Даҳҳаи Зулҳиҷҷа
(фазоил ва аъмоле, ки анҷом додани онҳо фарз ё мустаҳаб аст)
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Салому дуруди Худованд бар Паёмбари хайруланом Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) ва хонадони поку асҳоби бузургвораш бод.
Рӯзҳои муборак ва ҳулули даҳҳаи Зулҳиҷҷаро барои кулли мусалмонони олам ва кишвари азизам табрк мегӯям. Даҳае, ки дар он метавон ба осонӣ аз гуноҳони содиркардаи хеш пок гардем. Даҳае, ки ба азамату бузургии он Худову расулаш қасам ёд намуда, шаҳодат додаанд. Даҳае, ки ба осонӣ метавон касби ҳасанот намуд ва тўшае барои фардои охират муҳаё кард. Аз раҳмату лутфи илоҳист, ки бар бандагонаш мавсимҳо ва моҳҳоеро барои тоат қарор дода, то дар он амалҳои солеҳро зиёд намоянд ва ризои Ӯ, Таъолоро дарёбанд. Дар ин мавсимҳои тоату ибодат муъминон дар анҷоми амалҳои хайр сабқат меварзанд, то ба он амалҳо ба Худованд наздик гарданд. Хушбахт касест, ки ин мавсимҳои муборакро ғанимат шуморад. Албатта яке аз ин мавсимҳои муборак даҳҳаи аввали моҳи Зулҳиҷҷа аст. Даҳҳаи ин моҳро Расули Акрам (с) шаҳодат додаанд, ки аз беҳтарин рӯзҳои дунё маҳсуб меёбад. Дар ин даҳҳа умматонашро ба амали солеҳ тавсия додаанд. Худованди Таборак ва Таъоло ба даҳ рӯзи аввали моҳи Зулҳиҷҷа қасам ёд кардааст. Ин фазл кофист, ки барои ин даҳҳаи муборак Худо ва расулаш чунин бузургиро нисбат додаанд ва бузургон ҳамеша бар бузургӣ, азамат ва шарофати ин даҳа қоиланд, то дар он бандагон амалҳои некро анҷом диҳанд, ин рўзҳоро ғанимат шуморанд ва касби аъмоли солеҳ намоянд, зеро барои мо маълум нест ки дар даҳҳаи Зилҳиҷҷаи соли оянда зиндаем ё на?
Даҳҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷаро чӣ тавр пешвоз гирем ?
1.Содиқона тавба намудан аз гуноҳони кабира ва сағира.
Барои шахси мусалмон муҳим аст, ки аз оғози ин моҳ рӯ ба тавба орад ва ин моҳи муборакро бо тавбаи аз сидқ оғоз намояд, зеро дар тавба наҷоту комёбии шахси мусалмон дар дунё ва охират аст, бад-он шарт, ки дубора ба гуноҳи кардааш барнагардад.Мумкин аст шахсе гӯяд ман тавба карда будам аз он гуноҳе анҷом медодам.Бале бозҳам таҷдиди тавба карданро уламо дар ин даҳа хуб мешуморанд.
2. Ҳадафи асосии худ донем, ки ин рӯзҳо ғаниматанд.
Барои ҳар шахси мусалмон зарур аст, ки ин рӯзҳои муборакро зинда нигаҳ дорад. Дар анҷоми амалҳои хайр бикушад, мисли қироъати Қуръон, адои намозҳои панҷгона дар масҷид, суханони хуб бо ҳамсуҳбаташ, муомилаи нек бо падару модар, ҳамсар, фарзанд ва зердастонаш.Умуман ҳар амале, ки ўро ба Худо наздик месозад, онро анҷом диҳад.
3. Дурӣ аз гуноҳон.
Итоат ба Худованд сабаби наздик шудан ба Худованд аст. Пас бе шак анҷоми гуноҳон сабаби дурӣ аз Худованд шуда, моро аз раҳмати Ӯ дур мекунад. Инсон тавассути гуноҳе,ки дар маҳзари Холиқаш анҷом медиҳад ӯро аз раҳмати бори Таъоло дур хоҳад намуд ва шахсе,ки раҳмати Аллоҳ фарогири ҳоли ӯ нест метарсам, ки ӯро азоби Аллоҳ ҳамроҳӣ хоҳад кард. Агар орзӯи мағфирати гуноҳонатро дорӣ ва худро аз оташи сўзони ҷаҳаннам наҷот диҳӣ, пас аз анҷоми амалҳои ношоиста аз тарафи Аллоҳ ва Паёмбараш парҳез намо, чӣ дар ин рӯзҳо ва чӣ дар ғайри ин рӯзҳо. Агар ба дурустӣ медонистем чӣ фазоиле дар ин рӯзҳои муборак аст, ҳатман дар ин моҳ дилҳои худро аз ҳама палидиҳо пок ва аз Худованд талаб мекардем, то моро аз анҷоми гуноҳон пас аз ин рӯзҳои муборак нигоҳ дорад. Бешак дар ин рӯзҳо дуо мустаҷоб аст.
Фазилати даҳҳаи Зулҳиҷҷа.
1. Худованди Таборак ва Таъоло ба ин рӯзҳо қасам ёд кардааст.
Ҳангоме, ки Худованд ба чизе қасам ёд намояд ин худ далолат бар бузургӣ ва фазилати он чиз аст, зеро бузургон қадри ашёи бузургро медонанд ва ба чизи бузург қасам ёд мекунанд, ки ин хоси Худованд аст. Худованд дар Қуръони азимушшаън, дар фазли ин рўзҳои даҳгона чунин мефармояд:
“Савганд ба сапедаи субҳ. Ва савганд ба шабҳои даҳгона (яъне даҳҳаи Зилҳиҷҷа…)
(Сураи Фаҷр, оёти 1-2)
Бештари муфассирин шабҳои даҳгонаро даҳҳаи Зулҳиҷҷа гуфтаанд. Аз ҷумла Ибни Касир (р.а.ҳ) низ бар ин қавл аст.
2. Ин рӯзҳои маълуманд ва Худованд дар ин рӯзҳо зикри онро машруъ гардонидааст.
Худованд мефармояд: “… Номи Худоро дар рӯзҳои муайян ба ҳангоми забҳи чорпоёне, ки Худо ризқи онҳо сохта, ёд кунед …”
(Сураи Ҳаҷ,ояти 28)
Инчунин баъзе аз уламо бар ин қавланд, ки рӯзҳои маълумот ин даҳҳаи Зулҳиҷҷааст, аз ҷумла ин қавли Ибни Умар ва Ибни Аббос (р) аст.
3. Паёмбари Акрам (с) шаҳодат додаанд, ки даҳҳаи Зулҳиҷҷа беҳтарин рӯзҳои дунё ба шумор меравад.
Ҷобир (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят мекунад, ки он Ҳазрат (с) фармуданд: “Бофазилаттарин рӯзҳои дунё рӯзҳои даҳгонаанд, (яъне даҳи Зилҳиҷҷа).
Аз Расули Акрам (с) пурсиданд: Мисли ин даҳрӯза боз кадом рўзҳо дар роҳи Худо аст? Ҳазрат (с) чунин фармуданд: Нест дар роҳи Худо мисли ин рӯзҳо, ба ҷуз шахсе, ки пешониашро назди Худо (дар ҳолати саҷда) хоколуд намуда бошад”.
(Ҳадиси саҳеҳ бо ривояти Имом Баззор ва Ибни Ҳиббон)
Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Расули Акрам (с) чунин фармуданд: ” Назди Худованд беҳтарин амали солеҳ ҳамин даҳ рӯз аст, (яъне фазилати амали солеҳ дар ин даҳ рўз хеле назди Худо боарзиш аст нисбат ба дигар рӯзҳо). Пурсиданд ҳатто набард дар роҳи Худо ҳам? Расули Акрам (с) фармуд: Ҳатто набард дар роҳи Худо ҳам, (яъне фазли ин даҳ рӯз аз набард ҳам болотар аст) ба ҷуз марде, ки дар роҳи Худо аз хонааш бо молу ҷонаш берун шавад ва чизе бо худ бурда буд пас наёрад”, (яъне ҳамаро дар роҳи Худо нисор карда бошад ва шаҳид гардад)
(Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Бухорӣ ва аксари аймаи ҳадис )
Аз ин оятҳо ва аҳодис чунин бармеояд, ки ин даҳ рӯзи аввали моҳи Зулҳиҷҷа аз тамоми рӯзҳои дигари моҳҳо фазилаташ зиёдтар аст, ҳатто аз рӯзҳои моҳи Рамазон. Вале шабҳои даҳгонаи моҳи Рамазон фазилаташ бартар аст аз шабҳои даҳҳаи Зилҳиҷҷа, зеро дар даҳҳаи охири моҳи Рамазон шаби Қадр вуҷуд дорад ва он дар даҳҳаи охири моҳи Рамазон аст. Шаби Қадр аз ҳазор моҳ фазилаташ бартар аст.
(Тафсири Ибни Касир 5\412).
4.Оё дар даҳҳаи моҳи Зулҳиҷҷа рӯзи Арафа вуҷуд дорад?
Рӯзи Арафа рӯзи ҳаҷ аст, рӯзест, ки гуноҳон бахшуда хоҳанд шуд. Рӯзи Арафа сабаби наҷот аз оташи сўзони Ҷаҳаннам хоҳад шуд. Агар дар ин даҳҳаи Зулҳиҷҷа танҳо ҳамин рӯзи Арафа буд, фазилати ин рӯз бар дигар рӯзҳои дигари он кифояткунанда буд, зеро дар рӯзи Арафа, ки як рӯз қабл аз иди Қурбон аст ва он рӯз ҳоҷиён дар он дашт қарор мегиранд ва нузули Худованд дар рӯзи Арафа бар осмони замин барои бузургии он рӯз ва қабули дуову ниёиши ҳуҷҷоҷ дар он рӯзи бузург ва яке аз рӯзҳои муҳими ҳаҷ ба шумор меравад, агар ҳоҷӣ он рӯзро дарнаёбад, ҳаҷҷаш қабул нахоҳад шуд. Инчунин рўза гирифтани он рӯз хеле аҷру подоши зиёде низ дорад, агарчӣ рӯза гирифтани ҳама рӯзҳои даҳгонаи аввали Зулҳиҷҷа савобу аҷри зиёд дорад, вале агар имкон муяссар нагашт, рўзаи рӯзи Арафаро кўшиш кунед, тарк накунед ва ин фазилати бузургро аз даст надиҳед ва дуо кунед дар он рӯзи бузург, иншоаллоҳ дуоҳои оҷизонаи мо пазируфта хоҳанд шуд.
5. Қурбонӣ намудан.
Иди Қурбон яке аз рӯзҳои бузург дар дини ислом буда, мусалмонон дар ин рӯз барои наздик шудан ба даргоҳи Худованди Таборак ва Таъоло қурбонӣ мекунанд. Ҳоҷиён дар ҳаҷ ва дигарон дар хонаҳои худ. Инчунин рӯзи иди Қурбон низ яке аз бузургтарин ва бо фазилаттарин рӯзҳо назди Худо ба шумор меравад. Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар «Фатҳ-ул-борӣ» мегўяд: “Ончӣ барои мо равшан гашт дар фазилати ин даҳи Зулҳиҷҷа дар он аст,ки дар ин даҳ рӯз бузургтарин ибодатҳо дар он ҷамъ мешаванд, ки онҳо иборатанд аз намоз, рӯза, садақа, ҳаҷ, ки ин ҳама ибодот дар дигар рӯзҳову моҳҳои дигар якҷо ҷамъ намегарданд”.
Дар ин моҳи муборак чӣ амалҳоеро бояд анҷом дод?
1. Адои маносики ҳаҷи Байтуллоҳ.
2. Рўза доштани ҳама ин рӯзҳои нўҳ рӯзаро ба истиснои рӯзи иди Қурбон, агар имкони онро дошта бошем, вале агар надошта бошем рӯзи ҳафтум, ҳаштум ва нўҳуми онро, агар натавонем рӯзи Арафаро, ки он рӯзи нўҳуми ин моҳ аст, яъне рӯзи қабл аз иди Қурбон.
3. Адои намозҳои панҷгона, хоссатан бо ҷамоъат дар масҷид. Инчунин адои намозҳои нофила дар рӯзҳои ин моҳ, зеро тибқи фармудаи Расули Акрам (с). “Бандаи ман наздик мегардад ба ман бо адои намозҳои нофила, то ин ки ман ӯро дӯст дорам”.
(Имом Бухорӣ)
4. Зиёд намудани такбир, таҳмид, таҳлил ва зикр:
Абдуллоҳ ибни Умар (р) аз Расули Акрам (с) ривоят мекунад, ки Расули Акрам (с) чунин фармуданд: “Рӯзҳое бузургтар ва дӯст доштатар назди Худованд ва амал намудан дар он нест мисли ин рӯзҳои даҳгона. Пас зиёд намоед дар ин рӯзҳо таҳлил, такбир ва таҳмидро.”
(Ривояти Имом Аҳмад)
Имом Бухорӣ ривоят мекунад, ки Абдуллоҳ ибни Умар (р) ва Абўҳурайра (р) ба суйи бозор хориҷ мешуданд дар рӯзҳои даҳгона такбир (Аллоҳу акбар) мегуфтанд ва мардум ҳама бо онҳо такбир мегуфтанд.”
Инчунин ривоят мекунад, ки Умар ибни Хаттоб (р) дар қуббааш, дар Мино такбир мегуфт, пас аҳли масҷид мешуниданд ва такбир мегуфтанд. Инчунин такбир мегуфтанд аҳли бозор, то ки Мино аз такбири ҳама дастаҷамъона ба эҳтизоз медаромад.
Абдуллоҳ ибни Умар (р) такбир мегуфт дар Мино, дар ин рӯзҳо, инчунин пас аз ҳар намоз, дар рахти хобаш, дар маҷлисҳояш, дар роҳ рафтанаш ва дар ҳар куҷое, ки мебуд дар ин рӯзҳои даҳгонаи Зулҳиҷҷа такбир мегуфт.
Инчунин мустаҳаб аст барои ҳар мусалмон, ки дар ин рӯзҳо такбирашро баланд намояд. Вале такбири ҷамоъатро, яъне ҳама якҷоя нагўянд хуб аст, зеро якҷоя такбир гуфтан аз Расули Акрам (с) ривоят нашудааст. Суннат ин аст, ки шахс ба танҳоӣ худаш такбирро дар ин рӯзҳо зиёд гўяд.
5. Садақа намудан дар ин рӯзҳои муборак хеле хуб аст, зеро Расули Акрам (с) мефармоянд: “Садақа молро кам наменамояд.”
(Ривояти Имом Муслим)
Анҷоми амалҳои зерин дар ин рӯзҳо хуб аст.
Қироъати Қуръони карим, таълим додан, таълим гирифтан, Астағфируллоҳ гуфтан, ризо намудани падару модар, силлаи раҳм намудан, салом додан бар ҳама, таъом додан бар фақирон ва мустамандон, робита барқарор намудан миёни ду қаҳрӣ, амр бар маъруф ва наҳй аз мункар, нигоҳ доштани забон аз дурўғ, тўҳмат, ғайбат, суханони беҳуда, хубӣ намудан бар ҳамсоягон, эҳтироми меҳмон, садақа намудан дар роҳи Худо, дур намудани ҳарчизе, ки роҳгузаронро азият медиҳад, нафақаи аҳлу аёл, кафолати ятимон, аёдати беморон, бароварда намудани ҳоҷати як бародари мусалмон, салавот бар Расули Акрам (с) фиристодан, озор надодани мусалмонон, меҳрубонӣ намудан бо зердастон ва ҳар касе, ки метавонӣ, рафиқони падаратро эҳтиром намудан, дуо намудан дар ҳаққи бародарони мусалмон, дар ҳолати ғоиб будан ба таври пинҳонӣ, нигоҳ доштани амонати касе, ки ба ту во гузоштаст, вафо намудан бар ваъдаат, эҳсон намудан ба амак, тағо, хола ва аммаҳоят, кўмак намудани шахси музтару нотавон, нигоҳ доштани чашм аз ҳаром, бо вузу гаштан ва ҳангоми ҳар намоз имкон дошта бошӣ вузу намудан, дуо намудан миёни азон ва қомат, қироъати сураи Каҳф дар рӯзҳои ҷумъа, рафтани масҷид, интизори намоз пас аз адои намоз, адои ҳама намозҳои панҷгона дар масҷид, ба ҷо овардани намозҳои нофила, зикр намудан пас аз адои намозҳо, мувозиб будан барои касби ризқи ҳалол, дили андўҳгинеро шод кардан, шафқат бар нотавонон, касеро (агар метавонӣ) ба кори нек насиҳат намудан, дилро пок нигоҳ доштан аз кибр, ғурур, ҳасад, риё ва бахилӣ, ҳамкорӣ намудан ва ё баровардани ҳоҷати шахсе, ки ба ту дар коре ниёз дорад.
Албатта ин амалҳоро бояд шахси мусалмон ҳамеша анҷом диҳад. Бояд кушиш намоем, ки худро дар ин даҳ рӯз ба ин амалҳо одат диҳем, нахуст ба даргоҳи Худованд наздик мегардем ва умед аст, ки ин амалҳоро дар оянда низ татбиқ менамоем ва аз бандагони хоси Худованд хоҳем гашт ва ин дунёву охирати худро обод хоҳем кард.
Фардо рӯзи Ҷумъа охирон рӯзи моҳи Зулқаъда аст.
Чун охирон рӯзи ин моҳ аст кушиш кунед нохунҳоятонро гиред ва агар муй сар кам кардани бошед ва худро тоза кардани бошед.Ҳатман онро фардо анҷом диҳед. Зеро суннат аст то рӯзи ид нохун нагирифтан ва мӯйи сарҳоро кам накардан ва пас аз қурбонӣ нохун гиред ва мӯйи саратонро гиред.
Дар охир мехоҳам зикр намоям тибқи расадхонаи давлати саъудӣ ва аксари кишварҳои исломӣ. Имсол оғози моҳи зулҳиҷҷа рӯзи 3 юмӣ сентябр аст ва рӯзи Арафа рӯзи 11 сентябр аст рӯзи иди қурбон рӯзи 12 сентябр аст.Моҳи Зулқаъда имсол 30 рӯзи пурра буд зеро ҳилолро пас аз шоми рӯзи панҷшанбе бо чашм ва дастгоҳҳои расадхона дида нашуд.Пас духули моҳи зулҳиҷҷа рӯзи шанбе 3 юмӣ сентябр аст ин фурсати тиллогинеки Алллоҳ дар ихтиёри мо қарор додааст онро бо ибодат сипари намоем зеро мо аз зинда мондани худ дар соли оянда иттилоъ надорем.
Бо орзўи муваффақияти дар тоат ва ибодати якояки шумо азизон дар ин даҳҳаи мубораки Зулҳиҷҷа