеле манфур ва бад, сохтани симои он, ки дар асл коре аз дасташ барнамеояд, ба ҷуз аз ҷанги лафзӣ дар фазои маҷозӣ бар фоидаи Раҳмон будааст. Хуб, ки чанд нафарро дар муқобили оппозитсион дар фазои маҷозӣ аҷир мекунад, онҳо бо ҳам зану кӯб мекунанд,дар ин миён Раҳмону дору дастааш кори худро ба роҳатӣ пеш хоҳанд бурд.Чун майдони набард танҳо фазои маҷозӣ аст. Вале бо таваҷҷӯҳ ба таъсир ва нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар рухдод ва ҳаводиси кишварҳои арабӣ, ки бо номи “баҳори арабӣ” ёд мешавад, ҳукуматҳо, алалхусус худкомаҳо ва диктотурҳо сахт дар ҳаросанд. Ва мегӯянд, ки ҳоло набарди иттилоотӣ муассиртар аз силоҳ аст, ки дар ниҳояти амр мардумро ба хиёбонҳо хоҳад овард ва самар хоҳад дод. Шумо бовар доред?
Амруллоҳи Низом:- Посух ба ин суолатонро аз нуктаи охири он оғоз мекунам, ва бовар дорам, ки „чароғи зулми золим то дами маҳшар намесӯзад”, аммо барои хомӯш кардани ин чароғ азму ирода ва муқовамат алайҳи зулм ва муҳаббати рӯшоноии адолатро бояд дошт, акнун суол ин аст, ки оё мо дар худамон чунин хислатҳои ҳамидаеро дорем ва барои расидан ба ин ҳадафи олӣ талош мекунем ё на? Набардҳои иттилоъотӣ замоне таъсиргузор ба маънои воқеъии калима арзёбӣ мешаванд, ки тарафҳои ин набард барои расидан ба қудрат яке аз дигар талошҳои зиёдтар дошта бошад, дар ғайри он ҳама гуна набардҳои иттилоъотӣ дар истгоҳи охир бар зарари миллат ва ба фоидаи режимҳои худкома ва ё баъзе мавҷсаворҳои тасодуфӣ анҷом меёбанд. Мутаассифона, тайи чори соли ахир, ки дар Аврупо ҳузур дорем, то ҳол касеро суроғ надорам, ки ошкоро гӯяд ва эълон намояд, ки ман президент ва ходими миллат шудан мехоҳам, биёед ба ман кумак кунед ва ё дар канори ман саф бикашед ва якҷоя талош кунем, то ин режимро сарнагун кунем ва худи мо зимоми қудратро дар Тоҷикистон ба даст бигирем. Дар дохили Тоҷикистон ва ё аз байни ду милюн муҳоҷирамон дар Русия ҳам то ҳол чунин хабареро дарёфт накардаам. Шӯрбахтона, вақте ҳама атрофиёнро дар ин кор як навъ ноумед ва кам ҷасорат дармеёбам, дар ҳоли ҳозир поёни ин роҳро бо чунин усулҳои мубориза ба нафъи режими худкома мебинам, на баръакси он.
Ислоҳ:- Бархе аз мухолифини мухолифин бо он, ки ҲНИТ Аврупо омад, худро нозарур мешуморанд, маҳдудшуда меҳисобанд ва новобаста аз онки медонанд ҲНИТ аз чи миқдор тарафдор ва аз чи пойгоҳе бархурдор аст, ба маҳзи омадани Кабирӣ бо ӯ ба душманӣ пардохтанд. Дар ҳоле, ки маҷбур аз зулми Раҳмон паноҳ ба кишварҳои аврупоӣ овардаанд.
Амруллоҳи Низом:- Дар посух ба ин гуфтор, мӯътақидам, ин ки мегӯед “худро нозарур мешуморанд” як навъ бардошти шахсии шумо аст, на худи онҳо. Агар тамоми фаъолони мадании Тоҷикистон бихоҳанд, ки содиқона бар зидди режими Эмомалӣ Раҳмон мубориза баранд, боз ҳам майдони амал ғунҷоиши афроди дигарро ҳам хоҳад дошт ва ҳама ҷойгоҳи худро хоҳанд ёфт ва ҳеч касе фазои амалро барои онҳо маҳдуд ва масдуд карда наметавонад. Бар илова, ҳар ду ҷониб дар ин дори ҳиҷрат ва ғурбат дар шинохти якдигар камтар аҷала карданд, ба ин хотир ин гуна нофаҳмиҳо дар байни онҳо ва хел фикрҳои зидду нақизи дигар дар зеҳни дигарон пайдо шудааст. Аз ҷониби дигар тарафи мухолифон ва ҷонибдорони ҲНИТ ва ҷаноби Кабирӣ ҳам ба қавле дар ин амр “фариштаи маъсум” нестанд, зеро ваҳдати афрод, гурӯҳҳои мухталиф аз эътимод, самимият ва шаффофият оғоз мешавад, ки бо таассуфи зиёд ин се хислат дар ниҳоди бахше аз ҷонибдорони ҷаноби Кабирӣ ҳам нисбатан камтар ба назар мерасад. Ман аз худам мисол меорам, бо вуҷуди дӯстӣ ва риштаҳои рафоқату пайвандҳои дигар, бо даъвати онҳо шояд дар 70 ё 80 дарсад аз маъракаҳои умумии мавсум ба ҲНИТ дар Аврупо ширкат карда бошам, аммо дар аксари онҳо эътимод ва самимияти ин гурӯҳро хеле кам эҳсос кардаам ва ё дақиқтараш саривақт мавриди бовариашон қарор нагирифта, саргардониҳое доштаам, ҳар кадоми онҳо қиссаи хоси худро доранд, акнун ҳоло тасаввур кунед, агар бо дигарон ҳам чунин бархӯрде карда бошанд, оё ҳама ба истилоҳ мухолифони мухолифин онҳоро таҳаммул мекунанд, не албатта!
Ислоҳ:- Шумо журналисти касбӣ ҳастед, чаро дар соҳаи худатон ифои вазифа намекунед, иллат дар чӣ аст, забони он кишвар ё монеи дигаре вуҷуд доранд?
Амруллоҳи Низом:- Мусофират ва муҳоҷират шароити худро доранд, баъзан касро маҷбур мекунад, ки муваққатан ҳам бошад, тағйири касб ва равишҳои худро кунад. Масъалаи забонӣ ҳам ҳасту иллатҳои дигаре низ. Ба баёни дигар, доштани расона ва кори расонаӣ дар шароите мо қарор дорем, бояд барои таблиғи як ҳадаф ё як гурӯҳ барои расонидан ба қудрат бошад, вақте ман чунин гурӯҳеро то ҳол наёфтаам, заҳмати кори расонаиро муваққатан канор мегузорам, ҳар вақте ҳам ба ин натиҷа расидам, ки ин ё он гурӯҳ дар воқеъ хостори ба қудрат расидан асту сари миллат ва ману ҳамкоронам кулоҳ намегузорад ва дар нимароҳ ба ин ҳадаф хиёнат намекунад, худи ҳамон рӯз ва ё соат ба кори худ пурра бар мегардам.
Ислоҳ:- Ба назари шумо миёни аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифон кадоми онҳоро қавитар меҳисобед?
Амруллоҳи Низом:- Ба фарзи мисол, агар манзури Шумо аз аҳзоб ҳизбҳои сиёсии амалкунандаи кишвар, ки дар ҷомеа аксари онҳо ба “ҳизбҳои кисагӣ” шӯҳрат доранд, бошад, ба ин назарам, ки дар маҷмӯъ нисбатан гурӯҳҳои мухолифин қавитар ҳастанд. Аммо аз нигоҳи дигар, чун аҳзоби амалкунанда дар дохили кишвар ҳузур доранд, агар ин шабу рӯз камтар талош кунанд ва ба мардум наздиктар шаванд, метавонанд пойгоҳи иҷтимоъии худро қавитар бисозанд ва ба ин васила агар иродаву ҷасорати тасоҳуби қудратро дошта бошанд, барои расидан ба арши ҳукумат наздиктар шаванд. Қавитар касонеанд, ки содиқона дар майдони амал ҳузур доранд.
Ислоҳ:- Инчунин миёни мухолифони мухолифин киро таъсиргузортар дар миёнашон мебинед?
Амруллоҳи Низом:- Дар ҳоли ҳозир мутаассифона мо шахсияти эътирофшудаи таъсиргузор, ки ҳам мувофиқ ва ҳам мухолиф ба ҳарфи ӯ гӯш диҳад ва ӯро ҳамчун як фарди сатҳи миллӣ эътироф ва ғамхори миллат бидонад, дар ҷомеа суроғ надорем, ё дақиқтараш ман то ҳол онро нашинохтаам. Ин, ки баъзе аз дӯстони хубамон нисбатан қалами хуб ва ё мантиқу гуфторашон расову равонтар аст, маънои онро надорад, ки кадоме аз онҳо таъсиргузортар аст. Аз нигоҳи дигар агар ҷӯёи фарди таъсиргузоре бошем, бояд эътироф кард, ки ҳоли ҳозир ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон фоқиди чунин афрод аст.
Ислоҳ:- Ҳоло зиндагиатон чи тавр пеш меравад? Кору машғулияте пайдо кардаед? Фарзандонатон бо таълим фаро гирифта шудаанд?
Амруллоҳи Низом:- Худоро шукр, кор мекунам ва чархаи зиндагии худро аз ин ҳисоб мечархонам. Фарзандон ҳам дар мактаб таҳсил мекунанд, ва шукр бо ду- се забони хориҷӣ суҳбат мекунанд.
Ислоҳ:- Муносибати ҳамсояҳо бо шумо чи гуна ас т? Равуо доред?
Амруллоҳи Низом:- Мо ҳусни ҳамсоядориро аз фарҳанги волои худ ба ирс гирифтаем ва онро дар ҳама ҷо пос медорем, биноан ҳеч мушкиле то кунун бо ҳамсояҳо ва мизбонҳо надоштаем, ба истиснои як ду ҳолати тезгузар, ки ношӣ аз муносабати байни кӯдакон будааст.
Ислоҳ:- Ба назари шумо ин мусофират то кай идома хоҳад ёфт?
Амруллоҳи Низом:- Посух гуфтан ба ин суол осон нест, чун аз як нигоҳ, Худованд ҳар кас ва ҳар қавму миллатеро ба андозаи хоҳишу талабҳояшон медиҳад, камбахтона, мо тайи панҷ соли охир дар симои мухолифин ва мухолифони мухолифин то ҳол ягон чеҳраи қудратталаб ба маънои воқеъии калимаро суроғ надорем, аз сӯйи дигар, на танҳо президенти феълии Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон аз қудрат канор рафтан намехоҳад, балки аз нигоҳи қонунӣ то дами марг худашро ба курсии президентӣ ширеш кардаасту барканор карданаш кори саҳлу содае нест. Фарз кардем, агар ӯ дар интихоботи 2020 писар ва ё яке аз духтаронашро ба ин маснад пешбарӣ ва ҷойгузин кунад, ё агар ҳам касе дигар берун аз ин хонавода сари қудрат биояд ҳам, поксозии режим аз афроди тасодуфӣ ва нолаёқат замонбар аст ва билохира дасти кам тайи се соли оянда мо шоҳиди рукуди вазъияти иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ ва суъуди норизоиятӣ дар ҷомеъа хоҳем буд ва ин муҳоҷират давомдор хоҳад буд…