Ахлоки паёмбари гиромиямон ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи ва салллам)!

Ислоҳ нет

Ахлоки паёмбари гиромиямон ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи ва салллам)!

Чанде аз вижагиҳои неки ӯро дар зер барои хонандагони гиромиямон ба таври хеле кутоҳ ва мухтасар ҷамъ овардаем:

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва салллам) чунон буд, ки ҳамсуҳбаташ ӯро наздиктарин шахс ба худ медонист.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) бо касе рӯбарӯ мешуд аввал шуда салом мегуфт.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) ҳамеша ба зикри Худо буд.

-Паёмбар (саллаллоху алахи ва саллам) ҳаргиз аз чизе айбҷӯӣ намекард.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) ҳамнишинии фақиронро мекард.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) сахитарини мардумон буд.

-Паёмбар (саллаллохй алайхи ва саллам) бар ҷоҳилон бурдбор буд.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) бар азиятҳо шакибо буд.

-Паёмбар (саллаллохй алайхи ва саллам) аз дуруғгӯӣ нафрат дошт.

-Барои Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллом) ҳамон амал беҳтар буд, ки бардавом агарчи кам бошад.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) дар намоз бо дигарон сабукгир ва дар танҳои намозаш ба дарозо мекашид.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам)-ро агар кори хӯшоянде пеш меомад саҷдаи шукр мегузошт.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам)-ро агар аз чизе хушаш намеомад, аз чеҳрааш шинохта мешуд.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам)-ро аз коре хуш меомад, мегуфт: Худоро ба ҳамаи неъматҳояш ситоиш бод, агар аз он бадаш меомад, мегуфт: Худоро ба ҳар ҳол шукр.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) бо се ангушт луқма мебардошт, пас аз ғизо онҳоро лесида покашон месохт.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) рӯзҳои душанбе ва панҷшанберо рӯза медошт.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) мегуфт: «Худоё ҳамон гуна, ки суратамро нек кардаи сиратамро нек кун».

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва салллам) ҳамеша аз нифоқу бадбахтӣ ва бадахлоқӣ ба Худо паноҳ меҷуст.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) дар ҳар коре аз дасти рост шуруъ карданро дӯст медошт.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) чун сар ба бистар мегузошт кафи дасти росташро зери рухсораи росташ мегузошт.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) ҳаргиз таомеро бад намегуфт, агар аз он хушаш меомад мехурд ва агар не, онро мегузошт.

Чун хамехохи мусалмон зистан.

Нест мумкин чуз бар К,уръон зистан.

***
Мапиндор Саъди ки рохи сафо.!

Тавон ёфтан чуз пайи Мустафо (саллаллох алайхи ва саллам).

Share This Article