…Идомаи матлаб дар бораи фаъолиятҳои ҷиноии Қодир Қосим, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷкистон ва хешу табори вай дар Ванҷ
(бахши дуввум)
Вақте Ҷаббори Қосим дар чангаки амният афтид бинои идораи ҷамоати деҳоти Техарв оташ гирифту сӯхт. Ин ҳодиса тирамоҳи соли гузашта рӯй дода буд. Рӯзе, ки дар шаби он ин ҳодиса рӯй медиҳад, Сино Музаффаров, котиби ҷамоати Техарв «буз»-и амниятиҳо мехезаду дар бухорӣ алав мекунад. Сино огоҳ буд, ки дудбарои мӯҳрии бом аз бом боло нокарда аст. Соати 5-и бегоҳ дар бухорӣ алов дармегиронаду дар бухориро кушода мегузорад аммо дари утоқро мебандаду мебарояд
Шояд ин кор амдӣ ва тибқи нақша бошад, то баъдан гӯянд, ки террористҳо ин корро кардаанд, Кормандони Идораи оташнишонӣ меоянду санад тартиб медиҳанд, ки сӯхтор бо айби ноқилҳо ва расиши кутоҳ сурат гирифтааст. Аммо ин сӯхторро ҳамон котиби ҷамоат ташкил карда буд. Вай раиси ҷамоатшав буд ва амният ӯро раиси ҷамоат ваъда карда будааст. Феълан масъули танзими анъана ва расму оинҳои ҷамоат аст.
Ҳозир Қадамов Зайнулло Ҷағандаров раиси ҷамоат мебошад. Зайнулло хусурбачаи Қодир Қосим мебошад. Падари Зайнулло Қадамов Ҷавқал Чағандарович амаки зани Қодири Қосим аст.
“Баъди сӯхтор кормандони ҷамоатро ба бинои фарҳанг кӯчониданд. Қасри фарҳанги ҷамоат. Аммо моҳи июни соли ҷорӣ бинои фарҳанг ҳам оташ мегирад. Аммо сабабгори сухтор дар қасри фарҳанг Ҷинҷов Қудрат Нозимович писарамаки Қодири Қосим мешавад. Вай дар қасри фарҳанг китобхоначӣ аст. Як вақт як корманди қасри фарҳанг маст мешавад ва мегӯяд, ки сабаби оташгирии қасри фарҳанг ҳамин Ҷинҷов аст, ҳамон сӯхт. Ҳама мардуми Ванҷ мефаҳманд. Амният ҳам инро мефаҳмад, ки сабабгори сӯхтори қасри фарҳанг Ҷинҷов аст. Милисаву прокурор ҳам бохабар мешаванд. Аммо азбаски раиси ноҳия -Ҷаббор Қосимов- писарамакаш аст, ҳама дар даҳон об гирифтаанд.”
Вале бояд ин корро ба навъе дигар «банду баст» карду аз он баҳра бардори намуд.Набояд аз Ҷинҷовҳо-Қосимовҳо сар зада бошад. Ин корро бояд муллоҳо ва мулобачаҳо яъне афроди ба дин наздик карда бошанд. Хуллас, мардум оташро хомӯш мекунанд. Бинои қасри фарҳангро наҷот медиҳанд. Ва ҳама хонабахона бармегарданд. Дар маҳалли сӯхтор танҳо кормандони фарҳанг ва ҷамоат боқӣ мемонанд. Онҳ то омадани пожарникҳо, милиса ва ҳукумати ноҳия меистанд.5- и саҳар Ҷаббор Қосимов, раиси ноҳия меояд ва бо раиси ҷамоат вориди бинои қасри фарҳанг мешаванд.
Ва онҳо дар девори қасри фарҳанг як навиштаҷотеро мебинанд, ки дар он навишта шудааст: «баъд аз инҷо навбати мактабатон мешавад. Ҷамоататонро сӯхтем, фарҳангатонро сухтем, акнун навбати мактаб».
Гӯё ин корҳо ҳамааш кори дасти террористҳову салафиҳо будааст.
Аммо маълум аст, ки ин ҳама як дурӯғу як бӯҳтоне беш нест. Бояд як чиз бисозанд.
” Бубинед, ки сӯхтор дар бинои фарҳанг соатҳои 12 сар мезанад. Мардум то соатҳои 2 ва 3-и шаб онро хомӯш мекунанд. Тибқи нақли шоҳидони ин ҳодиса ба “Ислоҳ” деворҳо таҳи дуд мондагӣ, ранги деворҳо рехтагӣ. Аммо болои он «навиштаҷот» ҳатто гарду ғуборе нест, чи расад ба дуд ва сиёҳии сухтор? Агар ин навиштаҷот пеш аз сӯхтор мебуд, якҷо бо рангҳои сӯхта мерехт чун ранги деворҳо рехтаву сиёҳ шуда буданд. Аммо хату ранги ин навиштаҷот хеле хоно истодааст. Барои ҳамин ҳама фаҳмид, ки онро баъди сӯхтор навиштаанд. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Ҷинҷов Қудрат онро бо фармони амният навишта бошад ва омадани раиси ноҳия бидуни милисаву амният ба маҳалли ҳодиса ҳам як кори аз қабл тарҳрезишуда аст.”
Он одамҳое, ки шабона сӯхторро хомӯш карданд,чунин навиштаҷотро надидаанд. Онҳо гуфтанд, ки ҳамчунин навиштае аслан набуд.
Вақте ба Ҷаббор Қосимов, раиси ноҳия ин навиштаҷотро нишон медиҳанд вай мегӯяд, ки зуд поку тозааш кунед, ки ҳеҷ кас хабар наёбад. Хапу дам тозааш мекунанду гап байни худашон мемонад. Аз байн ду моҳ мегузарад. Ҳама хапу хомӯш. Он навишта куҷо шуд , касе суроғ намекунад, намепурсад. Баъди ду моҳ худи раиси ноҳияро мепурсанд, ки ту чаро «улик»-ро нобуд кардӣ? Дар асл амният аз ҳама чиз хабар дошт. Чун тарҳи худаш буд ва медонист. Аз раиси ноҳия баёноташро мегиранд. Бидуни шубҳа ин як таҳдиди ниҳоят ҷиддӣ барои Ҷаббор Қосим буд. Амният мегӯяд, ки
«ту ҷинояти вобаста ба террористҳоро,ки то 8 сол ҳукм дорад,рупӯш кардӣ. Акнун худат ин ҳамаро аз нав бояд ташкил кунӣ. Бори муллоҳо ё муллобачаҳо мекунем ва мегӯем, ки онҳо салафианд ва ин кори онҳост. «Статя»-и террористу экстремист мезанем, мебарему мешинонемашон. Вале ту худат ташкил мекунӣ. Навиштаҷотро бояд барқарор намоӣ»!
Мақсади Искандар, сардори КДАМ-и Ванҷ ин буд, ки чанд нафарро бо иттиҳоми салафӣ зиндон кунад, рутба ва мансаби баландтар бигирад.
Дар баъзе ҷойҳо, ки сӯҳбат мекардааст, мегуфтааст, ин ман будам, ки дар Хуҷанд 8 касро бо гуноҳи салафӣ шинонидам.8 нафар имомхатибҳои ленинободиро ман салафӣ карда шинонидам. Мавлавӣ Абдуллои язгуломиро ҳам ман шинонидам. Сураҷ Назаровро низ ман шинонидам.
Хуллас, агарки Ҷаббор Қосим ин дастури амниятро иҷро накунад, раиси ноҳияро зиндон мекунам.
Ин суханони Искандарро аз КДАМи марказӣ ба “Ислоҳ” расониданд. Чун дар сафи кормандони амният инсонҳои боимону худотарс кам нестанд. Бачаҳое ҳастанд, ки бономусанд, мехоҳанд, тинҷӣ ва амонӣ бошад. Аз марказ аз гузоришҳое ӯ фиристодааст мегӯянд ин бадбахт- Искандари сардори амнияти Ванҷ, сахт ифлос аст. Дар ҳама ҷое, ки кор кардааст, фақат дасисаву фитна меангезад. Мегӯянд ҳама он наворҳое, ки Ҷаббор Қосимро гирифтанд:-бо порахӯриву зинокориву шароб- нӯшиву дуздиву фурӯхтани кӯмакҳо ва он баёноте, ки амният дар бораи он «навиштаҷот» гирифтааст, дар дасти амният аст ва «дело» -тайёр кардааст. Ба эҳтимоли зиёд сабаби асосии аз вазифа рафтанаш кори амният аст. Ҳатто як кличкааш ба мо расидааст вале намеписандем онро инҷо биоварем.
Нақши Фирдавс Охиров дар барқарории навиштаҷот
Дар Душанбе як бачаи амаки Қодири Қосим дар Кумитаи андоз кор мекард: Фирдавс Охиров.Ӯро бо ҷурми пора дастгир мекунанд. Мебоист,ки «дело» мекарданд. Қодир Қосим ба байн медарояд ва ӯро халос мекунад. Бар ивази халос кардан кореро,ки Ҷаббори Қосим мекард, яъне барқарори ҳамин навиштаҷот дар девори қасри фарҳангро ба ӯ месупорад. Мегӯяд,ки ту Ванҷ рафта ҳамин корро анҷом медиҳӣ, то Ҷаббор аз дасти амният халос хурад. Яъне он навиштаҷотро аз сар ту менавсӣ. Фирдавс Охиров меояд Ванҷ ва ташкил мекунанду ҳамон навиштаҷотро аз сар менависанд. Баъди якуним ду моҳи сӯхтори бинои қасри фарҳанг он хатро дар девор менависанд. Ва,ба ҳамин тариқ амакбачаҳо:-Фирдавс Охирову Ҷинҷов Қудрат ва низ Қосимов Вориси котиби ҷамоат сабаби сӯхтори қасри фарҳанг ва аслу таги гапро медонанд. Дар мавриди Фирдавс Охиров чандин бародарони қадрдон навиштанд,ки хело инсони хуб аст ва набояд номаш равад. Аммо ончи анҷом додааст онро пас аз таҳқиқи сад фоиза навиштаем. Ин матлаб таъхираш дақиқан ҳамин нукта буд, ки билохира он тасдиқи худро пайдо намуд. Ҷаббор Қосим ба амният гузориш медиҳад, ки навиштаҷот дар девор барқарор шуд. Аммо амният боз Ҷаббор Қосимро «грузит» мекунад: «Ман аз пушти ин кор вазифа мегирифтам, ҷойи баландтар мерафтам. Ту онро пок карда ба ман зарар расонидӣ. Акнун корро то охир мебарӣ. Сурати онро оварда ба ман месупорӣ». Ҷаббор Қосим ба Азими ҷонишинаш дастур медиҳад, ки «рафта аз вазъияти Ванҷи боло хабар мегирӣ ва дар роҳ як сари қадам ҷамоати Техарв ҳам мебароӣ ва аз қасри фарҳанг дидан мекунӣ ва акси он навиштаҷотро гирифта меоварӣ»!
Нақши ҷонишини раиси ноҳия Азим дар қазияи навиштаҷот
Ҷонишини раиси ноҳия бо мошини Сабзов Маҳдӣ, як бача аз ҷамоати Техарв роҳ пеш мегиранд ба самти Ванҷи боло. Вақте назди ҷамоати Техарв мерасад мегӯяд, ки як лаҳза биист. Ман қасри фарҳангро як бор бинам, ки чи ҳол дошта бошад? Манъ мекунанду медароянд қасри фарҳанг. Ҳамон навиштаҷоти дуввумбора навиштаро мебинад . Ба Сабзов Маҳдӣ мегӯяд, ки сурати ин навиштаҷотро бо телефонат гир. Ва пагоҳ биёву ба телефонии ман гузарон. Сабзов сурат мегирад ва пагоҳаш ба телефонии ҷонишини раиси ноҳия мегузаронад. Пеши амният меоранду суратро нишон медиҳанд.
Нақшаи зиндонӣ кардани имохатиб Воҳидов Саодатхуш
Амният тафтишотро сар мекунад. Ин дар ҳоле аст, ки амният ҳама моҷарои ин ҳодисаро медонад. Медонад, ки сухтор кори дасти Ҷинҷов Қудрат аст. Медонад, ки ин хат дубора навишта шудаасту кори дасти кист.
Вале бояд кор кунад ва вазифаву рутбаи баландтар бигирад. Дафъатан имомхатиби Техарв Воҳидов Саодатхушро аз вазифа барканор мекунад. Дар асл ҷурми имомхатиб он буд, ки супориши амният дар бораи дар интернет бар зидди Иззат Амон баромад карданро рад мекунад. Агарчи Саодатшо дар ҳар хутбааш пешворо таърифу тавсиф мекардааст ва итоат аз “Пешво”ро хело муҳим мегуфтааст вале боз ҳам барояшон писанд набудааст. Тибқи маълумоти расида ба “Ислоҳ” мегуфтааст ба сиёсат аслан кор надорам ва ман як муллои оддӣ ҳастам.Ин ба амният хуш намеомадааст , бояд имомхатиб сад дарсад буз ва таслими ҳама амрҳои амният мебудааст. Искандар, сардори амнияти Ванҷ ба сардори бахши Кумитаи дин ва танзими анъана таҳдид мекунад, ки ман ӯро –имомхатибро «ину он» мекунам. Дар ҷои имомхатиб нафари дигар-Муминов Амруллоро, ки одами амният аст, таъин мекунанд. Тибқи хабарҳои расида ин имомхатиб дар ҳар мавъизааш аввал аз Раҳмон мегӯяду сипас бисмиллоҳ ва ин писанди амният будааст.Искандар мегуфтааст : бо ин кор кардан мумкин аст ва ҷавонони зиёдеро тавасути ӯ метавон зиндонӣ кард. (мардуми Техарв хуб мувозиб бошед!)
Хуллас, он навиштаҷотро амният мегираду ин кори дасти террористҳо ва салафиҳо мегӯяд ва дар пайи кофтукобу таҳқиқ мешавад. Ин кор моҳи август ва сентябри соли ҷорӣ сурат гирифта буд. Амниятиҳо меоянд қасри фарҳанг ва кормандони ҷамоат ва фарҳангро даъват карда таҳти истинтоқ қарор медиҳанд ва аз онҳо баёнот мегиранд. Бинобар иттиллои дарёфтӣ қасди амният ин будааст, ки имомхатибро ба ин бало бипечонад. Аммо он шабурӯз имомхатиб ба коронавирус гирифтор мешавад. Амният тавассути раиси ҷамоат ба суроғи имомхатиб меояд. Вале имомхатиб мегӯяд, ки тавони рафтанро надорад. Аммо амниятиҳо дастбардор намешаванд ва ба ҷамоат меоянду имомхатибро даъват мекунанд. Имомхатиб бо котиби ҷамоат-ҷияни Қодири Қосим рӯбарӯ шуда аз ӯ мепурсад, ки чаро ӯро амният даъват кардааст. Вай ҷавоб додааст,ки имшаб то соати чаҳор баёнот додем ва сухан аз қасри фарҳанг аст. Дар ин вақт корманди амният меояд ва мегӯяд, ки «мулло чи кор кунем?» Имомхатиб мегӯяд, ки қасри фарҳанг ба ман чи дахл дорад?
Ба ҷуз аз имомхатиб боз се нафари дигарро даъват карда будаанд. Қасдашон ин будааст, ки як гурӯҳ созанду нишон диҳанд, ки ин кори гуруҳӣ аст.
Салоҳов Насриддин, Ифтихор ва нафари дигар Урфонов Бурҳон. Амният нияташ ин буд, ки навиштаҷотро бори ҳаминҳо кунад. Дар аввал хоста буданд, ки шикастани сангҳои рӯйи қабрҳоро бори дӯши ҳамин нафарон кунанд, аммо натавониста буданд онро ба инҳо бор кунанд. Гап дар ин аст ки ҳамин сол санги сари ду қабрро дар як қабристон шикастанд. Дар ин қабристон шояд панҷ- шаш гӯр санги қабр дошта бошад. Аммо дар қабристони рӯбарӯ гӯрҳое, ки болояшон санг гузоштаанд, хеле зиёд аст. Аммо сангҳои гӯри падару писарро дар ин мазор шикастанд. Бидуни шакку шубҳа ин кори худи амниятиҳо мебошад. Ҳар хел фарзияҳо вуҷуд доштанд. Чандин нафар, аз ҷумла имомхатибро даъват карда суол доданд, ки касе аз ту пурсид, ки болои қабр гузоштани санг ҷоиз ҳаст ё нест. Мегӯяд, ки ин тавр суол ва гап дар масҷид набуд. Боз пурсидаанд, ки аз ягон кас гумон дорад, чунки ин корро салафиҳо мекунанд. Имомхатиб гуфтааст, ки агар салафиҳо буданд, сангҳои рӯи ҳамаи қабрҳоро хароб мекарданд, инҷо чи гапи дигаре ҳаст. Чаро махсус ду қабр ва он ҳам падару писарро хароб карданд? Чаро аз мазори рӯбурӯ санги рӯи ягон қабрро нашикастанд? Шояд инҷо ягон ғарази шахсӣ бошад.
“Баъдан маълум мешавад, ки ин як проекти махсуси амният барои дастгир кардану тарс додани онҳое аст, ки намоз мехонанду ибодат мекунанд. Чунки дар хеле аз музофоту деҳаҳои кишвар айни ҳамин корро амниятиҳо карда будаанд. Гуфта мешавад, ки набераи нафареро, ки санги қабрашро шикастаанд, қаблан барои зери як навишта лайк мондан шаш моҳ шинонида будаанд. Ӯро оварда ду шабонарӯз дар амният шиканҷа дода бори ӯ карданӣ мешаванд, ки ӯ ба гардан намегирад.”
Ҳамин тариқ ин нафаронро ба маркази ноҳия меоваранд. Ва, саволу ҷавобро аз имомхатиби Техарв Воҳидов Саодатхуш шурӯъ мекунанд. Аз имомхатиб суол мекунад, ки воксин задӣ ва вақте ҷавоби рад мегирад, мегӯяд, ки воксинро дар зиндон мегирӣ. Имомхатиб мегӯяд, ки барои чӣ бояд зиндон равам? Қасри фарҳанг сӯхт, ту маҳбас меравӣ.
Шоҳиди ҳодиса давоми моҷароро чунин тавсиф мекунад, ки имомхатиб Воҳидов Саодатхуш дар беруни идораи амният аҳволаш бад мешавад ва ёрии таъҷилиро даъват ва дар бемористон бо нишонаҳои коронавирус бистариаш мекунанд. Амният мегӯяд, ки ҷавобаш надиҳед. Табибон мегӯянд, ки мо ӯро изолиятсия мекунем.
Худи ҳамон шаб мехостанд ин нафаронро ба маркази вилоят- Хоруғ баранд. Ин нафарон ба шиносу ошноҳояшон дар Душанбе занг мезананд. Аз Душанбе мегӯянд, ки кори ноҳияро дар худи ноҳия ҳал кунед.
Писари Имомхатиб ба ҷойи падар бояд зиндонӣ шавад
Дар ин миён фарзанди имомхатибро, ки донишҷӯ дар Душанбе будааст, дастгир мекунанд. Писари имомхатиб ба аёдати падараш ба бемористон меояд. Вале ҳамон шаб ӯро амниятиҳо аз манзили зисташон дастгир карда бо худ мебаранд. Ин ҷавони донишҷӯ ҳангоми ҳодисаи сӯхтори қасри фарҳанг дар Душанбе будааст. Вақте мӯсафеди 85солаи падари имомхатиб инро мегӯяд, амниятиҳо мегӯянд, ки мебарему саволу ҷавоб мекунему раҳояш мекунем.
Хоҳари калонии имомхатиб пеши Қодири Қосим меравад, чунки бо ҳам хешу таборӣ доштаанд. Ин хоҳар аз бехабар аст, ки дар пушти ин ҳама моҷаро худи Қодири Қосим истодааст, то бародараш Ҷабборро халос кунад. Ҳадафи дигар Қодир Қосим ва бародараш ин будааст, ки ба Искандаров сардори амният кумак намоянд, то нақшаашро анҷом диҳаду вазифаи баландтаре гирифта аз Ванҷ равад. Қодири Қосим ба хоҳари имомхатиб гуфтааст, ки амният далел доштааст, шумо 72 соат тоқат кунед. Баъди 72 соат ҳамааш маълум мешавад, ки қасри фарҳангро кӣ сухтаст ва он навиштаҷот кори дасти кӣ аст. Баъди 72 соат мебарорамаш. Аммо рӯзи сеюм ҳамаи бачаҳоро ҷавоб медиҳанд танҳо бачаи имомхатиб мемонад. Ва муфаттиши амният аз Хоруғ меояд. Писари имомхатибро дар отдел зарбу лат мекунанд, ки он навиштаҷотро ба гардан бигирад. Азбаски имомхатиб коронавирус мешавад акнун писари ӯро мехостаанд, ки муттаҳам кунанд.
Охировҳои ҷияни Қодир Қосим бо амният чунин нақша дошта будаанд. Барои ҳамин бераҳмона мезананду маҷбураш мекунанд. Вай ҳам барои наҷоти ҷонаш ман навиштам, мегӯяд. Боз фишор меоваранд, то бигӯяд, ки ин корро падарам фармуд, аммо ба гардан намегирад. Боз номи чанд нафари дигарро мегиранд, ки бигӯяд онҳо фармуданд. Аммо рад мекунад ва мегӯяд, ки акнун, ки маро маҷбур кардеду ба гардан гирифтам, ман номи каси дигарро намегирам. Идомаи ин моҷаро чунин мешавад, ки як одами калон
занг мезанаду Ҷаббор Қосимро мегуяд, ки агар он бача маҳбас биравад туро аз вазифа гум ва суд ҳам мекунам, Қодир Қосиматро ҳам гум мекунам.
Ҷаббори Қосим мебинад, ки вазъияташ безеб шуд бо амният маслиҳат мекунад, ки «инро мебарему дар байни халқ мегӯем, ки аз кори кардааш пушаймон шудааст» ва ҷавобаш медиҳем.Ҷавонро меоранд деҳа ва мардумро ҷамъ мекунанд. Мардум ҳам медонанд, ки ин корро ин ҷавон кардагӣ нест. Зеро вай дар ҳодисаи сӯхтори бинои Қасри фарҳанг дар Душанбе буд. Инро худи амниятиҳо ҳам хуб медонанд. Дар ҳузури мардум падари имомхатиб мехезаду мегӯяд, ки «ман чунин фарзанд тарбият накардаам.Фарзанди ман ин корро накардааст».
Вақте мӯсафеди 85-сола ин гапро мезанад, он амниятӣ девона мешавад. Амниятӣ мегӯяд, ки ин ба гардан гирифтааст аммо ту маро дурӯғгӯ бароварда истодаӣ? Дар ҳар сурат он ҷавонро ҷавоб медиҳанд.
“Вале баъдан маълум мешавад, ки ҳамон таксистеро, ки бачаи имомхатибро аз Душанбе Ванҷ оварда будааст ёфта ӯро таҳдид мекунанд, ки шаҳодат диҳад, ки он ҷавонро як рӯз пеш аз ҳодисаи сӯхтори қасри фарҳанг оварда будааст. Ӯ ба гардан нагирифтааст. Гуфтааст, ки ман турмаро дидагиам, бачаи ҷавон дар онҷо тоб намеорад. Ҳаёташро намесӯзам.”
Баъди ин ҳодиса раиси ноҳия имомхатибро фарёд карду мегӯяд, ки ягон шогирдатро ба ҷойи худат пешниҳод кун ва ариза навису суупор. Имомхатиб пеш аз ин худаш ариза навишта будааст, аммо раиси ноҳия гуфта будааст, ки дар Ванҷ раис ман ҳастам, амният раис нест, ту бояд кор кунӣ. Вақте амният аз имомхатиб баромад бар зидди Иззат Амонро талаб мекунаду посухи рад мешунавад, дигар бо ҳамин қасами имомхатибро мехурад.
МИТИНГ ДАР ВАНҶ
Ёдатон бошад барои дифоъ аз ришу сатр дар Ванҷ тазоҳурот баргузор шуда буд. Амният он ҷавонҳоеро, ки дар он тазоҳурот иштирок карда буданд, яке- яке даъват карда мегӯяд, ки шумо бар зидди Темур Муҳаббатов, додари Саламшоҳ Муҳаббатов, собиқ фармондеҳи ИНОТ нишондод диҳед, ки ин корро бо дастур вай кардаед..Бачаҳо қабул намекунанд. Аммо бархеашон Назаров Сураҷро ном мегиранд. Амният ба чандин нафар мегӯяд, ки Сураҷ чанд бор гапҳои ӯро гӯш накардааст ва вай Сураҷро шинонидааст.
Искандар, сардори амният қасд дошт дар маркази Ванҷ, дар ҷамоати Техарв ва ҷамоати Рованд ягон фитна ва дасиса ба роҳ мемонд. Тибқи маълумоти дигари расида ба “Ислоҳ” ин митингро амният худаш ташкил намуда буд, то бо ин васила мардумро боздошт ва он тавтиъаҳое мехостанд амалӣ намоянд ,тоба он муваффақ шаванд. Аммо ончи мехостанд алҳамдулиллоҳ таҳаққуқ пайдо накард. Боздошт ва зиндонӣ шудан амалӣ гашт ,ба чанд нафар, на ҳама иштирок кунандагони он.
Як вақт мегӯянд, ки шабона дар Идораҳои давлатӣ посбон монед. Мардум мегӯянд барои чӣ, чи гап аст? Посух медиҳанд, ки барои Толибон. Ҳамин тавр дар медпункт, беморхона, мактаб, бинои фарҳанг ва дигар идораҳо посбонҳои шабона ташкил карданд
Боздошт ва зиндонӣ кардани Сураҷ Назаров
Сипас овоза мешавад, ки Сураҷ Назаровро дар маркази ноҳия милиса боздошт кардааст. Барои онки дар дари магазинҳову дари идораҳо аз як филми туркӣ кадом аломатеро мондаанд.
Аммо маълум, ки ин кор кори худи амният аст ки тавассути бузҳояш анҷом додааст. Баъди чанд рӯз милисаро мефармояд, ки акнун коратро сар кун.
Талабаҳои синфҳои 7-ро меоранд ба отдел. Онҳоро маҷбур мекунанд гӯянд, ки ин корро ба мо Сураҷ фармон кард. Ин талабаҳо рад ммекунанд. Аммо дар байни онҳо як ятимбача будааст. Ӯро ҳам таҳдид мекунанд ва ҳам сару тан харида медиҳанд. Вай гапи инҳоро дар баёнот менависад ва мегӯяд, ки он аломатҳоро Сураҷ дод ва мо бурда ба дар идораҳо часпонидем.
Сураҷро меоранду як руз нигоҳ дар ноҳия медоранду дафъатан Хоруғ мебаранд. Баъд дар онҷо боз гуноҳҳои дигаре аз ҷумла ҳамкорӣ бо Ислоҳ.нетро бори гарданаш мекунанд. Акнун фаҳмидед чихел Сураҷ Назарови бегуноҳро бо туҳмат зиндонӣ карданд.
Як ҳикояти дигар аз корҳои КДАМ дар Ванҷ
Як шахс бо номи Қаландаров Мустафо, аз хидмат меояд, ки каме контузия гирифтагӣ аст. Худашро ботақво нишон медодааст. Дар чанд маҷлис Искандари раиси амният мегуяд, ки «ин одам дар Душанбе ҷиноят содир кард, ман халос карда Ванҷаш овардам. Дар Ванҷ мо раиси ноҳияро гуфтем, заминаш додем, ҷои оғилаш додем»
Амният хост, ки ба воситаи ҳамин дар ду ҷамоат ошуб барпо кунад. Ҳамон бачаҳои ботақво ва муборизе, ки ҳастанд ҳамаро ҷамъу гир кунаду бигираду шинонад. Вайро мефармоянд, ки «барои кушодани масҷидҳо» митинг ташкил кунад, чун дари якчанд то масҷидро баста буданд. Мегӯянд, ки мадумро бармехезонӣ. Он бча аз Гармчашма мехезад ва деҳа ба деҳа Аллоҳу Акбар гуфта мардумро ба гирдиҳамоӣ даъват мекунад. Дар деҳаи Рованд як нафар ӯро дашном мекунад. Вале ду бачаи дигар пушти ӯро гирифта нафари дашном додаро истеза мекунанд, ки чи ҳақ дорӣ, ки ин одамро дашном мекунӣ? «Аллоҳу Акбар гуфтааст, такбир гуфтааст, чи гуноҳ кардааст? Ҳақу ҳуқуқҳои худашро дифоъ карда истодааст».Онҳо байни ҳам ҷангҷол мекунанд. Он бача ва он дуи дигарро милиса меояду дастгир мекунад. Хоруғ мебаранду бо ҷурми авбошӣ ҳар сеяшонро суд мекунанд. Ҳамон Қаландаровро ҳам чор сол ҳукми ҳабс медиҳанд. Аммо он ду нафарро бо як туҳмати дигар, ки гуё байрақро сӯхтаанд, суд мекунанд. Аммо ҳеҷ кас байрақ насӯхта аст ва ин як тӯҳмати амнияти ноҳия буд. Акнун хуб диққат диҳед,ки амният худаш мехоҳадмитингҳои сохта ташкил намояд,то аз миёнашон ҷавононро бурда зиндонӣ кунад.
Имомхатиби имрӯзаи Техарв Мӯминов Амрулло, падараш Зайнал ном дошт. Масҷидро дар Техарв падари Воҳидов Саодатхуш имомхатиби собиқ рост карда будааст. Тибқи маълумотҳои амниятӣ Зайнал падари Муъминов Амрулло бо КГБ-и СССР ҳамкорӣ мекардааст. Маълумотҳои зиёде аз архив ба “Ислоҳ” фиристодаанд,ки дар вақти муносиб онҳоро нашр менамоем,ки бо КГБ авохири солҳои 70-ум барои маълумотҷамъоварӣ ӯромефиристанд ба масҷиде, ки Саид Абдуллоҳи Нурӣ намоз мехонд ё ба минтақаи Қурғонтеппа ва аз онҷо наводка мефиристодааст ба КГБ . Вақте аз мардуми маҳаллӣ пурсидем яке аз онҳо ба “Ислоҳ” гуфт: Пеш аз маргаш ба як нафар аз наздиконаш мегӯяд: «Худо бо ин бадбахтҳо сарбасар накунад, маро аз ҷонам безор кардаги буданд. Ман се моҳ дар он масҷид ба баҳонаи таҳсил фиристода шудам, аммо миссияи ман ҷамъ кардани ахбор дар бораи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва ҳамроҳонаш буд ва ман мунтазам аз ҳар фаолияташон ба КГБ маълумотҳоро мефиристодам».
Аммо Искандари амният муваффақ нашуд, ки касеро бо ҷурми салафият шинонад. Ҳар касеро, ки шинонд бо тӯҳмат буд.
Ҳоло маълум нест, ки муқобили Ҷаббори Қосими бародари Қодири Қосим делои омодакардаи Искандари амният истифода мешавад ва раиси пешини ноҳияро маҳкам мекунанд ва ё инки боз Қодири Қосим, ки санади юриши армияи Эмомалӣ Раҳмонов ба Хоруғ дар соли 2012-ро аз номи вилоят имзо карда буд, ҷони бародарашро мехарад?
Поёни бахши дуввум…давом дорад…
Ps: Маълумотҳое дар ин матлаб омадаро аз манобеъи муътамад ба дастовардаем. Афроде номҳои онҳо зикр шудаанд ҳамчун мазлум ва ҷабрдида аслан огоҳи надоранд аз ин маталаб ,то нашри он. Ислоҳ дар Ванҷ пас аз нашри матлаби аввал ва барномаи он манобеъи зиёде пайдо намудааст,ки маълумоти хуберо дар ихтиёри мо мегузоранд. Қодири Қосим дар ҷустуҷӯй афроде будааст,ки ин маълумотҳоро ба “Ислоҳ” додааст. Ҷаноби Қодир Қосим !Бо сароҳат бароятон мегӯям,ки мардуми Ванҷ аз ҷиноятҳои бародари собиқ раиси Ванҷ ва хоҳарзодаю бародарзодагонатон ба дод омадаанд. Қабл ҷустуҷӯй афроде аз ҷиноятҳои анҷомдодаатон ба “Ислоҳ” менависанд, мебоист пеш аз он фикр мекардед. Режими Раҳмонов рӯ ба завол аст ва дигар наметавонед мардуми озоду озодаро бо тарсу ваҳшатафкани битарсонеду хомӯш намоед. “Ислоҳ” омодаи ҳар маълумоти ҷадиди дигаре аз Ванҷиёни ғаюр ва шуҷоъ аст. Шумо нависед ва мо онро тақдими миллат ва мардум мекунем.