Чаро Искандаркӯл, кони намаки Хоҷамӯъмин не?

Ислоҳ нет

Абдумаҷид Достиев, яке аз кӯҳнаёрони Эмомалӣ Раҳмонов пешниҳод кардааст, ки  номи Искандаркӯлро ба номи Раҳмон тағйир бидиҳанд. Ва, ин кӯл Раҳмонкӯл ё Кӯли Раҳмон номида бишавад.

Худо аз ҷурмат нагзарад, рафиқ Достиев! Раҳмоновро ба Искандаркӯл чи рабтеву  чи дахлеву чи пайвандеву чи нисбате? Беҳуда нагуфта будаанд, ки «дар пеши даҳан чи фарозу чи нишеб»?

Вале  инро бояд бигӯем, ки Достиев танҳо аз куҳнаҳои  нафақахӯри  ҳукумати Раҳмонов нест, ки ин тавр «публично»  хушомаду тамаллуқ мезананду дум меликонанд ва пешниҳодҳои «дар қуттии аттор» намеистода мекунанд. Ин пешниҳод айни ҳамон пешниҳоде аст, ки солҳои қабл ӯро ба ҷоизаи Нобел пешбарӣ карда буданд. Ва ё Ҳикматулло Насриддинов ҳам чанд соли пеш хоста буд, ки барои Раҳмонов ҳайкал гузоранд ва барои бори дуввум бо унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор дониста шавад. Ҳамин тавр пешниҳод ҳам шуда буд, ки дар 1000 сомонӣ акси Раҳмонов  бояд ҷой бигирад.

Маҳмадсайид Убайдуллоев , муаллифи «Ҷаноби олӣ» ҳам дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006 гӯйи сабқатро дар чоплусӣ аз дигарҳо бирбуда эълон дошта буд, ки ин маърака «ҳамту»  аст, зеро халқи Тоҷикистон  кайҳо интихоби  худро кардааст.

Инро бояд бигӯем, ки ин нафарони дар гузашта дар канори Раҳмонов буда:-Достиев, Насриддинов ва Убайдуллоев то ҳамин имрӯз кору зиндагонии худро дар тамаллуқу хушомади раис гузаронидаанд ва аз тарафи дигар фарзандони ҳарсеи инҳо дар мақомҳои давлатӣ имрӯз ҳам кору фаъолият доранд. Ва инҳо бо ин ҳама тамаллуқу хушомадгӯиҳо ба Раҳмонов  курсиҳои онҳоро  мустаҳкам карданӣ мешаванд.

Аммо, тақдими медалӣ 30-солагӣ агар ин қадар  Достиевро ба ваҷд овардаву мутаассир карда бошад, беҳтар  ва муносибтар буд дар васфи мамдӯҳаш мадеҳа менавишт. Чун Достиев шоир ҳам ҳаст ва бо тахаллуси Бохтарӣ шеър менависад, (китоби ашъораш чоп шудааст) агарки албатта муаллифи воқеӣ худаш бошад. Шояд  дар ҳавои «Хирадномаи искандарӣ»-и Абдураҳмони Ҷомӣ менависад? Масалан, достоне менавишту «Раҳмон ва биҳишти рӯи замини ӯ» ном мегузошт. Онгоҳ достони шуморо дар васфи Эмомалӣ Раҳмонов асрҳо ҳам бигзарад, намешавад,тағйири ном кард. Аммо ҳоло бо гузашти асрҳо шумо мехоҳед Искандаркӯлро Раҳмонкӯл кунед.

    “Пешниҳоди Достиев барои тағйири номи Искандаркӯл дар нашрияи СССР дар ҳафтаи гузашта чоп шудааст. Достиев бо ин пешниҳоди худ шояд хост, ки ба наҳве ба Эмомалӣ Раҳмонов  як кори хубе карда бошад ва хиёлаш ҳам ин аст ки бо ин пешниҳод подоши ин медалро додааст. ” 

Бо таваҷҷӯҳ ба вазъу шароити кунунии кишвар  на танҳо Искандаркӯл, балки тамоми Тоҷикистон ва номи худи давлатро ҳам ба номи Раҳмон кунед, кӣ чӣ мегӯяд? Кӣ не мегӯяд, ки дар харита номи Тоҷикистон Раҳмонистон шавад? Дар ҳақиқат «шумоҳо метавонед»!.Чунки хиҷолат намекашед, шарм дар рухатон нест, ҳаё надоред.

Рафиқ Достиев! Бар ивази онки Раҳмонов шуморо фаромӯш накарду медал дод, бар ивази онки  як замоне шуморо дар зиёфатҳо бо президентҳову шоҳону амирон  ҳамроҳаш бурд ва дар ивази он ки туфливу шими даридаатонро як замоне нав кард ва бар бадали онки дар ЖЕУ бароятон хона дод, Искандаркӯлро ба номи Раҳмонов гузоштаниед?!

Мегӯед, ки Раҳмон баъди 1000 сол  давлати Тоҷикистонро сохт ва ҳеҷ касе то вай ин корро накардааст.

 “Шумо, чи тавр ошкоро дурӯғ мегӯед ва мижаатон хам намехурад? Раҳмонов, вақте мардум барои истиқлол мубориза мебурд, зидди истиқлол ва тарафдори барқарории СССР буд. Шумо метавонед инро инкор кунед? Раҳмонов савори танкҳои Узбакистон ва дар даст пулемёти русӣ  ва чун як гумоштаи Русияву Ӯзбакистон вориди Душанбе шуд. Ӯ  чи тавр давлатсозу давлатдор будаст, ки  ҳамин имрӯз ҳам аз ҷабру ситами вай ҳазорон-ҳазор тоҷик овораву гуреза аст?”

Хуб, ҳоло гуфти шумо қабул шуд. Баъд чи мешавад?Номи Раҳмонов ҷовидонӣ мешавад? Ба Искандаркӯл насаби Раҳмоноро додед, чӣ иваз мешавад?Оби кӯл зиёд мешавад? Туристҳо зиёд меоянд?

Рафиқ Достиев! Шумо як одами солхӯрда ҳастед. Дар ҳукумати Ленин ҳам кор кардеду аз Сталин ҳам бохабареду аз Брежнев ҳам. Ҳоло ку ҳайкалҳои онҳо, ку гапу ҳарфҳои онҳо, ку номҳои онҳо Масалан ку Сталинобод?  Масалан ку совхози ба номи Ленини Данғара ва ноҳияи Комунистӣ?

Раҳмонов номаш мемонад? Дар 25 солагии Истиқлол ба шумо ягон чи нарасид, медал надод, сокиту хомуш будед.

Бовар кунед шумо гузаронидед, шӯрашро даровардед.

“Дар ҳамон пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ мавзолей созеду  ҷасадашро мисли ҷасади Ленин мумиёӣ кунед, балзам шакеду онҷо дафн кунед. Як муллои чоплуси дигарро дар тори сари ҷасади муъафан шинонеду аз ӯ тавсиф кардан гирад. Шояд  онгоҳ қонеъ бишавед, шояд онгоҳ Раҳмоновро  подоши сазовор бидиҳед.”

Эҳ… Достиев, Достиев ! Мардум аз номи Раҳмонов кайҳо безор шудааст, шумо бошед…..Ё  шояд амдан чунин пешниҳодҳоро мекунеду  ба оташи нафрати мардум мум мерезед?…

Бубинед, Раҳмонов дар ин ҷашн ба хелеҳо медал дод. Агар онҳо ҳам мисли рафиқ Достиев аз фарти ҳаяҷону эҳсос хостори табдили номҳои таърихӣ ба номи Раҳмоновро шаванд, Тоҷикистон холӣ аз таърих мешавад. Ва, агар Раҳмонову Достиев, ба толеъи бади халқи тоҷик то 35 солагии истиқлол зинда бошанду Раҳмонов он сол ҳам медал диҳад, Достиев боз  куҷоро бо номи Раҳмонов иваз мекарда бошад? Воқеан як идда намедонанд, ки бо Раҳмонов чи бикунанд. Шояд пайғамбараш эълон мекунанд? Аммо аз ҷониби дигар ин Раҳмонов  аст ки достиевҳо омаданду  мансабдору пулдору шаҳрнишину душанбегӣ шуданд.

Як нуктаи дигарро ҳам инҷо бояд мутазаккир бишавем, ки медал додани Раҳмонов ба Достиев, ки чандин сол мешавад, ки дар гуша қарор гирифтаву фаромӯш шудаву узлатнишин шудааст, он қадар таъсир кардааст, ки  дар ин номаи чоплусонааш аз мавқеъи қаблиаш дар бораи сулҳу оштии тоҷикон гаштааст. Вай аз маъдуд ҳамсафони Раҳмонов буд, ки мегуфт сулҳ ду тараф дорад ва дар саргаҳи яке аз тарафҳо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ меистад.

Аммо дар ин нома ҷонибҳои сулҳро чунин муаррифӣ кардааст:

  1. Хиради азалии миллат.
  2. Ғурури миллии Пешвои Миллат!!!

Бо ин тафсиру таъвили булаҷабонаи худ Достиев, ки худ ба ҳайси роҳбари  як навбати ҳайати музокиротии ҷониби ҳукумат ва муовини раиси Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон кор кардааст, на танҳо худ, Раҳмоновро ҳам ба боди масхараву мазоҳ  кашидааст.

Акнун, ба гуфтаи Достиев дар сари мизи музокирот ду ҷониби рӯбарӯи ҳам нишаста «хиради азалии мардум» ва «ғурури миллии Пешвои миллат» будаанд. Ва, инҳо бо ҳам оштӣ кардаанд. Раҳмонову ғурураш бо хиради азалии мардум! Бармеояд, ки байни Раҳмонов ва хиради азалии мардум ҷангу даргирӣ ҷараён доштааст.

Рости гап аз ин ҳарфи бемаънову бемазмуну бемантиқро «қопал карда гӯем» (ибораи дӯстдоштаи Достиев) қабл аз ин ягон бор на дидаему на шунидаем. Воқеан  ҳам инҷо мақоли халқии «Дарро задам,девор кафид»  ба хотири кас меояд. Аҷаб! Мардум барои хушомадгӯиву тамаллуқ чи гапҳое, чи дурӯғҳоеро  намебофанд.

Дар ин нома ҳамчунин онҳое, ки дар саргаҳи муборизаҳои милливу мардумӣ барои озодиву истиқлолу  ватан ва забони миллӣ  қарор доштанд, аз ҷумла Тоҳири Абдуҷаббор, Аслиддини Соҳибназар , Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Давлати Худоназар ва чанд нафари дигарро, бидуни зикри ном ва бо киноя ҳамчун «тезпазак»– у мансабталаби “тасодуфи”– ба қалам дода онҳоро «балои аз таги по хеста» хондааст. Достиев онҳоро барои он интиқод кардааст, ки   бо «исломгароҳо» пайвастанд  ва «мардуми содаро гумроҳ карда, ба ноҷуриҳои оммавӣ хезондаву бо исломигароҳо пайвастаанд, ҷанги шаҳрвандиро оғоз бахшиданд».

Дар идома навиштааст Достиев : «Бо ин амал онҳо хавфи боз бе давлат мондану парокандагии миллатро ногузир сохтанд. Хушбахтона, мардуми бонангу бономусамон алайҳашон бархеста, бисёриҳо қурбон ҳам шуданд ва ба бахти мо тоҷикон, нафареро Сарвари давлат интихоб карданд, ки таҳдиди марговару ногузирро бартараф карда, кишвари ҷангзадаро ба яке аз кишварҳои ободу дар ҳама ҷода намоён расонд. Ин кас яке аз абармардони машҳури ҷаҳон, Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд».

“Аҷаб дунёе? Аз одамонат гардам Тоҷикистони азиз. Нафареро,ки зидди истиқлол буд, нафареро, ки бо дасти Русияву Узбакистон ва бар ивази куштаву овора кардани нисфи миллати тоҷик қудратро ғасб карда ва ҳоло тамоми бачаву духтарҳояшро ба ҳокимият овардааст, нафареро,ки байрақи сурхи СССР дар болои сар омад, имрӯз шуд  давлатсозу  ободгар! Хушомаду чоплусиву маддоҳиву тамаллуқ воқеан ҳам ақли шуморо рафиқ Достиев зоил кардааст!”

Гуфтем,ки Искандаркӯл ба Раҳмонов чи нисбате дорад?Дар воқеъ чи рабте  дорад ба Раҳмонов?

“Агар ба номи Раҳмонов маҳалле ва ё мавзеъе номгузорӣ шавад, муносибтар буд,ки мактаби рақами 7 Данғара, омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Калининобод, корхонаи равғанкашии Қӯрғонтеппа,  универмаги Данғара, совхози ба номи Ленини Данғара ,қасри Арбоби Хуҷанд, МОИ- минтақаи озоди иқтисодии Данғара  ва ё вилояти тозабунёди Данғара ва ё Донишгоҳи давлативу тиббии Данғара, мунтаҳо  тамоми Данғара ба номи Раҳмонов гузошта шавад, як каме ҳам бошад, мантиқӣ мешавад. Чунки ин ҷойҳо пайванде бо Раҳмонов доранд ва қисме аз онҳоро Раҳмонов аз ҳисоби тамоми мардуми Тоҷикистон сохту обод кард.”

Агар Раҳмонов президенти Тоҷикистон намешуд,ин ҳама иншоот сохта намешуд. Ва  шояд ҷаноби Достиев,шумо аз рӯи рафоқату дӯстии аз ҳад зиёд, меҳру муҳаббат ва садоқати бепоён ҳамон ресторани худро дар маҳаллаи «Асфалтний»-и Душанбе  ба номи Раҳмонов бигзоред, бахусус, ки дар ин ресторан «танес живота» ва «живая музика» мавҷуданд ва Раҳмонов ҳам мухлиси сахти рақсу мусиқӣ мебошад ва шумо ҳам ба наҳве  подоши медали сисолагиро ба Раҳмонов бармегардонидед.

Вале агар бихоҳед, ки ба  ягон мавзеъи  таърихӣ номи Раҳмоновро бигзоред, беҳтар ин аст ки кони намаки Хоҷамӯъминро тағйири ном кунед…. Унвони хоҷаро бо насабаш илова кунед,ки мешавад “Хоҷараҳмон” Ба ҳар ҳолат ин як каме қарибтар аст…Искандаркӯл аз ҳар лиҳоз ба Раҳмонов намечаспад ……Зеро пойи Искандар ба инҷо нарасидааст ва  дуруст ҳам гуфтаанд, ки «Ҳеч ниёзу баҳонаву далеле барои номгардон кардани Искандаркӯл нест. Номи он кӯл Искодаркӯл аст, бар гирифта аз деҳаи назди кӯл деҳаи Искодар. Вожаи Искодар бошад аз суғди ба мо мерос омада. Танҳо замони омадани русҳо ба минтақа он кулро Искандаркӯл ном бурданд, ҳамон ҳам аз истилои рус боқӣ мондааст. Чоплуси ва тамаллуқ ҳам ҳадду андозае дорад»…… рафиқ Достиев!

Share This Article