Донишҷӯёни Хуҷандӣ: “аз мо нагиреду ба Авангард надиҳед”

Ин нома аз тарафи як гурӯҳ аз донишҷӯёни шаҳри Хуҷанд ба нишонии “Ислоҳ.нет” расид. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии “ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон” дар микрорайони 27 ин шаҳр воқеъ мебошад. Ректори ин донишгоҳ  доктори илмҳои иқтисодӣ профессор Шарифзода Мумин Машокир  аст. Ин ректори 2 зана, зодаи ноҳияи Ашт мебошад. 1 занаш хуҷандӣ. Ва “криша”-и Шарифзода як генерали кумитаи амният бо номи Нурулло. Ректор борҳо донишҷӯҳои худро ба амниятиҳо фурӯхт, хабар кашид. Мо, донишҷӯён  аз  дасти  ин  ректор  ва  миёнаравҳояш ба дод омадаем. Мо донишҷуёни  фосилавӣ  мебошем, ғоибона мехонем. Шумори донишҷӯёни ғоибхон дар донишгоҳи мазкур беш  аз 2000 аст. Ректор ва чанд нафари дигар аз ба ном устодон вале дар амал бизнесмен  бо ҳар баҳона  моро дар  семестр (санҷишу имтиҳонҳо) баҳои паст монда  аз  курс  ба  дигар  курс намегузаронад. Тамоми  мақсадашон пул  гирифтан  аз  донишҷӯён.

 

Барои мисол ба шумо  хабар  медиҳанд, ки  аз  семестр  нагузаштед. Шумо дигар маҷбур мешавед, ки “гапзанон” кунед. Нархи “гапзанон”   аз  3000 сомонӣ  то  6000 сомонӣ аст. Додан даркор. Агар  ин қадар пулро надодед, намегузаред. Ва дар як курс ҳатто се сол ҳам нигоҳ медоранд. Ҳоло шумо як ҳисобу китоб намоед, ки дар ин донишгоҳ беш аз 2000  донишҷӯи ғоибхон таҳсил мекунанд  ва  аз ҳар донишҷӯ ба ҳисоби камтарин  3000 сомонӣ  мегиранд.  Бубинед, ки даромади муфти  ректор  фақат аз ҳисоби  донишҷӯёни  фосилавӣ  чанд миллион сомониро ташкил мекунад? Ва, сабаби дар як курс чанд сол нигоҳ доштани як донишҷӯи ғоибхон чӣ аст? Ректор ин пулҳоро худаш мустақим аз дасти донишҷӯҳо намегирад. “Одами боваринок”-и  Шарифзода  муалим  Ҳомидов  Далеридин аз шаҳри Хуҷанд аст.

Инҷо мехоҳем ба як масъалаи дигари вобаста ба донишгоҳҳову тарзи қабули довталабҳо равшанӣ андозем. Чанд сол аст ки дар кишвари мо усули қабул дигар шудаву тавассути тестӣ доир мешавад. Аммо агар шумо ба ҳангоми тестсупорӣ исми тамоми донишгоҳҳоро ҳам оварда бошед вале то ба Маркази тести миллӣ ҳақу ҳуқуқшаро напардозед, ба донишгоҳи интихоб намудаатон дохил намешавед. Тести миллиро ҳам монополия кардаанд. Вале агар шумо дар инҷо Донишгоҳи давлатии бизнес ва ҳуқуқро интихоб кардед, метавон гуфт, ки бе ягон доля ва ё бо як пули ночиз шомил мешавед.

Вале баъде,  ки  шумо  дохил шудед аз шумо даҳчанд бештар пул мекананд. Вазифаи Ҳомидов  Далериддин  ин аст ки донишҷуёни  фосилавиро  аз ин  як давраи имтиҳон ‑семестр  ба  дигараш ва он ҳам тариқи   онлайнӣ  мегузаронад. Донишҷуёни  фосилавӣ ва ё ғоибона  дарс ва имтиҳоноро  бо  тариқи  онлайнӣ  мехонанд ва   месупоранд. Ҳомидов  Далериддин чи хеле  хоҳад   баҳогузорӣ  мекунад. Метавоанд ними  донишҷуёнро  бо  ҳар  баҳона  аз  курсаш  ғалтонад. Инҷо ҳадаф донишу савод нест ва ҳеҷ касро ҳам барои камдониши ва ё ширкат накардан дар дарсҳо аз курс намеғалтонанд. Мақсади асосӣ пул аст. Ҳомидов. Д дигар ягон  мақсад  надорад.

Мо, донишҷӯён боз як чизро мушоҳида ва яқин кардем. Агар хато накунам 3  сол пеш дар ин донишгоҳ як гурӯҳи махфие бо номи “Авангард”  ташкил  карда  шуд. Ҳамин хел сару садо ба роҳ андохтанд, ки  ташкилкунанда  ва  роҳбари  ин гуруҳ  писари  дуюми президент  Сомон  мебошад. Баъди онки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ин гурӯҳ мақолаҳои гуногӯн чоп шуд, мо ҳам хостем дар бораи аъзои ин гурӯҳ дар донишгоҳамон огоҳ шавем. Маълумамон гардид, ки барои ин гурӯҳи махфии Авангарди донишгоҳ Ҳомидов далериддин донишҷӯёни боваринокро аъзо мекардааст. Онҳоро алоҳида ва ҷудо карда ва ба онҳо Ҳомидов муаллими асосӣ ва тарбиятгар шудааст. Ҳомидов онҳоро роҳбарӣ мекардааст. Ва  аҷоиботи  кори  ин  гурӯҳ   дар он  будааст,  ки    ҳар  15  рӯз  омада аз  Ҳомидов. Д  дарс  мегирифтаанд  ва  дар хонаҳошон  ин  дарсҳои  додагии  Ҳомидовро  бо  тариқи  интернет  меомухтаанд. Мо аз як донишҷӯи аъзои ин гурӯҳ, ки рафиқи наздики як нафарамон мебошад дар бораи онҳо савол кардем. Вай тарсону ларзон баъзе гапҳоро гуфт вале қасам дод, ки аз ному насаби вай дар ин бора дар ягон ҷо зикр накунем. Аз рӯи гуфтаи вай ин гурӯҳи “Авангард”-ро мақомдорони  баланд  пояи  ВКД ва КДАМ назорат ва ҳидоят мекардаанд.  Роҳбарии донишгоҳии онҳо муаллим  Ҳомидов Далериддин “одам”-и амният будааст.

Вазифаи асосии онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва нашрияҳо танқид кардани равшанфикрон  будааст. Агар ягон кас, фарқаш нест,ки ӯ кӣ аст дар бораи фаъолияти ин ва ё он мансабдор чизи танқидӣ ва ҳақиқатро бинависад онҳо бояд даррав бар муқобили вай ҷавоб нависанд.

Ба ин  донишҷуёни Авангард  супориш  дода мешудааст,  ки фавран дар  расонаҳо  бо  номҳои  бардуруғ  ин  шаҳрвандро  хоин  бароварда  ва  солҳои  ҷанги  шаҳрвандиро  мисол  оварда  мардумро  ба  таҳлука  метарсонидаанд. Ин донишҷӯи узви Авангард гуфт, ки онҳо вазифадоранд, ки натиҷаи корашонро дар шакли катбӣ ва бо ҷойи чоп охири  ҳар моҳ нишон диҳанд. Аз рӯи натиҷаи ҳамин корашон нархи пули донишгоҳ барояшон арзон мешудааст. Вай гуфт, ки чунин гурӯҳҳоро дар дигар Донишгоҳҳо ҳам ташкил додаанд. Чунки вақте натиҷаҳоро муҳокима мекунанд, устодони махсус, ки аз маълум аст аз ВКД ва КДАМ мебошанд аз кори донишҷӯёни дигар донишгоҳҳо намуна оварда онҳоро ташвиқ мекардаанд, ки мисли онҳо бинависанд. Инро ҳам тазаккур дод, ки дар ҳақиқат  генерал Нурулло, як мақомдори амният омада шахсан худаш баъди якто-якто бо онҳо суҳбат кардан  ба  гурӯҳ қабул мекардааст. Ва агар  онҳо  таҷрибаи нағз  омӯзанд  ба  Душанбе  гусел  мекардаанд ва  дар  онҷо  бо Сомон–  писари  президент   вомехурдаанд.

Аз  руи гуфтаҳои  ин  донишҷӯи узви  Авангард  Сомон  барномарез- програмистиро дар Амрико  хондааст. Як донишҷӯ хостааст, ки аз Авангард хориҷ шавад, вале ӯро сахт огоҳ кардаанд, ки аз раъйяш баргардад. Ӯ аз раъйяш намегардад ва аз Авангард  ихроҷ мешавад.   Дере  нагузашта ӯро бо иттиҳоми хиёнат ватан ба  муҳлати 19 сол  равонаи  зиндон  карданд. Аз ин рӯ донишҷӯҳои аъзошуда аз ихроҷшавӣ аз Авангард метарсанд. Вале мегӯяд ин узви Авангард донишҷӯҳоеро бо фиреб ба гумроҳӣ бурда ба Авангард шомил мекунанд, ки босаводу болиёқат бошанд. Агар рафту донишҷӯ пушаймон шавад бар сари ӯ фишорҳои зиёдеро бор мекунанд. То ҷое бароямон маълум шуд аз 3 то 6 моҳи аввали аъзошавӣ ба “Авангард” ба он  ба  миқдори  1000 то 3000 сомонӣ маош ҳам медиҳанд вале агар  ягон ҳунарнамоӣ кунад мукофотпулӣ ҳам медодаанд. Вале ҳамаи ин пулҳо аз ҳисоби худи донишгоҳ будааст. Барои ҳамин ректори донишгоҳ ва Ҳомиддов Далериддин ошкоро аз донишҷӯҳо пулҳои калон талаб карда мегиранд. Гоҳ вақт матну суханрониҳои гурӯҳи  Авангардро  пешакӣ  нависта  тайёр  мекардаанд. Ва он донишҷӯ омада мегирад меравад ба хонааш ва аз онҷо дар шабакаҳо паҳн мекуанд.  Масалан  дар   вақти пахши зиндаи барномаи  “Минбари муҳоҷир”, “Садои мардум”, суханрониҳои Иззат Амон  ва  баромадҳои  Муҳиддин Кабирӣ онҳо   зуд вориди  шабака  шуда ҳадафҳои роҳбаронашоро амалӣ мекунанд. Зидди онҳо менависанд ва комментҳои пур аз дашному ҳақорат чоп мекунанд.

Ва бо номҳои умдатан бардурӯғ баромад  мекунанд. Барои ҳамин корҳояшон ба онҳо дар вақти супоридани санҷишу имтиҳонҳо ва пули донишгоҳ гузашт карда мешавад ва ҳатто баъзан вақт ба онҳо пул аз ҳисои донишгоҳ дода мешавад. Аз  ин  кор  тамоми  мақомдорони  боло  бохабар. Маблағҳое,  ки  аз  донишҷуёни дигар масалан аз донишҷӯҳои фосилавӣ ҳамчун  пора мегиранд барои кормандон ва донишҷуёни   гуруҳи Авангард  хароҷот  мекардаанд.

Акнун тасаввур кунед, ки дасту дили нопоки онҳо ҳатто ба донишгоҳу донишҷӯҳо ҳам расид ва барои  як  гурӯҳи  хиёнаткори Авангард  шуда   ҳазорҳо  донишҷуёи  ин  донишгоҳ дар  азоб ва бояд, ки пул бидиҳанд. Боз бохабар шудем, ки аъзои Авангард ба чанд қисм тақсим шудааст. Масалан авангардҳое, ки митингҳои дурӯғӣ ташкил мекунанд, онҳо ҷудоанд.

Нафароне, ки  дар  расонаҳо махфӣ нашру чоп мекунанд онҳо  алоҳида мебошанд. Чандин нафар аз муаллимҳои  ин  донишгоҳ ҳам  дар    гурӯҳи Авангард шариканд. Барои тадриси аъзои Авангард навиштани баромадҳо ба донишҷӯҳо ёрдам мекардаанд. Вақте ин ҳикоятро шунидем дар ҳайрат афтодем, ки чи тавр онҳо мардум ва халқи Тоҷикистонро гӯл задаву ба  гумроҳӣ  мебаранд. Мо, ба хулосаи қатъӣ омадем, ки ин ҳамаро тавассути “Ислоҳ.нет” ошкоро карда ва парда аз рӯи корҳои  сохтаи  ин  гурӯҳ бибардорем ва ба мардум расонем, ки   бо хабар шуда  хабари  ростро  аз  дуруғ   фарқ  кунанд. Воқеият ҳам ин аст ки ҳоло донишгоҳҳои  Тоҷикистон  ба донишҷуён  дарс намедиҳанд ва онҳоро тарбия намекунанд. Фақат  барои  пул кор кардан  ва  донишҷуёнро  ба  гумроҳи  бурдан ва  барои истиқболу бадрақа-маршировкаи омадану  рафтани  президент  даркор  мебошанд.

Маълум шуд, ки ин ҳавобаландӣ ва кибру ғурури  ректори  донишгоҳ Шарифзода. М .М ва Ҳомидов. Д аз  пушти ҳамин гурӯҳи Авангард будааст. Баъди  шунидани  ин  хабар ва санҷидани воқеият мо сахт эҳтиёткор шудем. Чунки дар ҳар лаҳза имкон дорад, ки ҳатто худи ректор барои мо тӯҳмати ноҳақ карда равонаи зиндон накунад. Ва ё ҳамин Ҳомидов Далериддин.

Мо, мутмаинем,ки баъди нашри ин навишта зуд ба ҷавобнависӣ даромада моро дурӯғгӯ мебароранд ва ҳатто дар пайи кофтукоби мо мешаванд. Вокуниш мекунанд. Вале дониста бошед, ки вокунишашон дурӯғ аст. Баъди вокуниши онҳо мо навор ҳам дорему аксҳо ҳам, мефиристематон.

Ps: Ин номаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии “ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон” Хуҷанд буд,ки тақдиматон намудем. Акнун хонандагони гиромӣ худатон хулоса намоед,ки аз ин режим бо чи гӯна роҳу услуб ҳимоят менамоянд. Мехоҳанд ба шаҳрвандон ва олам нишон диҳанд,ки мардуми кишвар аз “Пешво” ҳимояти содиқона мекунанд ва сиёсатҳои ӯро ҷонибдорӣ менамоянд. Дар ҳоле ин ҳама саҳнасозӣ, спектал ва зулми ошкоро бар ин мардум ва донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар аст.

Total
22
Shares
Матолиби ҳамсон
Идома

Ба мо чи рабт дорад?

  КДАМ “Хиёнат”-ро маҷбурӣ ба мардум нишон медиҳад Мо, як гурӯҳ аз кормандони “Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ба шумо ин…