Барканории Раҳмон, ин аст паёми С.Лавров ВКХ Русия

Ислоҳ нет

 

 “…дар Осиёи Миёна, масалан, соли 1996 (манзур имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон) пас аз чанд соли музокирот бо ширкати фаъоли Русия ва Эрон имкон даст дод,ки вазъият дар Тоҷикистон миёни ҳукумати дунявӣ ва ҳизби исломӣ танзим шавад. Намояндагони ин ҳизби мухолиф ба ниҳодҳои давлатӣ, ҳукумат ва парлумон ҷалб шуданд. Ҳоло бошад боз аз нав ташаннуҷ пайдо шуд. Мо ҳамаи корҳоро анҷом медиҳем,ки онро коҳиш диҳем ва бартараф созем. Умед дорем,ин ба мо даст медиҳад”.

  ( Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.“Коммерсант”. 25.09.2019 )

 

Русия барои рафъи таниш миёни ҳукумат ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва одисозии фазои сиёсӣ дар ин кишвар  омодааст “ҳамаи корҳоро” анҷом диҳад. Серегй Лавров, вазири умури хориҷии Русия бо эъломи чунин тасмим изҳор дошт,ки дар гузашта ҳам Русия якҷо бо Эрон комёб ба ҳалли низоъи миёни “ҳукумати дунявӣ ва ҳизби исломӣ” дар Тоҷикистон шуда буд ва “умед дорад,ки ин бор ҳам даст хоҳад дод”.   

 

    Сӯҳбатҳои вазири умури хориҷии Русия ин пурсишҳоро халқ мекунад,ки тасмими Русия то куҷо ҷиддӣ аст, ангеза ва авомили ин тасмим чӣ буда метавонад ва барои оппозитсиони тоҷик,аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад. 

 

   Изҳори назари инчунонӣ ва довталабона аз сӯи Русия барои  ба ҳам овардан “ҳукумати дунявӣ ва ҳизби исломӣ” ва аз байн бурдани ташаннуҷи вазъият дар Тоҷикистон барои чӣ аст?

 

    Қабл аз ҳарчизе дигар бо итминон мебояд тазаккур дод,ки тасмими мазкур ба маънои ҳам дастгирӣ ва ҳам пуштибонӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дорад, агарки ҳатто бо ғаразе ва аҳдофи комилан дигаре ҳам гуфта шуда бошад. Зеро эъломи ин тасмим (бар фарзе иҷроӣ ҳам нашуд ва таҳаққуқ ҳам пайдо накард) мадраки қавӣ ва ҳуҷҷати мувассақ аст ки Русия ҲНИТ-ро созмони террористӣ нашинохтааст. Ва, дар мавриди ҲНИТ дидгоҳ ва мавқеи Русия бо Тоҷикистон, на танҳо тафовут дорад, балки комилан муқобил аст. Раҳмон ва мошинаи таблиғотии вай тамоми талошро карданд,ки дар ин чаҳор соли фаъолияти ҲНИТ дар хориҷ аз кишвар, вайро  террористӣ бишиносонанд. Режими Раҳмон бакаррот аз давлатҳо ва созмонҳо хост,ки ин ташкилоти сиёсии динӣ шомили листи гурӯҳҳои даҳшатуфкан шавад. Аз ҷумла аз СНГ,ОДКБ ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой муассисаҳое, ки Русия дар онҳо нақши меҳварӣ ифо мекунад. Аз ин ҷиҳат эълони омодагии Русия барои рафъи мухолафат миёни “ҳукумати дунявӣ ва ҳизби исломӣ” бад-ин маъно хоҳад буд,ки на танҳо Русия,балки кишварҳои дигари узви ин муассисаҳо ҳам дархости Раҳмон барои террористӣ шинохтани ҲНИТ-ро нодида гирифтаанд.

 

   Ҷанбаи ҳойизи аҳамияти дигари ин тасмим барои ҲНИТ он аст ки Лавров,як сиёсатмадори коркушта ва дипломати куҳнакор бо зикри хоси “ҳизби исломӣ” (манзураш ҲНИТ аст) дар лексикон ва адабиёти сиёсии созмонҳою кишварҳо ва маҷомеи байналмилалӣ ҲНИТ-ро ба унвони як нерӯ ва бештар аз ин як тарафи ҷамъияти нӯҳмиллионии Тоҷикистон ва як ташаккули пурнуфузи минтақаӣ такроран ворид кард. Ибора ва таъбирҳои бадхоҳону бадхоҳонае ба мисли “гурӯҳи заиф”, “мавҷуди маҷозӣ” ва ё инки “ҲНИТ ва Кабирӣ коре аз дасташон сохта нест” –ро  ҳазф ва салб ва аз сӯи дигар мақом ва манзалати ҲНИТ-ро дар арши сиёсат тасдиқ кард.

 

    Паҳлуи дигари муфиди ин тасмим ва ин сӯҳбатҳои Лавров ин аст,ки Русия паём ва ҳушдор дод,ки  музокараи миёни ҳукумати Раҳмон ва ПМТ-эътилофи нерӯҳои оппозитсиони  тоҷик ногузир аст, ҳатто агарки онро Раҳмон мехоҳад ё не. Ва, ин амр дер ё зуд иттифоқ хоҳад афтод.

 

    Яке дигар аз паёмҳои ин тасмими Русия он аст ки ба ончики  бар сари ҲНИТ омад ва оварда шуд Русия даст ва дахл надорад. Барнома ва нақшаи аз арсаи сиёсати кишвар берун андохтани ҲНИТ барнома ва тарҳи сирфан дохилӣ будааст. Ҳеҷ давлате бо шумули Русия  бо ин наҳваи бархӯрд бо як ҳизби исломии муътадил ва шинохташуда дар сатҳи байналмилалӣ розӣ нест.

 

   Нуктаи дигари аҳамияти эъломи омодагии Русия барои  ба ҳам овардани “ҳукумати дунявӣ ва ҳизби исломӣ”  дар он аст,ки  дар пайи омодагии Русия кишварҳое дигар (кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон) ҳам барои одисозии муҳит ва иқлими сиёсӣ дар Тоҷикистон аз Русия пайравӣ хоҳанд кард ва ё дар канори ӯ хоҳанд истод. Зеро ноамнӣ ва бесуботӣ дар минтақаи Осиёи Миёна барои ин кишварҳо ва бахусус Русия авоқиби ғайриқобили пешбинӣ хоҳад дошт. 

 

    Ва,аммо як нуктаи басо муҳим ва дорои аҳамияти хоси ин тасмим он аст ки Сергей Лавров,сардори Идораи сиёсати хориҷии Русия ва аз афроди наздик ба Путин аз “ҳизби исломии Тоҷикистон” ба унвони як тарафи сулҳи тоҷикон зикри хос кард.Дар ҳоле,ки ӯ як сиёсатмадори огоҳу варзида хуб ҳам воқиф аст,ки дар ин авохир Раҳмон аз тарафи дигари сулҳ будани ҲНИТ мункир шудааст.Албатта,кадом кашфиёте инҷо нест, вале ин як навъ ҳуҷҷат ва далели муҳкам барои Раҳмон ва дору дастааш аст,ки давлатҳои дунё ва давлатмардҳо таърихро такзиб намекунанд.

 

             Ангеза ва авомили ҳамчунин тасмими Русия чӣ будааст?

 

     Воқеият ин аст ки дар ин авохир Русия аз тарзи сиёсати пешгирифтаи протежеи худ дар Тоҷикистон  ба шиддат норозӣ аст. Ҳарфи истиқбол ва бадрақаи  таҳқиромези Раҳмон дар Маскав дар соли ҷориро инҷо ёдовар намешавем. Аммо инки дархости Раҳмон барои афви муҳоҷирон аз тарафи Русия, то ҳамин имрӯз муаллақ аст ва баракс дар ин ду-се моҳи ахир шеваи бархурди ин кишвар бо муҳоҷирин дигар шуда ва  замони моҷарои лётчикҳои Русия дар Қурғонтеппаро ба ёд меоварад,ки села,села муздурони тоҷикӣ депорт мешуданд. Имрӯз ҳам ҳазорҳо тоҷик бо камтарин ва ҳатто бидуни баҳона аз тамоми шаҳру манотиқи Русия  пеш карда мешаванд. Агарчанде Русия ба ҳузури низомиёни Чин дар Тоҷикистон гӯиё муқобилият накардааст, аммо равобити аз ҳадди эътидол хориҷшудаи Раҳмон бо Чин барои Русия қобили таҳаммул нест.Мавриди баҳрабардори қарор гирифтани корхонаи коркарди фаровардаҳои нафтӣ дар Данғара,ки бо сармояи Чин,ки 90% он моли ин кишвар хоҳад буд ва дар ояндаи наздик ба рақиби билқувваи ширкати “Газпром”-и Русия дар Тоҷикистон ва ҳатто Афғонистон мешавад, аз тарҳҳое аст,ки барои Русия сахт маъқул нест. Ин ҳам дар ҳоле аст,ки Русия бо сарфи назар кардани хеле аз пардохтҳо дар амри интиқол ва аз махориҷи гумрукӣ тӯли ин ҳама солҳо солона ба садҳо миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон содир мекард.(Дар омади гап ин нуктаро бояд тазаккур бидиҳам,ки ширкати “Фароз” ҳам на барои рақобатнопазирӣ, бештар бо ангезаҳои сиёсӣ ва харобшавии равобити Русия ва Тоҷикистон қатъи фаъолият кардааст) 

 

Аммо ҷудо аз ин ҳама ихтилофот  ва тирагии равобит Русия аз ноором ва ноамн шудани авзоъи Осиёи Миёна ҳарос дорад. Русия аз рахнашавӣ ва сарозер шудани ДОИШ,ки ҳоло дар ҳамсоягии Тоҷикистон машқу тамрин мекунад, ба шиддат нигарон аст. Русия борҳо эълом кардааст,ки Амрико пушти ДОИШ аст.ДОИШе,ки гуфта мешавад, дар сафҳои он атбои кишварҳои Осиёи Миёна  ва аз ҷумла Тоҷикистон ҳам фаъолият мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле аст,ки ҲНИТ ва пайравону ҷонибдоронаш, дуруст дар кишварҳои урупоӣ ва ҳамин тавр Амрико ва дигар кишварҳои мутамаддин фаъолияти худро ба роҳ андохта ва дар ин роҳ муваффақ ҳам мебошанд. Яке аз ангезаҳои тасмими Русия барои ба ҳам овардани “ҳукумати дунявӣ ва ҳизби исломӣ” ин аст ки битавонад бо истифода аз потенсиали маънавии ҲНИТ нуфузи ДОИШро коҳиш бидиҳад.Вале дар сурати ғайр, чунин мепиндорад Русия,ки ДОИШ битавонад аз ақшори норозӣ ва таҳти фишору тазъиқи режими Раҳмон дар Тоҷикистон бар манфиати худ баҳра бибарад. Дар ҳоле,ки фишору озори Раҳмон болои афроди мазҳабӣ дар Тоҷикистон беш аз пеш шиддати ғайри оддиеро ба худ касб мекунад.

 

 Раҳмон бо сиёсатҳои нобихрадона ва бавижа зиддинии худ дар Тоҷикистон Русияро дар мавқеияти солҳои ҷанги шаҳрвандии ибтидо ва миёнаи навадум қарор додааст.Аммо он вақт мухолифини тоҷик , аз ҷумла исломиҳо низ дар Русия паноҳ бурда буданд. Ва ҳатто он замон ҲНИТ дар Маскав  ва баъзе аз шаҳрҳои он штаб-квартираи худро дошт. Ҳоло шароит ва вазъияти жеополитикӣ дигар аст ва ин нерӯ дар Урупо ва ДОИШ дар марзҳои Тоҷикистон мустақаранд. Аз инҷо аст ки такя ба як ҳизби ошно ва муътадили исломӣ,ки бар муқобили ифротиҳо шарики сиёсӣ бошад, барои Русия аҳамияти ҳаётӣ дорад.  

 

   Афзун бар ин чунин ба назар мерасад,ки Русия дигар моил нест Раҳмон ва барномаҳои баландмуддати ӯро барои бақои қудрат дастгирӣ бикунад,балки талоши Русия ин аст ки нафаре ва ё гурӯҳҳое сари қудрат оварда шаванд,ки битавонанд сабот ва оромиро ҳифз бикунанд. Дар ҳоле,ки дигар барои ҳатто афроди дур аз сиёсат ҳам маълум аст ки ҳифзу ҳимояти Раҳмон,ки худ ба омил ва маншаи ноамнӣ ва нооромӣ табдил шудааст, фоҷеаҳои мудҳиш ва ғайриқобили тасаввурро  ба бор хоҳад овард. Русия фишор болои Раҳмонро бо ин ангеза ва авомил,ки Чинро бар Русия тарҷеҳ додааст, барномаҳои пешниҳодии Путин барои вуруд ба Иттиҳоди гумрукӣ ва ЕврАзесро ба бозӣ гирифтааст ва ба ин сабаб,ки ҲНИТ, як созмони сиёсии исломии муътадилро водор ба паноҳандагӣ дар Урупо ва Амрико ва дигар кишварҳо карда заминаҳои  вуруди ДОИШ ва гурӯҳҳои дигари ифротӣ дар минтақаро фароҳам сохтааст дар ҳоли афзоиш додан аст.Аммо асл ва асоси фишори Русия болои Раҳмон ин аст ки Раҳмон ончуноне гуфтам ба як омил ва маншаи бесуботӣ мубаддал шуда бо авлод ва оилаи худ камари миллати тоҷикро шикаста истодааст. Доираҳои махсуси Русия дар пайи тафаҳҳус ва пижӯҳиш бар ин натиҷа омдаанд,ки Раҳмон дар Тоҷикистон тарафдор ва ҷонибдор надорад. Дар ҳоле,ки  дар пушти ДОИШ сарпарастоне бо ҳамёнҳои миллиард долларӣ истод шудаанд ва баъди кор аз кор гузаштан, коре аз дасти ҳатто худи Русия ҳам сохта нест.Чун Русия ва хадамоти вижаи он бо сароҳат дарёфтаанд,ки мардуми Тоҷикистон аз дасти Раҳмон ба ҳадде ба танг омадаанд,ки дар ҳифзу ҳимояти давлати ӯ ҳатто даст рӯи даст нахоҳанд гузошт, балки нерӯи дигарро ҳазор бор авлавият медиҳад. Русия барои ҳамин аз Раҳмон хостаст,ки барои интихоботи оянда номзад нашавад. Чун имкони ҳарлаҳзаии таркишҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва ошӯбу тазоҳуротҳои  мардумӣ  дар шаҳрҳои калони Тоҷикистон вуҷуд дорад. Аммо ба назар мерасад,ки Раҳмон пешниҳоди Русия мабнӣ ва иштирок накардан дар интихоботро сарфи назар карда истодааст. Ва,ин Русияро водор кардааст,ки тавассути мухолифини воқеии Раҳмон ҳам болои вай фишор оварад. Дар ҳар сурат эъломи омодагӣ ва тасмими Русия барои ба ҳам овардани “ҳукумати дунявӣ ва ҳизби исломӣ” ҳарфи саҳл ва дар омади гап нест.

 

   Зеро Русия ҳанӯз дар соли 1993 маҷбур шуда буд,ки барои гуфтугӯ ва дидор бо роҳбари ҲНИТ Евгений Примаков, раиси Хадамоти иктишофи хориҷӣ ва ё СВР-и худро бифиристад. Аз онки тӯли 5 соли музокирот Русия ва давлати он барои таҳкими қудрати Раҳмон чи ҳазинаҳо пардохтанд  ва аз онки ҲНИТ тӯли ин муддатзамон бо Русия чи равобит ва ҳамкориҳое дошт, дар дафтари таърихи дипломатияи Русия сабт шуда аст,ки Сергей Лавров аз он ба хубӣ огоҳ аст. Ҳамчунон ба хубӣ огоҳ аст ки чаро ҲНИТ тавонист Урупоро маҳал ва мақарри муқовиматҳои худ баргузинад ва силоҳи наҳзатиҳои имрӯза ҳам дигар на Калашников,балки расонаҳо ва шабакаҳои васоити иҷтимои яъне ҳамин Фейсбук ва бақия имконоти интернетӣ аст ки онро ҳам мешавад гуфт силоҳи фарангист.

 

    Ва, ниҳоятан изҳори назари Лавров изҳори назари давлати Русия аст ва он ҷиддист. Давлатҳое амсоли Русия ва сиёсатмадороне назири Лавров ва инки онҳо дар инҷо ва ё онҷо мусоҳиба меороянд, тасодуфӣ ва таваккалӣ нест, он ҳисобшуда аст ва ҳар ҳарфу ҳиҷояш баркашида  мебошад. Аз ин лиҳоз он ҷиддӣ аст.

 

Инро низ бояд зикр намоям,ки ҳайати Русия дар САҲА иштирок дошт ва ҳама шармандагиҳои “ҳайати қавӣ” ва “рӯсурхакон”-ашро хуб дид ва онро омӯхтанду,ҳатто пас аз ин вазири хориҷааш интизори ба москов омаданро накарду онро аз Амрико эълон намуд.Ин як паҳлуи дигари ин паём аст.

 

   Дигар ин ки ҳузури ба истилоҳ “исломи сиёсӣ” дар минтақаи Осиёи Миёна ҳам дигар то ҷое инкорнопазир аст. ҲНИТ дар қудрат буд ва қудратро ҳисса карда буд.Ҳамаи ин раванд таҳти назари русҳо ва бо ҳамоҳангии русҳо сурат гирифта буд.Аммо ба тафовут аз он солҳо,ки устоди марҳум Сайидабдуллоҳи Нурӣ(раҳ) ба Русия ниёз дошт,феълан Кабирӣ ҳамчуноне ниёзеро надорад. Раҳмон ва гурӯҳи мубаллиғони он ва “фермаи ҷавоб”-ро зарур аст,ки аз  идомаи басиҷ ва ҳамагонӣ кардани кампайни зидди наҳзатӣ даст бардорад. Ҳарчи зудтар даст бардоштан ва фазои фикриву идеологии кишварро ба ҳолати одии то соли 2010 баргардонидан бар манфиати худи Раҳмон аст.

 

                  Паёми мо аз ҳамон оғози ҳиҷрат,то ба ҳол побарҷост

 

   Мо ҳанӯз аз ҳамон соли аввали ҳиҷрат дар Урупо ба Раҳмон паём ва ҳушдор дода будем,ки ба як бодлохи касногузар ва чоҳи бетаг фуру рафта кишварро ва ҳокимият ва ҳукумати худашро ба варта ва дараи махуф кашонидан дорад.Зеро пайравони ин ҳаракат  дар имтидоди фаъолиятҳои сиёсӣ тамоми мароҳил барои як қувваи ислоҳотхоҳ ва навгарову милливу мардумиро, як ҳаракати муқобили ҷарёни ҳокимро пушти сар карда, бадтарин рӯзҳоро бомбборони манозилу кошона ва аз даст додани наздикони худро шоҳид буданд.Пас аз онҳама мароҳили сангин бо сари баланд ба ватан баргаштем. Имруз ҳам паноҳандаи наҳзатӣ ба тафовут аз бақия  ин аст ки дар азми худ росих аст. Зеро Кабирӣ саросема нест ва ресмонро хеле дароз партофтааст. Аммо Русия диранг ва таъхир карданӣ нест, чун ба як балое меафтад,ки пизишкони номӣ ҳам дар амри табобати вай оҷиз хоҳанд шуд. Мо чунин мепиндорем,ки Русия бо мулоҳизоти фавқуззикр дар тасмимаш ҷиддӣ аст. Шароити феълӣ ва вазъи жеополитикии ҷаҳон ва минтақа ва бахусус  Афғонистон ва зиёдаравиҳои Раҳмон  водор кардааст, ки дигарбора ба суроғи мухолифини тоҷик ояд. Тасмими Русия барои Раҳмон як сигнал ва ҳушдори ҷиддӣ ва “зангулаи хатар” ва ё “занги охирон”-и соли 2020 аст ,ки роҳат ба охир расид.Аммо мухолифон бо ӯ созишро дар сар намепарваронанд.Зеро хоин хоин аст ва ҳеҷ қавлу тааҳудашро наметавон ҷиддӣ ва ё пазируфт.  

 

Share This Article