Муъовия ибни Абусуфён (раз) дар замони хилофати Алӣ ибни Абутолиб (раз)

Ислоҳ нет

Муъовия ибни Абусуфён (раз) дар замони хилофати Алӣ ибни Абутолиб (раз)

(бахши саввум)

Хориҷ шудани Муъовия (раз) ба Сиффин.

Муъовия (раз) дар пайгирӣ намудан ва аз байн бурдани қотилони Усмон (раз) хеле ҷиддӣ буд. Ӯ гурӯҳе аз мисриёнро, ки Мадинаро, вақти муҳосираву қатли Усмон (раз), зери ҳамла қарор дода буданд аснои бозгашташон ба қатл расонид, ки яке аз онҳо Абӯамр ибни Будайли Хузоъӣ буд. (1) Инчунин ӯ дар Миср тарафдорони зиёд дошт ва қабл аз хориҷ шуданаш ба Сиффин чанд тан аз пешвоёни мисриро, ки аз зумраи корсозони ҳамлаи Мадина ба ҳисоб мерафтанд, дар Фаластин ҳабс намуда, баъдан ба қатл расонид, ки аз ҷумлаи онҳо Абдурраҳмон ибни Удайс, Кинона ибни Бишр ва Ҳузайфа ибни Муҳаммад буданд. (2)

Чун Муъовия (раз) аз ҳаракати лашкари Алӣ (раз) ба сӯи Сиффин огоҳ шуд, мушовиронашро ҷамъ намуда, маслиҳат пурсид ва эшон омодагии хешро барои пазируфтани раъйи амир ва иҷрои он нишон доданд. (3)
Аҳли Шом барои гирифтани қассос аз қотилони Усмон (раз) бо Муъовия (раз) байъат намуда буданд. (4) Амр ибни Ос лашкари Шомро омода сохта, эшонро барои набард ташвиқу тарғиб намуд. (5) Баъд аз он Муъовия (раз) бо лашкари бузурге ба сӯйи Сиффин ба ҳаракат даромад. Теъдоди лашкари Муъовия (раз) дар ривоятҳо мухталиф омада ва теъдоди онро то 120 000 нафар низ гуфтаанд, (6) аммо аз ҳама ривояти наздик ба савоб онро 60 000 нафар гуфтааст. Дар санади ин ривоят Сафвон ибни Амри Саксакӣ вуҷуд дорад, ки ӯ шахси сиққа аст ва шоҳидони зиёди ҷанги Сиффинро вохӯрдааст (7) ва биноан иснод ба ӯ дуруст аст. (8)

Сардорони лашкари Муъовия (раз) қарори зерин буданд: Амр ибни Ос, Заҳҳок ибни Қайс, Зулкилоъи Ҳумайрӣ, Ҳабиб ибни Муслима, Абулаъвари Суламӣ. Ин тартиб дар аснои сафари лашкар буд ва дар аснои ҳарб тағйир хӯрд.(9) Чун Муъовия ба Сиффин расид ҷои ҳамвор ва ягона манбаъи оби минтақаро соҳиб шуд ва он ҷойро барои лашкараш интихоб намуд. (10)

Задухурд барои об.

Лашкари Алӣ (раз) ба Сиффин наздики лашкари Муъовия (раз) расида, ҷои ноҳамвореро барои иқомат ихтиёр карданд. (11) Мувофиқи баъзе ривоёт Муъовия (раз) обро аз лашкариёни Алӣ (раз) манъ намуд ва дар натиҷаи задухурд лашкариёни Алӣ (раз) обро дар ихтиёри худ гирифтанд. (12) Аммо дигар ривоёт чунин ҳодисаро рад мекунанд ва мафоди он ин аст, ки Ашъас ибни Қайс назди Муъовия омада, ӯро аз оқибати амри нобудсозии аҳли Ироқ барҳазар медорад ва аз ӯ талаб мекунад, ки обро аз эшон манъ нанамояд ва Муъовия (раз) ин талаби ӯро мепазирад. (13)

Аввалин задухурд барои об байни ду гурӯҳ дар нахустин рӯёрӯй дар ибтидои моҳи Зулҳиҷҷа сурат гирифт. Баъд аз он дар тӯли ин моҳ задухурдҳо ба шакли гурӯҳҳои
хурд-хурд рӯзона як-ду маротиба сурат мегирифт. Ин ба хотири талафот надодани афрод ва умед барои дастёбӣ ба сулҳ буд. (14)
Оташбас байни ду гурӯҳ ва кӯшишҳо барои сулҳ.

Баробари дохил шудани моҳи Муҳаррам ҳарду гурӯҳ барои оташбас ва даст ёфтан ба сулҳ иқдом намуданд, то аз рехтани хуни мусалмонон ҷилавгирӣ шавад. Лекин маълумот аз табодули номаҳо байни ду гурӯҳ дар он марҳила аз роҳҳои заиф ворид шудааст, (15) магар ин ки заъфи он вуҷудашро нафй намекунад. Аввалан Алӣ (раз) ба ин иқдом даст зада, ду нафарро назди Муъовия (раз) фиристода, ӯро ба дохил шудани ба ҷамоъат ва байъат даъват намуд. Радди Муъовия (раз) мисли собиқ буд, яъне таслими қотилони Усмон (раз) баъд аз он дохил шудан дар байъат. (16) Инчунин қориёни ҳарду тараф кӯшишҳои зиёде барои расидан ба сулҳ намуданд, вале ба сабаби исрор варзидани ҳарду гурӯҳ ба раъйи худ ба натиҷае нарасиданд. (17) Ҳамин гуна иқдом аз ҷониби ду саҳоба Абӯдардо (раз) ва Абӯумома (раз) низ сурат гирифт, вале боз ҳам натиҷа надод. Бинобар ин ҳарду саҳоба майдонҳоро тарк гуфта рафтанд. (18) Ҳамчунин Масруқ ибни Аҷдаъ яке аз тобеъини бузург ба хотири наздик намудани мавқифи ду гурӯҳ ба эшон хитоб намуда гуфт: Агар нидое аз осмон ояду онро шунавед ва гӯяндаашро бубинед ва ӯ гӯяд: Худованд шуморо аз ин амале, ки бар он ҳастед манъ мекунад. Оё шумо ӯро итоъат мекунед? Гуфтанд: Бале. Ӯ гуфт: Ба Худо қасам, Ҷабраил (а) бо чунин паёме ба Муҳаммад (с) нозил шудааст. Баъд аз он ояти 29 сураи Нисоро тиловат кард, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд: (19)

«Эй касоне, ки имон овардаед, амволи якдигарро ба ноҳақ махӯред, ғайри молҳои тиҷоратӣ, кӣ ҳар ду тараф ба он ризоят дода бошед. Ва худатонро макушед. Ҳар оина Худо бо шумо меҳрубон аст»! (Сураи Нисо, ояти 29)

Ибни Касир тафсилоти тӯлониеро, ки оиди муросалот (табодули номаҳо) байни ду гурӯҳ ворид шудааст интиқод мекунад, зеро дар онҷо суханоне дар ривоёти Абӯмихнаф ва Наср ибни Музоҳим ба Алӣ (раз) нисбат дода шудааст, ки гӯё шаъни Муъовия (раз) ва падарашро паст зада бошад ва дар давоми он омадааст, ки гуё Алӣ (раз) гуфтааст: Намегӯям, ки Усмон (раз) мазлум ё золим кушта шудааст. Соҳиби китоб мегӯяд, назди ман чунин суханро гуфтани Алӣ (раз) ғайриимкон аст, зеро мавқеи Алӣ (раз) нисбати ин қазия возеҳ аст. (20)

Оғози набард.

Задухурдҳо боз ҳолати аввалаи худро гирифтанд, муборизаи фардию гурӯҳҳои кӯчак як ҳафта давом кард. Шумораи чунин задухурдҳоро аз 70 то 90 бор воқеъ шуданашро гуфтаанд. (21) Баъд аз он Алӣ (раз) амр кард, ки фардо рӯзи чаҳоршанбе задухурди кулли лашкарҳо сурат мегирад ва ҳазрати Муъовияро низ огоҳ сохт. (22) Мардуми ҳарду лашкар машғули омодасозии силоҳҳои худ шуданд. Амр ибни Ос аз анбори силоҳ ба касоне, ки ба силоҳ ҳоҷат доштанд силоҳ дод ва эшонро ба шуҷоат ва истодагарӣ тарғиб намуд. (23) Он шаб ҳамаи лашкариён ба машварат ва танзими лашкар пардохтанд. (24)

Рӯзи аввал.

Субҳи рӯзи чаҳоршанбе ҳарду лашкар бо сафҳои муназзам мутобиқи қоидаи маъмул омодаи набард шуданд. Саркардагони лашкари Алӣ (раз) инҳо буданд: (25) Худи Алӣ (раз) сарлашкар, Абдуллоҳ ибни Аббос фармондеҳи чап, Аммор ибни Ёсир роҳбари пиёдагардон, Муҳаммад ибни Ҳанафия ва Ҳошим ибни Утба ибни Абӯваққоси Заҳрӣ парчамбардор, Ашъас ибни Қайс фармондеҳи тарафи рости лашкар. Аммо лашкари Муъовия (раз) ба ин тартиб буд: Худи Муъовия (раз) сарлашкар, Амр ибни Ос фармондеҳи саворагон, Зулкилоъ фармондеҳи ҷабҳаи рост, Ҳабиб ибни Муслима фармондеҳи ҷабҳаи чап ва Махориқ ибни Сабоҳ парчамбардор. (26) Чун лашкарҳои исломӣ рӯ ба рӯи ҳам қарор гирифтанд аз бузургии шумораашон уфуқ дида намешуд. Яке аз шоъирони Араб (27) ин ҳолатро васф намуда, ба ин мазмун гуфтааст:

Уммат дар кори аҷибе гирифтор,
Муқобили ҳам гашта силоҳдор.
Мулк аст фардо ба дасти ғолиб,
Инро ҳақ бидон мапиндораш кизб.
Аммо чӣ фоида аз мулки сӯхта,
Мардони миллат бин аз даст рафта. (28)

Дар баъзе ривоятҳо омадааст, ки Алӣ (раз) (29)ва Амр ибни Ос (раз) (30)ҳар яке лашкариёни худро барои истиқомат ва пойдорӣ дар майдон тарғиб мекарданд. Муҳорибаи шадиде байни ду гурӯҳ то ғуруби офтоби он рӯз давом кард ва ҳеҷ як аз тарафҳо ақибнишинӣ накарданд. Яке аз афроди лашкари Алӣ (раз) аз ӯ пурсид, ки дар бораи афроди кушташудаи ҳарду тараф чӣ мегӯед? Алӣ (раз) гуфт: Касе аз мо ё аз онҳо кушта шудааст, агар иродаи ризои Худо ва рӯзи охиратро дошта бошад дохили ҷаннат мешавад.(31)

Ҷанги он рӯз бидуни бартарии тарафе ба поён расид. Бегоҳии он рӯз Алӣ (раз) ба майдони набард берун шуд ва ба сӯи аҳли Шом нигариста, дуъо намуд: «Худоё мо ва онҳоро биёмурз».(32)

Рӯзи дуввум.

Ривоятҳое ворид шуда, ки рӯзи панҷшанбе Алӣ (раз) намози бомдодро дар аввалҳои вақт хонда лашкарашро муназзам сохт ва ҷои баъзе аз роҳбаронро иваз намуд. (33) Ҳарду лашкар ба ҳамла гузашта задухурди шадиде ба амал омад. Ироқиҳо ба пешравӣ даст ёфтанд, ба андозае, ки Муъовия (раз) ба фикри тарк намудани майдон шуд, вале сабру бурдбориро пеша кард (34) ва лашкариёнашро ба бурдборию сабр ташвиқ намуд. Дар натиҷа баъд аз муддате ироқиҳоро ба ақиб ронданд. Дар ин пешравӣ лашкари Шом якчанд нафари саршиносашро, аз ҷумла Зулкилоъ, Ҳавшаб ва Убайдуллоҳ ибни Умар ибни Хаттобро аз даст дод. Лашкари ироқиҳо маҷбур шуд ақибнишинӣ кунад ва куштаю захмиҳояшон зиёд буд. Алӣ (раз) ин аҳволро мушоҳида намуда, лашкариёни худро нидо карда, ба субот ва истодагарӣ тарғиб
намуд. Дар натиҷа ғайраташон боло гирифт ва лашкариёни Холид ибни Муъаммар бо амири худ барои ҷангидан то ба марг байъат намуданд. (35)

Аммор ибни Ёсири навадучаҳорсола дар лашкари Алӣ (раз) бо ҳамосат ва шуҷоъати беназир ва бидуни ифротгарӣ меҷангид. Ӯ аз як ҳамлашкараш шунид, ки мегуфт: Аҳли Шом кофир шуданд. Аммор (раз) дарҳол ӯро аз ин сухан манъ намуда, гуфт: На, балки онҳо бағоват карданд ва мо ба хотири ин бағоваташон бо эшон меҷангем, набошад Худову Паёмбар (с) ва қиблаи мо ягона аст. (36) Чун Аммор (раз) ақибнишинии лашкариёнашро дид онҳоро ба шуҷоат ва истодагарӣ тарғиб намуда, баён дошт, ки онҳо барҳақ ҳастанд ва хасми онҳо бар ботил, гарчанде, ки ба мо даст ёфтаанд. (37) Баъд аз ин ба пеш ҳаракат кард ва дар дасташ гурзе дошт, ки аз шиддати пирӣ меларзид. Ӯ бо чунин ҳол ҳамсафонашро ташвиқу тарғиб мекарду мегуфт: Шахсе мехоҳад, ки ӯро ҳурулъин ба оғӯш бигирад, пас дар сафи аввали майдони Сиффин биҷангад. Ин манзараи хеле муассир буд, ки дида мешуд саҳобии бузурги муҳоҷирин ва иштирокчии ҷанги Бадр, ки аз 94 сол зиёд умр дидааст, чунин шуҷоъату истодагарӣ ва яқину боварӣ аз худ нишон медиҳад. Ин шуҷоъатмандии Аммор (раз) сабаби баланд шудани рӯҳияи лашкариёни Ироқ гардид ва пас аз муддате ақибнишинӣ тавонистанд рафти ҷангро ба манфиъати худ гардонанд. Дар ҳамон рӯз ҳангоми фурӯ рафтани офтоби рӯзи панҷшанбе Аммор (раз) қадаҳи шир талабида, гуфт: Расули Худо (с) ба ман гуфта буд: «Охирин нӯшидание, ки аз дунё менӯшӣ шир аст». (38) Баъд аз он ба пеш ҳаракат намуд ва парчамбардор Ҳошим ибни Утба ибни Абӯваққоси Заҳриро ташвиқу тарғиб намуд ва ҳарду ҳамчунон ҷангида пеш рафтанд, то ки кушта шуда, ба раҳмати Худо пайвастанд. (39)

Шаби нафратшуда ва рӯзи ҷумъа.

Задухурд дар он шаб хеле бошиддат идома ёфт. Аҳли Ироқ корнамоиҳои зиёд нишон дода, аҳли Шомро аз ҷойҳояшон дур карданд. Амирулмӯъминин Алӣ (раз) бо лашкариёнаш бисёр сахт ҷангид ва барои ҷангидан то марг байъат намуданд. (40) Ривоят аст, ки Алӣ (раз) бо лашкараш он шаб намози шомро намози хавф хонд.(41) Шофеъӣ мегӯяд: Аз Алӣ (раз) ривоят мекунанд, ки он шаб намози хавф хондааст.(42) Шоҳиди айнӣ мегӯяд: Се шабонарӯз задухурд намудем, то ки тиру камон шикаст ва аз байн рафт ва ягон силоҳи обод намонд. Бо шамшер ҷангидем ва дар ниҳоят, ҳатто бо даст ва партофтани санг ҷангида, ба ҷони ҳам афтодем, то ин ки субҳи рӯзи ҷумъа тулӯъ намуд ва офтоб баромад ва аз шиддати ғубор майдони ҷанг дида намешуд. Парчамҳо рӯи замин афтодаву дастҳо аз кор монда ва ҳалқҳо хушкшуда буд. (43)

Ибни Касир низ он манзараро васф намуда, мегӯяд: Ҳатто, ки даст ба даст меҷангиданд ва чун хаста мешуданд нишаста, каме нафас рост карда, боз бархоста, дубора ҷангро идома медоданд. То субҳ чунин ҳол идома ёфт, офтоб баланд шуд ва дар охир аҳли Ироқ комёб гардид ва бар аҳли Шом пирӯз шуд. (44)

Идомаи матлаб кушта шудани Аммор ибни Ёсир ва таъсири ин куштор ба мусалмонон ва …

Муҳаммадиқболи Садриддин

Феҳристи манобеъ ва осори таҳқиқотӣ
1. Хилофати Алӣ, (с.191).
2. Хилофати Алӣ, Абдулҳамид, (с.191).
3. Ансоб-ул-ашроф (2/52), хилофати Алӣ, Абдулҳамид, (с.192).
4. Ансоб-ул-ашроф (2/52), хилофати Алӣ, Абдулҳамид, (с.192).
5. Таърихи Табарӣ (5/601), бо санади мунқатиъ.
6. Хилофату Алӣ (р), Абдулҳамид, (с.194) Алмаърифату ва-т-торих (3/313).
7. Сияру аъломи-н-нубало (6/380).
8. Хилофати Алӣ, Абдулҳамид, (с.194).
9. Имтидоду-л-араб фӣ садри-л-ислом, хилофати Алӣ, Абдулҳамид, (с.194).
10. Сиффин, Наср ибни Музоҳим, (с.160-161).
11. Хилофати Алӣ ибни Абӯтолиб, Абдулҳамид, (с.196).
12. Мусаннафи Ибни Абӯшайба (15/294), бо санади ҳасан.
13. Сияру аъломи-н-нубало (2/41).
14. Хилофати Алӣ (197-198), Таърихи Табарӣ (5/614), Ал-бидоя ва-н-ниҳоя (7/266).
15. Таърихи Табарӣ (5/612,613), Хилофати Алӣ ибни Абӯтолиб, (с.119).
16. Таърихи Табарӣ (5/613, Хилофати Алӣ ибни Абӯтолиб, (с.199).
17. Таърихи Табарӣ (5/613, хилофати Алӣ ибни Абӯтолиб, (5/613).
18. Ал-бидоя ва-н-ниҳоя (7/270).
19. Ат-табақот (6/78).
20. Ал-бидоя ван-ниҳоя (7/269).
21. Ал-анбоу битаворихи-л-хулафо, (с.59), шазарот-уз-заҳаб (1/45).
22. Ал-бидоя ван-ниҳоя (7/273).
23. Сунани Саъид ибни Мансур (2/240), заъиф аст.
24. Алӣ ибни Абӯтолиб, Саллобӣ (2/635), Таърихи Халифа ибни Хаёт, (с.193).
25. Алӣ ибни Абӯтолиб, Саллобӣ (2/635), Таърихи Халифа ибни Хаёт, (с.193).
26. Таърихи Халифа ибни Хаёт, (с.193).
27. Ал-аълом ли-з-Заркалӣ (6/180).
28. Ал-бидоя ван-ниҳоя (7/273), Таърихи Табарӣ (5/626).
29. Таърихи Табарӣ (5/622), аз тариқи Абӯмихнаф.
30. Ат-табақот (4/255), аз тариқи Воқидӣ.
31. Сунани Саъид ибни Мансур (2/344-345), санадаш заъиф.
32. Мусаннафи ибни Абӯшайба (15/297), санадаш саҳеҳ.
33. Таърихи Табарӣ (5/630).
34. Таърихи Табарӣ (5/636).
35. Ал-исоба (1/454), Ансобул-ашроф (2/56), санади ҳасан ба Қутода.
36. Мусаннафи Ибни Абӯшайба (15/290), ҳасан лиғайриҳи.
37. Маҷмаъ-уз-завоид (7/243), Хилофати Алӣ ибни Абӯтолиб, Абдулҳамид, (с.219) иснодуҳу ҳасанун.
38. Мусаннафи Ибни Абӯшайба (15/302-303), санади мунқатиъ.
39. Таърихи Табарӣ (5/652).
40. Ал-мустадрак (3/402), Хилофати Алӣ, (с.226).
41. Сунани кубро, Байҳақӣ (3/252), Ирво-ул-ғалил (3/42).
42. Талхис-ул-хабир (2/78), Хилофати Алӣ, (с.227).
43. Шазарот-уз-заҳаб (1/45), Вақъату-с-Сиффин (с.369).
44. Ал-бидоя ва-н-ниҳоя (283/7).

Share This Article