Ноил шудан ба муҳаббати Аллоҳ аз бузургтарин орзӯҳои бандагон аст. Бандагони солеҳ барои расидан ба ин манзалат бо ҳамдигар мусобиқа мекарданд, зеро медонистанд, ки муҳаббати Аллоҳро танҳо бо орзӯ кардан ба даст намеоранд. Яке ҷонашро фидо мекард, дигаре молашро, севвумин тамоми ҳастии худро.
Муҳаббат ба Аллоҳ сабаб мегардад, то банда ба саъодати дунёву охират ноил шавад. Дуоҳояш иҷобат гарданд, ғамҳояш бартараф шаванд, машаққатҳои дунё барояш осон гардад ва бузургтарин неъмат – раҳмати Аллоҳ дар дунёву охират шомилаш бошад. Пас бандае, ки Аллоҳ ӯро дӯст медорад, кист?
Вақте Аллоҳ бандаеро дӯст дорад, нишонаҳои муҳаббати Парвардигор дар банда зоҳир мегарданд. Аломатҳои муҳаббати Холиқ инҳо ҳастанд:
Банда бо шавқу иштиёқ амалҳои солеҳро амалӣ мекунад, ибодатҳои Холиқашро ба осонӣ анҷом медиҳад. Ҳамеша барои иҷрои амали солеҳ мешитобад. Аз гуноҳ мутанаффир мегардад. Дар дили худ ба ҳеҷ ваҷҳ наздик гаштан ба гуноҳеро намепарварад. Бо тамоми қувват барои гуноҳ накардан кӯшиш мекунад.
Тамоми умури бандаро Аллоҳ худаш тадбир мекунад. Банда машғули ибодати Аллоҳ мегардад. Ба ҷои дунёталабӣ ризогии Аллоҳро меҷӯяд. Ба ҷуз Аллоҳ ба касе сари зиллат хам намекунад. Чун мудаббиру чорасози ҳаёташ Холиқу Розиқи кулли мавҷудот аст.
Аллоҳ вақте бандаеро дӯст бидорад, муҳаббати ин шахсро дар дили дигар бандагон ҷой медиҳад. Мардуми солеҳ бандаи маҳбуби Аллоҳро худ аз худ дӯст медоранд. Чун дилҳои бандагон дар дасти Аллоҳ аст, коштани муҳаббат ба қалби касе низ ба дасти Ӯст.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва салллам мегӯянд:
“Вақте Аллоҳ бандаеро дӯст дорад, Ба Ҷаброил нидо карда мегӯяд: Аллоҳ фалониро дӯст медорад, пас ту низ ӯро дӯсташ дор. Сипас Ҷаброил низ он бандаро дӯст медораду ба фариштагони осмонҳо нидо карда мегӯяд:
Аллоҳ фалон бандаро дӯст медорад, шумо низ ӯро дӯст бидоред! Спас он фариштагони осмонҳо низ он бандаро дӯст медоранд. Пас аз дӯст доштани аҳли осмон муҳаббати ин банда дар қалби бандагони рӯи замин ҷой мешавад. Ҳамагон ӯро дӯст медоранд. (Бухорӣ)
Аз нишонаҳои дигари дӯст доштани Аллоҳ ин имтиҳон шудани банда мебошад. Парвардигор кадом бандаашро дӯст бидорад, ӯро имтиҳон мекунад, то дар назди Аллоҳ дараҷааш баланд бошад. Соҳиби мақому манзалат гардад. Ба сабаби имтиҳони Илоҳӣ гуноҳҳояш бахшида шаванд. Парвардигорашро дар ҳолати пок аз гуноҳ мулоқот кунад. Албатта, имтиҳони ҳар як шахс ба қадри имонаш мешавад. Ҳар, ки имонаш қавитар аст, имтиҳонаш шадидтар мешавад. Беморӣ, фақирӣ, бефарзандӣ, қарздорӣ, ғарибӣ, маҳрум аз озодӣ, марги азизон… инҳо ҳама имтиҳонҳои Илоҳӣ ҳастанд.
Паёмбар мегӯянд:
“Сахттарин имтиҳонҳои Илоҳиро Паёмбарон мебинанд, сипас болотару болотар бандагони ба Аллоҳ наздик. Мардум ба қадри имонашон нигоҳ карда, имтиҳон мешаванд. Касе, ки имонаш қавитар аст, имтиҳонаш шадидтар мегардад. Касе, ки имонаш заъиф аст, имтиҳонаш сабуктар мешавад. Ба сабаби мусибатҳои зиёд ва сабр кардан дар баробари имтиҳонҳо, инсон аз гуноҳҳояш ба пуррагӣ пок мегардад, ҳатто дар замин роҳ меравад, дар ҳоле, ки ҳеҷ гуноҳе дар ӯ боқӣ намондааст”. (Муснади Аҳмад)
Аллоҳ бандаи маҳбубашро пеш аз маргаш ба анҷом додани амалҳои солеҳ муяссар месозад. Дар охирин рӯзҳои ҳаёташ пайваста амалҳои солеҳ анҷом медиҳад. Парвардигорро бо дастони пур аз амали солеҳ мулоқот мекунад.
Паёмбар мегӯянд:
“Агар Аллоҳ бандаеро дӯст дорад, ӯро истифода мекунад. Вақте саҳобагон мепурсанд, ки чигуна истифода мекунад? Паёмбар мегӯянд:
Бандаро муваффақ мегардонад, то дар охири умраш амалҳои солеҳ анҷом диҳад. (Тирмизӣ)
Сифати дигари бандаҳои маҳбубро Аллоҳ дар китобаш чунин васф кардааст:
“Бандаҳои маҳбуби Аллоҳ ин гуна ҳастанд. Ба муъминон фурӯтану хоксорӣ мекунанд, аммо дар назди кофирон дурушту сахтгир ҳастанд, дар роҳи Аллоҳ меҷанганд ва заррае аз маломати дигарон наметарсанд”. (Сураи Моида ояти 54)
Вақте дидед, ки шахсе бо душманони Аллоҳ мубориза мебарад, заррае аз таҳдиди душман ҳарос надорад, бидонед, ки ӯро муҳаббати Аллоҳ ба ин дараҷа расонидааст.
Хонандаи азиз! Пас аз хондани асарҳои муҳаббати Аллоҳ, албатта пурсон мешавӣ, ки пас чигуна метавон шомили муҳаббати Аллоҳ гашт?
Чигуна метавон ба муҳаббати Аллоҳ ноил шуд?
Шинохти Аллоҳ, бо донистани исмҳо ва сифатҳояш тӯро аз наздик ба ӯ мешиносонад ва барои ба даст овардани муҳаббаташ кушиш мекунӣ.
Бардавом машғули зикри Раҳмон бош, ҳамду сано, тасбеҳу таҳлил бигӯй, бардавоми ёди Холиқ намо. Бигзор муъниси торикиҳо дар танҳогиҳоят ёди Аллоҳ бошад. Бо фикр кардани рӯзҳои гузаштае, ки дигар барнамегарданд вақтатро талаф накун. Бо орзӯҳои амалҳои оянда, ки амалӣ гаштанаш ба дасти Аллоҳ аст, зеҳни худро машғул накун. Бо ёди Аллоҳ машғул гард. Вақте қалбатро машғули холиқ кардӣ, тадбири ҳама корҳоятро Аллоҳ ба кафолаташ мегирад.
Бо шикастанафсӣ ва шинохти нотавониву оҷизӣ вақте дар маҳзари Подшоҳи оламиён худро намоён мекунӣ, Холиқи ту Қодир ба ҳама чиз будани худро ба ту исбот мекунад.
Ба касе умед мабанд, назди касе сари зиллату пастӣ хам накун. Шикоятҳо ва ранҷи камдастиҳои худро ба сӯи Парвадигор бар. Яқин бидон, ки дастони ту холӣ барнамегарданд. Илова бар ин муҳаббати Ӯро ноил мегардӣ.
Ёди пайвастаи неъматҳои Аллоҳ
Агар инсон хубии шахсеро ба ёд орад, дар ҳол қалбаш пур аз муҳаббати он инсон мегардад. Неъматҳои Аллоҳро шуморе нест. Шабу рӯз машғули шуморидани неъматҳояш гардем ҳам, ҳисоб кардан маҳол аст. Донистани неъматҳои Аллоҳ ва пайваста машғули зикри неъмат будан сабаби муҳаббати Холиқ мегардад.
Анҷом додани амалҳои нофила
Чи қадар, ки амалҳои солеҳи нафламон зиёд гашт, ҳамон қадр ба Аллоҳ наздик мегардем. Намозҳои Суннат, Рӯза гирифтан дар рӯзҳои Душанбе ва Панҷшанбе, машғули даъъват будан, қироати Қуръон, инҳо ҳама амалҳои нафл ҳастанд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадиси қудсӣ мегӯянд:
“Аллоҳ мегӯяд: Ҳароина бандагон ба ман бо чизе наздик намешаванд, магар ин, ки бо анҷом додани фарзҳое, ки ба гарданашон аст. Ҳамоно банда бо анҷом додани амалҳои нафлӣ ба ман наздик шудан мегирад, то ин ки дӯсташ бидорам ва вақте бандаеро дӯст доштам, гӯшҳояш танҳо суханҳоеро мешӯнаванд, ки ман амр намудааму дӯст медорам. Чашмонаш чизҳоеро мебинанд, ки ман амр намудааму дӯст медорам. Дастонаш амалеро анҷом медиҳанд, ки ман амр намудаам ва дӯст медорам. Пойҳояш ба ҷойҳое мераванд, ки ман амр намудааму дӯст медорам. Агар аз ман чизе пурсад, ҳамоно иҷобат мекунам. Агар талаби мағфирати гуноҳаш кунад, ҳамоно гуноҳҳояшро мебахшам. Агар аз чизе паноҳ талабад, паноҳ медиҳаму ёрӣ мекунам”. (Бухорӣ)
Хонандаи азиз! Барои ба даст овардани муҳаббати мардум ва ба саъодат расидан, кофист муҳаббати Аллоҳро ба даст орӣ, бақия тамоми умуратро худи Молики осмонҳову замин ба уҳдааш мегирад.
Муслима Аҳмадӣ