Эмомалӣ Раҳмонов ҳамеша террористонро «бедину бемиллату беватан» меномад, аммо аз бурдани сифоту хасоиси дуздон гап намезанад, чун худаш сарҳалқа ва лидери дуздони Тоҷикистон ва асосгузори дуздиву ришвату фасод аст.
Ман мегуям, ки дузд миллату ватан надорад. Бигзор бароятон шарҳ диҳам:
Террорист ҳадаф дорад, дин дорад, миллат дорад, ҷинсият дорад, танҳо ДУЗД ин ҳамаро надорад. Танҳо дузд аст, ки ин ҳамаро надорад. Агарчи худро мусалмон, дорои миллат, унвонҳои болохонадор ҳам муаррифӣ кунад. Эмомалӣ воқеан дузд аст. Падар надорад, миллат надорад, ҳуввият надорад, мақсад надорад, имон надорад, раҳм надорад, шафқат надорад, парво надорад, гузаштаву фардо надорад, имрӯзе дорад-дуздист!
Савганд ба Аллоҳи пок, ки Эмомалӣ дузд аст ва бар он шаҳодат медиҳам!
Дуздиҳои гушношуниду ваҳшатнок! Саду дусаду ҳазору даҳҳазору миллиону ду миллион не, даҳ, бист, сад миллионро мезанад. Агар як нафари мутахассис ҳисобу китоб кунад, ки дуздиҳои Раҳмонов аз ду коргоҳи бузург:-Талко ва Роғун чи қадар аст, шумо ба гуфтаи ман шубҳа нахоҳед кард.
Дузд қабл аз он ки дузд шавад имонашро аз даст медиҳад(ҳадди ақал ҳангоми ҳамон дуздӣ имон аз ӯ хориҷ мешавад ولا يَسْرِقُ حِينَ يَسْرِقُ وهو مُؤْمِنٌ، ) , қабл аз он ки дузд шавад миллат надорад, қабл аз онки дузд шавад ватан надорад.
Террорист ҳадафҳои муайянро террор мекунад. Лоақал пайравони худро террор намекунад. Вале дузд миллати худро ғорат мекунад. Кишвари худро ғорат мекунад. Ҳамванди худро, ҳамватани худро ғорат мекунад. Ҳеч ҳадаферо намешиносад. Ба ҳеч арзише ҷуз нафси носераму фарзандони ҳаромии худ, арзиш қоил нест.
Ба хотири сирқат омода аст хоки ватанашро фурӯшад, дар ҳоле, ки ҳеҷ террористе ватанашро ба душманаш нафрӯхта аст; миллаташро парокандаву хор созад, ғулому овора созад, ояндаашонро барбод диҳад.
Ин дузд, шоҳи дуздон, роҳнамои дуздон, пуштибон, муттако, илҳомбахш, «криша»-и Эмомалӣ ном дошта, ғайриқонунӣ 32 сол аст, ки бо зӯри силоҳ кишвари тоҷикон- аз Зарафшон то Бадахшонро шабу рӯз ғорат дорад.
Дузд як услуб дорад: ҳама чизи дигаронро дуздида ба дигарон, пинҳонӣ, бо нархи арзон мефурӯшад. Ҳеч гоҳ бас намекунад, то инки дастгир шавад!
Барқамонро медуздад, обамонро медуздад, конҳои тиллоро медуздад, конҳои нуқраро медуздад, ангиштсангамонро медуздад, будҷети кишварамонро медуздад. (2%-ашро ошкоро ва гуё қонунан, ҳамчун Фонди Пешво медуздад)
Конҳои ангиштсангро медуздад,
Конҳои рӯҳу қалъагиро медуздад,
Конҳои уранро медуздад,
Сангҳои ақиқу лаълу алмосамонро медуздад,
Пулҳои гарнтиро медуздад,
Кумакпулиҳоро медуздад
Садақапулиҳои барои камбизоатонро медуздад,
Кумакҳои барои МЧС-ро медуздад,
Ёриҳои башардӯстонаро медуздад,
Маблағҳои хориҷиёнро медуздад,
Ҳарчӣ ёбад медуздад, ҳатто унвони худхондааш : Ҷаноби олиро аз Олимхон ва Пешворо аз Нурсултон дуздида аст,
Китобҳоро медуздад, 113 асараш ҳамагӣ дуздиянд. Худ- плагиат аст,
Ҳукумати вилояти Кӯлобро аз Ҷиёнх Ризоев дуздид. Раёсати Шӯрои Олиро аз Акбаршо Искандаров дуздид, ва ҳоло дузди зур соҳиби говро баставу зиндон карда аст,
То инки президентиро дуздад, Раҳмон Набиевро кушт,
Пулҳои Роғунро аз мардум ҷамъ карда дуздид,
Сангҳои Бадахшонро бошад ононро кушту дуздид,
Зуғолсангҳои водиии Раштро ғармиҳоро кушту дуздид,
Ангиштсанги водии Зарафшонро дуздида ба Самарқанду Афғонистон фурӯхта истодааст,
Обанбори Норакро дуздид,
Тамоми бозорҳову корхонаву заводҳоро дуздид,
Алюминизаводи Регарро дуздид
Сементзаводи Ёвонро дуздид,
Азиян Экспреси Бобаки Занҷониро дуздид,
Заводҳову корхонаҳои Зайд Саидро дуздид,
Фермаҳои Ҳоҷӣ Ҳалимро дуздид
Дороиҳои манқулу ғайриманқули Муҳиддин Кабириро дуздид
Дороиҳои Ғаффор Седойро дуздид
Дороиҳои вазири ҳолатҳои фавқулода , Мирзо Ҷагаро дуздид
Автозаправкаҳои Умед-88-ро дуздид,
Корхонаҳои Низомхон Ҷураевро дуздид,
Эй, мардум! Дигар чӣ монд, ки надуздида бошад?!
Биёед, хонумон, ҷанобон, озодзодагон, муҳтарамон, тоҷикон, узбекон, бадахшиёни сарфароз, хуҷандиҳои гарданфароз, панҷекатиҳои озодмард, роғуниҳои мард, файзободиҳои ҳалим, ваҳдатиҳои силаҳшӯр, обигармиҳои сарбуланд, ғармиҳои зулмситез, ёвониҳои озодидӯст, сарбандиҳо дарбандиҳо, айнию регариҳо, аштию раштиҳо, хатлониҳои сарбадор, шаҳрнишину даштиҳо, зану мард, пиру ҷавон, муллову оммӣ, оқилу доно, дорову нодор ва эй, кулли касоне, ки душмани хиёнату дуздиву ҳаромдастию бешарафию беномусӣ ҳастеду аз ин ҳама бедодиҳо, аз ин ҳама мардумозориҳо, аз ин ҳама беномусиҳо ҷонатон ба лаб расида аст, даст ба дасти ҳам диҳему як пода говҳои бешохбанди бетарбияи тарбичи падарнадидаи «нодидаҳои ба изори алорида»-ро аз сари мансабу курсиҳо бадур афканем, ҳам раҳматест ба ҷони ҳақири ин ҳақирзодагон ва ҳам савобест ба ҷони насли ояндаамон, ки аз мо умеди беҳрӯзӣ доранд!
Кори сахте нест. Кори нашуданӣ нест!
Аз ҳама кори сахт дуздии дуздон аст, ки рӯз ба рӯз тоқатфарсо шудан дорад!
Аз ҳама сахттараш зистани озодагону шарофатмандон аст, ки ин ҳама дуздиро мебинанду додашон ба каҳкашон мерасад!
Вақти амал расида аст, ҳамватан, биё дастатро руи дастонам гузор! Биё, ту- шимолӣ дар шимол, ту- ҷанубӣ дар ҷануб, ту- шарқӣ дар шарқу ту- сокини ғарби кишварам, дар самти ғарб бапо шав, амал кун, садоятро буланд кун, ки агар накардӣ, дидӣ, ки бо мо ин муште арозили дузд, рӯз ба рӯз чӣ мекунанд?!
Ҳон, имрӯз бапо шав, ки фардо ба Худо, дер шавад!
Ғармӣ, дидӣ конҳоятро, ки он танҳо ҳаққи ҳалол ва ризқи худовандист, ки дар минтақаат барои пешбурди рӯзгорат ато карда аст, вале Эмомалии дузд онро азат дуздиду ба духтараш дод!
Ангиштсанги Мастчоҳу Фалғару Панҷакентро ҳам ба Фарозу Ҳасан додааст.
Помирӣ, дидӣ, ки лаъли овозадори Бадахшону сурмасанги бебаҳову лоҷуварду тиллои Шуғнови покизаатро дастбурд заду туро кушту конҳоятро, ки тӯли асрҳои мадид Худоят баҳри зиндамонданат, ҳадя карда буд, ба яғмо мебарад!
Эмомалии дузд, ёд дорӣ, гуфта будӣ: вақте ман сари давлат омадам (аниқтараш оварданат), дар захираи давлат 2 тонна тилло мавҷуд буд, ки онро бо орду гандум иваз (бартер) карда, Пойтахтро бо «хлеб» таъмин кардам.
Акнун, пурсиш: Тоҷикистон, пас аз гузашти 32 сол аз он рӯзгор, ки 2 тонна тилло дошт, ҳоло чӣ миқдор захираи тилло дорад? Мори рӯи ганҷина ва ҷинни Аладдину сарвари 40 роҳзану роздони тилисми «Сим-сим, дарро кушо», ку ба миллат, аз ҳолату миқдори «захираи тиллои давлат»-и биҳиштосоямон як «гузориши 32-сола» бидеҳ?!
Чизе аз захираи тиллои давлат дорем ё хазинаи давлату миллат гуфтаниро поку покиза руфтию ба гӯри Майрамат задӣ?! Чаро ва бар пояи чи тиҷорате Шветсария дар ҷои аввал шуракои тиҷоратии Тоҷикистон баромадааст?
Замоне гову пресҳову алафи колхозу совхозҳои Данғараву равғанҳои комбинати равғанбарории Қурғонтеппаро медуздидию бензину солярка, ҳоло подабонак калонак шудӣ, шоҳдузд шудӣ, тиллову марҷону лаъли Бадахшон медуздӣ! Дузди дуздон шудаӣ! Дуздқаҳрамон шудаӣ!
Пешвои дуздон шудаӣ!
Огоҳ шудед, эй мардум?
Урметаниҳо, панҷекатиҳо, зарафшониҳо, акнун мебинед, ки тамоми зуғолсангу тиллову нуқраву рӯҳу симобу дору надори аҷдодиятро Эмомалию домодаш -Соҳибов, соҳиби «Фароз» шабу рӯз меканаду меканаду ба узбаку қирғизу афғон мефурӯшад, ҳатто як дирҳам ба ҷайбат намеандозад, то роҳҳои валангори минтақаатро ободон кунӣ!
Камазҳои пур-пури маводи химиёвӣ, зуғолсангҳои аълосифат, тиллову симобатро мебинам, ки як дузде аз Данғара омадаву шабу рӯз меканаду мекашаду мефурӯшаду аз ҳисоби канданиҳои фоиданоки диёрат, ки баҳри ободонии пеш аз ҳама минтақаи валангоргаштаи шумо, бояд истифода шавад, сарват меғундорад як сомонӣ ҳам ба шумо намедиҳад!
Эй мардум, агар ин қадар тиллову нуқраву алмосу лоҷуварду ақиқу лаълу зуғолсангу симобу рӯҳу қалъагиву намаксангу обҳову конҳои моломолу ҷангалу сарватҳои табии аз дасти ин дузуд оилааш озод гарданд, мо ҳамагӣ аз Бадахшон то Зарафшон миллионер мешавем!
Сухани ҳавоӣ нест! Эмомалӣ ба танҳоӣ зиёда аз 10 миллиард доллар сарват дуздидаву анбоштааст!
Азизмоҳи газетхонак миллиардҳо дуздида аст.
Озодаи қилла миллиардҳо дуздида аст
Рустами мурғи бесавод миллиардҳо дуздида аст
Сомон дуздида аст
Ҳасан миллиардҳо дуздида аст.
Таҳмина миллиардҳо, Рухшона миллиардҳо, Парвина миллиардҳо, Зарринаву ҳарина миллиардҳо дуздидаанд!
Агар ин ҳама миллиардҳоро, ки билфарз 40 миллиард доллар бошанд, аз ин дуздҳо бозпас гирифта, ба 10 миллион тоҷик тақсим кунем, ҳамагӣ соҳиби 4.000.000$ (чор миллион доллар)-ӣ мешавем!
Акнун, мефаҳмед, ки агар дузд набудаанд, ин қадар сарватро аз кудомин гӯри Майрами фоҳишаву Чақури кунканда бадаст овардаанд?
Кӣ ба Президент ҳам бошад ин ҳақро дода, ки тамоми сарвату бойгариҳову канданиҳои фоиданокро ба манфиати худ коркарду сӯистифода карда, маблағашро хусусӣ кунад? Кӣ?
Ин салоҳиятро касе ва қонуне ҳам ба ӯ надодаву намедиҳад! Ҷуз хомӯшии ману шумо!
Вақте ин салоҳият аз доираи расмии мансабаш берун бошад, пас, аз роҳи дуздӣ пеш меравад!
Бовар кардед, ки медузданд? Он қадар медузданд, ки 10 миллион тоҷик гадо ва инҳо миллиардер шудаанд!
Агар мо ба по шудем, инҳо мағлуб мешаванд, чунки қоидаи торих ҳамин буда, ки ҳамеша камбағалон ва аксарият бар сарватмандони ақалияти дузд ғолиб мегаштаанд, чунки инҳо дигар қобилияти рӯёрӯӣ бо селаи хурӯшони миллати ҷонбаркафи ҷонбалабрасидаро надоранд!
Боварам кунед, ман як тани шумоям, ки пайи нобудии ин дуздҳои бешарафи «элита»-гаштаи рӯзгоре «шакаровхӯр»-и қашшоқ мегардаму шуморо ҳам ба ин роҳи ягонаи озодӣ фаро мехонам. Нагӯ аз дасти ману ту чӣ меояд!
Дидӣ, аз дасти як Эмомалии говбони бепадару модарғари қашшоқи дузд чӣ қадар корҳо омад?
Ту мисли ӯ надузд, дуздро аз байн бибар, миллатат озод ва номат ҷовидон хоҳад гашт!
Бе ному нишон, зери ҷабри таъриху дуздону ситамгарон мурдан бад аст. Хело бад аст, ки худат ҳам хуб эҳсосаш дорӣ!
Бубинед, бародарону хоҳарону амакҳову тағоҳову бибиҳову бобоҳову аммаҳову холаҳову…!Хулоса тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон гӯш фаро ниҳед. Инҳо чанд нафаранду мо чанд нафарем? Ин милисаву амнияту дигару дигараш ҳам худи моему фарзандони мову шумоянд. Мо бояд инҳоро сарҷамъ шуда, муттаҳид шуда аз сари қудрат барандозем. Мо дигар роҳ ва дигар чора надорем!
Агар дар робита ба Эмомалӣ Шарипович суҳбатро идома бидиҳем, хоҳем дид, ки ин шахсияти бешахсият гирифтори якчанд бемориҳои хатарноки бедармон аст, ки барои миллату давлати Тоҷикон, хатари ногузир дар пай дорад.
Бемории асосӣ ва музмини Эмомтапак ин дуздӣ ё ба забони илмӣ «казнокрадство»- хазинадуздист. Дуздӣ чандин зина ва навъ дорад, ки ағлаби онҳоро дар режими «ғоратгарона»-и навдавлати дузд-Э. Ш. дидан мумкин аст. Аз ҷумла: сирқати гумрукӣ, сирқати маблағҳои грантӣ, сирқати ашёи ҷамъиятӣ, сирқати амволи ҷамъиятӣ, заминдуздӣ, дуздӣ аз сари маошу нафақа ва изофанависӣ дар ин соҳа, дуздӣ аз сари маблағҳои интиқолёбанда аз ва ба кишвар, дуздӣ аз ҳақи ятимон, дуздӣ аз маблағҳои комуналӣ, дуздии маблағҳои хадамоти миллат, ба мисли дуздӣ аз сари пули барқ, пули андоз, пули мусофирбарӣ, боркашонӣ, изофанависӣ дар маблағҳои таъминоти муассисаҳои давлатӣ, изофанависӣ дар таъмиру азнавсозии иншооти давлатӣ; роҳу пулҳову гулгаштҳову кабудзоркунию дарахтзорсозӣ, изофанависӣ дар нақшаву лоиҳаҳое, ки бо маблағҳои грантӣ ва ё қарзӣ ва ё будҷетӣ дар ҳудуди Ҷуҳмурӣ роҳандозӣ мешаванд ва ғ.
Сабаби асосии интишори сирқати амволи давлатӣ-миллӣ дар сартосари кишвар ин худи Раҳмонов- Президенти дузд, ҳукумати Ҷумҳурӣ- духтари дуздаш, Раиси Парлумон-, писари дуздаш, Шаҳрдори Душанбе- тоже писари дуздаш, ширкати монополистии «Фароз»-и домоди дуздаш, Бонки миллӣ- додарзани дуздаш, Генпрокуратура- қудои дуздаш, вазорати алоқа- қудои дуздаш, шабакаи Сафоратхонаҳои ҶТ-духтару писарамуи дуздаш, ВКД-ҷӯраи дуздаш, ( ки солҳо қабл рӯи дуздӣ, ҷаноби дуздашро, дар аҳди Шӯравӣ дастгир кардаву ба хотири ҳамхуну муғултабор буданаш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда буд), сардори пулиси пойтахт гейнерал бачахони дуздаш, КДАМ- ҳамхуни дуздаш ва дигар ҳамкосагони дуздаш, ки бебаркаш, тули солҳост, фақат медузданду медузданд!
Ҳаркӣ ба тариқе пайи дуздиву тороҷ аст.
Як қоида дар давлатдорӣ роиҷ аст, ки ҳаркӣ сари давлат омад онеро гирду бараш меорад, ки «ҳамҷинс»-и худаш бошад.
Дар кишваре дуздӣ роиҷ аст- дузд ҳоким аст.
Дар кишваре ришва, ки навъи дигари дуздист, роиҷ аст, ришвахор ҳоким аст.
Дар кишваре хунасову ҳамҷинсгароҳо ҳокиманд, ҳокимаш ҳамин бемории ахлоқиро дорад.
Дар кишваре хиштакҳаромону зинокорон сари давлатанду беиффатиро интишор медиҳанд, ҳокимаш хиштакҳарому оилааш тардоманад.
Дар кишваре тарсуи саросарист, ҳокимаш ҳарчи лофи диловарӣ занад, буздиле беш нест.
Дар кишваре нишондоди талоқ дар ҳоли рушд аст, оилаи ҳокимаш оилаи «ҳалол» несту духтарону писарону ҳатто худу ҳамсараш ба оилаву арзишҳову покии он дар ошкору пинҳон, ғадру хиёнат раво мебинад.
Ин оилаи «ҳоким» оилаи ғар мебошад!
Масалан, агар бемориҳои бадахлоқию беиффатӣ танҳо ба инсонҳои маҳдуду муайян сироят кунад, дар айни ҳол бемории дуздӣ, ки ҳокиме аз хурдӣ ба он гирифтор гашта бошад, зарараш ба якояки шаҳрвандон сироят мекунад.
Аз ҳоким то дарбону харбон қаллобу дузду бадкор мешаванд.
Ҳаркӣ ба тариқе роҳи дуздӣ пеша мекунад.
Пулис бо роҳи худ, нозири бозрасӣ бо услуби худ, тоҷир бо равиши худ, прокурор бо роҳи худ, судя бо каналҳои худ, духтур бо усули худ, муаллим бо роҳи худ, таксӣ бо ҳиллаи худ, мулло бо василаи худ ва «бегона ҷудо дӯст ҷудо» медуздад.
Он қадар бозори сирқат гарм мешавад, ки ҳамон лозунги Комунизмро ба ёд меоварад, ки мегуфт: Моҳии калон моҳии хурдро мебалъад.
Ҳама ҳамаро медуздад! Чуноне мегуфтаанд: дуздро ҳам қарақчӣ (роҳзан) мезанад!
Пешво сарвазирро, сарвазир вазирро, вазир ҷонишинро, ҷонишин кормандро, корманд дастнигарро, дастнигар корфарморо, корфармо корафтодаро, корафтода ҳамдигарро, ҳамдигар якдигарро ғорат мекунанд.
Бемории дуздӣ бемории гузаранда аст. Аз падар ба зан, аз зан ба фарзанд, аз фарзанд ба пайванд, аз пайванд ба ҳамванд, аз ҳамванд ба ҷамъият- ва дар ниҳояти нақб давлату ҷомеа мешавад муште дузд- ҳаркӣ ҳарчӣ медуздад, ҳаркӣ бо ҳар услуб медуздад, хардузд- хар, зардузд -зар, тухмдузд-тухм, хасдузд-хас, говдузд-гов, пресдузд-прес, асардузд-асар, кишвардузд кишварро медуздаду ба Чину Қирғиз мефурӯшад!
Дуздон бешарофат, беиффат, беҳайсият, беҳувият ва пасту палид мешаванд. Агар чунин набуданд, дузд намешуданд! Ҳеҷ инсони шарофатманде дузд намешавад!
Ҳеч поктинате дасти қалбу дили ғажду пули ҳаром намедуздаду ҳақи дигаронро ба ноҳақ намехураду ба бастагонаш намехӯронад!
Аввалин ояи Таврот «надузд» аст.
Яке аз аҳкоми Қурон «дасти дуздро бибуред» аст.
Аввалин ояи Инҷилу Авестову Ригведаву аввалин моддаи ҳаряк Конститутсия «дуздӣ манъ» аст!
Боре ба дӯсте аз Данғара, аз наздикиҳои Ғарғара суҳбат аз боби дуздӣ мекардаму гуфтам: агар Президенти Тоҷикистон будам, ангушти ду-се дуздро мебуридам, дуздӣ аз ин кишвар нопадид мешуд.
Дӯстам хандиду гуфт: Агар Эмомалӣ «члик»-и дуздҳоро бибурад, пеш аз ҳама, ҳамаи авлодаш, ҳамагӣ «чорчилика» мешаванд!
Ҳама медонанд, ки натанҳо Эмомалӣ, ки ҳамагӣ авлоду зану фарзанду мақомдору вазифахаридагони бесаводаш дузданд! Вале, аз он ҷо ки Пешвояшон дузд аст, медузданд!
Ривояте ҳаст: мардум дар дини подшоҳонашон хоҳанд буд!
Пешво ғар шавад- ғар
Дузд бошад-дузд
Золим бошад- золим
Олим бошад- олим
Ҳаромӣ бошад- ҳаромизодаҳо бисёр мешаванду давлати ҳаромиҳо падид меояд!
Ҳоло ки ҳамагӣ аз таг то боло ва баракс аз дуздӣ ибо надоранд, далелест бар дуздпешво будани Пешвои дуздони бешарофат, ки шарофат доштанд, дузд намешуданд!
Натанҳо,ки худ медузданд, балки дигаронро ҳам роҳу равиши дуздиву ғорату мансабхарию мансабфурӯшию ришваву порахориро ёд медиҳанд!
Дузд- дуздӣ ба миллат ёд медиҳад!
Дар кишваре дуздист- ҳокимаш дузд аст!
Эмомалӣ, ту аз замони кӯдакӣ дузд будаӣ. Пас, аз онки падар надоштӣ, падарат не, бал модарат, ҳамон модари ҳайкалшудаат, «дуои модар»-ат ба дуздӣ дода, ки бемуҳобот, бедареғ, бепарво медуздию медуздӣ.
Падарғар як фарзандаш ғараст, модарғарро ҳама фарзандонаш!
Аз инки Нуруддини додарат, Азизамои ҳамсарат, Рустами писарат, Озодаи қиллаи духтарат, Ҳасани додарзанат, домодҳои ғоратгарату дигар давру барат медузданд, пас «асосгузори сирқат» худатӣ, ки ин беморӣ аз модари дуздат ба ту мерос монда аст. Дар хунат. Дар генаат. Касе дузд шуд ғар ҳам мешавад. Мумкин нест, ки модарат ғар бошаду туро аз роҳи ҳаром ба олам ораду «аз роҳи ҳалол» ба воя расонад. Балки туро аз роҳи ҳаром зоду бо роҳи ҳаром тарбия карду ба роҳи ҳаром «дуо» доду сар дод!
Зар наборид зӣ осмон ба сараш
Ё худаш дузд буд, ё падараш!
Эмомалӣ, ту на пешвоию на Президенту на Қаҳрамони Тоҷикистону на «асосгузори сулҳу ваҳдат»-у на «фарзанди фарзона»-и зани «қиддиса»-ву на «роҳнамову ҳидоятгар»-у на «созандаву бунёдкор», балки ҳам худат дуздию ҳам модарат, ҳам бародару ҳам хоҳарат, ҳам духтарону ҳам писарат, ҳам домодони дарди сарат, ҳам онҳое гирд овардаи гирду барат!
Модарат кони гадо буд
Худат кони вабо.
Зар наборид зӣ осмон ба сарат
Ҳам худат дуздию ҳам авлоди харат!
Миллати азиз! Ҳикмати аҷдодиямонро фаромӯш кардаед, ки мегуфт: дар хонае, ки дуздӣ бошад, аз он хонадон «баракат» мепарад!
Биёем, ин дуздҳои хонагиро дасташонро аз сирқат кӯтаҳ кунем, ки баракати илоҳӣ шомили ҳоли миллати оворагаштаи бахтбаргашаи «баракатпарида»-и наҳсрасидаи мо гардад.
То вақте дуздист, огоҳ бошед, баракат бо мо нест!
Баракат дар касбу коратон, илтимос, дуздро доред, то…..!