Дар боздошт ё дар асорат?

Ислоҳ нет

 

Мушкил ва таклифи Шарофиддин Гадоев кай ва чи тавр рӯшан хоҳад шуд?

Бар хилофи иддаои мақомоти Тоҷикистон, ки мегӯянд Шарофиддин Гадоев,узви баландпояи Паймони миллии Тоҷикистон барои “аъмоли ҷиноияш” дастгир шуда ва таҳти боздошт қарор дорад, шеваи муносибат ва бархӯрд бо ӯ тасбит ва тасдиқ мекунад, ки ӯ дар шароит ва вазъияти як гаравгон, балки асири сиёсӣ гирифтор шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон, дуруст аст ки Шарофиддинро бо ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон,моддаи 289,қ.1(қочоқ) ва 340,қ.2 (сохтакории аснод) гунаҳкор дониста ва аз соли 2012 таҳти пайгард эълом карда буданд. Дастгир ва истирдоди ғайриқонунии ӯ аз Русия ба Тоҷикистон ҳам бар мабнои ҳамин иттиҳомот сурат гирифтааст.Ва дар посухи расмии худ ба дархости Шоҳигарии Ҳолланд низ, ки Шарофиддин Гадоев, ҳаққи паноҳандаи сиёсии ин кишварро дорад, эътироф кардаанд, ки ӯ барои “ ҷароими ҷиноӣ” дастгир шудааст.

Аммо ҳам муҳтавои наворҳои ташкилии мақомоти амниятӣ дар рӯзҳои аввали ҳузури Гадоев дар Душанбе, ҳам баёнияи тасвирии худи Шарофиддин қабл аз сафар ба Маскав, далели мувассақ ва муваҷҷаҳ аст, ки қазия дар доираи он “ду айб”-и эълом шуда арзёбӣ намешавад ва нашуда истодааст. Чунин ба назар мерасад, ки мақомот ба Шарофиддин иттиҳомоти нав задаанд ва ё заданианд. То дар асоси он роҳ барои “афв”-и ин мухолифи сиёсӣ ва ба таъбири нави ҳукумат “роҳгумзада”-и “сидқан пушаймоншуда”- и “ихтиёран таслимшуда”- ро ҳамвор бисозанд. Бад-ин манзур идомаи истинтоқи ӯро аз МВД ба КГБ доданд ва ҳоло “коркуштаҳо”-и соҳибтаҷрибаи амниятӣ бо ӯ “кор” карда истодаанд. Бидуни онки ба эътибор бигиранд, Шарофиддинро дар шароити муаллақи ҳуқуқӣ, балки хилофи ҳама меъёру қонуну қоидаву ҳуқуқӣ дастбанду побанду назарбанд кардаанд.

Тибқи қонунҳои роиҷи худи Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни асосӣ нафари мазнун давоми 24 соати баъди боздошт боястӣ бо адвокат таъмин шавад. Ва, дигар инки тафтишот, он хоҳ милиса аст, хоҳ амният ва хоҳ додситону дигару дигар муваззаф аст давоми 72 соат иттиҳоми муқаддамотиро эълом ва барои идомаи бозҷӯӣ ва тафтиш ҷиҳати дарёфти санксия бо додгоҳ муроҷиат кунад.

Тавре медонем Шарофиддин то рӯзи 20 феврал мисле, ки дар озодӣ ба сар мебурд. Мусоҳибаҳо дод,бо ёру ошноҳо ва хешу ақориб мулоқотҳо кард,0020аз тозакориҳои раиси ҷавони Душанбе ҳам ҳаловат бурд ва ҳатто маъракаи оши худоии падарашро ҳам ташкил кард. Аммо баъди он якдафъа ғайб зад ва нопадид шуд. На дар манзили падару назди модар на дар ҷое дигар. Маълум аст ки ӯ дигар боздошт шудааст ва аз боздошти ӯ инак даҳ рӯз мегузарад. Аммо бо чӣ иттиҳому бо кадом санксия?! Ҳатто агар ки дар шароити ҳабси хонагӣ ва ё “кабинетӣ” ҳам буд, бояд иттиҳоме зада бошанд ва ҳатман, ки додгоҳ иҷоза ва ё ҳамон ҳукми санксияашро дар ин бора содир карда бошад.

Қаблан гуфтем, ки Шарофиддин ба унвони як шаҳрванд феълан дар шароити муаллақи ҳуқуқӣ қарор дорад. Ҳоло бештар аз инро таъкид мекунем, ки додгоҳ- ба ҳайси яке аз се шохаи Ҳукумати Тоҷикистон – ба ҷуз аз ҳукми раҳоии ин узви аршади Паймони милии Тоҷикистон ҳукме дигар содир карда наметавонад. Чунки иттиҳомот ба Шарофиддин бо моддаҳои 289,қ,1(қочоқ-воридот ё содироти ғайримуҷоз) ва 340, қ.2( сохтакорӣ, тақаллуби аснод), -и қонуни кайфарии Тоҷикистон дар соли 2012 эълом шудааст. Ва ин ҳарду модда ду бор:- дар солҳои 2014 ва 2016 шомили қонун дар бораи афв шуданд. Ба ин тариқ бо ин айбҳо наметавонанд Шарофиддинро зиндон он тараф истад, ҳатто боздошт кунанд!

Ҳоло шояд зеҳни шуморо саволҳое пур сохтаанд, ки пас бо чи асосу далоил раҳояш намекунанд ва нашри наворҳои тасвирии Шарофиддин Гадоев ҳамон гуна ки ғайримунтазира фазои маҷозиро ба ларза овад, якуякбора қатъ гардид. Шарофиддинро аз назарҳо дур бурдаанд. Хеле дур. Гумони ғолиб ин аст ки ҳама нақшаву чораҳои аз қабл андешида ва такмилшудаи мақомот баъди дар дастраси умум қарор гирифтани Паёми видеоии Шарофиддин Гадоев пеш аз ворид шудан ба Маскав табдил ба кафки мағзоба ва ҳубоби рӯи об шуданд.

Бар хилофи “муфассирон”-у “дӯстон”-у “сиёсатмадорон” –у намедонам “мухолифинимухолифин”-у ғайраҳу ва ҳоказоҳо нашри паёми мазкур бар манфиати ӯ кор карда истодааст.

Воқеан бояд ҳам таҳсин кард ва ҳам эътироф, ки ӯ хеле огоҳтар аз ончи бархеҳо мепиндоранду баҳояш гузаштанд ва ҳатто хоинаш хонданд буда ва бо вуҷуди таваккули сафар ба Русия вуқӯи чунин пешомади шумеро ҳам сарфи назар накардааст. Паёмро огоҳона ва барои маҳз ҳамин рӯз ва ҳамин сарнавишт сабт карда будааст. То инки дастгирии ҷонаш бишавад. Агар ки ӯ худ инро нахоста буд, ахборе аз “либоси хунолуд”, “ шаттаву шиканҷо дар таёраи “Сомонайр”, “ кашидани халта ба сараш”, “инки ҳамроҳаш ҳамеша ношинос ҳаст” ва ғайраҳо дар сафаҳоти нашароти маҷозӣ дарҷ намекарданд.

Нашри ин навор набуд, таваҷҷӯҳ ва вокуниши созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ ва ба хусус Шоҳигарии Ҳоланд то ба ин андоза ҷиддӣ ҳам намешуд. Ва аз тарафи дигар мақомот бо ҳар тарзу шевае, ки мехост бо ӯ бадрафторӣ мекард ва ӯ ногузир буд таҳаммул кунад. Нашри ин навор исбот ва бурҳони қотеъи ба таври дуздӣ, бо поймол кардани нормаҳои қонун, оварда шудани Шарофиддин Гадоев аст. Нашри ин навор хидмати даҳҳо ва садҳо адвокатро дар амри ифшо сохтани паҳлуҳои пурбаҳси ҷинояти одамрабоӣ ба иҷро расонд. Одамрабоие, ки нақши маъмурони фосиди ниҳодҳои махсуси Русия дар он асосӣ аст ва низ ин Паём собит кард, ки кадом музокира ва мулоқоте дар ҷадвали кори Шӯрои амнияти Русия аслан вуҷуд надоштааст. Ва инро аз навиштаи як корманди “фабрикаи ҷавоб” ҳам мешавад ба хубӣ пай бурд, ки кадом нақшае барои мулоқот мавҷуд набудааст. Ва ин муаллифи аз “фабрикаи ҷавоб” худ нахоста таъйиди ҳамкории маъмурони фосид барои дуздии роҳбарони оппозитсионро низ ифшо кардааст. Ӯ дар ин маврид навиштааст:…“Зеро ҳар нафари дорои тасаввуроти камтарин дар бораи фаъолияти сохторҳои давлатӣ,хусусан кишварҳои абарқудрати мисли Россия медонад, ки доир гардидани мулоқоти Шарофиддин Гадоев бо намояндагони ниҳодҳои он кишвар, хусусан Шӯрои амнияташ ғайриимкон аст. Ш.Гадоев кист, ки ва чи коре аз дасташ омада метавонад, ки мансабдорони Шӯрои амнияти як қудрати ҷаҳонӣ бо вай мулоқот анҷом диҳанд”? Ҳоло баргардем ба инки, саволҳое зеҳнҳоро машғул ва мағшуш доштаанд, ки чаро Шарофиддинро, ки ба навиштаҳои ахири ҳамин “фабрикантҳо” – “ ин ҷавон дар раванди авфи умум қарор дорад”, “нафари қаблан ҷинояткор бо хоҳиши худ таслим шудааст”, “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро бахшида”, ва “дар озодист” хеле дур аз назарҳо кардаанд? Ҳоло бигзор, ҳар парту пало ва чаранду паранде, ки бигӯед, бигӯед. Аммо бо чӣ асосе ӯ дар утоқҳои амният ва ё дар ҳар ҷое дигар, ки мақомот барояш таъйин карданд…. аммо дар хонааш нест?

Боздоштшуда аст ё гаравгон ва ё асири сисёсӣ?!

 Боздоштшуда буд, мебоист додгоҳ ҳам “қӯш” мешуд ва ҳамин ҳоло дар ИВС ва ё Сизо мебуд. Шумо, ки таъйид мекунед дар озодисту ҳукумат бахшидааст!

Дигар таъйид мешавад, ки ӯ дар асорат аст ва ҳама талошҳо бар он аст ки ӯро тавре истеъмол кунанд ва истифода баранд, ки бар манфиати режими ҳоким амал кунад. Инки “Гурӯҳи 24” якдафъа ариза доду додгоҳ ҳам эълон кард, ки қабул кардаасту аз феҳристи созмонҳои террористӣ лағв мешавад, шояд беҷиҳат набошад.Феҳрист ва созмоне, ки танҳо дар маҳдудаи худи Тоҷикистон эътибор дорад. Ва шояд ҳоло ончуноне қаблан ҲДТ-ро дар замони муқовиматҳои дохилӣ дудаста сохта кадом як Афзалиро дар раъси он қарор дода буданд, аммо камтарин эътиборе пайдо накард, ин таҷрибаро бо Шарофиддин ва ин гурӯҳ такрор карданианд.Фақат ба хотири онки ПМТ- иттиҳоди тозаи оппозитсионро заиф созанд. Аммо баъид аст.Чун фурсат барояшон танг аст ва то ду-се рӯзи дигар бояд ба намояндаи Иттиҳодияи Аврупо, вазири умури хориҷии Люксембург, ки ҷиҳати пайгирии қазияи мазкур вориди Душанбе хоҳад шуд, мушкилот ва таклифи Шарофиддин Гадоевро рӯшан кунанд. Ӯ дар боздошт аст ва ё дар асорат?!

PS.дар ҳоле матлаб ба нашр омода мешуд хабар расид ки Шарофиддин Гадоев бо рафиқаш Сулаймон Давлатов дар тамос шуда аз бозгашташ ба Аврупо суҳбат кардааст. Худо кунад, ки ин кор сурат бигирад. Идомаи қазияро пайгирӣ хоҳем кард

Share This Article