Имом Аҳмад ибни Ҳанбал

Ислоҳ нет

Имом Аҳмад ибни Ҳанбал
Абӯабдуллоҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ҳанбали Шайбонии Марвазӣ, ки баъдан ба Бағдодӣ маъруф гардид, дар соли 164 ҳ.қ. дар шаҳри Марви Хуросон ба дунё омад, вале дар аёми ширхорагӣ ба Бағдод оварда шуд. Бархе мегӯянд, ки ӯ дар Бағдод таваллуд шуда, ятим ба воя расид.
Барои фарогирии илми ҳадис сарзаминҳои мухталиферо тай намуда, аз машойихи асри худ дар Ҳиҷоз, Ироқ, Шом ва Яман касби файз намуд. Ӯ шефтаи илму дониш буда, ба суннату фиқҳ таваҷҷӯҳи зиёде дошт, то ҷое ки ба унвони имом ва фақеҳи аҳли ҳадис маҳсуб гашт.
Уламои ҳамасри ӯ ва баъд аз ӯ низ ӯро мадҳу ситоиш кардаанд.
Имом Шофеъӣ (р) мефармояд:
“Аз Ироқ берун омадам ва мардеро беҳтар, олимтар ва муттақидтар аз Аҳмад ибни Ҳанбал надидам”.
Ва Исҳоқ ибни Роҳавия мегӯяд:
“Аҳмад ҳуҷҷат байни Худо ва бандагонаш бар рӯи замин аст”.
Ва Алӣ ибни Мадинӣ мегӯяд:
“Худованди мутаъол ин динро ба василаи Абӯбакр (р) дар рӯзи ҷанг бо муртаддон ва ба василаи Аҳмад ибни Ҳанбал дар рӯзи меҳнат (рӯзе, ки ӯро ба сабаби истиқоматаш бар ақидаи салаф мабно бар маҳлуқ набудани Қуръон шиканҷа карданд) барқарор намуд”.
Ва имом Заҳабӣ гӯяд:
“Имомат дар фиқҳу ҳадис, ва ихлосу вараъ (парҳезкорӣ) дар ӯ ба интиҳо расид ва аҳли илм ба сиққа (боваринок) будану имомати ӯ иҷмоъ карданд”.
Яке аз ҳаводиси муҳим дар зиндагии имом Аҳмад (р) муборизаи ӯ бо бидъати халқи Қуръон буд. Дар он замон, ки Маъмун халифаи аббосӣ (813-819-833) ҳоким буд, дастае аз муътазилиён даври ӯ ҷамъ шуда, Маъмунро ба бидъати халқи Қуръон қонеъ карданд.
Имом ибни Касир мегӯяд:
“Хулоса машаққати сахти имом Аҳмад аз забони аиммаи аҳли суннат дар ончӣ, ки гузашт гуфтем: гурӯҳе бар фикру ақли Маъмун халифаи аббосӣ тасаллут ёфта, ӯро аз роҳи ҳақ мунҳариф кард ва ба ӯ гуфтанд, ки Қуръон аз ҷумлаи махлуқоти Худованд аст ва Худованд дорои сифоте намебошад”.
(Ал-бидоя ван ниҳоя-и ибни Касир)
Дар натиҷа Маъмун ҳар касеро бар хилофи дидгоҳи худ медид, ӯро шиканҷа мекард.
Маъмун номае ба маъмурони Бағдод навишт, ки аз қозиёну муҳаддисони Бағдод дар масъалаи “халқи Қуръон” суол кунанд ва ононро таҳдид кунанд, ки агар ба халқи Қуръон шаҳодат надиҳанд танбеҳ мешаванд. Дар ҷаласае, ки Аҳмад ибни Ҳанбал ҳузур дошт ӯ ин шаҳодатро надод ва фақат гуфт, ки Қуръон каломи Аллоҳ аст ва иддае аз онҳо касоне буданд, ки иҷборан ва кароҳатан қабул карданд ва аз онҳо касоне буданд, ки дар зоҳир ин ақидаро қабул карда, баъзе аз онҳо низ фирор карданд.
Аммо имом Аҳмад ибни Ҳанбал ва Муҳаммад ибни Нӯҳ аз қабули ин ақида худдорӣ карданд. Маъмурон моҷароро барои Маъмун гузориш доданд ва Маъмун дар номае онҳоро ба ҷаҳл ва нодонӣ муттаҳам карду гуфт, агар аз сухани худ боз нагаштанд, онҳоро ба назди ӯ бифристед.
Дар ниҳоят ҳама ҷуз Аҳмад ибни Ҳанбал ва Муҳаммад ибни Нӯҳ ба ҳалқи Қуръон шаҳодат доданд ва ин ду зиндонӣ шуда, онҳоро таҳти шиканҷаву азият қарор доданд. Муҳаммад ибни Нӯҳ дар бозгашт ба Бағдод ва дар ҳоле, ки дар банд буд даргузашт ва фақат имом Аҳмад ибни Ҳанбал ба Бағдод бозгашт ва то замони Муътасим (833-842) дар ҳабс монд.
Дар он давра ба маҳзари халифа фаро хонда шуд ва бо он,ки таҳдид ба тозиёна шуда буд бо шуҷоат ва муқовимати таҳсиномезе ба ақидаи халқи Қуръон мубориза кард.
Ӯ дар ниҳоят маҳкум ба зарбаҳои тозиёна шуда, зиндонӣ гардид.
Муътасим пас аз мушоҳидаи муқовимати ӯ аз зиндон озодаш кард, вале тадрис ва ҳадис гуфтани аланиро барои ӯ мамнуъ сохт. То он, ки давраи хилофати Восиқ (842-847) расид. Вақте ки Восиқ пас аз Муътасим ба қудрат расид, ба имом Аҳмад ибни Ҳанбал ҳеҷгуна тааррӯзе нанамуд ҷуз он,ки фиристодае ба сӯяш равона кард, ки ба ӯ фармон дод, то аз хонааш хориҷ нашавад.
Пас аз Восиқ навбати хилофати Мутаваккил (847-861) шуд.
Мутаваккил ақидае хилофи Маъмун ва Муътасим дошт ва онҳоро ба хотири ақидаашон дар мавриди халқи Қуръон таън ва такзиб менамуд.
Ва аз ҷидолу мунозира наҳй карда, мутахаллифонро муҷозот менамуд. Мутаваккил тамоми касонеро, ки ба хотири имтиноъ аз қоил шуда ба махлуқ будани Қуръон асир буданд озод сохт ва он азобу бадбахтиро аз зиндагии мардум рафъ намуд ва аз имом Аҳмад ибни Ҳанбал дилҷӯӣ кард.
Имом Аҳмад ибни Ҳанбал дар соли 241 ҳиҷрӣ дар синни ҳафтоду ҳафт солагӣ дар шаҳри Бағдод вафот намуд ва илми зиёд ва манҳаҷи муҳкамеро барои уммат баҷо гузошт.Дар охир инро изофа менамоям,ки баъзеҳо эътиқод доранд,ки Имом Аҳмад хело ҷавон аз дунё гузаштаанд дар синни 35 солагиашон. Ин иштибоҳ аст Имом Аҳмад умри дарози бо баракате дидаанд ва хадамоти шоёне барои эълои калиматуллоҳ анҷом додаанд. Худованди мутаъол ӯро мавриди раҳмати хеш қарор фармояд ва (ба хотири) ончӣ, ки ба ислом ва мусулмонон нафъ расонид, подоши некаш диҳад, Омин.
Таълифоти Аҳмад ибни Ҳанбал.
1. Ал-Муснад, ки маҷмуъи аҳодиси он 40,000 чиҳил ҳазор ҳадис аст ва аз миён 10,000 даҳ ҳазор ҳадиси он такрорӣ аст… Ин китоб дорои чанд шарҳ аст,ки муҳимтарини онҳо китоби “Ал-Фатҳур- раббонӣ литартиб муснадил имом Аҳмади Шайбонӣ” таълифи шайх Аҳмад Албанно аст.
2. Ан-носиху вал мансух, ва фазоил-ус-саҳоба, ва торих-ул-ислом.
3. Ас-сунан фил фиқҳ.
4. Усул ас-суннаҳ.
5. Ас-сунна.
6. Китобу аҳкомин нисо.
7. Китоб ал-ашриба.
8. Ал-илал ва маърифату ар-риҷол.
9. Ал-асомӣ вал куня.
10. Ар-радду ала ал-ҷаҳамия ваз-занодиқати фи мо шакав фиҳи мин муташобеҳил Қуръон ва тааввалуҳу ало ғайри таъвилиҳи.
Идомаи матлаб Имом Нававӣ (раҳ) мебошад бо мо бошед то аз зиндагонии ин имоми фозил огоҳӣ пайдо намоед.
Муллоҳусейни Ғиёсзода

Share This Article