Чӣ касе диндор шуда метавонад?

Ислоҳ нет

Чӣ касе диндор шуда метавонад?

Ман фикр мекунам, барои диндор шудан яъне итоаткори фармудаҳои Худову расул (с) шудан ангезаҳои зиёд вуҷуд дорад. Тасаввурот ва фикрҳои зиёде дар ин бора ҳастанд.

Касоне ҳам ҳастанд, муътақиданд, ки барои диндор шудан, муҳити хонавода бояд исломӣ бошад, яъне агар шахс аз дастуроти илоҳӣ итоат намуда, аҳли оиларо ба ислом даъват кунад, ашхоси диндор дар он оила ба вуҷуд меояд.

Касоне ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, агар дар ҷомеа шариати илоҳӣ амал кунад, ашхоси мутадайин ба вуҷуд меояд.

Ҳастанд бовармандоне, ки ишора ба он мекунанд, агар дар ҷомеа омилони амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аланӣ на танҳо танҳо дар масҷид, дар ҳама ҷо амр ба маъруф ва наҳй аз мункар намоянд, ашхоси диндор ба вуҷуд меояд.

Иддае ҳам ҳастанд, ки гуфтаанд, агар ҳама мусалмонҳо амр ба маъруф ва наҳй аз мункар бикунанд, ашхоси диндор ба вуҷуд меояд.

Иддае ҳам гуфтаанд, ки агар давлат давлати исломӣ бошад, ашхоси диндор дар ҷомеа ба маротиб зиёд мешавад.

Ин тасаввурот ва фикрҳое  дар боло мебинед, сад дар сад қонеъкунанда нестанд, ки бар мабнои он ашхоси диндор тавлид шавад. Гуфта метавонам, ки ингуна андешаҳо  барои диндор шудан нисбатан мусоидат мекунад.

Мумкин аст, дар хонаводае, ки шахси диндор ҳаст, ашхоси фосиқу кофир ба вуҷуд ояд. Масалан, дар қуръон мебинем, ҳазрати Нуҳ (а) шахси диндор ва хостан пайёмбаре буданд, ки аз Худо итоат мекарданд, аммо ҳамсару фарзандонашон кофир буданд ба амрҳои илоҳӣ .
Масалан, гирем Арабистони саудӣ давлате, ки қонунаш аз шариати илоҳӣ аст, ба ашхоси диндораш фаъолияти озодона надодааст ва диндорони ин давлат наметавонанд аз камбудиҳои ин ҷомеаву давлат ошкоро интиқод кунанд. Баръакс, ҳукумати ин давлат бо Амрикову Исроил ҳамкориву дустӣ мекунад. Аммо дар қуръон дармеёбем, ки гуфта шудааст:


لا تطع الكافرين والمنافقين

“Кофирону мунофиқонро итоат накун” (Сураи аҳзоб, ояти 1)

 

Ё масалан худам боре ба як дӯстам, ки намоз намехонад, ба хубӣ дар бораи намоз ва аҳамияти он гуфта будам ва ҳамчунин бенамоз будан чӣ оқибати бад дорад, бепарвоӣ зоҳир кард ва ҳоло ҳам аҳли намоз нест.
Хуб назари ман ин аст, ки вазифаи  ҳомилони улуми дин расонидани дини илоҳӣ ба мардум аст. Мавъизаҳо ва хутбаҳо низ тавсиявиянд на таҳмилӣ. Дар қабули он шунаванда мухайяр аст. Бинобар,  диндор шудан як амале ҳаст, ки тавассути насиҳат, ҳатто мутолиаи қуръону ҳадис ва дигар роҳҳое, ки ба диндор шудан мусоидат мекунад, пурра амалӣ намешавад. Ҳидоят танҳо аз тарафи Худо ба бандагонаш аст. Дар ҳар макону замон Худо як ангезаи аҷибе мисли ишқу муҳаббат, фитрати салим ба баъзе бандагонаш илқо мекунад ва бо ин метавонад, ҳатто аз як оилаи кофир итоаткунандаи Худову расулаш (с) беҳтар аз кӯҳнамусалмонон ба вуҷуд ояд.

Масалан, Ҷосеф Эстис (Joseph Estes) шаҳрванди Амрикоӣ соли 1991 дар як оилаи насронӣ исломро қабул кард, ӯ номашро баъди мусалмон шуданаш Юсуф кард. Дар як оилаи насронӣ таваллуд шуда бошадҳам, қабл аз мусалмон шуданаш дар бораи ислом тасаввуроти ғалат доштааст, ки аз ҷумла мегуфт, мусалмонон заминро панҷ маротиба бӯса мекунанд ва мисли ҳамин  дигар афкори ғалат. Аммо, ӯ баъди ислом оварданаш 8 – уми августи соли 2012 шахсияти исломии сол дар маросими ҷоизаи қуръонии Дубайро касб кард. Ӯ дар ҳар гӯшаву канори дунё дар бораи ислом, дур аз сиёсат таблиғот ба мардум мекунад. Як коноле ҳам дорад, бо номи Guide US TV шабакаи озоди интернетиву моҳвораӣ, ки муассис ва бунёдгузори ин шабака худаш мебошад. Дар ин шабака ҳама чиз дар бораи ислом бо кӯшишҳои ӯ пахш мешавад.
Илова бар ин ӯ ба ҳар гӯшаву канори дунё сафар намуда, дар бораи Ислом ба мардуми ғайримусалмон маълумот нашр мекунад ва чандин касро мусалмон, яъне диндор, итоаткунандаи фармудаи Худову расул (с) намудааст.

Абдурраҳмони Мансур

 

Share This Article