Раҳмати Аллоҳ зиёду бекарон аст, набояд мусалмон аз раҳмати Аллоҳ ноумед бошад
Баъзе аз мардмумонро мебинем, ки мегўянд: Ман бандаи гунаҳкорам ва то ин дам хато кардаму ончи Аллоҳ ва паёбараш фармуда буд анҷом надодам, оё маро Аллоҳ мебахшад?
Ин афкори ғалат сабаб мегардад, ки тавба намекунанд ва боз бар он гуноҳони худ идома медиҳанд бад-ин гумон, ки онҳоро Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло намебахшад.
Бале, ин ноумедии инсон аз раҳмату мағфирати Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло муҳимтарин чизест, ки шайтон онро мехоҳад, то банда тавба накунад ва бар он ҳолати ғарқи гуноҳон боқӣ бимонад, шайтон аз ин ноумедии банда баранда бошад. Ҳаргиз банда набояд аз раҳмату мағфирати Илоҳӣ ноумед набошад.
Хонандаи азиз, оё медонед, ки вақте ин оят нозил гардид шайтон гирён шуд?
( وَالَّذِينَ إِذَا فَعَلُوا فَاحِشَةً أَوْ ظَلَمُوا أَنْفُسَهُمْ ذَكَرُوا اللهَ فَاسْتَغْفَرُوا لِذُنُوبِهِمْ وَمَنْ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلَّا اللهُ وَلَمْ يُصِرُّوا عَلَى مَا فَعَلُوا وَهُمْ يَعْلَمُونَ)
{آل عمران:135}
Ва он касон, ки чун коре баду норавое кунанд ё ба худ ситаме кунанд, Худоро ёд мекунанд ва барои гуноҳҳоихешомурзишмехоҳанд ва кист ҷуз Худо, ки гуноҳонробиёмурзад? Вачунбазиштиигуноҳогоҳанд, дарончӣ мекарданд, пой нафишуранд. (Сураи Оли Имрон, ояти 135).
Абдуллоҳ ибни Масъуд(раз) мегӯяд: “Ин оят барои онҳоеки дар саҳифаҳояшон гуноҳи зиёд доранд, беҳтар аст барояшон аз дунё ва ончӣ дар ин дунё вуҷуд дорад”
Оё медонед, ки ноумедӣ дар дини ислом мамнуъ аст?
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар сураи муборакаи Юсуф мефармояд:
(وَلَا تَيْئَسُوا مِنْ رَوْحِ اللهِ إِنَّهُ لَا يَيْئَسُ مِنْ رَوْحِ اللهِ إِلَّا القَوْمُ الكَافِرُونَ)
{يوسف:87}
“..Аз раҳмати Аллоҳ ноумед машавед. Зеро танҳо кофирон аз раҳмати Аллоҳ маъюс мешаванд (Сураи Юсуф, ояти 87).
Хонандаи гиромӣ, медонед, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло саркашу муҷриме аз бани Исроилро пас аз анҷоми ҷурмҳои бузургаш бахшид. Ва оё медонед барои чӣ? Барои об додани як саге, ки аз ташнагӣ забонашро бароварда, бемадор шуда буд. Ин марди саркашу гунаҳкор дид саге дар саҳро ташна аст. Мўзаҳояшро баровард ва ба чоҳ танобе баст ва барои ин саги ташна об дод. Ин амалаш дарёи раҳмати Илоҳиро ба ҷўш овард ва ҳама гуноҳони ӯро аз байн бурд.
Оё медонед ,ки шайтон ҳангоме, ки тавба кардани мусалмонеро бинад дар чӣ ҳолате қарор мегирад? Ончунон ғамгин мегардад, ки ҳеҷ ҳадду андоза надорад. Пас, ҳамеша бояд шайтони лаъинро дар ҳолати бад қарор дод. Пайваста истиғфор намоем”Астағфируллоҳ ва атубу илайҳӣ” ва аз амали хатое, ки анҷом додаем тавба кунем ва бар он тавбаи кардаамон содиқ бошем.
Оё медонед Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло аз он муҳаббате, ки ба мағфират ва бахшиш ё тавбакунандагон дорад на танҳо гуноҳони моро мебахшаду моро афв мекунад, балки он гуноҳони анҷомдодаамонро вақте тавбаи содиқона кардем ва аз сидқ дар маҳзараш қарор гирифтем онҳоро ба некўиҳо ва накӯйиҳо табдил медиҳад..
Аллоҳ Субҳонаҳу ва таъоло дар сураи муборакаи Фурқон мефармояд:
( وَالَّذِينَ لَا يَدْعُونَ مَعَ اللهِ إِلَهًا آَخَرَ وَلَا يَقْتُلُونَ النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللهُ إِلَّا بِالحَقِّ وَلَا يَزْنُونَ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَلِكَ يَلْقَ أَثَامًا . يُضَاعَفْ لَهُ الْعَذَابُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَيَخْلُدْ فِيهِ مُهَاناً . إِلَّا مَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ عَمَلاً صَالِحاً فَأُولَئِكَ يُبَدِّلُ اللَّهُ سَيِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ وَكَانَ اللَّهُ غَفُوراً رَحِيماً)
{الفرقان:68ـ 70}
Ва онон, ки бо Аллоҳи якто худои дигаре намегиранд ва касеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаромкарда, магарбарҳақ, намекушандвазинонамекунанд. Ваҳаркӣ ин корҳокунад, уқубатигуноҳихудромебинад. Азобаш дар рӯзи Қиёмат музоъаф (дучандон) мешавад ва то абад ба хорӣ дар он азоб хоҳадбуд, ғайрионкасон, китавбакунандваимоноварандвакорҳоишоистакунанд. АллоҳгуноҳонашонробанекиҳобадалмекунадваАллоҳомурзандавумеҳрубон аст! (Сураи Фурқон, оёти 68-70).
نصح علي بن أبي طالب من سأله عمن و قع في ذنب فقال: يستغفر الله ويتوب. قال: فإن عاد؟ قال: يتوب…قال حتى متى؟ قال: حتى يكون الشيطان هو المحسور.
Алӣ ибни Абутолиб (раз)-ро шахсе пурсид: Агар шахсе гуноҳеро анҷом дод чӣ кор бояд кунад?
Алӣ ибни Абутолиб (раз) гуфтанд: Тавба бояд кунад.
Мард гуфт: Агар боз он гуноҳро анҷом диҳад?
Алӣ ибни Абутолиб (раз) гуфтанд: Боз ҳам тавба кунад.
Мард гуфт: Охир то ба кай тавба кунад ?
Алӣ ибни Абутолиб (раз) гуфтанд:То он вақте, ки шайтон аз васвасаш ба он гуноҳ хаста шавад, то он вақт бояд тавба кунад.
Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) фармудаанд:
“Ҳангоме, ки ба гуноҳе даст задӣ, пас онро ба (амали) накӯе табдил бидеҳ”.
Зеро амали неке, ки анҷом додӣ пас аз он гуноҳ ва ё амали бади анҷомдодаатро нобуд месозад.
الحديث الشريف القدسي: (قال الله عز وجل: أنا عند ظن عبدي بي وأنا معه حيث يذكرني….) متفق عليه.
Дар ҳадиси Қудсие омадааст: Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд: “Ман ҳамроҳи гумони бандаам мебошам,ки ба ман мекунад.Ман бо ӯ ҳастам он ҳангомки маро ёд мекунад…”(ҳадиси саҳеҳ мутафақун алайҳи ровии ҳадис Абуҳурайра(раз) аст.)
Дар охир мехоҳам як қиссаи кӯтоҳе аз гумони неки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба Аллоҳро бароятон тақдим намоям.
Ҳамаи мо огоҳем аз сафари Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба Тойф,ки дар ин сафар он ҳазратро масқара карданд,озораш доданд,бо сангҳо ӯро заданду бадани муборакашонро хуншорнамуданд аз минтақа берӯнаш карданд.Ҳангомеки мехост ба Макка баргардад ва Зайд (раз) аз ӯ пурсид: Эй Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) шумо чӣ гӯна ба Макка бар мегардед дар ҳолеки онҳо шуморо ба зури хориҷатон намуданд? Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) чунин посух доданд: “Аллоҳ кумак мекунад паёмбарашро”Бале хонандаи гиромӣ инро мегӯянд гумони нек ба Аллоҳ.Дар ҳолеки бо ӯ ҳама қавмаш дар Макка мухолиф буданд,ки онҳо дорои қувва ва нерӯ,иззат ва обурӯй буданд. Аммо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) киро дошт? Ҷуз чанд мусалмони бе қувват ва маҳрум аз ҳама имконоти молӣ ва дунявӣ вале қалбҳои саршор аз имон ва гумони нек ба Аллоҳ.Ҳатто дар ин ҳолати хело вахимҳам гумонаш ба Аллоҳ росих буд,яқин дошт,ки Аллоҳ ӯро бо асҳоби киромаш кумак мекунад.Ӯҳам мисли мо ва шумо як инсони муқаррарӣ буданд вале ҳаргиз аз роҳаш баргаштани ва таваққуфу хаста шудани набуд ва ҳамавақт ба пеш мерафт на ба қафо.
Бад гумонҳо ба Аллоҳ ва таслимшудаҳо ба Абуҷаҳлҳои аср
На мисли баъзе муллоҳеки имрӯзҳо мебинем онҳоро, инҳамаро медонанду бозҳам охираташонро ба ивази дунёи ночиз фурӯхтанд ва таслими Абуҷаҳлу,Абулаҳабҳо гаштаанд. Ҳайҳот,ки чӣ гӯна бо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мулоқот мекарда бошанд.Инро бидонанд,ки ҳеҷ ҳуҷҷате барои ин амалашон дар пешгоҳи Аллоҳ ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва миллату кишвар надоранд.Номҳояшон барои ин гумони нек надоштан ба Аллоҳ дар сафаҳоти сиёҳи ин миллат бо ин Абуҷаҳлҳо ва Абулаҳабҳо сабт хоҳад гашт.Мушаққатҳое Паёмбари мо асҳоби киром ва имомони ин дин дар ин роҳ кашиданд аз сад яктояшро инҳо,то имрӯз надидаанд вале бозҳам таслими авомири Абуҷаҳл ва рӯй гардон аз фармудаҳои Аллоҳ ва паёмбараш шудаанд вой ба ҳолатон ва аз он рӯзи сангини сарои қиёмат.
Бале бояд ҳар яки мо ва шумо хонандаи гиромӣ гумони нек ба Аллоҳамон дошта бошем.Мо пирӯз мегардем ва мо яқин дорем золимон ноком мегарданд.Дар ин гумони некамон оддитарин шаккеро роҳ намедиҳем. Набояд бигӯем ӯ нерӯ дорад,қувва дорад,ҳама ӯро мешиносанд ва….Мо Аллоҳ дорем ва яқин дорем,ки Аллоҳ ҳимоят мекунад аз онҳоеки ба Ӯ имон овардаанд ва дар роҳамон ин шо Аллоҳ устувор,то охир боқӣ хоҳем монд.
Аз Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло хоҳони бахшиши гуноҳонамонро дорем. Аллоҳ ҳама гуноҳони моро ба накўи иваз намояд.Ӯ ба ин қодир ва тавоност ва дар ин роҳи интихоб намудаамон моро собитқадам ва устувор нигоҳ медораду моро пирӯзҳам мегардонад.
Муҳаммадиқболи Садриддин.