Зиндагиномаи Ҳасани Басрӣ (раҳимаҳуллоҳ)

Ислоҳ нет

Зиндагиномаи Ҳасани Басрӣ (раҳимаҳуллоҳ)

(имоми тобеъин)

Бахши дуввум то охир

Инчунин гуфтааст: Ҳар оина бандаи муъмин субҳу шом маҳзун аст, зеро ӯ миёни ду бим аст; миёни гуноҳе, ки гузаштааст ва намедонад, ки Худо бо он чӣ хоҳад кард ва миёни аҷале, ки боқист ва намедонад, ки ба чӣ мусибатҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд. 
Инчунин гуфтааст: Эй ибни Одам! Шумо иборат аз чанд рӯзе мебошед ҳар гоҳ, ки рӯзе рафт баъзе аз шумо рафтааст. 
Ҳасани Басрӣ (раҳ) ба ин ҳад наистод, балки бар зидди падидаҳои зишти инҳирофу тамаъҷӯӣ мубориза бурда, мардумро ба тарки тамаъ аз сарватмандон ва зери дари онҳо рафтан даъват намуд. Ӯ мегуфт: Ба шарафи айши онҳо ва нармии ҷои хоби эшон нанигаред ба бозгашти бади онҳо бингаред.

Ҳасан маҷлиси хосе дар хонаи худ дошт, ки дар он аз маъонии зуҳд ва улуми охират ҳамеша сухан мерафт, агар касе ҷуз аз он мепурсид малолу дилтанг шуда мегуфт: Бо бародаронамон хилват шуда, ба зикри охират машғул шудаем.

Рӯзе ду роҳиб аз назди Ҳасан мегузаштанд, яке ба рафиқаш гуфт: бо ман биё, то он касеро, ки монанди Масеҳ аст бубинем, чун ба ӯ наздик шуданд, шуниданд, ки мегуфт: Во аҷаб аст ба қавме, ки ба омодагии тӯша хабар шудаанд ва барои сафар ва аввали эшонро охираш ҳабс намудааст эшон интизори ворид шудан назди Парвардигор ҳастанд. Баъд эшон баъд аз ин дар гумроҳию беҳушӣ мебошанд!!

Баъд аз он Ҳасан гирён шуд, то ин ки ришаш тар шуд. Роҳибон гуфтанд: Он чи аз ин мард шунидем кофист. Баъд аз он ба роҳи худ идома доданд

Ба як некӣ даҳ некӣ

Баъд аз намози пешин буд дарвозаи Ҳасанро соиле (талбанда) куфт. Ходимзан шитобон дарвозаро кушод Ҳасан пурсид: Кӯбандаи дар кист? Ҷория гуфт: Соил (талбанда) аст, Имом Ҳасан: Ончи аз хурок дорем барояш бидеҳ. 
Дар хона даҳ дона тухм буд ходимазан нӯҳтои онро ба талбанда дод як донаашро барои бими гуруснагӣ боқӣ гузошт. Чун талбанда рафт дарвоза бори дигар куфта шуд. Ҳасан гуфт: Кист дарро мекӯбад? Ходимазан ба овози канда гуфт: Меҳмон аст, Имом Ҳасан гуфт: Ӯро дохил намо ва бубин барои мо чӣ овардааст. Ходимазан гуфт: навад дона тухм овардааст. 
Ҳасан сарашро ҷунбонида бо илми орифин гуфт: Даҳ донаашро шумо манъ намудед. Оё намедонед, ки Худованд гуфтааст 
Сухани Худо: Ва ӯст, ки шуморо шабҳангом мемиронад ва ҳар чӣ дар рӯз кардаед, медонад, он гоҳ бомдодон шуморо зинда месозад, то он ҳангом, ки муддати муайяни умратон ба поён расад. Сипас бозгаштатон ба назди ӯст ва шуморо аз он чӣ кардаед, огоҳ мекунад. (Сураи Аъном, ояти 60)

Нолаи танаи дарахти хурмо

Ҳасани Басрӣ (раҳ) рӯзе ба асҳоби худ ҳадис мегуфт ва ба эшон фармуд: Паёмбар рӯзҳои ҷумъа ба мардум хутба мехонд ва ҳангоми хутба ба чубе пушти худро такя медод, чун мардум бисёр шуданд, гуфт: барои ман минбаре созед, ки ду зина дошта бошад. Ва чун минбар сохта шуд, Паёмбар (с) болои он хутба мегуфт он чубе, ки такя ба он мекард сӯи Паёмбар (с) нола кард.

Мардум онро шуниданд ва то ҳине, ки расули Худо (с) поён шуданд ва онро ба оғӯш гирифтанд хомӯш нашуд. Чун Ҳасан аз ин ҳадис фориғ шуд хеле гиря кард ва баъд аз он гуфт: Эй бандагони Худо! Чубе барои Расули Худо (с) ва шавқи ӯ (с) нола мекунад, пас шумо мустаҳиқтар ба муштоқ шудан ба дидани ӯ (с) ҳастед.

Сифати асҳоби киром.

Рӯзе қавм дар маҷлиси Ҳасани Басрӣ (раҳ) аз ӯ талаб намуданд, ки эшонро аз сифати саҳоба хабар диҳад. Ҳасан (раҳ) гирён шуда, гуфт: Аз эшон аломатҳои некӣ дар чеҳра ва роҳу равишашон ва роҳнамоиашон ва садоқаташон зоҳир гардид. Либоси эшон хашин буд ва эшон ҳадди эътидолро дар он риоя мекарданд, бо тавозуъ роҳ мерафтанд, таъому шароби эшон аз ризқи ҳалол буд, бо фурӯтанӣ тоъати Парвардигорашон мекарданд, ҳақиқатро қабул доштанд, бо вуҷуди талх буданаш, аҷсомашон наҳиф (лоғар) буд, ризои Аллоҳро аввалиндараҷа қарор медоданд, дар ғазаб аз ҳад намегузаштанд, ҳукми Худовандро дар Қуръон таҷовуз намекарданд, забонҳояшонро бо зикр машғул медоштанд, ҷону моли худро фидо мекарданд, ахлоқашон некӯ шуда буд ва бо андаке аз дунё барои охираташон иктифо мекарданд.

Аз худат шуруъ кун

Рӯзи ҷумъа, пеш аз боло шудан болои минбар марде назди Ҳасан омада оҳиста ба гӯшаш гуфт, ки барои мардум аз фазилат ва бартарии озод намудани бардагон сухан бигӯ ва эшонро бо ин амали хайр ташвиқ намо. Баъд аз он ӯ ба дохили намозгузорон рафта, ба хутба гӯш дод, лекин Ҳасан (раҳ) дар он мавзуъ ҳеҷ сухан нагуфт. 
Дар ҷумъаи оянда он мард ба хутба гӯш дод, лекин Ҳасан (раҳ) аз сухан гуфтан дар фазилати озод намудани бардагон боз худдорӣ намуд. 
Ҷумъаҳо пайи ҳам мегузаштанд… Ва дар ҷумъаи чаҳорум Ҳасан (раҳ) дар фазилати озод намудани бардагон сухан гуфта, мардумро ба он ташвиқ намуд. Он мард аз ин рафтори Ҳасан (раҳ) дар тааҷҷуб монд. Ҳасан (раҳ) бо як фурутанӣ гуфт: Эй бародар… нахостам ба мардум дар ин мавзуъ сухан гӯям, то ин ки маблағе ба дастам омад ва ба бозор рафта, барда харида озод намудам! Оё мехоҳӣ, ки аз зумраи касоне бошам, ки Худованд дар шаъни онҳо гуфтааст.

Сухани Худо: Оё дар ҳоле ки китобро мехонед, мардумро ба некӣ фармон медиҳед ва худро фаромӯш мекунед? Оё ба ақл дарнамеёбед?
(Сураи Бақара, ояти 44)

Ҷазои ғайбат

Ҳасани Басрӣ (раҳ) ғайбатро мазаммат мекард ва мегуфт: Таъсири ғайбат дар дини инсон сареътар аз ҳаракати хӯрдани кирмҳо дар қабр ҷасди ӯрост. Рӯзе ба ӯ гуфтанд: фалонӣ ғайбати шуморо кардааст! Ҳасан (раҳ) табақи ҳалвое ба ӯ фиристода, гуфтааст. Шунидам, ки некиҳои худро ба ман ҳадя намудаӣ, пас шуморо мукофот додам.

Ҳамсари некӯкор

Рӯзе як мард назди Ҳасан (раҳ) омад ва аз ӯ машварат пурсид ва гуфт: Эй Абӯсаъид духтари маҳбубе дорам, ки бисёре аз мардони сарватманд гирифтани дасти ӯро металабанд. Мехоҳам бо маслиҳати шумо ӯро ба шавҳар диҳам. 
Ҳасан гуфт: ӯро ба марди парҳезкоре ба шавҳар бидеҳ, агар ӯро дӯст дорад икромаш мекунад ва агар аз ӯ нафрат пайдо кунад ӯро зулм намекунад. Ҳангоме ки марде духтари ӯро хостгорӣ намуд ва сад ҳазор дирҳам маҳр овард, модари духтар гуфт: ӯро ба ин мард ба шавҳар бидеҳ, зеро моли зиёде маҳр овардааст. Ҳасан (раҳ) гуфт: марде, ки маҳри зане сад ҳазор сарф намудааст ба таҳқиқ ҷоҳилу мағрур ҳаст, воҷиб аст, ки дар никоҳ намудан бо ӯ рағбат накунед ва аз хешӣ намудан бо ӯ дурӣ ҷӯед. Мард талаби он хостгорро рад намуда, духтарашро ба марди некӯкоре ба занӣ дод.

Чӣ гуна як қавм гумроҳ мешавад дар ҳоле, ки Ҳасан (раҳ) миёни онҳост 
Шӯҳрати Ҳасани Басрӣ (раҳ) дар ҳамаи манотиқ паҳн шуду номаш вирди забонҳо гашт. Араби бодиянишине рӯзе вориди Басра шуда гуфт: Сайид (беҳтарин шахс)-и ин шаҳр кист? Мардум гуфтанд: Ҳасани Басрӣ (раҳ) аъробӣ гуфт: Ба кадом хислаташ ӯ миёни ҳама беҳтар шуд? Мардум гуфтанд: Аз дороии дунё, ки дар дасти мардум аст худро бениёз гардонид ва мардум муҳтоҷи умури динашон шуданд, ки назди ӯст. Аъроби гуфт: Дар ҳақиқат сайид чунин мебошад? Инчунин халифаҳову амирон аз ахбори Ҳасан (раҳ) ва сифати ӯ мепурсиданд.

Ҳангоме ки Муслама ибни Абдулмалик, Холид ибни Сафвонро дар Ҳира вохӯрд ба ӯ гуфт: Эй Холид! Дар бораи Ҳасани Басрӣ (раҳ) ба мо бигӯ. Холиб ибни Сафвон гуфт: Худованд амирро ислоҳ намояд хабари ӯро ба шумо мегӯям. Ман ҳамсояи ӯ ва ҳамнишини ӯ ва донотарини аҳли Басра аз аҳволи ӯ ҳастам. 
Баъд аз он Холид ибни Сафвон дар бораи Ҳасан (раҳ) назди Маслама ибни Абдулмалик сухан оғоз намуда, гуфт: Аз мардумонест, ки зоҳири ӯ ва ботинаш ва қавли ӯ бо феълаш шабоҳат дорад, агар ба коре амр намояд аз ҳама бештар ва зудтар ба он амал мекунад ва агар аз коре манъ кунад аз ҳама зудтар худи ӯ он амалро ба кулӣ тарк мекунад. Ӯ аз мардум бениёз аст ва мардум муҳтоҷи ӯ ҳастанд.

Маслама ибни Абдулмалик гуфт: басанда аст эй Холид! Чӣ гуна қавме гумроҳ мешавад дар ҳоле ки ин шахс миёни эшон аст?!

Ҳасани Басрӣ ва Умар ибни Абдулазиз (раҳимаҳумуллоҳ)

Ҳангоме ки Умар ибни Абдулазиз ба маснади хилофат нишаст ба Ҳасани Басрӣ (раҳ) ба ин мазмун нома фиристод: “Эй Абӯсаъид ба ман дар бораи сифатҳои имоми одил навис ва он куҷост ва уммати мусалмонон чӣ гуна соҳиби он шавад?” 
Ҳасани Басрӣ (раҳ) ба ӯ чунин ҷавоб навишт.

“Эй Амиралмуъминин, Худованд шуморо ғарқи неъматҳояш намояд ва покдоман гардонад. Огоҳ бош, ки Худованд имоми одилро сутуне ё меъёре барои моилкунандагон аз роҳи рост, бозӯи нерӯманде бар зидди ҳар золим, салоҳе барои ҳар фосид, қуввате барои ҳар заиф, мунсифе барои ҳар як мазлум ва додрасе барои ҳар як муҳтоҷ гардонидааст.

-Имоми одил мисли чӯпони мушфиқ ва марди донову дурандешест, ки беҳтарин чарогоҳро барои чорвои худ ихтиёр менамояд ва онро аз ҳама гуна офатҳо нигоҳубин менамояд.

-Имоми одил мисли падари меҳрубон бар фарзанди худ аст, ки дар хурдсолӣ барои ӯ таъминот мекунад ва дар бузургӣ ӯро таълим медиҳад ва барои эшон дар ҳаёт ва баъди марг такягоҳ мешавад.

-Имоми одил мисли модари мушфиқу некӯкор ва меҳрубон аст, ки кӯдаки худро бо чи мушкилоте ҳамл ва вазъ мекунад, ҳангоми оромии ӯ ором аст ва дар ҳоли гирифтории ӯ гирифтор аст, гоҳо ӯро шир медиҳад ва гоҳо аз шир ҷудояш мекунад.

-Имоми одил мисли васийи ятимон ва хазинадори мискинон аст, ки хурдсолонро тарбия ва калонсолонро таъмини иқтисодӣ мекунад.

-Имоми одил мисли қалб миёни дигар аъзои ҷисм аст, ки бо некӯшавии он тамоми аъзо некӯ ва бо фасодшавии он тамоми аъзо фасод мешавад.

-Имоми одил миёнарав миёни Худо ва бандагон аст, ки сухани Худоро мешунавад ва ба дигарон мешунавонад, осори неъмати Худоро мебинад ва онро ба дигарон нишон медиҳад, худ побанди фармудаҳои Худо мегардад ва мардумро ба он даъват ва роҳбарӣ мекунад.

Умед дорам, ки амиралмуминин аз зумраи он имомони одил бошад. Агар Худованд насиҳати шуморо бар мо фарз намегардонид, бар роҳнамоиву тавфиқе, ки Худованд ба шумо насиб намудааст ба мавъизаи шумо ҳоҷат надоштем, лекин Аллоҳ (ҷ) аз уламо паймон гирифтааст, ки ҳар оина барои мардум роҳи ростро баён намуда, пинҳон намедоранд. 
Чун амиралмуъминин Умар ибни Абдулазиз мактубро гирифт ба ӯ навишт: 
“ Эй Абӯсаъид дар мазаммати дунё ба ман навис”. Аз ҷумлаи он чизе, ки Ҳасан (раҳ) ба ӯ навишт, ин буд: 
“ Эй амиралмуъминин дар дунё мисли шахсе бошед, ки ҷароҳаташро ба хотири тулонӣ нашудани дард каме даво мекунад, шахси оқил касест, ки аз он дар ҳазар буда, ба он мағрур намешавад, зеро он хоин ва фиребгар аст бо орзӯву омоли зиёд худро пешкаш намуда, барои хостгорҳояш зинат додааст.

Дунё мисли арӯс аст, ки чашмҳо ба сӯйи он менигаранд ва дилҳо майли онро доранд. Ва савганд ба номи он зоти поке, ки Муҳаммад (с)-ро ба ҳақ фиристодааст қотили шавҳарони худ аст.

Пас эй амир аз фитнаву ҳалокати он бипарҳез фаррохӣ дар он бо шиддату бало пайвастааст ва боқӣ мондан дар он ба фанову нобудӣ мерасонад”.

Ҳангоме ки нома ба халифаи одил Умар ибни Абдулазиз расид чунон гирист, ки атрофиёнаш ба ӯ шафқат намуданд. Ӯ гуфт: Худованд Ҳасанро раҳмат кунад, ӯ то ҳол моро аз ғафлат мераҳонад ва аз хоб бедор месозад. Савганд ба Худо ӯ хеле мушфиқу носеҳ ва воизи содиқ аст.

Вафоти Ҳасани Басрӣ (раҳ)

Ҳасани Басрӣ (раҳ) қариб ҳаштоду ҳашт сол зиндагӣ намуда, дар ин муддат дунёро аз илму ҳикмат ва фиқҳ пур намуд. Ӯ дар умқи ҷомеъа гирифта бемориҳои онро васф намуда, чун як ҳокими мушфиқ онро интиқод намуд. Ин буд, ки маҳбуби ҳамагон гардида фазлу бартариашро эътироф намуданд. Ҳасани Басрӣ (раҳ) танҳо ба маъвизаву хутбаҳо иктифо накарда, эҳтимоми зиёд ба тарбияи шахсоне ки бо ӯ робита доштанд ва ё дар маҷолисаш ширкат доштанд, медод. Ба ин равиш ӯ миёни даъвату иршод ва миёни тарбияи амал ва тазкияи хулқию рӯҳӣ ҷамъ менамуд. Дар натиҷаи ин амал мардуми зиёде ҳаловати имонро чашида, ахлоқи исломии худро зиннат доданд.

Аввом ибни Ҳавбош гуфтааст: “Ҳасани Басрӣ (раҳ)-ро ба набие монанд мекунам, ки шаст сол миёни қавмаш иқомат варзида, ба сӯи Худо онҳоро даъват менамояд”

Дар шаби ҷумъа, аввали моҳи раҷаби соли як саду даҳ Ҳасани Басрӣ (раҳ) нидои Парвардигорашро лаббайк гуфт. Чун субҳ шуду мардум огоҳ гардид таконе дар Басра рух дод. Марде назди Муҳаммад ибни Сирин дохил шуда, гуфт: Ҳасани Басрӣ (раҳ) вафот намуд. Муҳаммад ибни Сирин бар ӯ раҳмат фиристоду рангаш дигаргун шуд ва аз сухан гуфтан бозмонд ва то ғуруби офтоб сухан нагуфт. Мардум ин ҳолати ӯро дида, аз дохил шудан ба наздаш худдорӣ варзиданд. Ҳасани Басрӣ (раҳ)-ро шуста кафан намуданд ва дар масҷиди ҷомеъ, ки аксари ҳаёташро чун олиму муаллим дар он гузаронида буд, намози ҷаноза хонанд. Мардум аз паи ҷанозаи ӯ рафтанд. Дар он рӯз намози аср дар ҷомеъи Басра барпо нашуд, зеро касе онҷо боқӣ набуд.

Ва мардум бори аввал дар таърихи бинои масҷиди ҷомеъи Басра шоҳиди он гаштанд, ки намози аср тарк шуд!!

Дар бӯстону чашмасорҳо

Ҳангоме ки мардум Ҳасани Басрӣ (раҳ)-ро дар бемории охиринаш аёдат мекарданд дар хона чизе аз бисоту фирошу болишт намеёфтанд, ҷуз кати хобе, ки дар он ҳасир гузошта шуда буду Ҳасан (раҳ) болои он мехобид. Ба ӯ гуфтанд: Эй Абосайид: Моро насиҳате кун, то манфиат барем. Ҳасан (раҳ) гуфт: “ Ман шуморо бо се сухан насиҳат мекунам, баъд аз он маро ба ҳоли худ гузоред: аз он чизе, ки манъ мешавад аз ҳама бештар худро аз он дур доред ва ба он амри маъруфе, ки амр мешавед аз ҳама мардум бештар ба он чанг занед ва огоҳ бошед, ки қадами шумо ду аст: Яке ба фоидаи шумо дигаре бар зарари шумо, пас бингаред, ки ба куҷо мераведу аз куҷо меоед”. 
Ҳангоме, ки вафоташ наздик шуд, мегуфт: “Инно лиллоҳ ва инно алайҳи роҷиъун”. Баъд аз он беҳуш шуд ва ҳангоме, ки ба ҳуш омад гуфт: Дар ҳақиқат аз бӯстонҳову чашмасорон ва ҷойгоҳҳои некӯ маро хабар додед.

Мадҳу ситоиш

Имом ва Ҳофиз Абунаъими Исфаҳонӣ дар бораи Ҳасани Басрӣ (раҳ) дар китоби худ “Ҳилятул-авлиё” мегӯянд: Ӯ ҳамеша дар ҳоли хавфу тарс ва ҳузну андӯҳ буд, болишту хоб надошт, фақеҳи зоҳид ва обид буд. Матоъву фузулу дунё ва шаҳвати онро намехост.

Абубурда гуфтааст: “ Касеро шабеҳ ба асҳоби Муҳаммад (с) аз Ҳасани Басрӣ (раҳ) надидам. Қутода гуфтааст: Мулозими ин шайх бошед, ки касеро мушоҳеби ӯ дар фикру андеша бо Умар надидам.

Матари Варроқ мегӯяд: Ҳангоме, ки Ҳасан (р) зоҳир шуд, гӯӣ, ки дар охират буду аз он ҷо омада, ӯ аз он чизе хабар медиҳад, ки онро муоянаву мушоҳада намудааст. 
Собит ибни Қурра ҳокими Ҳаррон гуфтааст: Ба таҳқиқҲасан (раҳ) аз зумраи он афроди уммати Муҳаммадӣ буд, ки бо ӯ назди дигар умматҳо меболад

Порае аз мавъизаҳо ва суханони ӯ

Аз бузургтарин чизе, ки Ҳасани Басрӣ (раҳ) ба уммати ислом мерос гузошт ин васият ва панду андарзҳои ӯ мебошанд, ки ҳамеша ва дар ҳар асру замон қалбҳои мардумро нарм мекунад ва ашкҳои онҳоро мерезонад ва ғофилонро огоҳ месозаду гумроҳонро ба роҳи рост ҳидоят менамояд.

Суханон ва мавъизаҳои Ҳасани Басрӣ (раҳ) миёни қувват ва суҳулоте, ки каломи аҳди саҳобаи расули Худо (с) шинохта шуда буд ҷамъ мекунад ва он ғолибан дар бораи кӯтоҳ будани ҳаёти дунё, хиёнати дунё, давомияти охират, ташвиқ бар имону амали солеҳ, тақвову тарс аз Худо ва барҳазар доштан аз ғурури нафс ва тули амал суҳбат мекунад. Ӯ ҳангоме, ки ба ин нуқта аз суханонаш мерасид ҳузну андӯҳро бедор мекард.

Чаҳор хислат

Ҳасан (раҳ) мегуфт: Шахсе, ки чаҳор хислат дар ӯ бошад Худованд оташи дӯзахро бар ӯ ҳаром мегардонаду, ӯро аз шарри шайтон нигоҳ медорад: Шахсе, ки нафсашро ҳангоми рағбату роҳбат ва ҳини шаҳвату ҳини ғазаб моликӣ, яъне соҳибӣ мекунаду нигоҳ медорад.

Сифатҳои муъмин

Бандаи муъмин нармдилу покизаву парҳезкор аст, ҳушёру зирак ва розӣ аст. Иштибоҳу хатояш такрор намешавад, дар дини худ оқилу доност, тамаъкор нест. Бандаи муъмин бовиқор асту ҳамсояашро икром ва Худоро итоъат мекунад, аз азоби дӯзах мепарҳезад, нафси ӯ шоҳиди маърифати Илоҳист ва корҳои некро анҷом медиҳад, ӯ нафси худро ҳамеша муроғибат мекунад ва мардум аз ӯ дар роҳат ҳастанд. Бандаи муъмин дар ваъдаҳои худ содиқ аст, зуд розӣ мешаваду аз ғазаб дур аст, суханфаҳму нуктасанҷ аст. Шахсе бо ӯ дар амон асту ғанимат мебарад. Ақли ӯ комил асту амалаш биёсёр. Ахлоқи нек дораду ғазабашро пинҳон мекунад.

Муъмин ва мунофиқ

Ҳасан (р) дар бораи фармудаи Илоҳӣ 
Аммо ҳар кас, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, мегӯяд: « Номаи маро бигиреду бихонед. Ман яқин доштам, ки ҳисоби худро хоҳам дид». 
(Сураи Алҳоқа, оёти 19-20)

Гуфтааст: “Ба таҳқиқ муъмин нисбати Парвардигораш гумони нек дорад ва амалаш низ нек аст. Ва ба таҳқиқ мунофиқ нисбати Парвардигораш гумони бад дорад, пас амалаш низ бад аст”.

Аломатҳои аҳли тақво

Ҳасани Басрӣ (раҳ) мегӯяд: “Эй Ибни Одам! Ба амали худ аҳамият деҳ, зеро он гушта хуни туст, пас бингар, ки бо кадом ҳол амали худро дидан мехоҳӣ. Аҳли тақво аломатҳое доранд, ки бо онҳо шинохта мешаванд: 
Ростқавлӣ, вафо ба аҳд, силаи раҳм, раҳм намудан ба заъифон, кам фахр кардан, некӣ кардан, ҳусни ахлоқ. 
Эй фарзанди Одам!, Шумо амали худро мебинед, ки хайру шарри он вазн мешавад, пас заррае аз амали хайрропаст машуморед, зеро чун онро мебинед рўзи ҷазо хушнуд хоҳед шуд. Аз амали бад низ зарраеро паст машуморед, зеро чун онро рўзи ҷазо бинед нохушнуд хоҳед шуд.

Эй фарзанди Одам! Дунёятро ба ивази охират бифурўш ҳардуи онро ба даст хоҳад овард. Ва ҳаргиз охиратро ба ивази дунёят мафурўш, ки ҳардуи онҳоро аз даст хоҳи дод”.

Эй бандагони Худо

Ҳасани Басрӣ (р) мегӯяд: “Ба таҳқиқ Худованд бандагоне дорад, монанди шахсе ҳастанд, ки чун аҳли ҷаннатро дар ҷаннат абадӣ ва аҳли дӯзахро дар дӯзах абадӣ бо чашмони худ дидааст. Қалбҳояшон маҳзун ва мардум аз бадии онҳо дар амон, ҳоҷатҳояшон кам ва нафсҳояшон пок аст. Рӯзҳои каме сабр намуданд, ки оқибат роҳати тӯлонӣ ба даст оранд. Шабона ашкҳояшон резон ба даргоҳи Парвардигори худ зорию тавалло мекунанд. Аммо рӯзона шахсони ҳалиму донишманданд, некӯкору парҳезкоранд, монанди шахсоне ҳастанд, ки шахси нозир онҳоро бемор меҳисобад, лекин бемор нестанд. Чун бо мардум бошанд аз бузургии амри охират суҳбат мекунанд”.

Умед дорам аз ин зиндагиномаи имоми тобеъин панде гирифта бошед. Аллоҳ раҳмат кунад ин имоми бузургворро,ки Қуръони зиндае буданд,ки дар замин роҳ мерафтанд.
Суханамро бо ин ояти муборакаи Сураи Юсуф ба поён мерасонам:
“Дар достонҳояшон хирадмандонро ибратест.Ин достоне сохта нест,балки тасдиқи сухани пешиниён ва тафсили ҳар чизест барои онҳо,ки имон овардаанд,ҳидоят асту раҳмат” 
(Сураи Юсуф,ояти 111)

Дар назар дорам агар аҷал амонам бидиҳад ва солим бошам,зиндагиномаи се Абуллоҳро пешкаши шумо хонандагон намоям.Ибни Аббос,Ибни Зубайр,Ибни Умар(разияллоҳу анҳум аҷмаъин)ро 

Share This Article