Бахшишнома аз корманди «ФҶ» ва маълумотҳои ҷолиб аз филиали КГБ ва Р:«Т»

Ислоҳ нет

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.

Мо ҳамон дӯстони шумо дар мақомот ҳастем, ки бо шумо дар назди ин режим дар набардем вале дар асл медонем шумо кӣ ҳастеду барои чӣ мубориза бурда истодед! Дар ин навиштаамон як нома аз собиқ бадгуёни Шуморо тақдим менамоем, ки чанд соле мешавад ҳидоят шудааст. Вай барои онки дар дилаш ғубору кудурат боқӣ намонад ва сафои ботин дошта бошад, хоҳиш кард, ки ин номааш дар «Ислоҳ» мунташир бишавад.

Дар аввали ин навишта номаи ин дӯстамонро айнан мунташир мекунем ва сипас чанд маълумотеро, ки роҷеъ ба танҳо Мадраса ё ҳамон Донишгоҳи давлатии исломии Тоҷикистон фиристодааст, ҳамчун намунаи оғози ҳамкорӣ дар поёни ин навишта ҷой медиҳем:

 Мактуби пушаймонӣ ва ҳидоят ба М. Кабирӣ ва М. Садриддин.

Салом дӯсту бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин ва устоди гиромиқадрам Муҳиддин Кабирӣ. Ин мактубро тавассути яке аз дӯстонам ба Шумо мефиристам. Аз ин ки Шуморо чанд соле мешавад дӯсту устоди роҳнамо дар роҳи мубориза медонам, хеле шармгинам. Зеро нафаре ҳастам, ки Шуморо қаблан (бо арзи маъзарат) хоину иғвогар  медонистам, вале ҳеҷ гоҳ террорист намегуфтам. Ман дар яке аз муассисаҳои олии кишвар вазифаи баланд доштам ва роҳбарии гурӯҳеро ба уҳда доштам, ки иборат аз кормандону донишҷӯён буда, дар зери баромадҳои Шумо коментарияҳои баду ифлосу бадномкунанда менавиштанду ман онҳоро ҷамъоварӣ намуда, ба мақомот месупоридам. Айнин мисли ав-авгардҳо, вале гурӯҳи мо «гуруҳи оперативӣ» ном дошт. Барои муайян нашудани шахсиятам номи муассисаро намегӯям.

Аввалҳо аз ин кор хурсанд будам, ки мани ҷавонро сазовори чунин кори муҳиме, он ҳам зидди чунин мухолифе чун Кабирӣ интихоб намудаанд. Вале дар муддати андак ин кор сахт ба дилам зад. Аз ҷониби КДАМ ва таҳти фишор мо ҳақ надоштем суханони шуморо аввал ин ки гуш кунем ва сипас, агар мабодое гуш кардем ҳам, ба онҳо бовар накарда, ҷойҳои ба худамон муносибро интихоб карда, ба он комент нависем. Он ҳам коментҳои фаҳшу таҳқиромез. Бовар кунед мо мисли роботе будем, ки идора мешудем, ҳам ақлонӣ ва ҳам ҷисмонӣ, ки ҳатто сухани ҳақро қабул надоштем, зеро ақли мо идора карда мешуд. Баъдан боз моро маҷбур мекарданд, ки дар ҷавоби ҳар баромадҳои Шумо на танҳо комент, балки мақола нависем. Мақолаҳои ман назар ба дигарон ҳам ҷанбаи динӣ ва ҳам дунявӣ дошт ва аз рӯйи ҳаҷм низ васеътар. 

Вале оҳиста – оҳиста ба суханронии устод Кабирӣ гуш кардаму дарди миллат ва худамро дар он ёфтам. Худ ба худ шарм кардам, ки ман тарафи касе санг меандозам, ки дарди ману миллати маро бозгӯ мекунад. Баъдан бо ҳар баҳона дигар худам комент наменавиштам. Коментҳои дигаронро чун меоварданд, месанҷидам ва медидам, ки аксарияти коментҳои ҳамон коментҳои қаблианд, вале онҳоро сахтгирӣ намекардам. Зеро медонистам, ки донишҷӯёну кормандон ҳама аз рангу намуди пешво безоранду маҷбуранд. Боре куратор ба ман гуфт: «Муаллими азиз! Раиси  Кумита (манзур Ятимов) мақолаҳои Шуморо мехонаду таъриф мекунад. Барои ҳамин худат ҳамин мавзуъҳои Кабириву ҷанги дохилира бештар бинавис!»

Ман гуфтам: «бародар, ман чизе метавонистам ва медонистам, навиштам, иловатан дар он замон ман худам хурд будам ва чизеро намефаҳмидам. Беҳтараш ман дар бораи терроризм менависаму бас».

Гуфт: «майлаш. Дар бораи терроризму экстремизм навису дар охир онро ба М.Кабириву хоинои миллат нисбат деҳ». Вале дигар ман тасмимамро гирифта будам.

Сипас барномаҳои «Ислоҳ»-ро тамошо мекардагӣ шудам. Аввалин барномаро, ки дидам, он дар бораи фоҳишагии яке аз духтарони «пешво» буд. Аз дидану шуниданаш бадам омад. Гумон кардам, зиёдаравӣ  ва туҳмат аст. Дар зери он ба Шумо ҷаноби Муҳаммадиқбол як  дашном навиштам. Вале баъди як-ду рӯз Шумо дӯсти азиз Муҳаммадиқбол дар ивази дашном ҷавоби зебое бо калимоти оқилона гардонидед, ки ба фикр кардан водор шудам ва аз навиштаам шармам омад. Гуфтам ҳеҷ имкон надорад, ки шахсе бо чунин бовар ва дорои чунин ақл дуруғ гӯяд. Шуруъ кардам кам- кам ба дидани барномаҳои Ислоҳ. Ҳушам париду гашта ба сарам зад. Дарк кардам, ки ман бо ин рафторам на мазлум, балки ҳоло лагандбардори золиме ҳастам ва дар охират ҳатман назди Худованд ҷавоб хоҳам гуфт.

Ба ман вазифаҳои баландтареро ваъда карда буданд. Аз он на танҳо даст кашидам, балки корро тамоман бас кардам. Айни ҳол ҳамон корҳоеро, ки қаблан бар зидди Шумо менавистам, баръакс бо Шумо ҳамон тариқ ва тавре худам медонаму Худованд ҷуброн карда истодаам.

Мақсади навиштанам аз ин мактуб устоди гиромӣ Муҳиддин кабирӣ ва дӯсти азизам Муҳаммадиқболи Садриддин ин аст ки аз таҳаввулам муддати чор сол асту ҳоло ҳам қалбам ором намегирад, ки мабодо ҳардуи Шумо рӯзи қиёмат аз болои ман назди Худованд шикоят кунед.

  Аз Шумо дӯсти азиз мехоҳам, агар бандаи ҳақиру заифро бахшида бошед, дар яке аз барномаҳои «Минбари муҳоҷир» эълон кунед, ки бахшиданд, ҳарчанд медонам, ки мебахшед, вале бовар дорам, ки ҳар бор онро батакрор шунидан барои ман меҳрубонӣ ва дар роҳи мубориза қуввату ҳавасмандӣ мебахшад.

  Инчунин,ин мактубро ба устоди гиромӣ М.Кабирӣ мефиристодед, то дар барномаатон ошкоро гӯяд, ки бахшидам.

  Сониян аз Шумо ва бинандагон хоҳиш мекунам, ки дар ҳақи банда дуо кунед то писардор шавам. Муддати ду даҳсола  аст ки ин орзуро дорам вале ҳоло хости Худованд набудааст. Шояд бо дуои Шумо ва омини бародарону хоҳарони тамошобин мақбули даргоҳи илоҳӣ гардад.

Агар дуои Раҳмонов дар як сония ва срочно қабул шавад ҳам. аз ӯ намепурсам, зеро аз дуои Раҳмонов дида безурётиам афзал аст.

Пас аз нашри матлаб ва навори «Донишгоҳи исломӣ ё филиали КГБ?»

 Дар Донишкадаи исломӣ баъди нашри навори охирон дар мавзуи «Донишгоҳи исломӣ ё филиали КГБ?» воқеан тарсу ваҳшат дар қалби чоплусону лаганбардорон ворид шудааст. Сияҳаков Саидҷалол ё ҳамон «бобои бедандон», ки худ бемор буд, талхакаф шуда ба ҷаҳаннам рафт. Баъзе аз кормандону омӯзгорон, ки аз макри ӯ метарсиданд, Худоро шукр гуфтанд ва оши садақа доданд.

Аъзои раёсати Донишкада дар маҷлиси раёсат, ки  аввали ҳафта баргузор мешавад, вазифадор шудаанд, ки хуб ва бо эҳтиёт рафтор кунанд, то хабарҳо ба дасти «душманони миллат» нарасад. Аммо баъди чопи он матлаби «Ислоҳ» ғайримунтазира дар донишгоҳ чунин тағйирот сурат гирифт:

1.Сафаров Лутфулло– проректори таълим «бинобар сабаби беморӣ» ба вазифаи проректор оид ба илм гузаронида шуд. (дар ҳақиқат ӯ бемори қанд аст). Ва, ҳамин тавр «млло Авдраҳим» боз ба мақсад нарасид, зеро орзу дошт ҷои ӯро бигирад.

2. Қурбонов, ки проректор оид ба масоили тарбия буд, ба ҷои Сафаров Лутфулло. проректори таълим таъин шуд.

3. Умаров Искандаршо– проректори тарбия аз вазифа озод карда шуд. Боз ҳам «млло Авдраҳим» ба ин мақсадаш ҳам нарасид.

Ба ҷои ӯ декани факултети улуми исломӣ (яке аз бузакҳои малъун Сияҳаков Сайчалол) Матинов Холиддин проректори тарбия шуд.

Тибқи ваъдаҳои раёсати «Т» Матинов Холидин дар оянда ректор мешавад, агар нисбати боз чанд омӯзгори ҳозира ё собиқ   ё донишҷӯён баёнот дода, КДАМ онҳоро бо моддаи 307 ҳабс кунад.  Яъне резултатҳояш ҳамин хел рафтан бигирад ректор мешавад.  

«Ин Матинов Холиддин қати любой кас гап занад, пешакӣ диктафони телефонша гирён мекунад ва запс мекунад».

Дуввум :

Дар барномаи Минбари мухоҷир №220 дар  1соату 25 дақиқа   (1:25:00) дақиқа имомхатиб – Иноятов  Рустам аз ноҳияи Айнӣ баромад карда буд. Тибқи маълумот ҳануз соли 2009 ба ин донишкада дохил шуда будааст. Ӯ тамоман саводи динӣ надорад. Ба  гуфти худаш ӯ ҳануз соли 2009 ба Донишгоҳ дохил шуда, баъди як соли хониш дарсҳо ба ӯ вазнинӣ кардааст ва ӯ хориҷ шудааст. Баъдан тахминан солҳои 2012 барои диплом боз дубора барқарор шуда соли 2015 хатм кардааст. Тамоман савод надорад, хонда наметавонад, на саводи динӣ дорад на дунявӣ. Дар даври донишҷӯияш ҳатто 5 рукни исломро намедонистаст.

Севвум :

Дар барномаҳои гуногуни «Минбари муҳоҷир» сардори бахши танзими ноҳияи Қубодиён Неъматов Саъдулло Рабиевич иштирок ва баромад мекунад ва фақат суханҳои қабеҳ мегӯяд. Ӯ аслан саводи динӣ надорад. Ба гуфтаи худаш ӯ барои гирифтани маълумоти дуюм ба Донишгоҳи исломӣ дохил шудааст. Фақат ба хотири вазифааш, ки ба соҳаи дин вобастагӣ дорад, дохил шудааст. Вагарна на танҳо саводи динӣ, балки саводи дунявӣ ҳам надорад. Тибқи маълумот ӯ шуъбаи ғоибонаи риштаи таъриху диншиносиро хатм намудааст. Дар дарсҳо кам иштирок кардааст. Баъзан аз Рамзулло –муовини Карим Раҳим таъриф мекард. Яъне доляро дода,  имтиҳоноташро через мекардааст. Баъзан вақт шикоят мекардааст, ки «ду сум ҷамъ мекунӣ, як сумша дар иҷа амниятда метӣ, як суми дигаша Рамзулода. Ба хдм ҳичӣ намемона». Ӯ ҳатто намоз намехонад. Калимаи шаҳодатро намедонам, панҷ рукни исломро низ. Пуки пук.

Чаҳорум:

Ногуфта намонад!!! Мулло Авдраҳим гемарояш сахт ғам дода истодаст бечораро.

Ягона сабабе, ки мулло Авдраҳимро бо мақомот мепайвандад ва ӯро н три букви поселаташ намекунанд ин ба Шумо, М. Кабирӣ ва дигар мухолифон вобаста аст. Худашон, махсусан Раёсати «Т» мегӯянд: «мо ай ҳами мулло безор шидагием, неки ҳози агар посилатш кнем, боз забони Кабирӣ дроз мешава, қати Муҳаммадиқбол, ки меган «ранги рифола истифодаш бурдан партофтанш». Баъдан бо мухолифоне, ки мо даъват дорем, дига бовар намекунан. Набошад мо медонем, ки бисёри гузоришои ҳами шайтон, ки дигарора мега, дуруған.

Як корманд нақл кард, ки дар барнома ҳақиқатро гуфтанд. «Вақте арабҳо миёян, пешпртакӣ мекна хдша муаррифӣ мекна: (бо арабӣ чунин кушиш карда гап мезана:) «аҳлан ва саҳлан би Тааҷикистан.  Ана Карим Раҳим яънӣ ……..декан……. факулта филология аш-шарқ ».

Ҳамкорҳо приколаш мекунанд ва мегуянд: «забони арабӣ бо лаҳҷаи мулло авдраҳимӣ иқа безеб бдай».

Share This Article