Қисса: Бо мардум ҳамон тавре муомила кун, ки барои худат дӯст дорӣ

Ислоҳ нет

 Зану шавҳар нишаста буданд ва яке шавҳар ба ҳамсараш гуфт: мехоҳам баъд аз чандин соли зиндагии якҷояамон падар, модар, бародарон ва хоҳаронамро фардо шаб ҷамъ кунам ва меҳмондорӣ намоям. Туро заҳмат медиҳам азизам то хӯроку чизҳои лаззиз баҳрашон омода намоӣ.

Зан каме ба фикр фурӯ рафту гуфт: Иншоаллоҳ хайр мешавад.

Мард гуфт: пас ман меравам ба хонаводаам иттилоъ медиҳам то фардо хонаи мо ба меҳмонӣ биёянд.

Рӯзи баъди мард ба кораш рафт ва баъд аз баргаштан ба манзил ба ҳамсараш гуфт: Хонаводаам ҳоло мерасанд ғизои шом омода кардаӣ ё не?

Зан гуфт: Не хаста будам, ҳавсала надоштам то хӯрок омода кунам, охир хонаводаи ту бегона нестандку. Як чизи андаке тайёр мекунем кифоя.

Мард гуфт, Худо туро бубахшад чаро аз дирӯз ба ман нагуфтӣ, ки наметавонам ки ғизо омода кунам. Охир ҳозир мерасанд меҳмононам ман чи кор кунам?! Зан гуфт, ки ба онҳо занг бизан ва узрхоҳӣ кун (яъне имшаб наоянд)

– Онҳо бегона  нестанд ва туро мефаҳманд.

Мард бо нороҳатӣ аз хона берун шуд. Баъд аз чанд дақиқа дари хона тақ -тақ шуд ва зан рафта дарро боз кард ва падару модар, хоҳару бародарони худашро дид, ки дохили хона шуданд…

Падараш аз ӯ пурсид, ки домод куҷост?

Зан гуфт: Ҳамин ҳоло аз хона хориҷ шуд.

Падар гуфт: Дирӯз шавҳарат хонаи мо омада, моро барои ғизои шоми имшаб даъват кард. Магар мешавад, ки дар хона набошад?

Зан ҳайрон ва парешон шуд ва фаҳмид, ки ғизое ки бояд мепухт барои хонаводаи худаш буд, на хонаводаи шавҳараш !….Дарҳол ба шавҳараш занг зада, ба ӯ гуфт, ки чаро зудтар ба ман нагуфтӣ, ки хонаводаи маро барои ғизои шом даъват карда будӣ?

Мард гуфт: Хонаводаи ман бо хонаводаи ту фарқе бо ҳам надоранд, меҳмон атои худост. Мебоист бо хоҳиш ва ҳаваси тамом дастархон омода намуда, хурок тайёр мекардӣ

Зан гуфт: Хоҳиш мекунам ҳеҷ чиз дар хона надорем. Лутфан зуд биё харид карда биё.

Мард гуфт: Ҷойе кор дорам ва ба хона дер меоям. Инҳо ҳам хонаводаи ту ҳастанд фарқе намекунад як чизи андеке таёр кун барояшон бидеҳ ҳамон тавре, ки хостӣ барои хонаводаи ман бидиҳӣ. Ин дарсе аст барои ту, ки хонаводаамро эҳтиром бигзорӣ, пас бо мардум ҳамон тавре муомила кун, ки барои худат дӯст дорӣ …!

Share This Article