Бисмилоҳир Раҳмонир Раҳим.
***
Ин мақола барои кулли пизишкон (Духтурон) ва парасторону донишҷуёни Донишгоҳи Давлати Тиббии ватанамон инъом карда мешавад.
***
Пизишки (Духтури) шуғли шариф аст. Исо алаҳиссалом табобат мекард ва нобиноён ва касонеро ки дучори бемории пес будан бо кумаки Худо шифо мебахшид. Ҳатто мурдагонро бо изни Аллоҳ зинда мекард. Бинобар ин пизишки шуғле аст шариф ва муқаддас. Ба ҳамин сабаб шоиста аст пизишкон бархе масоилро дар назар бигиранд.
Роздори ва муҳофизат аз асрори бемор.
Паёмбари Худо (саллоллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд: “Ҳар ки (асрори) мусалмонре бипушонд Аллоҳ низ дар дунё ва қиёмат (арори) уро хоҳад пушонд”.
Бархе аз мардум ба ҳукми ҷойгоҳе ки доранд аз асрори мардум огоҳ мешаванд ,ба монанди пизишк ё муфти ё ғассол. Аммо дар бархе шароит ифшои асрор ҷоиз аст монанди ин ки лозим бошад пизишк масъулонро аз бемории хатарнок хабар кунад, ё ин ки яке аз завҷайнро аз будани як бемори ки аз тариқи алоқаи ҷинси мунтақил (мегузарад) мешавад огоҳу хабардор кунад.
*Суистифода накардан аз мансабу касби пизишки (Духтури) барои манфияти шахсӣ.*
Як бор пеш аз як суханрони шахсе пеши ман омаду гуфт : Шайх дар яке аз ширкатҳои дорусозӣ кор мекунам. Ширкати мо миллионҳо маблағ барои таблиғу ба фуруш гузарондани доруҳо масраф мекунад, солона миллионҳо сомонӣ таҳти ҳисоботи ман аст то бо пизишкон робитаву додугрифт барқарор кунам.
-Гӯфтам: яъне чи хел?
-Гӯфт: ташвиқу намоишгузории (рекламаи) мо боис мешавад пизишк доруҳои моро барои бемор тавсияву таъин (назначение) кунад. Дар ҳоле ки доруҳои ширкатҳои расми ҳамон гуна хосиятро дороан ва каме арзон низ ҳастан. Ва инчунин мумкин аст доруҳое ки зарури нестан дар раванди табобати бемор тавсияву таъин (назначать) кунад ба мисли витаминҳо, масканҳо (успокоительный), табшиканҳо (жаропонижающий). Ҳар чанд бемор ниёз ба чунин доруҳо надорад. Аммо барои он, ки ташкилоти мо ва худи ҳамон пизишк фоида кунад тавсия ва таъин (назначать) мекунад.
-Гуфтам:Ин миёнарави бар зарари бемори бечора аст ки пуле барои худ сарф мекунад?
-Гуфт: Бале… Аммо Шайх ин бемор билохира бояд дору бихарад. Мо коре мекунем, ки доруи ташкилоти (фирмаи) моро бихарад на аз каси дигар.
-Гуфтам: Аммо бояд барои хариди маҳсулоти шумо пул бисёр диҳад ва ҳаминтавр доруҳое ки бихарад ниёз ба онҳо надорад?
-Гуфт: Бале…
Инҷо бояд хитоб ба баъзе пизишкон (Духтурон) бикунам: Муомила ва додугирифт бо чунин ширкатҳо ҷиноят аст. Ва пизишкон ҳақ надоранд пешниҳодҳои онҳоро қабул кунанд. Балки бояд дар муқобили хостаҳои онҳо муқовимат кунанд. Ин аз вазифа ва имондории пизишкон аст ки барои бемор доруи дастрасу лозимиро тавсия ва таъин (назначать) кунанд на доруи шаркате ки бо вай иртибот дорад ки барояш туҳфае додааст ва ё ба у ваъдаи сафари хориҷа ва истироҳат дар меҳмонсароҳои гарону шаҳрҳои зебо билети ҳавопаймо харидааст. Ё мумкин аст доруи ширкати дигар ҳамон таъсирро дошта бошад аммо нархаш арзонтар бошад. Чаро бояд доруи қиматтарро барои бемор тавсия кунад? Ин хиёнат дар амонат аст. Ин пизишк ба хотири Худованд ба бемор хайрхоҳи накарда. Чаро бемори бечора бояд пули бештаре барои ҳамон дору бо номи дигар пардохт кунад?!
*Инҷо ҷанбаи дигари аз амоннатдори аст ки камаҳамиятар аз ду мавриди пештар нест.*
Пизишке мегуфт: вате ки навкор будам бархе аз амалиётҳои майдаро анҷом медодам. Дар ҳуҷраи ҷарроҳӣ (операционный комната) пеш аз беҳушкун (наркоздиҳи), бемор бояд омада шавад ба амалаиёт. Ман маъмулан вориди ҳуҷраи ҷарроҳӣ намешудам магар пас аз омодасозии бемор. Яъне вақте ки ҳамаи бадани бемор пушида буд ва танҳо маҳали ҷарроҳи кушода мебуд. Як бор ҳангоми омодасозии бемор вориди ҳуҷраи ҷарроҳӣ шудам ва ҷавон духтаре ки бояд ҷарроҳи шавадро дидам ки у дар болои мизи ҷарроҳи (операционный стол) дар ҳоли беҳуш, лухту урён ба пушт хобида буд. Зоҳиран парастороне ки бояд либоси уро дар меовардан уро урён карда будан, аммо парастороне ки бояд либоси махсуси тозашудаи ҷароҳиро бар баданаш мегузоштан ҳануз уро напушонда будан. Пизешки бояд дастгоҳҳоро омода мекард, онҷо буд аммо афсус сад афсус… Тоза баъдан ҳолат бадтарҳам шуд ки наметавонам беш аз ин тавзиҳ диҳам. Ва хонумам ки ҷарроҳ аст мегуяд: дар бораи ҳуҷраи ҷарроҳи (операционный кабинет) ҳолатҳое ҳастан ки намешавад ҳарфашро зад. Занони беморро комилан лухту урён дар болои мизи ҷарроҳи (операционный стол) мегузоранд. Ҳато дар ҳузури пизишкони мард ки мутахасиси беҳушкуни (анестизиолог) ва донишҷуйписар ва духтарҳо.
Баъзе вақтҳо мегуям: Беморро бипушонед. Сардухтур ҷарроҳ ( главный оператор) мегуяд: мо ки инҷо ҳама пизишкем! Бо худам мегуям: ҳолоки пизешкем бояд мардумро кашфи аврат кунем??? Аммо агар бемор ҳамсар ё хоҳар ё модари худаш буд қатъан иҷозат намедод интавр рафтор кунанд.
Барои ин ки нофаҳмиҳо пеш наояд бояд бигуям: ин ду ҳодиса ки бароятон нақл кардам бисёр нодир ҳастан аммо барои ин ки бародарону хоҳарони пизишк (медперсонал) ва парастор (медсестра и медбрат) мутаваҷуҳи ин ҳодисаҳо бошанд.
*Тавозуъ ва фурутанӣ.*
Бояд пизишк ҳамвора хоксору нармдил ва ширинсухан бошад. Ва беҳуда нагуфтаанд сухани нарму ширин беҳтар аз дору бувад. Ва дар ҳақиқат бемор сахт ниёз ба сухани дил гармкунандаи пизишк дорад. Тавозу ва фурутани ин якум гиреҳкушои ғаму андуҳи бемор мебошад. Бояд пизишк ин хислати хуби инсониро ҳамвора ба худ дошта бошад.
*Шинохти аҳкоми шаръи марбут ба илоҷи беморон дар ҳади тавон.*
Барои пизишк шоиста аст ки як шинохти ҳадиақал нисбат ба улуми фиқҳию аҳкоми ибодот дошта бошад. Чун мардум аз вай дар бораи масоили шаръи марбут ба бемории худ хоҳанд пурсид. Ҳаминтавр лозим мешавад дар бораи чи гуна таҳорат кардан ва намоз гузоштанашон дар ҳоли бемори ба онҳо тавзиҳ диҳад. Баъзе аз беморон намоз намехонанд, на инки аз намоз бадашон меояд балки чи гунагии вузу ва намози беморро намедонанд. Вақте баъзе аз беморонро насиҳат мекунем ки намозашонро тарк накунанд, мегуянд: читавр намоз бихонам дар ҳоле ки либосам наҷас аст? Чи тавр намоз бихонам дар ҳоле ки кати хобам ру ба қибла нест?
Чи касе масъули ин беморон аст? Пизишки ҳозиқ аҳкоми марбут ба наҷосат ва тарзи вузу ва аҳкоми марбут ба қибла ва намоз ва вузу ва таямумро дарбар мегирад ба беморони худ омузиш медиҳад. Беморро дар сурати тавонои барои намози субҳ бедор мекунад. Имрузҳо барои ёд гирии ин масоил хело осон шудааст. Зеро китобҳои марбут ба фатвоҳои пизишки ва аҳкоми шаръи марбут ба беморон дар дастраст аст ва пизишку бемор метавонанд ба роҳати аз он истифода кунанд.
*Гувоҳии дуруғ.*
Бархе идораҳои давлати барои додани ҳуҷҷатҳои махсуси рухсати ё варақаи бемори ё кумак моли ё дигар имтиёзот ба кормандони худ ниёз ба гузориши пизишки (больничный листа) доранд. Инҷо барои пизишк лозим аст ки дар сурати гувоҳи додан ё навиштани гузориши тибби (больничный листа), шаҳодаташ мутобиқ ба воқеияташ бошад ва хешутабори ва ё дустӣ боъис нашавад гузоришро хилофи воқеият бинависанд ки дар он сурат шаҳодати дуруғ додаанд. Расулаллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: “ оё шуморо аз бузургтарин гуноҳои кабира огоҳ насозам? Гуфтан: оре эй Расули Аллоҳ. Фармуд: ширк ба Аллоҳ ва бадрафтори ба падару модар. Сипас мудате сокит монд. Онгоҳ фармуд: ва сухани дуруғин ва сухани дуруғин ва…. онқадар инро такрор кард ки фикр кардем дигар сокит намешавад”
*Таҳқир накардани дигар пизишкон дар назди беморон.*
Гоҳе пизишк ё парастор бо талошу кушиш дар шуғли худ пешрафт мекунанд. Аммо дучори худфирефтагии худ мешаванд ва ба шиддат аз кору фаолияти худ таъриф мекунанд. Дар муқобил аз кори дигар пизишкон ирод мегиранд то беморони онҳоро ба суи худ ҷалб кунанд. Мумкин аст беморон аз пизишке ки вақти худро сарфи таъриф ва тамҷид аз худ мекунанд хушашон наояд ба вижа агар хилофи воқеъ бошад.
Бемори ду навъ аст. Бемории дил (равони) ки як бемории маънави аст ва бемории бадан ки як бемории ҳисси аст. Чи хуб аст ки як пизишк табиби ҳар ду бошад.
Манбаъ: Китоби Шайх Муҳаммад Абдураҳмон Ал-Арифӣ. (Китоб:Ошиқе дар ҳуҷраи амал }ҷароҳҳӣ{)
Баргардон: М.М