Панде барои ҷӯяндагони дунё

Ислоҳ нет

Панде барои ҷӯяндагони дунё
(панди аввал)

Ҳазрати одам панҷ васият ба фарзандаш Шис кард ва дастур дод ӯ низ ин васиятҳоро ба фарзандаш бигӯяд.

1. Ба дунё мутмаин нашавед, ки ман ба биҳишти ҷовид итминон ёфтам, Худо ин итминонро написандид ва берунам кард.

2. Ба ройи ( фикри) занон рафтор накунед, ки ман ба майли зан амал кардам ва аз дарахт хӯрдам ва пушаймон шудам.

3. Ҳар коре, ки мехоҳед бикунед аввал оқибаташро бингаред, ки ман агар оқибатандешӣ карда будам, ба ин мусибат дучор намешудам.

4. Кореро, ки дил дар анҷомаш ором надорад накунед, ки ман ҳангоми хӯрдан аз он дарахт дилам меларзид, аммо эътино накардам, хӯрдам ва пушаймон шудам.

5. Дар корҳо машварат кунед, агар ман бо малоика машварат мекардам гирифтор намешудам.

(панди дуввум)

Дар яке аз рӯзҳо муҳандиси сохтмоне аз табақаи шашум мехоҳад бо яке аз коргаронаш ҳарф бизанад. Ӯро фарёд зад, аммо ба хотири сару садои зиёд коргар мутаваҷҷеҳ намешуд. Ночор муҳандис 10 доллар ба поён мепартояд, то ин ки коргар болоро нигоҳ кунад. Коргар 10 долларро бармедорад ва дар ҷайбаш мегузорад ва бидуни ин ки болоро нигоҳ кунад машғули кораш мешавад.
Бори дуввум муҳандис 50 доллар мефиристад ва дубора коргар бидуни ин ки ба боло нигоҳ кунад пулро дар ҷайбаш мегузорад. Бори саввум муҳандис санги кӯчакеро ба поён меандозад ва санг ба сари коргар бархурда, осеб мебинад. Дар ин асно коргар сарашро боло бардоша нигоҳ мекунад ва муҳандис ҳарфашро ба ӯ мегӯяд.
Ин достон ҳамон достони зиндагии инсон аст. Худованд ҳамеша неъматҳояшро барои мо мефиристад, аммо мо сипосгузор нестем ва вақте ки санги кӯчаке ба сарамон меафтад, ки дар воқеъ ҳамон мушкилоти кӯчаки зиндагианд ба Худованд рӯй меоварем.
Бинобар ин ҳар замон аз Парвардигорамон неъмате ба мо расид лозим аст, ки сипосгузор бошем қабл аз он ки санге бар сарамон биафтад.
Баргардон ва таҳрири

Share This Article