Бузургдошти рўзи Арафа

Ислоҳ нет

Бузургдошти рўзи Арафа
Яке аз раҳматҳои илоҳӣ ва яке аз фарохиҳои баҳри беканори лутфу марҳамати илоҳӣ бар мо бандагон ин аст, ки Худованд барои мо имкон дода ва осон намуда, то роҳату осуда касби ҳасанот намоем ва тавассути ин роҳ савобу подоши бузургеро соҳиб гардем. Худованд ин фурсати муносибро бад-он хотир муҳайё намуда, ки мову шумо чӣ марду зан чӣ пиру ҷавон чӣ молдору фақир метавонем аз фазилати ин рӯзи бузург шарафёб ва соҳиби касби ҳалолу бобаракат гардем. Гуноҳони яксола муртакибшударо маҳв созем ва ин фурсати хубу хотирмоне, ки дар ихтиёр дорем, истифода намоем. Рӯзи Арафа, рӯзи 9-уми Зилҳиҷҷа буда, мутобиқ ба рӯзи Ҷумъа 3 октябри имсол мусодиф меояд. Ин рӯзро аз даст бояд надиҳем ва онро бо рӯза доштан зинда дорем, ва пас аз намози Зуҳр дуо намуданро шуруъ намоем, то поёни он рӯзи муборак боварии комил дорам асароти онро хоҳем ёфт.Вале уламо бар ин ақидаанд,ки муҳимтарин соатҳои иҷобати дуъо пас аз адои намози зуҳр то ғуруби офтоб аст.
Рӯзи Арафа фазилати бузургеро дорад, ки дар ин рӯз дар саҳрои Арафот мебояд дуо кард, аммо ин на ба ҳама муяссар мегардад. Бо вуҷуди ин мо аз раҳмати Парвардигор ноумед нахоҳем шуд ва ҳар ҷо, ки бошем хоҳ ватан ва ё ҷойи дигар, бояд дар ин рӯз, рӯза гирем, такбиру тасбеҳ гўем ва пас аз адои намози Зуҳр даст ба дуо бардорем ва аз Парвардигор талаб намоем, зеро муҳтоҷ ҳастем ва ҳар кас, ки набошем ниёз ба Парвардигори хеш дорем.
Бояд сари он андешид, ки ин рӯзи бузургро ки бо доштани рӯзаи рӯзҳои кўтоҳи тирамоҳӣ ба ҷо меорем, гуноҳони ду солаи хешро аз номаи аъмоламон маҳв месозем.
Пас кадом фазлу бузургии аз ин болотарро мехоҳем ?
Кадом савобе зиёдтар аз ин вуҷуд дорад?
Чӣ қадар раҳмату саховати илоҳӣ насибамон аст?
Магар ин атову ҳадяи худовандист ?
Хонандаи гиромӣ моро мебояд аз шунидани суханони ноҷо ғайбату бўҳтон парҳез кунем ва забонро аз додани дашному гуфтори носазо нигоҳ дорем. Зеро ин рӯзро ба пуррагӣ бе ягон халал бо даҳони рӯзадор, қалби мамлуъ аз муҳаббат, забони зикркунанда ва чашмони пурнам сипарӣ намоем. Ин ҷо суоле пеш меояд, ки рӯзаи ин рӯз гуноҳони кабираи моро аз миён мебарад? Не албатта, рӯзаи ин рӯз гуноҳони сағираи моро аз миён мебарад, вале дар ин рӯз барои гуноҳони кабира ва барои маҳви онҳо пас аз адои намози Зуҳр то ғуруби офтоб метавонем аз Худованди бахшандаву меҳрубон бихоҳем, то моро аз ин гуноҳон пок созад ва тавба намоем,ки бори дигар ин гуноҳҳон аз мо сар назанад.
Мо дар ихтиёр танҳо як рӯз дорем, метавонем пас аз адои намози субҳ Қуръон хонем, зикр намоем ва ҳар кори хайре аз даст меояд дар ин рӯз анҷом диҳем, зеро чи қадар рӯзҳои умри мо яке паси дигаре гузаштанд ва онҳоро мо ғанимат нашморидем. Тасмим гирем ин рӯзро барои маҳви гуноҳон, ки дар тўли рӯзҳои умрамон анҷом додем, аз худ бо дуо дур созем. Танҳо як рӯзи худро барои рўзи Охират бахшем, зеро ҳама рӯзҳои зиндагиро барои дунё бахшидаем. Гоҳе барои машғулияти корҳои дунё намозро қазо кардем ва аз рўза гирифтан худдорӣ кардем. Дар моҳи Рамазон бо ҳар иллат рӯзаи бе намоз гирифтем. Ҳар яки мову шумо аз ҳоли худ огоҳем ва худ ҷиноятҳои кардаи худро дар замини Худо медонем. Касе ғайр аз Худо огоҳ нест, пас он ҳамаро аз Ӯ Таъоло пурсем, ки гуноҳони моро бубахшад. Зеро агар он гуноҳон маҳв нашаванд дар рӯзи Қиёмат ҳама аз онҳо хабардор хоҳанд гашт. Маҳкамаи илоҳӣ дар маҳзари ом сурат мегирад. Он рӯз шафоъати ҳеҷ кас бароямон суд надорад, он рӯз воситае нест, ки моро аз ин маҳкама наҷот диҳад. Худоё ҳама аз ончи мо анҷом додаем, огоҳ мешаванд. Як бор ин манзараро тасаввур кунед,ки чӣ ҳолате бар сар хоҳад омад? Вале ба осонӣ ин ҳамаро метавон тавассути дуо маҳв намуд. Аз тулўи офтоби рӯзи Арафа то ғуруби офтоб моро фурсат аст. Вале пас аз Зуҳр вақтест, ки пазируфтани дуои бандагон оғоз мегардад. Вой бар ҳоли мо, агар дар ин рӯз аз ин лутфи илоҳӣ, ки барои мо ато кардааст, ғофил бошем..
Дар ин рӯз аз рафтани бозорҳо, пўхтани хўрок, тиҷорат, умуман ҳама коре, ки ба дунё иртибот дорад худро канор гузорем ва ин рӯзро барои наҷоти ҷонҳоямон бахшем, иншоаллоҳ натиҷаашро хоҳем дид. “Хурдтарин амали неки мо бароямон судбахш аст ва кўчактарин амали бадамон зиёновар.”
Фақад дар ин рӯз барои худ ва барои фарзандон аз Худованд талаби раҳмат намоед. Талаби Ҷаннатро кунед ва аз оташи Дўзах паноҳ талабед. Ҳар мушкилоти доштаи худро оҷизона талаб кунед, иншоаллоҳ талаби кардаи худро хоҳед ёфт.
Қиссаи қабули дуо дар рӯзи Арафа.
Мехоҳам як қиссаи воқеиро бароятон нақл намоям, ки он дар соли 2001 ҳангоми аввалин ҳаҷҷи ман, ки дар Арафа буд, дуо кардем ва он таҳаққуқ пазируфт.
Рафиқ ва дўсте дорам ба номи Валиҷон, ки аз бефарзандӣ ранҷ мебурд ва панҷ сол аз издивоҷашон сипарӣ шуда, аммо фарзанд надоштанд.
Дар рӯзи Арафа мо чаҳор ҷавон маслиҳат дар он дидем, ки барои ин бародари гиромӣ дуо кунем, то Худованд ба ў фарзанд ато намояд. Чун ҳама ҷавон будем ва ман 23 сол доштам, бародарони дигар ҳам ду- се соли бузург ва ё ҳамсол будем. Пас аз адои намози Зуҳр дар Арафот ҳар як кадом як гўшаи хилватеро ихтиёр намудем ва аз сидқ барои ин бародар дуо кардем. Пас аз адои маносики ҳаҷ ба ватан баргаштем ва пас аз 10 моҳи баргашт Худованд дуои моро қабул намуд ва ба бародар Валиҷон ду духтараки дустрў бо номҳои Сабрина ва Насрина ато намуд. Пас аз чаҳор сол писардор шуд, ки номашро Муҳаммад гузошт. Имрўзҳо дар шаҳри Уффа зиндагии хушу хуберо дорад.
Бале, хонандаи гиромӣ дуои рӯзи Арафа воқеъан мустаҷоб аст, пас мебояд, ин фурсати муносибу шароити муҳайёро аз даст надиҳем.
Дар рӯзи Арафа бо даҳони рӯзадор бигўед: “Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар ва лиллоҳил ҳамд” Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар Аллоҳу акбар кабиро”.
Дар ин рўз аз сидқ талаби баракат кунед, ки Худованд гуноҳони ошкору нинҳонро бубахшад. Ҳамеша дуои содиқона пазируфта хоҳад шуд, зеро Худованд бахшанда ва раҳиму ғафур аст.
Дар фуроварди сухан бо ҳадиси зер мехоҳам мақоларо ҳусни анҷом бахшам.
Расули Акрам (с) фармуданд: “Беҳтарини дуо, дуои рӯзи Арафа аст”.
Аз Худованд талаби онро дорем, ки рӯзи Арафаро хуб гузаронем ва Худованд дуоҳои оҷизонаи моро қабули даргоҳаш намояд, миллати моро устувор ва оромиву амниятро ҳамеша барқарор, ваҳдату ҳамбастагиро ҷовидон ва Тоҷикистони азизро аз шарри душманон маҳфуз дорад. Аз шумо хонандаи гиромӣ низ орзӯи онро дорем, ки дар ҳаққи мо дуои хайратонро дареғ надоред, солиму пирўзу саломат бошед.

Share This Article