(бахши аввал)
Дар олам намондаст шеру паланг,
Ҷаҳонро гирифтаст рӯбоҳи ланг.
Гузаштагони «баруманд»-и миллати тоҷик, пас аз суқути империяи Сомониён аксаран маддоҳ, ба таъбири оммафаҳм моямолони ҷанобони олию ҳумоюнӣ будаанд. Тақозои аввалини дарбордорӣ ин аст! Хок дар кафу чилим дар бару Пешво ба ком аст! Ё худ:
Аз тақозои замону гардиши чархи фалак,
Хугро гуфтам: «тағо»-ву сагро гуфтам: «амак».
Инчунин:
Гул дар бару май дар кафу маъшуқ ба ком аст,
Султони ҷаҳонам ба чунин рӯз ғулом аст!
Ва моямолон мемоланд ва ҷанобон меосоянд! Чун намоланд, дер андар даргаҳи шоҳон намонанд! Муҳим нест киро мемоланд, муҳим шароити молиш бошад, то бимоланд!
Хуррам-султони мулки Тоҷикон – Муаллими молишгарон, Сайҳомони муғулӣ! Ва-гар раиси моямолони Фиръавн Ҳомон буда бошад, сарвари моямолон, хокшапҳо, сархамкунандагон, дуқатшавандагон, даступобӯсон, тагуторлесон ва шоҳи хушомадгӯёну кунбӯйҳо ва «Хуррам-султон»-и дарбори Эмом-ҳазратлерӣ, ҳамоно, Саймуъмин Ятимгул аст, ки тамоми назокатҳои лесидан, молидан, массаж ва роҳҳои табъи ҳумоюниро болида карданро омӯхта, ба дигарон, чун сардори «аҳли ҳарам», меомӯзонад. Маълум мешавад, ки дар вақташ хуб молида аст, ки то ба ин сатҳи «устодият» дар санъати «молиш» расидаву Шоҳи моландагон гашта аст ва молишаш ба нолиши фоҳишагон, ки сохтакорона аз худ буруз диҳанд, ба ҷаноби Педифели Олияш мефорад! Писандаш ҳаст санъати «Ятиммолӣ», ки азаш умрест дилканданӣ нест! Ишқ меварзад ба вуҷудаш – чун Султон Сулаймон ба Хуррам-Султонаш!!Худро «муаллим» номидаву ба муллоҳо тарзи мадҳи «исломию шаръӣ», ба ҳофизон тарзи молиш бо «доираву усул», ба донишҷӯён чоплусию шеърхонӣ андар васфи «Хуги Олӣ» ва «Барзагови Хирдаманд», ба руспиён «камасутраи муғулӣ», ба хонанишинон андар мазҳари Ҳумоюн-хуги даюси Олӣ тарзи бо барги испаноқ омода кардани оши «суюқ» ва ҳатто ба Барзагови Олӣ ҳам ақлак-муаллими худхондаи двоишники туппой-Сайбугана тарзи «моҳидорӣ» аз Сирдарё, «морқапӣ» аз лифаи шалвори донишҷӯписарон баҳри Фиона – Шоҳзодаи бочкашаклаш ва инчунин ба деҳқонону деҳгонон тарзи «хокпошӣ»-ро қабл аз «қудум ранҷа кардани Қутоси Олӣ» ба полези бенавоён, меомӯзонад! Дар таърихи истихбороти ҳукумати Раҳмонов, пас аз ба сари кор омадани СС. Ятимови хуг бояд ба ҳарфи калон навишт, ки ҳар чизе бебаркаш Раҳмонов хӯрд, бо маслиҳати ҳамин гурози муғулӣ хӯрд: масҷид баст, муллоро буз кард, то аз Кумитаи моямолияш умре дар васфи Барзагове амри маъруф кунад, дар ҳоле, ки Қуръон ба сароҳати тамом мегӯяд: وان المساجد لله فلا تدعوا مع الله أحدا , таксистҳоро зоғу заған кард, ки ҳар лабҷунбонии мусофиринро чун занҳои хабаркаш бурда ба боло расонанд, бозориёнро буз кард, то сирри пулдорию бепулии якдигарро баҳри ҷӯшиш ба боло бурда расонанд, муҳоҷиронро мурғ кард, то ҳам барои ӯву ҳам хоҷаи олияш «тухм кунанд» ва дар умум, тамоми расми бад, чоплусӣ, ғазалхонӣ дар васфи Пешво ПТУ-шник, унвонҳои дурӯғин додан ба Барзагови Супер-туппойи Олӣ, рақсу кунҷунбонӣ, баромадан рӯи саропардаи «президентӣ» ва завқ бурдан аз инки дар пастӣ ноболиғон наздаш мерақсанд, таҳияи суханронии ҳам Барзагов ва ҳам баромадкунандагон дар маҳзари ҳумоюнияш, ки Барзагов чӣ бигӯяду бар Барзагов чӣ бигӯянд!! Ва барзагов чун аз хати кашидаи ин шағол-мушовираш по берун ниҳад, кор тамом: вай-вай.. дар телефонт рақами ягон занг мезадагит ҳаст- нест? Ту чандсолаӣ? Шӯ дорӣ ё не? Хуласи гап, як Барзагове бо ақлонияти як тупойи дур аз маданияту инсонияту одамгарию дину имону фарҳанги волои тоҷикӣ! Кайф кайфи ҳамин қабилаи шуми сиёҳӣ, ки на ақл доранду на тамиз! Худашон аз занону модаронашон ва фарзандонашон аз худашон ҳам –бефаросаттар! То ин ҳад як Президент чмо ва занакфеъл мешавад, ки ҳатто раиси Истихбороташ барояш тортуқу ба таъбири Аҳмади Дониш «…кашонӣ» мекунад! Куҷои ин ду муғул тоҷик асту кудомин рафторашон инсонисту кадомин гуфтору дӯғу пӯписаашон қонунист?! Як Барзагову як Шағоли бӯгин ҳампои якдигар; мераванд таг, миёянд боло! Як шағол умре талош кард то Гови Калилаву Димнаро дубора «зинда» карда, таҳмили мо – тоҷикон намояд! Ва «санъат»-и дар васфи Барзагови Олӣ мадҳияву санову тамҷиду суханҳои бас бузургу буланди бардурӯғ «эҷод» карданро ҳам ҳамин шағоли кунлес, ки вазифаи ҳамон шакали филми тасвирии The Lion King «Шоҳи Ҷангал»-ро иҷро дорад, падид овард. Аслан ин Кумита имрӯз ба дасти як мушт арозиле афтода, ки ақлонияти ҳатто як мокиёнро ҳам надошта, маънои бехатарии вуҷудии як миллатро аз бехатарии як давлат ва сардори давлат ташхис додан наметавонанд! Корашон шуда – саҳначасозӣ барои Пирговбузбалаи Аҳмақ, ки ҳар ҳамоқате дар васфаш бигӯӣ, хурсанд шудан мегирад!
Ва дирояти ин подаҷосусон дар сатҳи кӯдакони мултиктамошокун аст! Дар куҷои олам дидаед, ки Амниятиҳо «амри маъруф» нависанду дар васфи Президенту аҳлу авлодаш «Роман» биофаранду барои истиқболи ӯ дар деҳот духтарковӣ кунанд, то барош «шеърхонӣ» кунанд?! Танҳо дар олами филмҳои тасвирӣ ва афсонаҳои халқӣ ҳамеша Шоҳ – Шер асту албатта дар пасаш як чанд мушовири бӯзинаву шағолу рӯбаҳро ҳам дорад, ки инҳо худро ҳамин гуна, дар як олами хаёлии носталҷӣ тасаввур кардаанд, ки бояд якҷоя сари ҳар фасл ба «Ҷангал» ба назди дигар «ҷонварон» худнамоишдиҳӣ раванду дигар ҷонварон наздашон чун мултики Madagascar шеъри I like to move it. Move it! -ро замзама кунанд! Дар сатҳи мултик саҳнаороӣ, шоҳсанохонӣ ва рақсу кунҷунбонӣ доранд! «Ҷаноб, Шумо ҷанобед, ҷунубед, байрақи сурх сари китфатон буд, Роғун фарзанди Шумост, говҳо имсол бо шарофати Шумо сершир шуданд, Шумо Тоҷикистонро аз порашавӣ наҷот додеду чун торти Майраму чун «айлоқ»- и пияндарат – Шарип-чақур, қитъа-қитъа ба қирғизу узбаку чинӣ мефурӯшеду заб хуб мекунед! Ҷаноб, Шумо барои мо – ятимон падаред, иҷозат ҳаст»
Шуморо падари хеш хонем?! Ва ҳатто он як кӯдакро оварданду «бемори лоилоҷ» муаррифӣ карданду ашки Тимсоҳи Олиро резонданду пасон маълум шуд, ки Барзаговро бо як кӯдаки сип-сиҳат парафин молидаанд! Ҷаноби Барзагови Олӣ, мо – як гурӯҳ занон бо шарофати роҳнамоиҳои Шумо, имсол сехи дӯзандагӣ боз кардему пас аз каллаи хару куни хару шошаи саг кардани шумои аблаҳи Чақури Қутурзод, он сехро барҳам дода, хона ба хона, рафтем!…
Ҳоли Раҳмонов шуда монои Наполеон Бенопарту ҳоли Ятимови даюсу даёсатпарокан шуда амалкардҳое, ки Толерант алайҳи хоҷааш дасисапардозӣ
мекард! Мерафт, меовард харгӯши хонагию дар дашт сар медод. Мерафт меовард. Наполеони паканарову ба дасташ камони шикорӣ медоду он ҷанговар ҳам харгӯши «ваҳшӣ» шикор мекард. Пасон, дигар кунлесаш омада хабараш медод, ки он ҳама харгӯшҳое, ки шикор кардаӣ, аслан даштӣ не, балки хонагиянду пасон Наполеон омада, бар сару сурати Толерант аху туфу дашном мепароканду таъна мезад, ки «ту, ҳой номард! Мардак бошӣ…..!?”. Толеранти
дарундори чун Ятимов ахтуфи хоҷаи олияшро «қурт» мекарду дум меликонд!
Бале, агар СС.Ятимов дар умраш як китоб хонда бошад, ҳамон «Амир»- и Макиавеллӣ ва агар як шахсиятро шиносад, ҳамон Толеранд, агар дуюмашро шиносад, ҳамон Распутини шайтон аст! Ва имрӯз барғалат Асадулло Раҳмонро «Сунбулоғо» унвон додаанд, ки устоди ӯ ҳам дар амри папарозагӣ ҳамин Ятим-оғо аст! Ва аз ин рӯ буда, ки Носири Хусраву Убайди Зоконию амсолашон, ки бас камшумор ҳақгӯён дар торихи тоҷикон будаанд, моландагон, канагон, лесандагон, қуҳбагони сиёсӣ ва монандашонро сахту кӯбанда сарзаниш кардаанд, вале аз онҷо ки миллатҳои шикастхӯрдаи беъурза маддоҳону чоплусону косалесон ба бор меоваранд, на Зоконию на Носиру на Аҳмади Донишро чашми дидан надоштаанд! Аз гуфтору маломаташон панд ҳам нагирифтаанд!
Як каме дар рисолаи «100 панди Зоконӣ» ковиш кунем, ҳолати имрӯзи чоплусони дарбории худамонро, ки басо асафбор аст, хоҳем шинохт! Пас аз имрӯз набояд ба ҳоли Ятимуфу Шарипуфу Қунғуротуфу Убайдуллоюфу Раҳнамову амсолаш ҳавас бурд, ки ин қавм нони ҳаром дар хуни миллат аз онҷо тар карда мехуранд, ки оби шарафи обрӯи худ ба газофа фурӯхтаанд! Ва ончи дар васфи пулис, прокурор, судя, муфтӣ, мулло, шаҳрдору шаҳрбон, пешвову сардамдорону умуман аҳли «давлат (но)мардон» гуфта аст, гӯиё
моямолони асри моро дар нигар дошт аст! Хуб, дигар байни як чоплуси асри 13 – 14 ва як хушомадгӯи асри 21 чӣ фарқ аст?! Ҳарду ҳам як кор мекунанд: мебардоранд…
Гулчине аз 100 панд:
Панди 12: Гирди дари подшоҳ нагардед ва атои эшонро ба лиқои дарбонони эшон бахшед.
Панди 15: Абрӯ дарҳамкашидагон ва гиреҳ дар пешонӣ овардагон ва суханҳои ба ҷидд гӯяндагон ва туршрӯён ва каҷмизоҷон ва бахилон ва дурӯғгуён ва беадабонро лаънат кунед. Ин ҳама сифоти «серёзност»-и Раҳмонову Ятимов аст!
Панди 16: То метавонед сухани ҳақ магӯед, то бар дилҳо гарон нашавед ва мардум бесабаб аз шумо наранҷанд. Ин панд мисли сухани Суқрот аст, ки мегуфт: манфуртарин шахс онест, ки сухани ҳақро гӯяд.
Панди 18: Масхарагию қавводӣ ва дафзанию ғаммозӣ ва гувоҳӣ ба дурӯғ додану дин ба дунё фурӯхтан ва куфрони неъмат пеша созед, то пеши «бузургон» азиз бошеду аз умр бархӯрдор бошед. Ҳангоме ростӣ ба дуруғу хушомад бадал гашт, қадри сухан хор мешавад, ки тоҷикон гӯянд: муллоро ба гуфтааш кун, ба кардааш — на! Ва имрӯз қадри сухан танҳо дар чоплусию маддоҳию хушомадзанию тамаллуқу шайтанату рӯсиёҳигарӣ «қадру манзалату арҷ» пайдо карда аст!
Ва шояд шоирони ин давр шеъри мазкурро як вожа иваз карда бошанд:
Сухан аз арши барин омада аст,
Баҳри хубон ба замин омада аст.
Дар гузашта мегуфтанд: ҳаркӣ донотар бувад, ҷонаш қавист! Ҳоло: ҳаркӣ чоплустар бувад нонаш руғанист! Оре, Носири Хусрав ҳам ҳамин андешаро дошт, ки суханро набояд «ба пои хукон» хор кард. Ва Бозор Собир ҳам ҳаминро мегуфт: ки чи миқдор шоирону адибону суханварони Хуросонзамин «ҷон доданд дар сари дорҳо, то нагардад қадри сухан паст», вале Худо гирад корҳоша, дар охир омаду ҳамон «дурри дариро ба пои хуге аз таборои хугҳои даштию ваҳшии чингизӣ» нисор кард, ки шоири суханпардоз, суханбоз гашт! Зиҳӣ, Носири Хусрав, ки то дами марг баҳри хуге аз хугони ёбоӣ тамаллуқу маддоҳӣ пеша накард! Бароям, акнун, Бозор Собире, ки омаду тамҷиди Хуги Олиро кард, арзиши як суханпарастро надорад. Ва он шеърри болоро ин гуна иваз кардаанд:
Сухан аз арши барин омада аст,
Баҳри хугон ба замин омада аст
Ва агарчи «сухан бишканад минбару дорро» буд, ҳоло сухангӯёну шоирони хокшапу назарияпардозони дарборӣ, бар илова, миллати мурғмокиёнгаштаи тоҷики «соҳибтоҷ» ҳам як мушт чоплусу моямол гаштаанду «сухан бишканад миёни мухолифонро» гуфта, гӯиё ба рағми озодагон, бештару бештар таърифу тамҷид доранд; Хугро! Ин миллат чун дасташ намерасад, ки Мояи Олиро чун дарбориён даст-даст кунад, ба қадри тавон мояи моямолонро «табаррукан» мемолад! Ҳар кас ба тариқе моямолӣ дорад. Бегона ҷудо, дӯст ҷудоӣ моямолӣ дорад! Ва дигар навъи рӯсиёҳигарӣ динфурӯшии рӯ бадаргоҳиён аст, ки қиблаи худ ба самти Данғара, ба кулбаи фаҳшокадаи Майрами «қиддиса» кардаву ба самти Ҷануб намозу розу ниёз овардаанд. Аз Худо рӯй тофтаву дунёи дун бар арзиши охират харидаанд! Ин тиҷорати муллоён суде кам дар дунё ва накбати бузурге дар охираташон дорад, ки дигаронро ба самти он бурданиянд!
Панди 19: Сухани шайхон бовар макунед, то гумроҳ машаведу ба дӯзах наравед! Чи гуфтори зебое дар васфи мутамаллиқон:
Ҳаркӣ дар ин хона нест ҷирахор
Ё саги ин хона аст, ё девор!
Дар ин дарбори наҳси ҳумоюнӣ инсони муъмину мусулмону мӯҳтараму худотарсу оянданигар имкон надорад сар халонаду аз қотилу хоину мардумозоре ин ҳама тарафгирию тамҷид бикунаду луқмаи ҳароми аз ситам рӯёндаи ин дарборро бихӯрад!
Ва агар касоне ҳастанд дар дарбор, боядам аз ҳамин тоифаи палидони торих бошанд:
Хар бибояд,на қозӣ андар деҳ
К-аз барои ду ҷав кунад, сад меҳ!
Панди 30: Духтари ходимони дини дарборӣ, муллоёни дарборӣ, муфтӣ ва кормандони ин тоифаро махоҳед. Ва агар беихтиёр пайванде бо он ҷамоат иттифоқ афтод, арӯсро ба сиқти ҷанин фиристед, то гавҳари бад ба кор наёвараду солусу муздуру падару модарозор аз эшон дар вуҷуд наёяд. Вале ҳоло мекобанд то аз қишри судяву прокурору пешво духтару келину домод ёбанд то кордашон рӯи равғану думбаашон рӯи нармкурсии риёсат биншинад. Фарзандони «насли тиллоӣ»-и ин манҳусон воқеан солусу муздуру пешвопарасту педифелу бадгуҳаранду одам кушта, дар озодӣ гаштаанд!!
Панди 31: Духтари хатиби дарборӣ дар никоҳ наёваред, то ногоҳ куррахар назояд. Агар дар он замон духтари хатиб куррахар мезоид, ҳоло харпарасту говпараст хоҳад зоид. Чун падаронашон он қадар минбари масҷидро ҷои шайтанату риё кардаанд, ки ҳатто дигар шайтон аз шунидани шайтанати ин муллоҳои бахтбаргашта дилшӯрак мешавад.
Панди 32: Аз танаъъуми доягон, аз ҳикмати қобила ва ҳукумати ҳомила ва калкали гаҳвора….ҳаросон бошед. Оре, ҳукумати «ҳомила» айнан ҳамин ҳукумати хардаргилмондаи нотавони касофати коррупсионери мардумозору ғоратгари мардумону ғайридемократии тиранӣ аст ки чун зани бордор ин бор Раҳмонов рӯи курсии 500 ҳазордоллара бо шиками ҳомилагуна кунро такя додаву чун бордорону гаронборон на тавони кори судманде ва на кори арҷманде баҳри некрӯзии ин миллати дар нимароҳмонда карданро дорад! На ҷуръату ҳавсалаи дафъ шудану истеъфо, ё лоақал, ба бознишастагӣ рафтанро дорад! Буду шудаш шуда гирдовардани 7 домоди аждару 7 духтару ду писару дигар якчанд хару мочахар, ки аз пасаш чун какану ҳаромӣ ба Пойтахтгоҳ овардаву боқондаву хуги парвоӣ карда, баҳрашон кушку қасру гулгашт сохтаву аз ҳақи ҳамсояву ҳаққи гадову овораву ятиму бечора зада, бо ҳаром шикампуру мастучоқашон карда аст!
Ин режим режими «ҳомилагон» аст!
Режими оилаҳои ҳаромхори беимон аст! Режими Ҳизби Шайтон аст! Ҳамагӣ ҳомилаанд ва ин режим ҳам дар ҳолати зоиш аст, ки бояд Ҳомилаи Олӣ сари фарзанд раваду ин хонадони тоҷикони асируфтода дар чанголашон аз наҳсию касофатию бебаракатияшон барои абад, наҷот ёбанд! Вале, агар ин Пешвоҳомила, ки аз роҳи ҳаромхорӣ бордор гашта аст, сари фарзанд нараваду боз таваллуд (ражат) кунад, ин бор ҳам касофату наҳсу дуздию ғорату хиёнату ватанфурӯширо хоҳад ба бор овард. Хоҳад ситам зоид! Ба гуфти Фирдавсӣ: ҳамон тухмаи наҳс бор оварад! Аз мор мор бизояд аз Эмомалӣ Шайтон!
Панди 36: Зани чоплус нахоҳед, то қалтабон машавед. Вақте занони шаттоҳа мардонро қалтабон кунанд, пас ин селаи хурӯшоне аз чоплусону хушомадгӯёну моямолону чилимбардорону лаганбардорони лаганлесу устухонлесони дарбору хокшапҳо инсонро аз қалтабонӣ то ба марази одамхудоию ҷунуну касолату бемағзӣ мерасонанд. Аз ин нигоҳ.
Барзагови Олӣ як шахсияти равонист! Гирифтори бемории худписандӣ ва «ҷовидон мондан» аст.
Панди 41: Олати хоидан ва (тохтан) якзамон ба кор мадоред! Ин ҳамон таъбири тоҷикон аст: аз рӯ шона, аз таг – фона. Ва Раҳмонов дигар ҳарду аппарати миллаттозиро бо сагони муғулии зиштрӯяш аз беамалии ману ту сӯистифода карда, ба кор андохтаву миллатро ҳам метозаду ҳам медозаду ҳам ғулом месозад!! Ҳам мекушаду ҳам худро сулҳовар, ҳам медуздаду ҳам худро ободгар мехонад.
Кӯтаҳи гап, гӯзу атса ҳарду Раҳмон шудаву баякбора дари куни миллату пӯзаи ӯро банд карда аст. Ана ҳамин аст ҳолати рӯбараҳмихудоӣ!! На дафъ мешаваду на коре аз дасташ меояд! Як хирасару як хуг шуда дарди сар! Оварда як пода муфтхору ҳарромию чоплуси бемағзу бесар! Ин гуфта ҳам бар беномусон беасар аст, вале чун наркинкамол аллакай дар кунашон сабзиду рушд карду пӯсид, ҳоло ҳам ҳаминҷо кунҷулуси абадӣ кардаву дар ҷону имонамон задаанд!!
Магар Тоҷикистон моли авлодии чанд оилаи даштҳои Қипчоқ аст, ки бо роҳи зӯри қатлу куштор хоҷагонашон оварда будандашон?! Хайр, дигар чӣ илоҷ? Ҳамин ки гове бо «бош-бош»-у харе бо «иш-их»-у бузе бо «ъай-ъай» роҳ каҷ накард, як санги парадор дар шоху як шаттаи обдор таги думаш мезананд, ки ин харговҳокимонро ҳамин услуб дигар коргар аст! Хойдану тохтанро бояд ба нармафзор – дурӯғ ва сахтафзори зӯру ситам шабоҳат дод. Ҳам медузданд ҳам мекушанд. Дузди зӯр соҳиби Тоҷикистонро баста аст!! Калта баста асту….! Боз мехоҳад барои ситам, қатл, ғорат, маҳалгароӣ, оиладавлатдорӣ, бедироятию бекифоятӣ, нотавонию дармондагӣ, фақр тангдастию бадрӯҳияш, миллати тоҷик Хари Оли, Хари Калонро умре тамҷиду таъриф кунад! Таърифаш кунад, ки «раҳмат, бадбахт, ки рӯзамонро табоҳу озодиямонро салбу ояндаамонро сиёҳ кардаӣ». Ва моямолони гарданбанддору манфиатхоҳ ин корро бо қалам, илман – ба тарзи насру назм мекунанд; касе ин гуна накард, ҷояш бари Қодири Рустаму, Зайд Саиду Бузургмеҳр Ёрову Далери Эмомалию Завқибеку Мақсуд Иброҳиму Шокирҷон Ҳакимову Рухшонаву амсолашон хоҳад буд!
Малъун – СС.Ятимуфу Рамазони буқачаву Қипчоқ Раҳмонови бозмондаи нутфаи палиди манғитиён, бояд дар тораки қудрати мо – тоҷикон кунҷулуси чингизӣ кунанд!
Тоҷик бояд гадову дарбадар, муғули галлахуги каллахар – роҳбар! Ва аммо назми чоплусон:
Ин чоплусаш бубин чӣ мегӯяд:
Аз Паём ояд паёпай аҳду паймони дигар
Дар дили мо сабз мегардад тану ҷони дигар.(?)
Аз хиҷолат хам намояд сар, рақиби беадаб
Дар адабгоҳи сиёсат нест товони дигар.
Аз фараҳмандии миллат гунг ҳам гӯяд сухан,(!)
Розҳо ифшо намояд сад сухандони дигар.
Шод зӣ, эй ҳамватан аз ин сиёсатпешагӣ
Нест охир, нест ин дар ҳукми даврони дигар.
Хулоса, ба маънои бемаънои ин чоплуснома, ки мегӯяд : «дар дили мо сабз мегардад тану ҷони дигар» ҳоҷати гап нест, вале чаро ин маънигадои дарборӣ лоақал ҳамин чоплусномаашро ҳам натавонист аз шеъри шоири равоншод Муъмин Қаноат надуздад, ки мегуфт:
Аз халиҷи Форс меояд насими форсӣ…
Охир,ин харбоншоирони дарбонтохта андар илму шоирӣ ҳамин миқдор зарфиятро доранду бас! Тамоми чоплусону моямолони Раҳмонов инсонҳои бесаводу ҷоҳилу мунофиқсифатанд! Муъмину Лоиқу дигар саромадони сухани порсии тоҷикӣ «шоири халқӣ- дарборӣ» нашуданду ин яке говмағз – Давлат Сафару ду дигар Атои Мирхоҷаи «ахтаи мири муғул» соҳибмақому «соҳибқирони шоирон» шуданд, чун хуб мелесанд. Бо доираву усул мелесанд! Шоирона мелесанд! Лесидан аз лесидан фарқ дорад!
Он аҳмақаш – Ато Мирхоҷа мегуфт:
Замин гардад ҳама гӯшу ҳама ҳуш,
Ситора баҳри сӯсӯе наҷунбад.
Маҳу Хуршед ҳам аз раҳ биистанд,
Хаёли ман, фалак мӯе наҷунбад.
Паёмашро кунад таҳлил Путин,
Трамп аз он баҳо бидҳад ба тоҷик.
Ба тафсираш нишинад Син Тзинпин,
Қазоқу қирғизу афғону ӯзбек…
Суханҳои пешворо таҳлил кунад Путину Си Ҷин Пин! Касе, ки назди Путин книгаталбӣ мераааду уважат умолят мекунад, чӣ дигар «ҳикмат»- е дар «вай-вай»-аш ҳаст, то бузургтарин сиёатмадорони олам паёмашро таҳлил кунад!! Касе, ки худ дастнишондаи русу ӯзбак аст, дигар кай узбаку қазоқу қирғиз ба сухани арусакаш таваҷҷӯҳ мекунад? Ин
барзагови заминиро шумо, бадбахтҳои касиф ба ҷои гови муқаддаси асотири бостон, ба ҷои Парвин нишондаед!
Шумо гову гусолаи тиллоипараст, ҳамагӣ зардпарвинед! Подае аз говҳои рихинед!
Давлат Сафар. Шоири халқии Тоҷикистон! Дар идома мегӯяд:
Ба пешвогии ту беҳисоб шукрона Ҳақо,
Имоми замонӣ ба Миллату Ватан!
Танат ба нози табибон ниёзманд мабод.
Азизтар ту зи ҷонӣ ба Миллату ватан!
Январи соли 2025. Бовар кунед, танҳо бузи мода бар уштури нар ин гуна «тағаззул» метавонад бикунад, на як мард бар марди дигар, магар ҳарду ҳамҷинсбоз бошанд, ки он гоҳ гуфтори кабутар бо кабутар боз бо боз мисдоқ пайдо хоҳад кард!
О,муред шумо, муханас набошед, охир! Я мардаки калон номи мардиро ҳам ҷазирбод карда аст!
Ва дигар Кӯҳзоди Фатҳулло мегӯяд:
Ба қасди ҷумла аъдояш нигаҳ дор,
Низоми Пешвои миллатамро.
Бубар болотар аз имрӯз, фардо,
Ту номи Пешвои миллатамро.
Куҷо дигар барад ин низом миллатро? Ба бебарқӣ бурд, ба гастарбайтерӣ бурд, ба муфлисӣ бурд, ба бесаводии саросарӣ бурд, ба фаҳшову содироти танфурӯшон ба ақсои олам бурд, ба моломол кардани зиндонҳо бурд, ба гадоию фақру сифлису СПИД-у маргу нобудӣ бурд, ба тақсими хоки ватан бурд… дигар дуои кӯрмушӣ дорӣ, аз куҷо барад?
Агар орзуи вориди саропардааш дорӣ, рав пеши Сунбулоғо ҳамон ҷо ҳам мебарадат! Ин бор мебаранд, ки «чароғоният» кунанд! Бар илова, он қадар дар васфи ин Барзагови Олӣ шеъру китобу тамаллуқномаҳо нигоштанду нигоштан доранд, ки агар ин ҳама дурӯғро дар васфи хари ъала кунанд, он ҳам даъвои пешвоии тоҷиконро кунад!
Албатта… худкардаро даво нест, вовайлои шайтонӣ!
Панди 52: Ҳокиме, ки одилу қозие, ки ришват наситонад ва зоҳиде, ки сухан ба риё нагӯяду ҳоҷие, ки бо диёнат бошад ва пуштдуруст — соҳиби давлат дар ин рӯзгор маталабед.
Паҳлавонону қаҳрамонони режимиёни кунунӣ аз ин ҷинси «латифанд», ки доди паҳлавонию қаҳрамонию пешвоию доноию олимию роҳнамоию кишвардорӣ мезананд! Дар асл бошад сабзигардоне беш нестанд! Ин дар васфи сабзибозоне аст, чун Шоҳрихи бинти кали Фаттоҳ ва шогирдонаш! Ҳам суперчоплусу ҳам …… гузароянд! Худо расвояшон кунад!
Поёни бахши аввал, идома дорад…..