Ҳаёти комили Усмон ибни Афон (р) дар 54 сатр!

Ислоҳ нет

Ҳаёти комили Усмон ибни Афон (р) дар 54 сатр!

Дар ин мақола мехоҳам ҳаёти бо саодати Усмон ибни Афон (р) ро дар 54 даста табақабанди намоям он хонандае,ки аз ҳаёти он ҳазрат хондааст ва огоҳи дорад онҳоро хубтар ба хотир месупорад.Амо он хонандае,ки онро нахондааст ба таври мухтасар аз он огоҳи ёбад то ҳангоми хондани таърихи он ҳазрат ривоёти ғалат ва муғризонаро нисбати он ҳазрат эҳсос намояд ва ба он эътимод накунад.Умедаст онро бо диққат мехонед то дар хотираи шумо нақш бандад.

1- Усмон разияллоҳу анҳу дар аҳди ҷоҳилият низ аз бузургони Қурайш буд ва ба далели манзалати баланд, сарват, шарму ҳаёи бисёр ва гуфтори неку рафтори шоиста бисёр мавриди муҳаббату эҳтироми мардум қарор дошт. Худи ў гуфтааст, ки дар ҷоҳилият дар баробари ҳеҷ буте сар бар хок наниҳод ва на муртакиби фаҳшое шуд ва на лаб ба шароб зад.

2- Сиву чаҳор сол аз умраш мегузашт, ки бо даъвати Абўбакри Сиддиқ разияллоҳу анҳу бе тааммулу таъхир ба Ислом имон овард ва ба ин тартиб ифтихори онро ёфт, ки аз ҷумлаи «собиқини аввалин» бошад.

3- Бо Ислом овардани Усмон разияллоҳу анҳу як пайванди муҳкам ва ногустастанӣ миёни ў ва дигар бародарону хоҳарони мусулмонаш ба вуҷуд омад, то онҷо, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам Руқия духтари бузургвори худро ба ақди ў даровард.

4- Ҳамаи қавму миллатҳо бояд суннати озмоиши Илоҳиро бигузаронанд ва саҳобаи бузургвор разияллоҳу анҳум низ аз ин қонун мустасно набуданд. Онҳо дар роҳи иқомаи дини ҳақ ранҷҳо ва сахтиҳоеро ба ҷон хариданд, ки кўҳҳои сар ба фалак кашида низ тавони таҳаммули онҳоро надоранд. Ин мардон ва занони боимон ва мухлис дар ин роҳи тоқатфарсо аз ҷону моли худ даст шустанд ва барои баланд бардоштани парчами Ислом аз ҳеҷ кушише даст накашиданд. Дар ин роҳ ҳеҷ як аз онон аз он ранҷҳо ва мусибатҳо мустасно набуд ва ҳамагон, чӣ фақирони мисли Аммору Билол разияллоҳу анҳумо ва чӣ сарватмандоне мисли Усмон ибни Аффон разияллоҳу анҳу, ки амакаш Ҳакам ибни Абўлъос ўро ба хотири дини наваш азоб медод, ранҷҳои бисёре бурданд.

5- Усмон разияллоҳу анҳу аз ҳамон замоне, ки ба Ислом имон овард, дар канори Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд ва ҷуз ҳангоми ҳиҷрат ва ё замоне, ки дастур мегирифт кореро ба анҷом расонад, Ҳазрати Расул саллаллоҳу алайҳи ва салламро танҳо нагузошт.
6- Усмон разияллоҳу анҳу аз ҳамон рўзҳои нахустини зуҳури Ислом, иртиботи доим ва танготанге бо Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва дигар бузургони саҳоба разияллоҳу анҳум дошт ва ин сабаб шуд, ки ў дар батни ҷараёни комили раванди рў ба рушди таъсис ва таҳкими появу аркони шариати Ислом қарор дошта бошад.

7- Усмон разияллоҳу анҳу ҳамчун дигар саҳобаи бузургвор разияллоҳу анҳум аз ҳамон чашмаи парвариш ва тазкияи нубувват сероб шуд ва дар мактаби Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва дар пешгоҳи худи ў тарбия ёфт.

8- Ҳамон тавр, ки баён шуд Усмон разияллоҳу анҳу аз ҳамон оғози Ислом овардан, ҳамроҳ ва ҳамқадами Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд. Ва дар ҳама шароит ва лаҳзаҳои ҳассос чӣ дар Макка ва чӣ дар Мадина дар канори Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳузури фаъол дошт ва ин сабаби он шуд, ки дар мадрасаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам парвариш ёбад, ки ин худ муҳимтарин омил дар шукуфо шудани истеъдодҳо ва тавоноиҳои ў ва парваришу тазкияи камназири шахсияти ў буд.

9- Ба хилофи тўҳматҳои мунҳарифон ва гумроҳон, Усмон разияллоҳу анҳу танҳо ба ин далел дар ҷанги Бадр ҳузур наёфт, ки ба амри худи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам вазифа дошт аз Руқия ҳамсараш, духтари бузургвори Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки дар бистари беморӣ буд, нигаҳбонӣ намояд. Дар воқеъ, ў мисли дигар саҳоба разияллоҳу анҳум медонист, ки фазл ва аҷри ҳузур дар ин ҷанг назди Худо ва Расулаш саллаллоҳу алайҳи ва саллам то чӣ андоза аст. Ва ба ҳамин далел ў низ ҳамроҳи сипоҳи Ислом ба роҳ афтод, аммо бино ба дастури Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Мадина бозгашт то аз ҳамсараш духтари Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам нигаҳбонӣ кунад. Муҳимтарин далели ин иддао он аст, ки чун Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Мадина бозгашт, Усмон разияллоҳу анҳуро дар савоб ва ғаниматҳои он ҷанги сарнавиштсоз саҳмдор намуд.

10- Дар вақеаи сулҳи Ҳудайбия, Усмон разияллоҳу анҳу аз чанд ҷанба нисбат ба дигар саҳоба разияллоҳу анҳум фазилат ёфт: Аввал он, ки чун аз тарафи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Макка рафт, Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳангоми байъат бо саҳоба разияллоҳу анҳум ба ҷои дасти Усмон разияллоҳу анҳу, бо дасти худ байъат намуд. Дуввум он, ки ў маъмурият ёфт то пайғоми Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва салламро ба мусулмонони ҳозир дар Макка бирасонад. Аз тарафи дигар Набии акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам эълон намудааст, ки Усмон разияллоҳу анҳу ҳаргиз бе ризоияти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам тавоф нахоҳад кард ва танҳо он ҳангом, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳаҷро ба ҷой оварад, Усмон разияллоҳу анҳу низ он фаризаро анҷом медиҳад.

11- Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам шафоати Усмон разияллоҳу анҳу дар мавриди Абдуллоҳ ибни Саъд ибни Абисарҳро қабул кард ва ўро мавриди бахшиши худ қарор доданд.

12- Баъд аз вафоти Руқия духтари Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам Умми Кулсум духтари дигарашонро ба никоҳи Усмон разияллоҳу анҳу дароварданд.

13- Аз муҳимтарин иқдомоти иқтисодии Усмон разияллоҳу анҳу метавон хариди чоҳи Румма ба нархи бист ҳазор дирҳам ва вақфи он барои истифодаи ҳамагон, васеъ кардани Масҷидуннабӣ ва пардохти ҳазинаҳои омода кардани сипоҳи Табукро ном бурд.

14- Ҳадисҳои муътабари бисёре дар баёни фазилати Усмон разияллоҳу анҳу ба дасти мо расидааст, ки аз мақому манзалати ў назди Худо ва Расулаш саллаллоҳу алайҳи ва саллам хабар медиҳад. Низ мусаллам аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам рух додани он фитнаи бузургро ба ў хабар дода ва ўро аз ҳодисаҳои он огоҳ намуда буд.
15- Усмон разияллоҳу анҳу аз ҷумлаи саҳобае буд, ки ҳам дар даврони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ҳам дар даврони хилофати Абўбакр ва Умар разияллоҳу анҳумо аз мардони муҳим ва соҳибназар ба ҳисоб меомад. То он ҷо, ки дар бештари масъалаҳои муҳим раъй ва назари ўро мепурсиданд. Нақл аст, ки ў дар аҳди Абўбакр разияллоҳу анҳу ба далели нармӣ ва мулоимии бисёр пас аз Умар разияллоҳу анҳу, ки ба сахтгирӣ ва ҷиддӣ будан шўҳрат дошт, аз эътибор ва обрўи бисёре бархурдор буд, ба тавре, ки агар Умар разияллоҳу анҳуро вазири Абўбакр разияллоҳу анҳу мегуфтанд, Усмон разияллоҳу анҳуро муътамад ва соҳиби сирри Абўбакр разияллоҳу анҳу ва котиби аввали ў медонистанд.

16- Усмон разияллоҳу анҳу ҳамчунин дар даврони хилофати Умар разияллоҳу анҳу низ аз эътибори хоссе назди халифа бархурдор буд, ба тавре, ки мардум чун мехостанд масъалаи муҳиммеро назди Умар разияллоҳу анҳу матраҳ кунанд, аввал Усмон разияллоҳу анҳу ва ё Абдурраҳмон ибни Авф разияллоҳу анҳуро пешрав интихоб менамуданд. Ин эътибор то ба он ҷо буд, ки дигар мусулмонон Усмон разияллоҳу анҳуро «радиф» мегуфтанд. Дар луғат «радиф» ба фарде гуфта мешавад, ки пушти сари савораи рўи асбу шутур ва ғайра менишинад ва араб ҳар киро, ки баъд аз раисон аз эътибору обрўи бисёре бархурдор бошад ва ба таъбири имрўз марди рақами ду маҳсуб шавад, «радиф» мегўянд. Ҳаргоҳ мардум аз тариқи ин ду ба ҳадафашон намерасиданд, Аббос разияллоҳу анҳу амаки Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва салламро назди Умар разияллоҳу анҳу мефиристоданд.

17- Дар ҷараёни музокираҳои шўрои хилофат аз муҳимтарин иқдомоти Абдурраҳмон ибни Авф разияллоҳу анҳу ин буд, ки худро аз рақобат бар сари мансаби хилофат канор кашид ва сипас бо машварат ва назари дигар аъзои шўро Усмон разияллоҳу анҳуро ба ин мақом баргузид ва тавонист ба беҳтарин шакли мумкин иҷмоъи умматро дар ин робита фароҳам оварад.

18- Дар робита бо музокираҳои шўрои хилофат, бисёр ривоятҳои сохташудае вуҷуд доранд, ки бе шак сохта ва бофтаи хаёлоти душманони кинатузи Ислом ҳастанд. Мутаассифона, шарқшиносон ва нависандагону таърихнависони муосир низ ин ривоятҳои ботил ва дурўғинро, ки ҳам аз назари санад ва ҳам аз назари матн заиф ва ноустувор мебошанд, поя ва асоси мутолиаҳову таҳқиқоти худ қарор додаанд.

19- Бино ба далелҳои зиёд, баъд аз шаҳид шудани Умар разияллоҳу анҳу Усмон разияллоҳу анҳу лоиқтарини афрод барои амри хилофат буд. Тамоми саҳоба разияллоҳу анҳум ва ононе, ки аз роҳу равиши онҳо пайравӣ мекунанд, бар ин нукта иттифоқи назар доранд.

20- Чун Усмон разияллоҳу анҳу ба хилофат расид, бархост ва хутбае эрод намуд ва ба мардум эълон кард, ки ў дар ҳукумати худ, бар асоси Қуръону Суннат ва роҳу равиши ду халифаи пешин Абўбакр ва Умар разияллоҳу анҳумо ҳукм меронад. Ҷуз дар мавриди иҷрои ҳудуд(ҷазоҳои ҷисмонӣ барои аз роҳи дин берун баромадан ва муртакиби гунеҳе шудан дар он раҳм наменамояд онро иҷро менамояд), сабр ва гузашт ва меҳрубониву ҳикматро асоси рафтору кирдори худ қарор медиҳад. Сипас дар муҳтавои суханрониаш, мардумро аз гароиш ба дунё ва шефтаи он шудан барҳазар дошт, то мабодо бар сари чанбари дунё(моли дунё) дучори рақобати носолим ва буғзу ҳасад ва нафрат нисбат ба якдигар шаванд, ки онгоҳ иттиҳоди худро аз даст медиҳанд ва қудрату ҳайбаташон аз байн меравад.

21- Доштани сифатҳо ва хусусиятҳое мисли имон, илм, қудрати ҳидоят ва мудирият, сабру оромиш, гузашт, саховат, фурутанӣ, шарму ҳаё, иффат, караму ҷавонмардӣ, далерӣ, хирадмандию дурандешӣ, тарси Худо, назорати доим бар авзоъ ва аҳволи мардум ва таъйини афроди лоиқ ва тавоно дар мансабҳои мухталиф, ин имтиёзро ба Усмон разияллоҳу анҳу медод, ки роҳбар ва пешвои тавоно ва коромад бошад.

22- Шинохти хусусиятҳои хос ва фардии ҳар як аз хулафои рошидин, ин имконро ба мусулмонон медиҳад, то дар миёни худ беҳтарин ва шоистатарин роҳбаронро интихоб кунанд.

23- Сиёсатҳои молӣ ва иқтисодии Усмон разияллоҳу анҳу ба ин усул устувор буд: Иҷро намудани сиёсатҳои куллии Ислом дар заминаи иқтисод, таъйини он миқдор аз молиёт ва хироҷе, ки латмае бар мардум ворид накунад, гирифтани ҳақ ва ҳуқуқи байтулмол аз мардум, ситонидани хароҷ ва ҷизяе, ки ба аҳли зимма воҷиб аст, додани ҳақ ва ҳуқуқи мардум аз байтулмол, амонатдор ва вафодор будани коркунони умури молиётӣ, аз байн бурда решакан кардани ҳар навъ каҷравие, ки бар асари рифоҳ ва сарват дар миёни мардум ба вуҷуд меояд.

24- Ҳазинаҳо(нафақа ва масрафот)-и давлати Усмон разияллоҳу анҳу иборат буданд аз: Пардохти музд ва подоши волиҳо ва сарбозон, таъмини буюҷети ҳаҷ, бозсозӣ ва васеъ кардани Масҷидуннабӣ ва Масҷидулҳаром, таъсиси аввалин нерўи дарёии сипоҳи Ислом, интиқоли бандари Ҳиҷоз аз Шуъайб ба Ҷидда, кандани чоҳҳои зиёд барои сокинони шаҳрҳою деҳаҳо ва мусофирон, таъйини маош барои муаззинон ва бисёр мавридҳои дигар.

25- Эътирозгарон бар асоси овозаҳо ва дурўғҳои сабаиҳо, Усмон разияллоҳу анҳуро айбдор менамуданд, ки гўё ў даст ба исрофи амволи байтулмол мезанад ва онҳоро дар ихтиёри хешовандон ва наздиконаш қарор медиҳад. Баъдҳо душманони дини Ислом ин дурўғҳоро дар қолаби ривоятҳои бе появу асос бар зидди Ислом ба наслҳои баъдӣ мунтақил карданд ва имрўз мебинем, ки муҳаққиқон ва нависандагон онҳоро ба чашми ҳақоиқ мебинанд ва мутолиоти худро бар асоси онҳо гирдоварӣ мекунанд.

26- Даврони хилофати Усмон разияллоҳу анҳу дар қатораи асри хулафои рошидин аз Абўбакр разияллоҳу анҳу то Алӣ разияллоҳу анҳу аст, ки ба далели наздик будан ба даврони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва робитаи зичи ў бо он аҳд ва иҷрои комил ва дақиқи суннати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, дар назди мусулмонон аз аҳаммияти хоссе бархурдор аст.

27- Муҳимтарин барномаҳои низомии аҳди Усмон разияллоҳу анҳуро метавон аз ин мавридҳо донист: Саркўбии шўриши эрониҳо ва румиҳо, ки бар зидди ҳукумати Исломӣ бархоста буданд ва бозгардонидани оромиш ва амният ба он сарзаминҳо. Идомаи раванди футуҳот то битавонад ҳамлаҳои такрории душманони Исломро хунсо намояд. Таъсиси пойгоҳҳо ва марказҳои низомии муҳим ва собите, ки мусулмонон битавонанд аз марзҳои ҳукумати Исломӣ муҳофизат ва нигаҳбонӣ намоянд. Ташкили нерўи дарёӣ, ки ниёзҳои низомии сипоҳи Исломро таъмин кунад.

28- Пойгоҳҳои низомӣ дар ин аҳд ҳамон марказҳои вилоятҳо буданд, ки масъулияти муҳофизат аз марзҳоро бар ўҳда доштанд. Ин марказҳо иборат буданд аз марказҳои Куфа ва Басра дар Ироқ, маркази Димишқ дар Шом ва маркази Фустот дар Миср. Ҳамаи инҳо вазифадор буданд, ки шароит ва имконияти дифоъ аз қаламрави Исломӣ ва идомаи раванди футуҳот ва нашру густариши Ислом ба дигар минтақаҳоро таъмин намоянд.

29- Аз машҳуртарин фармондеҳони ҷангҳо ва футуҳоти аҳди Усмон разияллоҳу анҳу Аҳнаф ибни Қайс, Сулаймон ибни Рабиъа ва Абдурраҳмон ибни Рабиъа ва Ҳабиб ибни Масламаро метавон ном бурд.

30- Набарди бузургу сарнавиштсози Зотуссаворӣ аз бузургтарин намунаҳои ҷилваҳои пирўзии ҳақ бар ботил ва бартарии имони ростин ва халалнопазир бар асрҳо таҷриба ва анбўҳи имконоти низомиёни кордону варзидаи сипоҳи Рум буд, ки чандин қарн таҷрибаи ҷангҳои бузурги дарёиро пушти сар доштанд ва дар муқобили онҳо мусулмононе қарор доштанд, ки танҳо чанд соле беш набуд, ки бо ин навъ ҷанг ошно шуда буданд.

31- Муҳимтарин дарсҳо ва ибратҳое, ки мусулмонон дар ҷараёни футуҳоти аҳди Усмон разияллоҳу анҳу ба даст оварданд иборатанд аз: Таҳаққуқи ваъдаи Худованд ба мўъминон бар пирўзии онҳо дар баробари кофирон ва мушрикони қудратманд. Пешрафти дар фанҳо ва тактикаҳои ҷангӣ ва сиёсат. Қадам гузоштан ба паҳнои дарёҳо. Лозим будани бадастоварии маълумоти авзоъ ва шароити сипоҳиёни душман ва шинохти аҳаммият ва нақши ҳифзи ваҳдати калима дар рў ба рў шудан бо душманон.

32- Аз ҷараёни гирдоварии мусҳафи ягона дар аҳди Усмон разияллоҳу анҳу метавон андозаи фаҳм ва дарки саҳоба разияллоҳу анҳумро аз оятҳое, ки мўъминонро аз тафриқа ва ихтилоф барҳазар медоранд дарёфт. Ба хотири фаҳми дуруст ва амиқи саҳобае мисли Ҳузайфа ибни Ямон разияллоҳу анҳу буд, ки чун ихтилофоти ба вуҷуд омада бар сари тарзи қироати Қуръонро дар миёни Ироқиҳо ва Шомиҳо дид, зуд худро ба Мадина ба назди Усмон разияллоҳу анҳу расонд ва хатари ин ҷараёнро ба ў гўшзад намуд ва Усмон разияллоҳу анҳу низ бинобар ҳамон шинохти амиқ аз Қуръон, бо гирдоварии мусҳафи ягона дари он фитнаро барои ҳамеша баст.

33- Фароҳам намудани муқаддамоти ваҳдат миёни уммати Ислом аз бузургтарин ҷиҳодҳо ва қадами бисёр муҳим дар зинда кардани иззат ва каромати мусулмонон ва ҳоким гардонидани шариати Худованд аст. Ин манзараро метавон дар рафтору кирдори хулафои рошидин, ба хусус он ҳангом, ки Усмон разияллоҳу анҳу ҷиҳати ҳифзи ваҳдат миёни мусулмонон иқдом ба гирдоварии мусҳафи ягона намуд, ба равшанӣ мушоҳида кард.

34- Муҳимтарин сарзаминҳои аҳди Усмон разияллоҳу анҳу иборатанд аз: Макка, Мадина, Баҳрайн, Ямома, Яман, Ҳазрамавт, Шом, Арманистон, Миср, Басра ва Куфа.

35- Аз муҳимтанин равишҳои Усмон разияллоҳу анҳу барои огоҳ шудан аз тарзи ҳукумату амалкарди волиҳо ва кормандонаш, метавон ин мавридҳоро ном бурд: Гуфтугў бо ҳоҷиҳое, ки дар мавсими ҳаҷ аз минтақаҳои мухталиф ба Ҳиҷоз меомаданд, Гуфтугў бо мусофирон ва бозаргононе, ки аз дигар вилоятҳо ва сарзаминҳо ба Мадина ворид мешуданд. Фиристодани муфаттишони боваринок ба вилоятҳо. Даъвати волиҳо ва кормандон ва сўҳбат оростан бо худи онҳо ва дигар услубҳои муфид.

36- Ҳуқуқи волиҳо дар аҳди хулафои рошидин: Мавриди итоат қарор гирифтан дар ғайри маъсияти Худои мутаол. Анҷоми амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар нисбат ба онҳо. Расонидани маълумотҳои дурусту муҳим ба онҳо. Ҳифзи эҳтиром ва каромати онҳо баъди аз мақом ва вазифа барканор шудан. Пардохти саривақтии музд ва таъмини эҳтиёҷоти онҳо.

37- Вазифаҳое, ки волиҳо дар ин аҳд дар баробари хулафо ва уммат вазифадор ба риояти онҳо буданд иборатанд аз: Барпо ва иҷрои дастуроти шариат. Ҳифзи амният ва ҷону мол ва номуси мардум. Ҷиҳод дар роҳи Худо. Талош дар ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти мардум. Таъйин ва баргузидани коркунон ва масъулони амин ва дурусткор. Ҳифзи ҳуқуқи аҳли зимма. Машварат бо бузургон ва фарзонагони ҷомеа. Эҳтимом дар ҷиҳати созандагӣ ва ободонии қаламрави кишвар ва таваҷҷўҳ ба масоили иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум.

38- Усмон разияллоҳу анҳу халифае аст раҳёфта, ки чун дигар саҳоба разияллоҳу анҳум лаёқати иқтидо намудан ба ўро дорад. Бинобар ин, иқдомоти ў суннате аст ҳасана, ки метавон аз онҳо пайравӣ намуд ва ба онҳо иқтидо кард. Ҳамон тавр, ки Умар разияллоҳу анҳу бино ба далелҳои хоссе ақрабо ва хешовандони худро аз ҳукумат дур нигаҳ дошт, бар хилофи ў Усмон разияллоҳу анҳу хешовандону наздикони худро, ки тавон ва лаёқати мансаберо доштанд ба кор мегирифт, то битавонад беҳтарин натиҷаҳоро аз ин иқдом ба фоидаи Ислом ва мусулмонон ба даст оварад. Бинобар ин сифатҳо, тамоми гапу суханҳое, ки ба ноҳақ дар мавриди ў ва равобиташ бо хешону ақрабояш гуфта шудааст, нодуруст ва ноодилона аст ва бояд донист, ки тамоми иқдомоти ў дар чорчўби шариат ва қобили пазируфтан мебошад.

39- Тамоми хешовандони Усмон разияллоҳу анҳу, ки ў онҳоро дар мансабҳои мухталиф ба кор гузошт ҳама аз тавон ва лаёқати лозим ҷиҳати анҷоми вазифаҳои худ бархурдор буданд ва бар асоси ҳамин тавоноиҳо ва шоистагиҳо буд, ки тавонистанд қаламравҳои таҳти амри худро ба таври ҳарчӣ беҳтар идора кунанд, сарзаминҳои бисёреро фатҳ ва ба қаламрави Давлати Исломӣ замима намоянд, адл ва эҳсонро дар миёни мардуми таҳти ҳукуматашон густариш диҳанд. Аз тарафи дигар буданд дар миёни онҳо касоне, ки дар аҳди Абўбакр ва Умар разияллоҳу анҳумо низ соҳиби мақому мансабҳои муҳимме буданд ва маъмуриятҳои зиёде ба онҳо вогузор шуда буд.

40- Ҳар ки бе ҳеҷ навъ ғараз ва кинае ба мутолиаи амиқи таърихи Ислом ва сирати бузургони ин уммат, ки дар тўли даврони хулафои рошидин ва ба хусус аҳди Усмон разияллоҳу анҳу ва хидматҳои бисёр шоистаи онҳо дар ростои васеъ намудани қаламрави Давлати Исломӣ, нашру густариш ва мудирияти камназире, ки дар он шароит аз худ ба намоиш гузоштанд бипардозад, бе шак дучори фахр ва мубоҳот нисбат ба таърихи ин мардони бузург мешавад.

41- Мутаассифона, шахсияте монанди Усмон разияллоҳу анҳу аз шарри тўҳматҳову дурўғҳое, ки муҳаққиқон ва нависандагоне ноодилона ва беинсофона онҳоро бар асоси ривоятҳои заифи рофизиён дар асарҳои худ ба ин шахсият нисбат додаанд, дар амон намондааст. Нависандагоне мисли Тоҳо Ҳусайн дар китоби «Ал-фитнату-л-кубро», Розӣ Абдурраҳим дар китоби «Ан-назму-л-исломия», Муҳаммад Аррайис дар китоби «Ан-назариёту-с-сиёсия», Алӣ Ҳусайн Ал-хурбутлӣ дар китоби «Ал-ислому ва-л-хилофа», Абўлаъло Алмавдудӣ дар китоби «Ал-мулку ва-л-хилофа» ва Саид Қутб дар китоби «Ал-адолату-л-иҷтимоия» чунин рафтор карда ва ҳукмҳои ғайри масъулона ва ноодилонаеро, ки қисмате аз мутақаддимин дар китобҳояшон содир ва қисмате аз мутааххирин бе таҳқиқи лозима дар мавриди ин шахсияти воқеан мазлум табъу нашр карда ва ўро ба боди тўҳматҳо ва интиқодоти шадид қарор додаанд.

42- Бар асоси санадҳо ва мадракҳои муътабари таърихӣ ва ҳадисӣ Усмон разияллоҳу анҳу ҳаргиз иқдом ба табъиди Абўзар накард, балки ин худи Абўзар разияллоҳу анҳу буд, ки дар он шароити ҳассос, маслиҳатро дар ин дид, ки аз Мадина хориҷ шавад ва дар атроф ва гўшаи он истиқомат кунад ва ба ҳамин далел аз Усмон разияллоҳу анҳу иҷоза хост то чунин кунад ва Усмон разияллоҳу анҳу низ дар ҳамин росто чунин иҷозае ба ў дод. Аммо боз дар ин маврид низ душманони Усмон разияллоҳу анҳу даст ба шайтанат заданд ва чунон вонамуд карданд, ки ин Усмон разияллоҳу анҳу буд, ки Абўзар разияллоҳу анҳуро табъид намуд.

43- Бе шак, Абўзар разияллоҳу анҳу ба ҳеҷ унвон таҳти таъсири афкор ва ақидаҳои Абдуллоҳ ибни Сабаъ қарор нагирифт ва ба ҳеҷ тарзе дар ҷараёноти фитна нақш надошт, то саранҷом дар минтақаи Рабза дори фониро видоъ гуфт.

44- Муҳимтарин далелҳо ва иллатҳои рух додани фитнаро метавон мавридҳои зайл гуфт:
– Рифоҳ ва сарвати мавҷуд дар ҷомеаи он рўз.
– Пайдоиши тағйирот ва дигаргуниҳои зиёд дар сохтор ва фарҳанги ҷомеа.
– Ба хилофат расидани Усмон разияллоҳу анҳу бо он хусусиятҳои махсуси худ, баъд аз хилофати беназири Умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу.
– Хориҷ шудани бузургони саҳоба разияллоҳу анҳу аз Мадина ва пароканда шудани онҳо дар шаҳрҳои мухталиф (,ки табиатан ин маҷолро ба дигарон медод то дар пойтахти давлат тохту тоз кунанд).
– Густариши дубораи таассуботи асри ҷоҳилият.
– Таваққуфи раванди футуҳот (,ки қоидатан бекор шудани он гурўҳи бузурги сарбозон ва коҳиши ғаниматҳоро дар пай дошт).
– Ривоҷи фаҳми нодурусте аз вараъ ва зўҳд дар ҷомеа.
– Ҷоҳталабиҳо ва ҳарисиҳои ҷоҳталабон ва тамаъкорон.
– Фитнаандозии душманон ва кинатузони Ислом.
– Нақшаҳои дақиқ ҳисобшудаи душманон ва мунофиқон ҷиҳати заиф кардани пояҳои ҳукумат ва ба кор гирифтани равишҳо ва тактикаҳои зиёд ва гуногун, ки метавон аз тариқи онҳо мардумро бар зидди ҳукумат ба ҳаяҷон овард ва ба шўриш водор намуд.
– Вуҷуди марди маккор ва шайтонсифате мисли Абдуллоҳ ибни Сабаъ дар батни ҳодисаҳои фитна.

45- Аввалин шўълаҳои фитна дар Куфа афрўхта шуд, аммо пас аз табъиди раҳбарони ин фитна ба Шом ва сипас ба минтақаи Ҷазира ва назди мардуми ҷиддие мисли Абдурраҳмон ибни Холид ибни Валид авзоъ ба таври муваққат ором шуд, аммо бо мукотибаи Язид ибни Қайс аз раисони фитна бо табъидшудаҳо, онон ба Куфа гурехта ва ошкоро фитнаро оғоз карданд.

46- Сиёсати Усмон разияллоҳу анҳу дар рў ба рў шудан бо ҷараёни фитна бар асоси сабру оромиш ва гузашт устувор буд. Ў бар ҳамин асос равишҳои зеринро ҷиҳати ҳаллу фасли ин моҷаро дар пеш гирифт:
– Фиристодани ҳайатҳои таҳқиқ ва баррасӣ ба вилоятҳои мухталиф.
– Фиристодани номаҳои зиёд ба ҳамаи вилоятҳо, ки ба унвони баёния аз ҷониби халифа ба уммат буд.
– Машварат бо волиҳо.
– Гуфтугў бо эътирозгарон ва посух ба интиқодҳои онҳо ва таъмини бахше аз хостаҳо ва талаботи онҳо.

47- Бо диққат намудан дар тарзи бархурди Усмон разияллоҳу анҳу бо он фитна метавон дарсҳое аз он омўхт то дар мавқеъҳои муносиб онҳоро ба кор бурд. Муҳимтарини ин нуқтаҳо иборатанд аз:
– Сабру истиқомат.
– Риояи адолат.
– Ҳифзи оромиш ва матонат.
– Талош дар ҷиҳати ҳифзи ваҳдати калима.
– Иҷтиноб аз таблиғот ва ба роҳ андохтани ҷангу ҷидол.
– Машварат бо бузургон ва фарзонагон.
– Бозгашт ва такя ба ҳадисҳое, ки дар мавриди фитнаҳо ҳастанд.
48- Муҳимтарин омилҳое, ки Усмон разияллоҳу анҳуро водор кард саҳоба разияллоҳу анҳум ва мардуми Мадинаву дигар шаҳрҳоро аз ҷангу набард бо эътирозгарон монеъ шавад, иборатанд аз:
– Амал ба васияте, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ўро ба риояи он супориш намуда буд ва он назди Усмон разияллоҳу анҳу мисли паймоне буд миёни ў ва Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки мебоист то лаҳзаҳои охир ба он пойбанд бимонад.
– Усмон разияллоҳу анҳу дар миёни уммати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам намехост аввалин ҳокиме бошад, ки ҷангу хунрезӣ ба роҳ андозад.
– Ў хуб медонист, ки эътирозчиён танҳо ўро мехоҳанд ва қасди аз миён бурданашро доранд ва ба ҳамин далел, ҷоиз намедид, ки ҷони дигар мусулмононро қурбони ҷони худ гардонад.
– Усмон разияллоҳу анҳу, бар асоси гуфтаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, яқин дошт, ки ба хотири сабр ва пойдорӣ дар баробари мусибате, ки ба он дучор мешавад, ба Биҳишт башорат дода шудааст ва ў дар он моҷаро кушта хоҳад шуд.
– Ў ҳамон халифаест, ки ба хотири дифоъ аз ҳақ ҷони худро аз даст медиҳад.
– Абдуллоҳ ибни Салом дар баробари эътирозгарон ба ў гуфта буд: Бо эътирозгарон даргир машав, ки сабр ва пойдории ту беҳтарин ҳуҷҷат ва далел дар радди иддаоҳои дурўғини онҳост.

49- Ҳарчанд ривоятҳо номи қотили Усмон разияллоҳу анҳуро зикр накардаанд, аммо медонем, ки ў як марди Мисрӣ будааст. Нуқтаи муҳимми дигар ин аст, ки Муҳаммад ибни Абўбакри Сиддиқ разияллоҳу анҳумо ба ҳеҷ унвон дар куштани Усмон разияллоҳу анҳу нақш надошт ва ҳамаи ривоёте, ки чунин матлаберо баён мекунанд, заиф ва мухолифи ривоятҳои саҳеҳ ва муснаде ҳастанд, ки бар пок будани ў дар ин ҷараён таъкид мекунанд.

50- Тибқи ривоятҳои муътабар ва мустанад ҳеҷ як аз саҳоба разияллоҳу анҳум дар қатли Усмон разияллоҳу анҳу нақше надоштанд ва ҳамаи онҳо аз ин ҷиноят пок мебошанд ва ба ҳеҷ унвон мардумро бар зидди ў нашўронидаанд.

51- Усмон разияллоҳу анҳу марде ҳушёр ва равшанзамир буд ва ба ҳамин далел тавонист бо далерии камназир ва гирифтани сиёсати муносиб фитнаҳои шўришиёнро нақши бар об ва худи ононро назди мусулмонон расво кунад. Ў чун намехост аввалин фарде бошад, ки оташи ҷангро миёни уммат шўълавар месозад, тасмим гирифт бо фидои ҷони худ ҳастии умматро аз чунон ҳалокате наҷот бахшад.

52- Фитнаи қатли Усмон разияллоҳу анҳу ҳодисае буд, ки таъсироти бузург ва доманадореро дар миёни уммат ба ҷой гузошт. Пас аз ин фоҷеа ҷангҳои зиёди дигаре рўй доданд, ки натиҷаи тамомии онҳо заиф гаштани имони мардум ва паҳн шудани дурўғу нифоқ ва хиёнат дар миёни онҳо ва инҳироф аз шариати ростин буд.

53-Ҳар он касро, ки ба дигаре зулму ситам раво дорад ва ба ноҳақ ба ҳуқуқи ў таҷовуз кунад, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират азоби дардноке хоҳад буд ва чун ба сарнавишти раисон ва раҳбарони шўришиён ва онон, ки бе восита дар қатли Усмон разияллоҳу анҳу дахолат доштанд мулоҳиза кунем мебинем, ки Худованд онҳоро дар дунё хору залил гардонид ва интиқоми хуни ба ноҳақ рехтаи Усмон разияллоҳу анҳуро аз ҳар яки онон гирифт.
Худованди мутаол дар Қуръони карим барои ҳамин гуна мавридҳо фармудааст:
«Ва он шаҳрҳоро (яъне, мардуми он шаҳрҳо), чун кофир шуданд, ба ҳалокат расонидем ва барои ҳалокаташон ваъдае ниҳодем».
(Сураи Каҳф,ояти 59)

54- Фоҷиаи қатли Усмон разияллоҳу анҳу ҳамаи саҳоба ва дигар мусулмононро чунон хашмгин ва андўҳгин намуд, ки муддатҳо натавонистанд онро аз ёд баранд. Дар ин бора ҳар як ба тавре таассурот ва андўҳи амиқи худро бозгў мекарданд. Шоири Расули Худосаллаллоҳу алайҳи ва саллам, Ҳисон ибни Собит аз ин қоида мустасно набуд ва бо сурудини қитъаҳо ва қасидаҳои сўзнок дар сўгвории Усмон разияллоҳу анҳу ва танқиди қотилони ў, дар ин мотам ва ҳузн ширкат намуд, то ҳамчунон умқи ин фоҷиа баъди гузашти қарнҳои бисёр бар гўш танинандоз бошад.

Дар охир, Худовандро сипос мегўям, ки ин тавон ва фурсатро бароям дод то чанд мақола ва тарҷумаи китобе аз ҳаёти чаҳор ёри Муҳаммад(с) ва бархе аз ёронаш тарҷума ва таълиф намудаам.Ин чунин китобе дар шинохти саҳобагони киром,ки чеҳра ва фазилати оннро бозгў менамояд пешакаши хонандагони азиз намудам. Ин чунин дар мавриди Усмон разияллоҳу анҳу ин гулчине аз ҳаёти бо саъодати ин ёр ва домоди он ҳазрат салому дуруди Худо бар Ў бод дар 54 табақабанди онро пешкаши шумо азизон намоям .Маро ин кифоят аст, ки дар ният ва қасди худ ҳадафам ин буда, ки бародарон ва хоҳарони мусулмонам аз он баҳраманд шаванд.

Аз хонандагони азиз хоҳишмандам, ки маро ҳангоми дуову ибодати худ аз ёд набаранд ва аз Худованди мутаъол барои ин бародари худ талаби омўрзиш ва раҳмат кунанд, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар як ҳадиси муборакашон ба ин мазмун фармудаанд:

«Ҳар кас бародари мусулмони худро дар ниҳон ва дур аз чашми худи ў дуо кунад, дуояш мустаҷоб мешавад».

Мақоларо бо ояти 10 -и сураи Ҳашр аз Қуръони карим ба поён мерасонам:

«Касоне, ки аз паси онҳо (муҳоҷирин ва ансор) омадаанд, мегўянд: «Эй Парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, биёмўрз ва кинаи касонеро, ки имон овардаанд, дар дили мо ҷой мадеҳ. Эй Парвардигори мо, ҳаройна, Ту мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!»

Share This Article