Ҳасани Басрӣ ва Умар ибни Абдулазиз (раҳимаҳумуллоҳ)

Ислоҳ нет

Ҳасани Басрӣ ва Умар ибни Абдулазиз (раҳимаҳумуллоҳ)

Насиҳате,ки онро бо обби тилло бояд навишт.

Ҳангоме ки Умар ибни Абдулазиз ба маснади хилофат нишаст ба Ҳасани Басрӣ нома фиристод ба ин мазмун: “Эй Абӯсаъид ба ман дар бораи сифатҳои имоми одил навис ва он куҷост ва уммати мусалмонон чи гуна соҳиби он шавад?”

Ҳасани Басрӣ ба ў чунин ҷавоб навишт. “ Эй Амиралмўъминин , Худованд шуморо ғариқи неъматҳояш намояд ва покдоман гардонад огоҳ бош ки Худованд имоми одилро сутуне ё меъёре барои моилкунандагон аз роҳи рост, бозуи неруманде бар зидди ҳар золим, салоҳе барои ҳар фосид, қуввате барои ҳар заъиф, мунсифе барои ҳар як мазлум ва додрасе барои ҳар як мўҳтоҷ гардонидааст.

– Имоми одил мисли чупони мушфиқ ва марди донову дурандешест, ки беҳтарин чарогоҳро барои чорвои худ ихтиёр менамояд ва онро аз ҳама гуна офатҳо нигоҳубин менамояд.
-Имоми одил монанди падари меҳрубон бар фарзанди худ аст, ки дар хурдсолӣ барои ў таъминот мекунад ва дар бузургӣ ўро таълим медиҳад ва барои эшон дар ҳаёт ва баъди марг такягоҳ мешавад.

-Имоми одил монанди модари мушфиқу некўкор ва меҳрубон аст, ки кўдаки худро бо чи мушкилоте ҳамал ва вазъ мекунад, ҳангоми оромии ў ором аст ва дар ҳоли гирифтори ў гирифтор аст, гоҳо ўро шир медиҳад ва гоҳо аз шир ҷудояш мекунад.

-Имоми одил мисли васийи ятимон ва хазинадори мискинон аст, ки хурдсолонро тарбия ва калонсолонро таъмини иқтисоди мекунад.

-Имоми одил монанди қалб байни дигар аъзои ҷисм аст, ки бо некўшавии он тамоми аъзо неку ва бо фасодшавии он тамоми аъзо фасод мешавад.

-Имоми одил миёнарав байни Худо ва бандагон аст, ки сухани Худоро мешунавад ва ба дигарон мешунавонад, осори неъмати Худоро мебинад ва онро ба дигарон нишон медиҳад, худ побанди фармудаҳои Худо мегардад ва мардумро ба он даъват ва роҳбарӣ мекунад.

-Умед дорам, ки амиралмўминин аз зумраи он имомони одил бошад, ба хости Худованд. Агар Худованд насиҳати шуморо бар мо фарз намегардонид, бар роҳнамоиву тавфиқе ки Худованд ба шумо насиб намудааст ба мавъизаи шумо ҳоҷат надоштем, лекин Аллоҳ (ҷ) аз уламо паймон гирифтааст, ки ҳар оина барои мардум роҳи ростро баён намуда, пинҳон намедоранд.

Чун амиралмўъминин Умар ибни Абдулазиз мактубро гирифт боз ба ў навишта гуфт: “ Эй Абӯсаъид дар мfзаммати дунё ба ман навис”. Аз ҷумлаи он чизе ки Ҳасан (р) ба ў навишт ин буд:

“ Эй амиралмўъминин дар дунё монанди шахсе бошед, ки ҷароҳаташро ба хотири тўлонӣ нашудани дард каме даво мекунад, шахси оқил касест, ки аз он дар ҳазар буда ба он мағрур намешавад, зеро он хоин ва фиребгар аст бо орзуву омоли зиёд худро пешкаш намуда, барои хостгорҳояш зинат додааст.

Дунё мисли арус аст, ки чашмҳо ба сўйи он менигаранд ва дилҳо майли онро доранд. Ва савганд ба номи он зоти поке,ки Муҳаммад (с)-ро ба ҳақ фиристодааст қотили шавҳарони худ аст.

Пас эй амир аз фитнаву ҳалокати он бипарҳез фаррохи дар он бо шиддату бало пайвастааст ва боқимондан дар он ба фанову нобуди мерасонад”.

Ҳангоме ки нома ба халифаи одил Умар ибни Абдулазиз расид чунон гирист, ки атрофиёнаш ба ў шафқат намуданд. Ў гуфт: Худованд Ҳасанро раҳмат кунад, Ў то ҳол моро аз ғафлат мераҳонад ва аз хоб бедор месозад. Савганд ба Худо ў хеле мушфиқу носеҳ ва воъизи содиқ аст.

Share This Article