“Дуруст аст,ки дар суҳбатҳои қаблӣ ҳам аз модар ёдоварӣ мекардед,аммо чаро як маротиба аз падар намегуед. Дувоздаҳ сол бонӣ кардаед.Хуб аст. Вале на аксаш ҳаст, на боре, онгуна ки холаи Майрамро зикр мекунеду аксҳояшро ҳатто дар роҳҳои ҷумҳурӣ часпонда овезон кардаед,чаро як бор аз падар намегӯед…. Як манбаъ гуфт, ки падар ё падарандаратон (охир намедонем чи гӯем ва ӯ кӣ будааст барои шумо?) тамоман тоҷикӣ сӯҳбат карда наметавонистааст ва аз ин шарматон меомадаст”… Иқтибос аз матлаби “Isloh.net” таҳти унвони“Раштонзамин аз намояндаи “Фронти халқӣ” истиқбол намуданд”, аз 26.06.2019
Ду моҳ даркор буд, то Раҳмонов ва имиҷмейкеру спичрайтерҳояш мағз об кунанд ва бо шеваву усуле аз ин манҷалоб ва ботлоқи гандида, ки оқибат тааффунаш ба берун ҳам рафт, раҳо бишаванд ва дар даҳони мардум алфозеро бояд монд, ки ин айб ва шармандии калонро бипӯшонад. Аз ин ҷо буд,ки Раҳмонов ва котиботи вай баъди наздик ба ду моҳ бо як посухи зимнӣ ба навиштаҳои “Isloh.net” вокуниш нишон доданд.
Дар Зафаробод дар ҷараёни мулоқоташ бо мардум гапро ин сӯ бурду онсӯ бурду кашол доду овард, оварду ин бор аз падараш гуфт. Гуфт, аммо он тавру тарзе набуд, ки барои модараш мегуфт. Вале дар ҳар ҳолат ин бор падарашро ба ёд овард ва дар борааш якчизҳое гуфт. Намегӯям парту пало, барои публика, барои пушидани даҳани “Isloh.net” ва хонандагони вай, ки роҷеъ ба падараш гуфтанд.Аммо вақте сифат кард, дуруғ гуфт. Ва ин дуруғгӯиҳо бори дигар шаҳодат ва гувоҳӣ медиҳад, ки он қадар самимӣ нест дар бораи падараш. Вақте аз модараш гап мезанад, маълум аст ки дилаш танг мешавад, аммо дар мавриди падараш комилан бетафовут ва сарсарӣ,мисле, ки дар бораи кадом як марди шиноси наздик суҳбат мекарда бошад, ёдоварӣ мекунад, ки бо ӯ ва модараш дар як хона буданд ва вақте ба гуфтаи худи Раҳмон “вақте пеши келин медарояд” онҳо ду кас -он мард ва модараш танҳо мемонанд.
Котиботаш ҳам бо нашри як навори вижа аз ин сӯҳбатҳо сюжету сохту дар канори он аксе аз падари ин маҷҳулуннасабро дӯхт ва амсоли роликҳои интихоботӣ нисори сафаҳоти шабакаҳои иҷтимоӣ кард.Дидем,ки мегӯяд падараш деҳқон буд, аммо чӣ деҳқоне? Қибла ва қиблагоҳӣ! Ҳарферо, ки маъмулан, қишри руҳоният ва донишмандони огоҳи тоҷик ба падарон нисбат медиҳанд ва бо ин васила гуфтаҳои қуръонӣ ва аҳодиси паёмбари бузурги Ислом дар мавриди мартаба ва эътибори волидон ва ба вижа падарро таъйид мекунанд. Раҳмон, ки барои ин ду тоифа аслан чашми сузан тақарруб надорад, ин калимаро истифода кард ва бо ҳамин шоеъоти кукзада дар домани худ ва падарашро ба як бор барканаду бипартояд ба дуриҳои дур:
….”Бисёриҳо вақте мепурсад, куҷо меравӣ? Мегуянд як қиблагоҳро хабар гирам.Қиблагоҳ киро мегӯянд? Падарро мегӯянд!”
То ба имрӯз, тайи ин 27 сол фақат аз Майрам -хола мегуфт ва ҳоло тоза ба суроғи падараш рафтааст:
“Падарам деҳқон буданд. Дар ҷодаи мактаб хондан,илм омӯхтан,ҳатто дар зиндагӣ, ҳатто дар давлатдорӣ бисёр-бисёр кумаку дастгирӣ мекарданд”.
Қабул кардем ва вокунишатонро гирифтем. Аммо ба он ҳама сифоту васфе, ки аз падаратон кардед, каломатон не самимӣ садо дод ва не қотеъ аст ва маро батамом машкук кард.
Тобистон, вақте Сангвор рафтед, гуфтед,ки падарам розӣ набуд, намехост, ки ман хондан биравам. Аммо модаратон,ки ба гуфтаи худатон аз академикҳо ҳам донишманд буд ва аз даҳ мард ҳам зӯр кор мекард ва кафҳои дастонаш обила баста буданд, гуфтаанд,ки “писари ман бояд бухонад.Падарама гуфт,ки мон бачам бхона, ма лоқота мешум,ма говта нигоҳ мекунм,ма авқотат мекунм, бачама дуъо те брава бухона.”
Имрӯз баракси ин гуфтаҳоятон мегӯед,ки падаратон шуморо дар “илм омӯхтан” дастгирӣ мекардааст.Аҷиб, аз як тараф мехост шумо дар канораш бошед, дастгириаш кунед вале аз тарафи дигар “илм омухтан”-и шуморо кумак мекардааст. Бигзор ҳамин тавр бошад. Мехоста аст,ки шумо деҳқони боилм бошед,агарчанде ба идомаи таҳсилатон зид буд. Аммо ҳам аҷиб ва ҳам ҳайратовар аст ки мегӯед падари Шумо “ҳатто дар давлатдорӣ бисёр-бисёр кумаку дастгирӣ мекарданд”.
То онҷо ки маълум аст падари шумо, ки шумо “ота” садо мекунед, соли 1992, вақте ки директори совхоз будед, мурда буд. Хок хабар набарад, як деҳқон бо шумо чаро дар бораи давлатдорӣ гап мезад? Аҷиб нест магар? Ё шояд барои шумоҳо,ки қашшоқона зиндагӣ мекардаед, расидан ба курсии раисӣ дар совхоз як давлати калон буд? Бар фарзе агар отаатон мегуфт, ки ин корро бикунӣ гандуму ҷав фаровон мешавад, ин корро кунӣ насли барра ва ё ҳосили шири фермаи ҳайвони калони шохдор афзоиш меёбад, ин корро кунӣ мешавад заминҳои лалмиро обӣ кард ва ё хуб дар бораи муносибат бо коргарони совхоз, одамони калонсол суҳбат мекард, маслиҳату машварат медод мегуфтем, ки бале, Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ҳарфи шумо қабул. Ин ҳарфҳоро имкон дорад падари шумо ҳамчун насиҳати падарона бароятон бигӯяд. Аммо инсоф диҳед бобии Шарифи –лақай куҷову маслиҳату машварат аз боби давлатдорӣ куҷо? Гузашта аз ин чаро бояд аз боби давлатдорӣ бигӯяд, шумо,ки дар давлат набудед, чи рабтеву чи умумияте метавонад давлатдорӣ дар он замон,ки шумо ҳатто дар хобатон ҳам орзуяшро дошта наметавонистед, дорад? Инки отаи шуморо ҳамчун Шариф –лақай мешинохтаанд, бофтаи ман нест. Дар ин бора ҳама медонанд. Аз навиштаи як хабарнигори рус ҳам,ки шуморо аз тоифаи лақайҳо гуфтааст, намуна меоварам:
“ Привезенный в Душанбе,как вспоминал российский дипломат А. Адамишин,на узбекском танке Эмомали Рахмон-вчерашний директор лукового совхоза имени Ленина,представитель дангаринско-локайской(пост-кочевой) элиты юга страны,был определен новым руководителем,собирателем таджикских земел”. “Династия Рахмонидов” В.ХЛЮПИН. centrasia.org 15.04 19.
Дар ҳар ҳол номи падаратон ҳам маълум нест,ки Шариф-лақай аст ва ё Раҳмон-чақир?Зеро Шумо худро ягон бор нагуфтаед,ки писари кӣ мешавед?Акнун, ки дар сар ҳавои салтанатӣ ва меросӣ кардани ҳокимиятро доред ва сулолаеро асос гузоштаниед, бояд ҳафт пуштатонро барои мардум маълум кунед. Ҳоло Оли Раҳмон бигӯем ё Оли Шариф? Инро маълум бояд кард. Зеро ҳатто Маҳмуди ғазнавӣ,ки аз авлоди Сабуктегин буд ва мисли шумо ҳокимиятро бо сарнагун кардани шоҳ (манзурам иҷборан аз мақом барканор кардани Набиев дар Иҷлосияи Хуҷанд дар соли 92) дар даст гирифт,возеҳу рушан дар бораи гузаштагонаш маълумот вуҷуд дорад.
Ҳоло инҷо биоему аз акси нашркардаи дафтари матбуотии Шумо бигӯем. Ин акс нест, сурат нест, тасвир аст, мусаввара, ангора аст,ки бо қалами мусаввир ё рассом сохта шудааст. Вале чи тасвире? Ҳеҷ шабоҳате ба як деҳқон надорад. Ту гӯӣ Эшони Сайашраф (раҳ) ва ё эшони Нуриддинҷон бошад? Аммо боз ҳам ғалат, боз ҳам сохта, боз ҳам тақаллуб, боз ҳам ҷаълӣ.
Зеро, аксе, ки гузоштаанд ба ҳеҷ як марди пир,ки мӯй сар ва ришаш сафед шуда бошад, шабоҳат надорад.Ин тасвире аст ки талош шудааст ба Эмомалӣ монад бишавад.Аммо нафароне инро кашидеду сохтед як раҳ фикр накардед, ки чаро як пирмарди деҳқон ин қадар рӯву рухсору лунҷу ҷабини таранги лайсу ружду суфта дорад? Магар ба ин сину сол ҳеҷ чину чуруке, ожанге пажмурдагие дар чеҳра ва ҷабин пайдо намешавад. Деҳқонӣ ва даҳмардагӣ азоби сангин аст.Зери барфу борону боду офтоби сузон рухсораҳо сухта ва пур аз чину чурук мешавад ва хатҳои ҷуя- ҷуя дар ҷабин бояд дошта бошад. Ин ҳам дар ҳоле,ки ба тасдиқи худи Раҳбари муаззам ва Пешвои миллат онсолҳо зиндагии фақирона ва камбағалона доштанд. Ин омил ҳам ба пиршавӣ зудтар мусоидат мекунад. Аз он ғизоҳое модари Худораҳмати бароятон омода мекарданд ширро бо дуғ ва фатири таҳчарм ва субҳ гандумро бо қаламфур хурданҳоятон ин марди дар акс ҳеҷ шабоҳате надорад. Аммо агар аз ин мусаввара ришу салларо гиреду мӯи сарро сияҳ карда бо ороиши “прическа”-и Рустам ба куча бароред,аз Рустам фарқ намекунад, чи расад ба худи Эмомалӣ.
Аммо дуруғтарин паёми ин акс он аст ки дар он осоре аз як нафаре,ки 12 сол рӯи ҷо ва касали нохезон бошад, ба чашм намехурад.Агар гуед он солҳо акс намегирифтанд,ҳаддиақал акси шиноснома,китобчаи нафақа (пенсионный книжка) доштагист.Чаро аз он акс истифода намекунед? Ё аз чеҳраи ғаири тоҷикияш метарсед,ки асолататон ифшо мегардад.Мо қабул намекунем ин акси дурӯғини падар ё падарандаратонро.Мехоҳед инҷоҳам моро фиреб кунед,бо як акси сохта ва ҷаълие мисли ҳукуматдориятон? Тибқи ҳадиси саҳеҳ “Лаънати аст шахсе худашро ба ғайри падараш мансуб намояд”
Наход мусафеде,ки 12 сол бемор буд, ин тавр сари ҳол, шодоб ва ҳеҷ осоре аз ранҷу азияти беморӣ надошта бошад.Раҳмон худаш гуфт,ки падараш 12 сол руи ҷогаҳ буд. Ва, ӯ 12 сол бонӣ кардааст. Ин акс,акси як паҳлавон, як йигит, як бузбалаи солиму тануманд аст. Ба касали руи ҷо аслан монанд нест. Пас, Раҳмонов чи касеро 12 сол парасторӣ кардааст?
Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмонов,ки директори совхоз буд, депутати Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд. Он вақт барои таблиғу ташвиқи номзад ба депутатӣ аксҳое зиёде ҳам доштагист. Агар воқиан ӯ он замон парастори падараш буд, аз эҳтимол дур нест,ки акси якҷоя дошта бошанд ва барои ёдгор шояд падараш аксе ҷудо ва танҳо дошта бошад, ҳадди ақал акси паспорташ ҳаст ку? Агар аз онҳо бигузорад, маълум мешавад,ки симои ҳақиқии падараш чи шакливу чи сурате дорад. Шояд падару писар барбабар сурат доранд. Бигзорад то бубинем. Вале фотошоп ҳисоб нест.Инҷо ҳам мисли ҳайкали Исмоили Сомонии пойтахт кардаанд.Вале ин “нюанс”-ҳоро ба инобат нагирифтаанд. Набояд чунин корро кард, акси ҳақонии падари ҳақиқии Пешворо бояд Хадамоти матбуоти Президент ба нашр мерасонд. Ҳар нафареро ҳамчун падари Президент набояд ошно кард. Ростӣ, новобаста аз онки ман мухолифи ин режимам, фикре, ки маро азият медиҳад ин аст,ки магар падари Раҳмонов ҳамагӣ як акс дошта аст? Аксҳои дигараш нест чӣ? Худи Раҳмонов якҷо бо падараш акс надорад чӣ?
Дар ҳамон мулоқот Раҳмонов аз камбизоатиашон ҳам шикоят кард,ки бар асари он ҳатто натавонистанд,бародари бузургашонро, ки дар аскарӣ ба ҳалокат расид ба ватан оварда гӯру чӯб кунанд:
“Ба дараҷае камбизоат будем мо,ки ҳеҷ кас нарафт.Даҳ рӯз нигоҳ карданд,ки дигар ҳеҷ кас пайдо нашуд”.
Албатта камбағалӣ ва қашшоқии Раҳмон ҳамин ҳоло ҳам мушоҳида мешавад. Ҳамин ки иди Каду мекунад, ҳамин ки дар дасташ табақи ош гирифта акс мегирад, ҳамин ки набару абараи бешуморашро аз ҳисоби хароҷоти давлат ин бару он бар мебарад тасдиқи он аст ки ӯ ҳоло ҳам сер нашудааст. Аммо дуруғи дигари барҷаста ва комилаш возеҳ дар тасвири мунташираи падари Президент ин аст ки он аслан ба камбизоат монанд нест. Метавон гуфт, ки он тасвир ва он ҷомаву дастор мухтаси як бойбобо ва ба як мансабдордори аморати Бухоро мебошад.
Баргардам ба онки чаро ҳамчунин сарлавҳа гузошта шуд?
Тағйири пайдарпайи Қонуни асосӣ, зери худ ва зери пойи Рустам ҳамвор кардани он, қабули қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,ки барояш наузубиллоҳ, тавба кардам, нақшу мақоми худоиро додааст, ҷалбу ҷазби духтару домодҳо барои ҷамъоварии пул ва ба онҳо қитъа-қитъа қисмат кардани соҳаҳои хоҷагии халқ,ки бидузданду дорову сарватманд бишаванд (қашшоқ набошанд) ва аз ин ҳама бадтар, фикри то охири умр қудратро раҳо накардани Раҳмон- як қашшоқбачаи дируза ба он хотир аст ки дигарбора ба ҳамон зиндагӣ пас нагард. Тамоми фалсафа ва хулосаи зиндагиаш ҳамин барнагаштан ба қашшоқӣ асту бас.Ваҳшате,ки ӯ аз камбағали ва қашшоқӣ дорад, ӯро ба тамоми кори бад,аз ҷумла ба куштори одамон ҳам омухта кардааст. Ин камбуде,ки дар вуҷуди ӯ аз даврони тифливу кудакиву наврасиву ҷавонӣ ҷо шудааст, ӯро имкон намедиҳад,барои дигарон биандешад. Ӯ барои худ ва хонаводаи худ меандешаду бас. Ҳамин аст ки духтарашро кашола мекунад, писарашро кашола мекунад, домодашро кашола мекунаду сари дастурхони дуздиву ғоратгарӣ менишонад ва онҳоро меомузонад, ки бояд бидузданду бидузданд. Ёдатон бошад, чиҳо мегуфт: барои ду сол захира кунед.Фикр кардааст ҳамон захираи нонҳои хушкеки Марямбиби мекарданд барои рӯзгузаронии зимистони солҳои 60 уми асри гузашта моро интизор аст.
Хеле азоби сахтеро пеширӯ дорем,ки то ба ин қашшоқбача бифаҳмонем, ки барои набераву абераат ҷамъ кардӣ бас аст. Онҳо ҳама гурусна намемонад. Ризқро Худо медиҳад, бирав, бас аст. Халқи Худро беш аз ин азоб надеҳ.
Аммо ваҳшату даҳшати қашшоқӣ,ки ӯ аз сар гузаронидааст, намегузорад,ки ӯ дуруст дарк кунад….
Хонандагони гиромӣ, ба канали телеграмии мо пайваст шавед ва аз ҳама интишороти нави мо огоҳӣ пайдо намоед.