Хумс аз куҷо баргирифта ва чӣ тавр тақсим мешавад?
(Ҷойгоҳи хумс дар ҳукуматҳои таърихӣ № 2)
Молиёти Хумс: Доктор Мусо Мусавӣ мегўяд: Тафсири ғанимат ба даромадҳо ва судҳо чизе аст, ки ҷуз пеши фуқаҳои шиъа дар ҷои дигар дида намешавад. Оят ба сароҳат мегўяд, ки Хумс дар мавриди ғаноими ҷангӣаст, на дар суди даромадҳо. Равшантарин далел барои ин, ки додани Хумс даромадҳо воҷиб нест, сирати паёмбар (с) ва сирати хулафо баъд аз ўст (с), ки Алӣ (р) низ аз хулафои ў (с) будааст ва ҳатто сираи аимаи шиъа далели равшане аст бар ин, ки Хумс гирифтан аз даромадҳо маруъият надорад, зеро сиратнигорон сирати паёмбар (с)-ро навиштаанд ва ҳама корҳои хурду бузурги ў (с) ва авомиру навоҳии ўро нигоштаанд. Чунин чизе баён накардаанд, ки паёмбар (с) дар даврони ҳаёти хеш касеро ба бозори Мадина мефиристод, то як панҷум судҳои амволи мардумро бигирад, бо ин, ки сиратнигорон ҳатто асомии касонеро, ки паёмбар (с) онҳоро барои ҷамъоварии закоти амволи муслимин мефиристод, навишта, сабт кардаанд. Ҳамчунин касоне, ки таърихи хулафо, бахусус Алиро навиштаанд дар ҳеҷ ҷойе нагуфтаанд, ки яке аз онҳо аз мардум Хумс мегирифт ё онҳо омилони худро барои ҷамъоварии Хумс мефиристодаанд.
Ва зиндагии Алӣ(р) дар Куфа маъруфу мушаххас аст ва ҳеҷ гоҳ иттифоқ наяфтода, ки Алӣ(р) касонеро ба бозори Куфа бифиристад, то аз мардум Хумс бигиранд ва ба байтулмол дар Куфа ворид кунанд. Ҳамзамон сиратнигорони аима ҳаргиз зикр накардаанд, ки аима аз мардум Хумс мегирифтанд ва ё касе моле ба номи Хумс ба онҳо додааст.1
Ҷанги Абўбакри сиддиқ (р) бо онҳо, ки аз додани закот ибо варзиданд, Абубакри сиддиқ (р) бо муртадон ва мункирони закот ба як сурат ҷангид. Китобҳои фақҳӣ ва сирати таърих навиштаанд, ки инҳо аз додани закот имтиноъ варзиданд ва нагуфтаанд, ки онҳо аз додани чизе ба номи Хумс сар боз заданд ё ин, ки агар Хумс машруъият медошт ва аз воҷибот мебуд, ҳаммонанди закот аз додани он ибо меварзиданд ва қатъан китобҳои таърих, фиқҳ ва сират менавиштанд, ки онҳо аз додани Хумс сар боз задаанд ва гуфта мешуд, ҷанг бо онҳое, ки аз додани Хумс сар боз задаанд, чун Хумс бештар аз закот аст, ё ин, ки чунин гуфта мешавад, ки ҷанг бо касоне, ки аз додани Хумс ва закот имтино кардаанд. Оё маъқул аст, ки гўем онҳо аз додани закот сар боз заданд, аммо Хумсро медоданд? Ё ин, ки Хумсро ҳам надоданд? Аммо муаррихин ва китобҳои сират ва фиқҳӣ ҳама бо ҳам тафовут карданд, ки аз Хумс ёде накунанд ва онро ба ҳисоб наёваранд?!
Ё ин, ки маъқул ин аст, ки гўем, чунин чизе аслан вуҷуд надошт, то онҳо аз додани он имтино варзанд ё аз касе чунин чизе хоста шавад.
Аббосиён ва Хумс
Аббосиён фарзандони Аббос амўи паёмбар (с) ҳастанд, онҳо бидуни ихтилоф аз хешовандони паёмбар (с) мебошанд ва(ذي القربيَْ)ки дар оят омада, қатъан онҳоро шомил мешавад. Кулени мегўяд: Касоне, ки Худованд Хумсро мутаалиқ ба онҳо гардонида, хешовандони он паёмбар (с) ҳастанд, ки Худованд онҳоро баён карда, фармудааст: (Сураи Шуъаро, ояти 214)
Ва хешовандони наздики худро битарсон ва онҳо фарзандони писару духтари Абдулмуталиб мебошанд.2Ва Аббос яке аз даҳ фарзанди Абдулмуталиб аст, пас, наси қуръонӣ ба сурате, ки тафсир шавад ў ва фарзандонашро шомил мегардад, фарзандони Аббос ба хилофат ва ҳукумат расиданд ва қарнҳои зиёд ҳокиму фармонравои давлатҳои исломӣ буданд. Онҳо метавонистанд мардумро маҷбур кунанд, то ҳақи онҳоро аз Хумс бидиҳанд, аммо ҳаргиз чунин накрдаанд ва таърих ба ҳеҷ ваҷҳ чунин чизеро зикр накардааст. Пас, чаро онҳо Хумс нагирифтаанд? Ё ин, ки онҳо араб набуданд, бинобар ин Қуръон барояшон мушкил буд ва онро намефаҳмиданд? Ё ин, ки медонистанд, ки чунин ҳаққе доранд, аммо онро раҳо карданд? Пас, чаро раҳояш карданд?!!! Оё бо ин, ки қудрат дар дасташон буд ва далели шаръӣ доштанд, ки Хумс воҷиб аст, тарсиданд? Оё аз рўи парҳезгорӣ онро нагирифтанд? Ё ин, ки дилашон ба ҳоли мардум месўхт? Ё ин, ки муътақидини он ба вуҷуби Хумс онҳоро муттаҳам мекунанд, ки инсонҳои бераҳм будаанд ва парҳезгорӣ надоштаанд! Ва оё касе метавонад гўяд, ки суннат ба мардум аз шаръиати Худо меҳрубонтар аст? Ҳаргиз на, ё ин, ки онҳо алоқае надоштанд ва бо доштани зуҳд райи худро аз чунин чизҳое дур медоштанд? Ё чизи дигаре?!
Танҳо посух ин аст, ки Хумс дороиҳо дар ислом машруъияте надорад… Бинобар ин ҳеҷ давлати Аббосӣ ё Алавӣ ё дигар давлате, ки мунтасиб ба хонадони бани Ҳошим будааст, иқдом ба гирифтани Хумс аз миллати худ накардааст, билхусус, ки ситамгарони таърих хоҳ мусулмон хоҳ кофир аз хўрдани амволи мардум ба ноҳақ парҳез намекардаанд ва таҳти ҳар исме, ки буда, онро мехўрдаанд. Пас, чӣ тавр аз хўрдани Хумс, агар машруъ ва ҳалол мебуд, парҳез мекарданд ё ин, ки дар дигар ҷойҳо бо он, ки ҳаром буда, парҳез намекардаанд?!
Оё кори ҷоиз ва ҳалолро анҷом намедоданд ва ҳамон корро аз тариқи ҳаром ва ноҷоиз анҷом медодаанд?! Оё маълум аст, ки ситамгаре амволи зиёдеро, ки хўрданаш ўро бадном мекунад, ба даст оварад?!
Фиръавнҳо ва Хумс
Дар Қуръони карим ва суннати паёмбар (с) ва сирати хулафои рошидин ва дигар ҳуккоми муслимин зикре аз Хумс ба миён наомадааст. Мо дар таърихи ислом надидаем, ки чунин молиёти сангин ва ҳангуфте бар мардум таҳаммул шавад ва аз амволи онҳо гирифта шавад. Ба ҷуз ин, ки Тавроти яҳудиён дар чанд ҷо гуфтааст, ки подшоҳи Миср дар замони қаҳтсолие, ки дар даврони Юсуф(а) рух дод, чунин молиётеро бар миллати Миср таҳмил кард. Ў баъд аз он, ки миллати Миср ба шиддат дучори фақр ва гуруснагӣ шуданд онҳо ва заминҳояшонро харид ва ҳама бардаи ў шуданд. Сипас ў онҳоро дар мазраъаҳояшон як бор мегирифт бад-ин шарт, ки як панҷум маҳсулро ба ў бидиҳанд ва чаҳор панҷи дигари он моли худи онҳо бошад.Ў вазираш Юсуфро муваззаф кард, то ин молиётро ҷамъоварӣ намояд. Аммо мардони мазҳабӣ (рўҳониён) ҳаммонанди имрўз аз додани Хумс мустасно буданд ва ин молиёт аз онҳо гирифта намешуд.
Дар китоби муқаддаси яҳудиён омадааст: (… Он гоҳ Юсуф ҳама заминҳои Мисрро барои Фиръавн харидорӣ кард, зеро онҳо ба иллати гуруснагии шадид ҳар як мазраъаашро ба Фиръавн фурўхта буд ва чунин заминҳо ҳама моли Фиръавн буд ва миллатро дар миёни шаҳрҳои Миср пароканда кард, ба ҷуз заминҳои мардони мазҳабӣ, ки харидорӣ нашуда буданд ва мутааллиқ ба худи онҳо буданд. Чун рўҳониён аз Фиръавн ҳуқуқ мегирифтанд ва онҳо ҳуқуқи худро мехўрданд ва ба хотири ин ниёзе надоштанд, ки заминҳояшонро фурўшанд. Юсуф ба миллати Миср гуфт: Ман имрўз шуморо харидорӣ кардаам ва шумо ва заминҳоятон ба Фиръавн тааллуқ доред. Заминҳоро тухм бикоред ва вақте маҳсул доданд Хумс, як панҷуми онро ба Фиръавн диҳед ва чаҳор панҷуми дигари он моли шумост, ки аз он барои худ нигаҳдорӣ кунед ва дубора бикоред, ки тўшаи хонаводаатон мебошад. Гуфтанд: Хуб аст мо бардагони Фиръавн хоҳем буд ва то ба имрўз Юсуф инро дар Миср қонун кард, ки Хумсро ба Фиръавн диҳанд. Ба ҷуз заминҳои рўҳониён, ки моли Фиръавн набуд. Исроил дар сарзамини Миср дар Ҷосон иқомат гузид ва молики он ҷо шуданд ва теъдодашон зиёд гардид.)3
Тааммуле бар ин нас
Дар ин наси Таврот омадааст, ки Фиръавн бо вуҷуди он, ки тоғут ва мутакаббир буд, замоне Хумсро бар миллати худ воҷиб гардонид, ки онҳо ва заминҳояшонро харид ва онҳо бардаи ў шуданд. Заминҳояшон дар моликияти ў қарор гирифт! Яъне Фиръавн вақте аз онҳо Хумс мегирифт, рафторе бо онҳо кард, ки сайид бо бардааш мекунад, яъне пардохтани Хумс дар бовар ва ойини Фиръавн чизе буд, ки бояд барда ба соҳибаш пардозад!!
Оё нигоҳи шаръиати Фиръавн ё Исроил ба инсон нигоҳе меҳрубононатар ва пешрафтатар будааст. Дар он замонҳои бисёр дур, ки башарият аз иртиҷоъ ва нигоҳи ноқис ба инсон ранҷ мебурд, бо вуҷуди он додани Хумсро ба ин маъно қарор додааст, ки касе, ки Хумс медиҳад бардаи касе аст, ки Хумс мегирад!!Бинобар ин гирифтани Хумс аз инсонҳои озодро ҷоиз надонистааст ва шаръиати Фиръавн инро чизе медонад, ки танҳо шоистаи бардагон аст, пас, чӣ тавр баъд аз он шаръиати осмонии Муҳаммад (с), ки башариятро аз зулм ва ба бардагӣ кашондани инсонҳо озод кард, барда шуданро мояи ифтихор дар гардани озодагон қарор медиҳад!!
Агар касе бо кафши худ ба сари каси дигаре бизанад, тардиде нест, ки ин кори зиште аст, ки набояд дар баробари он сукут кард, аммо аз он бадтар ин аст, ки чунин чизеро ифтихор бидонад ва бадтар аз он ин аст,ки инсон аз касе, ки бо кафш бар сари ў зада, сипосгузорӣ кунад ва маросими бузургдошт барои ў барпо намояд!
Дар насе, ки аз Таврот нақл шуд, низ ин амр қобили тааммул аст, ки Фиръавн бо вуҷуди мақом ва густурдагии фармонравоӣ ва бузургии подшоҳиаш ва қудрати волои худ, гирифтани Хумс амволи мардумро бидуни он, ки дар иваз чизе дода бошад, зиёдаравӣ медонист. Бинобар ин ў баъд аз он, ки онҳо ва заминҳояшонро бо пули худ харид, аз онҳо Хумс мегирифт, чун ин молиёти зиёд ва сангин буд (Хумс тамоми дороиҳо ва даромадҳои мардум!!)
Ва имрўз касоне меоянд, ки як дирҳаму динор надодаанд ва ҳеҷ заҳмате накашидаанд ва арақе нарехтаанд, инҳо меоянд, то мардум амволи худро ба онҳо тақсим кунанд ва ба таври муфт Хумс амволи мардумро бидуни хиҷолату ҳаё мегирифтанд ва ҳатто изофа низ бар он мекарданд!!
Ва дар поён мегўем: Оё Хумс аз он ҷо бар шумо сироят карда, шумо онро аз Тавроти яҳудиён ва уламои онҳо вориди мазҳаби худ кардаед каме таъаммул кунед дар ин муқойса агар руҳу равони инсони солимро доред?!
Идома дорад бо мо бошед!
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН
Маъхазҳо:
1. Ал-шиъа вал тасҳеҳ.
2. Ал-кофӣ 540/1.
3. Фасли 47 Сафар-ул-таквин оёти 20-27, ҳамчунин Хумс дар фасли 41, ояти 25 зикр шудааст.
Сомонаи Васатият:http://www.wasatiyat.tj/2011-…/2768-2013-11-28-02-26-45.html
Бахши Фесбукии мо :https://www.facebook.com/groups/160750644136038/permalink/163093437235092/