Иҷобати дуъои мазлум

Ислоҳ нет

Иҷобати дуъои мазлум
(Қисса)

Тӯли солиён аст, ки бо посух додан ба саволу ҷавобҳои шаръӣ бо мардуми зиёд аз қишрҳои мухталифи ҷомеъа дар тамосам ва ошноӣ дорам. Баъзе аз ҳолат ва воқеъоте, ки худ ба он рӯ ба рӯ ё гирифтор мешаванд нақл мекунанд ва барои машварату маслиҳат суол мекунанд ё аз мақолаву китобҳо ва навиштаҷоти қабливу ҷадидам истифода мебаранд.
Дирӯз як табиб (духтур) бо ман дар тамос шуд ва нахуст изҳори сипос аз он кард, ки аз навиштаҳои мо истифода мекунанд. Баъдан қиссаеро аз аҳволи як беморе, ки дар беморхона бистарӣ шуда буд, нақл кард. Шунидани ин қисса маро таҳти таъсир қарор дод, аз ин рӯ онро барои хонандаи азиз пешкаш мекунам, то ибрате бошад барои золимону ситамгарон ва қабл аз он ки ба ин ҳол афтоданд, тавба кунанду даст аз зулму тааддӣ бардоранд.

Қисса чунин аст:

Як мардеро ба беморхона оварданд. Номаш ҳам маълум аст, аммо барои онки мушкиле барои ин табиб пеш наояд онро зикр намекунам. Он мард писари яке аз ашхоси маъруфи кишвар аст. 
Мушкили қалбӣ доштанд ва тақрибан як ҳафта табобат намудем, зери табобати табибони дохилӣ ва эронӣ қарор дошт. Як ҳафта гузашт, аҳволаш вахимтар шуд ва мо ташхисро аз истеъмоли доруҳо шуруъ кардем, меъдааш низ дарди шадид дошт. Ба табобати меъдааш шуруъ кардем, ҳамин тавр дар ҳафтаи дуввум гурдаи чапаш ва баъдан ҳар як аъзо пайи ҳам аз кор мондан гирифтанд. Дар 27 соли таҷрибаи корӣ ҳолатҳои гуногунро мушоҳида кардам, аммо чунин беморро бо ин ҳолат бори нахуст дидам. Вақте вориди утоқи хобаш шудам бо дастонаш ишора кард, чун пеш рафтам бо садои пасту ҳазин гуфт: ман шифо намеёбам, заҳмат накашед. Гуфтам: ноумед нашавед, мо умед дорем, Аллоҳ шифоятон медиҳад. 
Вақте номи Аллоҳро гирифтам об аз чашмонаш ҷорӣ шуд ва боз бо садои паст гуфт, агар шифои ман ба Аллоҳ вобаста бошад, пас дигар умед надорам. 
Гуфтам: чаро чунин мегӯед? Ин сухан чӣ маъно дорад? Мо табибон ончи вобаста ба илми тиб аст ва он масъулияте, ки бар дӯш дорем анҷом медиҳем ва ҳамеша ба Аллоҳ такя мекунем ва аз Ӯ умед дорем. 
Гуфт: як хидмат кунед, ҳар чизе хоҳед медиҳам, аммо ончи мегӯям анҷом диҳед. 
Гуфтам: ҳеҷ чиз лозим нест, агар тавони онро дошта бошам барои Шумо анҷом медиҳам.

Гуфт: аз телефони ман як рақамро гиред ва бо телефони худ занг занед ва гӯед, ки фалонӣ дар бемористон аст ва мехоҳанд бо Шумо суҳбат кунанд. 
Ман дарҳол телефонашро гирифтам ва он рақамро пайдо кардам ва занг задам. Пас аз чанд занг гӯширо бардошт ва ман пас аз салом гуфтам, ака шумо фалониро мешиносед? Аввал ҷавоб надод ва баъдан гуфт: -бале, чӣ тавр ӯро нашносам. Гуфтам: ҳоло дар беморхона аст ва мехоҳад бо шумо вохӯрад.

Гуфт: мехохад бо ман вохӯрад? Гуфтам: -бале. Гуфт: ака шумо кӣ ҳастед? Ин боз як бозии навбатӣ аст. Моро ба ҳоли худ гузоред. Дигар чизе надорем, ки аз мо гиред, моро бечора кардед, бас аст охир!!! Гуфтам: ман духтур ҳастам, Он чиро, ки Шумо мегӯед ман тамоман намефаҳмам. Ман бо хоҳиши худи ӯ ба Шумо занг задам. 
Гуфт: ин мард хонаи маро сӯхт ва маро бо панҷ фарзандам аз хона бехона кард. Ҳама моли тиҷоратиамро бо таҳдид ва зӯрӣ гирифт. Маро ва боз чанд нафаре, ки мешиносам ба чунин ҳол гирифтор кард. Дигаронро намедонам, аммо ман ҳар шаб бо падару модари пирам ва зану фарзандонам дуъо мекунем, эй Аллоҳ ин марде, ки моро ба чунин ҳол овард, гирифтори беморие кун, ки бо дарду ранҷ ва бо азоб таманнои маргро кунад, аммо ҷонашро нагир. Аъзо аъзои баданашро пас аз якдигар бекор кун, аммо ҷонашро нагир ва ба сахтарин ҳолате, ки ҳеҷ нафарро гирифтор накардаӣ гирифтораш кун. Зиёд мехохам ӯро дар чунин ҳол бинам. Оё иҷозат ҳаст ман наздаш дохил шавам?
Духтур мегӯяд, бовар кунед ман дигар чи гуфтанамро намедонистам. Гуфтам, майлаш биёед ман ҳам шуморо барои ҳамин занг задам ва ӯ мехохад Шуморо бинад. Дасту поям меларзиданд, вуҷудамро тарсу ваҳшат фаро гирифта буд, ки чӣ тавр дуъо мустаҷоб мешудааст. Ин ҳолатро танҳо он шахсе мефахмад, ки аз асли воқеъа огоҳ бошад. Ман ин ҳолати беморро аз вақти овардан то охирин ҳолаташ медонистам. Вақте чунин гуфтани он нафарро шунидам якбора тарсу ваҳшат вуҷудамро пур кард.

Баъд аз муддате як марди миёнаумри нӯроние омада расид. Қабл аз дохил шудан ба ҳузури бемор аз ӯ хоҳиш кардам, ки ӯро бубахшад, зеро ҳолаташ хеле вазнин аст, ҳадди ақал ба осонӣ ҷон диҳад. 
Об аз чашмонаш рехт ва -не гӯён сар ҷунбонид. Вақте дохил шуд ман низ бо ӯ якҷоя даромадам. Агарчӣ бемор намехост ман он ҷо ҳузур дошта бошам, аммо ман исрор кардам, ки ҳолати Шумо хуб нест ман бояд ин ҷо бошам. Марди мазлум курсиро гирифт ва дар рӯ ба рӯяш нишаст ва дар халта ҳатто чизе ҳам барояш оварда буд.Инро дида, худро дошта натавонистам.

Аҷибтарин ҳолатеро дар умри худ медидам мисле, ки Қиёмат барпо гаштаасту додгоҳи ҳақиқӣ оғоз мегардад. Мазлум дар рӯ ба рӯи бемор нишаст, аммо нигоҳи ӯ хеле боҳасрат ва ҳолати пушаймонӣ дар амалкардаш дида мешуд. 
Мазлум гуфт: ман умед доштам, ки дуъоям мустаҷоб мегардад, аммо фикр намекардам шумое, ки бо карру фарри беандоза ба замин нигоҳ накарда роҳ мерафтед бо дуъои мо барин мазлум ба ин ҳол гирифтор мегардед. Оқибати зулмро дидед? Бемор бо садои хеле паст гуфт, акаи ҳоҷӣ ҳозир равед, ҳама ончи гирифтам ба шумо пас мегардонанд ва зиёд ҳам медиҳанд, аммо маро бубахшед, то ба осонӣ ҷон диҳам. Маро бубахшед, ман ҷавонӣ кардам, илтимос маро бубахшед. Писаратонро ҳам гӯед ба ватан баргардад дигар касе ба ӯ кордор намешавад. Мазлум: ман шуморо бахшидам ва барои ман чизе аз шумо лозим нест, имрӯз ман яқин кардам, ки Аллоҳ дуъои мазлуме мисли ману хонаводаамро мустаҷоб кард. Умед дорам дар охират бароям иваз диҳад. Писарам бошад ҷояш хуб аст, мабодо золими зиндаи дигаре сари курсии мансаб қарор дошта, озораш диҳад. Духтур мегӯяд: ман гуфтам: ака, ончи аз шумо гирифтаанд он ҳаққи ҳалоли шумост онро пас гиред ва зиндагиатонро пеш баред, шумо ҳам ба пул ниёз доред. Писаратонро баргардонед, аз ин фурсат истифода баред! Мазлум гуфт: духтур, ман он чи мехостам онро пайдо кардам ва дигар аз ин дунё ҳеҷ чиз намехоҳам. Ин ҳолатро Аллоҳ барои ҳама насиб намекунад, то иҷобати дуъояшро бо чашми сар бинад. Ман то имрӯз аз уламо истиҷобати дуъоҳоро мешунидам, аммо имрӯз бо чашми сар онро дидам.

Дастонашро болои дастони бемор гузошт ва гуфт: эй Аллоҳ ин шахсро бахшидам ва пиҳилаш кардам. Аллоҳ аз ӯ даргузар. Ва сахт гирист ва ростӣ ман ҳам бо онҳо гиристам. Мазлум пас аз каме утоқи беморро тарк кард. Ман аз пушташ берун шудам, аммо дигар нахост бо ман суҳбат кунад. Ман мехостам фаҳмам, ки чиро аз ӯ гирифтанд ва чӣ қадар маблағро ситониданд, аммо бароям муяссар нагашт. Ӯ пушташро нигоҳ накарда, беморхонаро тарк кард. Бемор пас аз ҳашт соати расо дурустараш шоми он рӯз ҷон дод. Ман ин ҳолатро бо чашми сар дидам ва ба шумо нақл кардам.

Хонанди азиз, фикр мекунам ҳеҷ ниёз ба шарҳу тавзеҳи дигар боқӣ намонд. Он чи навиштам қиссаи воқеие буд, ки асри рӯзи 27.03.2017. бароям расид ва ман низ онро барои шумо нақл кардам. Умед аст золимоне, ки айни ҳол сиҳату солиманд ва ба зулму ситами худ идома медиҳанд аз ин қисса панд гиранд ва тавба кунанд.

Share This Article