Ҳангомеки бало ё мусибат нозил мегардад мардумон бар чор гурӯҳанд

Ислоҳ нет

Ҳангомеки бало ё мусибат нозил мегардад мардумон бар чор гурӯҳанд

1.) Ҳангомеки бало фурӯд меояд,мардумоне ҳастанд,ки назди мардум аз Аллоҳ шикоят мекунанд.Ин тоифа мардумон онҳое мебошанд,ки дар имонашон халал ва тазалзул ва ақидаашон хело фосид аст.Ба таҳқиқ он балое бар ӯ фурӯд омада аст парда пушонидааст ақл ва заковаташро.Бар Парвардигор ашон хашм гирифтаанду эътироз ва шикоят менамоянд бар фармони Холиқашон.Ин шикоят далолат аз камоли беадабии банда бар Парвардигораш мебошад.

Мумкин аст пурсед чӣ гӯна шикоятро дар назар доред?
Масалан хело аз мардумонро мебинем мушоҳида менамоем ҳангомеки мусибату балое бар онҳо расад нохудогоҳ чунин мегӯянд: Чунонеки медонед ман намоз мехонам,рӯза мегирам,садақа мекунам,закоти моламро медиҳам,умра ё ҳаҷҳам кардаам.Чаро ин мусибат ё бало болои ман омад на бар шахси дигаре ғайр аз ман?

Баъзе дигар чунин мегӯянд: Оё ин аст подоши ибодат ва тоъату фармонбардорие аз Аллоҳ ин ҳама сол намудаам?
Ин суханон гӯяндаашро ба миннат намудани амалҳое анҷом додаашро бар Аллоҳ мерасонад.Шахсе миннат мекунад бар Аллоҳ ё шикоят мекунад аз Аллоҳ назди халқаш амалҳои анҷом додаашро бекор мекунад.

Ин гурӯҳ бояд бидонанд,ки ҳаргиз бандае,ки тоъату ибодат мекунад истисно ё озод намешавад бо анҷоми он амалҳои некаш аз имтиҳон ва мусибат.Зеро озмоише аз ҷониби Аллоҳ бар бандагон меояд он ихтиёр ва имтиҳон аст.Ҳаргиз фарқ карда намешавад бандаи содиқ ва дурӯғгӯйро аз якдигар магар пас аз имтиҳон.Ҳангомеки Аллоҳ он мусибат ё балоро бар сари банда овард ва банда аз он бо сари баланд комёб гашт.Онгоҳ бандаи содиқ ва фармонбардор аз бандаи дурӯғгӯй ташхис ва ё ба ибораи имрӯза аз атестатция мегузарад.

2.) Мардумоне ҳастанд,ки ҳангомеки мусибат ё балое бар онҳо расад шикоят мекунанд мардумонро бар мардуми дигар.Амали ин гурӯҳҳам далели нодони ва ҷаҳлашон буда басираташонро аз даст додаанд.Муъмини содиқ ҳама ончӣ бар ӯ мерасад онро аз ҷониби Аллоҳ медонад.Ҳеҷ пардае намепушонад сабабро аз сабабшаванда наздаш.Зеро Аллоҳ ҳангомеки ато кард ё манъ намуд бар бандагонаш чизеро,инҷо ҳикмате нуҳуфта аст ва бо он бандагонашро имтиҳону озмоиш менамояд.Ҳама корҳо ва андозаюу, ченакҳо, тақдирҳо танҳо ва танҳо назди Аллоҳ мебошанд. Махлуқот ҳамаашон оҷизу нотавонанд,на зарар на суде метавонанд бирасонанд.Вале Аллоҳ гардонидааст миёни бандааш ва тақдираш пардаеро,ки аз он касеро хабар нест ҷуз Ӯ таъоло.Пас чигӯна бандаи ғофилеки аз ояндааш огоҳӣ надорад бар махлуқи оҷизи дигаре дар ин мсъала шикоят мекунад?.

3.) Мардумоне ҳастанд,ки ҳангомеки бар онҳо мусибат ва балое фурӯд ояд шикоят мекунанд аз мардум назди Аллоҳ.Ин гурӯҳи мазлум, ҳеҷ мушкиле надоранд ва ҳаққи мусаллами худро аз Аллоҳ талаб менамоянд.Зеро шариъати ислом иҷозат додааст бар мазлум, инки аз золим шикоят намоянд назди Аллоҳ ва ҳаққеки аз онҳо гирифта шудааст онро талаб намоянд.
Расули акрам (салалллоҳу алайҳи васаллам ) дар ҳадисе чунин фармудаанд:” Се дуъое ҳаст,ки онҳо мустаҷобанд ва дар пазируфта шудани онҳо ҳеҷ шакке нест.Дуъои падар барои фарзанд ва дуъои мусофир(ҳангомеки дар сафар қарор дошта бошад).Дуъои мазлум”(ҳадиси ҳасан Абудовуд,Тирмизӣ,Ибни Моҷа,Имом Аҳмад ва Бухорӣ дар Адабул муфрад овардааст)
Ҳангомеки шахсе мавриди зулм қарор мегирад бояд бидуни таваққуф рӯ ба сӯйи Аллоҳ намояд ва шикояташро ба Аллоҳ расонад.Ин ҳолат хело муҳим аст афсус,ки кам мазлумони асри мо ин силоҳро истифода менамоянд.Вақте зери зулм, шиканҷа қарор гирифти ва ҷуз Аллоҳ каси дигаре надоред.Бидуни таваққуф рӯ ба Аллоҳ биоред ва аз Ӯ кумак талаб кунед,дар қабул шудани дуъоятон ҳеҷ шакке нест.
Дар ҳадиси дигаре аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам)мефармоянд: “Аз дуъои мазлум битарсед зеро он дуъо бар фарози абрҳо бардошта мешавад”.Аллоҳ субҳонаҳу ватаъоло мегӯяд: “Саганд ба иззату ҷалолам пирӯзат мегардонам(эй мазлум бар золим) агарчӣ пас аз гузаштани муддатеҳам бошад”
(ҳадиси ҳасан лиғайриҳи Табарони дар Кабир ва Ибни Ҳиббон дар Тарғиб ва Тарҳиб овардаанд)

4.) Табақа ё гурӯҳи охир ҳангомеки бало ё мусибате бар онҳо фурӯд ояд аз нафси худ шикоят мекунанд.Он мусибат ва балоеки бар онҳо расидааст онро аз ҷониби Аллоҳ медонанд.Ин гурӯҳи паёмбарону сиддиқон мебошад.
Ин бахшро бо се ояти қуръонӣ,ки дуъоҳои се Паёмбар мебошад ба охир мерасонам.
Аввал дуъои Одам ва Ҳаво (а),ки Аллоҳ аз забони онҳо мефармояд:
{ رَبَّنَا ظَلَمْنَا أَنْفُسَنَا وَإِنْ لَمْ تَغْفِرْ لَنَا وَتَرْحَمْنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِينَ }
سورة الأعراف الأية (23)
Тарҷума:
Гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, ба худ ситам кардем ва агар моро наёмурзӣ ва бар мо раҳмат наёварӣ, аз зиёндидагон хоҳем буд».(Сураи Аъроф,ояти 23)

Дуввум дуъои ҳазрати Юнус (а) ҳангомеки дар батни моҳи қарор гирифт:
{ وَذَا النُّونِ إِذْ ذَهَبَ مُغَاضِبًا فَظَنَّ أَنْ لَنْ نَقْدِرَ عَلَيْهِ فَنَادَى فِي الظُّلُمَاتِ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ سُبْحَانَكَ إِنِّي كُنْتُ مِنَ الظَّالِمِينَ؛
سورة الأنبياء الأية (87) 
Тарҷума:
Ва Зуннунро (ёд кун) он гоҳ, ки хашмнок бирафт ва пиндошт, ки ҳаргиз бар ӯ танг намегирем. Ва дар торикӣ нидо дод: «Ҳеҷ худое барҳақ ҷуз Ту нест. Ту пок ҳастӣ ва ман аз ситамкорон ҳастам».
(Сураи Анбиё,ояти 87)

Севвум дуъои ҳазрати Аюб (а) ҳангомеки Аллоҳ ӯро мубтало ба бемории тулоние намуд:

{ وَأَيُّوبَ إِذْ نَادَى رَبَّهُ أَنِّي مَسَّنِيَ الضُّرُّ وَأَنْتَ أَرْحَمُ الرَّاحِمِينَ }
سورة الأنبياء الأية (83)
Тарҷума:
Ва Айюбро (ёд кун), он гоҳ, ки Парвардигорашро нидо дод: «Ба ман беморӣ ва ранҷ расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ».
(Сураи Анбиё,ояти 83)
Умед дорам аз ин чор гурӯҳҳам огоҳи пайдо намудед.
Аз китоби “Албаён мин қасасил Қуръон”

Share This Article