Варшава, 13.08.2018
“Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон” (КШНГЗТ) тақдир ва ташаккури худро ба ҳамаи касоне, ки ҳамбастагӣ ва масъулияти шаҳрвандии худро нишон дода, хостаҳои мо барои барқарории ҳуқуқи қонунии кӯдаконро, ки ба дифоъ аз онҳо бархоста будем дастгирӣ намуданд. Мо ҳамчунин аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки омодагии худро барои ширкат дар тазоҳуроти эътирозӣ эълом карда буданд, қадрдонӣ менамоем.
Дар санаи 4 августи 2018, мо аз мақомоти Тоҷикистон хоста будем, то мамнӯияти хуруҷ барои бастагони фаъоли ҳуқуқӣ Шабнам Худойдодоваро, ки дар Лаҳистон (Полша) паноҳандаи сиёсӣ аст – яъне Фотима духтари 10-солаи вай ва модари пиронсолашро – лағв кунанд. Мо эълон кардем, ки дар сурати лағв нашудани мамнӯият ва хориҷ нашудани Фотима ва модарбузургаш аз кишвар, дар санаи 14 августи 2018 дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Олмон тазоҳурот барпо хоҳем намуд.
Хушбахтона, эътирозҳои шаҳрвандӣ ва корзоре, ки аз чанд рӯз пеш роҳ андохтем ва ҳамчунин ҳамбастагии расонаҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ бо дархостҳои мо, натиҷа доданд. Ҳукумати Тоҷикистон ба хонаводаи Шабнам иҷозати хуруҷ доданд ва ҳамзамон аз онҳо узр хостанд.
Бо таваҷҷӯҳ ба бароварда шудани хостаҳои КШНГЗТ аз ҷониби мақомот, мо ба унвони нишонаи ҳусни ният, барпоии ин тазоҳуроти эътирозиро лағв мекунем.
Дар айни ҳол, КШНГЗТ аз азми росихи худ барои идомаи талошу кӯшиш ҷиҳати барқарории адолат ва раҳоии ҳамаи гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ хабар медиҳад.
Мо ҳамчунон аз мақомоти Тоҷикистон хостори риояти қонуни асосӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонем. Мо қасд дорем ба эътирозоти мусолиматомези худ алайҳи иқдомҳои ғайриқонунии ҳукумати Тоҷикистон дар гаравгон гирифтани бастагон ва наздикони мухолифони сиёсӣ бо ҷиддият идома бидиҳем.
Фаъолияти мо то замоне, ки ҳамаи гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон наҷот пайдо накунанд ва бар қонунвайронкуниҳо ва поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон нуқта гузошта нашавад ва фишор болои бастагон ва наздикони мухолифони сиёсӣ поён наёбад, идома хоҳад дошт.
КШНГЗТ дар зудтарин фурсат, феҳристи комиле аз ҳамаи гаравгонҳо ва зиндониҳои сиёсӣ тартиб дода ва зимни ироаи он ба тамоми созмонҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарии ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, ҳамаи саъю кӯшиши худро ба харҷ хоҳад дод, то ҳуқуқи қонунии ин азизон барқарор ва аз ранҷу андӯҳ бираҳанд.
Хостаҳои мушаххас ва асосии мо аз мақомоти Тоҷикистон дар иловаи ин баёния гунҷонида шудааст.
Моддаҳои дархостнома қобили тағйир ҳастанд, ки дар ҷаласаи умумии КШНГЗТ баррасӣ мешаванд. Дар сурати бароварда нашудани дархостҳои мо аз тарафи мақомот, мо аз ҳамаи гузинаҳои мусолиматомез барои бароварда шудани тақозоҳоямон истифода хоҳем намуд.