Дар дунёи мутамаддин ҳукумате, ки бунёди он бар мабнои дурӯғ ва шиорҳои авомфиребона асас ёфтааст, дар баробари буҳронҳое чун COVID-19 ва амсоли он бисёр осебпазир буда, дар чунин шароит амалан барои сокинон ва шаҳрвандонаш ҳеҷ кореро анҷом дода наметавонад. Инро метавон аз таҷрибаи талхи ҳамин ду – се моҳи ахир дар Тоҷикистон хулоса кард. Бо камоли таассуф маълум шуд, ки бо шиъорҳои дуруғин ва бо идҳои сохта на танҳо бо чунин буҳронҳои ҷиддие мубориза бурда намешавад, балки ҳатто кибру ғурур ва нодида гирифтани фикру андешаҳо ва пешниҳодоти фарзандони ҳамин сарзамин боис мешавад, то зарари чунин буҳронҳо ба кишвар ва иқтисоди заъифи он даҳҳо маротиба бештар гардад. Дар ҳамчунин як шароити хосе ҳукуматдорон дар нотавонии худ бояд касеро биёбанд, ки ноӯҳдабароии худро бар гардани онҳо бор кунанд.
Албатта дар кишварҳои дорои низоми демократӣ ҳокимияти ҳамчунин ҳукумате амалан имкон надорад, зеро шаҳрвандон намегузоранд, ки чунин ҳукумати нокоромад сарнавишти онҳоро дар даст бигирад ва ояндаи онҳо ва фарзандонашонро дар хатар гузорад. Дар чунин кишварҳо Ҳукумат дар назди мардум масъул буда, аз корҳои анҷом додаи худ дар назди халқ ҳисобот медиҳад. Аз ин рӯ ҳукуматҳои ин кишварҳо дар чунин буҳронҳое дар канори мардуми худ қарор гирифта, барои дастгирии шаҳрвандони худ барномаҳои мушаххас таҳия намуда, сабукиҳои зиёдеро аз қабили таътил дар пардохти молиёт ва андоз, таътил дар пардохти қарзҳои бонкӣ ва ғайра дар назар мегиранд. Аз тарафи дигар дар расонидани ахбори саривақтӣ ва дақиқ ба шаҳрвандон мусоидат намуда, заминаро барои пайдоиши ахбори носаҳеҳ ва дурӯғ аз байн мебаранд.
Танҳо дар кишварҳои дорои низоми авторитарие чун Тоҷикистон аст, ки ҳокимон солҳои зиёде ҳукумат меронанд ва ҳеҷ гоҳ худро назди мардум масъул надониста, хурдтарин интиқодро ҳам дар бораи аъмоли ғайриқонунӣ ва ғайриинсонии худ таҳаммул карда наметавонад. Гузашта аз ин аз бемаърифатии сиёсии шаҳрвандон истифода бурда, то рафт ба тарвиҷи шахспарастӣ ва диктатура доман зада, сокинонро дар як ҳолати тарсу ҳарос қарор дода, онҳоро таҳти итоъати худ нигоҳ медоранд. Истифода аз тамоми абзорҳо барои хомуш намудани ашхоси дигарандеш, фишор болои рӯзнома ва рӯзноманигорони мустақил, ба зиндон андохтани ҳомиёни ҳуқуқ бо даъвоҳои сохтаву бофта, туҳмат ва таҳқир нисбати дигирандешон ва ба зиндон андохтани соҳибкорони ватандӯсте чун Зайд Саид ва Раҷабалӣ Одинаев ва золимона аз худ намудани моликияти онҳо хоси чунин ҳукуматҳое мисли Ҳукумати Тоҷикистон аст.
Тамоми он чӣ ёд шуд, дар як марҳилаи бисёр муҳиме аз таърихи Тоҷикистони навин рух дод, ки ба густариш ва тақвияти низоми авторитарӣ мусоидат намуд. Раҳмонов дар ин давраи таърихи кишвар пояҳои ҳукумати хонаводагии худро тақвият бахшида, фарзандону домодҳо ва хешу табораш бар тамоми бахшҳои сердаромади тиҷорати кишвар ва маъданҳову сангҳои қиматбаҳо тасаллути комил пайдо намуда, тамоми ашхоси барои онҳо номатлубро аз сари роҳ бардоштанд. Бар иловаи ин тамоми вазифаҳои пурмасъул ва ба истилоҳи худашон “равғанӣ”-ро тасарруф намуда, ришвадиҳиро ба як “фарҳанг”-и ҳукуматдории худ табдил доданд. Албатта дар ҷомеае, ки масъулият ва вазифа бо пули андак фурӯхта мешавад, адолат ва баробарӣ низ бо пули андак фурӯхта мешавад.
Дар чунин ҷомеа ҳар кӣ садо баланд кард ва ё ҳарфи дурусте ба мардум гуфт, ҳатман «душмани миллат» эълонаш мекунанд ва бо ҳар роҳу воситае ба таъбири худашон «таъсиррасонӣ» мекунанд, ки хомӯш бошад. Суол: агар воқеъан хомӯшии ин мардум ба манфиати кишвар аст пас чаро ҳукумат ба таври ошкоро эълон намекунад, ки ҳама хомӯш бошанд? Ҷавоб: Ҳукумат ҳуқуқи мардумро бар озодии баён расман эътироф дорад, вале дар асл онро хатаре барои худ (на барои миллат) мебинад.
Режими Раҳмонов дар кушторҳои силсилаии ашхоси саршиноси солҳои навад ИНОТ ва мушаххасан ҲНИТ-ро гунаҳкор медонад.Мисли Осимӣ,Исҳоқӣ,Олимпур,Искандари Хатлонӣ ва пас аз сулҳ Отахон Латифӣ ва даҳҳои дигарро. Дар чандин навору филмҳои «мустанад» тарафи ҳукумат иддаъо пеш овард, ки ин кушторҳо бо супориши Эрон (маълум нест Эрон аз куштори масалан Осимӣ, Исҳоқӣ ё Латифӣ ва дигарон чӣ манфиате медид!) ва сардорони ҲНИТ аз ҷониби ин ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнуъ амалӣ гардидаанд.
Ҳарчанд ба ин даъвои ҳукумат коршиносони мустақил ва ҷомеаи шаҳрвандӣ боварӣ надоранд, вале худи ҳамин масъала суолҳои зиёдеро, ки солҳо пеш дар зеҳни мардум чарх мезад, дубора матраҳ намудааст. Ҷомеа инро медонад, ки сисилакушторҳои солҳои навадум аз ҷониби ҳамонҳое содир шуданд, ки айни ҳол бо таҳқиру шантаж ва лату куби журналистон машғуланд. Дар ин ҳеҷ шаку шубҳае нест! Ҳоло бо гузашти солҳо оё фазои Тоҷикистон воқеаъан ором аст, ҳамчуноне, ки «Фермаи ҷавоб» ва кормандонаш даъво доранд? Шояд барои кормандони «Фермаи ҷавоб» бале, аммо барои хабарнигорони ҷавону ҷасуре чун Абдуллоҳ Ғурбатӣ на!
Ҳоло дақиқан маълум шуд, ки қотили даҳҳо хабарнигор ва ашхоси фарҳехта дар солҳои навадум ва омили лату куби даҳҳо журналисти мустақил ва озода аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ танҳо як ниҳод аст ва он ҳам КДАМ мебошад. Ҳоло шояд дақиқан гуфтан мушкил бошад, ки саҳми ВКД дар ин ҳодисаҳо, аз ҷумла ҳаводиси охир аз КДАМ дида камтар бошад, зеро сагбачаҳои ин ниҳод бо номи «Авангард» воқеан ба ҳар коре қодиранд. Ҳамин чанд рӯзи пеш нохост ба навиштаи гурӯҳи гӯё «ҷавонони авнгард дар шаҳри Кӯлоб» бархӯдам. Бовар кунед, ин туда ҳозиранд ба ҳар коре даст зананд. Дар ҳамон ҷо яке аз ин авбошон ОГОҲ карда буд, ки «ЭҲТИЁТ кун, ки боз шатта нахурӣ» Мехоҳам ба он тудаи авбошон бирасонам, ки аз номи ҷавонони ғаюри Кӯлоби бостонӣ ҳарф назанед. Дар рагҳои ин мардум ҳеҷ гоҳ хуни ноҷавонмардӣ давр намезад!
Ҳамин ҳоло, ки ин сатрҳоро менавиштам, аз сафҳаи фейсбукии Абдуллоҳ дидан кардам, ки менависад:
«СИПОС, КИ БЕТАРАФ НАБУДЕД!
Мақомоти корҳои дохилии Хуросон телефони маро гирифта баъди беш аз 10 соат бозпас гардонид. Дар телефонам наворе буд, ки чеҳраи ҳамлаварон ва мошини онҳоро сабт кардам, аммо вақте телефро ба ман доданд, аллакай «прошифка» (амалиёт барои пурра аз байн бурдани маводҳои дохили телефо Имшаб аз идораи шуъбаи милитсияи Хуросон маро бо ваъдаи «онҳоро ёфтаему фардо соати 10:00 омада мебинияшон», то ба Душанбе гусел карданд.
Ман бо вуҷуде, ки ҳамлаварони рӯзи 11-ум ҳоло ҳам ёфта нашудаанд, ба мақомот сахт эътимод дорам. Умедворам фардо соати 10:00 Вазорати корҳои дохилӣ номи худро дар таърихи журналистика сабт хоҳад кард ва ман ахиран аз ин мақомот рӯҳафтода ва ноумед нашавам!»
Баъди хондани ин хабар сад дар сад боварӣ ҳосил кардам, ки ин кори дасти мақомоти қудратӣ аст, вагарна кормандони пулис бо кадом ҳақ тамоми сабтҳои дохили телефони як шаҳрвандро, ки моликияти шахсии уст, тоза мекунанд? Дар ҳоле, ки ҳатто рақами мошин ва сабти ашхоси гунаҳкор вуҷуд дорад, пас чаро онҳоро дар ҳамон соати аввали пас аз анҷоми ҷиноят дастгир накарданд? Ҳақиқат ин аст, ки онҳоро ҳеҷ гоҳ дастгир намекунанд.
Тамоми ин фишорҳо болои ҷомеа ва хабарнигорону озодии баён танҳо ба он хотир анҷом мешавад, ки шиорҳои дурӯғини раҳмонов ва ҳақиқати аслии «мистр картошка» ошкор нашавад. Аммо ҳақиқат ҳеҷ гоҳ пинҳон намемонад. Бо тарсу шантаж коре аз дастатон сохта нест, «ҷанобон»-и пешвопараст! Ин хобатонро ба об гӯед!
А. Абдуллоҳ, омӯзгор махсус барои пойгоҳи «Ислоҳ» аз Тоҷикистон