Ба падари бузургворам.

Эй падарчони азизам ту маро бо сад ноз парваронди. Агарчи шахси сармоя доре буди дар замони хурд солии мо. Бо услуби олиеки танхо дар ту он буд моро парвариш намуди.Умеди он дошти, ки дар пирон соли бароят соябоне гардем.

Ба падари бузургворам.
Эй падарчони азизам ту маро бо сад ноз парваронди. Агарчи шахси сармоя доре буди дар замони хурд солии мо. Бо услуби олиеки танхо дар ту он буд моро парвариш намуди.Умеди он дошти, ки дар пирон соли бароят соябоне гардем. То давлати пири бирониву дар халкаи хафт писар худро давлатмандтарин шахс бихисоби. Афсус бароят коре карда наметавонаму харчи кунам онро ночиз мешуморам. Эй киблагохи азизам маро бубахш, зеро ту дарвозаи бози бихишти мани. Эй киблагохам вакте торхои сафеди ришатро мебинаму садои туро мешунавам. Ашк гулугирам мекунад, намедонам чи бароят бигуям то аз ман рози боши! Падарчонам маро бубахш, ки ончи мехостам то хар субх саратро бибусам аз хона берун шавам. Шом дохили хона шаваму дар сухбатат бишинам дилам аз сухбатат оромиш биёбад. Хуб ёд дорам мегуфти писарам: хамеша хар кореро огоз намуди то охир онро расон.
Вакте корхои илмиро огоз намудам ва ба чоп расидани китобхоро диди чашмонатро пушиди ва чунин гуфти: Алхамдулиллох, ки ончи орзу доштам кариб ба орзуям расидам.
Гуфтам чи орзуе доштед?
Гуфти: Он миёни ман ва Холики ман аст туро ба он коре набошад.
Падарчонам ончунон дилам бароят танг шудааст хангоми навиштани ин сатрхо худро ором наметавонам бикунам. Аз даргохи Илохи дар ин соатхои ичобати дуъо умри дароз ва хайри дунё ва охиратро бароятон хохонам омин.
Дар охир бо ин ояти Куръони суханамро ба поён мерасонам:
“..Эй Парвардигори ман, ҳамчунон ки маро дар хурдӣ парвариш доданд, бар онҳо раҳмат овар».
Парвардигоратон аз ҳар каси дигар ба он чӣ дар дилҳоятон мегузарад, донотар аст ва агар аз солеҳон бошед, Ӯ тавбакунандагонро меомурзад.
(Сураи Исро, оятхои 24,25)

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Кучактарин хатоҳоеки хушбахтиро аз миёни зану шавҳар дӯр мекунад.

Воқеан зиндагонии бо саъодат ва ё хушбахт будан дар оила эҳтиёҷ ва ниёзи мубраме дорад ба кушиш ва ҳавсалаи хело зиёд.Ҳаргиз бо аҳамияти сатҳи ва сарсарӣ хушбахти дар оила муяссар нахоҳад гашт.Дар ҳоле,ки мебинем аксари оилаҳо кушиш мекунанд барои ин саъодат ва хушбахти то онро аз даст надиҳанд
Read More

Падар яке аз дарвозаҳои бози ҷаннат аст

Имсол соли панҷум аст аз дидори қиблагоҳам маҳрумам.Дурустараш чор солу нуҳ моҳ аст аз ин файз ва аз ин дарвозаи ҷаннат бо амри тақдир маҳрумам.Як моҳ аст падари бузургворам аз бемории фишори хун ва қанди боло бистару бемадор аст.Ду рӯз аст хело ҳолаш вазмин аст.Наздиконам мегӯянд касеро намешиносад ва танҳо номи шуморо мегирад ва аз ҳуш меравад.Фақад мегуфтааст мехоҳад маро бубинад,кош метавонистам падарамро бубинам эй Аллоҳ ту аз дили ман огоҳи ва аз ҳоли манҳам огоҳи. Имрӯз вақте гуфтанд ба ҳуш омадааст гуфтам телефонро барояш диҳед чанд сухане бо ман гуфт вале на ҳама суханонаш бароям фаҳмо буд.Аллоҳ маро аз ҷумлаи фарзандони солеҳ бигардон,то барои падарам боғе бошам дар ҳоле ӯ бароям яке аз дарвозаҳои ҷаннат аст.Эй Аллоҳ ҳаргиз ӯро аз ман норози нагардону моро аз ӯ маҳрум нагардон.Дигар чизе наметавонам навишта.Дар ҳаққи падари беморам дуъо кунед дӯстон Аллоҳ аз шумо розӣ бошад.