Ҳикояти ҳокими Ғур ва ва деҳқон

Ислоҳ нет

Ҳикояти ҳокими Ғур ва ва деҳқон
(Қиссаи воқеъиеки ба рӯзгори имрӯзии мо як наво аст)

Яке аз бузургони ҷафопеша ва золим дар сарзамини Ғур(вилояте ҳоло дар Афғонистон) хари деҳотиёнро ба зўрӣ мегирифт. Дар зери бори вазнин ҳар рўз ду хари мискин ҳалок мешуд. Фалак инсони пастсириштро мақом ва мансаб диҳад, ин инсони пастсиришт бори сангин ва вазнинро дар дили бечорагон мениҳад ва онҳоро гирифтори ғаму андўҳ мекунад. Мисли боми баланд худпарастӣ мекунад ва ҳарчӣ аз касофат, наҷосат ва хасу хошок бошад, бар сари бомҳои паст мерезад.

Шунидам, ки рўзе ба қасди шикор ин шаҳриёри бедодгар берун рафт. Аспашро ба дунболи сайде биронд, то шаб шуд ва нигоҳ карду дид, ки аз лашкар ва ҳашами худ бозмондааст ва гум шудааст. Танҳо монд дар ҳоле, ки на касеро мешинохт ва на роҳеро медонист ва нисфи шаб ба як деҳкада расид. Яке аз пирамардони муқими ин деҳкада, ки аз пирони инсоншинос буд, ба писараш мегуфт, ки мабодо харатро вақти субҳ ба шаҳр барӣ. Агар харатро ба шаҳр барӣ, он ноҷавонмарди бахтбаргашта, яъне шоҳ, ки ҷойи ўро дар тахт набинам, балки ўро дар тобут бинам, харатро аз дастат кашида мегирад, ў камарашро ба дари хидмати шайтон маҳкам бастааст ва аз дасти ҷавру зулми ў нолаи мардум ба гардун расидааст ва ин кишвар аз дасти ў осоишу хуррамиро надид ва намебинад, то он вақте ки он синаи бесафо ба дўзах равад ва аз пушти сараш лаънатҳо гуфта шавад, шояд чашми мардум пас аз ў рўйи шодиро бинад.

Писараш гуфт: -«То шаҳр роҳ хеле дур аст ва пиёда рафтан барои ман душвор аст, бояд роҳеро ба ман нишон диҳӣ ва чорае биандешӣ, ки фикри ту аз фикри ман равшантар аст».
Пирамард гуфт: -«Агар ба насиҳати ман гўш кунӣ, бояд ин корро анҷом диҳӣ, як санги бузургро мегирӣ ва бар сар, даст ва паҳлў ва гардани хари бегуноҳ мезанӣ. Шояд хари захмӣ ва пуштреш ба дарди он фурўмояи золим нахўрад ва аз гирифтанаш чашмпўшӣ кунад. Мисли ҳамон коре, ки ҳазрати Хизр кард ва барои кўтоҳ намудани дасти подшоҳи ситамгар киштиҳоро шикаст ё сўрох кард. Соле, ки аз баҳр киштиҳоро гирифт, ин кораш сабаби бадном шудани вай солиёни дароз шуд. Туф бар он подшоҳ ва давлат ва салтанат, ки инчунин бошад, ки то қиёмат мўҳри шармандагӣ бар пешонааш зада шавад!
Писар бо шунидани ин тавсия аз падараш сари итоат фуруд овард ва сангро гирифт ва шурўъ кард ба задани хари бечора, то ин ки дасти хар оҷиз ва пояш ланг шуд. Падар гуфт: – «Акнун метавонӣ ба ҳар роҳе, ки дилат мехоҳад, биравӣ».
Хулоса, писар аз паси корвоне ба роҳ афтод ва ҳарчӣ бар забонаш аз дашному носазо меомад, дар ҳаққи он золим мегуфт. Аз ин сўй падараш низ рўйи худро бар остона гузошт ва шурўъ кард ба дуъо кардан, ки эй Худо, ба ҳурмати ҷойнамози ростон ва сиддиқон, аз аҷал ба ман амон деҳ, ки ҳалок шудани ин золимро бубинам. Агар ҳалок шудани ўро бо чашмонам набинам, дар гўр ҳам чашмонам намехобад ва боз мемонад. Оре, зани ҳомила мор зояд беҳтар аст аз ин ки одамизодаи шайтонсифат зояд. Аз марде, ки мардумозор бошад, зан беҳтар аст ва аз мардуми мардумозор саг хубтар. Зарфи шикаста дар дасти ту беҳтар аст аз ин ки он зарф дар дасти душман солим бошад…
Шоҳ ҳамаи ин моҷароро шунид ва чизе нагуфт, аспашро ба гўшае баст ва зини аспашро зери сараш гузошту хобид, вале хобаш наёмад, то рўз ситора шумурд ва фикру андешаҳо нагузошт, ки хобаш барад. Ҳамин ки субҳ шуд ва мурғони саҳар бонг заданд, парешонии шабро фаромўш кард.

Акнун баргардем ба лашкари шоҳ, ки онҳо чӣ кор карданд? Эшон тамоми шаб ин тараф ва он тараф тохтанд ва шоҳро ҷустуҷў карданд ва то субҳ истироҳат ва оромӣ надоштанд. Ҳамин ки субҳ шуд, пайи пойи аспи шоҳро пайдо карданд ва рафтанд шоҳро аспсавор пайдо карданд. Ҳама дар хидмати шоҳ аз аспонашон пиёда шуданд, давиданд ва сари таъзим фуруд оварданд ва аз мавҷи лашкар замин мисли дарё шуда буд.

Яке аз надимони шоҳ, ки аз дўстони қадимии ў буд ва шабу рўз дар хидмати шоҳ буд ва шабҳо посбонӣ мекард ва рўзҳо хидматгузорӣ мекард, ба шоҳ гуфт: – «Дишаб хидматгузорон хеле таомҳои хушмазза дуруст карданд ва мо ҳама мунтазири аълоҳазрат будем, ки на чашми мо ором гирифт ва на гўши мо».
Шоҳ наметавонист сухане ба забон орад ва шаб аз сари ў чӣ бадиҳо гузашт, ҳикоят кунад. Оҳиста сарашро ба сари он мард наздик кард ва ба гўшаш пинҳонӣ гуфт: – «Имшаб касе ба пеши ман ҳатто пойи мурғ наовард ва дар иваз ин дасти харро аз андоза бештар ба номуси ман заданд».
Сипас ҳама бузургон нишастанд ва дастархонҳоро пур аз нозу неъмат карданд ва машғули айшу нўш ва маҷлисороӣ шуданд. Вақте ки шўру мастӣ ба авҷи худ расид ва бадани шоҳ гарм шуд, як дафъа деҳқони дишаб ба ёдаш омад ва фармон дод, ки ўро пайдо кунанд ва дасту пояшро баста ба пешаш биоранд. Пас аз чанд соат маъмурони шоҳ он деҳқонро пайдо карданд ва тибқи дастури шоҳ дасту пояшро баста бо иҳонату хорӣ дар пойи тахти шоҳ афканданд.

Шоҳи дилсахт ва сангдил, бо дидани он деҳқон дар ғазаб шуд ва шамшерашро аз ғилофаш кашид. Деҳқони пир аз дасти тарс роҳи гурезро пайдо намекард ва охирин нафасҳои худро мешумурд ва ҳар чӣ ба хотираш меомад, мегуфт. Оре, намебинӣ, ки корд бар сари қалам бошад, забони қалам бурротар ва равонтар мешавад. Деҳқон, ки аз зиндагӣ умедаш канда буд, забонаш бурротар шуд ва ҳарчӣ ба ёдаш омад, шурўъ кард ба гуфтан, ки эй шоҳ, дар масалҳо гуфтаанд: – «Нашояд шаби гўр дар хона хуфт», яъне чун соати марг наздик шуд, таъхир намекунад ва мўҳлати хоб дар хона намедиҳад.

Эй шоҳи ғофил, на танҳо ман туро бадбахт ва бадрўзгор гуфтам, балки инро ҳама мегўянд, чаро ту танҳо ба ман хашм гирифтӣ? Ман агар дар пеши ту гуфта бошам, дигарон аз паси ту мегўянд. Танҳо ман аз дасти зулму ситами ту дод нагуфтам, балки ҳамаи халқ дар ин ақибмонда нестанд. Аҷабо, ки фақат кори ман ба чашми ту бузург ҷилва кард. Агар тавонашро дорӣ, ҳамаи онҳоро бикуш, ки наметавонӣ кушт. Агар бадгўйии ман барои ту сахт бошад, Бие, инсоф кун ва решаи бадгўйиро бикан. Ягона чора ва илоҷи ту аз зулм баргаштан аст, на куштани бегуноҳону бечорагон, ки ин дарди туро даво нахоҳад кард. Агар зулму ситам мекунӣ, аслан умед макун, ки номи ту дар шаҳрҳо ба некӣ гирифта бошад. Бидон, ки ситамгари бадрўзгор намемонад, вале лаънати абадӣ бар ному номаи ў боқӣ хоҳад монд. Агар гўш кунӣ, беҳтарин панду насиҳат барои ту ин аст, ки гуфтам ва агар гўш накунӣ, худат пушаймон мешавӣ. Ман наметавонам тасаввур кунам, ки чӣ гуна чашмони ту ба хоби роҳат мераванд дар ҳоле, ки аз дасти ту мардуми ситамдида бемору бемадоранд. Оё подшоҳе, ки дар дарбораш дар ҳаққи ў мадҳу сано мехонанд ва ўро меситоянд ва ба тамаъи чанд танга таърифу тавсифаш мекунанд, ба ин кор подшоҳ сутуда ва хуб мешавад? Аз мадҳу сано дар маҷлисҳо чӣ фоида аст, ки пиразан дар пушти чархи ресмон нафрини он шоҳро мекунад ва мардуми бечора аз ў норозӣ ва ба дод омада бошанд?

Хулоса, деҳқон гуфту гуфт ва дилашро холӣ кард ва шамшер ҳам болои сараш омодаи фуруд омадан буд ва ў ҷони худро сипари тири қазову қадар карда буд ва парвое аз кушта шудан надошт.
Шоҳ аз суханони ин деҳқони пир, ки хеле ларзонанда буд, як дафъа ба ҳуш омад ва аз сараш кайфи мастӣ дур шуд ва ба гўшаш аз ғайб нидо омад, ки оҳиста мегуфт: – «Аз куштани ин пир даст бардор ва тасаввур кун, ки аз ҳазорон бегуноҳ ва додхоҳ якеро куштӣ ва дастатро ба хуни ў олуда кардаӣ».

Шоҳ чанд дақиқа сарашро хам кард ва пас аз андешаи кўтоҳ остинашро афшонд ва қалами авфу бахшиш бар хуни деҳқони пир кашид. Бо ду дасти худаш бандҳоро аз дасту пойи деҳқон боз кард ва пешонии ўро бўсид ва ба оғўш кашид. Сипас ба ҳозирон эълом кард, ки ў аз имрўз фармондеҳи бузург аст. Ин аст, ки дарахти умеди марди деҳқон беҳтарин меваро ба бор овард. Замоне нагузашт, ки ин амалкарди подшоҳ забонзади хоссу ом шуд ва ба гўши ҷаҳониён расид. Оре, инсони некбахт касест, ки дунболи ростон ва сиддиқон мегардад ва сухани онҳоро қабул мекунад ва рафтору гуфтори онҳоро барои худаш намуна қарор медиҳад.
Аз китоби «Роҳе ба сўйи «Бўстон»

Share This Article