“Бирав,то дер нашуда….”

Ислоҳ нет

Ин даъвати Светлана Александровна Алексиевич, барандаи Ҷоизаи ҷаҳонии Нобел дар соли 2015 аз Александр Лукашенкоро,ки худро бар хилофи раъйи мардум боз ҳам президент эълон кард, акнун дар берун аз Белорус ва ҳатто сарони давлатҳо ҳам дастгирӣ карда истодаанд. Роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо эълон карданд,ки натоиҷи интихоботи Лукашенкоро қабул надоранд ва ӯро сардори номашрӯъ ва ғайримунтахаб мешуморанд. Бархе аз кишварҳои урупоӣ аз сукут ва норӯшании мавқеи Олмон дар қиболи ҳаводиси Белорус ба шиддат интиқод ва изҳори норизоиятӣ карданд. Рӯзи 14 август Олмон ва Садри Аъзами он аз мавқеи боқии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ ва баргузории интихоботи ноозодро интиқод ва зиндонӣ кардани муътаризини осоиштаро хилофи ҳам меъёрҳои демократӣ арзёбӣ кард. Баррасӣ ва иҷрои ҳарчи зудтари масъалаи таҳримҳоро,ки се кишвари Лаҳистон, Литва ва Латвия талаб ва Амрико низ омодагии худро эълом карда буд, дар дастури кори Шурои Иттиҳои Аврупо қарор дод ва имрӯз Беларусро таҳрим карданд.

Светлана Тихановская,рақиби Лукашенко,ки худро баранда ва роҳбари машрӯъ ва матбӯъи Белорус меҳисобад, баъди як марҳаллаи пуршиддати руҳиву равонӣ имрӯзҳо ба худ омада ва аз мардум даъват кард,ки “интихоби худро” ҳимоят кунанд ва ба хиёбонҳо бирезанд. Шумора ва теъдоди коршиканиҳо, эътисобҳо тазоҳурот дар Белорус лаҳза ба лаҳза дар ҳоли афзоиш аст. Халқи Белорус дигар ба як диктотуре,ки 26 сол мешавад, онҳоро ба барда ва ғулом  табдил кардааст маҷол ва мадори раҳбарӣ нахоҳад дод. Поёни ҳар диктотуре ҳамин аст. Диктотури Тоҷикстон ҳам истисно буда наметавонад. Воқеият ҳам ин аст ки халқи ба хиёбонҳо рехта на талаби афзоиши маош,на талаби рафъи мушкилоти бебарқиву беҷойи корӣ ва на дигар талаб,балки маҳз рафтани Лукашенко аз сари ҳокимиятро тақозо доранд. Корхонаҳои бузургу кучаки Белорус, табибон, устодони донишгоҳҳо, тамоми мардум,ҳатто дар бархе аз шаҳрҳо пулис ва хадамоти махсус, дастаҳои ОМОН ба нишони эътироз аз худро баранда эълон кардани Лукашенко, даст ба коршиканӣ зада бо мардуми муътариз пайваста истодаанд.

Аммо дар хилоли ин ҳама ҳаводису ин ҳама моҷаро як касе аз “тангно” дар бораи адолати иҷтимоӣ менависаду аз адолати таърихӣ мегӯяд ва тамоми талошаш ва тамоми ҷонканданҳояш ин аст ки бигзоред Лукашенко ва Лукашенкои бадтар аз Лукашенко низ дар сари қудрат биистанд,то ки давлт бисозанд.

Ба назарам ҳоло Абдуллои Роҳнамо дигар як коршинос нест, балки як буқаламун аст,ки шом дар дигар рангу, рӯз дар дигар ранг аст. Ба назар мерасад,ки ҳоло мағзи сари ӯро гирифта ва дар ҷояш мағзи сари дигар касро мондаанд.  Ҳамин буқаламун,ки мо ёдаш дорем солҳо пеш ин тавр мегуфт,ки “таъбиру ибораҳои “исломгароён”, ”тундравони исломӣ”, “бунёдгароёни исломӣ”….ва амсоли инҳо сохтаву бохтаи хадамоти махсуси хориҷӣ  ва саҳюнизми байналмилалӣ аст вале мутаассифона аз тарафи хабарнигорон ва коршиносони мо истифода ва тақлиди кӯркӯрона мешавад, ки аз  онҳо бояд ҷилавгирӣ карда шавад”…

Мунтаҳо ӯ як коршиноси масоил ва сиёсатҳои исломӣ буд. Вале  ҳоло ин таъбирҳоро ба тамасхур кашидааст ва пӯзханд мезанад: “демократҳо», «ислоҳхоҳон» ё «исломгароён”, “халқ”….

 

Вақте имрӯз тамоми ҷаҳон аз дуздии раъйи мардум аз тарафи як диктотур мегӯяд ва барқарории адолат ва эҳтироми раъйу иродаи мардуми Белорусро тақозо мекунад, ин коршиносони рангу ақлбохта аз ӯ пуштибонӣ карда барои ҳамчун ӯ диктаторҳои дигар,маълум,ки киро дар назар дорад, машварат медиҳад,ки барои саркӯби халқ аз ҳеҷ амале шанеъ ва ҷоҳилона сарфи назар накунед. Зеро,агар ки Ислом Каримов ҳазорон ҳазорро дар Андиҷон намекушт, шояд,дар онҷо ҷанги шаҳрвандӣ сар мезад. Ҳамчуноне Раҳмон Набиев накушту ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аланга зад.

Дар ҳоле,ки Раҳнамо 100% медонад,ки чаро ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аланга зад ва киҳо онро доман заданд ва киҳо кишварро ба он варта кашониданд.

Барои онки ба гуфтаҳояш далел оварад, дигарҳоро нодону бефаҳм фарз карда мегӯяд, ин аз дасти “демократия” буд,ки Гурҷистон як қисме аз қаламравашро аз даст дод ва ё Украина ҷойи онки “давлат” бисозад, дунболи демократия рафту аз Қрим маҳрум шуд. Воқеан ҳам одам дар шок меафтад, ки ҳамин таҳлилу баррасии саропо беасосу мадрак ва комилан баракс  ва пур аз дурӯғ ва гумроҳкунандаро Роҳнамо мегӯяд? Вагарна бо ин бешармиву беҳаёӣ таҷовузи Русия болои Гурҷистон ва Украинаро ба демократия рабт намедод. Ба ин гуфта Сайидюнусуси Истаравшанӣ хело хуб посух додаанд,ҳатман онро хонед ,то дилатон тар шавад.

Гузашта аз ин боз Путинро тавре таъриф мекунад,ки русияи харобу хатали Елтсиниро ҳифзу ҳимоят кард ва аз нобудшавиву парокандашавӣ наҷот дод. Пушти Путинро гирифтан,пушти Лукашенкоро гирифтан,ки ин кишварҳоро ба зиндон ва мардумонашро ба бардаву батрак бадил карда истодаанд, чи маъно дошта бошад ва чаро намедида бошад? Ин Елтсин буд,ки Русияро аз банди зиндони коммунистӣ берун овард. Аммо ба назари ин коршинос ӯ агар буд Русия аз байн мерафт.

Роҳнамо чаро дар ин бора намегӯяд, ки чаро Светлана Тихановская,як хонуме,ки худ ошкоро эътироф мекунад,ки ҳеҷ гоҳ бо сиёсат кор надошт, дар ҳамин чанд рӯз ба як лидери халқӣ табдил ёфт? Роҳнамо сабабашро медонад. Медонад,ки режими Лукашенко,ки 26 сол аст Белорусро дар чанголаи оҳаниаш қабза кардааст, дигар ба ҷони мардум задааст.

Агар худро таҳлилгар,коршинос,сиёсатшинос мегӯӣ инсоф кун, аз инсоф набигзар. Ончиро нависед, ки барои мардум, барои ҷомеа бошад. Барои ҳамон мардуме,ки имрӯзҳо дар Белорус садои эътироз баланд кардаанд. Вале вақте дар хидмати як диктотур камар мебандед, режими даррандаро дигаргуна ба намоиш мегузоред, шумо каллаи мутафаккиратонро бо ҳарду даст қапида андеша кунед, ки чи касе ҳастед?  Коршинос ё мубаллиғи кироя ва зархарид?  Ҳоло бубинед, ин давлатсоз чи гуфта истодааст ва чи карда истодааст: “ман зиндаам, ба ҳеҷ куҷо нагурехтаам” ва мошинҳои ҷангиро дар кучаҳои Минск ва дигар шаҳрҳои бузурги Белорус ба ҳаракат даровардааст. Шумо барои Душанбе “репититсия” карда истодаед чӣ?

Агар Лукашенко ва Раҳмонов барои сохтумони давлат ин ҳама сол машғул буд, чаро то ҳол  ба анҷом намерасад? Бинои давлати сохтаи онҳоро бинои гӯшти шутурхӯрда мегӯянд. Чун хеле тӯл кашида истодааст. Вале шумо мегӯед, ки бигзор онҳо боз ҳам бошанд ва боз ҳам биистанд, то инки давлат созанд. Агар мегуфтед, ки чанд соли дигар мунтазир буд, шояд мардуми Белорус ва тоҷик шуморо гӯш мекард. Вале ин тарафи масъаларо нагуфтед. Онҳо давлат намесозанд, онҳо давлатро медузданд ва дуздида истодаанд ва василаи дуздӣ қарор додаанд. Аммо як бор ба домодҳо ва духтарҳо ва бачаву ҷиянҳои Раҳмонов нигоҳ кунед, ки барои худ чи давлату давлатчаҳои нозанину зебову ҳавасбиёиро сохтаанд. Чаро аз ин гуна давлатҳо барои мардум ташкил нашуд?  Акаи Ҳасан  аз кадом пул самолёти  “собственний” доранд? Бонки Спитамен аз они кист?  Мардум то кай бишинанд,ки як чунин “давлат” барои онҳо ҳам сохта бишавад?  Давлати мутамарказ ва бо низоми сахтгиронаву оҳанӣ? Ҳамин давлати хиёлии шумост? Давлати мутамарказ ва сахтгир дар баробари кӣ? Дар баробари Светлана Тихановскаяҳо?

Ҳоло мутаваҷҷеҳ ҳастед,ки Лукашенко, он ёғии гарданкулуфт, ки инак хуни инсонҳоро ҳам рехт дар чи вазъеву ҳолест:  “Ман зиндаам ва фирор накардаам”. Албатта, ки фирор мекунад. Илоҷ надорад. На танҳо ӯ. То ӯ ҳам диктотурҳо  ҳамин ҳолро гирифтор шуданд ва ё аз ин ҳам бадтар. Як ё ду нафари боқимондааш ҳам ҳатман ҳамин сарнавиштро такрор хоҳад кард. Шояд Лукашенко Қурмонбек Боқиевро гирифта пеши Раҳмонов меояд?  Раҳмонов барои онҳо мақоми паноҳандагӣ медиҳад? Барояшон Раҳнамо аз фанни сиёсатшиносӣ ва ташкили давлат лексия мехонад?  Ва, дар охир ҳамагӣ дастқаппон,”Сомонайр”-ро сувор шуда (сувории Пешво) пеши Ҷини Пин мераванд? Ин рӯзҳоро ба наздикӣ шоҳид хоҳем шуд. Вале ҳоло ба ин коршинос мехоҳам бигӯям, ки дар лексияи аввалаш барои инҳо дар Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон аз рафтани бообрӯ ҳам сабақ диҳад. Рафтани бообрӯ, рафтани шарофатмандона, рафтани бо сари баланд, рафтане,ки қонун ва қоидаи як давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ муқаррар кардааст.  Шарт аст вақте биравӣ, ҳамаро хуншору хунчакон ва дилҳоро сиёҳ кунӣ. Ӯ чи давлатсозу давлатмадор аст ки барои онки дили худаш орому осуда бошад, дили ҳазорҳо каси дигарро озор диҳад ва сияҳ созад. Беш аз ин хуни мардумро барои ивази бақо дар курсӣ бирезонад.

Ба Лукашенко ва ба соири диктаторҳои олам додани номи давлатмард ва давлатсоз нишонаи ноҷавонмардӣ ва ноодамист. Лукашенко ва Раҳмонов инҳо як себи дукафонанд, ду тарафи як сиккаанд. Онҳоро нашояд дуруд фиристод, онҳоро падруд бояд гуфт. Онҳоро бояд пеш кард, бояд сур кард, тела бояд дод, сахт, хеле сахт. Агар илоҷаш буд аз сари сахраи ҳавлангезу махуф дар пасашон бо лагад зад, сахрае,ки зери он нонамоён бошад, аз онҷо садо асло берун наояд.

Ба коршиносе амсоли Раҳнамо,ки феълан дар байни обу оташ аст инро гуфтанӣ ҳастам ки минбаъд бо мағзи сари то соли 2015-ат навис.

PS. Агар Светлана Александрова гуфт,ки бирав, то дер ношуда, ҳоло дар охарин хабарҳо мехонем,ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ба номи Тарас Шевченкои Белорус дар ҳамоҳангӣ бо мавҷи эътирозҳои ин кишвар талаб карданд, ки Лукашенко аз унвони доктори фахрии донишгоҳи мазкур маҳрум карда шавад…..

Вой доди давлатсоз….

 

Share This Article