аризаи шикоятии сармутахассиси заминсози ҳукумати Конибодом
Дӯстони азизи «Ислоҳ».Ин номае, ки ба дасти мо расиду чоп мешавад, ҳукми бомбаро дорад. Нафаре, муаллиф аст ки тамоми умр дар ҳукумат кор кардааст ва ҳоло ҳам корманди ҳукумат мебошад. Нафаре садои эътироз баланд мекунад, бонги изтироб мезанад, нафире аз аъмоқи ҷонаш берун мекунад, ки дигар тобу тавону таҳаммулро аз даст додааст. Виҷдонаш ба ошубу ба исён омадааст.
Пешопеш бароятон бигӯям, ки ин вазъу ин аҳвол ҳатто дар замони амирони манғитӣ ҳам рух намедод.
Ҳукумат имрӯз тамоми масорифу махориҷи худро болои мардуми одӣ бор кардааст. Агар ҳукумати Тоҷикистон дар Қазоқистон ярмаркаи молу маҳсулоти кишварзӣ ташкил мекунад, ба як деҳқон ё як муаллими одӣ чи дахл дорад?
Аз ин навишта маълум мешавад, ки раиси шаҳри Конибодом муваззаф шудааст, ки барои баргузории ин намоиш дар Қазоқистон ба Раҷаббой Аҳмадзода-Қофлонбой раиси вилоят 300.000 доллар бояд ҷамъ карда бидиҳад. Ва, барои онки ин пулро пайдо бикунад, замини давлатро барои участкаи наздиҳавлигӣ ба савдо мегузорад ва барои иҷрои ин кор сармутахасси заминсози ноҳияро дастур медиҳад. Раиси шаҳр аз номи Президент ба ин мутахассис таъкид мекунад, ки ин пулро бояд биёбад. Яъне замини давлатро, ки фурӯхтанаш мамнуъ аст, бифурӯшад. Хулоса вазифаи ин сармутахассис ин аст ки барои ин миқдор участкаи наздиҳавлигӣ «клиент» пайдо кунад.
Аммо ин сармутахассис «моргазида» аст. Чунки раиси шаҳр Абдусалом Тухтасунзода як маротибаи дигар 240.000 ҳазор доллари мардумро гирифтаву баъди як сол қароре иттихоз мекунад, ки каме баъдтар прокурори шаҳр онро бекор мекунад. Аммо он 240 ҳазор доллари мардумро пас намегардонад.
Ин ҳолатро шумо як бор таҳлил бикунед, ки ин чи давлату чи давлатдорӣ аст ки раиси шаҳр, намояндаи Президент халқро тавассути як корманди одӣ, як зердасташ фиреб карда дуввуним миллион сомониашро мегирад, аммо участкаи ваъдагиро дода наметавонад ва аз ин кор прокурор бохабар мешаваду раиси шаҳрро ба ҷавбгарии ҷиноятӣ намекашад. Магар ин чи ҳукумату ин чи ҳукуматдорӣ аст?
Бубинед, ҳамин Абдусалом Тухтасунзода қабл аз онки раиси шаҳр бишавад, дар кадом вазифа кор мекард? Дар вазифаи раиси Кумитаи замини Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров. Яъне ин мардака устухонаш бо фурӯши замин шах шудааст ва дар заминфурушӣ «гург» шудааст ва ҳамин заминфурушӣ будааст, ки вай аз миёни боду ҳаво раиси шаҳр шудааст? Қасам ба тамоми муқаддасот ин раис аз пули фурӯши замин ин вазифаро харидааст ва азбаски дар фурӯши замин тарсу ҳарос надорад, ҳоло ҳам ҳамин корашро дорад идома медиҳад. Ҳоло биёему бо ҳам ин номаро мутолиа кунем:
Ба истиқболи 32 -солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Абдусалом Тухтасунзода, раиси шаҳри Конибодом қарор аст паради ҳарбӣ баргузор кунад. Дар робита ба баргузор намудани ин паради ҳарбӣ ҳамаи раисони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳоро уҳдадор намудааст, ки 250 нафарӣ сокинонро сафарбар намоянд. Аз 18 то 55 сола мардонро барои паради ҳарбӣ мо бояд ҷалб намоем. Ман як заминсоз -муҳандиси ҷамоати деҳоти Патар мебошам. Ман ба наздикӣ ба нафақа мебароям, лекин маро ҳам роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳр Қудратуллозода С. маҷбур карда истодааст, ки дар ин ба паради ҳарбӣ ширкат варзам. Ман аз ин корҳои инҳо ба ғазаб омада аризаи шикоятӣ ба “Ислоҳ” навиштам. Шумо додари азиз Муҳаммадиқбол одами ҳақиқатгўй мебошед. Ман агар ба ягон мақомот муроҷиат кунам, раиси шаҳр А.Тухтасунзода маро тюрма мекунонад. Лекин ман аз ин корҳои ғайриқонунии раиси шаҳр ба шумо навиштам, то ки ҳама чи хел одам будани раиси шаҳрро донанд. Ман дар вазифаи сармутахассис, муҳандиси заминсоз кор ва фаъолият мекунам.
Раиси шаҳри Конибодом ба мардум участкаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо менамоям гуфта маро уҳдадор намуда буд, ки 5000 долларӣ аз ҳар кадоме маблағ ҷамъ намоям. Ман аз 48 нафар 240 ҳазор доллар ҷамъ намуда бурда ба раиси шаҳр Абдусалом Тухтасунзода дода будам. Вале раиси шаҳр пулро гирифта қарорро баъди1сол баровард. Аммо ин қарори раиси шаҳр мавриди иҷро қарор нагирифт. Чунки аз болои ин қарори раиси шаҳр Прокуратураи шаҳри Конибодом эътироз оварда, онро бекор намуд. Чунки он ғайриқонунӣ содир шуда буд. Азбаски ман ин 240.000 доллар ҷамъ оварда будам чанд бор ба қабули раиси шаҳр А.Тухтасунзода рафтам ва гуфтам, ки одамони пул дода участкаҳои худро интизоранд. Онҳо ба хонаи ман чанд бор омада, агар участка нашавад, пули маро баргардон гуфта, маро азият карданд.
Ман ба Раиси шаҳр шароитро фаҳмонидам, лек дар ҷавоб ў ба ман гуфт қудои ман муовини прокурори шаҳри Конибодом шуда омад. (Баъдтар фаҳмам, ки ин Ҷуразода Собир, вақте дар Прокуратураи шаҳри Конибодом кор мекард, одамонро расо ғам дода будааст.
Раиси шаҳр мегуфт, ки оянда ин Ҷўразода Собир прокурори шаҳри Конибодом мешудааст. Чунки прокурори вилоят Хоҷазода Ф. ба раиси шаҳр ваъда додааст, ки ба Ҷуразода Собир барои прокурори шаҳри Конибодом таъин шуданаш ёрдам мекардаст. Бино бар гуфтаи раиси шаҳр прокурори вилоят бо Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, бо Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент Озода Раҳмон шиноси наздик будааст. Онҳо ўро ба вазифаи прокурори вилоят таъин карда будаанд, ба ивази 200 ҳазор доллар. Прокурори вилоят Хоҷазода Ф. ба А.Тухтасунзода, раиси шаҳр гуфтааст, ки пулро ҷамъ кунетон: «ман рафта аз Прокурори генералӣ вазифаи прокурори шаҳри Конибодомро барои қудои ту бар ивази 70 ҳазор доллар харида меоям. Қудои ту прокурор шавад ягон нафар нисбати ту гап зада наметавонад».
Сари моҳи август тақрибан соатҳои 20:00 раиси шаҳр маро ба утоқи кориаш даъват намуд, барои суҳбат. Ман ба қабули раиси шаҳр А.Тухтасунзода рафтам, даромадам, ки дар онҷо муовини пешинаи раиси кумитаи замин Шавкат Раҳимов ҳам нишаста буд. Шавкат Раҳимов ҳозир сардори шуъбаи кадрҳои раиси шаҳр мебошад. Раиси шаҳр А.Тухтасунзода ба ман гуфт, ки дар Қазоқистон ярмаркаи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон баргузор мегардад, барои ин ба мо пул лозим аст: «Участкаҳои тайёр ҳаст. 10ҳазор долларӣ, 8 сотихӣ, одам ёбед 20-то участка ҳаст, ба ман пул лозим аст. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ман супориш дод, ки ба ҷои маҳсулоти кишоварзӣ 300ҳазор доллар бурда бидиҳам».
Ман гуфтам аввал он одамоне, ки 5 ҳазор долларӣ пул барои участка доданд, онро ҳал кунед, сонӣ ман одам меёбам барои ин участкаҳо. Лек раиси шаҳр дар онҷо маро ҳақорат намуда гуфт, ки ин супориши Президент мебошад, мо онро иҷро карданамон даркор аст: «ман ба ту гуфсодиям, ки одам биёв барои участкаҳо, ман сонӣ дигар корҳоро ҳал карда медиҳам».
Хуб гуфтаму аз кабинеташ баромадам ва ба ба ин натиҷа ва хулоса расидам, ки ин ҳамаро ба “Ислоҳ” нависам, аз кору кирдори ғайриқонунии раиси шаҳр А.Тухтасунзода ба ҳама бигӯям. Чунки дигар ба ҳеҷ расона онқадар боварӣ ва эътимод надорам мисли “Ислоҳ” Худо кунад шумо ҳам ин номаи маро нашр кунед.
Дар ҳукумати шаҳр фисқу фасод дар авҷ аст. Аз тарафи мақомоти қудратӣ чанд нафари онҳоро дастгир карданд, барои гирифтани пора, мисол Турдиев Зафар, собиқ мудири амволи ҳукумат. Лек ӯ ҳам дар суд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуд. Кормандони ҳукумати шаҳри Конибодом, кадрҳои болаёқат аз кор рафтанд. Ҳукумати шаҳр айни ҳол ранги дўзах гирифтааст. Раиси шаҳр А.Тухтасунзода ба ҳама тобеони худ супориш додаст, ки барои ярмарка, ки дар Қазоқистон мегузарад, пул ёфта биёянд, одам биёванд барои участкаҳо ва боғҳо. Раиси шаҳрро А.Тухтасунзодаро ҷияни Президент, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон «кришават» мекардааст. Ба гуфти одамони наздики раиси шаҳр вай оянда Раиси вилоят мешудааст ба ҷои Раҷаббой Аҳмадзода.
Ҳозир вай дар ҳукумати шаҳр дузду ҳаромхурҳоро ҷамъ кардааст. Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом Қудратуллозода С. (падараш Пиров Мирзосафар, сардори милиса дар Конибодом буд, ҳозир понижени рафтагӣ) посредникӣ карда аз одамоне, ки замин мегиранд, барои қарори раиси шаҳр10 ҳазор сомонӣ мегирад.
Ҷияни раиси шаҳр Сотимов Масрур, барои регистратсияи қарор гуфта 2 ҳазор сомонӣ мегирад. Як собиқ прокурорро ба худаш дар вазифаи мушовир ба кор гирифтааст. Ин одам байни мақомотҳо посредникӣ мекунад. Доляҳояро бурда медиҳад.
Сардори шуъбаи кадрҳо Раҳимов Шавкат пештар дар вазифаи муовини раиси кумитаи замини шаҳри Конибодом кор мекард. Он вақт ҳамин Абдусалом Тухтасунзода, раиси кумитаи замини шаҳри Конибодом буд, яъне Раҳимов Шавкат муовинаш буд. Ягон кас намедонад, ки чи гуна Тухтасунзода раиси шаҳр шуд. Одамҳо бовар намекарданд, ки чи гуна аз як шуъба якбораи раиси як шаҳри калон мешавад. Аммо ин Раҳимов Шавкат чанд бор аз тарафи мақомоти қудратӣ барои гирифтани пора дастгир шуда буд, лекин бо ёрии раиси шаҳр А.Тухтасунзода аз ҷазои ҷиноятӣ озод мешуд. Ин Раҳимов Шавкат дар ҷамоати Патар 3 гектар замини наздиҳавлигӣ ва 40 гектар замини корам дорад. Ба гуфти одамон Раҳимов Ш. ва раиси шаҳр А.Тухтасунзода ба номи хешу таборашон қариб 300 гектар заминро ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд. Раиси шаҳр А.Тухтасунзода чанд объектҳоро ба номи хешу табораш ҳуҷҷатгузорӣ карда мондааст.
Тухтасунзода Абдусалом 21.10.1975 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1998 Донишгохи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро бо ихтисоси агроном- хокшинос хатм намудааст. Вай бар асоси фармони №59 рузи 11 ноябри соли 2020 ба вазифаи раиси шаҳри Конибодом таъин шудааст. Тухтасунзода Абдусалом то расидан ба ин мақом фақат дар умури заминсозӣ кор кардааст.
Аз дасти ин раиси шаҳр ягон ҷои обод намонд, ҳама ҷойҳоро фурухт ё аз они худ намуд. Мардуми бечора чи кор кунад аз дасти ин раиси шаҳр? Ба сокинони муҳтоҷ участка намедиҳад, пулро гирад даррав қарор бароварда медиҳад. Як писараш гуё дар хизмати ҳарбӣ мегўянд, лекин ҳар руз пиён мошинсаворӣ карда дар шаҳр мегардад.
Прокуратура, амният ва милисиҳо аз корҳои ғайриқонунии раиси шаҳр А.Тухтасунзода бохабар мебошанд, лекин ягон чора намебинанд. Аммо агар ягон бечора нохоста ягон коре кард, ўро ҳабс мекунад.
Раиси шаҳр Абдусалом Тухтасунзода порахўри калон мебошад. Ягон кори мардумро бепул иҷро намекунад. Ин чи аҳвол аст?
Ман кори заминсозиро бас мекунам. Ман аз пушти ин раиси шаҳр аз мардум дашном мешунавам. Аз одамон пулро гирифт, корро буд карда диҳад. Агар аз корҳои ғайриқонунии раиси шаҳр бинависам як китоб мешавад.
Солиев Т.
P.S Вақте ин номаро ба нашр омода мекардам, матлаберо дар «Бомдод» хондам, ки раисони ҷамоатҳои ноҳияи Рашт аз болои раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон шикоят кардаанд. Шикояти онҳо ҳам ба баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон мегузарад, ки қарор аст дар ҳамин моҳи август доир шавад. Аз ин ҷиҳат маълум мешавад, ки Абдусалом Тухтасунзода, дар мавриди ташкили намоишгоҳ дар Қазоқистон рост мегуяд. Шояд ҳаҷми маблағи ба ӯ «андоз»-карда 300.000 доллар набошад, камтар бошад. Аммо инки барои ин намоишгоҳ пул кофтанистро ҳамин шикояти раисони ҷамоатҳои Рашт аз болои раиси ноҳия тасдиқ мекунад.
Раҳимҷон Муқимӣ,раиси ноҳияи Рашт ҳам айни ин «мушкил»-ро доштааст. Аз болои вай, маҳз дар ҳамин масъалаи «омодагиҳо» ба рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқситон гуфтаанд. Шумо метавонед, ки ин матлабро таҳти ин суроға https://www.bomdod.com/2023/08/13/shikojati-raisoni-jamoathoi-rasht-az-raisi-nohija-jonamonro-ba-lab-ovardaast/) мутоилиа фармоед.
Нукта ҷолиб ин аст ки ҳамин Раҳимӣ Муқимҷон, раиси ноҳия Раштро дар аввали имсол коррупсия дастгир карда вале баъдан бо мусоидати «боло» ё дурустараш “кали айёр “ раҳояш карданд.
Ин ҳама аз чӣ далолат медиҳад? Инки навиштаҳои ин муаллифи мо комилан саҳеҳ аст. Дуввуман ин ки раисони ноҳияҳо хеле ҳам дилпурона пул «кор мекунанд»,чун маълум аст ки барои чорабинии Қазоқистон супориш аз боло аст. Яъне ин ҳама схема ва система аз худи марказ аз худи Раҳмонов ташкил ва тасия мешавад. Ин худи Раҳмонов аст ки роҳ ва шеваҳои дуздӣ ба раисону бақия вазиру кабирашро ёд медиҳад.
Дузди калон худи Раҳмонов аст, дузди асосӣ ва дузди дуздон, худи ӯст. Бубинед, ки аз 63 навоҳӣ ин миқдори пулро, бигзор на 300.000 долларӣ, ҳатто 100.000 долларӣ ҷамъоварӣ кунанд, чи миқдор пул мешавад яъне 6 миллиону чорсад ҳазор доллар. Ва,ин танҳо барои баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон. Аҷаб! Агар имконият надошта бошад чаро ин чорабиниро доир мекунад?
Ва, аммо, ин бародар, ки якчунин ошкоргӯӣ кард, як чунин бомберо тарконд, набояд таҳти фишору таҳдид қарор бигирад. Афроде, ки ҷонашон ба лаб расидаастро бояд пурсиду ба ҳарфашон гуш дод.
Умедворем, ба ин нома холисона ва аз рӯи адлу инсоф расидагӣ хоҳад шуд.
Мо ҳатман ин масъаларо пайгирӣ карда ва ҳар таҳаввулеро дар ин бора ба шумо хабар медиҳем.